Чиҳил ғазал


НОМАИ ЗАРИРОН

Фидойи онон, ки беҳтар аз ман сухансароянду

бесадоянд,

Фидойи онон, ки нойи ишқанду синачокони

бенавоянд.

Фидойи онон, ки дар суроғи ситора рафтанду

барнагаштанд

Ва ҳар сабоҳе дар интизорам, ки аз паси қулла

мебароянд.

Фидойи онон ки дар фазои ҳақоратафшон

ба қалби хунин

Вуҷуди худро чу ғунчаи гул гираҳ бубастанду

порсоянд.

Фидойи онон ки захм дар дил, сиришк дар дида,

пой дар гил,

Ситода сад фитнаро муқобил, чу қалъаи оҳани

вафоянд.

Фидойи онон, ки мавҷи Сурхобро ба пайғом

мефиристанд,

Ки дар канори зулоли Кавсар чу ташнаҷонони

Карбалоянд.[1]

Фидойи рӯҳи парастувоне, ки аз лаби боми ғам

париданд,

На, донае мардумӣ начиданд, то баҳори дигар

биёянд.

Фидойи пирону дастгирон, куҳантар аз «Номаи

Зарирон»,[2]

Хамида бар турбати далерон, ҳама шафоъат, ҳама

дуъоянд.

Фидойи онон, ки рӯҳи худро ба ёрии бекасон

фиристанд,

Чу қалби хунин ба синаи хок бо ғами халқ ошноянд.

[1] Шаҳидони дарёӣ.
[1] Асари бостонӣ




Соли 2000


ГАВҲАРИ ИМОН



Бо манӣ, эй гавҳари поку муназзаҳ, бо манӣ,

Дар шаби андешаҳо чун партави маҳ бо манӣ



Дасти дунёи данӣ аз доманат кутоҳ бод,

Дар хиёли дуру дар ҳар оҳи кутаҳ бо манӣ.



Бо тулӯъи субҳ дар тори навои булбулон,

Дар қиёми шаб ба зикри Аллаҳ- Аллаҳ бо манӣ.



Гар ҷаҳоне ҷумла дар як ҳарф инкори ман аст,

Мӯ ба мӯ дар ҳастиям, эй ҷони огаҳ, бо манӣ.



Нестам з-он ҳамраҳони сустунсур, нестам

Аз нахустин гом то поёни ин раҳ бо манӣ.



Гар даме мансурворам в-ар даме масъудвор

Бар фарози дор бо ман, дар таҳи чаҳ бо манӣ.



З-он шаҳаншоҳон ҳамин як ёдгори родфар-

Сабз бодо осмонат, эй маҳанмаҳ[3], бо манӣ.



Соли 2000


ТИЛИСМ



Даст барнамедорам як дам аз гиребонат,

То бурун намеорам аз тилисми шайтонат-



Эй дил, эй дили бебок, то каям кашӣ дар хок?

Кош он ки бирбудат, карда буд қурбонат.



ҷои гул насими субҳ оташат ба сар безад,

Гар шабе намепечад дуди дил зи айвонат.



То ба кай ғамин бошӣ аз вуҷуди мо, эй дӯст?

Дасти марг бифшонад гарди мо зи домонат.



Зиндагӣ, зи чашмонам чанд хуни дил резӣ?

Ман ба саҳв агар боре гуфта будам осонат.



Зери коси вожунат косаи сарам бишкаст,

Сад ҳазор бор аҳсант, эй фалак, ба эҳсонат.



На маҳи шаби Нахшаб, на ситора , на кавкаб,

Кош будамӣ, ё Раб, нуқтае зи қуръонат.



Хандаҳои ту, шоир, гиряҳои пинҳонист,

Аз фиреби мо бигзар, дидаем девонат.

[1] Маҳанмаҳ - дар қиёси «шаҳаншаҳ».



Соли  2001


БА МО САЛОМ МАКУН

Ба мо салом макун, то саломро накушанд,

Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд.



Ба дашти ваҳшати мо пайки меҳрубон мафирист,

Ки он ғазоли ғазалхони ромро накушанд.



Матин дилам ба сафи ҳар намоз меларзад:

Ба рағми банда, худоро, имомро накушанд.



Куноми хеш нагиранд хайли хаффошон,

Магар ба теғи шафақ мурғи шомро накушанд.



Дигар на ҷанги ситора, набарди устура-ст,

Наёраманд, магар эҳтишомро накушанд.



Бигӯ ба бонии он кулбаи муҳаққари мо,

Ҳилоли соҷиди он гӯшабомро накушанд.



Ба чанги чангизиён шишапора мерахшад,

Ба ҳӯш бош, ки он Пири Ҷомро накушанд.



Ба боли нур гузар аз сарам, фариштаи меҳр,

Ба хоки мо начамӣ, ки хиромро накушанд.



Соли 2004


ҒАМҲОИ ТУ



Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад,

Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.



Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,

Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.



Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,

Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.



Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,

Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.



Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,

Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?



Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,

Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.



Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,

Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.



Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,

Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?



Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,

Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.



Соли 1989




ЗАНҶИР

Боз кун занҷирро, эй дӯст, Маҷнун нестам,

Хун ҳамегирям, вале қасди шабохун нестам.



Сарви озодам, ба ин фитрат маро парвардаанд,

Хок бар сар кам кунедам, ганҷи қорун нестам.



Аз тунукобӣ битобад санги дил дар синаам,

Нилу Гангу Даҷлаву Сайҳуну ҷайҳун нестам.



Ҳарки уфтад дар бало, гирад гиребони маро,

Ал-амон, беҳимматон, ман чархи гардун нестам!



қасди он доред агар, то гардани ҳам бишканед,

З-ин миён маъзур, ман санги фалохун нестам.



Ёри шайтон ноз дорад аз тафовутҳо ба ман,

Шукр Эзадро, к-аз ин маъҷуни малъун нестам.



