Мақолаҳо



АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛЇ

            Муњимтарин бахши адабиёти њар миллат осоре ба шумор меояд, ки дар он дар баробари риъоят ва таъмини меъёрњои пазируфтаи њунарии адабї њамчунин муњимтарин масоили њаётї ва таърихиву фарњангии миллат баррасї шуда, соњибони ин осор барои њаллу фасли ин масоил ба воситаи ќарења ва дањои адабии худ кўшиш ба харљ дода бошанд.
Истилоњи «адабиёти миллї» агар ба эътибори адабиёти иљтимоии муассир дар зиндагии иљтимоии як миллат бошад, пас, решањои чунин адабиёт дар љомеаи тољикро метавон аз даврони ба истилоњ «маорифпарварї» љўё шуд. Агарчи адабиёти беш аз њазорсолаи форсї-тољикї бе наќши иљтимоъї набуд ва ба љиддият масоили муњимми иљтимоъї ва башариро матрањ мекард, вале мухотаби он афрод (нухбагон) буд, на љомеа ва хитоб ба ин афрод њам сурати муназзам ва барномаї надошт, чунон ки масалан, нависанда аз ќабл тасмим гирифта бошад, ки асари вай барои чи гурўње аз мардум аст ва оё ин гурўњ, ки мухотаби вай ќарор гирифтааст, амалан то чї њад метавонад аз мазомин ва матолиби асари вай бањраёб гардад. Мухотаб куллї буд ва нависанда ба салоњият ва имони вай умедвор буд ва дар хатми асараш аз вай дуои хайр мехост. Ин асл њатто дар бузургтарин њамосаи миллии ориётаборон, ки «Шоњнома»-и безаволи Фирдавсї аст, мушоњида мешавад. Фирдавсї пас аз он ки ба ифтихор хитоб мекунад, ки:
            Басе ранљ бурдам дар ин соли сї,
            Аљам зинда кардам бад-ин порсї.
Мегўяд:
            Њар он кас, ки дорад њушу рою дин,
            Пас аз марг бар ман кунад офарин.
            Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
            Ки тухми суханро парокандаам.
            Яъне агарчи ин њамосаи миллии ориётаборон аст, вале мухотаби Фирдавсї дар маљмўъ инсони мунсиф ва дорои завќи адабї ва басирати башарї аст, ки метавонад дар њар љое аз љањон  маскун бошад. Аз сўйи дигар Фирдавсї аз ибтидо ќасд њам накардааст, ки ин асар василаи тарбият ва парвариши донишу завќи як ќавм ё як гурўњи хос бошад. Њамчунин бар пояи ин асл ва ин нигариш аст, ки соњибони чунин осори љомеъ ва комил, то он ки ба баёни афкор ва матолиби хоси худ бипардозанд, лозим донистаанд, ки пешзаминаи ин афкорро ба сурати таъбири вижае аз фалсафаи зуњури олами њастї ва тањаввули он тарсим намоянд. Аз ин љост, ки Фирдавсї пас аз таъкид бар асолати диниву имонии худ бар пояи ислом, аз пайдоиши љањон ва нахустин падидањои зиндагии иљтимоъї сухан ба миён меорад ва нахустин мулук њам дар «Шоњнома» дар маљмўъ нахустин касон аз афроди башар њастанд, ки расми мулукиятро бино нињодаанд ва зерсохтњои моддї ва фарњангии зиндагии иљтимоъиро дар миёни башар эљод кардаанд.
            Дар як муќоисаи иљмолии њамин манзумаи пурифтихори Фирдавсї бо шеъри «Кохи ёдгор»-и Александр Сергеевич Пушкин – бунёнгузори адабиёти классики Рус, ки дар офариниши он басароњат тањти таъсири каломи Фирдавсї ќарор дорад, метавон ба тафовути боризи дидгоњњо аз назари мањдудаи мухотабин ва интизори нависанда пай бурд. Мухотаби А.С. Пушкин миллати Русия аст ва  њатто дар маќоми муболиѓа њам интизораш аз истиќболи аќвоми кўчї ва бесаводи њамин Русия мебошад, на хориљ аз он. Ва шоир умед дорад ки «напўшонад алаф роњи мардумро бар ин мањзар, ва шеъри ўро њатто ќалмиќи биёбондўст, ки яке аз аширањои бесаводи пањнаи имперотурии Русия њаст, рўзе бихонад» . Албатта метавон гуфт, ки беш аз ашъори Пушкин «Шоњнома» њамосаи миллиии ростини аќвоми эронї, аз љумла тољикон шуд, аммо ин бањси дигаре, људо аз мавзеъ ва дидгоњи иљтимоии худи суханварон аст.
            Бидуни тардид, суханварони ояндаи форсизабон, ин навъ таърифу таъбир аз љањони њастиро дар чањорчўби нисбатан мушаххасе, ки онро метавон бо љањонбинии исломї айният дод, ба унвони бистари афкори мутаолии худ пардохтаанд ва дар ин миён унсури вижае, ки хосияти миллї ва ќавмии осори онњоро таъмин кардааст, зоњиран забон будааст – забони форсї. Аммо аз назари дидгоњ ва мавзеъи иљтимоъї њамоно адиб дар миёни мардум, ањли љомеъа ва нухбагони он ба сурати восита ва шафеъ амал мекардааст ва агар ба хотири хидмат ба љомеа ва инсонњо наќшеро ба худ ихтисос медода, њамин будааст, ки њаќќи мардум, халќи Худойро ба ёди нухбагон биёрад ва ононро ба адои ин дайни илоњї фаро бихонад ва мардум дар ин миён монанди як ќишри маъзур ва маъсум муаррифї мешавад, ки камтар мавриди хитоби мустаќими адиб ќарор гирифтааст. (Халќ њама яксара нињоли худоянд… Носири Хусрав). Ё тамсили машњуру мукарраре, ки «султон шубон асту раият рама». Ин нукотро дар осори њамаи шуарои пешин, бахусус Носири Хусрав, Саъдї ва дигарон ба вузўњ метавон мушоњида кард. Њатто, дар ќасоиди Рўдакї он гоњ, ки шоир дар силсилаи авсофи мамдўњи худ – амири сомонї аз дидгоњи ислом назар мекунад, адли ў ба мардумро меъёр ва милоки аслии исломияти мамдўњи худ ќарор медињад:
            Боз ба њангоми доду адл бари халќ
            Нест ба гетї чун ў набилу мусулмон.
            Шояд битавон гуфт, ки хитоби мустаќим ба мардум ва ањли љомеаи рўзгор аз мавзеъи љањонбинии исломї дар асрњои баъдї дар осори Мирзо Абдулќодири Бедил барљастатар ба назар мерасад. Дар ин мухтасар имкони он нест, ки ба мизони огоњињои мардуми рўзгори Бедил ва љомеаи он даврон аз маорифи ростини исломї бипардозем, вале дар порањое аз осори ин шоири             мутафаккир ба вузўњи тамом мушоњида мешавад, ки шоир дигар танњо як восита ва шафеъ миёни «халќи Худой» ва нухбагону њукком нест, балки рўйи сухани ў ба сўйи мардум аст ва мустаќиман ба мардуми одї хитоб мекунад ва ононро ба худшиносї ва фаъолият ва њатто ќиёму ситез дар баробари зулм фаро мехонад:
            Њиммат њар љо беш кунад кореро,
            Душворї нест њеч душвореро.
            Якчанд фалоњатї ба кўшиш печад,
            Холї созад зи санг кўњсореро.

Ё:
            Золим пўшад либоси хунбофтаро,
            То зер кунад хасми забунёфтаро.
            Бо сангдилон шиори худ сахтї кун,
            Бардор ба оњан оњани тофтаро!
Мавќеъе, ки ба баррасии заминањои афкори иљтимоъї ва маорифпарварии саромади нењзати маорифпарварии Бухоро Ањмад Махдуми Дониш мепардозем, ногузир ба ин натиља мерасем, ки ишон беш аз њама аз осор ва афкори Мирзо Абдулќодири Бедил мутаассир будааст. На танњо Ањмад Махдуми Дониш, балки тамоми љомеаи фарњангии Бухорои ќарни 19 шадидан тањти таъсири афкори Бедил ќарор дошта ва осори ин суханвари тавоно, чи аз назари завќу салиќа ва сабки суханварї ва чи аз назари орову афкор фазои илмиву фарњангии он давронро дар ињотаи комили худ ќарор додааст. Мутаассифона,  то кунун ба ин падида танњо аз буъди зоњирї ё худ формализми мањз назар шуда ва њатто гоње ин раванд чун як падидаи манфї ва формалистии мањз муаррифї гардидааст. Ба назар мерасад, ки дар сурати баррасии муфассал ва илмии ин падида метавон сари  нахи аслии тасалсул ва тањаввули андешаи адабии исломии Мовароунањрро бахусус дар марњалаи иљтимоъї ва мардумгаро шудани он ба даст овард. Иљмолан, ќобили ёдоварист, ки нахустин рўзномаи форсизабон дар Бухорои Шариф бо унвони «Шўълаи инќилоб» дар сархатти нахустин сафњаи худ ин рубоии Бедилро мунташир карда буд:
Эй лафзи куњан ту маънии тоза барор,
            Эй њусни фасурда, андаке ѓоза барор.
            Бигсил раги мабњаси њудусу ќидамат
            В-ин нусхаи тозаро зи шероза барор.
Ончи ин љо ба таври барљаста зоњир мегардад, ба ѓайр аз падидаи иљтимоъгарої ва мардумгарої боз як падидаи дигар – воќеиятгарої аст, ки муњимтарин ваљњи муштарак миёни осору афкори Мирзо Абдулќодири Бедил ва маорифпарварони Бухоро, бавижа Ањмад Махдуми Дониш мебошад. Дониш њатто шефтаву мафтуни воќеънигарї ва воќеънигории Бедил аст. Ба љуз он ки дар сартосари осори Ањмад махдуми Дониш шеваи тафаккур ва сабку салиќаи Бедил (бахусус ќотеъона ва боњарорат) сухан гуфтан мушоњада мешавад ва Ањмади Дониш зимни иќтибоси каломи манзум ва мансури Мирзо Абдулќодири Бедил аз ишон бо унвонњои пурифтихор ва мўњтарамонаи Абулмаонї ва Халлоќулмаонї ёдоварї менамояд, ба љуз он ки њатто даст ба коре дар муњити Бухорои ќарни 19 истисної зада, мусаввараи (портрети) Мирзо Бедилро наќќошї кардааст, дар муњимтарин асари худ «Наводирулваќоеъ» фасли махсусеро ба тафсири абёти маънавии Бедил ихтисос дода, дар зимн бо афсўс ёдоварї менамояд ки «…дар замони мо муошараву муколама, дарёфти маъонии абёти даќиќа билкулл барњам хўрда буд ва њимматњо њама масруфи тањсили обу нон шуда. Гоње ки мардуми маънирас ба њам бармехўрданд, имтињонро аз њамдигар чизе аз маъонии байтњо мепурсиданд, ба фикри он, ки бубинам то чї мегўяд. Бисёр буда, ки ончи масъулун анњу гуфта намефањмиданд, аммо ба нифоќ саре мељунбонданд ва иќбол бар дурўѓ мекарданд…». Дониш пас аз ин муќаддимаи муљмал ба тафсиру таъбири муфассали чанд байти пурмаънои     Бедил мепардозад ва аз он љо, ки муроди аслияш ба њар роње такон додан ва бедор кардани бехабарон ва њушёр кардани махмурони бодаи ѓафлат њаст, дар поёни ин сўњбат байти баландеро аз Бедил иќтибос ва шарњеро, ки комилан њамоњанг бо баќияи баёноти худи ўст, дарљ мекунад: «Дигар, Булмаонї:
            Ба пастї то намонад шавќ, љањде кун, ки хун гардї:
            Чу об ойинадори ранг гардад, пар бурун орад.
            Мурод аз пастї њолатест, ки тарафи наќсу камоли он мусовї бошад. Шавќ – киноя аз њаракату талаби камол аст. Хун гаштан – мустаъид шудан аст барои иртиќои мадориљи камол. Чунон ки аѓзия дар ваќте ки аз замин мерўяд, чизест, ки орист аз сифати наќсу камол, балки љињати наќс ѓолибтар аст, ки аз аклаш (хурданаш) зарар мутаваќќиъ бошад. Ба шавќу талаби нумувв ќобилияти ѓизої њосил мекунад ва ба илтизоми њаљми каср хун мегардад ва чун хун гашт салоњияти он пайдо мекунад, ки дар аъзову љаворињи ѓозї сориву љорї шуда, боиси нашвунумўи ќувои зоњириву ботинї гардад, ки маърифати њаќоиќи ашё вобаста бар он аст.
            Пас, ту, ки гиёње заъиф дар мазраъи офариниш рустаї ва наќсу камолат мусовї аст, балки наќси ту аз љињати таркиб ѓолибтар аст, аз шавќу талаб даст мадор ва ба муљарради вуљуд њамчу соири њайвонот ќониъ мабош ва љањде кун, ки истеъдоди камолот ба њам расонї, ки дар сифати эљод њама њайвонот то љамодот бо ту баробаранд. Намебинї дар об, ки љавњаре басит асту суфлї бинобар сиќл њамеша моил ба пастї аст, ваќте ки ойинадори ранг шавад ва ба шавќу талаби нумувв ва рутбаи олї њулул дар љисм кунад, пар бурун меорад ва аз либоси азњору ашљор сар ба њаво мекашад ва аз рутбаи суфлї мартабаи улвї меёбад…
            Хулоса, ба њоле ки дорї, ќаноъат макун ва љањд куну толиби камол бош ва ба пастињову музахрафоти данияи фония ќонеъ мабош, ки дараљотулаброру даракотулањрор…».
            Њар љо ки Дониш дар тафсир ва таъбири осори ќудамо хома меронад, љањдаш бар он аст, ки мазомини њушдордињанда, њушёркунанда ва барангезонандаеро манзур созад. Дар таъбиру тафсири оёти Ќуръони маљид ва ањодиси шариф њам манзури аслии Дониш њамин аст ва талош мекунад, то он њикматњои ќуръониро, ки инсонњоро ба касби камол ва саъй дар умури солињи дунявї фаро мехонад ва аз ѓафлат дар умур ва њикмати олами њастї ва њаводиси табиъї барњазар медорад, гўшзад намояд ва бад-ин тартиб афкори муслињонаи худро дар тамоми абъоди маънавии љомеаи худ љорї месозад.

АЗ ДОНИШ ТО АЙНЇ
Осори мансури адабии Дониш, ки ба иќтизои њикмати «ибрат аз мисл аст» иборат аз достонњое воќеънигорона баргирифта аз зиндагонии афроди одї ва воќеъии муњити худ, барои мардуми одї ва бо забону баёне нисбатан мардумї мебошад, низ тањти таъсири рўшани чунин достонњое аз Бедил дар китоби «Чорунсур»-и ў таълиф шудааст. Тавре ки дар ин китоб Бедил бо наќли саргузашти воќеии худ, амаки худ Мирзо Ќаландар ва таѓои худ Мирзо Зариф боз њам барои мухотаби худ дарси зиндагї, шуљоат ва ќањрамонї, мардумнавозї ва донишдўстї медињад, Дониш дар «Наводирулваќоеъ» бо ба тасвир кашидани ќањрамононе мушобењ (аз назари шуљоат ва мардумнавозї) чун Мулло Хол, аз сўе њадафи аслии худ ва Бедилро, ки ба фаъолияти яъснопазир хондани инсонњост, дунбол мекунад ва аз сўйи дигар теъдоди њарчи бештари аќшори одии љомиаро мухотаб ќарор медињад. Ба таъбири дигар тамоюл ба адабиёти мардумї ва миллї нишон медињад. Иљмолан дар ин маќтаъ метавон ёдовар гардид, ки устод Айнї, бидуни тардид, дар баробари дарсњои дигар, нахустин дарсњои нигориши насри реалистиро аз њамин таълифоти Дониш гирифтааст.
            Шефтагии Айнї ба осори Ањмади Дониш, бахусус «Наводирулваќоеъ», ки онро устод Айнї, зимни ёдоварї аз кори виростории худ дар њини нусхабардории ин китоб бо дастури Садри Зиё дар Бухоро тасвир менамояд, васфнопазир аст. Устод Айнї ба сароњат эълом медорад, ки ин китоб «дар тафаккури ман инќилоб эљод кард».
Дар маљмўъ метавон гуфт, ки иљтимоъгарої, мардумгарої ва воќеъгарої аносирест, ки аз осори Бедил ва Ањмади Дониш ба осори саромади адабиёти навини тољик устод Садриддини Айнї интиќол меёбад ва сарфи назар аз тањаввулоти баъдии назарї ва фикрии вай ин аносир ба њар навъе дар таълифоти ишон идомат пайдо мекунад. Њамзамон устод Айнї ба тањќиќоте муфассал дар осори Мирзо Абдулќодири Бедил машѓул мешавад ва дар ин тањќиќот назари ишон њам  чун Дониш бештар махсуси њамон нукоти воќеъбинона ва амр ба саъйу талоши созанда дар осори Абулмаъонї аст.
 Мутаассифона, ончи ба иќтизои тањаввулоти сиёсї ва иљтимоъии маълум аз ин силсила соќит мегардад, љавњари ќуръонист, ки агар дар он ду нафари аввалї наќши мењварї дошт, дар осори ин салафи ростин вале дар гарави тањаввулоти сиёсї гирифтор омада, ё љойгоње надорад ва ё њатто дар мавќеъе ќарор дода шуда, ки теѓи тези ситези натиљагирињои тањќиќотї њаволаи он шудааст. Ин шеваи бархўрд, албатта, мутааллиќ ба Айнии баъд аз инќилоб, баъд аз дањаи бистуми ќарни гузашта аст. Ќабл аз он Айнї бакуллї дар масири мустаќими Бедил ва Дониш ќадам менињад.
            Ин тањаввули фарогир то љое натиљаи созгории нисбї, фиребо ва муваќќати идеяњои мардумсолорї ва воќеъбиниву адолатхоњии инќилоби болшевикї буд, ки аксарияти мутлаќи маорифпарварон ва рўшанфикрони Бухоро фирефтаи он гардида буданд ва онро бо муроди худ, ки ташкили Љумњурии Халќии Бухоро, системаи омўзиши фарогири муосир ва нашри донишњои муосир буд, созгор медиданд.
            Бо шурўъи ташкили силсилаи љумњурињои мухтор бар асли таќсими нажодї дар њудуди Аморати Бухорои собиќ тарфандњое ба кор баста шуд, ки тамоми саъйу њиммати устод Айнї махсус ва масруфи таъйид ва тасдиќи асолати нажодии форсизабонони ин ќаламрав (!), яъне тољикњо ва њаќќи онњо ба доштани як љумњурии мустаќил, агарчи дар гўшае аз ин аморат махсус ва масруф гардид. Инсоф ин аст, ки устод Айнї маљоле бештар аз анљоми ин рисолати тањмилиро надошт ва дар адои њамин рисолати тањмилї вале ногузир ва бо љону дил пазируфтааш њам борњо дар вартаи нобудї ќарор гирифт. Боќї љараёне ки ба роњ андохта шуд, њама дар масири руфтан ва њарчи дуртар андохтани аносири фарњанги исломии форси-тољикї, аз љумла алифбо ва забон буд ва чун ба њеч ваљњ аз он сарфи назар њам карда намешуд, талош шуд то дар мањдудаи њадди аќал ин тарњ анљом пазирад ва бад-ин тариќ бо додани бахше аз њаќќи тољикњо љумњурии мухторе барояшон ташкил гардид.
            Садриддин Айнї, ки њатто дар Самарќанд худро мањљур эњсос мекард:
Ѓамзудояст Самарќанду тарабафзо, лек
            Назудояд ѓами њиљрони Бухоро зи хаёл –
аз Самарќанд њам, ки муддате пойтахти Тољикистон буд, ба Душанбе мунтаќил ва маъмур ба ташкили адабиёти шўравии тољик гардид. Ишон то поёнии умр худро бар сари ин масъулият медид ва дар паёме, ки ба далели беморї ва набуди имкони њузур ба воситаи радиё ба ширкаткунандагони маросими таљлили 75-мин солгарди худ дар соли 1953 ирсол намуда буд, ба адибони тољик хитоб намуда мегўяд, ки вазифаи ман эљоди адабиёти шўравии тољик аст ва дар ин кор аз шумо ёрї мехоњам ва ин хитоби худро бо суханони Камоли Хуљандї ба поён мебарад: «То њаст зи љонам рамаќе, кори ман ин аст». Ва шоњидони њол мегўянд, ки дар лањазоти охири умраш пайваста ин байтро бар забон дошт:
            Тарсам, ки ман бимираму ѓам бепадар шавад,
            Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.
           
АДАБИЁТ-ШАЊОДАТНОМАИ МИЛЛАТ
Зимнан гуфтанист, ки наќши адабиёти миллї дар таъйини сарнавишти сиёсии тољикњо ва таъмини истиќлоли миллии онњо бо њеч як аз адабиёти милали дигар ќобили муќоиса набудааст. Устод Айнї бо таълифи «Намунаи адабиёти тољик» ва дарљи осору ањволи садњо тан аз олимон ва адибони дараљаи аввали форсизабони ин марзу бум гўё мањшаре барпо кард ва дар он арвоњи ин бузургонро эњзор намуд, то посухи инод ва инкори мункирони миллати тољикро ба ќотеъият бидињанд.
            Алњосил, устод Айнї бо пазируфтани шароити талхи бозигарони сањнаи сиёсати давр, дар чањорчўби имконоте, ки барояш боќї гузошта буданд, талош намуд, то аносири миллиро дар адабиёти навин таъмин ва њифз намояд. Ишон эњсос намуд, ки барои анљоми ин муњим бояд аз ќолаби назм, ки шуѓли аввалї ва аслияш буд, фаротар биравад ва даст ба таълифи осори муфассали мансур бизанад. Зимнан, дар посух ба ин шоеъа, ки гўё устод Айнї дар назм эњсоси заъф мекард, бояд гуфт, ки ишон аз тавонотарин шоирони даврони худ дар густараи куллии адабиёти форсизабон буд ва беш аз ин, агар масъулиятњои азими иљтимоиву фарњангї ва њатто то љойе сиёсї дасти ўро аз шуѓли њамешагии шоирї ва бахусус эљоди тањаввулоти фарогири системи шеър кўтоњ намекард, бешак, корњои фавќулодаеро дар ин замина анљом медод.
Њикояњо, ќиссањо ва романњое, ки Айнї таълиф менамуд, чи аз назари ќолаб ва жанри адабї ва чи аз назари сабки нигориш ва забону баён дар адабиёти форсии тољикї, балки адабиёти Осиёи Марказї таљрибаи нахустин буд. Агарчи худи ишон дар таълифи ин осор худро пайрави мањзи нависандагони рус аз ќабили Максим Горкий медонад, вале тавре ки пештар зикр шуд, таљрибаи нигориши насри реалистии Ањмади Дониш дар ин кор беасар нест. Њатто метавон гуфт, ки њамон суннати ташвиќи инсонњо ба саъй ва касби камол дар осори давраи љадиди Айнї дар чањорчуби барномањои «тарбияти инсони нави шўравї» идомат пайдо кард.

«ТАЌИЯ»
Нахустин осори адабии мансури устод Айнї дар канори маќолањои ишон талоше буд баройи таъйиди њаќќи тољикњо нисбат ба доштани як љумњурии мухтори шўравї. Лозимаи ин кор њамин буд, ки ба мизољи идеологии њоким мазлумияти тољикњо, вуљуди синфи коргару дењќон ва пролетариати њарчи мазлумтар ва мањрумтар дар миёни ишон ба субут расонда шавад. Ба назари инљониб муболиѓаи Айнї дар тасвири фаќру тангдастї ва мазлумияту мањрумияти тољикњо дар нахустин осори вай аз ќабили романњои «Ѓуломон» ва «Дохунда» ва ќиссањои «Одина» ва «Ятим» аз њамин навъ талоши «таќиягуна» вай барои «ситондани њаќќи тољикњо» аз идеологияи њоким нашъат мегирифт. Ин талоши Айнї ба сурати мустаќимтар ва бевосита дар маќолањои вай аз ќабили «Ќобилияти ташкилотчигї дар тољикони кўњистон», ки ба унвония раддия дар баробари иддаои касоне, ки вуљуди пролетариат дар миёни тољикон ва ба ин восита њаќќи њокимияти онњоро инкор мекарданд, ба сароњат маълум мегардад.
Њамзамон устод Айнї дар як силсила аз таълифоти пурњаљми худ аз ќабили «Ёддоштњо» ва тањќиќот перомуни осор ва ањволи бузургони пешини таърихи миллї бо корбурди манёврњои ќобили тањсин дар баробари идеологии њоким ба мизони ќобили мулоњизае муваффаќ ба њифзу эњёи њофизаи таърихи миллї гардид. Масалан, метавон гуфт, ки бо истифода аз тасвирњои муфассали Бухоро дар «Ёддоштњо» метавон ин шањри куњанро дубора бо тамоми љузъиёташ бозсозї ва номи гузарњову мањаллот, хиёбонњову мадорис, раставу дукону бозорњояш…ро барќарор намуд. Ба ѓайр аз ин бо мазлум нишон додани дањњо тан аз адибон ва донишмандон (аз љумла рўњониён), мударрисњо ва талабагони Бухоро афкору оро ва завќу салиќаи онњо, ки саршор аз њикмат ва рангу бўйи миллист, аз дастбурди замон ва боди нисён мањфуз гардонда шудааст. Метавон гуфт ќањрамони аслии ин асари бузургњаљми дорои дањњо тан ќањрамон дар асл маънои муљарради «њофиза» аст, ки нависанда зарурати њифзи онро њатто бо лањни шадид аз забони падари худ таъкид менамояд.
Бо пайравї аз таљрибањои устод Айнї ва аљаб нест бо васияти мустаќими ишон нависандаи дигари куњансоли бухориюласл Љалол Икромї румони «Дувоздањ дарвозаи Бухоро»-ро таълиф намудааст. Њамчунин ин таљрибаи њифз ва эњёи њофизаи таърихї дар таълифоти пайравони дигари мактаби устод Айнї, аз љумла Сотим Улуѓзода ва дигарон идома ёфтааст.
Устод Айнї гўё њамеша дар камини фурсате менишаст, то ба мавзўъоти таърихи миллї бипардозад. Аз љумла ишон дар солњои Љанги Бузурги Ватанї бо бањонаи ташљеъ ва барангехтани рўњиёти ќањрамониву фидокорї ќиссаи таърихии «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик»-ро навишт, ки дар он корномаи амири шуљоъи Хуљанд Темурмалик дар муќовимат бо таљовузи муѓул бо эњсосоти баланди миллатпарастона васф ва тасвир мешавад. Дар фарљоми ин ќисса омадааст, ки замоне, ки дар ѓурбат љанозаи Темурмаликро пайдо мекунанд, аз љайби вай бастаеро берун меоранд, ки дар он як мушт хоки ватанаш ва коѓазпорае њаст, ки бар он навишта шудааст:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Воњасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Ин байт ба ќадре шўњрат дорад, ки њар тољике онро аз ёд медонад. Ба назарам, ин байт бе рангу обе аз рўњиёти худи устод Айнии Бухорої нест.

ПАЁМИ НАВИН
Њофизаи миллии таърихї дар баробари забони миллї, муњимтарин унсури зењнии адабиёти навини тољик будааст, ки дар солњои баъдї, бахусус аз дањаи 60-уми ќарни гузашта ба баъд аз наср ба назм интиќол ёфта ва дар он љилвањои бештареро ба зуњур расондааст.
Албатта осори шуарои насли бузургтар чун Абулќосими Лоњутї, Мирзо Турсунзода, Боќї Рањимзода ва… орї аз ин љилвањо нест ва бо даќиќ шудан дар он метавон намунањоеро пайдо кард, вале хидмати ишон дар ин замина боз дар он дар он хулоса мешавад, ки дар муњити амни худ насли дигаре аз шоиронро парвариш кардаанд, ки маљоли бештаре барои сурудани мавзўъњои миллиро доштаанд.
Дар дањаи шаст ба баракати тањаввулоти сиёсие, ки онро «нармиши Хрушёвї» унвон кардаанд, фазои мусоидтаре барои пардохтан ба мавзўъи худшиносии миллї ибтидо дар Русия ва баъдтар бар асари ногузири он дар љамоњири дигари Шўравї ба вуљуд омад. Шоироне ки дар ин давра по ба арсаи адабиёт нињоданд Мўъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Бозор Собир, Ѓоиб Сафарзода, Гулрухсор ва… дар канори мавзуъоти суннатии адабиёти шўравии тољик, ба мавзўъи худшиносии миллї рўй оварданд, ки батадриљ он мавзўъи аслии ашъор ва манзумањои онњо ќарор гирифт. Талошњои худшиносии ин насл аз як сў дар таваљљўњ ба таърихи миллї ва аз сўйи дигар дар љустани пайвандњои гусаста бо њамзабонон ва њамкешон дар ќаламрави собиќи забон ва фарњанги форсизабон хулоса мешуд. Нахустин љараќќаи пуртоби ин конуни ба тозагї барафрўхта шеъри Мўъмин Ќаноат «Ба њаводори забони тољикї» (авали дањаи 1960) буд. Ин шеър як посухи сода вале ќотеъ ба касоне буд, ки забони мардуми Тољикистон, Эрон ва Афѓонистонро бо унвонњои тољикї, форсї ва дарї се забони мутафовит медонистанд ва дар ин замина таълифоти пуршумор ва муфассали «илми»-еро њам ба нашр мерасонданд. Шоир хитоб ба ин навъ «донишмандон» бо танзи зебое мегўяд:
Ќанд љўї, панд љўї, эй љаноб,
                                   Њарчи мељўї, биљўй!
Бекарон бањрест, гавњар бењисоб,
                                   Њарчи мељўї, биљўй!
Форсї гўйї, дарї гўйї варо,
                                   Њарчи мегўї, бигўй!
Лафзи шеъру дилбарї гўї варо,
                                   Њарчи мегўї, бигўй!
Бањри ман танњо забони модарист,
                                   Чунки мењри модар аст.
Бањри он ташбењи дигар нест, нест,
                                   Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шўхињои дилбарам
                                   Дўст медорам варо,
Чун навозишњои гарми модарам
                                   Дўст медорам варо!
Агар дар назар бигирем, ки њанўз муддаиёни се забони гуногун будани форсиву дариву тољикї бо сарсахтї бар ин назари аслан сиёсии худ пофишорї мекунанд, басират ва шуљоати адабии муаллифи ин шеъре, ки ним ќарн ќабл аз ин рўзгор суруда шудааст, ба сароњати бештар маълум мегардад.
Ин шеър дар коргоњи халлоќиятњои адабии Мўъмин Ќаноат хислати барномаї касб кард ва таъйинкунандаи мавќеъи вай дар тамоми тўли муддати фаъолияти суханварияш дар мавриди корбурди забон, мурооти суннатњои суханварї, нигоњ ба таърихи миллї ва ѓайра гардид. Мўъмин Ќаноат, ки њамзамон бо  сурудани ашъори хурди ѓиної даст ба таълифи манзумањои тулонї ё достонњои манзум задааст, њамеша талош намудааст, то бидуни таваљљўњ ба мавзўъ ва жанру ќолаби асар тору пуд ва бофти матоъи он миллї ва суннатї бошад. Бино бар ин суханаш барои хонандаи толиб ва љўёи истењком ва эњтишоми пешини забони адаб ва шеъри форсии тољикї њамеша тозагї ва љаззобият доштааст.  Алиасѓари Шеърдўст, донишманди эронї, ки ба воситаи тањќиќоти муфассали худ аз адабиёти (бахусус назми) муосири тољик шинохти хос дорад, дар муќаддимае ба маљмўаи ашъори Мўъмин Ќаноат менависад, ки Мўъмин Ќаноат «…беш аз дигарон ба суннатњои шеъри порсї пойбандї нишон додааст».
Албатта, лозим ба ёдоварист, ки Мўъмин Ќаноат дар ин масир танњо намонда ва фавље аз истеъдодњои дурахшони назми навини тољикро дар ин роњ њидоят намудааст. Аз ин миён бахусус тавонотарин шоирони ин насли адабиёти тољик шодравон Лоиќ Шералї, Бозор Собир ва Гулрухсорро метавон ном бурд, ки асл ва њастаи сурудањои онњоро мавзўъњо ва мазмунњои сунати миллї ва таърихи миллї ташкил медињад ва гузашта аз ин сабку салиќа ва бофти матоъи шеъри онњо миллї аст.

АЗ МАЗЛУМИЯТ БА ИФТИХОР
Муњимтарин хислате ки сурудањои ин насли адабиёти тољикро бар насли пешин имтиёз медињад, ба љои таъкид бар мазлумият ва мањрумият ифтихор аз шањомат ва васфи таърихи шукўњманди миллї аст. Чун ин насли шоирон низ дар фазо ва муњити сиёсати њокими шўравї ба сар мебурданд, ин ифтихорро ба ин шева машрўъият мебахшиданд, ки давлати шўравї боиси эњёи дигарбораи ин шукўњу шањомат гардид. Албатта  ин шева дар адабиёти тољик собиќа дошт. Аз љумла дар ашъори Мирзо Турсунзода. Масалан:

Суруди Рўдакї шуд зинда акнун,
Расида ављи Фирдавсї ба гардун.
Барои Њофизу Саъдии Шероз
Намуда тољикон оѓўши худ боз.
Вале умќи назари шоирони насли љадид ба арзишњои фарњанги таърихии миллї бештар, амиќтар ва фарохтар ва онњо бо ин арзишњо маънустар ва мањрамтар њастанд ва устурањои таърихи миллї ба сурати одї ва табиъї дар канори ќањрамонони осори онњо ќарор мегиранд, ба сурате, ки гўї афроде воќеї њастанд. Аз ин љост, ки Мўъмин Ќаноат дар оѓози достони манзуми «Тољикистон – исми ман», ки ба муносибати 50-мин солгарди Љумњурии Шўравии Тољикистон суруда шудааст, мустаќиман ба ин устурањои миллї мурољиат ва бо онњо гуфтугў менамояд:
Эй додгоњи хокиён, эй осмони бекарон,
Танг аст њоли тољикон дар хоку зери хокдон.
Эй дуди оташгоњњо, омољгоњи оњњо,
Тахти баланди Ањуро, бахти бади аљдодњо.
Гўянд бар аљдоди мо будї зафар, будї падар,
Аз шакли ту месохтанд мардони майдонї сипар.
Байроќи адли ковиён пар мезадї болои сар
Дар дасти садњо зодаи озодагони Бохтар.
Њам тухмаи мардона чун дурдона зери обњо,
То ин ки рўяд аз замин Фирдавсию Сўњробњо…
Пайдост, ки дар интихоби вазн ва эљоди мусиќии калом низ дар ин навъ ашъор садоќат ва унс ба ин шукўњ ва шањомати пешин муљассам шудааст.
Унс ва шефтагии Мўъмин Ќаноат ва шоирони дигари ин насли љадид нисбат ба таърих ва фарњанги миллї ба њаддест, ки гоње ба ављи ишроќ ва ирфон мерасад ва «њулул дар таърихи миллї» барояшон даст медињад. Масалан, ин вазъро ба вузўњ дар шеъри «Тахти Љамшед»-и Мўъмин Ќаноат аз сисилаи «Созњои Шероз», ки њамаи ашъори ин силсила саршор аз рўњиёти миллист, меёбем:

Чу боло мешавам бар маснади хуршедии Љамшед,
Ки дорад ошён Эзид, ки дорад хокдон хуршед,
Дар он ќасри хароботе, ки Доро буду дунё буд,
Дирафши ковиёнї найзае аз моњ боло буд…

Ба чашмам медурахшад оташи Зардушт дар соѓар,
Ба дасти духтари пири муѓон дар лаълии озар,
Ба гўшам хониши пири муѓон бо нола меояд, -
Авасто мекашад фарёд аз минбар.

