четверг, 25 февраля 2016 г.

ШАРҲ

(Дар давоми соли гузаштаву имсол батакрор аз банда шарҳи ин байтро хостаанд ва паёпай паём фиристода натиҷаи дархости худро пурсидаанд. Лозим дониста шуд як мусоҳибаи чанд сол пеши худро дар ин хусус бо хабарнигори ҳафтаномаи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” ин ҷо манзур гардонам.)
ШАРҲ
Мурдаи садсола дар тобути мижгон бӯ гирифт,
Мурдашуи ҳусн ку, то зинда дар гӯраш кунад…


Ин байти машҳур дар саҳифаи «Сайри маънӣ» (дар шумораи № 3 аз 19-уми феврали соли 2011) аз ҷониби мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, дотсент Мирзо Солеҳов ва баъдтар аз ҷониби Муҳаммад Муродов, собиқ муҳаррири тоҷикии маҷаллаи «Паёми ДМТ» (дар шумораи № 5 аз 17-уми марти соли 2011) шарҳ ёфта буд. Идораи ҳафтанома дар ин хусус бо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб ҳам мусоҳиба кард ва инак нуқтаи назари ӯро пешниҳоди хонандаи гиромиқадр мегардонем.
Пеш аз он ки ба шарҳи бевоситаи ин байт шурӯъ кунем, бояд як муқаддимаро ёдоварӣ кунем, ки аз асри 17 то остонаи асри 20 дар адабиёти мо як ҷараёни вижае таъсис ёфт, ки инро метавон шеъри маҳфилӣ ё ин ки маҷлисӣ гуфт. Дар ин давра ин навъ шеърҳо хеле зиёд шуданд. Шеърҳое, ки гунаи наздик ба муаммо доштанд. Кашфи маънии шеър бисёр аҳаммият пайдо кард ва дар ин кор муболиға мекарданд. Дар ҳамин замина як силсила абёт ва қитъаҳое пайдо шуд, ки байни шеър ва муаммо ҳастанд. Бо вуҷуди он ки муаммогӯӣ ба сари худ як ҷараёни махсусе шуд, ҳамчунин як силсила шеърҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳама ҳиммати шоир рӯйи печондани ҳарчи бештари маъно ба кор гирифта шудааст, яъне шоир ба наҳве сухан мегӯяд, ки барои кашфи сухани ӯ хонанда диққати махсус бояд харҷ диҳаду ҷустуҷӯ кунад. Ин иборат буд аз зарофатҳои маъноӣ, зарофатҳои лафзӣ, тӯли силсилаи ҳалқаи хаёл, риштаи хаёл, яъне аз ҳар тариқе ин корро анҷом медоданд. Аз ин қабил, масалан, шеърҳои машҳури
Ҷабри гул бар сари парвона зи занбӯри асал,
Боғбонро гӯй бори дигараш роҳ надиҳад.
Ё:
Кафи шоҳ Маҳмуди олитабор,
Нӯҳ андар нӯҳ омад се андар чаҳор.
Ин байтро (дувумро) ба номи Ҳаким Фирдавсӣ рабт медиҳанд, агарчи дар нусхаҳои аслии «Шоҳнома» нисбат ба асолати ин байт изҳори тардид мешавад. Ҳамин қабил шеърҳои зиёди муаммогуна ҳастанд, ки ағлаб инҳо аз шоирони бузург нестанд, зеро шоирони бузург маъноҳои равшанро намепечонанд, балки баракс маъноҳои печида ва борикро равшан мекунанд, вале албатта ба таври шоирона.
Аз ҷумлаи абёти муаммогуна яке ҳамин байт аст, ки дар ин ҷо ба баррасӣ гузошта шудааст:
Мурдаи садсола дар тобути мижгон бӯ гирифт,
Мурдашӯи ҳусн ку, то зинда дар гӯраш кунад.
Ин аз ҳамон навъи сабку салиқаву таркиби вожагониву баёни шеъри асри 17-19-и ҳавзаи адабиёти Ҳинду Мовароуннаҳр буда, маҷлисӣ ва ё маҳфилӣ мебошад. Ин ҷо ҷустуҷӯ кардани маънии хосе ва маҳдуду мушаххасе, ки бар асли ҳикмате ё устурае ё воқеаи хосе бошад, як кори фиребост, ки метавонад моро ба бунбаст бубарад. Ин ҷо як маънии машҳуре ҳаст, ки дар ҳама шеърҳои шоироне, ки бахусус ғазали ошиқона ва орифона гуфтаанд ва ҳуснро васф кардаанд вуҷуд дорад: нисбат ба шуҳуд, яъне наззора кардан ба мазҳари зебоӣ ва зебоии маънавӣ, ба таври табиӣ ихлосманд будан ва эътиқод доштан, ки ин чиз боиси биноии чашм мешавад. Чунки ҳадиси Расулуллоҳ (с) ҳаст, ки се чиз биноии чашмро меафзояд, дидани рӯйи хуш, оби равон ва сабзазорон ва боз дар ҷои дигар мегӯянд дидори падару модар ва наздикон. Дар маҷмӯъ, ин чиз дар адабиёт бисёр машҳур буд, ки чашм бар асари дидани манзараи зебо, хоҳ чеҳраи инсон бошад, ё манзарае аз табиат бошад, нерӯ мегирад ва биноиаш афзун мешавад. Муҳаммад Иқбол ҳам ҳамин нуктаро ба назм кашидааст ва мегӯяд:
Чашмро биноӣ афзояд се чиз,
Сабзаву оби равону рӯйи хуш.
Колбудро фарбеҳӣ меоварад,