Ёри Хуршедам, фалакро зери пар меоварам,

Шод меронам, ғами фардову эдун нестам.



Хонабардӯшему умри хешро тай мезанем,

Ман магар дарёям, аз ин рубъи маскун нестам.



Соли 1999




ДОСТОНИ ҒАМ

Куҷост интиҳои ту, шаб, эй шаб, эй шаби табоҳ,

Мабод рӯзгор бо ту ҷовидона рӯсиёҳ.



Ҳазор достони ғам зи Юсуф офаридаанд,

Ҳануз ҳам сари расан намерасад ба зери чоҳ.



Ба минбару ба сангари шаҳодатат кашидаанд

Паямбарони беумам, сипаҳбадони бесипоҳ.



Ҳазор чашми хунталаб чу ҳалқаҳои дор боз,

Куҷо саре дигар кунад ҳавои тоҷ  ё кулоҳ.



Замона бар вуҷуди мо чи кофарона бингарад,

Худойро, дили маро нигоҳ дор аз ин нигоҳ.



Соли 2004




МОДАР

Барфи боми пирият бар сар ҷавониҳои моро,

Меҳрубоно, бахш ин номеҳрубониҳои моро.



қомататро карда бори ғуссаҳои мо замингир

Мекашӣ бар дӯш нози осмониҳои моро.



Мисли як барги хазонӣ, дасти сӯйи осмонӣ,

Хоҳӣ аз ҳафт осмонҳо бехазониҳои моро.



Баччаҳои ту парешон, ту ҳама шаб зери болат

Гиря дорӣ ҳасрати беошёниҳои моро.



Рӯйи ту чун сафҳаи Мусҳаф шудасту метавон хонд,

Аз хати рӯйи биҳиштият нишониҳои моро.



Бо забони ту басе ҳамду санои халқ гуфтем,

Худ ту нашнидӣ замоне хушзабониҳои моро.



Пеши пойи лаҳзаи дидори покат мефишонам

Доғ дар дил лолаҳои ҷовидониҳои моро.



Соли 2004




НИЁИШ

Маро ба гиря раҳо кардиву ба ханда гирифтӣ,

Касам ба кас нагирифту маро ту банда гирифтӣ.



Танам ба банд набастӣ, дилам ба тир нахастӣ,

Ба нози чашми сияҳ оҳӯи раманда гирифтӣ.



Умед тай зада буд сад замин варои қиёмат,

Зи мавҷи сели балоҳо маро ту зинда гирифтӣ.



Замона хост кунад хурд устухони маро ҳам,

Маро ту аз буни дандони ин даранда гирифтӣ.



Зи таъну уҷби ситорамаобҳо нарамидӣ,

Ту, осмонитаборо, чунин фиканда гирифтӣ.



Ба шоми тираи ман хилъати саҳар бикашидӣ,

Зи дӯши хастаи дил ҷомаҳои жанда гирифтӣ.



Чӣ марҳамест ба дастони меҳрубони ту, эй Дӯст,

Дили маро зи танӯри ҷаҳим канда гирифтӣ.



Соли 2000


ЛАБХАНДИ ТУ



Дӯстон аз манаш дуъо мабаред:

Зиндаам, номам аз ҳаё мабаред.

(Бедил)

Чунат диҳам паём? Ҳаё мекушад маро,

Лабханди ту ба шаҳди «Биё!» мекушад маро.



Шамъи дилам ба тирашаби ҳаҷр зинда буд,

Субҳ омадасту фавҷи зиё мекушад маро.



Ҷонам ба шаъни маслахи ишқаш наяст, лек

Эй банда, даргузар, ки Худо мекушад маро.



Мо куштаи адовату кин тӯхтан наем,

Мавлои ман зи фарти вало мекушад маро.



Ҳар тори мӯйи ту дигарам дор мекашад,

Ҳар тири мижжаи ту ҷудо мекушад маро.



Бар рағми деву дад ба қалам такя додам,

То Дӯст бар мадори асо мекушад маро.



Аз дард ҷон надодам агар чист ҳосилам?

Лобуд чу санги нанги даво мекушад маро.



Мерубадам зи гарди риё поку баъд аз он

Он довари хулусу вафо мекушад маро.

Соли 2005


МУНОҶОТ



Эй Ёр, бар мо ҳам гузар, камтар зи дарё нестем,


Дар пои ту бинҳем сар, камтар зи дарё нестем.



Эй ёр бар мо ҳам нигар, то масту дастафшон шавем,


Аз осмон гирем пар, камтар зи дарё нестем.



Аз санги раҳ маркаб кунем, доман пур аз кавкаб


кунем,

Сад мавҷ  афшонем зар, камтар зи дарё нестем.



Дар қалби мо дурри дарист дар қалб ҳасту қалб нест,


Аз мо агар ҷуйӣ гуҳар,[4] камтар зи дарё нестем.



Ойинаи руйи туем, эй рӯйи ту рӯйи Худо,


Эй Дӯст, бар мо ҳам нигар, камтар зи дарё нестем.



Дар сина ганҷи бостон, бар лаб каломи ростон,


Суда ҷабин бар хоки дар, камтар зи дарё нестем.



Мегӯ бар он чашмобиён, он селаи мурғобиён[5]


Ин як паёми мухтасар - камтар зи дарё нестем.



Аз кӯҳсорон омадем бо ҷоннисорон омадем,


Лабҳои хушку чашми тар, камтар зи дарё нестем.


[1] Гуҳар – нажод, сиришт.
[1] Ишора ба мисраъи Мавлоно: «Он мурѓи обиро бигӯ: мастон саломат мекунанд».





Соли 2004



МЕҲРНОМА



Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам.

Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.