Чу «пайѓамбар» ба базми шоњи шоњон мешавам
ворид,
Сурўше мерасад бар гўши ман аз наѓмаи Ноњид,
Паризоде ба дастам мегузорад љоми марворид,
Њамехоњам бинўшам љуръае аз лањзаи љовид…».

Ин навъ пайвастагї ва њамбастагї («њулул дар таърих») дар сурудањои Бозор Собир ба ављи дигаре мерасад. Ба гунае, ки шоир њатто дар фољиъањои таърихи миллї худро омил ва гунањкор эњсос менамояд:
Бўалиро аз Бухорои шариф  ман кардаам берун,
Тирмизиро ман фикандам дўш дар дарёи Љайњун,
Барњадар хуни Низомулмулкро ман рехтам,
Балки хуни мулкро ман рехтам…
Вой бар ман, вой бар ман,
Ал-амон! Фарёд аз ман!
Мавзўъи таърихи миллї мавзўъи аслии ашъори Бозор Собирро ташкил медињад ва ба љуз чанд шеъри васфињолї дигар тамоми сурудањои ин шоир ба мавзўъи гиромидошт ва эњёи фарњанги миллї ва таърихи миллї бахшида шудааст. Шеъри «Забони модарї»-и вай ба навъе суруди миллии ѓайрирасмии тољикон буд. Ќобили ёдоварист, ки иќболи камназири љомеаи Тољикистон дар ин давра аз ин навъ ашъор, бахусус ашъори махсус ба васф ва бузургдошти забони миллї, ёди шањрњо – марокизи фарњангии аздастрафтаи тољикњо чун Самарќанду Бухоро, шахсиятњои баноњаќ фаромўшшудаи таърихї ва ѓайра таъсири равшане дар ривољи ин навъ ашъор дошт. Сурудањои шодравон Лоиќ Шералї дар ин мавзўъњо гоње мунозараи шадид ва пурэњсоси бевоситаро мемонад, ки гувоњи садоќати муаллиф ба мавзўъ аст.
Гузашта аз ин дар ашъори њасбињолии ин шуаро низ љилвањои равшани аносири фарњанги миллї ва дилбастагиву садоќати ин шоирон ба он мушоњида мешавад. Масалан, мавзўъи васфи зодгоњи ин шоирон, ки аѓлаб рустоњои кўњистонї ва муњитњои суннатии тољикї њастанд, васфи рустоиён ва наздикони бозмонда дар русто онгуна пуртобутаб аст, ки гўё ин шоирон дар фосилањои бузурги маконї ва замонї ѓариб афтода ва дар њасрати бозгашт ба ватани аслии худ њастанд. Бозор Собир аз шањри Душанбе, ки бо зодгоњи вай беш аз 30-40 километр фосила надорад, хитоб мекунад:
Селаи мурѓи њаво дар назарам,
Ки бањор омаду ман бехабарам.
Хоњам имрўз њама пар гардам,
Боз сўйи ватанам баргардам.

Ё Лоиќ Шералї месарояд:

Ин шаби туршрўи боронї,
Кулбаи модарам ба ёд омад,
Мечакад боми он зи боронњо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Њамчунин рустои кўњистонии Гулрухсор барои њамаи хонандагони тољик, балки Шўравї ошно гардида буд:
Маро шабњои бехобї хумори Яхч мегирад,
Ки дар як гўшаи хоки Ватан аз чашмњо дур аст.
Шоир дар њар љо ва аз њар бобе сухан мегўяд, ошёни сурудаш њамон нишемангоњи нахустин аст ва  маљмўъ ин шоъир мисли маъдани бекарони шеъри миллист,    ки оташафшони илњом аз замири ў гудохтањои нобро чун фаввора баланд мекунад.

АТАШИ БОЗГАШТ БА АСОЛАТ
Ин аташ, аташи бозгашт ба асолати суннатї буд аз муњити бештар фарангї ё фарангмаобонаи пойтахти Тољикистон. Аз ин љост, ки агарчи ин шоирон, худ бевосита ба арзишњои исломї ишќу алоќаи хос нишон намедоданд, вале аносири фарњанги суннатии исломї чун унсури рўзгор ва рафтори азизон ва наздикон барояшон азиз будааст. Бозор Собир мегўяд:
Маро дар хонаи чашмаш нишонид,
Валекин хонаам н-омад ба дидан,
Ки рўйи модарам рўйи намозист,
Наёбад ќибларо дар хонаи ман.
Ин азизон ва наздикон, ки эљодгарон ва созандагони муњити асолат њастанд, он ќадар бо аносири фарњанги миллї ошно ва маънус мебошанд, ки дар зењни тасвиргари шоир бо якдигар мудѓам мешаванд. Бозор Собир барои тасвири мазори модари худ ташбење лоиќтар ва муносибтар аз китоби «Фарњанги забони тољикї», ки ба гуфти ишон танњо китоби рўйимизиаш будааст, пайдо намекунад:
Дергоње модарам дар хона нест,
Модари ман дар забони модарист.
Пуштвори ман чу гўри сабзи ў
Њарду љилди сабзи Фарњанги дарист.
Лоиќ аз модари худ бештар дар њоле ёд меорад, ки бар рўйи љойнамоз нишаста ва дуъо мекунад ва шоир хитоб мекунад:
Модарам, модари бињиштиям,
Љойи ту дар бињишт таъйин аст!
Ва Бозор Собир њам дар васфи модари дўсти њамќаламаш Лоиќ Шералї менависад:
Модар, эй модар,
Бо намозу рўза тафрењ мекунад,

Љомањои кўњна дарбењ мекунад.
Ў намедонад, ки шоир зодааст.
Ё худ, Лоиќ Шералї дар нахустин сурудањояш, ки њамчунин хосияти барномаї дорад, мефармояд:
«Аз сафои сураи Ќуръон сухан омўхтам».
Устура ва ё талмењи «Шайхи Санъон» муносибтарин паймонае барои Гулрухсор будааст, то бо он паймон ва имони миллии худро биозмояд ва эњсосоти ќалбии худро ба самимитарин оњанг бинавозад:
Ман набудам,
                                                           ў буду нури лиќо буд,
Сар набуд андар танам,
                                                           пар буд,
                                                                                              по буд.
Номаи бахтам зи девони Худо буд,
Рањнамоям Мустафо буд…
Гили ин шоирон, дигар бо фарњанги миллї тахмир шудааст ва дар њар мавзўъе сухан бигўянд, дар њар фазое тасвиргарї бикунанд, каломашон мамлў аз рўњиёт ва эњсосоти миллї ва њамроњ бо аносири мазњабист. Бино бар ин агар љойе ба далеле сухан бар хилофи ин аносир рафтааст, пас, он сухан бо сиришт ва фитрати азалї, таърихї ва суннатии шахси онњо созгорї надоштааст.

ДАР ЊАДИСИ ДИГАРОН
Мо достони манзуми Мўъмин Ќаноат «Сурўши Сталинград»-ро ки ба васфи корномањои сарбозону афсарон ва мардуми Шўравї дар набарди машњури шањри русии Сталинград бар алайњи ѓосибони фашист суруда шудааст, саршор аз њамин навъ рўњиёт ва обу ранги миллї ва суннатии тољикї меёбем. Шоир дар тасвири сањнаи падруди сарбози тољик, ки мунтањо ба набарди Сталинград меравад, менависад:
Ба хилват модари ойинадаст ўро дуъо медод,
Ба рўйи ойина ойини аљдодон љило медод.

Ва Ањмад дид дар ойина рўю обрўяшро
Ва модар бўсаборон кард мўйи нозбўяшро.
Ба айвон шиња мезад асби рањвораш ба зери зин,
Ба ќоши зини хотамкор ќамчини падар,
                                                                      Омин.
Беш аз ин, нависандаи «Сурўши Сталинград» њини тасвири модари рус, ки бар оромгоњи сарбозони номаълум нишони фарзанди шањидашро љустуљў мекунад, чун муносибтарин талмењ барои таъбир ва тафсири ањволу эњсости ќалбии вай талмењи Ќуръонии Юсуф (ва Яъќуб)-ро ба кор мегирад:

…Аё модар,..
Чаро њарфе намегўї,
                                   Ба чашми хира мељўї
Ва чун пироњани Юсуф дар ин љо сабза мебўї…

Ба файзи ин вижагињо «Сурўши Сталинград» на танњо њамосаи башарї, балки њамосаи миллї њам њаст.
Гулрухсор, ки дар яке аз тозатарин манзумањои худ бо унвони «Озарахш» (Номаи дермонда аз ќарни 20 ба ќарни 21) ба тавре ин сањми шоирони насли худро хулоса мекунад, аз љумла менависад:
Насли аз худ рафта,
То љоњеву гоње норасида,
Насли боду бода,
                                   насли сода,
Обрўяш оби дида,
Мавлавиойин,
                                   Рўдакизода,
Орзуяш захми носур аст…
Насли исёнии саркаш,
                                               насли оташ,
Насли Ораш,
Пойбанди доми тазвир аст…
Манзур аз ин шиквоия њаводиси маълумест, ки дар Тољикистон рух дод ва ваќфае дар раванди тањаввули чашмгири адабиёти миллигароёна ва истиќлолхоњї эљод намуд. Ин дар њоле буд, ки ќабл аз ин њаводис дар ибтидои дањаи 90-уми ќарни гузашта шумораи ќобили мулоњизаи шоирони боќарењае ба майдони адабиёт омаданд, ки мавзўъњои миллиро бо рангу дурахши тоза оѓоз ба сурудан намуданд. Ин шоирон ба љуз аз таъсирпазирї аз пешкисватони муосири худ, аз сўе бо таъсири пурфайзи адабиёти классик, бавижа адабиёти ирфонї, ки маљоли мутолиаи бештар дар он пайдо шуда буд ва аз сўи дигар бо таъсири адабиёти њамзабонон, бавижа Муњаммад Иќболи Лоњурї, Сўњроби Сипењрї, Мењдии Ахавони Солис ва дигарон дар масире ќарор гирифтанд, ки ба сурати табиъї мерафт, то ба он љараёни то љое ќатъгардидаи ќабл аз инќилоби болшевикї бипайвандад ва идомаи мустаќим ва табиъии он гардад. Аммо агарчи ин шоирон, сарфи назар аз шароити мазкур тавонистаанд, маљмўањое аз ашъори тоза ва арзишмандро ба даст бидињанд, вале ба назари инљониб њанўз наметавон ин давраро ба сурати як давраи мукаммали адабї, бо вижагињои мушаххаси он муаррифї намуд ва он њанўз дар њоли тањаввул ва ташаккул мебошад. Ончи мусаллам аст, ин аст, ки ба воситаи ашъори ин насли љадиди шоирон абъоди эњёи шеъри суннатї ва аносири он,  асотир ва талмењоти суннатї, аз љумла талмењот ва мазомини ќуръонї бар мазомин ва талмењоти сирф миллї афзуда аз ин роњ густардатар шуда ва заминаи мусоиъиде барои парвозњои баландтар дар ин фазо ба вуљуд омадааст.
Дар насри ин давра низ иноят ба мавзўъњои миллї, ва гароиш ба суннатњо, фарњанг ва таърихи миллї чашмгир аст ва нависандагоне аз ќабили Абдулњамиди Самад, Саттор Турсун, шодравон Сайф Рањимзод, Урун Кўњзод, Љонибек Акобир, Бањманёр, Барот Абдурањмонов, Саидањмади Зардон, Диловари Мирзо ва… бо ба тасвир гирифтани муњитњои суннатии фарњанги миллї, рўзгори мардум, чењрањо ва шахсиятњо ва рухдодњои таърихї дар офариниши насри миллї сањми арзишманде гирифтаанд, ки ниёз ба тањќиќоти алоњида дорад.
Дар кулл метавон гуфт, ки муњимтарин ва мушаххастарин масири тањаввулоти афкор ва завќу салиќаи адабї, чи бо дарназардошти истиќболи љомеаи Тољикистон ва чи майлу раѓбати адибон масири худшиносии миллї ва эњёи фарњанги таърихї мебошад, ки дар ин маќтаъ дар остонаи созиш додан ва пайванд кардани арзишњои сирф миллї ва нажодї бо арзишњои суннатии исломї, ки муддате ба ѓараз ё иштибоњ дар муќобили якдигар гузошта шуда буданд, ќарор дорад ва бо пушти сар шудани ин марњала, адабиёти миллии тољик бештар шукуфо ва борвар хоњад гардид.

                                                                                                                                                                                             Соли 2008

Пайнавиштњо:

  1. Айнї С.  Ба М.Турсунзода  // Шарќи сурх. – 1956. N4. – с.109 -111.
  2. Айнї Садриддин. Куллиёт,љилди 8.—Душанбе: Ирфон,1981. – 522 с.
  3. Алиасѓари Буванди Шањриёрї. Сайри тањаввули шеъри нав дар адабиёти тољикї: Рисолаи номзадии илмњои филологї.Тењрон – Душанбе, 2002. – 164 с.
  4. Асозода Х. Адабиёти тољик дар садаи ХХ. - Душанбе: Маориф, 1999. – 445 с.
  5. Бедил, Абдулќодир. Осор дар 8 љилд. – Љ.1. – Душанбе: Адиб, 1990. – 352 с.134.
  6. Гулрухсор. Девони ашъор. – Душанбе: Пайванд, 2004. – 954 с.
  7. Гулрухсор. Љовидона. – Душанбе: Деваштич, 2008. – 152 с.
  8. Дониш, Ањмад. Наводирулваќоеъ. - Душанбе: Дониш, 1988 – 287 с.
  9. Иќбол Муњаммад. Куллиёти ашъори форсии Мавлоно (Иќбол). -  Тењрон: Интишороти Саної, 1373 њ. ш. – 508 с.
  10. Ќаноат, Мўъмин. Вазъияти назми имрўзаи тољик // Садои Шарќ. – 1971. N7. С 83 – 96.
  11. Ќаноат, Мўъмин. Масъуднома // Садои Шарќ, №3, 2007. - С.3-11.
  12. Ќаноат, Мўъмин. Ойинаи беѓубори ман. — Душанбе: Хазинаи адабиёти Тољикистон, соли 2002. – 240 с.
  13. Ќаноат, Мўъмин. Осори мунтахаб (дар 2 љилд), љ.1. – Душанбе: Ирфон,1982. – 208 с.
  14. Мусулмониён Р. Фурўѓи шеъри љонпарвар. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 367 с.
  15. Мусулмониён Р. Шеър дар сарчашмањои назарї. – Тењрон: Њавзаи њунарї, 1377 њ.ш. – 350 с.
  16. Садри Зиё. Тазкори ашъор. – Тењрон: Сурўш, 1380 =2001. – 364 с.
17.  Сатторов А. Нуќтаи пайванд. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 224 с
  1. Собир, Бозор. Бо чамидан, бо чашидан...- Душанбе, Адиб, 1987.–208 с.
  2. Собир, Бозор. Гули хор. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 162 с.
  3. Собир, Бозор. Мижгони шаб. - Душанбе: Ирфон, 1980. – 176 с.
21.  Турсунзода М. Куллиёт. – Љ.1. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 160 с.
  1. Фирдавсї, Абулќосим. Шоњнома. (Дар 9 љилд). – Љ.1. – Душанбе: Адиб, 1987. – 450 с.
23.  Њакимов А. Дар ќаламрави сухан. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 224 с.
24.  Њусейнзода Ш. Гуфтор аз ганљи сухан. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 224 с.
  1. Њусейнзода Ш. Њабдањ маќола. – Душанбе: Њумо, 2007. – 347 с.
  2. Шакурї М. Нигоње ба адабиёти тољикии садаи бист. – Душанбе: Пайванд, 2006. – 455 с.
  3. Шакурї М. Сайри адабии Садриддини Айнї ва марњалањои он // Номаи фарњангистон, пойизи 1376. - №11 – С . 72 – 81.
  4. Шарифов Х.   Савти Аљам. – Душанбе: Хазинаи адабиёти Тољикистон, 2002. – 208 с.
  5. Шарифов Х. Љавњари завќу мароми шоир. – Услуб ва камолоти сухан. – Душанбе: Ирфон, 1985. – С. 157 - 168.
  6. Шафеъии Кадканї. Шоири оинањо (Баррасии сабки њиндї ва шеъри Бедил). – Тењрон: Форус Эрон, 1368 њ. ш. – 338 с.
  7. Шералї, Лоиќ. Фарёди бефарёдрас. – Душанбе: Адиб, 1997. – 238 с.
  8. Шеърдўст, Алиасѓар. Чашмандози шеъри муосири Тољикистон. – Тењрон: Алњудо, 1376 њ. ш. – 328 с.
МАВЗЎЪИ МАЙ 
ДАР ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОЉИК

Май, шароб, бода яке аз машњуртарин образњои адабиёти љањон аз љумла адабиёти форсии тољикї буда, аз нахустин осори адабии маълум то осори адабиёти муосир наќши барљастаи он  маълуму мањсус аст. Њамчунин дар ин замина садњо образ, таъбири адабї ва шоирона, аз ќабили ќадањ, љом, хум, суроњї, кўза, паймона, соќї ва… ѓайра мављуд буда, бахши муњимме аз мутуни адабї дар осори бештари шоиронро ба худ ихтисос додааст. Мањдуд нагардидани корбурди ин образ дар осори як гурўње аз шуарои дорои як навъи љањонбинї ва завќу салиќаи адабї ва њамчунин ба замон ва даврони хосе марбут ва мањдуд набудани он ба худии худ шоњиди он аст, ки маънии ин образ ва мурод аз корбурди он низ мањдуд набуда, балки то њадде густарда ва пурмаъност, ки њатто маонии зидду наќизро шомил гардидааст.
Бо таваљљўњ ба он, ки  адабиёти форсии тољикї яке аз муњимтарин, балки муњимтарини адабиётњои бадеии исломї мебошад ва ин ки дар оини ислом истеъмоли шароб шадидан њаром аст, табиъист, ки истифодаи ин образи адабї аз сўи шоирони мусулмон ва бахусус шуарое, ки дар матни фарњанги исломи љойгоњи шоиста дошта, њамзамон бо унвони шоирї дорои унвонњо ва рутбањои мазњабї низ њастанд (аз ќабили шайх, мавлавї ва ѓайра) ва њамчунин таъдоде аз онон осори динї ва ахлоќиву тарбиятї низ офаридаанд, мавриди суол ќарор мегирад. Аз ин љост, ки дар тафсир ва маънидоди ин образ дар осори шуарои ќадими мо назарияњои мухталифе баён гардида, ки онро ба таври хулоса метавон ба ду гурўњ таќсим кард: назарияе, ки аз дидгоњи мутлаќо моддигароёна нашъат мегирад ва баёнгари он аст, ки гўё дар куллияи ин осор май ба маънии моддии он, яъне василаи эљоди нашъа ва хумор ва вуљуди љисмонии инсон ба кор бурда шудааст. Ин тоифа дар посух ба ин суол, ки чї тавр шоирони мусулмони мўъмин ба васфи ин моддаи њаром пардохтаанд, маъмулан чунин мегўянд, ки ислом ва эътиќодоти динии онон ба иљбор ва созишкорона буда, дар асл онњо аз ќайди эътиќодоти диниву мазњабї озод будаанд. Гурўње аз ин тоифа дар њоле, ки ба сароњат ба диндории ин шоирон пай мебаранд ва чорае дар инкори он надоранд, дар паи љустани далоили дигар, дар асл бањонаи дигар барои тасдиќи назарияи худ мебароянд, ва аз љумла аз мутуни китобњои мазњабї ва ирфонї «фатвоњоеро» бар њалол будани май њадди аќал дар њолоти махсус ва ё барои тоифаи махсус «пайдо» менамоянд. Назарияи гурўњи дувум  комилан бар хилофи гурўњи аввалї буда, дар осори њамаи шуарои ќадим аз образи май ва образњои дигари вобаста ба он маъонии диниву ирфониро љустуљў мекунанд ва имкони истифодаи ин образро ба маънии моддї ва одии он дар адабиёти ќадим ба таврим куллї инкор менамоянд. Њамчунин гурўњи севум низ њаст, ки агарчи худ аз тоифаи моддигароён нестанд, балки љањонбинии динї ва мазњабї доранд, корбурди образи майро дар адабиёти исломї ба маънии ѓайримоддии он инкор менамоянд ва ин навъ адабиётро мамнўъ ва мухарриби ахлоќи љомеъаи исломї мешуморанд.
Дар хусуси назарияи аввал бояд гуфт, ки агарчи онон азамати фарњангї ва маънавии ин навъ шоирони мусулмонро эътироф менамоянд, хоста ва ё нахоста онњоро ба гуфти Муртазо Мутањњарї муттањам ба риё менамоянд. Яъне гўё онон дар эътиќодоти исломии худ самимї набуданд ва ба ин далел даст ба домани ин навъ образњо, аз љумла май мезаданд, то андешањои аз ќайди ислом озоди худро баён созанд.  Ин дар њолест, ки онгуна, ки дар идома арз хоњад шуд, асли ќазия комилан баракс буда ва ин шоирон за ин навъ образњо, аз љумла май барои мубориза бо риё ва тасдиќи самимияти хеш дар парастиши Худованд истифода мекарданд. Вале дар мавриди бахши дувум бояд гуфт, ки њаром будани майи моддї ва њар навъи дигар маводи масткунанда як амри мусаллам буда, бахусус шуарои ќадим, ки њадди аќал ба муќтазои системаи маорифи замони худ фиќњи исломиро ба хубї медонистанд, њаргиз ва ба њич ваљњ аз назари фиќњї ва ба љиддият дар хусуси њалол будани май сухан нагуфтаанд ва агар љое аз назари лафзї баёноте аз ин ќабил будааст, танњо њукми киноя ва зарофатро дорад ва набояд мисли кўдакон «њавли»-и онњоро «њалво» хонд.
Масалан, Хоља Њофиз мефармояд:
Дар мазњаби мо бода њалол аст, валекин,
Бе рўи ту, эй сарви гуландом, њаром аст.

Ин мазњабе, ки майро њалол медонад ва Њофиз пайрави он аст, чї мазњаб аст. Агар бигўем, ки мазњаби ѓайриисломї њаст, худ медонем, ки иштибоњ кардаем, зеро касе ба фарз њам наметавонад гуфт, ки Хоља Њофиз ѓайримусулмон буд. Пас, агар бигўем ки ин «мазњаб» киноя аз ишќ аст, онгоњ, мо дигар вориди як бањси перомуни мавзўъи фиќњї ва илмї нестем, балки мавриди сўњбати мо пирояњо ва орояњои адабии сухан аст, ки Њофиз дар ин зимн аз таноќуз (парадокс) ба навъи ањсан истифода кардааст. Пешзаминаи фикрии байт ин аст:
Дар мазњаби мо бода њаром аст, валекин
Бо рўи ту, эй сарви гуландом, њалол аст.
Вале ин баён оддист ва барои хонандаи Њофиз њеч љаззобият ва шеърият надорад, зеро ин хабар, ки «Дар мазњаби Хоља Њофизи мусулмон бода њаром аст» хабари маълуму машњур ва ќобили арзе нест, чї расад ба он, ки касе онро дар шеър биёрад ва хабари дувум низ, ки «Бо рўи ту, эй сарви гуландом, њалол аст» хабари мукаррар ва орї аз шўри шоирона, бавижа шўри њофизона аст, зеро рўе, ки ќобили руъяти Њофиз аст, он нест , ки битавон гуфт «бо он рў». Пас, Њофиз бо зеру рў кардани ин мафоњим аз ќабл медонад, ки ќалби хонандаи худро зеру рў мекунад, медонад, ки замоне ки хонанда аз забони Лисонулѓайб мешунавад, ки «Дар мазњаби мо бода њалол аст», такон мехўрад, мисли он ки барќаш зада бошад ва замоне, ки мисраъи дувумро мулоњиза мекунад, ки: «Бе рўи ту, эй сарви гуландом, њаром аст» (агар хонандаи воќеии Њофиз њаст) дармеёбад, ки  ин кадом рўй аст. Њамон рўест, ки Њофиз чун њар орифи дигар њамеша дар иштиёќи ўст ва чун дидор бо он, ки «дидор менамояду парњез мекунад» муяссар гардад, дигар он лањза растохез аст ва бањси њалолу њаром аз миён бархостааст. Онгуна ки њамеша дар каломи Њофиз њаст, ин љо калимаи рўй ба ѓайр аз маънои машњури худ дурахши маъноии дигареро низ берун медињад, ки маънињо «риъоят» ва «рухсат»-ро дорад. Ин навъ бозињои дилангези лафзї як вижагии барљастаи шеъри Њофиз аст ва хонандаи ў то девонашро дар даст дорад, мисли Хоља «Чу бед бар сари имони хеш меларзад» ва лаззати њифзи имонро эњсос менамояд. Пас, аз печу хами байти боло мегузарему мурод ва њукми нињої њамин мешавад, ки дар мисраъи охир аст: «Бода њаром аст». Вале агар бигўем, ки ин љо бањс бањси тасаввуфї ва ирфонист ва истилоњоти он дар миён аст, пас, ин май ба куллї як чизи дигаре ѓайр аз шароби алкулист.
Идомаи ин бањсро мавќуф бигзорем ва баргардем бар сари назарияи гурўњи дувум, ки мегўянд, дар адабиёти ќадим бо таваљљўњ бар њоким будани фарњанг ва маъорифи исломї њар љо, ки сухан аз май њаст, он маънии рамзї дорад ва манзур аз он шароби моддии масткунанда нест. Агар асли масъала чунин мебуд, пас, шоирон ниёз надоштанд, ки барои баёни он њолот айни њамон каламотеро интихоб намоянд, ки баёнгари шароби алкулї ва мастии алкулист. Пас сањењ ин аст, ки шароби маљозї ва мастии маљозї (дурусттараш аслї) аз назари шаклї ва лафзї дар заминаи њамон образњои моддибунёд пайдо шудааст ва њама образњои перомунии онро ба маъонии  дигар ба кор бастааст. Як бахши муњимми адабиёти тоисломии арабро ашъори хамрия (васфи май) ташкил медод ва дар адабиёти форсии тољикї њам бахусус дар чанд садаи аввал ашъореро дар васфи май мехонем, ки дар он майи маљозї ва ирфониро љустуљў кардан кори бењосил аст. Аз љумла ашъоре аз Рўдакї мисли ќасидаи «Модари май», ки дар асл тасвири шоиронае аз раванди майкашї мебошад ва ё ин шеър:
Биёр он май, ки пиндорї равон ёќути ноб астї,
Ва ё чун баркашида теѓ пеши офтоб астї,
Ба покї гўї андар љом монанди гулоб астї,
Ба хушшї гўї андар дидаи бехоб хоб астї,
Сањоб астї ќадањ гўиву май ќатрай сањоб астї,
Агар май нестї, яксар њама дилњо хароб астї,
Агар дар колбад љонро надидастї, шароб астї,
Агар ин май ба абр-андар ба чанголи уќоб астї,
Аз он то нокасон њаргиз нахўрдандї, савоб астї.
Љои дигар мефармояд:
Эй бар њама мирони љањон ёфта шоњї,
Май хўр ки бадандеш чунон шуд, ки ту хоњї.
Шуд рўзаву тасбењу таровењ ба як љой,
Ид омаду омад маю маъшуќу малоњї.
Чун моњ њамељуст шаби ид њама халќ,
Ман рўи ту љустам, ки маро шоњиву моњї…

Ва њамин устод Рўдакї аст ки мегўяд:

Маро зи мансаби тањќиќи анбиёст насиб,
Чї об љўям аз љўи хушки Юнонї.
Барои парвариши љисм љон чї ранља кунам?
Ки њайф бошад Руњулќудус ба сагбонї.
Ба њусни савт чу булбул муќайяди назмам,
Ба љурми њусн чу Юсуф асири зиндонї.
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биёзмудамашон ошкору пинњонї.
Нахостам зи таманно, магар ки дастурї,
Наёфтам зи атоњо, магар пушаймонї.

Ин љо ба сароњат як дугонагии барљастаро дар шахсияти  адабии Рўдакї метавон мушоњида намуд. Яке вассофи айши инљањонї ва дигаре як мусулмони ботаќво ва порсову парњезгоре, ки аз мавќеъи ќудрат ва азамати маънавї бо шоирони орифи дараљаи аввал њамсарї мекунад, балки аз онњо пешї мегирад ва дар мунозара бо њикмати Юнон (ки бисёрињо таслим ва муќаллиди он шуда буданд) дар пояи донишманди маъруф Ѓаззолии Тўсї ќарор мегирад. Дубора ин навъ мавзеъгирии шуљоъонаро ба ин сароњат дар назми форсї пас аз 10 ќарн дар ашъори Муњаммад Иќбол мушоњида менамоем.
Пас, омили ин дугонагї чист? Ин омил (ё авомил) дар ќисмати дувуми њамин шеъри боло ба рўшанї бозгў шудааст, ки шоир аз муњите, ки маљбур аст муќайяди назм (назми такаллуфї) бошад  ва нишасташ бо акобиру аъён љуз пушаймонї ба бор наёвардааст, шикоят дорад. Ва њамин муњит будааст, ки шоирони мутафаккир ва донишманду рўшанфикрро, ки ба муќтазои сиришти маънавии хеш ногузир бар њикмати мутаъолии илоњї унси хос доштанд, водорад, то ба такаллуф ва тасаннуъ ба сурудани ашъоре пардозанд, ки бештар ба хотири хушњол кардани мирон ва дарбориён будааст, то он ки баёни ањволи дарунї ва отифии сарояндагони ин ашъор. Бо вуљуди чунин баёнияи сарењи устод Рўдакї, метавон гуфт, ки аз ин назар вазъи Рўдакї нисбат ба шуарои баъдии дарборї ба маротиб бењтар будааст. Чаро, ки шоњони нисбатан одил ва фарњангпарвари Сомонї, бешак аз назари порсої ва муроъоти њудуди инсонї ва илоњї нисбат ба дигарон имтиёз доштанд ва бахусус он љо, ки устод Рўдакї адлу инсофи ононро васф менамояд, эњсос мешавад, ки ба самимияти тамом сухан мегўяд. Вале бањс дар маљмўъ аст ва воќеъият ин аст, ки танњо ду-се тане аз шоирони бузург тавонистаанд аз васфи базмњои айёшонаи дарбору дарбориён худро канор бигиранд ва ё пойгоњи иљтимоъие бартар аз онон пайдо намуда (мисли Мавлавї) бад-ин тариќ аз онон бениёз гарданд.
Ин нуктаро дар навиштањои Носири Хусрав ба сурати баёноти мустаќим ва ѓайришеърї мушоњида менамоем:
«Шабе дар хоб дидам, ки яке маро гуфт: «Чанд хоњї хўрдан аз ин шароб, ки хирад аз мардум зоил кунад, агар ба њуш бошї, бењтар. Ман љавоб гуфтам, ки њукамо љуз ин чизе натавонистаанд сохт, ки андўњи дунё кам кунад. Љавоб дод, ки: Бехирадї ва бењушї роњате набошад, њаким натавон гуфт касеро, ки мардумро ба бењушї рањнамун бошад, балки чизе бояд талабид, ки хирадро ва њушро бияфзояд. Гуфтам ки: ман онро аз куљо орам? Гуфт: Љўянда ёбанда аст ва ба сўи ќибла ишорат кард ва дигар сухан нагуфт. Чун аз хоб бедор шудам, он њол тамом ба ёдам буд, ин насињат бар ман кора кард ва ба худ гуфтам, ки аз хоби чињилсола низ бедор гардам». Ва пас аз он «Бархостам аз љою сафар пеш гирифтам» ва ин сафар сафари камоли маънавї ва рўњонї дар масири Каъбатуллоњ аст, то ба он меанљомад, ки Носири Хусравро дигар як марди њаким, порсову парњезгор ва олими омили дин дармеёбем. Ва аммо Носири Хусрав бо он њоли мастиву бехабарї ќабл аз ин дар куљо буд? Дар дарбор! Раёсати девони дарборро бар уњда дошт ва дабири аъзам ва аз бисёре аз улуми роиљи замонаш бохабар, вале љонаш дар такопўи роњи Њаќќ, ки охируламр аз тариќи он рўъёи содиќа ба тавфиќ расид.
Бо иктифо ба ин мисолњо ва мисолњои зиёди дигар, ки ба хотири  ихтисори сухан ночор аз онњо бояд сарфи назар кард, метавон ба итминон гуфт, ки  васфи майи моддї ва майгусорї дар ашъори шуарои пешин бо базмњои дарбори шоњону амирон робитаи мустаќим дорад ва метавон њадс зад, ки ин навъ ашъор дар муќобили фатвои фиќњии њурмати май (њаромии май), ки шоњону мирони мусулмон дар муроъоти он ночор буданд, ба унвони «узри малењ» ва ё «фатвои адабї» хидмат мекард ва аз њамин мавзеъ буд, ки шоири дарборї бо љуръати тамом бар мўњтасиб, ќозї, муфтї ва дигар масъулини умури шаръї, ки дар ќудрати сиёсї бо шоњону мирон шарик буданд, мунозара менамуд ва «дар маљлиси шоњ љоми бода дар каф бар риши онњо механдид» ва бо истифода аз имконоти бењадду шумори саноеъи адабї, «фатвои адаби»-и њалол будани май ва чизњои дигарро барои чунину чунон шоње содир менамуд ва ѓолибан яке аз далелњои «њалолии май» барои ин шоњон базлу бахшиш ва атои онњо буд, ки дар базмњои майгусорї ва тараб сурат мегирифт.
Љои дигар, ки маи муќаррарї мавриди тасвир аст, он љост, ки суханвар аз рањгузари машварат ва маслињат меояд ва дар хусуси одоб ва шароити май хўрдан сухан мегўяд. Мисли ин рубої, ки ба Ибни Сино нисбат медињанд:

Май душмани масту дўст бо њушёр аст.
Андак – тарёк, беш – зањри мор аст.
Дар бисёраш мазаррати андак нест!
Дар андаки он манфаъати бисёр аст.

