среда, 24 февраля 2016 г.

МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ


МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ –
рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик рӯзи 15 декабри 2015 даргузашт. Солҳои охир аз бемории тавонфарсо ранҷ мебурд, аммо даст аз таълиф барнамедошт. Ду рӯз қабл мақолаи пурмуҳтавоеро барои чоп овард. Онро ба хушӣ пазируфтем. Рӯзи дигар, ки барфи борономехта меборид бо заҳмат ва оҳиста қадам монда, дар идора ҳозир шуд. Ҳамчунон бо садои паст ҳарф мезад, ба ҳадде ки базӯр суханаш шунида мешуд. Борон китфони ҷомаашро тар карда буд ва дар даст чатри қабзашудае дошт. Вақте пурсидам,ки чаро аз чатр истифода накардааст, бо лабханди хастаҳолона гуфт: “Кори зиёд дорад”. Эҳсос кардам, ки мадору ҳавсалаи чатрро кашидан надорад. Бо ин ҳол барои он омада буд, то хабар диҳад, ки он мақолаи овардаашро як ҳафтаномаи дигар чоп кардааст ва мабодо мо онро чоп бикунем ва эрод бигиранд, ки дар ду ҷо айни як чизро ба чоп додааст. Дар ҳоле, ки он ҳафтанома ташкилотӣ буд ва дар маҳдудаи хоссе нашр мешуд.
Қабл аз навиштани ин матлаб барои пайдо кардани сурате аз марҳум зиёд ҷустуҷӯ кардам. Танҳо як сурати ишонро дар китоби "Адибони Тоҷикистон" пайдо намудам, ки сурати солҳои ҷавонии ӯст. Ҳоло ин суратро бо шарҳи ҳоле, ки дар ин китоб аст, манзур мегардонам. Худованд раҳмат ва мағфираташ кунад.


МУҲАММАДҶОН МИРЗОШОЕВ 21 феврали соли 1948 дар деҳаи Кӯли ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод (собиқ Қалъаи Лаби Об)-и вилояти Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби ибтидоии зодгоҳаш таҳсил карда, сипас мактаби миёнаи №1 ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Тоҷикободро хатм кардааст. Солҳои 1964-1966 даҳмарда будааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1967-1969, дар Омӯ¬зишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1977 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати китобдор, ҳамзамон, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати мусаҳҳеҳ кор кардааст.
Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии ӯ очерки «Лутфулло Бузургзода» мебошад, ки қисман дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» (1970) чоп шудааст. Соли 1970 «Раҳнамои хонанда» ном дастуре таълиф намудааст, ки ба масъалаи эҳтирому истифодаи босамари китоб бахшида шудааст. Чанд очерки ӯ ба тасвири кору пайкор ва рӯзгори муҳоҷирони водии Вахш, ҳифзи табиати зебову гуворои Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Солҳои 1971-1977 донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва узви Шӯрои илмии факултаи номбурда, солҳои 1985-1991 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1986-1990 узви Шӯрои этика ва ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.
Солҳои 1989-1991 аввал дар Мактаби олии ҳизбӣ, сипас Институти сиёсатшиносии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Аз соли 1991 то ҳол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» аст. Як силсила мақолаву очерки ӯ ба тасвири ҳаёт ва фаъолияти олимони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва диг. бахшида шудааст, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Китобҳои ӯ «Баҳодури Бағалак» (1984, ба забони русӣ), «Лолаҳои аз хун дамида» (1987), «Дилпора» (1989), «Аз санг нола хезад» (1992), «Фарзонамард» (1998), «Зинаҳои қуллаҳо» (2001), «Сипаҳсолори кошифони асрори ниҳон» (2004), «Манзар-о-о-о, Манзар!» (2004) ва ғ. аз офаридаҳои ӯстанд.
Намунаҳои эҷодаш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Бархе аз очеркҳои проблемавии В. Распутин (Русия), А. Шугай (Украина), Э. Генри (Олмон)-ро тарҷума ва чоп кардааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

ПАРӢ (پری)


Дар адабиёти навишторию гуфтории тоҷик парӣ ғолибан ҷанбаи мусбат дорад. Аммо тасаввури манфӣ низ аз он вуҷуд дорад ва ба ин маъно истифодаҳое аз он шудааст. Аз ҷумла, навъе аз гирифторони бемориҳои равониро дар миёни мардум ҳанӯз «паривара» мегӯянд ё мегӯянд «парӣ ёраш шудааст». Дақиқан ба ҳамин маъност, ки Ҳофиз дар байте бо лутфи шоирона мегӯяд:

Магар девона хоҳам шуд дар ин савдо, ки шаб то рӯз
Сухан бо моҳ мегӯям, парӣ дар хоб мебинам.

Дар ашъори шоирони наздик ба сабки ҳиндӣ ва сабки ҳиндӣ, ки яке аз вижагиҳои он пардохтан ба ҷузъиёти бештар мебошад, дар баробари парӣ аз шиша зиёд ёд шудааст, ба ишораи ин тасаввур, ки парӣ дар шиша манзил мекунад ва гоҳе ин ки париро бо дуъову афсун дар доми шиша мегиранд:

Бе касби сафо сайди маонӣ чӣ хиёлест,
То санг бувад шиша, парихона набошад.
(Бедил)


Ҳар лаккаи абре чу азоимхоне,
Дар шиша парӣ кард зи найранги ҳаво.
(Хоқонӣ)



Умрест хабар аз дилу дилдор надорам,
Бо шиша паризоди ман аз даст паридаст.
(Соиб)

ҲИКМАТ

Мардум аксаран дар хусуси ояндаи беҳтар, барои саодатмандӣ ва ба хотири асри тилоӣ талош мекунанд.Ҷаҳон беист пир ва боз ҷавон мегардад ва инсон аз умед ба қисмати беҳтар дил намеканад.
Ф.Шиллер