Агар тақвими умрам сафҳаи таърихи сахтат нест,

Надорад тозагие рӯзгорам, Тоҷикистонам.



Агар дил як нафас ба ёди фардои ту мемонад,

Варо аз синаи худ мебарорам, Тоҷикистонам.



Агар аз фикри фирӯзии ту тоҷам ба сар набвад,

Ба гардун сар кашам, беифтихорам, Тоҷикистонам.



Наям булбул, ки танҳо мадҳи наврӯзи туро хонам,

Ки бе ту ҳар куҷое бебаҳорам, Тоҷикистонам.



Агар хокам, агар афлок, як гарди ту мебошам,

Чи миннат, гар ба поят саҷда орам, Тоҷикистонам?



Ба ёдат дар ғарибӣ чашмаҳоро хоб медидам,

Шарики модари чашминтизорам, Тоҷикистонам.



Барои ман ту беш аз хонадони нестӣ, ҳаргиз:

Бадахшонам, Зарафшонам, Ҳисорам, Тоҷикистонам.



Ба ту пайванди ман то ҷовидон сарсабз хоҳад буд,

Чу мерӯяд гиёҳат бар мазорам, Тоҷикистонам.



Соли 1982




МАДҲУШИ ТУ

Дар хуни дил оғушта, дар оғӯши ту мирам,

Тақдир мабодам, ки фаромӯши ту мирам.



Бе гӯру кафан, бе ҳаваси маҷлиси мотам,

Бахт аст, ки дар домани гулпӯши ту мирам.



Рӯзе, ки ту фирӯз зи майдони бадар ойӣ,

Чун аскари захмин ба сари дӯши ту мирам.



То чанд ба озор таҳаммул битавон кард?

Охир сухане, дар лаби хомӯши ту мирам.



Нанг аст ба тадбир зи ту ғафлати ошиқ,

Мадҳуши ту, мадҳуши ту, мадҳуши ту мирам.



Соли 1989





МАВҶИ ҲАСРАТ

Худо моро зи якдигар ҷудо кард,

Чи битвон кард бо ончи Худо кард?





Ба киштӣ фард-фард афканд моро,

Дар ин дарёи тӯфонӣ раҳо кард.



Миёни мавҷи хуношоми ҳасрат

Хушо, он дил, ки битвонад шино кард.



Бинозам зӯри бозӯи ғаматро –

Дили девонаамро порсо кард.



Худоё, шод кун бегонаеро,

Ки моро бо ғами ту ошно кард.



Соли 1996




ПАРИ ҶОН

Садои оҳи ниҳони маро намешунавӣ,

Зи бурҷи ишқ азони маро намешунавӣ.



Миёни қаҳ-қаҳи мастонаи қадаҳнӯшон

Шикасти шишаи ҷони маро намешунавӣ.



Супурдаӣ дили худро ба шеваҳои ғариб,

Сукути дарди забони маро намешунавӣ.



Дар осмони шаби ҷовидони чашмонат

Садои боли лабони маро намешунавӣ.



Зи пушти панҷараи қасри оҳанини вафо

Садои пои гумони маро намешунавӣ.



Шабе, ки ҷони бидиҳам дар фароғболии ту

Ту шарфаи пари ҷони маро намешунавӣ.



Соли 1999


МАНШУРИ МАНСУРӣ

Макун бо мо видоъ ай ҷон, бубин чун зор меоям,

Ҳамин то як назар бинам туро, сад бор меоям.



Дилам дар остини ту, сарам бар остони туст,

Ба ҳар сӯе биронӣ, даври ин паргор меоям.



Ту хоки ташнаӣ, ман – обшори меҳри меҳандӯст,

Ба сӯят мисли дарё аз дили кӯҳсор меоям.



Ало ай моҳи хомӯшам, агар созӣ фаромӯшам,

Ба гӯши хоби ту чун сози мусиқор меоям.



Сари гесӯи майгунат фарокаш мекунад ҷонро,

Ба ин маншури мансурӣ таҳи ин дор меоям.



Қасам бар чашми шаҳлоят, аз он мижгони лолоят,

Дусад теғам занӣ, бар кӯи ту хуншор меоям.



Соли 2004






ШУКӯҲИ УМЕД



Чиҳост бар сари ин қатраи муҳоландеш!

(Ҳофиз)

Наёмадам, ки зи нойи касе нафас бикашам,

На аз ҳавои касе бар сарам қафас бикашам.



Наёмадам, ки ба сад фарвадин шукӯҳи умед

Ба хок афтаму нозу ниёзи хас бикашам.



Як аз ҳазор, на, бал садҳазор бар дили мост,

Ки аз азал ба абад бонги ин ҷарас бикашам.



Агар чу тӯб диламро ба пеши пой кашанд,

Муҳол бошад аз ин арса пой пас бикашам.



Малул аз он шудаам бо дили чу ойинаам,

Ғубори шакки нигаҳҳои ҳар асас бикашам.



Соли 2007


САФО

Эй кинаҳо, эй кинаҳо, берун равед аз синаҳо,

Чун занг аз ойинаҳо,  ойинаҳои босафо.



То чанд гӯри ҳам канем, то чанд доми ҳам танем,

Охир на аз Оҳарманем, эй баччаҳои Моҳаво.[6]



Мо мисли кабкони ватан сайди ҳама зоғу заған,

Аммо ба ҳам минқорзан бо ғайрати бемунтаҳо.



Сад қитъа бо ҳам васл шуд, сад фаръ дар ҳам асл шуд,

Ман аз сари Санги Сафед  ту аз сари Санги Сиё.[7]



Ҳол ину даъвои Бухор, ёди Самарқанду Тахор,

Ҳарфе чунин беэътибор набвад ба девони қазо.



Ҳаргиз нахоҳам аҷзи ту, хонам ҳама дам раҷзи ту[8],

Аммо нахоҳам набзи ту ҷӯшад ба қабзи ҷони мо.



