четверг, 13 июня 2013 г.

Барои устод Бозор Собир


ПЕШРАВЕ АЗ ПЕШИН
Барои устод Бозор Собир


Дар замоне, ки ҳама фанди аҷониб хӯрдаем,
Эй ту чун хуршеди якто ногирифтори фиреб.
Дар замине, ки ҳама рӯ бар нишебӣ рафтаем,
Эй ки умре рост рафтӣ дар фарозу дар нишеб.

Эй ҳамат шеъри расову эй ҳамат меҳри расо,
Мисраъат шуд дар кафи имони мардум чун асо.
Гар намебуд ин асо умеди мардумро ба даст,
Бемуҳобо, қомати имони мардум мешикаст.

Мардуме беҳуда меҷӯяд зи Эрон марди ту,
Нест дар шерони Эрон низ ҳамоварди ту.
Ҳар касе дар Тоҷикистон шеъри тар меофарид,
Гар ба Эрон зода мешуд, шери нар меофарид.

Ҳар гаҳе ки аз хиёбони Душанбе бигзарӣ,
Ҳолае бинам ба гирдат аз хиёли шоирӣ.
Аз бурун – ин ҷо ҳама ойину ово борсист
В-андарун – он ҷо ҳама овову ойин порсист.

Андарун он ҷо раҳе дорад Бадахшон то Бухор,
Нест сарҳад дар Ҳариву Балху Шерозу Ҳисор.
Андарун – он ҷо ҳанӯз Омӯяи бемӯя аст,
Дар ду соҳил мардумонро қиблаи яксӯя аст.

Шоире гар пеш аз ин дар ҳарфи ҳақ устод буд,
Гӯшае меёфт, к-аз ҳукми дурӯғ озод буд.
Шоири даврони ман дар мушти ҷаҳли барбарӣ
Рост мегуфт, ар расолат дошт чун пайғамбаре.

Ҳар гаҳе як пора аз шеърат қироат мекунам,
Ман ба оби чашму хуни дил таҳорат мекунам.
Хондани ин гуна шеъре худ ибодат кардан аст,
Бетаҳорат ман намегирам китобатро ба даст.

Соли 1990


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!