суббота, 25 мая 2013 г.


  КӯҲИСТОН

(бахш)

Кӯҳистонам,

Қарори ман ин ҷост,

Рӯиндижи ман, ҳисори ман ин ҷост

Дар чархи фалак мадори ман ин ҷост,

Гаҳвораи ман, мазори ман ин ҷост.



Рӯйида канори чашмаи Идрок

Дар силсилаи сулолаи ин хок

Печида мисоли решаҳои ток

Мастии ману хумори ман ин ҷост



Ин ҷост, ки бед ҳам шакарбанд аст

Бебар на, ки Тӯбии самарқанд аст

Лахти ҷигаре ба ҳар шаҷар банд аст

Сад миҷмари лолазори ман ин ҷост



Дар сӯзани хуша мӯҳраи шаҳвор

Мурғак равад аз насим гандумзор

Ҷонҳо зи сурур мешавад саршор

Шеъру ғазалу шиори ман ин ҷост



Сад рӯд дуруди зиндагӣ бар лаб

Чун оби ҳаёт аз зиломи шаб

,Доман-доман меканад кавкаб

Дарёи ситоразори ман ин ҷост



,Дар зери ҳазор селборонҳо

Вораста зи хокрези тӯфонҳо

Хомӯш нагашт оташи ҷонҳо

Дар санг ниҳон шарори ман ин ҷост



Гар дар нигаҳе чу хорҷорӯбам

Бар сардари кӯҳсор мансубам

Заҳри нигаҳи ҳасудро рӯбам

Хорам агар, ифтихори ман ин ҷост



Як тоқадарахт бар фарози кӯҳ

Пӯлодпайу таҳамтану бишкӯҳ

Бар сар карда як осмон андӯҳ

Тамкини ману виқори ман ин ҷост



Ин ҷост, ки мӯбамӯ ҳама аслам

Бо гардиши хоку осмон васлам

Ҷои дигаре бурун зи ҳар фаслам

Поизу дайу баҳори ман ин ҷост



Дар шохи чабарғ ахтарони ёд

Чун хушаи лаъл медурахшад шод

Бунёдам агар равад ҳама барбод

Дар нур равон ғубори ман ин ҷост



Дар марзи Ватан ситодаам настуҳ

Бебим зи турктози ҳар анбӯҳ

Оҳехта теғҳои Лозуркӯҳ

Ойинаи зулфиқори ман ин ҷост



Роҳест ниҳода сар ба пойи дӯст

Он чор сада ба марҳабои дӯст

Хоҳанд кунанд ҷон фидои дӯст

Ин ҷост чаҳорёри ман, ин ҷост



Кӯҳистонам!

Тоҷикистонам

Сайёраи сабзи ишқу имонам

Бахшанд агар ихтиёри кайҳонам

Ҳаройина

ихтиёри ман ин ҷост



Июни 2012