Эй кина, дар  мо сард шав, в-ар дард хоҳӣ, дард шав,

Ҷон хоҳӣ, бо ҷон тард шав, то рӯҳи мо ёбад раҳо.



Соли 2003




НАСХИ МИЖГОН

Он охирин нигоҳи ту дар хотири ман аст,

Он тири барқи оҳи ту дар хотири ман аст.



Мехостам, ки лаб бикушоям пайи видоъ...

Лабҳои узрхоҳи ту дар хотири ман аст.



Сӯӯи канда-кандаи нашкуфта ахтаре:

Лабханди гоҳ-гоҳи ту дар хотири ман аст.



Бо зиндагӣ ба марги дили ман гиристани

Чашмони бепаноҳи ту дар хотири ман аст.



Хомӯштар зи моҳӣ ба амвоҷи изтироб-

Ойину расму роҳи ту дар хотири ман аст.



Ҳар субҳ армуғони ту як боғи тоза буд-

Бӯи гулу гиёҳи ту дар хотири ман аст.



Дар нусхаҳои насхи[9] куҳан метанад дилам,

То мижаи сиёҳи ту дар хотири ман аст.



Соли 2000




ҒАЗАЛИ РАВОН

Дигар он намеписандам, ки кашам камони худро,

Ба Худои худ супурдам ҳама душманони худро.



Ба ҳавои боли Симурғ расидаам ба авҷе,

Ки дигар зи ёд бурдам раҳи ошёни худро.



Ба фиғон зи дидагонат бибарам ҳаловати хоб

Ки ба рӯи ман набандӣ дари осмони худро.



На,

куҷо ману куҷо ту, ба ҷалоли кибриё ту

Ба ҳумо ту соя бахшиву ман устухони худро.



ҷамали шикастаноям, ба кавири ғам раҳоям,

Бари хорҳо сароям ғами сорбони худро.



Ҳама ҷо ки нақши пойест ба сӯйи Каъбаи Меҳр,

Биниҳам чу муҳр бар он лаби хунфишони худро.



Ту чунон ки, боғбоно, дили нор мефишорӣ,

Зи дили ҳазин фишурдам ғазали равони худро.



Соли 2004




ЭЙ ОФТОБИ БЕНИҚОБ

Хоҳам, ки барҳам барзанӣ ин даври субҳушомро

В-аз пеши рӯҳам бифканӣ, ин пардаи авҳомро.



Эй офтоб, эй офтоб, эй офтоби бениқоб,

Анҷом деҳ оғозро, оғоз кун анҷомро.



Фарёди дарде мерасад бар гӯши ман аз дурҳо,

Ҷону ҷаҳоне нав сазад балғочи[10] ин пайғомро.



Эй шӯъла, аз нав сар бикаш, ҷони маро дар бар бикаш

Ҳӯши маро аз сар бикаш бе дона кун ин домро.



Ин ҷони дардолударо бар дардмандон ҳадя кун

В-ин ҷоми дурдолударо – риндони дурдошомро.



Соли 1987


БА ЁДИ ГӯШАЕ

Дар ин ҷаҳон зи вуҷуде нишон намебинам,

Ки аз даре ба манаш бадгумон намебинам.



Ту хоҳ дӯстӣ кун хоҳ душманӣ бо ман,

Аз ин муомала суду зиён намебинам.



Нишондаанд бад-он рӯз ибни Одамро,

Ки дар хиёли касе ғайри нон намебинам.



Намондааст нишоне зи ҳиммати воло,

Ба рӯйи боми касе осмон намебинам.



Куҷо шудаст, азизон, ватан, куҷо шудааст?

Ки гӯшае ба ҷаҳон ончунон намебинам.



Аҷаб мадор, агар ман зи ҳаҷр кӯр шавам,

Ту ҷони ҷониву ман ҷони ҷон намебинам.



Соли 1999






ЁДБОД

Ёд бод он рӯзҳои шоду равшан ёд бод,

Бе ғаму ғурбат канори сабзи меҳан ёд бод.



Як хиёбон ҳафт шаҳри ишқ дар шероза дошт,

Ҳар дарахте бӯстон, ҳар ғунча гулшан, ёд бод.



Пуштидасти хандаи мо гардани ғам мешикаст,

Ёд бод, он зӯри бозӯи Таҳамтан ёд бод.



То ҳанӯз аз чашамам оби шавқи наргис меравад,

В-он кушоданҳои рози сабзи савсан ёд бод.[11]



Он намози сабз бар саҷҷодаҳои ҷодаҳо,

Он сухан, он ҳарф, он фарёди бефан ёд бод.



Пас аз он ҷуз оташу оҳан ба сар моро нарехт,

Охирин он гиряҳои абри баҳман ёд бод.



Соли 2000


ЧӢ ОТАШЕ!

Чи оташест гирифт аз лаби фатилаи ман,

Маро ба ишқи ту сар мебурад қабилаи ман.



Ҳазор ҳулла кашидам зи шеър бар асарат,

Шукӯҳи номи ту аз ҳам гусехт ҳиллаи ман.



Шунидаам ки Худо ҳам ҷамол дорад дӯст,

Чӣ гуна дӯст надорам туро ҷамилаи ман.



Намезудояд тасвири рӯят аз хотир,

Агар ки мил кашад хасм бар ду нилаи[12] ман.



Ҷаҳон ба шакли ту оростаст дар назарам,

Ба ҳар намод туро бингарам шакилаи ман.



Чунин ҳилол ман аз луқмаи ҳалол шудам.

Туро ҳалилаи ту мар маро ҳалилаи[13] ман.



2005






НАМОЗИ ДИЛ







Меҳано, сӯҳони ғамҳоят маро шамшер кард,

Мисраъи шеъри маро дар чашми душман тир кард.