Муҳим будани ҳамешагӣ танҳо ниқоби туфайлӣ аст.
Волтер


Ҷоҳил тааҷҷуб мекунад, ки чизҳо он гунаанд, ки моҳияташон аст ва ин тааҷҷуб ибтидои дониш аст. Хирадманд бошад он гоҳ тааҷҷуб мекунад, ки чизҳо дигаргун бошанд, на он гуна ки ӯ медонад.
Арасту

Барои бисёриҳо таваҷҷуҳ ба дархосташон муҳимтар аз иҷрои он аст.
Ҷ.Леббон
Мо ба илқои табиат фикр мекунем, ба илқои устодони худ сухан мегӯем, вале бар тибқи одат амал мекунем.
Ф.Бекон

Имтиёзи ҳикмат он аст, ки ҷовидонист ва агар ин қарн қарни он нест, пас қарни оянда мутааллиқ ба он мебошад.
Б.Гарсиан

Андешаи инсони бузургро пайгирӣ кардан аз ҳама шуғл шавқангезтар аст.
А.Пушкин

Ҳама кор дар андеша аст. Андеша бунёди ҳама чиз аст. Андешаро метавон идора низ кард. Барои ҳамин кори аслӣ дар таҳсили камол кор рӯи андеша аст.
Л.Толстой

Дар баробари як инсоне, ки андешаи худро маҳкум менамояд, садҳо инсонҳое пайдо мешаванд, ки тарҷеҳ медиҳанд кутоҳандешии ҳамсоягони худро маҳкум кунанд.
П.Бови


Мо аз ҳеч чизе он қадр сипосгузор нахоҳем шуд, чандон ки аз сипосгузорӣ.
Мария Эшенбах

воскресенье, 14 июня 2015 г.

БИҶИЛГУН

БИҶИЛГУН
Фасли тобистон
сайр дорам дар куҳистон.
Як биҷилгун1 мепарад ин суву он су,
Мекунад бо ман ҳаёҳу
Дар сари як навдаи ҷурзе2
Лона дорад – 
нусхаи ҷӯроби пашмини Бадахшон, 
Сарнагун бар даррае жарф,
Ҷони мурғак бар сари ин лона ларзон.
Эй биҷилгун, 
Ҷӯраи ҷун,
Ман ҳамонам дода аз даст
Он ду шаҳри нозанинро - 
Қуббатулисломрову
Сайқали рӯйи заминро,
Ҳол ин сон бетафовут
Сайр дорам дар кӯҳистон,
Фасли тобистон.
Лонаат обод бодо,
Баччагонат шод бодо,
Қасди озорат надорам,
То абад корат надорам.
Меравам, то аз уфуқ паҳнои Меҳанро бубинам...
Меравам, бар қуллаи ин кӯҳ, шояд аз фароз,
Тири Орашро бубинам боз дар парвоз.
******
1.Биҷилгун – хурдтарин парандаи кӯҳистон.
2.Ҷурз – дарахтест шабеҳи сада бар фарози кӯҳҳо рӯяд.

ХАМӮШӢ

ХАМӮШӢ
Оҳанги камол камхурӯшист,
Фарёд нишони хомҷӯшист.
Чун теғ бараҳна гашта олам,
Фахри ману ту зи жандапӯшист.
То мушти замона оҳанин аст,
Мифтоҳи наҷот сахткӯшист.
Бекории халқ бебаҳо нест,
Ҷуброни ҳама гаронфурӯшист. 
Метарсӣ агар зи бехгӯшӣ,1
Кам гӯ сухане, ки бехгӯшист.
Ин хома ба рӯйи дафтари ман
Ангушти ишорати хамӯшист.
Бехгўшӣ – 1)шаппотӣ 2)гӯшакӣ.

ХУШДОР

ҲУШДОР
Дӯстам!
Такаббури ту чист?
Шохае зиёдатӣ
Бар дарахти Зиндагист.
Гар бар он нишаста бошӣ,
(Инчунин мабод)
Зуд ё ки дер,
Ногузир,
Сарбазер
Хоҳӣ уфтод.
Ҳар қадар баландтар,
Дард-
манд-
тар.

СУКУТ

СУКУТ
Савганд хӯрдаам, 
То ҷабинҳо накушоянд
Рӯй накшоям. 
То дилҳо накушоянд
Лаб накшоям. 
То осмон накушояд 
Бол накшоям. 
То бахтҳо накушоянд 
Фол накшоям. 
27.10.1991с.

ХАЗОН


ХАЗОН
Хазон асту рухи ту арғавонист, 
Ҷаҳон пиру туро фасли ҷавонист.
Хазон дур аст аз боғи вуҷудат 
Надорад ҳеч падруде дурудат. 
Вале эй боғи насрини суманбӯ,
Сари шохи баландат себи ман ку? 
Ҳамон як себи дил, як себи танҳо,
Куҷо шуд аз сари он шохи боло?! 
27.10.1991с.

ВАҲДАТ

Чист миллат?
– Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст.
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи Тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуҷуди миллати яктопараст,
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш бар авҷи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.
Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,
Дар замираш растхези ҷовидон.
Майи 2012

ВАТАН ГУФТАМ (Халқӣ)




 На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Сапедиҳои чашми интизоронро саҳар дидам,
Насим ар бӯйи хун овард, бӯйи пираҳан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.