Ва ё рубоии зер, ки ба номи Хайём иртибот дорад:
Гар май бихурї ту, бо хирадмандон хур,
Ё бо санаме лоларухе хандон хур.
Бисёр махур, вирд макун, фош масоз,
Кам-кам хуру, гањ-гоњ хўру пинњон хур.

Ва њамчунин:

То май нахўрам, тараб зи ман пинњон аст,
В-ар бода хўрам, дар хирадам нуќсон аст,
Њолест миёни мастиву њушёрї,
Ман бандаи он, ки зиндагонї он аст.
Дар чунин маворид дигар мусаллам аст, ки сўњбат аз майи моддист. Вале ин суханонро ба таври њатм наметавон далел бар он гирифт, ки гўяндаи он дўстдор ва мубаллиѓи май аст ва суханвар аз мавќеъи њаким ва марди хирадманде сўњбат мекунад, ки медонад чун май      ногузир мавриди истифода аст, њудуде барои он бояд гузошт, зеро истеъмоли май дар њар њол на он корест, ки назди марди оќил писандида бошад, чи мусулмон бошаду чи не. Њамзамон суоле пеш меояд, ки оё соњиби чунин рубої (Хайём), ки ба унвони њаким ва Њуљљатулњаќ маъруф буд, ва аз миёни амвољи сањмгини тўфони афкору андеша фарёд мекард, ки «шаб нест, ки аќл дар тањайюр нашавад в-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад! Пур менашавад косаи сар аз савдо, њар коса, ки сарнагун бувад пур нашавад», метавонист њарфњои пўчу бемояеро аз ин ќабил бигўяд, ки дар он на асаре аз завќ асту на нишоне аз њикмату хирад ва на ашбоње аз шеър, балки ба музахрафоти базлагуёни безарофат шабоњат дорад:

Эй бода, ту маъшуќи мани шайдої,
Ман май хўраму натарсам аз расвої.
Чандон май хўр, ки њарки бинад гўяд:
Эй хумми шароб, аз куљо меої?

Ин рубої, ки замоне ба номи баланди Хайём бисёр шўњрат пайдо карда буд дар маљолису мањофил ба обу тоб хонда мешуд ва њамон замон мавриди эътирози як рафиќи соњибзавќ ќарор гирифта буд ва афсўс мехўрд, ки ба Хайём зулм мешавад. Аз вай хостанд, то собит кунад, ки ин рубої пўч ва орї аз шеърият аст. Ибтидо суол кард, ки оё шумо метавонед бигўед, ки дар ин љо май хосу вижа ва ё маънавї аст? Чун гуфтанд: не, њаргиз чунин нест, гуфт: пас, ман танњо ба љои «май» ва «хум» калимањои дигареро, ки имрўз ин шеър бар сари онњо хонда мешавад мегузорам, (чаро ки маънии маљозї дар ашъори олї ин каламотро дорои маънавияти хос кардааст) ва мехонам, бубинам шумо мепазиред ё не! Ва… хонд:

Эй пива, ту маъшуќи мани шайдої,
Ман пива хурам, натарсам аз расвої.
Чандон пива хур, ки њар ки бинад гўяд:
Эй бушкаи пива, аз куљо меої?!

Ва дар идома афзуд, оё шумо фикр мекунед, як одами то гулў пур аз машруб аз замони Хайём то имрўз чї фарќе метавонад дошта бошад ва дар вуљуди он чи њикматест?  Ва ё тасаввур мекунед, ки Хайёмро ширкатњои машрубфурўшии замонаш киро карда буданд, то ба расми агентињои рекломи имрузї, ки аз фарти таблиѓи машруб, бахусус обљав (пиво) мавриди интиќоди шадиди Думаи Давлатии Руссия ќарор гирифтаанд, мањсулоти ононро таблиѓ ва бозорашонро гардон кунад?  Оё касе аз шумо њозир аст, ки ба фарзанди худ, ин навъ «њикмати аљдодї»-ро ба мерос бигузорад?
Албатта, мавзўъи Хайём ва тањлили образи май дар осори вай тањќиќоти алоњидаеро мехоњад, зеро њанўз дар ин маврид масоили мубњам зиёд аст ва тавре ки мулоњиза фармудед, мушоњидаи истифодањои њамроњ бо таљоњули ориф ва ё љањли мураккаб гуфторро дар ин мавзўъ аз ќолаби маъмул берун мекашад. Вале дар ин мухтасар он љо, ки матлаб таќозо мекунад, вуљуњи муштараки осори вай бо шуарои дигар дар  мавзўъи мавриди назар ёдоварї мегардад.
Табиист, суоле ба миён биёяд, ки чаро шуарои њаким, сўфї ва ориф барои баёни афкори олии худ аз вожањои аз нигоњи аќидатии худ накўњида ва мазмуме чун май, бода, шароб ва вожањои перомунии он: соќї, ќадањ, харобот (майхона), хумхона ва аз ин ќабил истифода кардаанд? Ва оё имкон надошт, ки ба љои ин вожањои «олуда» каламоти дигареро ба кор бигиранд, то хонандаи худро ба иштибоњ наяндозанд? Посух ба ин суол ба як сурат ва як иборат муяссар нест, зеро далоили корбурди вожа ва образи май дар адабиёти мо, аз љумла шеъри ирфонї, ба њамон андоза гуногун ва зиёд аст, ки васоил ва саноеъи баёни адабї ва шеърї гуногун мебошад ва дар идома кўшиш хоњад шуд, то њатталимкон ин далоил њамроњ бо сабку тарзи баёни адабї гурўњбандї ва муаррифї гардад.
Вале ибтидо бояд гуфт, ки шоирон дар њар маънї ва мавзўъе аз тамомии системаи образњо ва дар маљмўъ забони шеърии пешиниёни худ кор гирифтаанд, ва ибдоъоту навоварињои худро дар њамин матн љой додаанд, зеро њам зењни худи онњо ва њам њофизаи адабї ва завќи шеърии љомиъа њаминро таќозо менамуд ва аз ин рў на танњо май ва мастї, балки дар водињои дигар низ, аз љумла ишќу муњаббат, ниёишу парастиш низ аз абзорњои дар собиќ маъмул ва мусталањ истифода намудаанд ва ба унвони мисол метавон аз образи бут, санам ва… ёдоварї намуд, ки дар ашъори шуъарои пешини мо зиёд аст, ва маљоз дар он бештар аз май аст, зеро агар дар порае аз ашъори ќадими мо май њамон майи маъмулї бошад, пас, њеч гоњ санам ва бут маънии мустаќим ва одии худро надошта ва мо њатто ба эњтимоли заиф њам наметавон бигўем, ки шояд дар таърихи адабиёти мо суханваре бутпараст будааст. Вале тавсифи бут ва бутпарастї дар ашъори шуарои пешини мо камтар аз май ва майпарастї нест. Дар ин маврид њам ба вузуњ маълум аст, ки муроди шоир аз бут ва бутпарастї чизи дигарест. Дуруст нуќтаи акси он, яъне худопарастї ва дар баъзе аз маворид њам васфи зебоињои инсон аст.
Масалан Њофиз мегўяд:

Бибурд аз ман ќарору тоќату њуш,
Буте сангиндилу симинбаногўш.


ИЊОМ
Баргардем ба посухи суоли боло, ки њамин «дар иштибоњ андохтани хонанда» худ яке аз саноеъи адабї ба унвони «ињом» аст, ки вуљуди он дар назм боъиси эљоди шеърият мегардад. Пештар дар байте аз Хоља Њофиз ин навъ дар гумон афкандани хонанда ва бо ќалбу зењни он бозиданро мисол овардем ва дидем, ки њамин дар нишеби тунди гумон сарозер кардани хонанда ва дубора ба ќуллаи матлаби асл боло кашидани вай, чи тавр ќалби хонандаро зеру рў мекунад, ки њосили он эњсоси завќ ва ваљд мебошад. Њар ќадр воситаи ињом «дар гумон афкандан» бо асли матлаб тазоди бештар дошта бошад, ин завќ ва ваљд њамон андоза бештар мегардад. Бењтар аст мисоли ин бобро, ки дар зимни байтњои иќтибосии он њам ињоми маънавї ва њам лафзї барљаста ва ошкор аст, аз Имом Муњаммади Ѓаззолї наќл кунем, то њамзамон бо назари яке аз фаќењони маъруфи ислом, ки ба сахтгирї ва љиддияти зиёда маъруф аст, дар ин боб ошно шавед:
«Аммо сўфиён ва касоне, ки ишон ба дўстии Њаќтаъоло мустаѓраќ бошанд ва самоъ бар он кунанд ин байтњо ишонро зиён надорад, ки ишон аз њар яке маъние фањм кунанд ва аз нури рўй нури имон фањм кунанд ва бошад ки аз зулф силсилаи  ашколи њазрати Улуњият фањм кунанд, чунонки шоъир гўяд:
Гуфтам бишуморам сари як њалќаи зулфаш,
То бу ки батафсил сари љумла барорам,
Хандид ба ман бар сари зулфайнаки мушкин,
Як печ бипечиду ѓалат кард шуморам.
Ки аз ин зулф силсилаи ашколи њазрати Улуњият фањм кунанд, ки касе ки хоњад ба тасарруфи аќл ба вай расад, бо он ки сари мўе аз аљоиби њазрати Улуњият бишиносад, ба як печ, ки бар вай уфтад, њама шуморњо ѓалат шавад ва њама аќлњо мадњуш шавад.
Ва чун њадиси шароб ва мастї бувад дар шеър, на он зоњир фањм кунанд. Масалан чун шоир гўяд:
Гар ме ду њазор ратл барпаймої,
То май нахурї, набошадат шайдої.
Он фањм кунанд, ки кори дин ба њадису таъаллум рост наёяд, ки ба завќ рост ояд. Агар бисёрии њадиси  муњаббату ишќу зўњду таваккул ва дигар маъонї бигўї ва дар ин (бора) китоб тасниф кунї ва коѓаз дар ин бисёр сиёњ кунї, њеч судат накунад, то бад-он сифат нагардї.
Ва ончи аз байтњои харобот гўянд, њам чизе дигар фањм кунанд, масалан чун гўянд:
Њар к-ў ба харобот нашуд бедин аст,
Зеро ки харобот усули дин аст.
Ишон аз ин харобот (маънии одии он-майхона аст. - Р.В.) харобии (аз байн рафтани) сифоти башарият фањм кунанд, ки усули дин он аст, ки ин сифот ки ободон аст, хароб шавад то онки нопайдост дар гавњари одамї пайдо ояд ва ободон шавад.
Ва шарњу фањми он дароз бувад, ки њар касеро дархўри назари худ фањме дигар бошад». (Кимиёи саъодат,  љилди аввал с. 377)
Албатта ин образњо дар њар шоири орифе ва ѓайриорифе љилвањои хос дорад ва он гуна, ки Имом Ѓаззолї мефармояд, њар якеро дархури назари худ фањми дигаре бошад, чи шоирро ва чи хонандаро, бино бар ин кўшишњое аз ќабили сохтани фарњанги луѓоти тафсирии истилоњоти шеъри ирфонї корест, ки ба диќќат ва ќотеъият наметавон анљом дод ва масалан наметавон гуфт, ки дар ашъори њамаи шоирони ориф зулф фалон маъниро дорад ва сабўи май ва харобот фалон маъниро, зеро њар яке метавонад дурахшњои маънавии хосе дошта бошад, вале ончи муштарак ва мукаррар аст, ѓолибан њамин маънавї ва ѓайриодї будани ин истилоњоти шеърист ва дар маљмўъ бояд гуфт, ки корбурди одии њар навъ калимаи дигаре њам дар шеър, аз зоти њунар нест онгуна, ки њеч наќќоше чизеро тасвир накунад, ки муроди вай мањдуд ба айни њамон чиз ва модда бошад ва агар чунин бошад, дар он тасвир њунар љойгоње нахоњад дошт ва њатто аккосии (суратгирї ва на суратгарї) њунарї фаротар аз он аст, ки муроди аккос ба айни моддии њамон акс мањдуд бошад, то чи расад ба шоирони ориф, ки дар ашъори онњо њар тасвире дар заминаи моддї ва маънї ба нињояти латофат ва таљрид (абстраксия) мерасад. Масалан, замоне, ки Њофиз нидо мекунад:

Орифе ку, ки кунад фањми забони савсан,
То бигўяд, ки куљо рафту куљо боз омад.
Ин савсан, ки ба зоњир дар тасаввури мо навъе аз гул аст, мушаххас ва малмусу мањсус, дар ин љо ишорате латиф ва маънавист аз љањони халлоќияти Парвардгор, ки мушоњидаи зинда ва маънавии он, ваљди пуршўре дар дилњои зинда меафканад ва ин навъ тасвир бартар аз њар навъ тасвири моддї (натуралии) он (савсан) мебошад.
Ба ин маъност, ки Хоќонии Шарвонї мегўяд:
Суварнигори њадисам, вале њар он сурат,
Ки љон дар он натавонам намуд, нангорам.
Ба ин маъност, ки Саъдии Шерозї мефармояд:
Барги дарахтони сабз дар пеши худованди њуш
Њар вараќе дафтарест, маърифати Кирдгор.


СУКРИ СЎФИЁНА ВА МАСТЇ,
АЌЛ ВА ВАЉДУ ЊОЛИ ОШИЌОНА
Ибтидои маърифат бо эњсос аст ва инсон нишонањо ва аломоти чизњоро бо эњсоси панљгона дармеёбад ва пасон ба коргоњи аќл месупорад, то аќл ба љамъбасту ташхису тањлил ва ќиёс ба шинохти моњияти ашё ва ањвол мепардозад, вале шинохти комили моњияти ашё ва ањвол њаргиз муяссар намегардад, њар ќадр ки муќаддимаи ороста бо далоили њиссї ва аќливу мантиќї такмил шуда бошад, зеро маърифатро бидоят ва нињоят пайдо нест. Он гуна, ки Ибни Сино мефармояд:
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мўй надонист, вале «мўй шикофт».
Андар дили ман њазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае роњ наёфт.
Њоло ин дар боби маърифати олам ва моњияти ашёст, вале чун мавзўъ ба маърифати Офаридгори олам баргардад, кори њис ва аќл сахттар мешавад, зеро ба гуфти њаким Фирдавсї:
Зи ному нишону гумон бартар аст,
Нигорандаи баршуда пайкар аст.
Ба бинандагон Офаринандро,
Набинї, маранљон ду бинандаро.
Наёбад бад-ў низ андеша роњ,
Ки ў  бартар аз ному аз љойгоњ…
Ба њастиш бояд ки хасту шавї,
Зи гуфтори бекор яксў шавї.
Парастанда бошиву љўяндароњ,
Ба фармонњо жарф кардан нигоњ…
Яъне њаким Фирдавсї, чун мусалмони муќин ва мутмаин кор бастани хирадро дар шинохти моњияти  зоти Аллоњ кори бењуда медонад ва мўътаќид аст, ки Офаринандаи хирад бартару болотар аз он аст, ки дар зарфи махлуќи худ (хирад ва инсон) бигунљад ва бењтар он аст, ки ба њастии Офаридгор имон ва итминон дошта бошї ва хирадро дар иљрои фармонњои Офаридгор ва парвардгори хирад ва хирадманд ба кор бандї, яъне марди амал бошї.
Амал хоњї, яќинро пухтатар кун:
Яке гиру яке гўю яке бош!
(Иќбол)
Вале ин панди судманд ошиќи маърифати илоњиро, ки хосони Худоянд, пазируфта намеояд, зеро зимоми дили ошиќи маърифати он зоти бечун аз кафи онњо бурун ва дар дасти худи Офаридгор аст ва љазбаи муњаббати ин маърифат бандњои аќлу ихтиёрро мешиканад ва ошиќро ба љое мерасонад, ки дигар маркаби аќл, ки дар ибтидои роњ (водии талаб) бо ў буд пой дар гил мемонад ва дар идома солики роњи маърифати илоњї аќлро нотавон ва уфтода дармеёбад ва худро дар миёни дарёи тўфоние мебинад, ки танњо шўру мастии ишќи маърифати илоњї метавонад њавлу њайбати ин тўфонро аз дили ў берун созад, онгоњ солик толиби афзоиши ин шурў мастї аз манбаъи файёзи илоњї мегардад:
Ало, ё айюња-с-соќї, адир каъсан ва новилњо,
Ки ишќ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилњо…
Шаби торику бими мављу гирдобе чунин њоил,
Куљо донанд њоли мо сабукборони соњилњо?!

Ва ќуввати ин шароби ишќи маърифатафзойро то  љое мечашад, ки бовар дорад, бо даркашидани он њатто њавлу бими азими Рўзи Растохезро њам метавон аз дил берун кард:
Пиёла бар кафанам банд, то ба рўзи њашр,
Зи дил бурун бибарам њавли Рўзи Растохез.
Ва маълум аст, ки аќл низ дараљоте дорад ва онљо, ки сўњбат аз аќли фурўмонда дар масири сайру сулуки ошиќони маърифати Илоњї ба миён меояд, манзур аќли ибтидої ва танњо мусаллањ бо њавоси панљгона ва асбоби мантиќ мебошад, вале дар маљмўъ ин аќл њам дар хидмати маркази маърифат ва ишќи Илоњї, яъне дар хидмати дил мебошад, онгуна, ки Имом Ѓаззолї мефармояд:
«Пас, њавос  ходими аќланд ва аќлро барои дил офаридаанд, то шамъу чароѓи вай бошад, ки ба нури вай њазрати Улуњиятро бубинад, ки бињишти вай аст. Пас, аќл ходими дил аст, ва дилро барои наззораи њазрати Рубубият офаридаанд».[1]
Чун њоло маљоли ин бањси тўлонї нест, ба ин ќадр иктифо мешавад, ки ваљњи муштарак миёни мастии (ваљду њоли) сўфиёна ва орифона бо мастии одї («обиангурї») њамоно берун рафтан аз ќайду банд ва чуну чарои аќл аст ва ворид гардидан ба водие «бе њадду марз ва бас фарох».
Моро зи манъи аќл матарсону май биёр,
К-ин шањна дар вилояти мо њечкора нест.
(Њофиз)
Амммо тафовути боризе, ки байни ин ду навъ мастї дар муносибат ба аќл њаст, ин аст, ки мастии одї ва њосил аз майи моддї аќлро забун ва хомўш месозад ва корро ба дасти эњсосоти њайвонї медињад, ки дар нињоят сањми аќл аз ин ањвол дареѓ ва пушаймонист, вале мастии ирфонї бар рўи мутањаййири аќли мантиќї уфуќњои тоза ва     нопаймудаеро боз мекунад ва њосили аќл аз ин њамсайрї забунї ва хорї нест, балки њайрат ва шигифтї аз мулоњизаи парвозњои  гардунсайр варои мањдудањои њиссу мантиќи оддист, ки дар нињоят ба сурати таљриба онро дар бойгонии њофизаи худ сабту забт менамояд. Муњаммад Иќбол мўътаќид аст, ки вуљуди мањсуси таљоруби ањволоти ирфонї, шоњиди воќеъияти ин ањвол мебошад, ки дар нињоят њам табдил ба бозёфти маъќул ва боиси камолоти аќл мегардад.
Бахши зиёде аз ашъори суханварони ориф, ки дар он аз истилоњи шеърии «май» ва ќаринањои он кор гирифта шудааст, дар њамин чањорчўби таносуби аќл ва мастї (ё аќл ва ишќ) мебошад. Њатто хеле аз рубоиёти Умари Хайём дар чањорчўби њамин таносуб суруда шудаанд, агарчи Хайём худ як њакими хирадгаро буд:
Умрест, ки маддоњии май вирди ман аст.
Асбоби май аст, њар чи дар гирди ман аст.
Зоњид, агар устоди ту аќл аст ин љо,
Хуш бош, ки устоди ту шогирди ман аст.
Ва албатта маълум аст, ки он май, ки чандон маърифат дињад, то аќли зоњиди зоњирбин шогирди кас гардад, чї май аст, агар он маи ирфонии Румиву Њофиз нест, пас дар њар њоле он маи моддии зоилкунандаи аќлу хирад њам нест.

МАСТИИ АЗАЛЇ ВА АБАДЇ (Масти Аласт)
Яке аз мавориди мукаррар дар истифодаи вожањои май ва мастї васфи майи азалї, мастии азалї ва «масти аласт» мебошад, ки дар осори њамаи суханварони ориф љойгоњи муњим дорад. Дар маљмўъ манзури суханвари ориф дар ин маврид он аст, ки вуљуди гавњари ишќ ва маърифати илоњиро аз ибтидои офариниш дар њастии худ мешиносад, мепазирад ва бо он нозишу мубоњот дорад ва гоње њам онро ба унвони узри малењ дар баробари заъф ва наќс дар иродаву ихтиёри худ ёд мекунад.           

Њофиз мефармояд:
Ба њеч давр нахоњанд ёфт њушёраш,
Чунин, ки Њофизи мо масти бодаи азал аст.
Ва љои дигар:
Дўш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили Одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони њарами ситру афофи малакут
Бо мани роњнишин бодаи мастона заданд.
Бедил мегўяд:
Майпарасти эљодам, нашъаи азал дорам,
Њамчу донаи ангур шиша дар баѓал дорам.
Мавлонои Румї, на танњо инсонро, балки тамоми олами њастиро саршор аз майи азал ва пўёну чархон аз нашъаи мастии азалї мебинад:

Сорбоно, уштурон бин сарбасар ќаттор маст,
Мир масту хоља масту ёр маст, аѓёр маст.
Боѓбоно, раъд мутриб, абр соќї гашту шуд
Боѓ масту роѓ масту ѓунча масту хор маст
Осмоно, чанд гардї, гардиши унсур бубин:
Об масту бод масту хок масту нор маст.
Њоли сурат инчунину њоли маънї худ мапурс:
Рўњ масту аќл масту хок маст, асрор маст.
Рав ту љабборї рањо кун хок шав, то бингарї
Зарра зарра хокро аз Холиќи љаббор маст…
Соќиё, бода яке кун, чанд бошад арбада:
Дўстон з-иќрор масту душманон з-инкор маст.
Бодае дорї худої, бас сабукхору латиф,
З-он агар хоњад бинўшад рўз сад хирвор маст.
Шамси Табрезї, ба даврат њич кас њушёр нест,
Кофару мўъмин харобу зоњиду хаммор маст.
Ин чи мастист, чанд навъ метавон таъбир кард, вале дар маљмўъ, вобастаи машияти илоњї будани њолу њаракоти њама махлуќоти Худованд мебошад ва пештар аз Мавлоно шунида будем, ки:
«Обу хоку боду оташ бандаанд, бо ману ту мурда бо Њаќ зиндаанд».

Ављи ин ѓазал њамин байт аст:
Соќиё, бода яке кун, чанд бошад арбада,
Дўстон з-иќрор масту душманон з-инкор маст.
Яъне мункири Њаќ њам вобастаи машияти илоњист ва масти майи соќии азал аст ва ба Њаќ дар њеч њоле бемуносибат нест, танњо ин аст, ки муносибати вай манфї ва инкорист ва агар соќии азал ўро низ аз он навъи бода, ки дўстонро медињад, бичашонад, оташи арбадаи ў бо дўстони Њаќ фурў менишинад.
Ин навъ мастии ирфонї њамчун нишони садоќат ва ихлос бо дар муќобили ибодот ва зуњди орї аз ваљду њол вале њамроњ бо тамаъи музди охират гузошта мешавад:
Зоњид шароби Кавсару Њофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи Кирдгор чист.

Ва аз навъи њамин андеша аст, ки љои дигар мефармояд:
Ту бандагї чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки хоља худ равиши бандапарварї донад.
Ва ё:
Тарсам, ки сарфае набарад рўзи бозхост
Нони њалоли шайх зи оби њароми мо.
Ба тасрењи бештар ин май ва ин мастиро дар таъбири «масти аласт» метавон тавзењ дод, ки яке аз нуктањои бисёр дилпазири ќуръонї дар њадиси офариниши инсон ва паймони банї Одам бо Офаридгор мебошад. Ин њадис дар миёни оммаи мардуми мусулмони тољик њам шўњрати тамом дорад ва таъбири «масти аласт» як таъбири мардумї шудааст. (Агарчи ба ќатъият наметавон гуфт, ки њамагї аз асли њикмати он огоњї доранд).
            Ба хотири равшантар шудани масъала месазад бахши марбут ба ин мавзўъ аз китоби пажўњишгари эронї Муњаммад Љаъфари Ёњаќї «Фарњанги асотир ва достонворањо дар адабиёти форсї» иќтибос шавад:
«Аласт
            Мураккаб аст аз «а» (нишонаи истифњом)+ «ласту» (феъли мозии мутакаллими воњида аз «лайса») ва маљмўъан ба маънои «оё нестам ман?». Ин таъбир аз ояи 172 сураи Аъроф маъхуз ва ба ин маъност, ки пеш аз хилќати башар Худованд њарчи аз насли Одам фарзанд хост ки бошанд то рўзи Растохез, њамаро ба сурати зурриёте аз пушти Одам берун овард ва хитоб ба онњо гуфт: «Аласту бираббикум. Ќолу: бало, шањидно» (Оё Парвардгори шумо нестам? Гуфтанд: бале, гувоњї медињем) ва ба ин тартиб онњо ба худовандии Худо гувоњї доданд ва аз он пас ба сурати аввал ба пушти Одам бозгардонда шуданд.
            Донишмандони исломї ва муфассирин дар вуљуди «олами зарр» ва кайфияти ихрољ ва ишњод ихтилоф кардаанд. Бархе ба тариќи исбот рафтаанд ва бархе ба роњи нафй ва ба ин тартиб «Рўзи Аласт» ба унвони рўзи ањду паймон ва мисоќ ва даъват ба вафодорї ва замони инъиќоди нутфаи хубињову бадињо ва бињиштиву дўзахї шудани инсонњо шўњрат ёфтааст. Ба ривояти Балъамї ваќте њама ба худоии Худо иќрор карданд, пас он њамаро ба ду ним кард. Як нима аз дасти рост ва як нима аз дасти чап. Дастиростињоро гуфт, ки инњо бињиштиянд ва дастичапињоро гуфт, ки инњоро ба љањаннам хоњам бурд. Табарсї ин ваљњро рад мекунад ва мегўяд: «Аласту бираббикум» забони њол аст. Яъне Худованд бандагонро фитратан ба роњи тавњид офарид ва ба баёни дигар ин ањд ањди таквинист, на ањди лисонї (забонї).
            Ба ин тартиб, таањњуди инсон аз безамонї, яъне Рўзи Аласт оѓоз шуда ва то камоли инсон идома дорад. Инсон њофиз ва њомили амонатест (--бори амонат), ки дар ин рўз бар ў муњвал шуда ва рисолати аслияш ба хотир овардани ањди мастур дар он амонат аст.
            Дар ирфони исломї мабнои инсоният таањњуди одамї дар ќиболи њамин амонат аст ва ояи «Аласту бираббикум» фитрати ўро муайян мекунад, ки дар ин љо иборат аз он паймонест, ки дар замони азалї ва оѓозин ё замони асотирї баста шуда ва камоли одамиро дар гарави тањаќќуќ бахшидан ба ин паймони азалї ќарор додааст. Инсон дар асари њубут дар олами касарот ва љањони фурудин ин паймонро аз ёд бурдааст. Аммо ориф метавонад бо ризоят (шояд – риёзат) ва мудовамат дар зикр он фитрати оѓозинро бишукуфонад ва ба маќоми инсони комил бирасад. Аз ин рў дар шеъри ирфонии форсї таъобири мухталифе аз ќабили ањди аласт, љоми аласт, завќи аласт, нидои аласт ва љуз он дар иртибот бо ин паймон роњ ёфтааст.
            Миёни љашни баќо кард нўш, нўшаш бод[2]
            Зи дасти соќии љон соѓари шароби Аласт.
                                                                                                                                                                                                                               (Аттор)
            Аз нор баркашида кулањгўшаи «бало»[3]
            Дар гўш карда њалќаи маъшуќаи Аласт.
                                                                                                                                                                                                                               (Аттор)
            Аттор, дар ин роњ ќадам зан, чи занї дам,
            То чанд занї лоф, ки «ман масти Аластам»?
                                                                                                                                                                                                                               (Аттор)
   Аз рўзи азал њанўз мастам
            В-аз шавќи Аласт дар суљудам.
                                                                                                                                             (Аттор)
            Аласт аз азал њамчунонаш ба гўш,
            Ба фарёди «ќолу бало» дар хурўш.
                                                                                                                                             (Саъдї)
Магў бўйе аз ишќ мастат кунад,
            Талабкори ањди Аластат кунад.
                                                                                                                                             (Саъдї)
Мутриб оѓозид пеши турки маст
            Дар њиљоби наѓма асрори Аласт.
                                                                                                                                             («Маснавї»)


Маталаб тоату паймони дуруст аз мани маст,
            Ки ба паймонакашї шўњра шудам рўзи Аласт.
                                                                                                                                                         (Њофиз)

            Бирав, эй зоњиду бар дурдкашон хурда магир,
            Ки надоданд љуз ин тўњфа ба мо рўзи Аласт.
                                                                                                                                                         (Њофиз)
Маќоми айш муяссар намешавад бе ранљ,
            Бале, ба њукми бало бастаанд ањди Аласт.
                                                                                                                                                         (Њофиз)
Дилам зи бодаи рўзи Аласт ранге ёфт,
            Њанўз бўйе аз он бода дар машоми ман аст.
                                                                                                                                                         (Салмони Соваљї)
Гўш дар замзамаи ќавли «бало»,
            Њўш ѓоратзадаи љоми «Аласт».
                                                                                                                                                         (Салмони Соваљї)
           
Ту чаро «Аласту бираббикум» назанї, бизан, ки агар занї,
            Њама зарра-зарраи коинот пур аз садои «бало» кунї.
                                                                                                                                                         (Тоњираи Ќурратулайн)
Аз њар тараннуме дилаш аз љой меравад,
            Њар кас шунидааст нидои Аластро
                                                                                                                                                         (Соиб)
Анљуман рўзи Аласт оростанд,
            Бар вуљуди худ шањодат хостанд.
                                                                                                                                                         (Иќбол)
Сад њазор африштаи тундарбадаст
            Ќањри Њаќро ќосим аз рўзи Аласт.
                                                                                                                                             (Иќбол)
Аз барои як «бало» к-андаро азал гуфтаст љон,
            То абад андар дињад марди «бало» тан дар бало.
                                                                                                                                                                     (Саної)»[4]                                                                      
            Њамин таъбири «масти Аласт», ки бешак, љомеътарин мафњуми дарбаргирандаи маъонии манзури шоирони ориф ва маънавї аз вожањои май, шароб, мастї, соќї ва аз ин ќабил мебошад, дар як ѓазали шайх Аттор бо шарњу басти тамом омадааст:
            Мо зи хароботи ишќ масти Аласт омадем,
            Номи бало чун барем, чун њама маст омадем.
            Пеш зи мо љони мо хурд шароби Аласт,
            Мо њама з-он як шароб масти Аласт омадем.
            Хок буд Одам, ки Дўст љуръа бод-он хок рехт,
            Мо њама з-он љуръаи Дўст ба даст омадем.
            Соќии љоми Аласт чун васиќињум бигуфт,
            Мо зи пайи нестї ошиќи њаст омадем.
            Дўст чињил бомдод дар гили мо дошт даст,
            То чу гул аз дасти Дўст даст ба даст омадем.
            Шаст дарафканд Ёр бар сари дарёи ишќ,
            То зи пайи чил сабоњ љумла ба шаст омадем.
            Хезу дило маст шав аз майи ќудсї азон-к
            Мо на бад-ин тира хок бањри нишаст омадем.
            Дўст чу љаббор буд, њеч шикасте надошт,
            Гуфт шикаст оварид, мо ба шикаст омадем.
            Гавњари Аттор ёфт ќадри баланде зи ишќ,
            Гарчи зи таъсири љисм гавњари паст омадем.