Шеъри ишқи ман намози дил ба даргоҳи Худост,

Бар худо биспорам онро, ки каҷаш тафсир кард.



Қасди он ки гуфтаам тифлони меҳан гушнаанд,

Душманам бо дасти дӯст аз ҷони ширин сер кард.



Куштаву садпора кардандат чу ман бигристам,

Ҳосидон гуфтанд: «Ин гирён туро таҳқир кард».



Ман ба ҳолаш гиряму бегонаро гирён кунам,

ӯ вале бар ман бихандиду маро такфир кард.



Ҳарчи гӯяд душманат бовар ба ҷонаш мекунӣ,

Ҳарчи гӯяд дӯст, мегӯӣ дигар тазвир кард.



Соли 2004




ФИДОИ Кӣ БОШАМ?







Ман омоҷи тири дуъои кӣ бошам?

Ба чанги бало аз балои кӣ бошам?



Сарам мехӯрад пеши ҳар пову погаҳ,

Ба чанги чи кӯрам? Асои кӣ бошам.



Ба ҳар ҷо ки будам, на бар ҷои хешам,

Ба ҷонат қасам, ман ба ҷои кӣ бошам?



Дил аз ҷони ширини худ баргирифтам,

Дигар бо чӣ рӯ, ошнои кӣ бошам?



Сукути тамомам садои кӣ будам,

Ҳама дарди хешам, давои кӣ бошам?



Бадаъвӣ шаҳонро гадотабъ дидам,

Бад-ин табъи шоҳӣ гадои кӣ бошам?



Пашизе наярзад агар ҷони ошиқ,

Фидои кӣ бошам? Фидои кӣ бошам?



Соли 1995





ТӯФОНИ ҲОДИСОТ





Эй дӯст, киштаҳои хазонро нигоҳ дор,

Гулбонги андалеби азонро нигоҳ дор.



Сад шохраҳ ба пайкари ин шоҳраҳ заданд,

Эй шаҳсувори ишқ, инонро нигоҳ дор.



Тӯфони ҳодисоти дигар дар камини туст,

Эй даври чарх тирукамонро нигоҳ дор.



Эй Юнуси замона, даво дар паёми туст,

Дар коми ин наҳанг забонро нигоҳ дор.



Эй бартар аз нишемани симурғат ошён,

Ин ифтихору иззату шонро нигоҳ дор.



Ин бор себ бар сари кӣ уфтодааст?

Эй Офаридгор, ҷаҳонро нигоҳ дор!



Соли 2004




ХАЛҚ МЕХАНДАДУ МАН МЕГИРЯМ





Аз ғами ҳаҷр ба ҷон омадаам,

Аз вуҷудам ба гумон омадаам.



Ҳадяам ҷуз қалами хоре нест,

Аз гулистони хазон омадаам.



Саъйи беҳуда ба мурдоби ғамам,

Баҳри худ ҷумла зиён омадаам.



Ҳадафе нест маро ҷуз дили худ,

Сӯи худ аз чӣ камон омадаам?!



Халқ механдаду ман мегирям,

Тоза гӯё ба ҷаҳон омадаам.[14]






ОРЗУИ ШАҲИД



Мондагори шитобҳост дилам,

Санге аз селобҳост дилам.



Дарду доғи фироқу ваҳми висол-

Бахшҳоеву бобҳост дилам.



Аз уфуқ то уфуқ ҷилои видоъ-

Боқии офтобҳост дилам.



Нуқтаи таммати хати парвоз-

қатри хуни уқобҳост дилам.



Рафта дар қаъри хоки хотираҳо:

Тиккаҳои шаҳобҳост дилам



Лолаи гӯри орзуи шаҳид-

Ахгари инқилобҳост дилам.



Мечакад аз вуҷуди сӯхтаам-

Чун сиришки кабобҳост дилам.



Чун Вароруди қарни ваҳшии бист

Пораҳои китобҳост дилам.



Соли 2001


ЯК ҲАРФ





Зи користони ҳиҷронат чӣ бо таъхир меоям,

Чу бо пойи бараҳна аз дами шамшер меоям.



Рақиби ман, Худо ёрат, гувоҳ аз ман чӣ мехоҳӣ,

Ки дар бозӯи дил захм аз пайи занҷир меоям.



Чи менозӣ аз он холи сияҳ бар қалби хуншорам,

Ту аз сайди магас, ман аз шикори шер меоям.



Агарчи чун садои пойи филон нарму хомӯшам,

Ба гӯши хуфтагон чун наъраи ожир меоям.



Нигоҳи ошноеро намебинам, намебинам,

Ҳама рафтанд аз шаҳри садоқат, дер меоям.



Худо бо раҳмати бемунтаҳо бар ман бубахшояд,

Диле реш аз гуноҳу дар лабам такбир меоям.



Тамоми  саргузаштамро тавонам гуфт бо як ҳарф:

Зи оғӯши ватан рафтам ҷавону пир меоям.



Соли 2000






ШАФАҚИ ҶОВИДОН





Зи ҳама баҳо фузунтар, чӣ ба ройгон расидӣ!

Ту магар фаришта будиву зи осмон расидӣ?



Чу насими беғуборе, ки ба раҳ кунад навозиш

Тану ҷони хастаеро, ту ба ман чунон расидӣ.



На зи қисматам умеду на зи бахтам ин ҳавас буд,

Ту зи чашми ин ду раҳзан ба чӣ раҳ ниҳон расидӣ.



Дили ман баҳор дорад, сари ман хумор дорад,

Лаби ман шарор дорад, ки ба ҷои ҷон расидӣ.



Чу ҳанои гесувонат шафақи тулӯъи ман шуд,

Зи фано хатар надорам, ки зи ҷовидон расидӣ.