МЕҲРИ МОДАР

Агар рӯзе замин аз ҷазбаи худ 
Бимонад, мешавад дунё парешон.
Чу коҳе, ки ба чанги бод уфтад,
Шавад хурду бузурги мо парешон.
Аё Модар, ба ҷазби меҳри покат 
Ту ҳамтадбиру ҳамзӯри заминӣ. 
Ба гирдат ҷамъ карда баччаҳоят, 
Зи ҳар кунҷе пайи дидорбинӣ.
Агарчи ҳар кадомеро ҳавоест,
Хиёле дигару маъвои дигар, 
Вале сад иддаъо пеши ту яктост, 
Ки онон кӯдаконанду ту Модар.
Аҷаб давлат, ки ҷазби меҳри зӯрат
Нагардад з-ихтилофу ҷанги мо кам, 
Вагарна ҷумла қудратҳои олам,
Набитвонанд моро дошт бо ҳам.
1990

БА МУНОСИБАТИ ҲАМОИШИ ОБ ЛОЗУРКӮҲ

Имрӯз башар воқеан дар рӯёрӯйӣ бо ду хатари азим қарор дорад, ки яке табиъист ва дигаре маънавӣ. Табиъӣ он аст, ки бо номи «гармои ҷаҳонӣ» аз чандин сол қабл шинохта шудааст ва атрофи он ҳангомаҳо барпост, вале зоҳиран наметавон аз он пешгирӣ кард. Маънавӣ он аст, ки башар дар сабқати пешдастӣ бар якдигар даст ба исрофоте моддию маънавӣ мезанад, ки ин равандро суръат мебахшад ва ҳеч ҳозир нест, аз ин сабқатҳои ҷунуномез даст бикашад. Дар ин миён «лозур» (пиряхҳо) рамзи захираҳои оби ҳаёти сайёра ҳастанд, ки бо исроф ба нобудӣ кашонда мешаванд. Дар айни ҳол шабеҳи лозурҳои дерсол бар қуллаҳои омонбӯси кӯҳистон ҳамчунон захираҳои маънавӣ ва арзишҳои суннатии башарӣ ва миллӣ ҳастанд, ки бо муҳофизакорӣ дар лифофаи урфу одатҳо ва анъанаҳои неки суннатии мардумӣ нигоҳ дошта шудаанд, вале дар ин сабқатҳои бартариҷӯйӣ онҳо низ гудохта ва аз миён бурда мешаванд. Табиъат ва одамийят ҳарду дар як хатти бӯҳрон қарор гирифтааст. Нобудии яке нобудии дигар ва наҷоти яке наҷоти дигарест.

