среда, 11 марта 2015 г.

ШОГУНИ НАВРӮЗ


ШОГУНИ НАВРӮЗ
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистонро
Худованд орд кард,
Ҳамчунон шогуни наврӯзӣ
Рехт рӯи суфраи Модар,
Бар қади сабзи санавбар,
Коҷро орост мисли Сарви Кишмар.
Субҳ, пеш аз бомдодон
Рехт рӯи гунбаду гулдастаи масҷид
Ранги якрангӣ,
Ояти тавҳид.
Чун ҳарири захмбанд
Густард пеши дасти Сино.
Ҳамчунон як сафҳаи покизае бо имтидоди бениҳоят
Рӯи мизи Рӯдакӣ бинҳод,
Дархури он «сездаҳ раҳ сад ҳазор»
Байти ғарро, шеъри нотакрор.
Ҷомаи сардӯшии устод Айниро табаррук кард,
Рехт рӯи шонаҳои Пири Фирдавсӣ,
Он нигаҳбони шукӯҳи Ҷам,
Шаҳпари Симурғро афшонд
Бар чакоди Ковиён парчам.
Охирин барф
Рехт рӯи ёли он шерони бедоре, ки пеши пои Исмоил
Ёд доранд он нидои ошноро,
Сӯи Ҷӯи Мӯлиён,
Сӯи сайронгоҳи наврӯзӣ,
То Гули Сурхи Бухоро…
Осмон барҷост!
Ин сапедӣ шоҳиди гӯёст.
Шарфаи ин барф
Ҳарф, ҳарфи Ҳуст,
Поку беоҳуст.
Хокро магзор танҳо як нафас, як лаҳза, ё Ҳодӣ,
Хокро аз хок бардор,
Чеҳраи тифлонаашро пок соз,
Ашки хунолудаашро покшӯӣ кун ба оби раҳмати хеш,
Рӯдҳоро ҳам таҳорат деҳ,
Роҳҳоро рост кун, испед гардон,
Роҳ ҳаройина сӯи Туст.
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистон,
Аввалин шогуни Наврӯз,
Ҳуҷҷати Яздон.
9 марти 2013

понедельник, 9 марта 2015 г.

НАВРӮЗӢ

НАВРӮЗӢ
Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Биё, бо он фару фархундафолӣ
Дигаргун соз аҳволи башарро,
Зудой аз рӯйи гетӣ гарди шарро.
Ба бӯйи хок Одамро даво кун,
Дили моро ба раҳмат ошно кун.
Ба назме ки дар ӯ ҳаргиз халал нест,
Туро дар кори ин олам бадал нест.
Шукӯҳи Ҷоми Ҷам дар синаи туст,
Ҷабини офтоб ойинаи туст.
Майи боқӣ ту дар паймона дорӣ,
Зи фавҷи ахтарон парвона дорӣ,
Ки чун дар оташи ту пок сӯзанд,
Ба сӯзи нав ҷаҳонро барфурӯзанд.
Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Ки пайки адлу рамзи эътидолӣ,
Сару сомони Сомонӣ ту дорӣ,
Зиҳӣ давлат, ҷаҳонбонӣ ту дорӣ.
Нишоти ҳикмати Хайём бо туст,
Ҳазор оғози хушфарҷом бо туст.
Сиёвушон зи домонат бирӯяд,
Шамимаш ҳикмати Сино бигӯяд.
Насимат сабз созад турбати Бурх,
Фурӯзад лолазорони Гули Сурх.
Гули Сурхе, ки Айнӣ иқтидо кард,
Душанберо Бухороошно кард.
Заминҳову замонҳо бо ҳам ояд,
Ҳазоре паҳлавӣ чун месарояд.
Ватан имрӯз чун Наврӯзгоҳ аст,
Қабои сабзаш аз меҳригиёҳ аст.

АССАЛО

АССАЛО
Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед,
Сайҳаи бепардаи Мансурро бовар кунед.
Хок аз ҷону дили ток ашкафшорӣ кунад,
Нашъаи хуни дили ангурро бовар кунед.
Нест бе хуни ҷигар нохуни мутриб лолагун,
Гоҳ-гоҳе нолаи танбӯрро бовар кунед.
Ёд доред аз ғурубе, ки тулуъ аз пай надошт?
Сӯг поён мепазирад, сурро бовар кунед.
То нафас боқист, бар бурҷи умед аст ин каманд,
То ситора медурахшад, дурро бовар кунед.
Шоҳи Тирандозро1 то такя бар пойи худ аст,
Покбозиҳои ин мағрурро бовар кунед.
Нашри Фардо дар навори офтоб омода аст,
Субҳ наздик аст, ин маншурро бовар кунед.
_______
1.Шоҳи Тирандоз – номи яке аз қуллаҳои Тоҷикистон.