Нафасе дигар нахоҳам, ки зи худ кунам раҳоят,

Ба канори ман биёсо, ки ба ошён расидӣ.



Соли 1990


ЭЙ ДӯСТ



Макун нисбат ба ину онам, эй дӯст

Ман он астам, ки худ медонам, эй дӯст.



Касе ин сону он сон ҳаст, бошад,

Ман ин сонам, ки худ ин сонам, эй дӯст.



Басо тарсидаам аз ҷони душман,

На аз ин душманони ҷонам, эй дӯст.



Намонда дар ҷаҳон як бешаи роз,

Ниҳон дар ҷангали мижгонам, эй дӯст.



Бирав бар шодхорон шодӣ афшон,

ғами худро бинеҳ ба хонам, эй дӯст.



Ман он сангам, ки дар дил лаъл дорам,

Мадеҳ аз даст, ҳон, арзонам, эй дӯст.



Биё, ин панҷ рӯзам мири наврӯз

Туро бар тахти гул биншонам, эй дӯст.



Биё, бе он мағалҳову муғулҳо,

Саропоят ғазал афшонам, эй дӯст.



Бикан аз тан қабои миннати ғайр,

Туро дар сози ҷон печонам, эй дӯст.



Фикан аз сар кулоҳи макри душман,

Ки ман дар пои ту сар монам, эй дӯст.

Соли 2000




СИПАР



Хоре, ки бад-он қалби ту хастанд, шаҷар шуд,

Ҳар санг, ки бар шишаи ту зад ҳама зар шуд.



Тире, ки ба сӯи ту фиканданд ба тазвир

Сад тири қазоро пари он тир сипар шуд.



Заҳре, ки ба ҷоми ту фиканданд ниҳонӣ,

То лаб ба лаби ҷом бипайвастӣ, шакар шуд.



Як айб ба сад худъа зи домони ту чиданд,

То бар сари бозор кашиданд, ҳунар шуд.



Мавло, чу ту аз ҳоли дилам бохабаре нест:

То оҳ кашидем ниҳон, чашми ту тар шуд.



Соли 2004




ҒУССАИ ОШНО





Кибру риё дигар бувад, маснади кибриё дигар,

қиссаи ошу нон дигар, ғуссаи ошно дигар.



Он чамане ки рустаам, ранги дигар гирифтааст:

Марғ дигар, мурғ дигар, нола дигар, наво дигар



ҷони ба лабрасидаро ин чи паёми тозаест:

Нусхаи тоза боядам – дард дигар, даво дигар.



Зулмати беамони шаб рахназан аз ҳазор сӯ

Дам бидам Офтоби ман, нур дигар! Зиё дигар!



Дил ба хато супурдаам роҳи вафо сипардаам

Ҳич хато вафо нашуд саҳв дигар, хато дигар



Мурғи ҳақ ин наво ба хун мекашад аз ҷигар бурун:

Мо дигару шумо дигар, мо дигару шумо дигар.



Соли   2004


ҶУНУНҶИЛВА





Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣ

Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?



Чи айб дида ки бар рӯйи даҳр менигаранд

Зи пушти шишаи дудиву айнаки дудӣ.



Бисоти худ ба чӣ сайёрае фиристоданд?

Ки мекашанд ҷаҳонро ба сӯйи нобудӣ.



Хиёли оташи дигар ҳамепазад дар сар

Чамидапо магасе бо димоғи намрудӣ.



Баҳона- ҳаста, ҳадаф - ҳастӣ, гуӣ бистонанд,

Зи ҳастайе ки набудаст кини нобудӣ.



Мисоли кори ҷаҳондору қисмати фарҳанг-

Ҳадиси Пири Аҷам дону пили маҳмудӣ.



Шукуфаро насазад к-аз фарози шохи баланд

Ба реша таъна занад ки «чаро гилолудӣ?!».



Умеди ман ба дуъои масеҳанфосест

Бихон ки даст ба омин кашад Варорудӣ.



2004


СУРУДИ МАРЗБОН



Меҳано, чу чашми бедори посбони ту,

Як ситора хоҳам шуд зери осмони ту.



Метапад ба рагҳоям мавҷ-мавҷ Сурхобат,

Меҷаҳад зи чашмонам барқи Зарфишони ту.



ҷон супурдамат сад раҳ, лек зиндатар гаштам

То ту зиндаӣ меҳан, зиндаам ба ҷони ту.



Як тани тиҳӣ аз дил сӯйи ғурбат овардам:

Як қадам фурӯ н-омад дил зи ошёни ту.



Аз хазони ғамҳоят лола-лола руйидам

Фасли бехазон дорад ишқи ҷовидони ту.



Сайҳаи ту зорӣ нест, бонги сугворӣ нест,

Шери Ҳақ хурӯшон аст ҷавфи найситони ту.



Соли 2004




БАР БИСТАРИ СУРУД





Бар бистари суруди ман, эй симбар биё,

Бар чашми шабнишаста чу нури саҳар биё.



Эй нӯши ҷону нашъаи саршори орзу,

Парварда оташе ба лабон аз ҷигар, биё.



Дерест ғайри таъна зи мардум надидаам,

Талх аст рӯзгор, биё, эй шакар, биё.



Аз ин ғаме, ки дам ба дам ояд, ту ёд гир,

Бе пайку бе паём биё, бе хабар биё.



Боқист то ҳанӯз ба лаб ними ҷони ман,

Дар вопасин нафас чу паёми зафар биё.



Соли 2000




Б Е Д И  С А Ф Е Д М У Н





Беди Сафедмуни[15] ман ҳолӣ ту истодаӣ?

Пир нагаштаӣ ту в-аз пос науфтодаӣ?



Беди сафедмуни ман, хокнишини сабзпӯш,

Пайкари Хизри хотирот, сӯфии софу содаӣ.