Истода ту дар муқобили тӯфон
Як деҳаи муштипар дар оғӯшат.
Эй Пири муроди банда, Лозуркӯҳ,
Ҳошо, ки даме кунам фаромӯшат.
Селоб ба рӯи синаат канда
Аз қарн ба қарн дарраҳои жарф.
Гаҳ ҷомаи сабзи хусравон дорӣ,
Гаҳ хирқаи сӯфи сӯфиён аз барф.
Саҷҷодаи туст осмони шаб,
Тасбеҳи ситораҳо дар ангуштат.
Дарёи шароби нур мерезад
Дар косаи сангҳо зи чархуштат.
Гулбонги азони бомдодонро
Ту ҳарф ба ҳарф мекунӣ такрор.
Ҳар ҷо ки будам тамоми умри худ
Ман мешудам аз ҳамин садо бедор.
Ду даст кушодаву уфуқҳоро
Ҳамчун хати марз кардаӣ таъйин.
Ҳамчун хати ҳушдор бар девор,
Ҳамчун хати марзи суннату ойин.
Мисли хати сарнавишти бетаҳрир 
Ин хат ба нигоҳи ман муҷассам буд.
Тӯмори муқаддаси балогардон,
Чун хатти васийяте зи Одам буд.
Бигзор ки ҳар хате шавад ботил,
Зинҳор, на ин нишонаи тақдир.
Бигзор ки дар ғуруби хунинаш
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.
Истода агар наӣ сари ин марз
Дар селрави замонаи бекеш,
Арвоҳи гузаштагон ба шоми ид
Пайдо накунанд хонаҳои хеш.
Умре ба шаҳомати ту менозам,
Эй мазҳари рӯҳи бешикасти ман. 
Аз шохаи килки ту қалам кардам,
Ангушти Масеҳ шуд ба дасти ман.
Занбӯри ту лона дар дилам дорад,
Чун дар ҷигари камолҳои нарм.
Ҳарчанд ки неши садзабон хурдам,
Озори касе наҷустам аз озарм.
Бо санги қаноати ту бишкастам
Сар нозада гардани ҳавасҳоро.
Омӯхтам аз ҳилоли лоли ту
Афсуни раҳоӣ аз қафасҳоро.
Аржанги ман аст ҷумла осорат,
Зелолу чабарғу фарку гулхорат.
Ҳам боғи наботи ман ба домонат,
Ҳам шохи наботи ман ба дасторат…
Як умр ба як қарор истодан
Дар паҳнаи ин ҷаҳони беистод
Дарсест варои ҷумла мактабҳо,
Ғайри ту надонамаш дигар устод.
II
Бо суръати чархи саҳнаи театр
Ҳар лаҳза ҷаҳони мо дигар гардад.
Ҳар қадр ниқоб тоза орояд,
Дар дидаи ман ғарибтар гардад.
Ночор ғарибтар шавам ман ҳам,
Чун ҷумлаи бениҳояту оғоз.
Чун тарма дилам ба доманат кӯчад,
То сар биниҳад ба пои ту, устоз.
Худ аз пайи дил ҳамешитобам боз,
Пайваста ба лаб ҳамин дуъо дорам:
«Эй кош, туро ба ҷои худ ёбам,
Ё Раб, машикан ту хатти паргорам.
Бигзор, ки раҳ чу кошии чинӣ
Ҳамвор бувад, фароху бопаҳно.
Бигзор, ки пул ба пояи пӯлод
Нозанда бувад ба шонаи дарё.
Бигзор ҳазор нақшаи дигар
Дар тарҳи навини роҳҳо бошад,
Аммо ту ба ҷои хештан бошӣ,
Саҳми ту зи тарҳҳо ҷудо бошад…
Эй роҳкушо, туро сано хонам,
Хайре ба ҷаҳон чу раҳкушоӣ нест.
Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин худоӣ нест.
Он пинаи дасти ту гули шодист,
Ангушти ту худ калиди ободист,
Чашми ту чароғи роҳи озодист,
Ҳаққо, ки ҳамосаи ту фарҳодист.
Танҳо зи ту илтимоси ман ин аст
Аз ёд мабар шукӯҳи куҳҳоро.
Магзор, ки об аз осиё афтад,
Аз решаи ҷон ҷудо шавад дарё.
Лозуркӯҳ!
Бурҷи порсои ман
Албурзи шукӯҳи хештандорӣ.
Дар раг-раги рӯдҳост хуни ту
Дар пайкари дашту боғҳо ҷорӣ.
Ойини ту карда ойинабандат,
Он кист, ки бишканад туро ойин?
Он кист, ки аз ҷунун гиребонат
Хоҳад бидарад ба панҷаи хунин?
Ҳайфо, ҷигари ту об мегардад,
Дар оташи ҳирсу ози оламхор.
Сӯи ту ҳамехазад зи ҳар кӯе
Оташнафас аждаҳои истеъмор.
Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз,
Мепечад сӯйи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун».