МАЙ ВА МАСТЇ – ВОСИТАИ МУБОЛИЃА
Дар гуфтори одии њаррўзаи худ њар яке борњо ин шеваро ба кор мебарем ва барои таъкиди нописанд будани чизе ва ё коре муќаддимае аз чизњо ва ё корњои нописанд, макруњ ва зишт дуруст мекунем ба тавре ки зиштї ва нописандии он чизњо ва корњои мазкур дар ин муќаддима ба њадде ошкор ва ъалайно бошад, ки дар баду нописанд будани чизњо ва ё корњое, ки нањй ва радди онњо манзури мо њаст, дигар шакку тардид боќї намонад. Масалан, касе мегўяд: «Ман мехоњам рўи хукро бубинаму рўи фалониро не!» ва набояд ин суханро чунин таъбир кард, ки гўянда дидани рўи хукро дўст медорад ва дар орзуи он аст. Балки ин муболиѓае њаст дар таъкид ба зишт ва нописанд будани дидори касе барои гўяндаи ин сухан. Агар чизе бадтар аз хук буд, гўянда дар муќаддима онро меовард, вале мутмаин аст, ки зишттар аз ин чизе нест, то дар «партави» он зиштии дувумї ошкор гардад. Ва аз њамин ќабил аст, ваќте ки Бўалї Сино мегўяд:
Хар бош, ки ин љамоъа аз фарти харї
Њар к-ў на хар аст, кофараш мехонанд
Ва албатта њеч касе чунин бардошт нахоњад кард, ки Бўали Сино аз хонандаи худ мехоњад, ки хар бошад, балки манзураш таъкид бар љањли он тоифаи нодон њаст.
Ва намунаи бисёр барљастаи ин шеваро дар њамин байти машњур метавон мулоњиза кард:
Май хўру Мусњаф бисўзу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорї макун.
Дар ин байт шоир ба манзури он, ки кори баду нописанд ва гуноњи азим будани мардумозориро таъкид намояд, муќаддимае барои ќиёс аз бадтарин корњо ва шадидтарин гуноњон дуруст кардааст, ки дар воќеъ инсони мўъмин њатто аз хондани он эњсоси вањшат мекунад ва дар ин миён май хўрдан (ки њамон маи моддист) дар радифи чунон гуноњони азим ќарор дода шудааст. Ва оё равост, ки касе аз ин байт чунин маънї бигирад, ки агар мардумро наёзорад, бар вай равост, ки май бинўшад? Агар бигўем равост, пас, ба ин мантиќ метавон гуфт, ки ба он корњои дигар њам, яъне сўхтани  Ќуръон ва оташ задан дар Каъба (паноњ ба Худо) њаќ пайдо мекунад.
Аз њамин шева аст, ваќте ки Њофиз мегўяд:
Њофизо, май хўру риндї куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дагарон Ќуръонро.
Яъне доми фиреб кардани Ќуръон бисёр кори бад аст,  њатто бадтар аз он аст, ки май хўриву риндї (бебандуборї) куниву аз ин кардаи худ на ин ки пушаймон, балки хушњол бошї. Оё кас маљбур аст, ки њатман бадкорї кунад ва чорае љуз ин надорад, ки аз миёни ду бад камтарашро интихоб намояд. Масалан, аз доми фиреб кардани Ќуръон бигзарад ва дар иваз барои «љуброн»-и ин гузашт бираваду май бихўрад? Албатта, њеч содалавње њам чунин мантиќро ќабул надорад, то чи расад ба Њофиз.
Нуктаи усулї дар  ин бањс он аст, ки оё он суханварони бузурге, ки ба, муфтї, фаќењ, мўњтасиб, зоњид ва аз ин ќабил намояндагони расмии дин ба мухолафат ва интиќод мепардохтанд ва бо риёкорињо ва зоњирпарастињои онон мубориза мебурданд, худ дар чї пойгоњи аќидатие ќарор доштанд? Магар ба њаќиќат «атеисти љанговар» ва мункири њаќоиќи ислом буданд?
Посухи ин суол ин аст, ки ќатъан дар хусуси ин суханварон наметавон чунин гумон бурд, ки онон аз тариќи инод ва инкор нисбат ба ислом ва омўзањои он бо намояндагони расмии он чун зоњид, мўњтасиб, муфтї, ќозї ва аз ин ќабил ба ситеза ва муљодала мепардохтаанд, балки асли ќазия чунин аст, ки онон дар баробари зоњирпарастї ва риёи ин тоифа аз мавќеъи усулан дигар, яъне самимият ва муњаббати холисона ва ошиќона нисбат ба Худо ва дини он сухан мегуфтанд ва дар наздикиву таќарруб ба Зоти Парвардгор худро нисбат ба ин гурўњ ба маротиб ва ѓайри ќобили ќиёс муваффаќтар медонистанд ва чун гурўње аз сўфия, ки ононро маломатиён мегуфтанд, санги маломати мардуми бехабар аз ваљду њол ва шўру ишќи илоњиро њамчун мукофот ва љоиза дар баробари муњаббати холисонаи худ мепазируфтанд. Аз ин љост, ки Хоља Њофиз мегўяд:
Њар сари мўи маро бо ту њазорон кор аст,
Мо куљоему маломатгари бекор куљост!

ТАСРЕЊИ МАЙ ВА МАСТЇ
Аз маљмўъаи ашъоре, ки шуъаро, аз љумла шуъарои мутассавиф ва ориф дар мазаммати майи моддї ва мастии одї сурудаанд, метавон љилд-љилд китоб фароњам овард, ки ин худ шоњиди рўшане бар он аст, ки май ва мастии мавриди васф ва ќабули онњо, ѓайри ин шароби алкулї ва мастии одї мебошад. Њамзамон, дар баъзе аз маворид ин суханварон ба тафовути майи маънавї ва мавриди назари худ бо майи одї ишорањо кардаанд. Ба чанд мисол иктифо мешавад ва њар хонандае бо андак диќќат ва мутолиа худ метавонад мисолњои зиёдеро дар ин мавзўъ пайдо намояд:
Мавлоно Љалолиддини Румї:
Орифонро шамъу шоњид нест аз беруни хеш,
Хуни ангўрї нахўрда, бодашон њам хуни хеш.
Њар касе андар љањон Маљнуни Лайлое шуданд,
Орифон Лайлои хешу дамбадам Маљнуни хеш…
Бода ѓамгинон хуранду мо зи май хушдилтарем,
Рав, ба мањбусони ѓам дењ, соќиё, афюни хеш.
Хуни мо бар ѓам њарому хуни ѓам бар мо њалол,
Њар ѓаме, к-у гирди мо гардид, шуд дар хуни хеш.
Бода гулгун аст бар рухсори беморони ѓам,
Мо хуш аз ранги худему чењраи гулгуни хеш.
Ман наям мавќуфи нафхи сур њамчун мурдагон,
Њар замонам ишќ љоне медињад з-афсуни хеш.
Хоља Њофиз:
Моро ба мастї афсона карданд,
Пирони љоњил, шайхони гумроњ.
Ва ё:
Мастии ишќ нест дар сари ту,
Рав, ки ту масти оби ангурї!
Низомї:
Маро, соќиё, ваъдаи эзадист,
Сабў аз харобї, май аз бехудист.
Вагарна, ба Яздон, ки то будаам,
Ба май домани лаб наёлудаам.
Гар аз май шудам њаргиз олудаком,
Њалоли Худой аст бар ман њаром!
Хоќонї:
Бодаро бар хирад макун ѓолиб,
Девро бар малак макун солор.
Файзи ибнуссањоб хўр чу садаф,
Њайзи бинтулинаб махўр зинњор.
З-оби рангин њиљоби аќл масоз,
Шўълаи нор пеши шер маёр.
Камолиддини Биної:
Эй бародар, маёр рў ба шароб!
Бањри андўњу мењнат аст ин об.
Душмани аќлу хасми љон аст ин,
Хонавайронкуни љањон аст ин.
Кист майхора? – Марди маљнунваш,
Зада дар худ ба дасти худ оташ.
Иштибоњ дар фањми муроди орифон аз истилоњи май ва ё шароб як ѓалати маъруфи ќадимї будааст. Ба ин хотир аст, ки Мавлоно Љалолиддини Балхї ин нуктаро дар кулл барои тафсири иштибоњ дар фањми муроди гўянда аз ибороти маънавї ва динї ба унвони тамсил ба кор мебарад ва бо тафсилоти даќиќе, ки хоси сабки ўст, ба шарњи ин маъно мепардозад ва менависад:
«Истидъои амири турки махмур мутрибро ба ваќти сабўњ ва тафсири ин њадис, ки «Инна лиллоњи шаробан аъаддању ли авлиёињи изо шарибу сакиру ва изо сакиру тобу, ила охири њадиси»
Май дар хуми асрор бад-он мељўшад,
То њар ки муљаррад аст, аз он менўшад.
«Ќолаллоњу таъоло: иннал аброра яшрабуна»
Ин май, ки ту мехўрї њаром аст,
Мо май нахўрем љуз њалоле.

Љањд кун, то зи нест њаст шавї,
В-аз шароби худой маст шавї.

Аъљамитурке сањар огоњ шуд
В-аз хумори хамр мутрибхоњ шуд.
Мутриби љон мўниси мастон бувад,
Нуќлу ќуту ќуввати маст он бувад.
Мутриб ишонро суи мастї кашид,
Боз мастї аз дами мутриб чашид.
Он шароби Њаќ бад-он мутриб барад
В-ин шароби тан аз ин мутриб чарад.
Њар ду гар як ном дорад дар сухан,
Лек шаттон[5] ин Њасан то он Њасан.
Иштибоње њаст лафзї дар баён,
Лек худ ку осмон то ресмон?
Иштироки лафз доим рањзан аст,
Иштироки габру мўъмин дар тан аст.
Љисмњо чун кўзањои бастасар,
То ки дар њар кўза чи-бвад он, нигар.
Кўзаи он тан пур аз оби њаёт,
Кўзаи ин тан пур аз оби мамот.
Гар ба мазруфаш назар дорї, шањї
В-ар ба зарфаш бингарї ту, гумрањї.
Лафзро монандаи ин љисм дон,
Маънияшро дар дарун монанди љон.
Дидаи тан доимо танбин бувад,
Дидаи љон љони рўшанбин бувад.
Пас зи наќши лафзњои Маснавї
Сурате зол асту њодї маънавї.
Дар Нубї фармуд к-ин Ќуръон зи дил
Њодии баъзеву баъзеро музил.
Аллањ, аллањ, чунки ориф гуфт «май»,
Пеши ориф кай бувад маъдум шай.
Фањми ту чун бодаи шайтон бувад,
Кай туро вањми майи Рањмон бувад?..


ДАР НИЊОЯТ
Фосилаи замонии зиёде, ки мо бо суханварони пешин дорем ва камбуди иттилоъот шояд ин тардидро ба миён биёрад, ки чун мо ба рўзгор ва рафтори ин шоирон вуќуфи комил надорем, ба ќатъият наметавонем гуфт, ки онон ба тамом аз майи моддї сарфи назар кардаанд, чаро, ки васфи зиёди май ва мастї ин гумонро ба вуљуд меорад, ки касе, ки аз майи моддї ба куллї бапарњез ва ноошно бошад, то ин њад май ва мастиро васф намекунад. Дар посух метавон аз суханвароне ёд овард, ки чандон фосилаи замоние бо мо надоранд ва мо аз рўзгор ва машияти онон огоњии комил дорем ва медонем, ки ќатъан њаргиз даст ба майи моддї набурдаанд, вале ба сабку сиёќи суханварони орифи пешин васфи майи маънавиро зиёд кардаанд. Аз љумла Муњаммад Иќболи Лоњурї, ки дар «Соќинома»-и худ сурудааст:
Чї хоњам дар ин гулситон гар нахоњам
Шаробе, кабобе, рубобе нигоре.
Сарат гардам, эй соќии моњсимо,
Биёр аз ниёгони мо ёдгоре.
Ба соѓар фурў рез обе, ки љонро
Фурўзад чу нуре, бисўзад чу норе…
Њамчунин дар ѓазалиёти ин шоири ориф ва мусулмони муљоњид васфи май зиёд аст, ки бо таваљљўњ ба шахсияти вай, хусусиёти ин май маълум мебошад:
Соќиё, бархезу май дар љом кун,
Мањв аз дил ковиши айём кун…
Гузашта аз ин дафтари ѓазалиёти орифонаи рањбари инќилоби исломии Эрон имом Хумайнї мамлу аз васфи май ва масти ирфонї мебошад:
Дари майхона кушоед ба рўям шабу рўз,
Ки ман аз масљиду аз мадраса безор шудам.
Њамчунин оятуллоњ Муњаммадњусайни Таботабої дар ѓазали зебои худ месарояд:
Њамегўяму гуфтаам борњо,
Бувад кеши ман мењри дилдорњо.
Парастиш ба мастист дар кеши мењр,
Бурунанд аз ин љирга њушёрњо…
Девону дафтари зиёди ашъор аз шуарои мањалњои мухталифи Тољикистон ва Ўзбакистони имрўзи дар ќарни 19 ва авоили ќарни 20 (ќабл аз вуќўъи инќилоби болшевикї) боќї мондааст, ки ин шоирон ба унвони пешвоёни мазњабї дар миёни мардум маъруф њастанд ва ба шеваи суханварони орифе чун Мавлонои Румї, Хоља Њофиз ва Бедил ашъори орифона сурудаанд ва дар ин ашъор васфи май ва мастї зиёд аст, ки бидуни тардид ин њамон май ва мастии ирфонист, бавижа ки баъзе аз кутуби шоирони орифи фавќуззикр дар мадорис ва њавзањои динии ин сарзамин ба унвони китоби дарсии мазњабї тадрис мешуд.
                                                                                                                                                                                                                                                                  Соли 2007
НИЗОМИ СУХАН ВА НИЗОМИ АНДЕША

            Ба њама маълум аст, ки адабиёти классикии мо як падидаи нодир ва фавќулода аст, ки бо дар бар гирифтани њикмат, фалсафа, ирфон, ахлоќ (этика) ва дар маљмўъ тамоми натоиљ ва самарањои илму фарњанги ќадим, табдил ба муњимтарин ва асоситарин мењвари фарњанги миллии мо гардида, то њанўз ќазоватњои мо  дар бораи масоили мухталиф бештар ба воситаи он сурат мегирад ва ё њадди аќал аз он ба таври зимнї истифода мешавад. Оё дар умум ин як амри манфї аст. Албатта не. Бисёр хуб аст ва дар њаќиќат на њамаи мо њам ба он њад аз адабиёти худ огоњї дорем, ки битавонем бамаврид аз он истифода намоем.
            Њамзамон бояд ёдоварї кард, ки набояд як пора шеър ё навъи дигари адабї ба танњої ва гусаста аз матни куллии афкор, оро ва љањонбинии як адиб ва њамчунин улум ва назариёти роиљи даврони он адиб, ки худ парвардаи он муњит ва он мактаб будааст,  ба унвони хулосаи илмии ќотеъ дар хусуси як масъала пешнињод гардад.  Њатто агар ин хулосаи илмиест, ки мањз ба њамон адиб  ва ё даврони вай марбут дониста шавад. Ду нафар метавонанд, масалан, дар бораи пайрави аќидаи љабр ё ихтиёр будани Њофизи Шерозї соатњо бањс кунанд ва њар яке аз эљодиёти худи њамин шоир чандин байтро мисол биёранд, ки дар яке љабрї дониста мешавад ва дар дигар ихтиёрї. Хоља Њофиз мавриде бо як шањомати фавќулода хитоб мекунад:
      Чарх барњам занам, ар ѓайри муродам гардад,
      Ман на онам, ки забунї кашам аз чархи фалак!
            Мавриди дигар мегўяд:
            Њофиз ба худ (худсарона) напўшид ин хирќаи майолуд,
            Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро. (Яъне њар иштибоње аз мо сар мезанад, ѓайри иродаи мо аст ва аз ќисмату сарнавишти азалист, бино бар ин мазаммати мо бењуда аст).
            Хайём љое баланд хитоб мекунад:
   Маќсуд зи љумла офариниш моем,
   Дар чашми хирад гавњари биниш моем.
   Ин доираи љањон чу ангуштариест,
   Бе њеч шаке наќши нигинаш моем.
            Љои дигар мефармояд:
            Аз омаданам набуд гардунро суд
            В-аз рафтани ман ба иззу љоњаш нафузуд
            В-аз њеч касе низ ду гўшам нашунуд,
            К-ин омадану рафтанам аз бањри чї буд.

Ё:     Шуд њадди вуљуди ту миёни ду адам,
         Атрофи ту њечу дар миён њеч наї.
            Ва ё ин ки мо мехоњем аз муаллими ахлоќ Шайх Саъдї дар хусуси ќобили тарбияту ислоњ будан ё набудани инсон ќазоват бикунем. Осори ишонро вараќ мезанем ва ба ин маъно ашъори зиёдеро пайдо мекунем:
            Шамшери нек з-оњани бад чун кунад касе,
            Нокас ба тарбият нашавад, эй њаким, кас:
            Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
            Дар боѓ лола рўяду дар шўрабум хас.
Агарчи ин маънї ба таври мукаррар меояд вале дилпазир нест ва воќеан њам њар касе бошад дар гўшае аз ќалбаш ѓайри инро мехоњад, яъне мехоњад, ки њар инсоне ќобили тарбият бошад. Ин хоњиш як ѓаризаи фитрии инсонї ва башардўстона аст. Дар акси њол бо чї асбобе аз ибтидо «кас» ва «нокас»-ро ташхис мекунем, то ваќти устод ва зањмати тарбият њадар наравад. Мо медонем, ки Шайх Саъдї бузургтарин башардўст њам њаст ва наметавонад ин њукми ќотеъ ва куллии ишон бошад, балки шеърест, ки барои мавриде, вазъияте ва танбење гуфта шудааст. Ва љои дигар аз осори вай мехонем:
            Гиле хушбўй дар њаммом рўзе
            Расид аз дасти мањбубе ба дастам.
            Бад-ў гуфтам, ки мушкї ё абирї?
            Ки аз бўи диловези ту мастам.
            Бигуфто: ман гиле ночиз будам,
            Валекин муддате бо гул нишастам.
            Камоли њамнишин дар ман асар кард,
            Вагарна ман њамон хокам, ки њастам.
            Яъне дар ќобилияти сириштии инсонњо истисно нест ва њар инсоне, билќувва метавонад ба дараљаи некувон бирасад.
            Намунаи муносиби дигар, чанд байти Њаким Фирдавсї аст, ки дар натиљагирии Фаридун аз озмоиши писарони худ дар майдон гуфтааст, ба тавре ки хотири њар якеро риъоят кардааст. Фаридун дар тањсини Салм- писари мењтари худ худ, ки аз аждањо фирор кард, мегўяд:
            Далере, ки н-андешад аз пилу шер,
            Ту девона хонаш, махонаш далер.
Дар тањсини Тур, писари дувумаш, ки якбора ба љанги аждањо рўй овард, мегўяд:
            Њунар худ далерист бар љойгоњ,
            Ки баддил набошад худованди гоњ.
Ва ин ду байти воќеан хубу мањкам шиор шудаанд ва бар сари забонњоянд. Вале мавриди тањсини аслии Фирдавсї (аз забони Фаридун) рафтори Эраљ писари хурдї аст, ки аввал бо аждањо сухан гуфт ва аз он хост, ки аз сари роњ дур шавад ва аз љангу ситез бипарњезад, дар акси њол забун мегардад. Вале ин љо дигар чунин байти муносиби шиор гуфта нашудааст…
            Боре дар дарси фалсафаи донишгоњї бо истифода аз шевае, ки имрўз онро «интерактивї» (ва зимнан барои мо нав) медонанд, устод худро дар мавзеъи тарафи бањс ќарор доданд ва иддаъо карданд, ки собит менамоянд, ки Ибни Сино агностик (лоадрї) буд (яъне дунёро донистанашаванда мешумурд) ва ба унвони далел ин рубоиро, ки дар мансубияташ ба Сино ё Хайём тардид аст, хонданд:
            Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
            Як мўй надонист, вале мўй шикофт.
            Андар дили ман њазор хуршед битофт
            В-охир ба камоли заррае роњ наёфт.
            Посухе, ки дар инкори фарзияи озмоишии устод гуфта шуд ва мавриди ќабули ишон ќарор гирифт, чунин буд, ки ин рубої тасдиќи донистанашуданї будани љањон нест, балки тасдиќи ин маъност, ки дониш поёнпазир нест, дониш номутаноњї (бенињоят) аст, мисли он ки љањон бенињоят аст. Устод изофа намуданд, ки аслан бигирем, ин рубоии Хайём њам «…Њафтоду ду сол фикр кардам шабу рўз, маълумам шуд, ки њеч маълум нашуд» ба њамин маъност. Яъне Хайём намегўяд, ки њеч чизро натавонист бидонад, балки мегўяд он њама дониши нисбие, ки дорад, дар ќиёс бо дониши бенињоят хеле кам аст.      Ба изофа гуфта шуд, ки ба љуз ин як њукми илмї бештар бар пояи мантиќи њисобшуда аст ва баракси осори адабї дар он маљозу киноя камтар роњ дорад ва ба ин далел имкони таъбири мухталиф аз он камтар аст, агарчи комилан истисно њам нест. Бино бар ин дар ин хусус албатта бењтар аст, аз осори илмии Ибни Сино ва ё Хайём (то љое, ки дастрас њаст) истифода шавад, ки назари ишон мустаќиман ва бевосита баён шудааст.
            Дар осори Мирзо Абдулќодири Бедил ин навъ таноќузи зоњирї (парадокс, тазоди маъно) боз бештар аст. Масалан, инсон агар аз дидгоњи Бедил дар мавориде нерумандтарин ва тавонотарин мављуд бошад ва њар кори ќобили тасаввурро битавонад анљом бидињад:
            Љањди инсон бар ин наёмад, варна
            Гардунро низ бар замин меовард.
Ё:
            Њиммати мард, агар каманд шавад,
            Осмон то куљо баланд шавад?!
           
            Мавриди дигар њамин мављуди муќтадир заифтарин ва ољизтарини махлуќот аст:
           
Эй хок, хок бош, баланд аст осмон!
Ё:
            Дар сари мижгон чу ашк истодаї, њушёр бош!

            Ин инсон агар љое он аст, ки:

            Њар љо хаёл меравад, он љо ту меравї,
            Њар сў нигоњ мепарад, он сў ту мепарї.

Љои дигар он аст, ки дар њаќќаш мегўяд:

            Доѓи фишори ѓафлати мо њеч кас мабод,
            Чашме кушодаем, ки нанги ѓунудан аст.
           
            Албатта назари маъруфе низ њаст, ки ин навъ таноќузи фикрї ва дидгоњро дар осори шуаро ба даврони гуногуни зиндагии онњо ва тањаввули фикрии онњо марбут медонанд, бахусус дар мавриди Бедил. Вале гоње айни њамин навъ ихтилоф ва таноќузи зоњирї (!) дар дохили як ѓазал њам дида мешавад, ки њаргиз имкон надорад, он як ѓазал бахш-бахш дар даврањои мухталифи зиндагии шоир навишта шуда бошад.
            Ончи ба унвони мушт намунаи хирвор гуфта шуд, танњо мухтасаре дар хусуси чанд мавриди куллитарин буд, дар тамоми масоили куллї ва љузъии дигар њамин ањвол мушоњида мешавад. Вале оё бо таваљљўњ ба ин амр метавон гуфт, ки пас ин суханварон аз дидгоњи љањонбинї ва маърифати њастї ва арзишњои этикї пойгоњи собит ва мустањкаме надоранд ва дар њар мавриде муносиби он њол чизе гуфтаанду гузаштаанд? Ќатъан чунин нест? Дар натиљаи мутолиаи нисбатан бештари осори ин суханварон маълум хоњад шуд, ки онњо дорои пойгоњ ва дидгоњи собити љањоншинохтї, аќидати ва арзишї мебошанд, ки ѓолибан ва усулан бо асли, донишњои илмї ва боварњои росиху маъруф дар муњит, даврон ва љомеаи онњо созгор мебошад. Аз ин рў мутолиаи таърих, кутуби илмї, фалсафї, ахлоќи, ирфонї, мазњабї, филологї ва њатто пизишкї, ки дар даврони таълифи осори онњо нигошта шудааст ва баъзан њам худи ишон чунин осореро дар баробари осори адабии худ таълиф кардаанд, имкон медињад, ки ба осонии бештаре пардаи киноёту маљоз ва перояњову орояњои адабии дигар канор зада шуда, аз пушти он афкори аслии ин суханварон падидор гардад. Шояд он гоњ бубинем, ки он љо ки хоља Њофиз ё Хайём аз маљбурият дар маъсият (гуноњ) њарф ба миён меоранд, мехоњанд, раќибони худро, ки пайрави љабрия њастанд, бо силоњи худашон маѓлуб созанд ва бигўянд, ки агар њаќиќат ин аст, пас, шумо њеч эроде ба њеч касе наметавонед бигиред, ки ин навъ мавзеъгириро дар муќобили љабриён дар осори Мавлоно ба таври бевосита ва ошкор мебинем. То љое ки Мавлоно дар муќобили љабрї аз истилоњи «суннї» истифода мекунад, ки ѓолибан худи ў ва дар маљмўъ мусалмон аз назари Мавлоност:
            Њаст сунниро яке тасбењи хос,
            Њаст љабриро зиди он дар манос.
            Суннї аз тасбењи љабрї бехабар,
            Љабрї аз тасбењи суннї беасар.

            Ва бубинем, ки он љо, ки Саъдї тарбиятнопазирро «нокас» меномад, асли муродаш танбењ аст, то мухотаб бо њарос аз он, ки дар силки нокасон набошад, тан ба тарбият ва ислоњ бидињад. Ва он љо, ки Бедил аз аљз ва нотавонии инсон сухан ба миён меорад, манзур аљз ва таслими инсон дар баробари иродаи илоњист, на чизи дигар, дар акси њол ин инсон дар баробари њама дунё худро як дунёи мухтори дигар медонад:
            Агар дунё барои хеш пайдост,
            Барои ман маро њам офариданд!
            Ва манзури Бедил расидан ба нуќтаи атфи (гардиш ва тањаввули) худшиносї аст, зеро инсоне, ки пояи аљзи худро (њадди тавони худро) нашиносад, мисли касест, ки пой бар њавои тасаввур нињодааст на бар хоки мањками нињояти аљзи худ, то битавонад шурўъ ба њаракати суъудї (болорав) бикунад. Шояд асли фалсафаи чоруќи Аёз њам њамин аст ва Аёз василаи мазаммати нафари хосе ё синфу гурўњи хосе нест, балки дар кулл инсон аст…
            Дар поёни охирин њамоише, ки дар чањорчўби таљлили Соли Мавлоно дар Фарњангистони улуми кишвар сурат гирифт, чунин ибрози назар шуд, ки «лозим аст, тањќиќот ва пажўњишњои мавлоношиносї ба сурати љомеъ такмил гардад, то чењраи мушаххаси илмї, аќидатї, ирфонї, мазњабї, адабї, ахлоќї…и ишон равшан гардад. Бояд пажўњиш ва маълум гардад, ки Мавлоно аз фалсафа ва њикмати Юнон чи чизро гирифт ва чиро фурў гузошт, аз њикмати дигар миллал, ки ошної дошт, чї чизро пазируфт, њатто аз пешкисватони худ Саної ва Аттор чи чизро гирифт ва бо чи чиз бо онњо тафовут пайдо мекунад. Њатто дар сурате, ки љомеътарин ва њамагонитарин тавсиф дар хусуси Мавлоно ба унвони «ориф» пазируфта шудааст, њанўз мушаххас нашудааст, ки Мавлоно пайрави кадом яке аз равияњои тасаввуф ва ирфон аст». Вале чунин ба назар мерасид, ки чун ин ибрози назар дар шумори суханронињои аслї набуд ва дар бахши мунозира дар поёни љаласа гуфта шуд, чандон ба он таваљљўњ нашуд.
            Њарфи тозае нест, агар гуфта шавад системи шинохти маъмул дар даврони шўравї (љањонбинии илмии собиќ) имрўз ба таври љомеъ ѓайриќобили истифода шудааст, агарчи баъзе љанбањои он, аз љумла шевањо ва сабку услуби кори илмї, даќиќї, мустанад будан ва ѓайра ба эътирофи бисёрињо шоистаи њифз ва пайравї мебошад. Ба ѓайр аз ин дар мавриди чопи интиќодии осори адабї, бахусус барои мактабњо бояд гуфт, ки мавозин ва меъёрњои ахлоќї ба хубї дар назар гирифта мешуд. Зеро љои нуњуфтан нест, ки хеле аз намунањои осори адабии ќадими моро аз ин дидгоњ наметавон, бахусус, дар барномањои дарсии мактаби миёна љой дод.  Вале дар айни њол бо њамон шеваи сўистифода аз порањои мутуни адабии људо ва гусаста аз матни комилу љомеъи осор ва афкори адибон ва аз матни маорифи даврони ишон, ба суди идеологияи тазоди синфї ва атеизми љанговар ва моддигарої «чењрањои атеистї»-е масалан, аз Фирдавсї, Хайём, Носири Хусрав, Саъдї ва њатто Мавлонову Њофизу Бедил сохта шуда буд.
            Имрўз дар њоле, ки системаи тозаи илмї њанўз рўи кор наомадааст, чунин мушоњида мешавад, ки ба иќтизои (ва шояд ба далели љаззобиятњои) раванди љањонгарої таваљљўњи мо бештар ба љанбањои умумибашарии адабиёт ва фарњангамон ихтисос меёбад. Эњтимол дорад, чунин назаре њам иброз гардад, ки њеч навъ системаи куллї зарур нест, танњо аз шевањои пазируфтаи тањќиќоти илмї бояд кор гирифт, зеро њар навъ система мањдудият ва сонсурњоеро њамроњ дорад ва илм њеч навъ мањдудиятро намепазирад. Вале аз сўи дигар таъбири дигари мањдудият ё њудуд – меъёр аст ва бидуни меъёр њеч навъ шинохте, њатто вуљуде, сурат намегирад.
            Бо як њарф љанбањои умумибашарии адабиёт ва фарњанги мо бањаќ боиси ифтихори мост. Ин вижагї њамроњ бо њунари олї адабиёти ќадими моро љањоншумул гардондааст. Вале чаро мо бояд чунин эътиќод дошта бошем, ки ин љањоншумулї ва љањонгирї ба баракати берун рафтани ин суханварони андешаманд аз доираи фарњанги миллї ва исломї муяссар гардидааст? Чаро ба масъала аз ин дидгоњ назар нашавад, ки заминаи аќоид, омўзањо ва эътиќодоти миллии исломии мо он ќадар густарда ва умумибашарї будааст, ки тавонистааст, тамоми арзишњои фитрии башариро дар домани худ љой бидињад, бидуни он ки симои мушаххас ва низоми он халале  пазирад. Оё фарњанги миллии исломї барои баёни афкори умумибашарї дар дасти ин суханварон як абзори пуртаъсир буд ва ё банде буд дар пояшон, ки дар ин роњ бояд аз он рањо мешуданд. Бо каме таваљљўњ мебинем, ки пойгоњи аслии афкори умумибашарии ин суханварон, ба сурати як низоми мушаххаси љањонбинї ва аќидатї, бешакку шубња ислом будааст, ки паёме барои њамаи башар, бидуни таваљљўњ ба миллияту нажоди онњост, танњо ойине, ки пешвоён ва пайравони он њамаи паёмбарони илоњиро ќабул доранд ва вуруд ба он барои њеч касе мањдуд ва масдуд нест. Мавлоно андешамандест, ки тавонистааст дар ин фазои боз ба меърољ бирасад ва дар баландое ќарор бигирад, ки чењраи ошнои ишон барои њамаи башар намоён ва тобон бошад. Чењрае, ки мушаххас аст, мавњум нест, вале барои њеч инсоне њам бегона нест, зеро фурўѓи он аз фитрат аст ва дини Мавлоно мефармояд, ки њама инсонњо ба фитрати яксон офарида шудаанд.
            Мавлоно, зоњиран бо нигаронї аз эњтимоли таъбири ѓалати афкору орои худ, ба такрор дар љо-љои осораш ба ойини худ ва эътиќоди худ ба сароњат ва ќатъият таъкид менамояд. Дар пешгуфтори «Маснавї» менависад, ки «…ин усули усули усули дин аст…» ва дар як рубоии худ бо рўшании бештар мегўяд:
            Ман бандаи Ќуръонам, агар љон дорам,
            Ман хоки рањи Муњаммади мухторам.
            Гар наќл кунад љуз ин кас аз гуфторам,
            Безорам аз ў в-аз он сухан безорам! 
(Яъне агар муаббири ман чизе бигўяд, ки бо Ќуръон ва суннати Паёмбар зиддият дошта бошад, аз ў ва сухани ў безорам).
            Албатта, шахсияти Мавлоно на чунон аст, ки битавонем бар вай гумон бибарем, ки ин њарфњоро барои созиш бо касе ё гурўње гуфта бошад ва боќии осори ишон њам чунин маљолро ба касе намедињад.
            Чун имрўз бештари њарфњо ва биму умедњо ба таври мустаќим ё ѓайримустаќим ба раванди љањонгарої иртибот дорад, наметавон дар шинохт, муаррифї ва омўзиши фарњанг ва адабиёти миллии худ низ аз он сарфи назар кард. Аз љумла, тавре ки гуфта шуд, дар муаррифии Мавлоно. Машњуртарин намунаи осори Мавлоно дар таъкиди вањдат ва ягонагии мурод ва хостањои нињоии башар њамон тамсилест, ки њикоят аз турку тољику румиву арабе мекунад, ки њамсафар буданд ва аз роњ дираме пайдо карданд ва румї мегуфт бо ин дирам «истофил» мехарем, турк мегуфт «узум», араб мегуфт «инаб» ва тољик мегуфт «ангур».  Мавлоно онњоро тарљумонї мекунад ва мегўяд, ки њамагї як чиз мехоњанд (ангур) вале номи онро бо лафзњои худ мегўянд, агар бидонанд, ки њама он як чизро мехоњанд, даъво аз миён меравад. Ибрати олист. Вале то он љо, ки воќеан он њама «ангур» бихоњанд. Имрўз, басо воќеъ мешавад, ки дар пушти бањсњои зоњиран лафзї дар сатњи љањонї хостањои дигарест ва сурати лафз танњо бањонаест. Ин љо дигар на он мавридест, ки Мавлоно дар назар дорад. Дар чунин мавридњо, мутаассифона, тарљума ва тафсиру таъбир кор намеояд. Зеро агарчи медонанд, ки «узуму инабу истофил њамин ангур аст» вале худро ба нодонї мезананд ва исрор мекунанд, зеро дар асл он як дирамро (ќудратро, ихтиёрро) мехоњанд. Масалан, дар кишваре, ки бояд бо бањонаи демократия мавриди таарруз ќарор бигирад, шумо имрўз бо чи лафзе метавонед исбот кунед, ки низоми он њам як низоми демократї аст, ё исломи он зидди терорризм ва бо њуќуќи башар созгор аст. Ва ё агар манзур воќеан парастиши Худованди якка ва ягона аст (тавре ки бештари фирќањои миссионерї иддаъо доранд), чи ниёзе ба таблиѓи адёни бегона дар миёни мусалмонон аст? Мулоњизаи ин мавридњо њаст, ки водор месозад, ба асли эътидол ва он њам бар асоси усули сањењи илмї, дар шинохт ва муаррифии фарњанг ва адабиёти миллии худ таваљљўњ шавад, дар ташвиќи љанбањои умумибашарии он аз ифрот ва мавњумот парњез шавад, то ба ин васила гузаргоњи муносибе барои рахнаи омилњои њувиятбарандоз  омода нагардад, он чи ки худи ин бузургворон ба сароњат ва рўшанї  хостаанд ва таъкид кардаанд. Ба назар мерасад, ки ин њама ниёз ба вуљуди як системи муназзам ва санљидаи илмие бар мабнои арзишњои миллї ва бо мурооти арзишњои башарї (вале бидуни ифрот) дорад, ки њамаи нињодњои омўзишї ва пажўњиширо фаро бигирад ва аз љумла чунин имконро надињад, ки порае аз матни адабї аз пайкари комили осори як суханвар канда ва парчами афкори нодуруст  шавад.
            Ва албатта, муњимтарин унсури дигар, ки унсури аслии адабиёт номида мешавад, забони ин осор аст. Дар нигоњи аввал гўё дар ин замина њеч мушкили хос вуљуд надорад. Вале он забоне, ки имрўз роиљ аст ва комилан шабењ ба забони классикии мо мебошад, як пардае аз рўи он аст ва њар калима дар матни осори классики мо чандин љилваи маъноии дигар дорад. Сохтори сарфиву нањвиии забони ин осор низ худ як илми зариф ва даќиќ аст, ки мутаассифона дар ин замина камтар кор шуда ва ошної бо он яке аз шартњои муњимтарини вуруд ба ин љањони маънавї мебошад.  Шоирони мо дар коргоњи забонварї ва забонофарї ба нуќтаи ављ ва марзи нињоии имкони баён расидаанд, то он љо ки гуфтаанд:
            Эй басо маъно, ки аз номањрамињои забон
            Бо њама шўхї муќими пардањои роз монд.
(Бедил)
Барои парњез аз таъбирњои мухталиф ва завќиву салиќаии тасодуфї зарур аст, ки ба омўзиши љиддии  барномавї ва илмии забони адабиёти классикї ва таври њамагонї дар мактабњои одї ва олї ба асоси алифбои аслии тољикї иќдом шавад. Мусаллам аст, ки агар адабиёти классики мо љањоншумул аст, танњо натиљаи илњоми мањз  нест, балки натиљаи сатњи олии илму дониш ва эътиќоди мањкаму росихе аст, ки бар рўи он рўйида ва реша дар ќаъри он дорад. Бино бар ин њамеша ќобили таъбиру тафсири муназзаму маъќул ва даќиќ мебошад. Њастаи аслии фикру андеша танњо аз ин тариќ аз маѓзи он берун кашида мешавад.
            Аз ин дидгоњ, эътибор дар асл бар маънї аст, на ба сурати калом ва на њар сухани манзуму муќаффо мўътабар ва њуљљату далел ва мояи ибрат аст, њатто агар шеърият њам дошта бошад, бахусус агар боз аз он тафсири иштибоњї ва ё ѓаразнок ё мавридї шуда бошад.
            Дар нињоят ба суди ин адабиёт њам нест, агар он танњо мояи ифтихори мањз ва шиори мањз шинохта шуда ва аз байт-байти он бидуни тањлилу тањќиќ ба унвони ањком (њукмњо) кор гирифта шавад, ё бо забони шеър, бо киноёту маљозу танз бо якдигар бањсу мунозира бикунем ва ба њеч натиља нарасем.
            Шинохти низоми мустањкам ва мавзуни фикриву аќидатие, ки поя ва заминаи назми баландпарвози классикї шудааст, имкон медињад дар хусуси ин осор ба натиљањои равшан ва љомеъ бирасем ва аз тарафи дигар эљоди чунин низоми мустањками муосири фикриву аќидатї бар ин поя метавонад заминаи шукуфоии дигарбораи адабиёт гардад.
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                            
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         Соли 2008

