четверг, 25 февраля 2016 г.

РӮНАМОИИ "БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН"


   Рӯзи 25 январ дар дафтари Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) дар Теҳрон бо ҳузури донишмандон ва адибони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва намояндагони кишварҳои дигари узви ин Созмон маросими рӯнамоии тазкираи шеъри муосири тоҷик “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” (ба ҳуруфи форсӣ) ва китоби ашъори Раиси Анҷумани шоирони Эрон доктор Фотима Рокеъӣ “Шикори лаҳзаҳо” (ба ҳуруфи кирилӣ) баргузор гардид.
Профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ, ҷаноби Неъматулло Эмомзода - Сафири фавқулода ва комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, доктор Фотима Рокеъӣ - Раиси Анҷумани шоирони Эрон, доктор Қаҳрамон Сулаймонӣ - муовини пажуҳишӣ ва омӯзишии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар ин нишаст суханронӣ карда, пиромуни аҳаммияти китоби мазкур изҳори назар намуданд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ бо ёдоварӣ аз бунёнгузори шеъру адаби тоҷикиву форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ашъори ҳакимонаи ӯ ба ҷойгоҳи волои адабиёт дар дар таърих ва ҳаёти ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ишора намуд.
Профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф аз ҷумла гуфт : “Ба назари инҷониб таълиф, тарҷума ва таҳияи ҳар китоб пулест дар ҷиҳати пайванди ақвому милал ва дар ин росто метавон гуфт, ки китоби “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” чунин рисолатеро анҷом хоҳад дод. Бо хондани ин китоб хонандагони форсизабон бо намунаи ашъори шуарои тоҷик аз устод Садриддин Айнӣ, бунёнгузори адабиёти навини тоҷик, то ҷавонтарин шоирони тоҷик ошно хоҳанд шуд.
Доктор Қаҳрамон Сулаймонӣ зимни суханронии худ аз ҷумла иброз дошт, ки осори шоирони насли нави тоҷик, ки дар ин тазкира ҷой дода шудааст, баёнгари ин воқеият аст, ки назми муосири тоҷик дар ҳоли рушду шукуфоии бештар аз қабл мебошад.
Доктор Фотима Рокеъӣ муҳаррир ва сарпарасти нашри китоб дар Эрон, таъкид намуд, ки тақозои зиёд нисбат ба ин китоб эҷоб менамояд, ки он бо шуморагони бештар аз тарафи Созмони ЭКО барои ҳамаи кишварҳои форсизабони узви ин созмон дубора интишор гардад. Дар суханрониҳои баъдӣ аз ин пешниҳод ҳимоят шуд.
Дар ин ҳамоиш портретҳои бузурги шоирони тоҷик бо зернависи форсию англисӣ, суруду мусиқии тоҷикӣ ва шеърхониҳои рӯйи навор ҳамчунин ҳамроҳ бо матни форсӣ мавриди таваҷҷӯҳи зиёди меҳмонон ва хабарнигорон қарор гирифт. Барои таҳия ва танзими ин мавод аз кормандони Сафорати Тоҷикистон ва масъули Созмони фарҳангии СҲИ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо сипосгузорем.


Бар ин хоке, ки сад олам биарзад,
Дилам чун қатраи шабнам биларзад.
Худовандо, нигаҳ дораш зи офот,
Нахоҳам аз ҷаҳон дигар мукофот.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!