III
Ин гуна дилам ба чангали ошӯб,
Ногоҳ зи дур мешавад пайдо
Он қуллаи меҳри ҷовидони ман
Он пайкари пуршаҳомати воло.
Як пораи абри шӯх кӯдаквор
Бо бозии хеш карда машғулаш,
В-он хоҳари меҳрубони ӯ – Маҳрӯд 
Мешӯяд пойҳои шахшӯлаш.
Ӯ низ маро зи дур мебинад,
Месурфаду рост мекунад қомат:
«Обоо, 
ку биё,
чи дер меоӣ,
На хатти ту мерасад, на пайғомат».
Эй Пир, дуруд, ҷовидон бошӣ,
Бе ёди ту як нафас намегирам.
Сад шукр, ки боз дидамат барҷой,
Бе ту камтар зи нақши тасвирам.
Бурҳони вуҷуди ман вуҷуди туст,
Бе устуни қомати ту вожунам.
Ҳар кабки канори туст ҳамхонам,
Ҳар лолаи сурхи туст ҳамхунам.
То ҳаст паноҳи ту Ҳумохуна,
То боли ҳумой бар сарам бошад.
Бе афсару тахту ганҷ султонам,
Ин бол чу дасти модарам бошад.
Медонам як-як арчаҳоятро,
Ҳар бор шуморашон ҳамегирам.
Ҳар кас, ки камон кашад ба нахчират,
Гӯё, ки ба дил нишонад ӯ тирам.
Бигдохта оташи дилат лозур,
Ҷорист зи чашмат оби ойина. 
Ҳар кас, ки бидид рӯи худ дар он
Дар ӯ нагирифт сеҳри бадкина.
Як тахтаи лозури ту фарзандон
Дар оташи назъ рӯйи дил монанд.
Аз ҷӯйи яхат насибаи охир
Дар мазраъи оташини худ ронанд.
Дарсе, ки гирифтам аз дабистонат
Фармоядам аз ҳазор як кардан:
Қулзум ба даруни сина парвардан,
Як чашмаи сода бар лаб овардан.
Як чашмаи содае, к-аз он хуршед
Бо найлаби нур об менӯшад.
Худ оинаи камоли берангист,
Сад ранг гул аз канори он ҷӯшад.
Бар «қуллаи оҷ»-и шеъри номавзун
Аз лолаи сурхи ту ливо дорам.
Пеши ту ки ҳамчу тифли нодонам,
Аз мӯи сафеди худ ҳаё дорам.
IV
Ҳоло, 
хуш бош, Достони ман,
Умри ту фузун зи Достон бодо.
То қуллаи ту нишеми Симурғ аст,
Ин фарру шукӯҳ ҷовидон бодо.
Он гуна, ки по ба доманат мондам,
Як рӯз ба домани ту сар монам.
Сад шукри вуҷуди ту, ки то ҳастӣ,
Бо лаъли дили ту ҳамгуҳар монам…
В-онгоҳ ки осмон чу ойина
Бар фарқи сари ту пора мегардад,
Он гоҳ ки мармари сапеди ту
Хокистари як шарора мегардад,
Он гаҳ ки забони оташафшонҳо
Сар мекашад аз замири ту берун,
Он гоҳ ки ошкор мегардад - 
Дар синаи туст як дили пурхун,
Он гоҳ ки куҳ чу «иҳни манфуш» аст,
Ман хилвати тоати ту меҷӯям,
Аз домани сабзи ту ҳамехезам,
Тавфиқи шафоати ту меҷӯям…
V
То мерасад он замонаи мавъуд,
Он қисмати бехатои лутфу қаҳр,
Мебояд табли огаҳиро кӯфт,
Мебояд хост доди ту аз даҳр.
Эй зодаи чор гавҳар – эй Инсон!
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.
Бодо, ки чаҳор рукни бунёдат
Аз адл шавад чу нури биноӣ.
Магзор каҳе зи кӯҳи ту коҳад,
То бо ту бувад тавони дарёӣ.
Дастони ситорарези дарёҳо
Сад чархаи нурро бигардонад
Он қадр, 
ки деви зулмати инкор
Дар пойи шаҳомати ту сар монад.
Июл- сентябри 2009
Тавзеҳот
1.Лозуркӯҳ кӯҳест дараҳояш анбошта аз лозур (пирях) дар мунтаҳои шарқи Тоҷикистон.
2.Дар домани Лозуркӯҳ дараест бо номи дараи килкҳо (найқалам).
3.Кабки ҳилол, ки хушхон нест.
4.Боғи набот – боғи ботаникӣ.
5.Манзур бухорҳои саноъатии ҷаҳонӣ.
6.Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман. – Бедил.
7.Номи дарае дар пои Лозуркўҳ, ки ошёни мурғони ҳумо аст.
8.Ишора ба ояти 5 сураи муборакаи «Такосур» (Ва кўҳҳо аз ҳайбати он ҳамчун пашми паҳида пароканда гарданд.)