АЗ САНГ ОЙИНА СОЗЕМ[6]

Агарчи мақолаи мазкур дар повараќ ба сурати мубоҳиса ва посух ба гузориши банда, ки бахше аз он дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» мунташир гардид, (ниг. маќолаи ќаблии ин маљмўа)  пешниҳод шудааст, вале усулан дар мавориди асосӣ бо он гузориш ҳамоҳангии комил дорад ва назариёти ягона ва мушобеҳ бо иборатҳои гуногун дар ин ду мақола баён шудааст. Ин муштаракот ва мушобиҳат ба таври хулоса иборат аст аз таъкиди ҳар ду ҷониб ба ин нукоти маълум, ки: а) адабиёти классики тоҷик дарбаргирандаи ҳикмат, донишҳо, фалсафа афкору орои мазҳабӣ ва ҳамаи ҷанбаҳои маънавии башар мебошад; б) тазод дар адабиёт яке аз воситаҳои муҳимми баёни афкор мебошад; в) омӯзиши комил ва саҳеҳи осори классикӣ барои пешгирӣ аз таҳоҷуми фарҳангӣ (дар баёни И.Асадуллоев «бараҳнагии номаҳдуд») ва унсурҳои номатлуби глобализатсия фавқулода муҳим мебошад; г) адабиёти классикии мо бояд бо таваҷҷӯҳ ба хусусиёт ва ниёзҳои рӯз мавриди баррасӣ ва истифода қарор бигирад; д) дониш поёнпазир нест ва камоли мутлақ дар дониш барои инсон як ормони ҷовидонӣ аст, ки барои он талош мекунад, вале ба ниҳояти он намерасад; е) нигоҳи мо ба адабиёт бояд на аз мавзеъи ифтихори хушк ва худнамоӣ, балки амалгароёна бошад; ё) ниёзи мубраме барои таҷдиди назар дар шеваҳои таҳлилу таҳқиқи осори классикӣ эҳсос мешавад; и) вуҷуди хатари такрори иштибоҳот дар тафсири осори классикӣ ба далели вобастагиҳои идеологӣ; й) забони осори классикӣ бояд мавзӯъи таҳқиқоти ҷиддии илмӣ қарор дода шавад ва ғайра.
Метавон барои тасдиқи ин мушобиҳат ва ягонагии фикрҳо дар робита ба ин мавзӯъҳо аз ҳарду мақола  пораҳоеро айнан иқтибос кард, вале чун ҳар ду матн дар ихтиёри хонандагон қарор дорад ва ба хотири парҳез аз зиёдагӯӣ аз ин кор сарфи назар шуд. Ҳамчунин банда ҳаргиз дар бораи мавҷудияти фалсафаи миллии тоҷикон на дар он мубоҳиса ва на дар мақола масъалаеро матраҳ накардаам, аз шахсияте ном набурдаам ва гузашта аз ин нисбат ба донишмандони собиқу ҳозир, ки аз ишон ёдоварӣ мешавад, эҳтироми хосу вижа дорам, бахусус устоди шодравонам Нозирҷон Арабзода, ки бо раҳбарии ишон поённомаеро дар хусуси масоили фалсафӣ дар рубоиёти Бедил таҳия намуда будам.
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ањаммияти як мавриди аслӣ, ки меҳвари ҳарду мақоларо ташкил медиҳад, лозим медонем, ки пораҳои марбута аз ҳарду мақола иқтибос шавад. Ин маврид дар хусуси зарурати таҳлилу таҳқиқи ҷомеъ, муназзам ва системноки осори классикӣ ва танҳо аз ин тариқ аз дохили онҳо берун кашидани афкори ҳакимона ва фалсафӣ мебошад, на ба асоси пораҳои алоҳида ва гусаста аз пайкари куллияи осор ва афкор. Аз мақолаи банда: «Мусаллам аст, агар адабиёти классикии мо ҷаҳоншумул аст, танҳо натиҷаи илҳоми маҳз нест, балки натиҷаи сатҳи олии илму дониш ва эътиқоди маҳкаму росихе аст, ки бар рӯи он рӯйида ва реша дар қаъри он дорад. Бино бар ин ҳамеша қобили таъбиру тафсири муназзаму (яъне системноку) маъқул ва дақиқ мебошад. Ҳастаи аслии фикру андеша (манзур аз ҷумла фалсафа) танҳо аз ин тариқ аз мағзи он берун кашида мешавад…
Шинохти низоми (яъне системаи) мустаҳкам ва ва мавзуни фикриву ақидатие, ки поя ва заминаи  назми баландпарвози классикӣ шудааст, имкон медиҳад дар хусуси ин осор ба натиҷаҳои равшан ва ҷомеъ бирасем ва аз тарафи дигар эҷоди чунин низоми (системаи) мустаҳками муосири фикриву (илмиву) ақидатӣ (ҷаҳоншинохтӣ) бар ин поя метавонад заминаи шукуфоии дигарбораи ин адабиёт гардад».
Мӯҳтарам А.Искандаров: «Яке аз масоили муҳим, аз ҷониби муқарризони мо (мубоҳисон-оппонентҳо) ба эътибор гирифта намешавад. Ин масъалаи аз мероси гаронбаҳои осори назмии тоҷикон канда гирифтани фалсафа мебошад. Масалан, системаи таҳлилро Людвиг фон Берталанфи дар асри ХХ кашф кард, вале танҳо (коре ки) ӯ (кард, ин буд ки) ин усулро, ки асрҳо боз вуҷуд дошт, аз дигар унсурҳо ҷудо намуд. Ин тарзи муносибат дар мантиқи амалии Ибни Сино ҳам ба назар мерасад. Вале корнамоии Берталанфи дар он аст, ки вай масъалаи мавҷудияти усули системавиро кундаланг ва қатъӣ ба миён гузошт. Аз ин рӯ барои мо масъалаи муҳимтарин на танҳо ба тарзи нав дарк сохтани классикони фалсафаи тоҷикон, инчунин аз мероси ғанитарини назми тоҷикон ҷудо карда гирифтани фалсафа ба ҳисоб меравад. Имрӯз олимон кӯшиш доранд, ки ин вазифаро иҷро намоянд, аммо онҳо бештар вақт дар асорати тасвир ва шарҳ мемонанд. Ин ҳам ба дин ва ҳам ба тасаввуф дахл дорад. Магар тасаввуфро ҳамчун равияе дар дин то охир  дарк сохтану фаҳмидан мумкин аст? Зимнан, маҳз дар замони мо инсоният маънои муҳимтарини динро кашф намуд, ки бе он дар байни тамаддунҳо сулҳ буда наметавонад. Танҳо фаҳмиши дин ҳамчун сарчашмаи башардӯстӣ метавонад ба халқҳо ва ба ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ сулҳ орад. Магар ин вазифаи ҷонии фалсафаи миллии тоҷикон ҳам нест?».
Оре, чунин аст ва таъкид дар ҳар ду матлаб рӯи як нукта аст. Аммо ба шеваи муқобилгузорӣ, ки маълум нагардид ба чӣ манзур. Шояд ба хотири ҷалби бештари таваҷҷӯҳи хонанда.
Дар ин гуфтаҳо ба як маврид бояд таваҷҷӯҳи бештар дошт, ки сухан дар бораи тафсири матнҳо меравад. Ва дар идома ҳам ба ин мавзӯъ таъкид мешавад, ки ба матншиносӣ ва тафсир диққати бештар ихтисос меёбад. Ҳамзамон ин воқеиятро бояд дар назар гирифт, ки вуҷуди воқеъӣ ва моддии ҳар як асар қабл аз ҳама матни он мебошад. Бешубҳа, муҳаққиқ бо ҳар навъ системи илмие ки мусаллаҳ бошад, бояд матни асарро, ки иборат аз калимаҳо ва забон ва дар ниҳоят системи сарфиву наҳвӣ аст ва фикру андеша ба воситаи он баён шудааст, мавриди таваҷҷӯҳи аввалдараҷа бидонад, зеро он (матн) чизест, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонем барои ошкор кардани ҳақиқати маънои асар аз он сарфи назар намоем ё онро дуюмдараҷа ҳисоб кунем ва андешаҳои аз қабл омодаро рӯи матн бор кунем. Ин дар сурате рух медиҳад, ки системаи мо на илмӣ, балки идеологӣ бошад. Ин кор дар адабиёт, ки забони он боз бо вуҷуди саноеъи адабӣ, маҷоз ва кинояҳо ҷилваҳои хос касб мекунад, имкони бештар дорад ва борҳо чунин таъбиру тафсирҳои хориҷ аз ҷавҳари аслии маънои матнҳо сурат гирифтааст. Масалан, онҳое, ки дар тафсири ирфонии ашъор ба муболиға роҳ медиҳанд, баъзан ба зӯр ва аз хориҷ маъноҳои ирфониро бар рӯи матне, ки он як тасвири одӣ вале шоиронаи табиат ва ё баёни эҳсосот аст, бор мекунанд ва калимаҳои одиро ҳамчун истилоҳоти хоси ирфонӣ маънидод мекунанд, ки на забони осор ва на дар маҷмӯъ афкор ва табиати осори шоири мавриди назар бо он созгорӣ надорад. Ҳамчунин мо мисолҳои бешумореро аз китобҳои омӯзишии худ, ки бар тибқи системи идеологии  қаблӣ (ва ҳоло ҳам дар хеле мавридҳо ҷорӣ) навишта шудаанд, пайдо мекунем, ки таъбиру тафсир ба таври сунъӣ ва ба зӯр рӯи маводи  (материали) забонӣ бор карда шудаааст ва ҳатто бо қоидаи забонии (сарфиву наҳвии) он асар мухолифат дорад. Як мисоли хурд, вале барҷаста ҳамин рубоии Умари Хайём мебошад:
Зоҳид ба карам туро чу мо нашносад,
Бегона туро чу ошно нашносад.
Гуфтӣ, ки: «Гунаҳ кунӣ, ба дӯзах барамат».
Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад!
То ҷое, ки мушоҳида шудааст, дар китобҳои мо ин рубоӣ чунин маънидод мешуд, ки «Умари Хайём ба «зоҳид» - намояндаи дин истеҳзо мекунад ва мегӯяд, ки маро бо дӯзах натарсон, зеро ман медонам, ки ту худат кистӣ ва ман аз таҳдидҳои ту наметарсам ва дӯзах ҳам бофтаи хаёлоти ту аст». Аммо танҳо таваҷҷӯҳ ба қоидаи сарфиву наҳвӣ тақозо мекунад, ки мо «зоҳид»-ро як тараф бигзорем ва бубинем, ки дар ин ҷо мухотаб кадом аст. Маълум аст, ки мухотаб на «зоҳид», балки «ту» аст. Пас, ин «ту» кист? «Ту» онест, ки бо сифати карам (каримӣ-бахшандагӣ) маъруф аст ва онест, ки гуноҳкоронро бо дӯзах таҳдид кардааст ва ба дӯзах бурдан ҳам кори ӯст. Ин ҷо яқин мегардад, ки манзур танҳо метавонад Худованд бошад. Дар идома авҷи шеърро мебинем ба усули саҳли мумтанеъ: «Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад». Ба ду маъно: касе ки Худоро нашиносад ва инкор кунад ба дӯзах маҳкум шудааст, вале мо (Хайём) аз онҳо нестем ва дигар ин, ки мо (Хайём) медонем, ки карами (бахшандагии) ту намегузорад, ки бандагонатро ба дӯзах барӣ. Мо аз зоҳид (парҳезгори ғайрисамимӣ) бо Худованд ошнотарем. Ин ҷо дигар системаи қонунӣ ва илмии забон ситемаи (ё бесистемагии) ғайриилмии идеологиро мешиканад ва моро водор менамояд, ки ба Хайём аз дидгоҳи дигаргунатар, ки бо дидгоҳи сунъии қаблӣ комилан мухолиф аст, нигоҳ кунем. Он Хайёме, ки бешакку шубҳа ҳаким ва файласуфи барҷаста аст. Ва ҳамон қадре, ки тафсири аввалӣ файласуфии ӯро тасдиқ намекунад, ба ҳамон андоза тафсири дувумӣ ва дуруст файласуфӣ ва ҳакимии ӯро инкор ҳам намекунад. (Ҳамон тавре ки ҳеч кас ҳақ надорад пас аз мутолиаи суханони мусбат дар бораи дин дар мақолаи «Фалсафаи миллии тоҷикон» эълон кунад, ки ин суханон фалсафаро инкор менамоянд).
Дар айни ҳол таҳлили муназзам бар асоси матни воқеӣ  шеърияти барҷаста ва олии Хайёмро ошкор месозад, ки мутаасифона, дар тафсири аввалӣ осоре аз он шеърият боқӣ намондааст. Яъне ногузир аст, ки системаи илмӣ ва воқеънигаронаи забони матни осор, як бахши муњимми системаи куллии илмии таҳлили ин осор бошад.
Тавре ки дар мақолаи ҷавобия омадааст, банда ҳаргиз худро мункири вуҷуд ва зарурати тазод (ҳамчунин фалсафа) дар осори адабӣ ва тарафдори ташкили системаи комилан орӣ аз тазод эълон накардаам ва ба ростӣ, ки дар бораи мавҷуд будани чунин як «афсона» ё «миф» хабар ҳам надорам. Балки манзур аз система ё низом ҳамин навъ низоми илмиву ҷаҳоншинохтии дақиқ аст, ки битавонад аз миёни тазодҳо ҷавҳари аслии андеша ва афкор, аз ҷумла фалсафаи ин бузургонро берун орад ва моҳияти онро барои мо ошкор созад. Зеро дар фарҳанги мо  ҳаргиз назарияи адабиёт барои адабиёт ё ҳунар барои ҳунар дар ҳеч даврони ҳатто бисёр кӯтоҳи таърихи адабиёт  ҳоким набудааст. Аз нигоҳи дигар ҳамин калимаи «шеър»  маънои дарки вижа ва олии шуъуриро дорад ва «назм» маънои системаро. Мусоҳибаи банда бо унвони «Лафзу маъниро ба теғ аз якдигар натвон бурид» («Ҷавонони Тоҷикистон», 19 сентябри соли 2007) асосан иборат аз таъкид рӯи ҳамин нукта аст. Ин мақолаи охирӣ ҳам дар асл «Назми афкор ва назми сухан» ном дошт, ки дар ҳафтанома зоҳиран барои ҷолибтар шудан онро дигар кардаанд. Аммо агар мегӯем адабиёт чизи дигаре ғайр аз фалсафа, физика, химия ва дигар илмҳо ҳаст (ва охир бояд инро гуфта битавонем) манзур ин аст, ки мантиқи адабӣ, баёни адабӣ, забони адабиёт, истилоҳоти адабиёт ва ғайра хусусиятҳои хоси худро дорад, баёни бавосита аст, на бевоситаву урён ва дар мавриди истифода аз он ба унвони як ҳукм ё хулоса бояд ин хусусиятҳоро дар назар гирифт, ҷавҳари фикрро аз пушти пардаи рамзу кинояву маҷоз бояд берун овард. Баъзан забон ба ҳадде бо маҷоз меомезад, ки сурати зоҳири он бо ботини он тазоди зоҳирӣ пайдо мекунад.
Дар айни ҳол бо эътироф бар вуҷуд ва зарурати тазод бахусус дар адабиёт, ки он ба сурати маҳдуд яке аз саноеъи машҳури шеърӣ ҳам ҳаст, бояд гуфт, ки ин мавзӯъ набояд ба таври таҳрифӣ маънидод шавад ва чунин хулосаи нодурусте гирифта шавад, ки шахсият ва ҳувияти фардии миллӣ ва ақидатии бузургони мо дар миёни ин тазодҳо нопадид гардад. Ба сурате, ки масалан бигӯем, ки фалон шахсияти бузурги мо ҳам ин ақидаро тасдиқ мекунад, ҳам он ақидаро ва ҳам ақидаи севумрову чаҳорумро ва то бениҳоят. Шахсияти ҷаҳонӣ ва умумибашарӣ шудани онҳо низ ҳаргиз ба воситаи инкори ҳувият ва вижагии миллӣ ва ақидатӣ ё беэътиноӣ ба он сурат нагирифтааст, балки комилан баръакс. Албатта онҳо мавҷудият ва зарурати чандандеширо (плюрализмро) рад накардаанд ва фазои чандандешӣ дар даврони онҳо маҳдудтар аз фазои ҷаҳони имрӯз набудааст. Мавҷудияти даҳҳо ҷараёнҳои фикриву ақидативу мазҳабиву фалсафӣ шоҳиди барҷастаи ин воқеият аст. Таъқибҳое, ки ҳам вуҷуд доштааст бештар ҷанбаи сиёсӣ дошта ва агар ҷое мазҳабро дар миён кашидаанд, ғолибан аз сӯи касоне будааст, ки онро абзори сиёсии худ қарор додаанд. Аммо ин бузургворон пойгоҳи маълуми ақидатӣ ва ҷаҳоншинохтӣ ҳам доштаанд ва дар бештари маворид, ин пойгоҳ чандон баланд будааст, ки аз ҳама қолабҳои расмии илмӣ ва ақидатӣ фаротар рафтааст, вале ғолибан бо ин низомҳо тафовути миқдорӣ (каммӣ) доштааст, на сифатӣ (кайфӣ), зеро инҳо пояҳои суъуд (боло рафтан) будаанд ва барои фуруд ҳам лозим. (Аз халқ ба сӯи Ҳақ ва аз Ҳақ ба сӯи халқ). Ба иборати дигар тариқат ҳаргиз василаи инкори шариат набудааст. Масалан, тазод дар осори Мавлоно ба унвони воситаи муњимми шинохти воқеиятҳо маънидод мегардад. Ба таври мушаххас он ҷо ки дар дар бораи нур сӯҳбат мекунад, мегӯяд «Зид ба зид пайдо бувад чун руму занг» ва дар сисилаи маротиби короии зидҳо (тазод) марҳалаҳои физикӣ (инъикоси нур дар натиҷаи зиддияти ашё бо он) ва фалсафии шинохтро тай мекунаду боло меравад ва ба ҷое мерасад, ки дигар тазод нест ва зид наметавонад воситаи шинохт қарор бигирад ва мегӯяд: «Нури Ҳақро нест зидде дар вуҷуд, то ба зид ӯро тавон пайдо намуд». Ин ҷо абзори шинохт дигар мешавад. Яъне Мавлоно дар масири худошиносӣ илму ҳикматро (фалсафаро) ва тазодро инкор намекунад, балки ба тамому камол аз онҳо истифода мекунад ва болотар аз онҳо меравад. Ба иборати дигар бигӯем, то ба нуқтаи олии таносуб ва таъодул мерасад, ки ҳама зидҳои аразӣ дар он оштӣ мешаванд. Дониш ва  дин ҳам дар адабиёт ва фарҳанги мо ҳаргиз ду чизи зидди якдигар набудааст, балки баръакс ду унсури такмилкунандаи якдигар будааст. Ҳоло аз шоирони сӯфӣ ва ориф бигзарем, Ҳаким Фирдавсӣ ҳам борҳо рӯи ин нукта таъкид намудааст: «Туро дину дониш раҳонад дуруст, раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст»; дар саросари осори Ҳаким Носири Хусрав пайвастагӣ ва вобастагии дину дониш ба якдигар таъкид ва собит мегардад.
Эътидол, таъодул, адолат ба таври шигифтангез ҷавҳари аслии фарҳанги миллии моро дар ҳама даврон ташкил додаст. Бигирем фалсафаи Наврӯзро. Таъодул, мувозина, таносуби комил асли моҳияти онро ташкил медиҳад. Ба дақиқии сонияҳо ин ҷашн аз лаҳзае (гоҳе) шурӯъ мешавад ки ҳама аносири тазодҳои аразӣ ба камоли таносуб ва баробарӣ яъне адл мерасанд.
Аҳмади Дониш бо истинод ба Қуръони маҷид ва мушоҳидаҳои ситорашиносии худ мегӯяд, ки низоми кайҳон бар мабнои адл ва таносуби комил аст ва агар сари мӯе дар гардиши сайёрот инҳироф ба вуҷуд биёяд, ин низом аз ҳам мепошад. Усқуфи аъзами (Архиепископи) Осиёи Марказӣ дар китоби худ «Дӯстонро бояд аз Шарқ ҷустуҷӯ кард» масеҳиятро «дини муҳаббат» ва исломро «дини адолат» меномад. Нависандаи ҳакими рус Лев Толстой дар номаи худ ба А.А.Толстой бо изҳори норозигӣ дар мавриди ифроту тафрит дар бораи нисбат додани вай ба ин ё он ақидаи фалсафӣ ё сиёсӣ ва ба хотири расидан ба миёнагини тилоӣ менависад: «…лутфан ба ман чун ба як муҳаммадии (мусулмони) хайрхоҳ (мўътадил) нигоҳ кунед, он гоҳ ҳама чиз хуб мешавад» (А.И.Шифман. «Лев Толстой и Восток».   Москва-1971.). Аз Қуръон ва аҳодис мисолҳои зиёдеро дар бораи ҷавҳари ислом будани адл ва эътидол метавон овард, вале манзур дар кулл ин мавзӯъи фарох нест, ки дар салоҳияти мутахассисони ин улум мебошад. Балки манзур ин аст, ки агар ҷое гуфта шуда ва ё гуфта шавад, ки барои омӯхтани адабиёти классикии мо омӯзиши ислом зарур аст, ин ифрот, идеология ё сиёсат нест. Ин як зарурати ҳатто техникии матншиносӣ аст, ки ҳамаи ховаршиносони дунё ба он бовар доранд ва ҳамаи онҳо, чи ғарбиву чи шарқӣ ҳамон қадр, ки адабиётшинос ҳастанд, исломшинос ҳам ҳастанд. Вақте, ки банда «Маснавии маънавӣ»-ро мехонам, ки дар он беш аз 700 ҳадис ба забони арабӣ ва оятҳои зиёд истифода шудааст, ва бо мушкил рубарӯ мешавам, (ба ғайр аз талмеҳот ва ишороти қуръонӣ), ин заруратро бевосита барои худ эҳсос мекунам.
            Бо ин мулоҳизот банда аз ин назар, ки дигарбора ҳеч навъ идеологияро бар илм ҳоким насозем, тарафдорӣ менамоям.
            Адл, таъодул, таносуб, мувозана ки асоси маорифи бостонии моро ташкил дода, дар системаи маорифи милии исломӣ бо камоли ҳамоҳангӣ идома ва рушду такомул ёфтааст, имкон додааст, ки донишмандони парвардаи ин маориф аз тамоми донишҳои башарӣ, ҳар ҷо ки дастрас аст, бархурдор гарданд ва аз ин мавзеъ ҳатто бо пешрафтатарин мактабҳои илмиву ақидативу фалсафии замони худ на танҳо ба доду ситади фарҳангӣ, балки ба мубоҳисаву муколамаи фаъъол пардозанд. Шояд шуъубияи тоҷикӣ на танҳо дар партави муқовимат бо нажодпарастии арабӣ (агар дар    чунин сатҳи илмие вуҷуд дошта) ва идеологияи марксистӣ, балки дар муқовимат бо сайтараи аз ҳад зиёди фалсафаи юнонӣ (аз ҷумла афлотуния ва навафлотуния аз тариқи адабиёти тасаввуфӣ) ҳам замоне зоҳир шуда бошад. Ба назари инҷониб ин мавзӯъест, ки маводи зиёди таҳқиқотӣ барои он мавҷуд мебошад ва албатта баррасии он кори мутахассисон аст.
            Аз миёни тазодҳо расидан ба таносуб, таъодул ва тавозуни матлуби фикриву адабӣ, эҷоди хайру салоҳ аз корбурди созандаи тазодҳо мояи аслии ғоявӣ ва эстетикии адабиёти моро низ ташкил медиҳад. Дар ин ҷо бамаврид аст, порае аз шеъри донандаи беназири фалсафаи Шарқу Ғарб, шоири ҳаким Иқболи Лоҳуриро, ки дар мунозара бо Худованд сурудааст, ёдоварӣ намоем, ки ба мавзӯъ рабти бевосита дорад
            Ту шаб офаридӣ, чароғ офаридам,
            Сафол офаридӣ, аёғ офаридам.
            Биёбону куҳсору роғ офаридӣ,
            Хиёбону гулзору боғ офаридам.
            Ман онам, ки аз санг ойина созам,
            Ман онам, ки аз заҳр нӯшина созам.
            Яъне тазод дар адабиёти мо мурод ва ҳадаф набудааст, ки инсон барои эҷоди он талош кунад, балки воситаест, ки бо шинохт ва корбурди дуруст аз он метавон ба ҳадафи аслӣ, ки таносуб ва таъодул ҳаст, расид. Рисолати инсон ҳам аз назари Иқбол дар ҳамин талош хулоса мешавад. Зимнан бояд гуфт, ки ин дидгоҳ бисёре аз гиреҳҳои ашъори ҳакимонаи Умари Хайёмро низ боз менамояд ва дар ин хусус рисолаҳову мақолаҳои зиёде таълиф шудааст ва ҳаргиз дар порае аз як сӯҳбат ё мақолаи муҷмалу мухтасар наметавон иддаъои кашфи асрори Хайёмро кард, балки ин мавзӯъи таҳқиқоти муфассали оянда хоҳад буд.
            Дар охир лозим аст ёдоварӣ шавад, ки табодули назарҳо бо ҳузури донишмандон, устодон, хабарнигорон, масъулини ниҳодҳои илмиву фарҳангии давлатӣ, донишҷӯён ва ғайра, ки дар бештари маворид суханрониҳо аз тарафи мутахассисони ниҳодҳои расмӣ ва давлатӣ сурат гирифтааст, барои банда чунин эътимодеро ба вуҷуд овардааст, ки рўшанфикрони мо ва дар умум мардуми андешаманд, чи намояндагони ниҳодҳои расмӣ ва чи ғайрирасмӣ ихтилофи назарӣ ва ақидатии усулӣ бо ҳам надоранд, дар мавриди манофеъи усулии миллӣ ҳамагӣ тавофуқи назар доранд ва ҳатто ба гурӯҳҳои диниву дунявӣ ҷудо кардани онҳо як кори сунъӣ аст. Аққалан ба ин хотир, ки дар он миён ҳеч кас худро ғайридин ё ғайрииндунёӣ намедонад. Мубоҳисаҳо бештар ҷанбаи маърифатӣ ва машваратӣ дорад. Ихтилоф бештар натиҷаи сӯитафоҳумҳо ҳаст, ки дар натиҷаи муколама бартараф мегардад. Ойини мо бояд аз санг ойина сохтан бошад, на баракс.
Соли2008.
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     ФАРЊАНГИ МИЛЛЇ
ВА РИСОЛАТИ РЎШАНФИКРЇ

            Бањсњое, ки пас аз фурўпошї дар кишварњои шўравии собиќ аз љумла дар Тољикистон перомуни мавзўъњои фарњанги миллї, идеяи миллї ва аз ин ќабил дар љараён аст, як амри табиъї буда, талошњои ин мардумро барои таъйин кардани як таъриф ва фањми нисбатан мушаххас ва умумитар аз ин истилоњот пас аз хориљ гардидан аз системаи ќаблии таърифњо ва истилоњоти расман ќарордодї нишон медињад. Таќрибан њамзамон бањси бархўрди тамаддунњо ва гуфтугўи фарњангњо тарњ гардид, ки ин боиси густардатар шудани ин бањсњо шуд.
            Бидуни эљоди ин навъ таърифњо ва шинохтњои ќобили ќабул барои аксарияти аъзои љомеъаи кишвар, гуфтугў, табодули назар ва натиљагирињои мусбату эътимодбахш номумкин мебошад.
Гоње дар зењн суоле пайдо мешавад, ки оё ин мавзўъњо хатмшуда ва ин истилоњот барои њамаи мо маълуму машњур нест. Ва чї ниёзе ба бањсу табодули назар атрофи ин мавзўъњо њаст? Вале аз сўи дигар мебинем, ки рўз то рўз ин мавзўъњо бо тафкики (детализатсияи) бештар мавриди бањс ќарор мегиранд. (Масалан, фарњанг чист? Ё миллат чист?) ва аз маќолањои чопии марбута дониш ва огоњињои бештареро пайдо мекунем. Шахсан барои банда чанд маќолае, ки ахиран аз њафтаномањои кишвар хондам, омўзанда буд ва имрўз бо тарњи муќаддимае перомуни мавзўъи «Фарњанги миллї ва рисолати рўшанфикр» умед дорам, ки бо њузур дар табодули назар дар љамъияти рўшанфикрон дар ин мавзўъ огоњии бештаре пайдо намоям:
            Бошад, ки дар миёна чу бинанд рўи дўст,
            Ту низ дар миёнаи ишон бубиниё.
(Рўдакї)


ФАРЊАНГ
            Фарњанг дар забони мо як вожаи батамом мусбат аст ва њеч гоњ барои ќиёси мутазод дар муќобили вожаи дигари мусбат ќарор дода нашудааст. Масалан илм, дин, фалсафа, имон ва ѓ. Дар зењни њар яки мо лавњи сардари фарњанг ин аст:
            Њеч ганље нест аз фарњанг бењ,
            То тавонї, рўй бар ин ганљ нењ.
(Рўдакї)
            Аммо аз назари луѓат иборат аз ду калима аст: «фар» ва «њанг», ки њарду ба алоњидагї ё бо таркибњои дигар дар забони зиндаи мардуми мо роиљ мебошад. «Фар» бештар љанбаи олї ва маънавї дорад ва ба сурати мањдудтар дар вуљуди инсон метавонад ба маънии имтиёзоти фитриву сириштї, истеъдод ва рой (андешаи созанда) таъбир шавад. Аз ин љост, ки дар таркиб бо калимаи «њанг», ки маънои тавон, неру ва ќудратро дорад, гоње «рой» истифода шудааст. Масалан, Фирдавсї таъбири «бо рою њанг» - ро дар тавсифи ќањрамонони худ зиёд ба кор бурдааст. Ин ду яке бе дигаре наметавонад ба камоли матлуб бирасад:
            Рои беќувват њама макру фусун,
            Ќуввати бе рой љањл асту љунун.
(Иќбол)
            Сайф ва ќалам ба нањве ибораи њаммаънои фарњанг мебошад.
            Бо ин навъ таъбир ба истилоњи дигар, яъне «тамаддун» наздик мешавем, ки баъзе аз донишмандон фарњанг ва тамаддунро айни як чиз донистаанд ва баъзе тамаддунро кулл ва фарњангро љузъ шумурдаанд. Дар Ѓарб танњо олмонињо дар ќарни 19 ба таври ќатъии ќарордодї фарњангро (култураро)иборат аз арзишњо, ормонњо (идеалњо) ва хислатњои олии зењнї, њунарї, адабї ва ахлоќии љомеъа ва тамаддун (сивилизатсия)-ро иборат аз техника , технология ва омилњои моддї донистаанд. Вале ин навъ таќсимбандї дар њеч љо мавриди пайравї ќарор нагирифтааст ва њатто дар дохили як китоб мебинем, ки фарњанг ва тамаддун ба як маъно ба кор гирифта шудааст. Танњо мавриди нисбатан собит омили таърихиву љуѓрофист, ки тамаддун ом ва фарњанг хос мешавад. Масалан, тамаддуни ѓарбї (ё католикї) ва фарњанги фаронсавї, ки љузъи аз он тамаддун дониста шудааст. Дюркгейм ва Мосс мегўянд: «Тамаддун як фазо ё муњити маънавиест, ки чанд миллатро фаро мегирад ва њар як фарњанги миллї навъи махсусе аз он куллиёт мебошад».
 Баъзан фарњанг ба маънои хеле љузъитар њам истифода мешавад. Масалан, фарњанги диплумотї, фарњанги донишгоњ, њатто дар яке аз барномањои ахири телевизиони тољик ибораи «фарњанги истифода аз барќ» ба кор бурда шуд, ки ин албатта мавридї аст ва ба маънои одоб ва равиш омада ва истилоњї нест.
            Дар маљмўъ фарњанг ва тамаддун нисбат ба якдигар муносибати љузъ бо кулл дошта, њамзамон айни якдигар мебошан ва њарду дорои ду љанбаи маънавї ва моддї њастанд.

