понедельник, 16 сентября 2013 г.

ОДАМИЙЯТ



Буҳрон чу мор печад дар ҷони одамийят,
Ё Рабб, нигоҳ дор аз буҳрони одамийят.

Эй, бубули саҳархез, ровии хоҷа Ҳофиз,
Ҳар субҳдам фурӯ хон Қуръони одамийят.

Эй, нодиёни сарсахт, як лаҳза лаб набандед,
То як замон нахусбад виҷдони одамийят.

Ҳар субҳ дар хиёбон аз бордони худрез!
Резад замонаи дун хусрони одамийят.

То кай чунин биборад аз бому дар ҳақорат,
Эй кошифони рози кайҳони одамийят?!

Тайёра, тайр ин нест, ҷуз роҳи дайр ин нест,
Дар хатти сайр ин нест тайрони одамийят. 

Оли Имоми Аъзам! Соли Имоми Аъзам
Фурсат шумору нав кун имони одамийят.

Бағдод дод ҷӯяд дар хун тапад Фаластин,
Хезад зи хоки Афғон афғони одамийят.

Ҳарфе зи одамийят ифрот мешуморанд,
Гӯё ба сар расида даврони одамийят.

Аҳди азал ба ёд ор, байтулғазал ба ёд ор
Эй он ки баста будӣ паймони одамийят.

Оё ки хушк гашта дарёи одамийят,
Оё гуҳар намонда дар кони одамийят.

Ҳарчанд ҳадди ман нест, ин аҷз садди ман нест,
То хешро бисозам қурбони одамийят.

Ин тоҷикона сар, ки фармон намепазирад,
Тоҷаш бинеҳ ба торак фармони одамийят.
Апрели 2009
________
1 Самосвал.
2 Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият. (Саъдӣ)
3 Қуръаи фол ба номи мани девона заданд. (Хоҷа Ҳофиз)

среда, 11 сентября 2013 г.

Эй миллати фарзона, ҳакими ту куҷост?
Эй меҳани ман, лутфи қадими ту куҷост?
Афканда дилам ба пойи Албурзи ғам аст,
Симурғ! Куҷойӣ ту? Нишеми ту куҷост?

Як нима Душанбесту як нима Бухор,
Марзи ватанам аз дили ман мегузарад.
Ҳақи шиква ҳама доранд зи ҳам,
Бурд аз он аст, ки оғоз кунад.

воскресенье, 1 сентября 2013 г.

ИСТИОРА



Ҳар саре уқоби кӯҳсори мо
гарчи на каму на беш
Як паранда аст,
Ҳар паранда як уқоб нест.
Ончунон ки
офтоб гарчи як ситора аст,
Ҳар ситора офтоб нест.
Дӯстам,
бародарам,
Ман ба айни боварам,
ки ин қиёс
Аз вуҷуди мову туст:
То ки хуни гарми зиндагӣ
дар раги ману ту метапад,
Ин сабӯи сарбазери офтоб
холӣ аз шароб нест.
То ки шаҳпари умеди мо нарехтаст,
Ҳар кабӯтаре
Дар диёри мо
Камтар аз уқоб нест.