вторник, 7 апреля 2015 г.

ХОР ВА БУЛБУЛ

ХОР ВА БУЛБУЛ
Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт...
Касоии Марвазӣ
Симои шармгини ту дорад сафои гул...
Шаҳриёр
***
Хори чаман ба булбули маҳҷур таъна зад:
«Ту з-ин чаман наӣ, чи сароӣ санои гул?
Тавсифи гул раво бувадат, гар ки ҳамчу ман
Умре нишаста будӣ ту ҳам пеши пои гул.
Тарки чаман кунӣ ба зимистону ҳар баҳор
Пайдо шавию бар сари доғат ҳавои гул.
Ин гуна тарки заҳмати мо гар намекунӣ,
Тадбири кори ту талабам аз худои гул».
Булбул бад-он нишот сурудан давом дод,
Фармуд: «Эй ба пойи гул, аммо ҷафои гул,
Як аз ҳазор ман насурудам, агар ки ту
Як аз ҳазору як бишиносӣ адои гул».

среда, 1 апреля 2015 г.

Ҳамон осори Мансур аст ин дафтар намесӯзад
Мазан оташ ба хокистар, ки хокистар намесӯзад
Бубинам ғарқ дар хуни шафақ фавҷи кабутарро
Ситеғи кӯҳ месӯзад, пари кафтар намесӯзад
Шаби ялдои инсон аз фурӯғаш субҳи давлат шуд,
Чароғе дар ҷаҳон мисли дили модар намесӯзад
Агарчи як Бухоро дафтару девон дар оташ рафт
Яқин омад, гумон месӯзаду бовар намесӯзад
Мабар, эй мурғи минӯ ҷойи дигар ошён з-ин боғ
Гули боғе, ки шабнам дорад аз Кавсар намесӯзад
Бирав бар бурҷи кини худ нишин осуда, эй Марҳаб
Агар аз барқи имони вале Хайбар намесӯзад
Пайи ҳар мури шабтобе дар оташ мезадам худро
Дилам то зиндаам бар ҳоли худ дигар намесӯзад
Аз ин оташ, ки дарди меҳанам дар ҷони ман афрӯхт
Аҷаб бошад агар бар хоки ман мармар намесӯзад

среда, 11 марта 2015 г.

ШОГУНИ НАВРӮЗ


ШОГУНИ НАВРӮЗ
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистонро
Худованд орд кард,
Ҳамчунон шогуни наврӯзӣ
Рехт рӯи суфраи Модар,
Бар қади сабзи санавбар,
Коҷро орост мисли Сарви Кишмар.
Субҳ, пеш аз бомдодон
Рехт рӯи гунбаду гулдастаи масҷид
Ранги якрангӣ,
Ояти тавҳид.
Чун ҳарири захмбанд
Густард пеши дасти Сино.
Ҳамчунон як сафҳаи покизае бо имтидоди бениҳоят
Рӯи мизи Рӯдакӣ бинҳод,
Дархури он «сездаҳ раҳ сад ҳазор»
Байти ғарро, шеъри нотакрор.
Ҷомаи сардӯшии устод Айниро табаррук кард,
Рехт рӯи шонаҳои Пири Фирдавсӣ,
Он нигаҳбони шукӯҳи Ҷам,
Шаҳпари Симурғро афшонд
Бар чакоди Ковиён парчам.
Охирин барф
Рехт рӯи ёли он шерони бедоре, ки пеши пои Исмоил
Ёд доранд он нидои ошноро,
Сӯи Ҷӯи Мӯлиён,
Сӯи сайронгоҳи наврӯзӣ,
То Гули Сурхи Бухоро…
Осмон барҷост!
Ин сапедӣ шоҳиди гӯёст.
Шарфаи ин барф
Ҳарф, ҳарфи Ҳуст,
Поку беоҳуст.
Хокро магзор танҳо як нафас, як лаҳза, ё Ҳодӣ,
Хокро аз хок бардор,
Чеҳраи тифлонаашро пок соз,
Ашки хунолудаашро покшӯӣ кун ба оби раҳмати хеш,
Рӯдҳоро ҳам таҳорат деҳ,
Роҳҳоро рост кун, испед гардон,
Роҳ ҳаройина сӯи Туст.
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистон,
Аввалин шогуни Наврӯз,
Ҳуҷҷати Яздон.
9 марти 2013

понедельник, 9 марта 2015 г.

НАВРӮЗӢ

НАВРӮЗӢ
Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Биё, бо он фару фархундафолӣ
Дигаргун соз аҳволи башарро,
Зудой аз рӯйи гетӣ гарди шарро.
Ба бӯйи хок Одамро даво кун,
Дили моро ба раҳмат ошно кун.
Ба назме ки дар ӯ ҳаргиз халал нест,
Туро дар кори ин олам бадал нест.
Шукӯҳи Ҷоми Ҷам дар синаи туст,
Ҷабини офтоб ойинаи туст.
Майи боқӣ ту дар паймона дорӣ,
Зи фавҷи ахтарон парвона дорӣ,
Ки чун дар оташи ту пок сӯзанд,
Ба сӯзи нав ҷаҳонро барфурӯзанд.
Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Ки пайки адлу рамзи эътидолӣ,
Сару сомони Сомонӣ ту дорӣ,
Зиҳӣ давлат, ҷаҳонбонӣ ту дорӣ.
Нишоти ҳикмати Хайём бо туст,
Ҳазор оғози хушфарҷом бо туст.
Сиёвушон зи домонат бирӯяд,
Шамимаш ҳикмати Сино бигӯяд.
Насимат сабз созад турбати Бурх,
Фурӯзад лолазорони Гули Сурх.
Гули Сурхе, ки Айнӣ иқтидо кард,
Душанберо Бухороошно кард.
Заминҳову замонҳо бо ҳам ояд,
Ҳазоре паҳлавӣ чун месарояд.
Ватан имрӯз чун Наврӯзгоҳ аст,
Қабои сабзаш аз меҳригиёҳ аст.