Боди шамоли Дашти Бӯз шона занад туро ҳануз?

ҷойнамози сояро бо қади худ кушодаӣ?



Хирқаи пора-пораат рӯи замин нарехтаст?

Хирқаи ҳадяи маро хайри касе надодаӣ?



Беди сафедмуни ман фотиҳахони рӯи раҳ,

Ҳар сафарам ба рӯи раҳ дасти дуъо кушодаӣ.



ҷумла ҷаҳон ба сад ҷунун ҷилвасавор меравад,

Муршиди ҷилванописанд, такя бо хок додаӣ.



Соли 1998


БЕ НИШОНӣ



Бадгумонӣ, нозанино, бадгумонӣ, бадгумонӣ.

Бадгумонӣ худ нишоне бошад аз номеҳрубонӣ.



Гар бигӯям: дӯстат дорам, ту бо ман меситезӣ,

В-ар бигӯям: гуфтане дорам, даме танҳо намонӣ.



Андар ин шаҳре ки фасли гулшукуфташ барф борад,

Барфи пирӣ бар сарам борид дар фасли ҷавонӣ.



То ба ин афсун магар дилро тасаллое бубахшам,

Дар дили шаб менависам номаҳое бенишонӣ.



Эй дили ғамкуштаи ман бо қади хамгаштаи ман

Хушшаи лаъле сари ангушти разбун дар хазонӣ.



Эй гулафшон такдарахти нозпарвар, ноз кам кун,

Сӯйи мо бин чист моро ҳосил аз он ҷонфишонӣ.



Чашми имрӯзам ба ёди рӯзи фардо ашкбор аст

Ман…

ки будам орзӯи рӯзгори ҷовидонӣ.



Бигзарад рӯзат ба шодӣ, эй ки аз мо ҳам гузаштӣ,

В-ончи бар мо бигзарад, ҳаргиз набиниву надонӣ.



Соли 2003


ТАСБЕҲИ АШК





Ҳар субҳу шом сӯйи Ватан саҷда мекунам,

Дар дил ҳазор захми куҳан саҷда мекунам.



Тасбеҳи ашк бар сари мижгони хастаам,

Ҷон бар лабу ба рӯи кафан саҷда мекунам.



Рӯям ба қибла, ки ватанам сӯйи қибла аст,

Сӯйи ватан ба ваҷҳи ҳасан саҷда мекунам.



Гарчи тиҳӣ шудам зи навоҳои булбулӣ,

Чун ҳудҳуди Сабо ба чаман саҷда мекунам.



Ҳар шом то ба субҳ чу як шамъи поксӯз,

Танҳо на як ҷабин, ҳама тан саҷда мекунам.



Бӯйи Ватан агар бирасад аз сухан маро,

Мисли қалам ба пойи сухан саҷда мекунам.



Соли 2000


БАРОДАР!



Туро, эй бародар, Худо офаридаст,

Худоро магӯ нораво офаридаст.



Ниҳодаст бар торакат тоҷ  аз ақл,

Туро аз азал подшо офаридаст.



Агар марг дода, бақо низ додаст,

Агар дард дода, даво офаридаст.



Бубин тифлро соф чун қатраборон,

Туро ҳам чунин порсо офаридаст.



Наёварда Қорун касеро ба гетӣ,

На касро зи аввал гадо офаридаст.



Гирифтор оиву роҳе наёбӣ,

Зи шаш сӯй роҳи дуъо офаридаст.



Ба уммед бингар, Худо, ин ҷаҳонро

Саросар ба ту ошно офаридаст.



Маёзор мӯре, бияндеш к-онро,

Худоест, к-ӯ аждаҳо офаридаст.



Маёзор худрову навмед маншин,

Худо бо умеде туро офаридаст.

Соли 2007




ХИЛВАТИ ДИЛ





ПОС



Ё Раб, ба ҷуз ту ёри дигар нест, нест, нест.

ҷуз тоъати ту кори дигар нест, нест, нест.



Дар соати фироқи ту аз чашми ашкбор

Некутар обшори дигар нест, нест, нест.



Ё Раб, ҳама умед ба лутфи ту бастаам,

Уммеду интизори дигарнест, нест, нест.



Дар чорсӯи даҳр ҳама вартаи балост,

ҷуз амни ту ҳисори дигар нест, нест, нест.



Эй нури чашм, гарчи туро ҳеч кас надид

ғайри ту ошкори дигар нест, нест, нест.



Домони меҳри туст ҷаҳон ғурбат аз куҷост,

Бе даргаҳат диёри дигар нест, нест, нест.



Ҳар ҷо ки рафтаем, ба пос истодаем:

ҷуз бо туам қарори дигар нест, нест, нест.



Соли 1998


НУСХАИ ДАВО

Дар мабъаси Расули акрам (с)



Бихон ба номи Худое, ки офарид туро,

Зи лахти бастаи хуне бурун кашид туро.



Бихон ба номи Ҳамоне, ки ёд дод туро,

Қалам ниҳод ба дасту савод дод туро.



Бихон каломи Варо, то бидонӣ акрам ӯст,

Аз ӯст дониши инсону зоти аълам ӯст.



Агар зи моли ҷаҳон бениёз мегардӣ,

Аз ӯ магарду бияндеш, боз мегардӣ[16].



Чу дар фазои Ҳаро мавҷи ин садо печид,

Худо ба нусхаи Аҳмад давои мо печид.



Амини халқи Худованд амини Яздон шуд

Нишони хотаму муҳри нигини Яздон шуд.



Муҳаммад, эй ки ҳама хилқат аз шарофати туст,

Ҳарои синаи ман хилвати муҳаббати туст.





Агар на ишқи ту бошад, чӣ кор ояд ишқ?

Агар на ишқи ту, кай дар шумор ояд ишқ?