Ҷомаи қаз, ҷони беғам, бӯйи хуш.
Байти дувум ҳам айнан ба ҳамин маъно ҳадиси шарифи дигар аст. Муносибати ин ду маъно дар ду ҳадис (рӯйи хуш, ё ҳусн ва бӯй), ки дар байти мавриди таҳлили мо дар баробари ҳам омадаанд, нишон медиҳад, ки шоири гӯяндаи он байти машҳур ҳам метавонист таносуби ин ду ҳадисро дар назар дошта бошад.
Ибораи «сад сол» албатта муболиғаи шоирона аст ва шоир ё як нафар дар гуфтугӯи одӣ ҳам ҳақ дорад ин гуна муболиғаҳоро ба кор бибарад. Масалан, сад сол аст касе рӯйи маҳбуби худро надидааст, мисли он ки чашми Яъқуб аз дидори Юсуф маҳрум буд, сад сол аст, ки чашми ӯ ба рӯшноии ҷамоли маҳбуб ё хостаниаш нарасидааст.
Мисли мурда тасвир мекунад ин чашмро, ки дар тобут аст ва аз диди тасвирӣ он чизе, ки мо онро ба тобут ташбеҳ медиҳем, дар ноҳияи чашм, муносибтаринаш ҳамон мижгон аст. Чунки масалан, навдаҳои дарахтро ба ёд меоварад, тобут аз навдаҳои дарахт, аз чӯб мешавад. Ва агар чизеро дар ноҳияи чашм мо ба тобут бихоҳем, ки ташбеҳ бидиҳем, ҳамин мижгон аст.
Шоир аз ҳамин ваҷҳ истифода мекунад ва мегӯяд, ки мурдаи садсола, яъне ҳамон чашми бечорае, ки шояд 5 сол аст, 10 сол аст, ё ӯ метавонад бигӯяд, ки 1000 сол аст рӯйи хостании худро надидааст, яъне мурдаи ҳазорсола. Дар тобути мижгон ҳамин чашмро (ё ҳатто нигоҳро) дар назар дорад, ки гӯё бӯ гирифт, яъне ба ниҳояти харобӣ расид ва мурдашӯи ҳусн куҷост, ки то зинда дар гӯраш кунад. Яъне ҳусн боз ҳамон мазҳари зебоист ва шустан ин ҷо ба маънои наззора кардан, нигоҳ кардан то ин ки ӯро пок кунад, покиза кунад, нерӯ бахшад ва эҳёгарӣ кунад. Он гоҳ медонем, ки масалан, бо об додан, бо ғусл додан баъзан эҳёгарӣ мекарданд. Масалан, Исои Масеҳ, ки бо ғусли таъмид додан ҳам эҳёгарии ҷисмонӣ ва ҳам имонӣ мекард. Ва баъзан инро ба ашк нисбат медиҳанд, ғусл ба воситаи ашк, вале ин ҷо ҳамон манзури аслӣ ҳамон об доштан аст. Боз як чизи дигар ин аст, ки дар сабки ҳиндӣ дучор меояд, ба хусус он маъниҳоие, ки дар таркиби луғавии калима, дар фонди семантикии ҳамон калима вуҷуд доранд, баъзан ба баёни бевосита намеоянд вале дар занҷираи таносуб ба зеҳн мерасанд. Масалан, як нафарро мегӯянд, ки чеҳрааш об гирифт ё ки чеҳрааш об дорад. Ин об доштан ба маънои зебоист. Ҳамин ваҷҳи об доштанро дар зебоӣ, дар ҳусн воситае медонанд, ки дар ин байт дар зери пардаи тахайюл ба баён омадааст, ки ба воситаи ин наззора метавон бо оби ҳусн он мурдаро шустушӯи зиндагибахш дод.
Ин ҷо бештари кори шоирона дар ҳамон ҷумлаи охир – «зинда дар гӯраш кунад» аст. Мо бештар ин таъбирро ба маъное ба кор мебарем, ки касеро зинда дар гӯр кунанд. Масалан аъроби даврони ҷоҳилият (пеш аз ислом) духтарони навзоди худро зинда дар гӯр мекарданд. Дар зеҳни донандагони ин забон зинда дар гӯр кардан бештар ба маънои зинда ба зинда касеро гӯр кардан аст. Манзури шоир дар ин шеър баръакс аст, то ин ки он мурдашӯйи ҳусн бо оби ҷамоли худаш ин мурдаи садсоларо дар гӯри худаш, ки косахонаи чашм аст, зинда кунад, ҳаёт бубахшад. Ҳамин тафовут миёни дониши қаблии мо аз ибораи «зинда дар гӯр ё зиндадаргӯр» худаш завқбахш ва шеързост. Ин байт бо ҳама ҷамолу камоли маънавияш дар ҳамин гуфтаҳо хулоса мешавад.
Заминаи аслӣ ва асосии ин навъ назари зебошиносӣ, ки тамоми фарҳанги суннатии моро фаро мегирифт, боз ҳамон ҳадиси маъруфи «Инналлоҳу ҷамилун юҳиббул ҷамол» (Худованд зебост ва баростӣ зебоиро дӯст дорад) мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ин зебоӣ хориҷ аз ҳудуди амри худовандӣ нест, ин зебоии худописандона ва баҳраварии худописандона аст. Зеро амалан хости Худо наметавонад дар айни ҳол ғайри хостаи Ӯ бошад.
Ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъниҳои зиёдеро ба ин байт бастан, албатта, гирифтор шудан ба ҷилваҳои иҳоми шоирона аст, ки метавонад шуморо ба бунбаст кашад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!