АССАЛО

АССАЛО
Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед,
Сайҳаи бепардаи Мансурро бовар кунед.
Хок аз ҷону дили ток ашкафшорӣ кунад,
Нашъаи хуни дили ангурро бовар кунед.
Нест бе хуни ҷигар нохуни мутриб лолагун,
Гоҳ-гоҳе нолаи танбӯрро бовар кунед.
Ёд доред аз ғурубе, ки тулуъ аз пай надошт?
Сӯг поён мепазирад, сурро бовар кунед.
То нафас боқист, бар бурҷи умед аст ин каманд,
То ситора медурахшад, дурро бовар кунед.
Шоҳи Тирандозро1 то такя бар пойи худ аст,
Покбозиҳои ин мағрурро бовар кунед.
Нашри Фардо дар навори офтоб омода аст,
Субҳ наздик аст, ин маншурро бовар кунед.
_______
1.Шоҳи Тирандоз – номи яке аз қуллаҳои Тоҷикистон.

суббота, 17 января 2015 г.

Ҳадис

ҲАДИС
Гуфт Пайғамбар (с), ки моро шарҳи ҳол
Инчунин бошад, ки гӯям дар мисол:
Оташе афрӯхта-ст андар миён,
Шуълаҳояш мерасад бар осмон,
Халқ чун парвона бар он метананд,
Хештанро дар миёнаш афкананд.
Аз пайи ҳар як шитобам в-аз камар
Мекашам ҳар як зи оташ дуртар.
Боз ҳар як бо ҳазорон макру фан,
Мезанад дар қалби оташ ҷону тан

пятница, 16 января 2015 г.

САЛОМ

САЛОМ

“Салом” яке аз пурмаънотарин калимаҳои арабии иқтибосӣ дар забони мост, ки ҳамтои куҳани тоҷикии он "дуруд" мебошад. Ҳама маъноҳои аслӣ ва маҷозии “салом” мусбат аст: сулҳ, оштӣ, дуруд, саломат, поку барӣ будан аз айбу нуқс, итоат, хайру хубӣ ва ғайра. Ислом низ аз ҳамин реша аст.
Зоҳиран маънои ин калима ба ҳар яки мо ошност ва зарурати баррасии он дар миён нест, аммо сабаби руҷуъ ба ин мавзӯъ он шуд, ки боре як барномаи радиоӣ махсуси баҳс дар мавриди “салом” ва навъи корбурди шифоҳӣ ва катбии ин калима дар танҳоӣ ва дар таркиби ҷумла буд ва бо ин суол ба инҷониб низ муроҷиат шуд.
Бояд гуфт, ки ба ин мавзӯъ бештар аз дидгоҳи ахлоқӣ ва одоб (этика) назар шудааст, чун “салом” ва салом додан муқаддима ва тоҷи одоб аст. Ин мавзӯъ дар ҳама рисолаҳои ахлоқии куҳан ва нав муфассал баррасӣ шудааст ва ба назар мерасад, ки риояи сиҳҳати забонии ин калима ҳам ҷузъи аввали ин одоб мебошад. Яъне, дуруст, ба сароҳат, лаҳну оҳанги муносибу шоиста ва бо самимият баён кардани он, ки беш аз ин фаротар аз доираи баҳси мост.
Аммо баҳси мазкур бештар сари ин нукта буд, ки баъзеҳо мегӯянд, танҳо “салом” гуфтан раво нест ва бояд “ассалому алайкум” гуфт ва баъзан намунаҳои беш аз инро ҳам ёдоварӣ менамоянд. Дар ин маврид лозим ба зикр аст, ки сурати такмилии салом ҳамроҳ бо таҳийёт бахше аз намоз аст, ки онро дар байни мардуми тоҷик бештар ба калимаи қадими тоҷикии “дуруд” (“Аттаҳийёт бо дурудҳояш”) баён мекунад ва бо таркиби “ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ” поён меёбад ва касоне, ки ба ин маориф наздиканд, дар салом бар якдигар низ ҳамин таркибро ба кор мебаранд.
“Салом”, “ассалом” ба сурати танҳо аз замонҳои куҳан корбурд доштааст. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср:
Магар бо дуруду салому паём,
Ду кишвар шавад з-ин сухан шодком.
(Фирдавсӣ)
Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ,
Бар он мардуми дидаи рӯшноӣ.
(Ҳофиз)
Ассалом, эй олами асрори Раббулоламин,
Вориси илми Паямбар, фориси майдони дин.
(Мӯҳташами Кошонӣ)
Дар айни ҳол бояд қайд, кард, ки “салом”-и танҳо дар мавқеъи масдар ва исм ҳам меояд ва дар таркибҳои “салом кардан, салом додан, салом гуфтан” ин нукта равшан аст ва вақте мегӯянд “ман салом кардам” метавонад ин хабарро бирасонад, ки “ман ба касе гуфтам: “ассалому алайкум” ва беш аз ин ҳам.
Аммо дар баёни салом он чи табдил ба ғалати ъом шуда ва борҳо аз расонаҳои умумӣ низ ба гӯшу чашм расидааст, ин аст, ки мегӯянд “саломат бар алейк” ё “алейкат бар салом”, ки ҳеч маъно надорад. Асли баён он аст, ки гӯянд “ассалому алайкум” ва “ва алайкум ассалом”, ки аввалӣ аз се ва дувумӣ аз чор ҷузъ (калимаҳои арабӣ) иборат аст: “ассалом+ъалай+кум” “салом+бар+шумо” ва “ва+ъалай+кум+ассалом” “ва (низ, ҳамчунин) +салом+бар+шумо”, ки дар мавриди дувум бидуни “ва” ҳам имкон дорад.
Ба сурати танҳо “ассалому(н)+ъалай+к(а)” “ва+ъалайк(а)+ассалом” низ вуҷуд дорад, ки “салом+ бар+ту” ва “ва (низ, ҳамчунин)+салом+бар+ту ” мешавад:
Сунбула бо ёсуман гуфт: саломун алайк,
Гуфт алайк-а-ссалом, дар чаман ой, эй фато.
Ту мехиромию хуршеду моҳ дар пайи ту,
Ҳамедаванд, ки эй хушлиқо, салом алайк.
(Мавлоно)
Ҳамчунин саломун алайҳ, саломун алайҳо, саломун алайҳум, саломун алайҳумо низ марсум аст, ки вобаста ба замир (бандакҷонишини шахс), шумора ва ҷинси он мебошад ( алайҳ бар ӯ, алайҳо бар ӯ (зан), алайҳум бар онҳо, алайҳумо бар онҳо (ду нафар)) ва ин таъбирҳо асосан барои дуруд фиристодан бар равони бузургон истифода мешаванд.
Алайк гуфтан (гирифтан) ба маънои ҷавоби салом собиқа дорад.
Шахсе ки посухи саломро медиҳад, зеҳнан метавонад “салом”-и мухотабашро дар назар бигирад ва танҳо бигӯяд “ва алайкум” (ва низ бар шумо), яъне ҳамон салом, ки додед. Дар хусуси назокати корбурди ин шева аз Паёмбар (с) ривояти омӯзандаест, ки авҷи одобро нишон медиҳад. Дар ин ривоят омада, ки Паёмбар (с) дар роҳ бо ҳазрати Ойиша (р) мерафтанд, ки аз назди онҳо ҷамъе аз нохайрхоҳон гузаштанд ва хитоб ба онҳо гуфтанд: “Ассому алайкум”. Паёмбар (с) бо чеҳраи боз ва тамкин фармуданд: “Ва алайкум”. Аммо ҳазрати Ойиша (р) барошуфтанд ва бар онҳо хитоб карданд: “Сом (марг), бар шумо, (сам) заҳр бар шумо...” Баъди дур шудани онҳо Паёмбар (с) фармуданд: Набоист ба онҳо бо хушунат ҷавоб бидиҳӣ, ман гуфтам “ва алайкум” яъне “ҳамчунин бар шумо”, ҳарчи дода буданд бар онҳо баргашт.
Дар ин ривоят ишорати нозукест, бар риояти каромати салом ва ҳамчунин ин маъно, ки шояд мавридҳое сӯитафоҳум роҳ ёбад ва бо иктифо ба “ва алайкум” мавзӯъ ҳал мешавад ва мақоми волои посухдиҳанда маҳфуз мемонад.
Хулоса: Дар хитоб: Салом, ассалом, ассалому алайкум; дар ҷавоб: салом, ассалом, ва алайкум, ва алайкум ассалом ҳар яке саҳеҳ мебошанд ва ҳар нафаре ҳам метавонад бо таваҷҷуҳ ба муҳит ва фазои маънавию фарҳангӣ аз он чи дар суннатҳои хубу саҳеҳ ҳаст, ҷузъе бар он биафзояд, берун аз такаллуф ва таассуб.