Ба ҳарчи мерасам аз ҳусн рангу бӯи туст,

Ба ҳарчи мерасам аз меҳр гуфтугӯи туст.



Муҳаммад, эй дилу ҷони ҳама фидои ту,

Худойро нашиносам ба ҷуз Худои ту.



Фидои лавҳи дили поки ту саводи ҳама,

Ғубори мижжаи мушкини ту мидоди ҳама.



Чӣ гавҳаре, ки ба дӯши фалак гарон омад,

Бар ӯ расиду чу дурр дар садаф ниҳон омад.



Чи рӯдбор, ки он ёри ҳушёр кашид,

Ки қатрае сари Мансурро ба дор кашид.



Худойро, чӣ касам ман, ки бо ту роз кунам,

Ба роздори Худо достон дароз кунам?



Ғубори нур ба лавҳи ҷабин гувоҳи ман аст,

Ки остони азизи ту саҷдагоҳи ман аст.



Соли 1997











БА ПАЯМБАРСИТЕЗОН



Касе ба доми шумо нест ё ба коми шумо нест,

Вуҷуди ӯ ҳама айб аст, агар ғуломи шумо нест.



Нафас агар бикашад, ғайри қасди ҷони шумо на,

В-агар ки дам бизанад, ғайри интиқоми шумо нест.



Расидаед ба авҷе зи ҷаҳл, ки напазиред

Низоми чарх, гар ангори бенизоми шумо нест.



Вафову сидқи самимона дар кадоми шумо ҳаст?

Риёву кизби ғарибона дар кадоми шумо нест?



Ҳазор теғи шумо бар гулӯи халқи худо ҳеч,

Хатар ба теғи забоне, ки дар ниёми шумо нест.



Сикандарона битозед бар ҳарими Хизр

Ба буғзи оби ҳаёте, ки дар зуломи шумо нест.



Ҷаҳон ҷаридаи меҳри Набиву Оли Набист,

Дар ин ҷарида давоми шумову номи шумо нест.



Соли 2005




ДАРАВГАРОН

Дар ситез ба тавҳинкунандагони Паёмбар (с).





Хуфт хуршеду ахтарон монданд

Шуъла биншасту ахгарон монданд.



Паҳлавонон ба хок пайвастанд

Даври ин чола доварон монданд.



Буд ҳар ҷо саре буридандаш,

Дар ҷаҳон ҷумла бесарон монданд.



қорч мерӯяд аз карон ба карон

Баъди тундар ҳамин карон монданд.



Хатм шуд ваҳйу хатм шуд танзил,

қотилони паямбарон монданд.



Дашт холӣ шуд аз гияҳ, бигурез,

Дос дар каф даравгарон монданд.



Соли 2005






ДАРАХТИ БОВАР

Дар шаҳодати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ





Ҳанӯз гарди саворе дар ин биёбонҳост,

Ки зарра-зарраи он офтоби имонҳост.



Чӣ ҷони мӯҳташаме пар кушод сӯи фалак,

Ки тори нури кавокиб чу шаддаи ҷонҳост.



Бирафт он ки ҳама дастҳо ба домон дошт,

Аз ин ба баъд дареғ асту дасту дандонҳост.



Сипоси он ҳама дастон, ки рост кард ба кор

Чӣ дастҳои мутаҳҳар, ки ҷилди Қуръонҳост.



Муборак абри кариме, ки бар чаман гузарад,

Муборак абри кариме, ки шатти боронҳост.



Чу бар чаман гузарад растхез ангезад,

Қиёми сарву суманҳову ҷӯши райҳонҳост.



Чи ҷои мӯясаро чун мане дар он чамане,

Ки мӯ ба мӯи гилаш ҷӯйҳои ирфонҳост.



Ҳазор мурғи тиловат ба шохсоронаш,

Ҳазор-ш оясаро чун ҳазордастонҳост.





Саҳобагони Расули Худойро мемонд,

Зиҳӣ замини шарифе, ки маҳди Салмонҳост.



Салом буд раҳоварди ӯ, салом бар ӯ,

Салои сулҳ аз ӯ дар дили мусалмонҳост.



Дарахти бовари ӯ то Ҳисоб хоҳад руст,

Зи хоки рушани ӯ офтоб хоҳад руст.



Соли 2006








[1] Шаҳидони дарёӣ.


[2] Асари бостонӣ

[3] Маҳанмаҳ - дар қиёси «шаҳаншаҳ».


[4] Гуҳар – нажод, сиришт.


[5] Ишора ба мисраъи Мавлоно: «Он мурѓи обиро бигӯ: мастон саломат мекунанд».




[6] Таъбири мардумӣ аз исми мубораки ҳазрати Ҳавво.


[7] Номи деҳаҳои ҳамсоя (ба таври мисол).


[8] Раҷз – раҷаз, сурудҳои қаҳрамонии рӯҳбаландкунанда.


[9] Навъе аз хати зебои куҳан.


[10] Балғоч – шодиёна.


[11] Гули наргис рамзи интизор аст ва ишораи дигар ба Ҳофиз аст, ки фармуда: «Орифе ку, ки кунад фаҳми забони савсан!».


[12] Нила – чашми нилӣ, осмонӣ ва дар мавқеъи ситез умуман –

 чашм.


[13] Ҳалол


[14] Ёд дорам, ки вақти зодани ту ҳама хандон буданду ту гирён (Саъдӣ)


[15] Номи хоси дарахти таърихӣ ва номи мавзеъҳои маълум дар зодгоҳи муаллиф ба кор рафта.


1.       То ин ҷо тарҷумаи маънои оёти аввали сураи «Алақ» мебошад.

2. Ҳаро – ѓори Ҳаро, хилватгоҳи Ҳазрати Паёмбар (с), ки он ҷо ваҳй бар ӯ нозил шуд.




Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!