ОМИЛЊО Ё УНСУРЊОИ АСЛИИ ФАРЊАНГ
Забон, осор, завќу салиќаи њунарї, хусусиёти ахлоќї, дину ойинњо, асотир ва васоили таъмини онњо.
            Аз ин миён донишмандони Ѓарб аз он љумла Френсис Фукуяма, Шпенглер, Тойнби ду унсурро муњимтарин донистаанд, ки забон ва дин мебошад ва дар нињоят аз ин миён динро муњимтарин омил донистаанд. Дар зимн барои тасдиќи назари худ Фукуяма аз ваъдаи ёрии афинињо ба спартанињо дар љанг бо эрониён ёдоварї менамояд, ки агарчи ин ду ќавмияти юнонї дорои умумияти нажодї забонї ва тарзи зиндагї буданд, вале њангоми ваъдаи ёрї додан ќабл аз њама ба дини муштараки худ таъкид карданд.
            Кристофер Даусон мегўяд: «Динњои бузург пояњое њастанд, ки бар онњо тамаддунњои бузург бино шудаанд».

МИЛЛАТ
            Миллат вобаста ба шинохтњои мухталиф таърифњои мухталиф дорад. Вале чун манзур шинохти роиљ аз миллат дар Тољикистон аст ва бояд ќазоватњо дар чањорчўби он сурат бигирад, муносиб аст, ки аз маќолаи данишманд Масрури Абдуллоњ ёдоварї шавад, ки дар њафтаномаи «Миллат» чоп шуда буд. Дар ин маќола ба дурустї гуфта мешавад, ки шинохти мо аз «миллат» ѓолибан њамон таъбирест, ки дар даврони шўравї ба миён омада ва он ба асоси нисбати ќавмиву нажодї таъйин гардидааст. Ба ин ном кишваре ташкил гардидааст, ки ба асоси њамин нисбат њам бисёре аз намояндагони ин миллат берун аз марзњои он боќї мемонанд. Аз сўи дигар дар ин кишвар намояндагон ва ќавмиятњои дигар њам ба сар мебаранд. Бо ин њол таъйини идеяи миллї ва њамчунин фарњанги миллї  ба унвони унсурњои аслии њувияти миллї бо мушкилоте руёруй буда, моро водор месозад, ки дар хусуси истилоњи миллат њам дигарбора фикр кунем. Дар ин маќола бар асоси таљрибањои муваффаќи муосир пешнињод мешавад, ки ба љои “миллати тољик” истилоњи  “миллати Тољикистон’’ маъмул ва забони тољикї забони расмии њамаи ќавмиятњои Тољикистон шавад. Дар сурати маќбулияти ин назар, масъалаи фарњанги миллии тољикї дар мањдудаи кишвар, њал мегардад,  зеро агар як унсури асосии он, ки забон њаст, муштарак гардад, унсури дигари он дин муштарак аст. (Ба ин маъно, ки таќрибан тамоми ѓайритољикњои Тољикистон њам мусулмон њастанд. Истилоњи миллатро метавон ба таври ќарордодї мањдуд кард, вале фарњангро не. Тољикони берун аз марзи Тољикистон, ки бо тољикистониён њам фарњанг ва њам дини муштарак доранд, наметавонанд ба куллї људо аз њавзаи фарњанги тољикї бимонанд. Ин омил то њадде неруманд аст, ки баъзан пажўњишгаронро водор кардааст, то ночор номи Тољикистонро фаротар аз мањдудаи љуѓрофиёи сиёсии он ба кор бибаранд. Масалан, муњаќќиќи эронї оќои Бовандї дар зимни баррасии адабиёти форсизабони Тољикистон ва кишварњои њамсояи он дар Осиёи Марказї чунин тавзењ додааст, ки дар ин рисола (рисолаи номзадии ишон) њар љо ки дар баробари адабиёти Эрон ва адабиёти Афѓонистон, адабиёти Тољикистон мегўем, манзур аз он њам адабиёти Љумњурии Тољикистон аст ва њам адабиёти тољикии кишварњои њамсояи он дар Осиён Марказї. Вай ќабл аз он ки ба ин натиља бирасад, ибтидо чандин бор ибораи тўлонии «адабиёти тољик ва тољикзабони Осиёи Марказї»-ро истифода менамояд ва дар нињоят ин ба делели сангин будани ин ибораи тўлонї ногузир ва бидуни њеч навъ ѓарази дигаре ба ин натиља мерасад, ки дар кулл он њамаро «Адабиёти Тољикистон» биномад. Чун вожаи Тољикистон ба маънои сарзаминест, ки дар он тољикон сокин њастанд, дар ин ибора њеч эроде наметавон гирифт.
            Њамчунин наметавон аз ин сарфи назар кард, ки хеле аз тољикони љумњурињои дигар (ба ѓайри онон, ки ба зўр ва ё ихтиёрї миллияти дигарро пазируфтаанд) дар паспорташон «тољик» навишта шуда ва миллияти худро тољик медонанд. Албатта ин бањси дигар аст ва дар ин њол «тољик» истилоњи таъйинкунандаи нажод аст, то миллат. Дар њар њоле боз ба ин натиља мерасем, ки таќсими  Осиёи Марказї бар мабнои ќавмиву нажодї як иќдоме буда, ки ба њамин меъёрњои ќарордодї низ мутобиќат надошта, дар натиља њарљу марљеро ба вуљуд овардааст, ки танњо як роњи оќилонаи њалли он ба назар мерасад, ки иттињоди њар чї наздиктар ва марзњои њар чї шаффофтар байни ин љумњурињо мебошад. Ба иборати дигар метавон гуфт пас аз таи ин солњои таќсими беназми Осиёи Марказї њанўз њам њавзаи фарњангии он њамон њавзаи ќабл аз инќилоб аст, ки мењвари онро тамаддуни исломї (ѓолибан ба забони форсии тољикї) ташкил медињад. Албатта, манзур ин нест, ки дар шароити имрўз њам забони тољикї мисли собиќ танњо забони расмї ва илмии ин њавза бошад, балки бо таваљљўњ ба осори зиёди илмиву фарњангї ба ин забон дар сартосари минтаќа, ки њовии фарњанг ва таърихи њамаи ин аќвом мебошад, ин забон метавонад дубора њадди аќал наќши «лотини Осиёи Марказї»-ро ба худ ихтисос бидињад, танњо бо ин тафовут, ки ин забони зинда аст ва мисли лотин забони хомўш нест ва дар сурати идома пайдо кардани суннатњои фарњангофаринии намояндагони нажоди тољик барои соири аќвоми ин минтаќа, ба мизони зиёд ин имконро дорад, ки љойгоњи таърихии худро дубора соњиб гардад. Мењварияти забон ва фарњанги тољикї дар њавзаи фарњангии Осиёи Марказї ин имконро дода буд, ки замоне дар таъйини истилоњи «Миллати Бухоро» ё «Миллати Мовароуннањр» забони тољикї ба унвони унсури аслї наќши таъйинкунанда дошта бошад.
                                     

ТАЪРИХ ВА ЊОФИЗАИ ТАЪРИХЇ
Агарчи дар зимни таърифњои пазируфта аз фарњанг таърих ба унвони як омил ба назар нарасид, вале метавон гуфт, ки таърих ва њофизаи таърихї як унсури муњимми фарњанг ва тамадунни њар миллатест, шояд ин унсур дар таърифњои ќаблї дар дохили улум ва донишњо дар назар гирифта шуда бошад, вале ањамммияти вижаи он дар таъйини фарњанг ва њувияти миллї ба њадде муњим аст, ки месазад ба таври алоњида ёдоварї гардад.
            
                                   Ќавм равшан аз саводи саргузашт,
                                   Худшинос омад зи ёди саргузашт.
         Саргузашти худ гар аз ёдаш равад.
            Боз андар нестї гум мешавад.
                                                                                                                                                                                 (Иќбол)
Таљрубаи таърихї дар заминаи улум, дин, сиёсат ва њамаи мавридњои дигар имкон медињад, ки дар њар марњалае аз тањаввулоти таърихї дар хусуси арзишњои фарњанг ба таври сањењ таљдиди назар шавад. Ба воситаи таърих ва њифзи њофизаи таърихї метавонем азамати фарњанги миллиро дар таркиби њофизаи миллї зинда нигоњ дорем, ки ин нерумандтарин унсур барои њифзи њувияти миллї мебошад. Пас, метавон гуфт, ки ин се унсури аслии   таъйинкунандаи фарњанги миллї, яъне забон, њофизаи таърихї ва дин мебошад. Дар айни њол њар  яке аз ин унсурњо бар тибќи  зарурияти худ њамгароии моро бо фарњангњои миллии дигар, таъмин месозад, таърих бо миллатњое, ки дар тўли он иштирокоте доштем, забон бо миллатњои њамзабон ва дин бо миллатњое, ки бо онњо дини муштарак дорем. Ќавитарин ва табиитарин иртибот миёни миллатњое сурат мегирад, ки ин се унсури аслии таъйинкунандаи фарњанг ва тамаддун миёни онњо муштарак бошад. С. Њангингтон таќсимбандии ояндаи љањонро бар њамин мабно пешбинї карда, кишварњои нисбатан нерумандеро ки бо кишварњои перомуни худ, ин се унсури муштаракро доро мебошанд, барои ин гурўњи кишварњо кишвари мењварї номидааст. Аз ин нигоњ тамаддуни исломиро донишмандони Ѓарб ба чор тамаддуни фаръї (субсивилазация) ва ё чор фарњанг таќсим кардаанд: арабї, туркї, малаї ва форсї.

ФАРЊАНГИ МИЛЛЇ, МОДЕРНИЗАТСИЯ  ВА
ГЛОБАЛИЗАТСИЯ
Шадидтарин бањсњо ва ихтилофи назарњо дар ду садаи ахир перомуни мавзўъи   фавќ будааст. Аз як сў донишмандоне чун Пайпс иддаъо доштаанд ки шарти ногузири  модернизатсия  пазируфтани фарњанг ва тамаддуни Ѓарб аст, аз сўи дигар гурўњи бонуфузе аз намояндагони фарњангњои миллї бо њамон эътиќоди Пайпс, вале аз мавзеъи инкор модарнизацияро боиси аз даст рафтани фарњанги миллї донистаанд. Вале мисолњои зиёд собит месозад, ки ѓарбишавї ё худ вестернизатсия шарти муњимми модернизатсия нест. Япония, Сингапур, Тайван, Саъудї ва Эрон тавонистанд дар радифи кишварњои санъатии љањон ќарор бигиранд, бидуни он ки фарњанги Ѓарбро бипазиранд. Њамзамон кишварњое ѓарбї шуда, вале санъатї нашуданд. Тибќи омори тањлилие, ки донишмандони ѓарбї ироа кардаанд, мизони болотарини нуфуз ва ињотаи љањонии Ѓарб дар соли1910 будааст. Алораѓми ин иддао, ки забони англисї забони љањонї ва католитсизм дини љањонї мешавад, тибќи омори мазкур доираи ињотаи њарду сол ба сол мањдуд мегардад. Дар охири дањаи њафтоди садаи гузашта камтар аз 9 дарсади ањолии дунё ба забони англисї гуфтугў ва 30% пайрави мазњаби католикї буда, аз он ба баъд њарду маврид майл ба коњиш доштааст, ва тибќи њамин иттилоъот то соли 2025 пайравони ислом 30% ањолии љањонро ташкил хоњанд дод. Имрўз дигар метавон гуфт, ки мухолиф ё монеъ будани фарњанги миллї ва исломї аз модернизация иддаъои радшуда аст, ки ин раддияро худи воќеъият ва донишмандони воќеъбини Ѓарб додаанд.[7] Ин донишмандони воќеъбин имрўз нигаронии дигаре доранд. Семюэл Њантингтон тавсия медињад, ки чун технологияњо густариш меёбанд (ба љойњои дигар интиќол мешаванд) ва агар Ѓарб бихоњад, ки бартарии худро њифз намояд онро лозим аст, њар иќдоми мумкинро амалї созад, то аз ин густариш (-и технологояњо) пешгирї намояд.[8] Ва тавре ки шоњиди њол њастед, яке аз ин корњо тањрими технологии пешрафти барои кишварњои мусулмон бо бањонаи эњтимоли истифодаи номатлуб аз ин технологияњо мебошад. Њатто дар сурате, ки ин навъ модернизация бо истифода аз неруњои дохилии ин кишварњо сурат бигирад, тањрим мешавад.

ЉОЙГОЊИ ЗАБОН ДАР ФАРЊАНГИ МИЛЛЇ
Ин бањс ба алоњидагї ба он хотир тарњ шуд, ки аз як сў забон муњимтарин унсури таъйинкунандаи фарњанги миллї мебошад ва аз сўи дигар, зоњиран, мавриди нигаронии баъзе аз намояндагони фарњанги миллї ин аст, ки вуљуди унсури дигари муњим, яъне дини ислом дар фарњанги миллї, арсаи забони тољикї ва дар натиља осори њунарии ба ин забонро танг мекунад. Ба ин нигаронињо посухњои ќатъї ва бо далел дода шудааст, танњо чанд нуктаро мехоњам изофа намоям: забони форсї ё тољикї забони дувумини љањони ислом буда, њанўз њам агар ба иљрои рисолати таърихии худаш бипардозад, метавонад дубора ин љойгоњро пайдо намояд. Халќњои Осиёи Марказї ва хеле аз мардуми Ховари Наздик исломро бо воситаи забони форсии тољикї пазируфтанд ва ёд гирифтанд. Аз ин љост, ки онњо, аз љумла узбакњо, ќирѓизњо ва ќазоќњо муњимтарин мафоњими исломиро на ба забони арабї, балки ба забони тољикї њифз кардаанд: Аз он љумла: Худо, Пайѓамбар, фаришта, бињишт, дўзах, намоз, (бомдод, пешин, шом, хуфтан) , љонамоз, обдаст (ки мо худамон «тањорат» мегўем), пешнамоз (мо «имом» мегўем) ва ѓ…. Беш аз ин як мисоли дигар: аз муовини раиси донишгоњи исломии яке аз кишварњои туркзабони њамсоя шунидам, ки мегуфт: кишварњои форсизабон бояд ба мо ёрї расонанд, то дар донишгоњамон факултети забони форсї боз кунем, зеро њадди аќал 70 % китобњои динї ва њатто таърихии мо ба ин забон аст ва бе омўзиши забони форсї мо наметавонем мутахассисони босалоњиятро омода кунем. Имрўз дар ин кишварњо танњо дар њавзањо ва муассисањои динї аст, ки як тољикзабон метавонад ба осонї «њамзабон»-и худро пайдо намояд ва бо мушкили забонї бархўрд накунад.  Зеро бидуни муболиѓа 90 дарсади рўњониёни минтаќа забони тољикиро медонанд. Њатто дар китобњои дарсии мадрасањои уйѓурї ашъори Њофиз, Саъдї ва Бедил ба забони асл тадрис мешавад.
Иќбол барои чї забони ашъорашро форсї интихоб кард: Барои он ки агар аз сўе ба баландии андешааш созгор буд (порсї аз рафъати андешаам дархурад бо фитрати андешаам), аз сўи дигар  он забони дувуми дунёи ислом буд ва мухотаби Иќбол њам мусулмонон буданд.
Тањдид ба забон ва адабиёти форсии тољикї аз ноњияи дигар аст, ки аз љумла замоне Фирдавсї ба он бархурд карда буд. Аз ноњияи ононе, ки ба таври муѓризона адабиёти тољикро ѓайриисломї ё њатто зиддиисломї ќаламдод мекунанд. Дар тўли таърихи адабиёт мисолњои зиёде шоњиди он аст, ки бадхоњони муѓризи забон ва адабиёти форсии тољикї бо иттињоми зиддиисломї будани баъзе аз осор ва суханварони  он хостаанд арсаи ин забону адабиётро дар ќаламрави пањновари тамаддуни исломї танг кунанд. Ин кўшишњо дар ибтидо ва идомаи ќарни бист њам амалї мешуд ва имрўз њам идома дорад. Ва аз сўи дигар онњое, ки ба як ифтихори мавњум ва андешаи береша мехоњанд ин адабиётро ѓайриисломї ва танњо бо унсури нажодї љилва дињанд, бидуни он ки дар ањдофи худ ба муваффаќияте бирасанд, танњо ин ќадар муяссарашон мегардад, ки ба осиёби гурўњи аввал об мемонанд. Њатто дар замони худМуњаммади Иќбол дар китоби «Эњёи тафаккури динї дар ислом» аз вуљуди чунин њаракатњо дар Осиёи Марказї дар мисоли тафсири нодуруст аз ашъори Бедил ибрози нигаронї карда буд.
Ин мушкилро бархўрди дугона бо суннатњои фарњангии ќадим, аз љумла Наврўз низ ошкор месозад. Наврўз, ки як иди бисёр куњани мардуми мо буд, ба истиснои баъзе аз мавориди камранг (ситезњои дар асл нажодгароёнаи зиддиэронї) дар маљмўъ дар тамаддуни исломии тољикии мо бо камоли созгорї пазируфта ва дар миёни мардум њам ба номи машњури худ ва њам ба унвони «Сари сол» роиљ гардид ва дар тасаввури мардум њам як иди комилан мардумї ва суннатї, ки бо эътиќодоти онњо њеч ихтилофе надорад, пазируфта шуд, зеро анъанањои он аз ќабили аёдати наздикон, ёди гузаштагон, додани садаќа ва ёрї ба мўњтољон, оштї додани озурдагон ва аз ин ќабил суннатњои неки умумибашарї ва комилан созгор бо омўзањои исломї боис гардид, ки ин ид дар тўли таърихи тамаддуни исломии мо идома пайдо намояд ва танњо дар ибтидои садаи 20 дар баробари дигар суннатњои милливу мазњабї (!) аз сўи њукумати коммунистї мамнўъ гардад. Ин иди комилан тољикї дар миёни аќвоми дигари мусулмони Осиёи Марказї ва Ховари Наздик низ њамчун як иди суннатии онњо пазируфта шуда ва бо эътиќодоти исломии онњо омезиш ёфтааст ва як пули муносиби иртибототи фарњангии мо бо кишварњои њамсоя ва њамдин мебошад. Дар ин маврид низ мушоњида мешавад, ки баъзе доирањои мазњабии дар асл сиёсии муѓриз мехоњанд бо руљўъ ба оѓозгоњи ќаблазисломии ин ид мардумро аз он мутаннафир созанд. Айнан, тавре ки дар мавриди адабиёт гуфта шуд, ин љо њам муболиѓаи аз њад зиёди баъзе намояндагони ба истилоњ миллигарои мо, дар ростои комилан зиддиисломї љилва додани ин иди мардумї, ин миллигароёнро дар асл бо ифротгароёни мазњабї њамкору њампайкор мегардонад ва натиљааш танњо њамин аст, ки дар нињоят дили мардуми мусулмони тољик аз ин ин маросими аљдодї сард мешавад. Натиљае, ки барои гурўњи аввал хоста ва барои гурўњи дуюм нохоста аст. Зеро, комилан мутмаин бошед, ки њаргиз ин мардум эътиќодоти мазњабии худро бо ѓайримазњабї иваз намекунад. Танњо метавон хитоб кард, ки Наврўзи комилан тољикишударо ѓайритољикї, Наврўзи комилан мардумишударо ѓайримардумї, Наврўзи мусулмонишударо ѓайрисломї (ё њадди аќал зиддиисломї)  љилва надињед, ки њосилаш танњо манфї асту бас.
Фарњанги миллии тољикон бо таваљљўњ ба вуљуди муњимтарин аркони он, забони миллї, дин, арзишњои маънавї, њофизаи таърихї, русуму анъанањо, сабку шевањои рафторї дар маљмўъ ташаккул ёфтааст. Он дарбаргирандаи арзишњои волои инсоние мебошанд, ки аз чандин роњу тариќ муносибат, иртиботот ва доду ситади фарњангии мо ба миллатњои дигарро таъмин месозад ва њамзамон ќобилият ва истеъдоди комили пазируфтани арзишњои волои фарњангњо ва тамаддунњои миллии дигарро доро мебошад. Рисолати рўшанфикри миллї чи рўњонї ва чи ѓайри он  ин аст, ки ин фањанги миллиро тавре ба забони рўз таъбиру тафсир намояд, ки боиси вањдати бештари миллии мо ва иртиботи солимтари мо њам дар њавзаи забони форсї, њам тамаддуни исломї ва њам тамаддуни љањонї шавад. Барои ин танњо кофист, ки аз ин фарњанг ќироат ва таъбиру тафсири дуруст шавад, он тањриф нашавад, зеро сиришти ин фарњанг, фитрати ин фарњанг чунон аст, ки ба иттињоди башар даври мењвари  имон, адолат ва хирад даъват мекунад. Танњо онро бояд чунонки њаст, ќироат ва ба забони рўз таъбир кард. Рўшанфикри миллии мо агар мушкиле дорад, фаровонии мероси маънавї ва камбуди ваќт дар ќиёси он аст. Хушо ба њолаш, ки мушкилаш ин аст. Вале бояд бубинад, ки чї тавр њамтои ў аз аќвоми дигар аз як наќшаи содаи рўи санг чи ќадар таъбиру тафсирњои мувофиќ ба суолњои рўз мекашад ва мисли устод Рўдакї «сад байти парниён мекунад аз санги хора», аз афсонањо ва устурањои бадавии худ ба масоили љањонї посух мељўяд ва пайдо њам мекунаду  мавриди ќабул ва тањсин њам мегардад. Бо ин њол мо бар сари китобњое, ки дар асл бо забони ва баёни рўшан бе њеч рамзу афсона барои имрўзу фардои мо ва љањон паём доранд, бањс мекунем ва камоли ифтихор ва ќаноатмандии мо он аст, ки битвонем якдигарро мулзам (на мўътаќид) гардонем. Вале мардуми љањон ин китобњоро, бе он ки ниёзе ба мо дошта бошанд, мехонанд ва барои мо таъбиру тафсир њам мекунанд. Имрўз замоне, ки дубора осори ховаршиносоне чун Бертелс, Болдиров ва њатто Брагинский (ѓарбињоро як сў гузорем) мутолиа мекунем, бо таъаљљуб дармеёбем, ки дар шинохт ва пазируфтани љанбањои мусбати исломї ва ирфонии осори куњани мо онњо њиммати бештар ва воќеъбинии бештареро, аз он ки имрўз дар миёни мо маъмул њаст, мушоњида мекунем. Хуб, адибони даврони шўравиамон маъзур буданд, зеро муттањам ба исломгарої ва миллигарої мешуданд, вале имрўз чї? Чаро имрўз њам хелењо њанўз дар мавзеъи атеизми љанговар ќарор доранд? Наход, ки њанўз ба он эътиќод доранд? Наход, ки њанўз ба пояи эътиќоди Бертелс ё Брагинский нарасидаем?[9]
Рўшанфикри миллии мо касест, ки њамеша дар миёни ин ду љабњаи ситезандаи ифроту тафрит, яъне дар дами теѓи роњи рост ќарор дорад ва аз њар ду тараф сарзаниш мешавад, ба «созишкорї» мутањњам мешавад. Вале охир ин созишкорї кори ў нест, балки созишест, ки аз ибтидо миёни арзишњои љовидонии миллї ва исломї њосил гардидааст ва яке тасдиќи дигарест на инкори дигарї.
Рўшанфикри милии мо њадди аќал барои он, ки мењвари андеша ва аќидаи миллати худро бидонад, бидуни њеч таъассуби худфиребона донишњои роиљи исломиро меомўзад, то битавонад дар сатњи лозим бо онњое, ки дар бораи фарњанги мо бар њамин мабно ќазоват мекунанд ва хеле ваќтњо дар ин ќазоватњо љониби адолатро риъоят наменамоянд, муколама намояд.
Рисолати рўшанфикри миллии мо истодагї дар муќобили даъвои ботили нажодпарастони тољикситезест, ки бо сўистифода аз баъзе даъвоњои ифротї мехоњанд, адабиёт ва фарњанги миллии исломии тољикиро ѓайриисломї унвон намоянд ва ба ин восита мардумро нисбат ба адабиёт ва фарњанги таърихии худ бадбин ва маводи идеологии худро љойгузини он намоянд.  Лозимаи ин кор ошноии кофї бо исломи суннатии ин сарзамин ва донишњои исломии рўз мебошад. Хидмати њадди аќќал дар ин љабња он аст, ки рўшанфикри мо исломситезиро канор гузорад ва бо таъбири ѓайриисломї аз фарњанг ва адабиёти миллии худ ба он гурўњ ва њамчунин на камтар аз он ба мубаллиѓони сектањои мазњабии хориљї ёрї нарасонад. Албатта, ин мавзўъ тафсилоти бештар мехоњад ва далоил зиёд аст, вале дар ин гуфтор маљоли он нест.
Рўшанфикри имрўзии мо бо уфтодани деворњои идеологї ва боз шудани фазои иттилоъотї медонад, ки аксарияти донишмандон ва сиёсатмадорони шинохтаи дунё, чи Ѓарб ва чи Шарќ, миллият ва мазњабро, фарњанги миллї ва динро дар муќобили якдигар ќарор намедињанд, балки ин дуро дар як таркиби воњид мебинанд ва агарчи ташаббуси онњо будааст, ки калисоро аз давлат људо эълон кардаанд, вале ин амр монеъ аз он нашудааст, ки дар амал сарварони ин давлатњо мубаллиѓони мазњаби худ ва ходимони калисои худ бошанд.
Имрўз дар раванди љањонї шудани иќтисод ва фарњанг кишварњо бар асоси муштаракоти иќтисодї ва эътиќодї блокбандї кардаанд ва дар сатњи љањонї бузургтарин блокњое, ки кишвари мо ба он пайваста, аз назари эътиќодї њувияти исломї доранд. Мисли Созмони Конфронси Исломї ва ЭКО. Замоне, ки сўњбат дар хусуси Банки тараќќии исломї ба миён меояд, њеч касе хатари «иртиљоъи асримиёнагї»-ро дар зењни худ роњ намедињад, замоне, ки  телевизори малайзиро ба вай пешнињод мекунанд, њаргиз ба далели он ки як кишвари мусулмонї аст, дар сифати он шак намекунад. Фарњанги исломї бар мабнои ин созмонњо ва ин нињодњо дар сатњи љањонии муосир матрањ аст. Бинобар ин ќазоват дар мавриди масоили исломї низ дар ин сатњ бояд сурат бигирад, на дар сатњи карикатурањои «Гўшањои атеистї»-и солњои 60 ва 70 ќарни гузашта ва на карикатурањои хасмонаи ахир, ки нишон дод манбаъ ва марљаъи ифротгарої дар куљост.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мушкили аслии мо ва сабаби аслии ихтилофоти фикриву эътиќодї ва назарие, ки ахиран мушоњида мешавад, камбуди иттилоъот аст. Дар шароити кишварњое, ки таќрибан як аср аз як манбаъи дорои барномаи махсус бо ањдофи махсус омўзиш ва иттилоъ дода мешуд, ин як амри табиист ва 15 соли истиќлоли пурњодиса њанўз фурсатеро барои нав кардани системаи омўзишиву иттилоъотї надодааст. Њамчунин гурўњњо ва ќишрњои мухталифи љомеъа имкони гуфтугўй ва огоњии дуруст аз назари якдигарро надоштаанд, то нобоварї нисбат ба якдигар аз миён биравад. Дар ѓайри ин муњол аст чунин тасаввур кард, ки доирае ё гурўње аз мардуми мо, ки зотан ва сириштан миллатпараст њастанд, дониста ва ќасдан барои эљоди буњрони њувияти миллї камар баста бошанд.
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     Соли 2008
ВАЊДАТИ ФАРЊАНГИЁН: 
ЗАРУРАТ ВА ИМКОНИЯТ