понедельник, 12 января 2015 г.

ТАНҲО ДИЛСӮЗӢ ВА ИҚДОМ ЛОЗИМ АСТ

ТАНҲО ДИЛСӮЗӢ ВА ИҚДОМ ЛОЗИМ АСТ
Шикоят аз камтаваҷҷуҳии мардум ба маънавият ва моддаи аслии он - китоб собиқаи дерин дорад, баробари собиқаи худи китоб ва китобнависӣ. Ҳофиз, ки худ шоҳиди ҳамагир шудани шеъраш буд ва менозид, ки “Ин тифли якшаба раҳи садсола меравад”, ҷояш меояду боз мегӯяд: “Маърифат нест дар ин қавм, Худоро, мададе, То барам гавҳари худро ба харидори дигар”. Мо аз китобхониҳои саросари даврони шӯравӣ масал мезанем, аммо агар дар ин масъала ҳам дақиқ биандешем, ба ёд меояд, ки беҳтарин китоби он даврони мо “Фарҳанги забони тоҷикӣ” - ро нусхае 2 - сӯмӣ қимат гузошта буданд, то ба дасти ҳама бирасад ва бо ҳамон ҳол ҳам то дергоҳе дар рафҳои китобфурӯшиҳо буд. Пештар аз онро ба ёд биёрем, гилаҳои талхи устод Айнӣ дар оғози қарн ба гӯш мерасад, ки ягона номгӯи матбуоти тоҷик дар Бухорову Самарқанд муштарӣ надорад ва хатари қатъи нашри ин матбуот дар пеш аст, дар ҳоле ки чандин номгӯй аз матбуоти узбакзабон беш аз ҳадди ниёзашон муштарӣ дорад.
Аммо ин суханон ба хотири тасалло аз вазъи имрӯз нест. Ба хотири таъкид бар ин воқеият аст, ки маънавияту фарҳанги ростин дар ҳама давру замон ҳимоят ва тадбир мехоҳад. Хусусан имрӯз, ки фарҳанги омиёна ва камзарф ба садҳо василаҳои нави фаннӣ дунёро пур кардааст, ки ағлаб бар саманди ҳамаҷопаймои ин “фарҳанг” таблиғи фурӯши колоҳои гуногун (ва аксар ҳам аз назари моддӣ ё маънавӣ зарарнок) ва беш аз он таблиғи бефарҳангӣ, пучӣ, ахлоқситезӣ, беҳувиятӣ ва ғайра савор аст. Агар аз мазмунаш ҳам бигзарем, ин сели иттилоотӣ мардумро то гулу сер мекунад ва ҷое барои ҳарфи дигар боқӣ намемонад. Ба ин сел илова мешавад, бофтаҳои нотофтае ба номи “китоб”, ки ба воситаи даҳҳо нашрияҳову чопхонаҳо ҳамарӯза ба табъ мерасанду интишор меёбанд, ки муаллифи хеле аз ин навъ китобҳо шояд худашон дар умрашон 10 - 12 китоб нахондаанд:
Ҳама донишиянд, донанда нест,
Ҳама менависанд, хонанда нест.
Албатта, танҳо бо зикри ин аҳвол вазъ ислоҳ намешавад. Ислоҳи вазъ тадбир мехоҳад ва намунаҳое аз ин навъ фаъолиятҳо нишон медиҳад, ки ин корҳо бесамар нестанд. Аз ҷумла чанд навбат “Корвони китоб” тибқи шаҳодати ширкаткунандагонаш натиҷаҳои хуб дошт. Барномаҳои адабии “Радиои Тоҷикистон” ва хусусан радиои “Фарҳанг” ва баъзе барномаҳои телевизионӣ дар ҷазби мардум ба китоби асил ва китобхонӣ таъсири босазое доштаанд. Дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хусусан кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ аз ибтидои таъсиси он дар баробари адабиёти илмӣ феҳристи китобҳои бадеие ба донишҷӯён пешниҳод мегардад, ки хондани онҳо ҳатмист ва донишҷӯён дар ҳузури устодон аз мазмуну муҳтавои ин китобҳо гузориш мекунанд. Ин таҷрибаро дар мактабҳои таҳсилоти миёна ҳам бояд ҷорӣ кард, ки натиҷаи беҳтар хоҳад дошт. Аз ҷумла мутолиаи маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки муҳимтарин ва бособиқатарин маҷаллаи адабии кишвар аст, чун пештар метавонад дар ин феҳрист ҷой дошта бошад.
Баъзан нуфузи интернет ва барномаҳои ҳушрабои телевизиониро яке аз омилҳои асосии аз китобхонӣ бозмондани ҷавонон мешуморанд. Аммо ин айни ҳамон мавридест, ки метавон нуқтаи заъфро ба нуқтаи қувват табдил кард. Имрӯз ба забонҳои муҳими дунё, аз ҷумла ба забони форсӣ (ба ҳуруфи форсӣ) ва ба забони русию англисию олмонӣ ва ғайра метавон тақрибан ҳамаи асарҳои камобеш машҳури адабиро аз фазои интернет пайдо карду хонд ва нусхабардорӣ кард. Аммо ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи роиҷи имрӯзии он мавод ниҳоят кам аст. Ба ҳадди наздик ба сифр. Дар ҳоле ки дар ин фазо фавҷ - фавҷ ҷавонони толиби адабиёт ва маънавияти асили тоҷикӣ ширкат доранд ва ба ҷои чунин мавод ба онҳо иттилооти пуршумори беҳуда ва ағлаб гумроҳкунанда пешкаш мешавад.
Ташкили телевизиони омӯзишӣ (Телевизион – мактаб - донишгоҳ) (на танҳо барнома) бо истифода аз таҷрибаҳои муваффақи Русия, Эрон ва кишварҳои дигари дунё имрӯз барои Тоҷикистон муҳим аст. Чанд барномаи ин телевизиони алоҳидаи омӯзишии давлатиро метавон барои қироат ва шарҳу тафсири китобҳои гуногун ҳамроҳ бо шеваҳои намоишӣ махсус кард. Фавқулода муҳим будани ин иқдом дар Тоҷикистон боз ба ин хотир аст, ки дар бештари мактабҳои кишвар баъзе фанҳои омӯзишӣ муаллим надоранд ё муаллимони ғайримутахассис дарс медиҳанд. Барномаҳои ин телевизион ҳатто метавонанд, тавре танзим шаванд, шогирдони ин мактабҳо дар соати муайян аз мутахассиси варзида дар дарсхонаи махсуси муҷаҳҳаз ба воситаи телевизор дарс бигиранд. Дар маҷмӯъ ин телевизион метавонад ба як Донишгоҳи миллии дигар табдил шавад. Барои иҷрои ин аҳдоф метавон радиои алоҳидае низ ташкил кард.
Ҳатто бояд аз фазои нақлиёти умумии шаҳрӣ ва минтақавӣ ба ин манзур истифода кард. Имрӯз яке аз мушкилоти умдаи маънавии мо ҳукмронии фазои бефарҳангӣ, хушунат ва дағалию беодобӣ, аз ҷумла пахши мусиқиҳо ва наворҳои савтию садоии гӯшхарош дар нақлиёти шаҳрӣ ва хориҷ аз он аст. Дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик садҳо километр наворҳои садоиву тасвирии маърифатбахш ҳалқа зада хобидааст. Онҳоро ба сурати диск ва василаҳои электронӣ (флеш диск) оварда, дар байни ронандагони ин нақлиёт бояд паҳн кард ва ба онҳо дастур дода шавад, ки дар масир танҳо аз онҳо истифода шавад. Масалан, чи ғанимати бузургест, агар мусофир (ва худи ронанда низ) то манзили мақсуд ақаллан ду ҳикояти дилнишин ва пандомӯзро аз “Гулистон” - и Саъдӣ бишнавад ё порае аз “Ёддоштҳо” - и устод Айниро ё достоне аз “Шоҳнома”-и безаволро, ки ба шевотарин баён қироат шудаанд, ё ақаллан суруду мусиқии муътадили миллиро гӯш кунад. Он радиое низ ки манзур аст, метавонад як ё чанд барномаи худро махсуси фазои нақлиёт кунад ва дар ин ҷо ҷойи барномаҳои радиоии ҳарзагӯи мавҷудро бигирад. Имрӯз, хушбахтона, мо ҳама чизро дар ихтиёр дорем, танҳо аз он бояд оқилона ва ботадбирона истифода кард. Албатта, роҳу василаҳои ҷазби мардум ба китоб ва фарҳанги асили миллӣ фаровон аст. Танҳо дилсӯзӣ ва иқдом мебояд.
“ҶУМҲУРИЯТ” 09.01.2015