            Албатта чун њамеша ќабл аз њама ниёз ба таъйини њудуди истилоњ дорем вале чун маљоли бањси тўлонї нест ва хатари аз мавзўъи аслї берун рафтан дар миён аст, бо ин иктифо мекунем, ки манзури мо аз фарњангиён њамаи онњое њастанд, ки бо маънавият, бахусус улум ва фунуни инсонї иртибот доранд. Пас аз ин гурўњ дар љомеаи мо чанд навъ вуљуд дорад ва ин танаввуъ бар асоси чист?
            Ин танаввуъ ё гуногунї мањсули ин даврон нест, балки натиљаи барномаи фарњангсозї ва маорифсозии даврони шўравї аст, ки дар асл њадафи он њам эљоди гурўњњои мухталифи фарњангї набуд, балки комилан баракс, мехост њар навъ танаввуъро аз миён бибарад ва як фарњанги комилан яксонро ба вуљуд биёрад. Он чизро, ки мехост аз байн бибарад, он њам дар асл як фарњанг ва маорифи воњид буд бар пояи маорифи миллии исломии тољикї, ки имрўз дар ин нукта шакку тардиде вуљуд надорад. Фарњанги ба истилоњ наву инќилобї эљод шуд ва њоким бар фазои рўз гардид, вале на њоким бар рўњу  равони мардум. Агарчи рўдбори аслии фарњанги суннатї хушк карда шуд, вале дар маљрои ин рўдхона ин љову он љо чашмањои љўшанда боќї монд. Агар бар асли адабиёт ќазоват бикунем, ки он њамеша барои мо љанбаи неруманди эътиќодї дошта ва дорад, дуфарњангї ё дуадабиётї басароњат ба назар мерасид. Дар баробари он ки дар мактабњои расмии мо аз устод Рўдакї то устод Айнї инсофан ба таври  муфассал тадрис мешуд, вале дар мактабњои ѓайрирасмии мардумї низ ба таври худ Мавлоно, Аттор, Саъдї, Њофиз, Љомї, Бедил  ва дигарон тадрис мешуд ва толибилмон дараљаи њофизхон, бедилхон, мавлавихон ва аз ин ќабилро мегирифтанд. Ин воќеияте, ки тољикњо бо он њамеша ва њама љо ба њаќ ифтихор мекунанд, ки модари тољик дар гањвора зери болини тифлаш Њофизро мегузошт, гувоњи ихлоси бењади мардум ба фарњанги миллии исломии худ буда ва њаст, бале фарњанги миллии исломї, зеро ин девони Њофиз њатман ба хатти форсї буд ва бидуни ислоњњо ва ихтисорњое, ки дар натиља мардум онњоро «њофизи њукуматї», «бедили њукуматї» мегуфтанд    ва эътиќод ба онњо надоштанд.
Метавон гуфт, ки аз солњои њаштод ба баъд баъзе аз намояндагони њавзањои илмии суннатї ба баъзе аз интишороти илмї ва академии осори классикї таваљљўњ зоњир мекарданд. Ин тамоюли вањдатгаро марбут ба он буд, ки аз як сў љавонони бештар тањсилкарда ва рўшанфикр дар ин њавзањои илмии суннатї пайдо шуда буданд ва аз сўйи дигар фазои нисбат ба солњои пеш бозтари идеологї имкон медод, ки интишороти воќеан илмї ва бидуни тањриф ва ихтисори баъзе аз осор, аз љумла куллиёти Бедил, рўйи кор биёяд. Ба сурати ѓайрирасмї ва машваратї аз баъзе зарфиятњои њавзањои суннатии илмї дар тадвин ва чопи осори классикњо истифода мешуд. Њамчунин истифода аз осори сирфан илмии академї дар њавзањои суннатї ривољи тамом дошт. Масалан, шогирдони ин њавзањо ба шўхї Баранов – муаллифи фарњанги арабиро «њазрати Баранов» меномиданд.
Љараёни наздикшавии ду љиноњи илмиву фарњангї дар охири дањаи њаштод ва авали дањаи 90 ба ављ расид, омили ин наздикї бештар табъу нашр, тафсиру тањќиќи осори муслињони фикрие чун Саййидљамолиддин, Иќболи Лоњурї, Алии Шариатї ва њамчунин нигоњи дигаргунатар ба осори фикриву иљтимоии Ањмади Дониш, Абдуррауфи Фитрат, устод Айнї ва дар маљмўъ нењзати маорифпарварї буд. Бидуни шак метавон гуфт, ки эњтиром ва эътиќод ба осори ин мутафаккирон дар миёни намояндагон њарду љиноњ зиёд буд ва ин амр заминаи муносиберо барои ташаккули як ќишри воњиди рўшанфикрони миллї фароњам менамуд. Ин љараён дар њоле сурат мегирифт, ки дар пайи эъломи поёни мављудияти Иттињоди Шўравї аз сўйи рањбарони Русия, Укройин ва Белорус, раванди њувиятсозии миллї суръати бошитобтаре касб кард ва дар ин раванд нахустин унсури барљастаи њувиятсозе ки нахустин раисони љумњурињои Осиёи Марказї њини савганд ёд кардан даст рўйи он гузошта буданд, Ќуръони маљид буд. Ба истиснои Тољикистон.  
Рухдодњои маълуми Тољикистон, раванди њамойиши ду љиноњи фарњангиёнро на танњо ќатъ кард, балки то муддати мадиде ба маљрои баракс гардонд ва бо эљоди фазои беэътимоддї ва тарсу вањшат аз якдигар ин фосиларо ба таври бесобиќа бузург кард. Вале бо таваљљўњ ба ниёзи мубрам бар вуљуди идеяи миллї барои як љумњурии мустаќил ба тадриљ бештари њамон шиорњои фарњангии миллие, ки дар назари аввал гўё боиси муноќиша шуда буданд, дубора рўйи кор омаданд ва расмият пайдо карданд. Ин амр барљастатарин шоњиди ин воќеият буд, ки решаи муноќишоти Тољикистон на дар он шиорњо ва барномањои истиќлолхоњї ва њувиятсозї, балки дар авомили хориљї ва тањмилї будааст.
Дар марњалаи кунунї, дар њоле, ки дубора њаракатњое ба сурати табиъї барои эътимодсозї ва њамойиши гурўњњои фарњангии миллї аз тариќи гуфтугў ва машварат сурат мегирад, боз ин љову он љо аксуламалњое бо ањдофи дахолат додани унсурњои берунї дар њаллу фасли масоили фарњанги миллии Тољикистон амалї мегардад ва масъала тавре љилва дода мешавад, ки гўё ин њаракатњо бар алайњи кишварњои дигар, фарњангњои дигар, забонњои дигар, алифбоњои дигар амалї мешавад ва њамчунин гўё њатман боз аз сўйи кишварњои дигаре њидоят мешавад. Ин кўшиш ба њадде муѓризона аст, ки њатто бе њеч эњсоси масъулият баёноти марбута тањриф карда мешавад. Дар ин навъ бархўрдњо аслан вуљуди андешаи мустаќили миллї, фарњанги мустаќили миллї зери шубња ќарор дода мешавад. Чунин бархўрдњо на танњо дар баробари ибрози назари намояндагони мањфилњои фарњангї, њатто нисбат ба иќдомоти ќонунї ва расмї њам сурат мегирад, ки баёнгари мављудияти як гурўњи мухолифи фарњангї мебошад, ки барномањояш, агар нарм бигўем, «муњофизакоронатар» аз маќомоти расмї мебошад.
Эљоди заминаи мусоид барои вањдати фарњангї вобаста ба амалї сохтани баъзе барномањое аст, ки њатман бояд аз роњњои расмї ва ќонунї анљом шавад ва дар ѓайри ин сурат ташаббусњои хусусї ва гурўњї метавонад боиси ба вуљуд омадани мухолифатњои бештар гардад. Аз он љумла, посухи ќатъї ва мавзеъи равшан нисбат ба муњимтарин марњалањои сарнавиштсози таърихи миллї; таини љойгоњи унсурњои аслии фарњанги миллї дар низоми маданї ва омўзишї; таъйини њудуд ва мизони ќобили ќабули унсурњои фарњанги бегона; таини љуѓрофиёи фарњангии таърихї ва муосири миллї; таъйини вазъи мављудияти фарњанги миллї.
Мавриди охирї ниёз ба тавзењоти бештаре дорад. Асли масъала ба сурати сода ва равшан ин аст, ки оё мо як фарњанги миллии мављуд дорем ё не? Зеро дар асл ва моњият ду навъ кўшишњо ба назар мерасад, ки вобаста ба он њам фарњангиёни мо ба ду гурўњ људо мешаванд. Яке ин ки мо дорои як фарњанги миллї нестем ва он бояд бо истифода аз унсурњои гуногун сохта шавад ва ба мардум ёд дода шавад. Дигар ин ки мо дорои фарњанги миллии суннатї ва решадор њастем ва он бояд бар тибќи ниёзњои рўз ислоњ ва такмил шавад. Албатта, ончи дар бахши аввал гуфта шуд, даќиќан ва бевосита ба он сурат эълом нашудааст, вале ононе, ки мехоњанд бар пояи фарњанги атиќї ва њамроњ кардани унсурњое аз фарњангњои дигари љањонї як фарњанги миллї бисозанд, амалан, иддаъояшон њамон аст, ки гуфта шуд. Зеро онњо комилан як чизи барои имрўзи миллат бесобиќаро мехоњанд ба ў пешкаш намоянд ва мардум омўзиши ин фарњанги бастакоришударо аз сифр шурўъ намояд. Ин навъ фарњанг дар њељ љойи дигаре аз дунё, аз он љумла дар густараи љуѓрофиёи таърихии худи мо ва фазои муштараки забонии мо намунаи зинда надорад, то ба унвони таљриба аз он истифода гардад ва њамчунин фазои бозтари фарњангї аз ин тариќ ба вуљуд оварда шавад.  Њоло ин муњокимаро њам бо сарфи назар аз он раво медонем, ки оё мардум чунин сохтаеро мепазирад ё не?
Роњи дувум собиќаи чандсадсола дорад ва ба ѓайр аз кишвари мо чандин кишвар, аз љумла кишварњои њамзабон ва њамфарњанги моро фаро мегирад. Нишонаи њадди аќали асолати ин роњ њамин аст, ки мардум ба он эътиќод дорад ва ба мизони зиёд бо он ошност. Муњимтарин чиз дар ин маврид эътиќод аст. Албатта мо фарњангиён мехоњем, ки аз мардуми одї фарќ кунем ва масалан ваќте ки сўњбат мекунем мисолњоямон аз шахсиятњои љањоние бошад, ки онњо номашонро бори аввал мешунаванд, вале албатта масъала ин нест. Масъала, ќабулонидани фикр аст ва агар чунин аст, пас бењтар нест, ки барои мардум аз он матнњо ва аз он шахсиятњое, иќтибос шавад, ки мардум ба онњо эътиќоди бењадду андоза доранд ва суханашонро ба љону дил мепазиранд. Дар кулл мавзўъ мавзўъи марљаъият аст. Зеро њаќоиќи башарї аслан њама гуфта шудааст. Ба забони мо њам гуфта шудааст. Як њарфе бигўед, ки айни онро, аќќалан мазмуни онро ба забони мо бузургони фарњанги мо нагуфта бошанд. Ваќте ки мардум «Зи гањвора то гўр дониш биљўй» -ро бо љону дил мепазирад, чаро инро як сў гузорему «Хонед, хонед, боз хонед!» гўем ва ўро бихандонем. Ваќте ки мардум аз гуфтаи паёмбари ислом, ки «Форсї забони ањли бињишт аст» ва ё «Агар илм дар баландтарин гўшае аз осмон бошад, ќавми яке аз асњоби ман онро ба даст меорад (ишора ба Салмон)» вуљудаш саршори ифтихор мешавад, чаро инњоро як сў гузорем ва ифтихорро     баракс аз гуфтори ситезаљуёнае биљўем, ки мардумро хуш намеояд ва онро намепазирад. Албатта ин на ба маънои тањрими дигарон аст, балки асли ќазия ба љои ситеза бо эътиќоди мардум, кор гирифтан аз он аст.
Чизи дигаре, ки моро аз фарњанги миллї дур медорад ва ё мунфаил месозад, тасаввури мањдудияти ин фарњанг аст. Мо мўътаќидем, ки барои љањонї ва башарї шудани фарњанги мо њатман бояд мутафаккири миллї аз чањорчўби он берун рафта бошад ва рози љанбаи умумибашарї пайдо кардани осори бузургони адабиёти классики худро низ мањз дар њамин нукта љустуљў мекунем. Ин мавзўъ воќеан љолиб аст ва тавре њам, ки дар гузоришњои пештар ишора шуда буд, воќеан ин як масъалаи љиддист ва бояд посухи он дода шавад, ки оё фарњанги миллии исломї, ки имрўз ба эътирофи шинохтатарин намояндагони расмии фарњанг ва адабиёти мо низ замина ва љавњари аслии андеша ва адаби пуршукўњи гузаштаи моро ташкил медодааст, барои он омили мањдудият будааст ваё баракс омили љањонї шудан. Ба таври табиї суолњое пеш меояд, ки агар он омили мањдудият буд, пас, чаро мањз њамин бахши адабиёт хислати умумибашарї касб карда ва њанўз ин хислати худро њифз намудааст ва баракс фарњанге, ки бо сарфи назар аз ин арзишро ва гўё бар асли тамаддун ва фарњанги муосири љањонї эљод гардид, чунин вусъатро пайдо накард. Дар ин маврид баъзењо бањси њунар ва истеъдоди адабиро пеш мекашанд, вале боз ин суол пеш меояд, ки чаро он навъи фарњанг заминаи њунар ва истеъдодњои дурахшон гардид ва баракс. Ваќте ки мо дар хусуси љанбаи умумибашарї доштани адабиёти худ сўњбат мекунем, аксаран њамин ќитъаи шайх Саъдиро мисол меорем, ки бар пештоќи ЮНЕСКО насб шудааст:
Банї Одам аъзои як пайкаранд,
            Ки дар офариниш зи як гавњаранд.
            Чу узве ба дард оварад рўзгор,
            Дигар узвњоро намонад ќарор.
            Ту к-аз мењнати дигарон беѓамї,
            Нашояд, ки номат нињанд одамї.
Маълум аст, ки ин шеър бекаму афзун назми як њадиси маъруфи Паёмбар (с) аст ва афзудаи тахайюли шоирона ва дигар унсурњои шеърї дар он камтар дахолат дорад. Ба изофа албатта ин ќитъа дар тарљума он љо насб шуда ва маълум аст, ки дар тарљума асл маъно ва мундариља аст. Пас, мо барои он, ки дар чунин маврид масалан, шайх Саъдиро аз ин «мањдудияти марљаъї» наљот бидињем, ва њамзамон љанбаи гўё истиќлоли миллии афкори вайро собит созем, ба љустуљў шурўъ мекунем ва агар афкори мушобење масалан, дар фалсафаи Чини ќадим, Юнон ё љойњои дигар ба назарамон расад, онро асли ин афкор муаррифї мекунем.  Албатта хуб аст, ки чунин мушобињатњо ошкор ва таъкид шавад, вале ду мавриди муњим боќї мемонад, ки эътибори худи Шайх Саъдї бар кадом будааст, ва ин асар барои умуми мардуми тољик дар чї сурат эътибору эњтироми бештар касб мекунад. Агар марљаъи аслии он чиниву юнонї муаррифї шавад, ё худиву исломї ва дар кадом сурат вањдати фарњангии мили мо бештар таъмин мешавад. Ин дар њоле, ки љанбаи умубашарї худ ба худ таъмин ва амалан аз сўи љањониён пазируфташуда аст. Банда ин мисолро ба таври усулї барои тамоми адабиёт ва фарњанги миллї овардам, ки дар нисбати куллии он чунин муносибат мушоњида мешавад. Ин навъ бархўрд њосили чунин пиндор аст, ки гўё дар сурати эътирофи љанбаи воќеии исломии милии чунин осор мо – намояндагони фарњанги муосир аз њаќќи ворисият ба он мањрум мегардем ва он моли ду-се тан мулло мешавад. Имрўз чунин бархўрд ва чунин пиндор бисёр хатарнок шудааст. Зеро дар баробари маорифи исломии суннатї, ки њамеша адабиёт ва фарњанги миллии моро љузъи муњимме аз барномањои худ ќарор додааст, аз чандин сол ќабл ба ин сў љараёнњои пуршитобе рўйи кор омадааст, ки њидоятгарони онњо тањаммули унсури неруманд ва рўзафзуни фарњанги тољикзабон ё худ форсизабон дар матни фарњанги исломии љањониро надоранд (чун ин забон аз ќадимулайём дувумин забони љањони ислом буд) ва аз њар тариќе мехоњанд онро аз арсаи пањновари фарњанги исломии љањонї тард кунанд.  Чанд соле пеш як силсила маќолотро дар сомонаи интернетї дар посух ба онњое, ки дар як бањс забони тољикиро дар Осиёи Марказї содиротї аз хориљ муаррифї мекарданд, чоп кардам. Ба њуљумњои зиёд дучор шудам. Аз љумла як манбаъи хориљї навишта буд, ки забони дарї сохтаи яњудиёни Бухоро, ки ба дарбори Сомониён роњ ёфта буданд, мебошад ва њадафи он пешгирї аз густариши фарњанги ноби исломии арабї буд, на беш аз ин. Ва њамчунин, аз арабситезии Фирдавсї ёдоварї мекард ва он ќитъаи машњур ба номи вай, ки «Зи шири шутур хўрдану сусмор….». Дар посух дар чанд банд беасос будани ин иддао собит шуд:
1. Илми љањон собит кардааст, ки забонњои љањонї њеч кадом офаридаи маснуъии табъи башар нест, балки забон низ чун миллат ба сурати табиъї пайдо шуда, рушд карда ва хомўш шуда, ки чун умраш ба сар ояд њатто онро касе натавонистааст наљот дињад.
2. Сарнавишти забони илмии маснуъии эсперанто, ки низ мисли муддати салтанати Сомониён 100 сол дорад, ба изофаи ин имтиёз, ки муассиртарин васоили фаннї ва зарфиятњои зењниро дар хидмат дорад, собит месозад, ки њаргиз забони маснўъи бо забони табиъї ва худодод ќобили ќиёс намебошад.
3. Дар сурати сохтаи яњудиён будани забони дарї бояд њадди аќал чанд тан аз бузургтарин намояндагоне, ки ба ин забон осори худро навиштаанд, яњудитабор мебуданд. Дар сурате, ки чунин нест.
4. Муњимтарин осори халќшуда ба ин забон дар тасдиќ, таъйид, таблиѓ ва шарњу басти ислом навишта шудааст, на баракс.
5. Он чи ба Фирдавсї иртибот дода мешавад, як њукм бар алайњи муњољимини дорои ањдофи сиёсї ва нажодї аст, ки он њам аз забони як ќањрамони «Шоњнома» садо медињад, на сухани мустаќими Фирдавсист. Худи Фирдавсї дар мавќеъи њимоят аз ислом аст. Дар њоле, ки дар накўњиши аъроби бодиянишине, ки бо Паёмбар (с) мухолифат меварзиданд, дар Ќуръон ба лањни шадидтаре њукм шудааст (ниг. сураи Тавба, ояти 97). Оё мо метавонем ин оятро исломситезона ё арабситезона маънидод кунем, дар њоле ки аз матни Ќуръони карим аст?
Аз сўйи дигар талошњое дар љињати бидуни хусусиятњои миллї ва мушаххассоти њувиятсоз љилва додани осори љањоншумули фарњанги миллии мо сурат мегирад, ки заминањо мусоидеро барои истифодањои космополитї аз он муњаййё мекунад. Масалан, њеч навъ чањорчўби аќидатї ќойил нашудан барои Мавлоно.
Дар маљмўъ дар посух ба ин суол, ки оё лузуми вањдати фарњанг ва фарњангињо вуљуд дорад, бояд гуфт, ки агар мо дар воќеъ худро дорои як мероси фарњангии муштараки миллї, бидонем, барои њифз ва омўзишу рушди солими ин фарњанг ниёз ба вањдат дорем. Агар ин вањдат бо сабабњое маќбул нест, он гоњ, камтарин вазифаи мо ин аст, бо нашри аќоиди нодуруст иддаъоњои ботили ситезандагон ба фарњанги миллии худро тасдиќ ва таќвият нанамоем.
Имкони ин навъи вањдати фарњангї комилан вуљуд дорад. Барои ин бояд аз чанд уќдаи равонї озод шавем. Фарњанги миллии исломї, як чизи асримиёнагї нест, балки муосир аст ва дар фазои љањонї маќбулу ќобили корбурд. Ривољи фарњанги миллии исломї фаротар ва фарохтар аз манофеъи ашхос, гурўњњо ва љиноњњо аст. Манофеъи умумимиллист. Дар инњисори њеч касе ё гурўње нест. Љанбањои таъаббудии амалї ва кулии фарњангии онро метавон ба таври алоњида дар назар гирифт.
Дар нињоят бо таваљљўњ ба соли Рўдакї мехоњам бо иќтибоси як байт аз ќасидаи ишон дар ситоиши амири сомонї як нуктаи мењвариро дар робита ба мавзўъ таъкид намоям. Устод Рудакї аз чандин мавзеъ ва дидгоњ хислатњо ва сифатњои њамидаи амирро меситояд, аммо чун мавриди доварї миёни амир ва мардум, халќ мерасад, аз исломи вай ёдоварї менамояд ва аз мавзеъ ва дидгоњи ислом сухан мегўяд:
Боз ба њангоми доду адл бари халќ
Нест ба гетї чу ў набилу мусулмон.
Ин мавзеъи доимии фарњангиёни ростини миллии мо будааст, ки халќро «халќи Худо» (халќ њама яксара нињоли Худоянд. – Носири Хусрав), њаќќи ўро вољиби шаръї ва худро муњофиз ва пуштибони њаќќи халќи Худо дар миёни халќ ва њуккоми рўзгор медонистанд.
Омили дигаре, ки вањдати фарњангии моро њам ногузир месозад, њамин яктоии халќ ва Худои он аст. Фарњангињоро метавон ба гурўњњо таќсим кард, вале намешавад барои њар гурўње гурўње аз халќро људо кард ва ойине барои он сохт.
                                                                                                                                             Соли          2007

БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ (р) ВА АЊАММИЯТИ ОН

Баргузории Симпозиуми  байналмилалии «Мероси Имоми Аъзам (р) ва ањамияти он дар гуфтугӯи тамаддунњо» дар матни  маросими солонаи бузургдошти Имоми Аъзам бо њузури намояндагон ва симоњои дурахшони илму фарњанги беш аз 50 кишвари љањон бидуни њеч гуна шакку тардид як муваффаќияти беназир барои миллат ва давлати Тољикистон буд, ки аз баракот ва сармояи маънавии он кишвари мо то дергоње бархурдор хоњад шуд.
            Мусоњибањои пуршумор ва самимонае, ки бо ширкаткунандагони ин Симпозиуми љањонї баргузор гардид, шоњиди он аст, ки ањдофи ин тадбири оќилона ва мудаббирона ба мизони болое амалї гардидааст. Муњимтар аз њама шояд ин нуктаро метавон донист, ки ширкаткунандагони ин Симпозиум муташаккил аз нухбагони мазњабї, маънавї ва фарњангии саросари љањони ислом ва ѓайриислом ба ин эътиќоди самимона ва ќалбї   расиданд, ки иттињоди мусалмонон, беш аз ин иттињод ва иттифоќи башарият бар даври мењвари имон, башардўстї, адл ва ростї як амри комилан имконпазир аст. Таљаллои нуронии шахсияти маънавии Имоми Аъзам (р) ва осори ў фазои ин њамоиши мўњташамро нуронї карда бар дилњову зењнњо партав афканда буд. Кас метавонист, на ба чашми сир, балки ба чашми сар бубинад, ки таќво, шуљоат ва фидокории як фарди мўъмин пас аз њазору сесаду дањ сол ба чї тароват,  тозагї ва шодобї ба самар мерасад ва накњати гулњои бо хуни дил парвардаи он машоми љони инсонњоро муаттар месозад. Тавозўъ ва самимияте, ки дар фард-фарди ширкаткунандагони ин њамоиш ба мушоњида мерасид, чунон буд, ки гўё ишон дар мањзари имом ва дар пои дарси ў нишаста буданд ва паймонаи вуљуди худро аз њар чизи дигаре тињї карда, то онро аз бодаи маънавии Имоми Аъзам (р) саршор намоянд. Суханронињо тавре садо медод, ки гўё сўњбат аз як инсони муосир ва зињаёт аст. Њама мегуфтанд «Абўњанифа». Бидуни зикри унвон ва бидуни њеч ташрифот. Оре, азамати Абўњанифа он тавре, ки дар зиндагии ишон буд, дар њеч навъ пироя ва орояи ташрифот намегунљад.
            Аз баракот ва шарофати ин мањфили нуронї сањифањои зиёде рангин шудааст, аммо чанд хўшае аз ин хирмани пурбаракатро метавон гулчин кард, ки базри њосил аз он мазраъи дунёи маънавї, илмї ва фарњангии моро метавонад чандон пурбор намояд, ки ба эњёи комили фарњанги шукўњманди пешинаи миллї дар сатњи муосири љањонї умедвор шавем. Бавижа, ки таъкид ва эътирофи мухлисонаи бисёре аз ширкаткунандагони Симпозиуми мазкур њам рўйи ин нукта буд ва марказияти Тољикистонро дар нашри оро ва афкори Имоми Аъзам (р) ва эњёи мактаби мутараќќии ишон самимона пазируфта буданд.

  • Маълум гардид, ки забони форсии тољикї њанўз чун як забони байналмилалї метавонад арзи андом кунад ва њанўз дар дунёи ислом пас аз забони Ќуръони маљид дар радифи дуввум ќарор дорад ва бо амалї кардани баъзе тадобири оќилона ва коршиносона метавон ин љойгоњро њифз кард, балки густариш дод. Аз он љумла аз тариќи ривољи њарчи бештари омўзиши алифбои аслии тољикї (форсї), интишори китобњои суннатии дарсї бо танзими муосир ба ин алифбо њам барои тољикистониён ва њам барои толибони ин китобњо аз кишварњои дигари мусулмон. Ташкили барномањои телевизионї ва радиёии фарњанги исломї ба забони тољикї.
  • Бо таваљљўњ ба ин  суннати дерин, ки дар тамоми даврони шўравї аз њамаи кишварњои шўравї толибони улуми исломї, ба таври ѓайрирасмї барои тањсили хусусї ба Тољикистон меомаданд, дар сатњи расмї таљдид кардани ин анъана ва бар тибќи ќарордоди байни вазоратњои марбута пазируфтани донишљуёни улуми исломї аз кишварњои толиб дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам (р) ва муассисоти омўзишии расмии дигари исломии Тољикистон.
  • Омўзиши мутахассисон дар заминаи тарљумаи њамзамон (синхронї) аз забони арабї ба форсии тољикї ва баракс.
  • Дар партави баргузории ин Симпозиум маълум гардид, ки иќдомоти давлати Тољикистон бо ибтикори бевосита ва шахсии Раиси Љумњур дар заминаи густариши маориф ва фарњанги динї ва барќарории робитањои фаъъол бо љањони ислом ва умуман олами адён, аз истиќболи пурмуњаббати љомеаи байналмилї бархурдор мегардад. Дар замони баргузорї ва пас аз Симпозиум, њеч як вокуниши манфии иттилоотии хориљї ба назар нарасид, ки бо вуљуди мавзеъгирии на чандон хайрхоњонаи бисёре аз расонањои гурўњии хориљї дар баробари Тољикистон, ин як амри нодир аст.
  • Салоњиятњое, ки аз тариќи баргузории ин Симпозиум ва умуман соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) бар Тољикистон тафвиз гардид, ин њаќ ва њамзамон ин масъулиятро ба Тољикистон медињад, ки ба таври бисёр нињодина ва љиддї љињати афзоиши тавонмандињои илмии худ дар заминаи улум ва фарњанги динї ва мазњабї иќдом намояд.
  • Ташкили як нињоди тањќиќотї ва машваратї бар пояи усулњои мактаби фиќњии Имоми Аъзам (р) бо салоњияти судури фатвои шаръї дар робита ба муњимтарин масоили иљтимоиву њуќуќї, аз љумла байналмилалї ба унвони институт ё академї ва ё маљмаъ.
Дар ин замина лозим аст тавзењоти бештаре дода шавад. Аввалан, симпозиуми мазкур нишон дод, ки љомеаи мусулмонон, шахсиятњои исломї бо таваљљўњ ба истиќбол ва омодагии давлат ва миллати Тољикистон дар љињати њалли масоил ва мушкилоти мазњабї, тавре ки пештар таъкид шуд, барои Тољикистон дар нашри афкори мутараќќии мазњаби њанафї њаќ ва салоњият ќоил гардиданд, ва маълум буд, ки ин навъ баёноти ишон самимона ва орї аз њар навъ такаллуфу ташрифот мебошад.
Сониян, имрўз дар баробари масоили шаръие, ки дар робита ба тањаввулоти љањонї ва раванди љањонї шудан матрањ мегардад, дар дунёи ислом, аз он љумла дар њавзаи мазоњиби чањоргонаи ањли суннат ва љамоат ва билахасс њавзаи мазњаби њанафї масоили зиёде пеш меояд, ки арзишњо ва меъёрњои мављуди мазњабиро дар рўёрўї ва бархурд бо худ ќарор медињад. Дар чунин мавридњо камбуди як маркази судури фатвои шаръие, ки барои њамаи љомеаи мусулмонон ва ё њади аќал барои љомеаи мусулмонони мазоњиби чањоргона ва ё њатто танњо мазњаби њанафї комилан мўътабар бошад, шадидан эњсос мешавад.
Шояд битавон гуфт, ки ин камбуд муњимтарин заминаи бурузи ихтилофот ва муноќишањои мазњабиву аќидатї мегардад. Аз љумла, имрўз љомеаи мусулмонон, бо масоили зиёде дар робита бо муомилоти иљтимої ва маданї, истифодаи баъзе имконоти љадиди технологї аз љумла тиббї, муомилоти иќтисодиву молї, бархурд бо фирќањо ва гурўњњои мухталиф ва ѓайра рўбарў шудааст, ки дар ин маворид, фатвои содира бар асли муснадот, ќиёс ва иљмоъи уламои барояшон мўътабарро дар даст надоранд, то бар он асос њам аз назари њуќуќї ва њам аз назари эътиќодї ва фитрї ќаноат ва оромиши ќалбиву равонї њосил намоянд. Бисёр ваќт њукм дар бораи моњияти  падидањои љањони ислом аз хориљи љањони ислом содир мегардад, ки албатта барои мусулмонон таъсир ва эътибори эътиќодї надорад.
Ин дар њолест, ки усули фиќњии мактаби Имоми Аъзам (р) њамаи имконотро барои пайдо кардани посухи мустанад, аќлї ва мантиќї барои ин навъ масоил дар худ тарсим ва таљассум кардааст. Њамин далел кофист, ки имрўз фиќњи њанафї тавони посух ба масоиле аз ќабили таъйини авќоти шаръї ва самти ќибла дар фазои кайњонро дорад. Аммо дар айни њол ба далели камбуди чунин як нињоди љомеъ ва фарогир љомиъаи исломии мо бо мушкилот ва ихтилофот дар мавриди таъйини замони шурўъи рўза мувољењ мегардад.
Ин навъ нињод ва ё маркази иљмоъ ва иљтињод, зимни љалби нерўњои илмиву зењнї, ки дар Тољикистон кам нестанд, ва барќарории иртиботи доимии фаъоли он  бо  марокизи илмиву тањќиќотии љањони ислом ва хориљ аз он, шахсиятњои барљаста ва донишмандони шинохтаи исломї ва адёни дигар метавонад ба асоси муснадот, ќиёсу иљмоъ ва машварат дар мавриди масоили мазкур посухњои илмии мўътабар дар њудуди љумњурї ва дар сурати истиќбол хориљ аз онро ба сурати фатвои шаръї ва ё њадди аќал дастуруламали машваратї содир ва дар сурати фаслномањо ба иќтизои зарурат мунташир намояд.
Зимнан, чунин нињод метавонад дар амри њамсозї ва наздикии мазоњиби расмии чањоргона ва дигар мазоњиби исломї наќши муассир адо намояд ва дар амри аз байн бурдани сўъитафоњумњо байни мазоњиб ва њатто адёни дигар хадамоти босазо анљом дињад. Манзур ин аст, ки ин нињод метавонад њамзамон наќши он созмонеро, ки ба унвони «Созмони наздикии мазоњиб» дар назар гирифта шудааст, ифо намояд.
Бо дарназардошти иќдоми дигари бисёр арзишманд ва пурманфиат, яъне сохтмони бузургтарин масљиди љомеъи минтаќа дар шањри Душанбе, метавон гуфт, ки сохтмон ва мањалли вуќуъи маљмаъи мавриди назар як мавзўи њалшуда аст. Вуљуди чунин як маљмаъи муњим ва зарурї бо иртибототи њамешагї ва фаъоли он дар сатњи байналмилалї корест њам шоистаи онгуна як маркази муњимми ибодиву омўзишї ва њам эътибору ањаммияти онро ба маротиб боло мебарад. Анљоми тањќиќот, машварат ва судури фатво аз маљмаъи илмии воќеъ дар Масљиди љомеъи Имоми Аъзам (р), чунон натиљае хоњад буд, ки ба тамому камол ба самар расидани маљмўаи тадобири бузургдошт ва эњёи мактаби Имоми Аъзам (р) –ро дар худ хулоса ва муљассам хоњад кард.

                                                                       Октябри 2009

 ВАРО БУЗУРГИВУ НЕЪМАТ 
ЗИ ОЛИ СОМОН БУД

            Пардохтани ривоёт ба хотири бознамудани азамат ва шукўњи неруи халлоќаи табъи суханварон ва нуфузи сухани ишон як таљрибаи бисёр дерин будааст, ки танњо ба адабиёти форсу тољик мањдуд ва махсус намегардад, балки ин шева дар адабиёти соири милали љањон ривољи тамом доштааст. Беш аз ин, метавон гуфт, ин худ як пора ва як бахши љаззобтарин ва пурхонандатарини адабиёти љањон аст.  Аз љумла дебочаи шўњрати љањонии «Шоњнома»-и безаволи Фирдавсї ривоят дар бораи мољарои ишон бо Султон Мањмуд гардидааст ва њатто шоири номвари олмонї Њенрих Њейне онро ба силки назм кашида аз он достони дилангезе ба вуљуд овардааст. Њамчунин, мухлисони ин соњиби «теѓи буррандаи порсї» њаргиз ривояти мушоираи ў бо шоирон Фаррухї, Анварї ва Асљадиро наметавонанд бидуни њаяљон мутолиа намоянд ва наметавонанд аз ривоят дар бораи посухи ќотеъи рўњи тавонои ў аз ќалби хокдон ба Амир Темури ѓосиби маѓрур ифтихор нанамоянд. Ривояти мутаассир шудани Ањмад ибни Абдуллоњи Хуљистонї аз чањор мисраъ шеъри Њанзалаи Бодѓисї, ки маншаи њиммат ва шуљоате дар вуљуди ў гардида, ки ўро аз остони харбандагї ба осмони вилояти Хуросон сууд медињад, низ аз ин ќабил ривоёти дилпазир ва њикматомўз буда, њамеша чун санади нерўи каломи матин арза шудааст.
Бидуни истисно, њамаи ин ривоёт печида дар њолае аз ибњом аст ва агар нисбат ба ин ривоёт аз дидгоњи мантиќи илми таърих, бостоншиносї, табииёт ва аз ин ќабил доварї шавад, пайкари ороста бо латоифи тахайюли онњо љиддан осебпазир мегардад. Чунин бархурд бо ин ривоёт як бархурди ѓайриусулї хоњад буд, зеро ровиёни он њам дар зимни наќли ин ривоёт њаргиз бо иддаъои таърихнигорї ва ё санаднигории илмї њам хома нарондаанд ва худ мўътаќид будаанд, ки бо њикоят ва ривоят кор доранд.
Аммо дуруст ин аст, ки шеваи бакоргирї ва меъёри сињњату сиќами ин навъ ривоёти адабї бояд аз дидгоњи адабиётшиносии илмиву назарї таъйин гардад, то мабодо чунин ривоёт боиси сўитафоњум, тањрифи таърих, тањрифи шахсиятњо ва арзишњои адабиву маънавї ва латмапазирии арзишњо ва манофеъи милливу таърихї гардад.
Агар бо ин мулоњизот мо ривоёти мазкурро мавриди доварї ќарор бидињем, дар маљмўъ метавон аз дидгоњи ривоят онњоро «рост» ва судманд гуфт, зеро њадди инсофро дар бораи Њакими Тўс, ки воќеан дар даврони худ ба он нарасида ва дар ин нокомии нисбї бешак салтанати замонаш ва њампешагони бодаму дастгоњи замонаш беайб набудаанд, барљой меорад ва њатто барои њикматомўзї љое њам барои ислоњи мусбати Султон Мањмуд ва шоирони дарбори ў боќї мегузоранд, ки ин иќрори ишон бар тавоноии табъи Фирдавсї пас аз даргузашти шоир мебошад. Ин ислоњ моро њам ислоњ мекунад. Ва аз ривояти марбут ба Абдуллоњи Сиљистонї њосили мо танњо ин мешавад, ки ќимати он шеъри воќеан олї ва омўзандаро бишиносем ва ба њаќ барои Њанзалаи Бодѓисї ва дар маљмўъ сухани воло дараља ќоил шавем.
Агар ба фарз Фирдавсї шоире нотавон, шўњратхоњ, таммоъ, мољарољўй мебуд ва касоне бо ѓарази шўњрат додани ў ин ахборро љаъл мекарданд, ин ривоёт њам амалан ва њам аз дидгоњи назарї «дурўѓ» ва боиси тањриф дар меъёрњои адабиётшиносї ва суханшиносї мегардид ва бешак онњоро бояд мардуд медонистем. Аммо чї њољати гуфтан, ки ин ривоёт ба масал беш аз нуќтае рангин дар як тоќчаи кохи мўњташами «Шоњнома» нестанд.
Мусаллам аст, ки дар ин миён шўњрати бештаринро ривояти марбут ба ќасидаи маъруфи Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї бо матлаъи «Бўйи Љўйи Мўлиён» ва мутаассир гардидани Насри Сомонї аз он ба худ ихтисос додаст.  Шўњрати ин ривоят дар миёни хосу ом моро аз иќтибоси он бениёз мекунад. Њоло бубинем, ки то чї њад ин ривоят бар пойдевори воќеият устувор аст:
- Рўдакї тавонотарин шоири ањди худ аст ва ояндагон низ устодии ишонро бар худ мусаллам донистаанд.
- Рўдакї то замони ба узлат афтодан суханвари (ва низ хонандаи) дараљаи аввали хонадони Сомониён будааст, пас, шеъре нофизтар аз шеъри (ва суруди) ў барои Сомониён набудааст. Шеъре ки танњо мадњ нест, балки панд ва роњнамої њам њаст.
- Рўдакї аз бастагони дарбори Сомониён ва дар сафару њазар бо ишон будааст.
- Бухоро ќиблаи муњаббатест, ки њам Рўдакї ва њам Сомониён яксон ба он рўй меоранд ва тасаввури дигаре дар ин миён муњол аст.
Бештар аз њамаи инњо, ки гуфта шуд, ситоиши Рўдакї аз амирони Сомонї, бавижа Наср бинни Ањмади Сомонї бо маддоњии шоирони дигар ќобили муќоиса нест. Ин ситоиши ростин ва ифтихоромезест, ки Рўдакї онро ба хотири сила, дар бањои динору дирам накарда, балки аз неъмати Сомониён бидуни он њам бархурдор аст ва онро чун як амри вољибе, ки ба љой овардани шукри неъмати аз пеш мабзулшуда аст, медонистааст:
Вољиб набувад ба кас бар ибзолу карам,
Вољиб бошад њаройина шукри ниъам.
Таќсир накард хоља дар новољиб,
Ман дар вољиб чї гуна таќсир кунам?
Рўдакї худ мўътаќид аст, ки ончи мегўяд бофтаву пардохта нест, тасаннуъу тафаннун нест, балки айни воќеиятро мегўяд:

Ман ончи мадњи ту гўям, дуруст бошаду рост,
Маро ба кор наёяд сирешиму кабдо.
Ва он гуна, ки бо ифтихор Бухороро камтар аз Баѓдод намедонад, ин эњсоси ифтихор аз салтанати мустаќил дар мавриди интихоби мамдўњ њам баён мегардад:
Чи ман гар њамеша ситогўй бошам,
Ситоям набошад накў љуз ба номат

То даргањи ў ёбї, магзар ба дари кас,
Зеро ки њаром аст таяммум ба лаби ям.
Рўдакї, ки худ шахсан ва ќалбан саршор аз ифтихори таърих ва фарњанги шукўњманди дерини миллати худ аст, Насри Сомониро ба он хотир меситояд, ки:
Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ўяст номи Рустами Дастон.
Аз нигоњи шеърї шояд муболиѓа ба назар мерасад, вале оё ин рост нест, ки мањз салтанати Сомониён, сиёсат ва фарњанги сомониён боиси зиндагии дубора ёфтани Рустами Дастон – бошукўњтарин ва љомеътарин мазњар ва намоди ќудрати заволнопазири пањнаи Ориё гардид? Яъне Рўдакї рост мегўяд, ки рост мегўяд ва рост мегўяд ки:
Гуфт надонї сазош, хезу фароз ор
Он-к бигуфтї чунон-к бояд натвон.
Ба ростї мўътаќид аст, ки њар чї дар васфи Сомониён бигўяд камтар аз воќеияти њол аст. Ва гоње тахайюли сайёли шоир ба водињои шигифте рањ мебарад, ки кас гумон мекунад, агар ин нодира дар воќеъ набуд, андешидан ва фарз кардани чунин коре њам муњол буд:
Шоње, ки ба гоњи разм аз родї
Заррин нињад ў ба тир-дар пайкон,
То куштаи ў аз он кафан созад,
То хастаи ў аз он кунад дармон.
Аммо баландтарин ва мухлисонатарин бонги сипос ва ифтихори устод Рўдакї аз хонадони Сомониён аз ќасидаи маъруф ба «Шикоят аз пирї» ба гўш мерасад:
Киро бузургиву неъмат зи ину он будї,
Варо (маро) бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.
Яъне устод Рўдакї на аз худи он бузургиву неъмат, балки аз масдари олии он, ки хонадони Сомониён аст ифтихор мекунад. Он гуна ки дар маќоли содаи мардумї гуфта шудааст: «Хокро бигирї аз хоктеппаи баланд бигир». Ин замонест, ки дигар ќудрате ончунонї аз салтанати Сомониён боќї намонда, то Рўдакї, филмасал, ба тамаъ ё эњсоси тарс онро биситояд. Аз сўи дигар ин санади ќотеъе аст, ки Рўдакї то поёни умр аз хонадони Сомониён эњсоси сипос ва ифтихорро доштааст. Пас, љои шакку тардид њам нест, ки касе аз ин хонадон дар њаќќи у зулм накардааст.
Беш аз ин Рўдакї барои неъмат ва дороињое, ки аз дигарон мерасида, њамчунон аз Сомониён сипосгузор будааст, чун он ба баракати њимояти ишон будааст, зеро пеш аз байти мазкур омадааст:
Куљо ба гетї будаст номвар дењќон,
Маро ба хонаи ў сим буду њумлон буд.
Ин љо ногузир аст, то дар робита ба мавзўъ аз маќолаи воќеан љолиби донишманди арљманд устод Расул Њодизода, ки дар тањќиќ ва интишори осори устод Рўдакї хадамоти арзишманде анљом додаанд, ёдовар шавем. Дар ин маќола («Афсона ва њаќиќати «Бўйи Љўйи Мўлиён». Адабиёт ва санъат, 17 сентябр) асосан ба истинод ба як фармудаи устоди зиндаёд Саъид Нафисї ва як байт аз њамин ќасидаи «Шикоят аз пирї»  дар хусуси ривояти машњури марбут ба ин шеър, мутаассир шудани Насри Сомонї аз он ва нисбати он ба амир Наср таљдиди назар менамоянд. Он байт, ки бештар асоси ин таљдид назар шудааст, ин аст:
Бидод мири Хуросон-ш чил њазор дирам,
Дар ў фузунии як панљ мири Мокон буд.
Ба назари мо ин љо ќабл аз ин навиштаи устод Њодизода дар манобеъи дигар дар тафсиру тарљума ва њамчунин навишти ин байт дар ибораи «як панљ» иштибоњ рафтааст. Баъзан чунин таъбир мешавад, ки гўё мири Мокон панљяки дороии худ  ва дар мавриди дигар гўё   њашт њазор дирам (яъне панљяк аз 40-њазор) изофа кардааст. Дар њоле, ки агар «фузунии як панљ мири Мокон навишта шавад», «як панљ» он гуна, ки имрўз дар забони зиндаи тољикї маъмул аст, маънои «таќрибан панљто»-ро дорад.  Маслан, мегўянд, «як дањто» ё «ягон шашто». Ва манзури Рўдакї аз «ў» мисли байтњои пешин дар ин сурат метавонад худи шоир бошад,  ки «ў» гўё дороие (ва имтиёзе) дошт, таќрибан панљ баробари дороии мири Мокон. Вале агар фарз кунем, ки њамон панљяки чил њазор дар назар аст, чун дар байти баъдї омада, ки:
В-аз авлиёш пароканда низ њашт њазор
Ба ман расид, бад-он ваќт њол чунон буд.
Пас, бояд чунин бинависем «Дар ў (яъне 40-њазор дирам) фузунии (фузудаи) як панљи мири Мокон буд». (Агар ин љо њам фарз кунем, ки калимаи «фузунї» маънои «фузуда»-ро дода метавонад. «Зињї, фузуда љамоли ту зебу ороро»). Вале бо таваљљўњ ба мавзўъи мавриди баррасї муњимтар ин аст, ки байтњои баъдї њамоно далел бар сипосгузории Рўдакї  мањз аз амир Наср аст, зеро ин њама ба амри ў ва ба риояти хотири ў сурат мегирифтааст:
Чу мир дид сухан дод доди мардии хеш,
Зи авлиёш чунон, к-аз амир фармон буд.
Равиши калом ва шўњрати сарвати бисёр зиёди устод Рўдакї њам далолат бар он мекунад, ки ин набояд силае бошад, ки барои як бор ба Рўдакї расида, балки, масалан, нафаќаи мустамирри солона бошад.
Пардохтан ба ин љузъиёт њам танњо ба иќтизои тарњи мавзўъ ва чунин рабти машкуки ин пораи «Шикоят аз пирї» бо «Бўйи Љўйи Мўлиён» аст, вагарна чун бар асли куллиёти офаридањои табъи устод Рўдакї ва бавижа баландовозатарин ситоишномаи ў аз амир Наср, яъне «Бўйи Љўйи Мўлиён» доварї шавад, ба равшанї маълум мегардад, ки «дари хазона ба мўњри киву        нишонаи кист». Муњол аст, ки устод Рўдакї ба љуз амири Сомонї дигареро «моњи осмони Бухоро» ва «сарви бўстони Бухоро» биномад. Ва он њам дар таркибе, ки таъкид бар хос будани яке бар дигаре (ин осмон ба ин моњ ва ин сарв ба ин бўстон) мешавад.
Ин чиз њам аз ахбори таърихнигорон маълум ва мусаллам буда, ки амири Наср сафаре ба он сўи Љайњун дошта ва устод Рўдакї њам дар рикоби ишон будааст. Танњо чизе, ки машкук боќї мемонад, тўли иќомати амир Наср дар он сўи Љайњун аст. Яъне 4 сол. Пас, барои ровиён њамин ќадар њаќ додан лозим мешавад, ки дар тўли иќомати амир муболиѓа карда бошанд. Дигар њама асбоб барои сурудани «Бўйи Љўйи Мўлиён» ва ташвиќи амир ба сўйи Бухоро муњайёст. Шояд амир рўзе ё њафтае даранг карда бошад ва он њам на ба хотири тафрењ, балки ба зарурати ногузир ва ё шояд соате љое нишаста бошад ва дар он маљлис устод Рўдакї ин ќасидаро суруда, ки ањволи амирро дигаргун кардааст, чун ќалби ў њамеша оганда аз мењри Бухоро будааст. Њаройина, маъќултарин довари то кунун мављуд њамон довари устод Саъид Нафисї боќї мемонад, ки фармуда «Пас, ягона чизе, ки метавон аз ин достон пазируфт, ин аст, ки ваќте Наср ибни Ањмад аз Бухоро берун рафта ва дарбориёнаш Рўдакиро барангехтанд, бо ин ашъор коре бикунад, ки зудтар ба пойтахт баргардад. Ва ин нукта аз баёни Рўдакї дар ин ашъор комилан бармеояд ва дигар њољат ба ин шоху баргњо ва пирояњо нест». Вале агар боз ба ин масъала баргардем, ки амир Бухороро хеле дўст медошт ва дурї аз онро тањаммул намекард, чизе ки чун «шоху барг» аз ин ривоят боз њам бояд дур кард њамон тули 4 сол ва дархости дарбориёни дигар аз Рўдакї барои ташвиќи амир мебошаду бас. Аммо њаќиќати таъсири фавќулодаи шеър мањз ба амир Наср (на ба каси дигар) сароњати бештар пайдо мекунад. Ќавли маъруфест, ки «мустамеъ соњибсуханро бар сари завќ оварад». Агарчи устод Рўдакї суханвари беназир буд ва худ Бухороро бисёр дўст медошт, бидуни эњсоси ин нукта, ки мухотаб ва мамдўњи ишон яъне амир Наср нисбат ба Бухоро муњаббати хос дорад, устод Рўдакї њатто сурудани чунин љоннавоеро раво намедид ва ин шеър мусалламан ба ин њад неруманд намешуд.  Чандон неруманд, ки пас аз њазор сол интишори он дар «Намунаи адабиёти тољик» бархеро њаросон кард ва иќдоми онњо бар алайњи устод Айнї танњо ба хотири истифода аз фурсати мусоиди интиќом набуд, балки воќеан ин шеър онњоро ба њарос афканд ва њанўз њаросон медорад.
Тавре ки дар авали матлаб гуфта шуд, ин ривоят ба хотири бознамудани шукўњ ва неруи фавќулодаи дар маљмўъ каломи бадеъ, бавижа сухани устод Рўдакї ва бахусус ин шеъри беназир ва беназира ривољ ёфтааст. Зеро агар мо мусаллањ бо њама донишњо ва абзорњои адабиётшиносиву сухансанљї, дар даќиќтарин дастгоњ ин шеърро љузв-љузв, калима ба калима, њарф ба њарф тањлилу баррасї кунем, боз эњсос мекунем, ки чизе дар бораи он нагуфтаем. Рози неруи сухан чандон нуњуфта ва амиќ аст, ки онро мо танњо метавонем дар њосили таъсири он дар ањволи мухотаб дарёбем. Аз ин љост, ки суханшиносоне чун Мавлоно Абдуррањмони Љомї њам аз чунин ривоёт суд љустаанд. Ин таъсир ва кайфияти он (яъне мусбат ё манфї, созанда ё баракс) даќиќтарин меъёри шинохти арзиши сухан аст.

НИШОНАЊОЕ АЗ «САБКИ ЊИНДЇ»
ДАР ШЕЪРИ ЊОФИЗ

            Метавон гуфт, ки љавњар ва мояи аслии сабкеро, ки ба унвони «њиндї» маъруф гардидааст, дар асл таљрид (абстраксия) ташкил медињад. Ин таљрид аз роњи бештар ба кор гирифтани хаёл дар баёни матлаб аст, ки дар гуфтори  одї ва маъмулї ва ё ашъори сабки хуросонї камтар ба назар мерасад. Бале, «камтар» њам бошад, дар њар њоле ба назар мерасад, зеро њеч гоње забони гуфтории башар, ки заминаи аслии њар навъ сабки адабї мебошад, аз ин навъи баён орї набудаст ва дар ибороти рехта њам намунањои барљастаеро аз он метавон мушоњида кард, ки дар саноеъи адабї ба унвони истиора маъруф мебошад. Аз ќабили «косаи сабр», «чашми тамаъ»,
            Ва ин ки устод Абўабдуллоњи Рўдакї мефармояд: «Ин љањонро нигар ба чашми хирад» - «чашми хирад» аз ќабили иборотест, ки аз корбурди абстраксия (ба навъи акс ташхиси маънии муљарррад) њосил гардидааст. Ва ё дар ашъори Саъдї намунањои барљастаи ин навъи баёнро мушоњида менамоем:
            На дасти сабр, ки дар остини аќл барам,
            На пои аќл, ки дар домани ќарор кашам.           
Аз назари ибораорої ин байти Шайх Саъдї метавонад намунаи барљастаи сабки њиндї муаррифї шавад. Вале мо на шайх Саъдї ва осори вай ва беш аз ин на устод Рўдакиро њаргиз наметавонем ба унвони намояндаи сабки њиндї муаррифї намоем, зеро корбурди ин навъи баёни адабї дар осори ишон аз назари каммї бештар аз он њудуде нест, ки дар гуфтугўи одї маъмул аст ва ба мизоне нарасида, ки унсури таъйинкунандаи сабки суханварии ишон гардад.
            Дар раванди тањаввули шеъри форсї мебинем, ки њар ќадр шеър барои баёни маъонии борик ва макнуноти ќалбиву рўњї наздик гардида, њамон ќадр аз тасвири бевоситаи ашё фосила гирифтааст ва ба њамон њад нишонањои сабки баёни таљридї, яъне сабки њиндї дар он бештар гардидааст.
            Дар ашъори шўрангези Мавлоно, ки гудохтае софї аз њама анвоъи мафоњим ва маонї мебошад ва њама марзњои  баёноти маъмулиро дарњам мешиканаду бо њам меомезад, ин навъи баёнро зиёд метавон пайдо кард. Вале Мавлоно низ худ ишорае сарењ ба ин маъно дорад:
            Ман чу «лаб» гўям, «лаби дарё» бувад,
            Ман чу «ло» гўям, мурод «илло» бувад.
Яъне дар њар њарфи Мавлоно бояд эњтимоли вуљуди киноя ва истиораро дар назар дошт.
            Њамин навъ ишороти ороста бо таљрид ва ташхис дар ашъори лисонулѓайб Њофизи Шерозї фаровон ба назар мерасад. Гоње намунањоеро дар ѓазалиёти орифонаи Њофиз мебинем, ки назири онро аз диди љасорат дар ибораороии таљридї њатто дар ашъори бисёре аз намояндагони маъруфи сабки њиндї камтар дучор меоем. Масалан, ба ин байти Хоља Њофиз таваљљўњ фармоед, ки дар нигоњи аввал бисёр одї ба назар мерасад ва гўё њеч рабте ба сабки њиндї надорад:
            Эй фурўѓи моњи њусн аз рўйи рахшони шумо,
            Обрўи хубї аз чоњи занахдони шумо.     
Дар мисраи аввал ибораи «моњи њусн» як ибораи љадид ва ба эњтимоли ѓолиб сохтаи Хоља Њофиз аст. Ин «моњи њусн» ба њадде ташхис шуда ва дар зењни шоиронаи Њофиз воќеият дорад, ки метавон дар хусуси манбаъи фурўѓи он алоњида сўњбат кард. (Зимнан бояд таваљљўњ кард, ки Њофиз низ чун Мавлоно медонад, ки рушноии моњи воќеї иќтибосї аст, на зотї). Пас аз ин таъйин мегардад, ки сарчашма ва манбаъи ин фурўѓ «рўи рахшони шумо» (мавсуфи Њофиз) аст. Хоља Њофиз барои парњез аз такрори ташбењи бисёр обшустаи рўй ба моњ, савор бар саманди тундсайри хаёл роњи дуреро мепаймояд ва то ба сарваќти асли маънои «њусн»-и муљаррад ва муназзањ мерасад, то хамми каманди таслими мавсуфи олимашраби худро бар гардани нозандаи он низ њамоил кунад.
            Дар мисраи дуюм - «Обрўйи хубї аз чоњи занахдони шумо» - таљрид ва ташхиси хоси сабки њиндї ба маротиб бештар аст. Аввал ин ки тавре ки дар Бедил маъмул аст, Хоља Њофиз ба љиддияти тамом калимаи «об» аз таркиби маљозии «оби рўй»-ро як чизи моддї ва маъмулї, мисли оби одї фарз мекунад ва манбаъ ва сарчашмаи онро низ таъйин мекунад, ки «чоњи занахдон» аст. Маълум аст, ки чоњи занахдон киноя аз нуќтаи фурўрафтае дар рухсори зеборўён аст, ки бештар гоњи табассум ва хандидан ошкор мегардад. Ин «чоњ»-ро Њофиз ба љид мегирад ва манбаъи оби рўй медонад. Вале бо ин њам таљриду ташхис поён напазируфта, бо калимаи дигаре боќї мемонад, ки исми маънои муљарради «хубї» аст (ба маънои зебої) ки низ ба љиддияти тамом мисли як инсон ќобили доштани обрўй (иззату эњтиром) дониста мешавад. Зерпардањои маънавии ин байт бо ин њам тамом намешавад ва Њофиз медонад, ки аз таносуби калимањои «њусн», «хубї», «рўйи рахшон» ва «чоњ» дар зењни хонанда достони Юсуф, ки тимсоли зебоист ва дар чоњ рафта буд эњё мегардад ва ба ташхиси маъонии муљаррад љомаи таљассум мепўшонад.
            Ба ин њад ташхиси маонии муљаррад, ки дар маљмўъ мо онро гўшае аз сабки таљрид унвон мекунем ва чунин намунаи барљастаро на дар њар девони ашъоре нигошта ба сабки њиндї дучор меоем, дар байти баъдии њамин ѓазал асаре аз худ намедињад:
            Азми дидори ту дорад љони барлабомада,
            Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?
            Ва боз дар байти дигар рамаќе аз сабки њиндї падидор мегардад:
            Кай дињад даст ин ѓараз, ё Раб, ки њамдастон шавад
            Хотири маљмўъи мо, зулфи парешони шумо?
ки дар ташхиси нисбии исми маънии «хотири маљмўъ» ба назар мерасад. Дар байти дигар аз ин ѓазал тарњи пайкари ин сабк намудор мегардад:
            Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият,
            Бењ, ки нафрўшанд мастурї ба мастони шумо.
Мисли як инсон ва њокими замон давру даврон доштани наргис, ки худ истиораи чашм ва ба ин тариќ узве аз пайкари инсон њаст, «тарф бастан аз офият» ва «мастурї фурўхтан» дар њар ду маврид аз тариќи чењраи моддї додан ба исмњои маънї (абстрактї ё таљридї) таъбирњое њаст, ки дубора чошниеро аз сабки њиндї ба коми завќ мерасонад.
Дар идомаи ѓазали мазкури Хоҷа Ҳофиз ҷое бо каме авҷ ва ҷое бо коҳиши ин сабк мебинем, ки Ҳофиз аз маҷрои сабки мазкур хориҷ гардида, идомаи сухани худро дар маҷрои сабки мутаорифи хеш, ки онро ба истилоҳ сабки ироқӣ мегӯянд, ворид месозад:
Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,
З-он ки зад бар дида обе рӯи рахшони шумо.

Бо сабо ҳамроҳ бифрист аз рухат гулдастае,
Бу, ки бӯе бишнавем аз хоки бустони шумо.

Умратон боду мурод, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.

Дил харобӣ мекунад, дилдорро огаҳ кунед,
Зинҳор, эй дӯстон, ҷони ману ҷони шумо!

Дур дор аз хоку хун доман, чу бар мо бигзарӣ,
К-андар ин раҳ гашта бисёранд қурбони шумо.

Мекунад Ҳофиз дуъое, бишнав, омине бигӯ:
Рӯзии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!

            Дар ин пора аз он даст танҳо ибораи ташхиси таҷридии «бахти хоболуд» - ро мебинем, ки дигар ин ҷо мустақиман кори Хоҷа Ҳофиз нест, балки ин таъбири маҷозии машҳур ва ҳатто метавон гуфт мардумӣ (халқӣ) мебошад. Зимнан, чунин таъбирҳои маҷозие, ки бар асли ташхиси исмҳои маънӣ ва таҷриди исмҳои моддӣ сохта шудааст, дар забони мардум зиёд аст, вале ин ҷо маҷоли ёдоварӣ аз он нест ва метавонад мавзӯъи ҷолиби алоҳидае қарор бигирад.
            Акнун барои он ки бидонем чаро ин сабкро ба пои шеъри Бедил бастем ва на Њофиз, месазад басомади (чандоии) истифода аз иборањои таљридї ва ташхисї дар ду шеър яке аз Њофиз, ки ќисман дида шуд ва дигаре аз Бедил, ки дар њамин радиф ва бешак дар пайравї аз Њофиз суруда шудааст, муќоиса шавад.
Байтњои Бедил:
            Эй қиёмат субҳхези лаъли хандони шумо,
            Шӯри сад саҳро ҷунун гарди намакдони шумо.
            Байти аввалро аз нигоњи таҷрид ва ташхиси таҷридӣ метавон ҳамсанги байти авали Ҳофиз донист, ба ин имтиёз, ки агар Ҳофиз аз каламоте кор гирифта, ки таносуби онҳо нисбатан равшан ва мукаррар аст, чун «фурӯғ, моҳ, ҳусн, рӯй», пас, дар байти Бедил каламоти мутаносиб нисбатан тоза аст ва тули риштаи хаёле, ки ононро ба ҳам мепайвандад, дарозтар. Албатта «қиёмат, субҳ, ханда, лаъл» ва  «ҷунун, саҳро, гард», ва «шӯр, намакдон»    таносуби маълум доранд вале дар як силк овардани ин силсила ва пайвастани ин хӯшаҳои маъноӣ (таъбири Шафеъии Кадканӣ) ба якдигар ва таҷниси маънавӣ дар калимаи «шӯр», ки ҳам ба маънои «таъм» ва ҳам ба маъни «ошўб» омадааст. Печидагии риштаи силсилаи хаёл дар ин байт ба ҳаддест, ки ҳангоми боз кардани гиреҳҳои он, тӯли сухан аз он, ки дар байт ҳаст бамаротиб меафзояд. Бад-ин тариқ Бедил мефармояд:
            А. Эй он (касе), ки қиёмат дар баробари Шумо чун шахсест, саҳархез ва ин саҳар, ки он (қиёмат) бо фаро расиданаш қиём мекунад, ҳосили лаъли хандони Шумо аст ва ё ин саҳар ҳосили дурахши сапедии дандони Шумост, ки бар асари хандаи лаъли лабатон (мурод шафақи субҳ ва аз пайи он омадани сафедӣ) ба вуҷуд меояд. (Шигифтӣ ва нудрат он аст, ки субҳи қиёмат худ ҳангомест, ки ҳамаро барпо мекунад, вале ин субҳи растохез худ чизест, ки дар баробари хандаи Шумо падид меояд).
Б. Шӯру ошўб ва шефтагии сад саҳрои (биёбони)
ҷунун як гард, як зарра аз намакдони шумо аст. Аз «шӯр» таҷниси маънавӣ ва иҳом ба кор гирифта мешавад ва агарчи манзури аслӣ шефтагӣ ва ошўби дилдода аст, барои таносуб дар таҳтушшуур аз «шӯр» ба маънии таъм, маза, ки ба намакдон рабти мустақим дорад, низ мурод мешавад. Вале дар кулл маънои таъм низ бемуносибат нест. Зеро ишқ ва ҷунун чизест, ки дар он дар муқобили зуҳду порсоии қолабӣ ва хушк чошние ва лаззате нуҳуфта аст ва шоирони ориф ҳамеша бо он мубоҳот доштаанд. Вале, нудрат ва таровати сухани Абулмаонӣ боз дар ибораороии ҷасуронаи ташхисии вай дар ибораи «сад саҳро ҷунун» падидор мегардад.
Саҳро ба масобаи паймонае (воситаи андозагирие, ченаке) истифода мешавад, ки бо он ҳаҷми ҷунун (гӯё ҷунун ҳаҷм дорад) муайян карда мешавад ва андозаи ин ҷунуни тасаввурӣ ба мизони сад саҳро аст. Ин ҷо албатта хонандаи огоҳ дар зеҳни худ нисбати саҳро ва ҷунунро бо ривояти Маҷнун, ки намоди ишқ аст, эҳсос мекунад. Ин дигар рӯяест, ки лоиқи шарҳу тафсир ҳам дониста намешавад.
            Баракси ғазали Ҳофиз дар ғазали Бедил, тавре ки мебинед, ин навъ ибораороии таҷридӣ ва ташхисӣ то охири ғазал идома пайдо мекунад ва дар ҳеч як мисраъе аз он сарфи назар намешавад. Бахусус байти севум аз назари қаробат ва мушобиҳати маънавӣ бо яке аз байтҳои Ҳофиз қобили мулоҳизаи махсус аст. Ҳофиз то ба ин байт расидааст, аз он мухотаби олӣ канортар рафта ва ба мухотаби ҷузъӣ рӯй оварда, дар зимн киноёт ва таъризи худро ба ба абнои замонаш гуфтааст:
            Айшатон бодо мудом, эй соқиёни базми Ҷам,
            Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.
Ин ҷо мухотаб ҷамъ аст ва замири «шумо» ба маънои ҷамъ аст, на такриму таъзими фарди азимушшаън, ки гоҳе ҳам «ту» мешавад. Масалан, «Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият». Чун «шумо»-и байти болотар шарик дорад ва воҳид нест, шак нест, ки банда аст ва даврони ӯ даврони маҳдудест ва шикояти Ҳофиз он аст, ки дар даврони ҳукумати ин соқиён, ҳуккоми рӯзгор ба ком нарасидааст.
            Тақрибан дар қолаби ҳамин иборот Бедил мегӯяд:
Ишрат аз ранг аст, ҳар ҷо гул бисоторо шавад,
            Муфти ҷоми мо, ки мегардад ба даврони Шумо.
            Ишрат (айш, комравоӣ) аз ранг насиби муфту беминнати ҷоми мо (ба зоҳир чашми мо ва дар маҷмуъ вуҷуди мо) мегардад ва ин ранг чун шароби шуҳудӣ дар ҷоми вуҷуди мо мерезад ва моро сархушу бонишот месозад ва ин ҷоми мост, ки ба даврони шумо (замони шумо ва ба маънии дигар бо ҳаракат додан, чарх занондан аз сӯйи Шумо ва дар маҷмӯъ ба баракат ва лутфу инояти Шумо), ки дар оростани ин ҷаҳони имкон бо рангу алвон ва имконоти дастрас зоҳир ва амалӣ мегардад. Баҳра бардоштан аз дунёи имкон бо мисол задан аз «ранг» дар шеъри Бедил ба такрор омадааст ва ҷойи дигар ин маъноро ба сароҳат таъкид мекунад:
            Магзар аз ранг, ки ойинаи иқболи сафост,
            Дуд бар чеҳраи оташ шаби ид аст ин ҷо.
            Аммо дар маҷмӯъ ба сари матлаби аслӣ баргардем ва чун таҳлили ҳар байте аз ин ғазали тӯлонӣ суханро ба дарозо мекашад, ин ҷо бо он иктифо мекунем, ки ибораҳои таҷридӣ ва ташхисии таҷридиро аз қолаби ин абёт берун меорем, ки мутолиаи он худ барои хонанда равшан месозад, ки Бедил то чӣ ҳад дар истифода аз ин сабки баён муболиға мекунад.
            Чашми оҳу ҳалқаи гирдоби баҳри ҳайрат аст,
            Дар тамошои рами ваҳшиғазолони Шумо.

            Аз садаф резад гуҳар в-аз писта мағз ояд бурун,
            Чун шавад гарми такаллум лаъли хандони Шумо.

           


Эй тароватгоҳи ишратнавбаҳори боғи ноз,
            Бод чашми мо сафоли ҷӯши райҳони Шумо.

            Беш аз ин натвон ба абрӯи тағофул сохтан,
            Шишаи дил хок шуд дар тоқи нисёни Шумо.

            Мо – сияҳбахтон ба навмедӣ муҳайё кардаем
            Як чароғон доғи дил дур аз шабистони Шумо.

            Бистару болини мо умрест қатъи роҳат аст,
            Бар дами шамшер зад хобам зи мижгони Шумо.

            Норасо уфтодаем, эй барқтозон, ҳиммате,
            То ғубори мо занад дасте ба домони Шумо.

            Оламе дар ҳасрати вазъи иборат мурдааст,
            Маънии мо, кист, то фаҳмад зи девони Шумо.

            Аз ғубори ҳарду олам пок берун ҷастааст
            Бедили овора, яъне хонавайрони Шумо.
            Аммо дар айни ҳол имтиёзе, ки ба шеъри Ҳофиз ихтисос меёбад, боз дар ин нукта хулоса мешавад, ки мо Ҳофизро мисли Бедил саргарми ибораороӣ намебинем ва гӯё он ибороти барҷаста ва бикр беихтиёр ва бидуни ҳеч такаллуфу тасаннуъ дар равиши гуфтани суханоне ба соддагӣ ва озодагӣ худ ба миён омадаанд. Агарчи чун ба сабки Бедил одат бикунем, ин эҳсос дар мавриди Бедил ҳам бароямон даст медиҳад. Дар ҳар ҳоле, ногузир ва ночор табъи мо гувоҳӣ медиҳад, ки равиши каломи Ҳофиз табиитар воқеъ шуда ва Ҳофиз бо иродаи хос дар пайи сабкофаринӣ ва истифодаи хос аз сабки вижае нест. Ба изофаи он ки шумораи ибороти хосе, ки тавсиф шуд, дар шеъри Ҳофиз зиёд нест ва ҳар замон метавонад истифода аз он қатъ гардад ва чунон ки гуфта шуд, Ҳофизро ҳам саргарми чунин як сабке намебинем, ҳаргиз ба хотирамон намерасад, ки истифодаи чунин услубе ва чунин иборотеро дар ашъори ишон нишонаи сабки хосе (чун сабки ҳиндӣ) муаррифӣ намоем.
            Дар ниҳоят бори дигар беҷо нест ёдоварӣ гардад, ки ончи ҷавҳари сабки ҳиндиро ташкил медиҳад, яъне аз ҷумла ташхиси исми маънӣ ва таҷриди исми моддӣ аз замоне, ки мутуни забони форсии тоҷикӣ ба нигориш даромада, мушоҳида мешавад ва дар забони зиндаи мардум низ истифодаи фаровон дорад. Намунаи барҷастааш аз ашъори қадим метавонад ҳамин рубоии машҳури устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бошад, ки фармуда:
            Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
            Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад
            В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм
            Як қатраи об бар лабам кас накунад.
            Агар нисбати ин рубої ба устод Рӯдакӣ машҳуру маълум намебуд ва касе, масалан, ба озмоиш аз банда суол мекард, ки ин рубоӣ аз Рӯдакӣ аст ё аз Бедил, шояд бетардид посух медодам, ки аз Бедил. Зеро чунин ташхисҳои мутлақ ва барҷастаи исмҳои маънӣ, аз қабили ин ки ҳодиса чун касе касеро талаб кунад ва таб касеро пурсиши гарм кунад ва беш аз ин мардуми чашм (бо таваҷӯҳ ба иштироки маъноии байни инсон ва нуқтаи биниши чашм ба воситаи калимаи «мардум») обе ба лаби кас дар мавқеъи назъи равон бичаконад ва ин ҳама дар пайкари афшурдаи як рубоӣ, чунин эҳсосеро ба вуҷуд меорад, ки ин рубоӣ як намунаи барҷастаи сабки ҳиндӣ бошад. Ва албатта наметавон гуфт, ки ҷилваҳои чунин ибораороӣ ва маъниофарӣ дар осори устод Рӯдакӣ маҳдуд бо ҳамин рубоист, балки боз ҳам дучор мешавад, аммо на бо ин тарокум ва дарҳамҷӯшидагӣ. Дар айни ҳол ин рубоӣ чунон равон ва озод аст, ки кас фикр намекунад устод Рӯдакӣ худ амдан ва огоҳона даст ба ибораороӣ зада бошад.
            Дар ниҳоят, ба таври хулоса метавон гуфт, ки сабки ҳиндӣ ё сабки бедилӣ ҳосили истифодаи огоҳона ва бештар аз имконоти вижаи забони форсии тоҷикӣ, бавижа ташхиси исмҳои маънӣ ва таҷриди исмҳои моддист, ки ҳосил аз табиат ва сиришти забони мо буда, ҳанўз имконоти зиёде дар ин замина мавҷуд аст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                      Майи 2008







23 комментария:

  1. Рустами Ваҳҳоб
    ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ

    АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС
    – ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ, АЗ БОИСИ ОН КИ
    Ибораи «аз баски», «аз бас» ва калимаи «баски» дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад. Дар ҷумлаҳое аз қабили: «Аз бас ки ман ин китобро нахондаам, аз мазмунаш огоҳ нестам» ба кор бурда мешавад. Муродифҳои дигари мазкурро низ дар ҳамин ҷумла метавонем дар назар бигирем. Он чи мавриди суол ва баҳс аст, ин аст, ки ин таъбирҳо сабабияти (иллияти) одиро ифода намекунанд, то корбурдашон дар чунин ҷумлаҳо саҳеҳ шумурда шавад, балки дар зимни худ маънои «бисёр»-ро доранд ва маънои аслии калимаи «бас» (басе, басо) низ ҳамон «бисёр» мебошад ва маънии машҳури дигараш «кофӣ» бо он рабт дорад:
    Бас габр, ки аз карам мусулмон кардӣ,
    Як габри дигар кунӣ мусулмон, чи шавад?
    (Абӯсаъиди Абулхайр)
    Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр, зинҳор,
    Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
    (Устод Рӯдакӣ)
    Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
    Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
    (Иқбол)
    Дар байтҳои боло ин калима танҳо ба маънои «бисёр» ва бидуни тобиши сабаб оварда шудаст. Аммо дар он мавридҳое, низ ки бо сабаб ҳамроҳ аст, албатта маънои аслии худ «бисёр»-ро дар зимн ҳифз менамояд ва он сабаби мазкур ҳатман хислати бисёр (батакрор) буданро дорад:
    Баски мо – озодагонро аз тааллуқ ваҳшат аст,
    Акси мо чун об донад қаъри чоҳ ойинаро.
    (Бедил)
    Яъне ваҳшати мо аз тааллуқ (вобастагӣ) хеле зиёд аст ва ҳамин зиёдии ваҳшат сабаб шуда, ки акси мо монанди об барои худ ойинаро қаъри чоҳ медонад.
    Дар ин байт пайванди маънои бисёрӣ, пурӣ бо сабаб зоҳири равшантаре дорад.
    Баски метарсонад аз занҷиру пандам медиҳад,
    Оқили бисёргӯ девона мегардонадам.
    (Хоҷу)
    Азбаски:
    Аз бас ки сарҳо хок шуд, дилҳо ҳам андар кӯйи ӯ,
    Набвад аҷаб, гар аз замин дил рӯяду ё сар дамад.
    (Амир Хусрав)
    Бинобар ин, дар ҷумлаҳое аз қабили «Азбаски имсол барфи бисёр (зиёд) борид, дар роҳҳо хатари тарма ба вуҷуд омадааст», маънои «бисёр» ду бор ва дар сурати «бисёр зиёд» се бор такрор мешавад. Ё дар ҷумлаҳое мисли: «Азбаски автобус каме дертар омад, мо таъхир кардем» пайвандак бо мазмуни ҷумла (каме) муносибати мутазод пайдо мекунад. Дар ҳоле, ки маънои аслӣ ва комили «азбаски» то ҷое аз ёдҳо рафтааст, ва дар чунин ҷумлаҳо табиист нависанда ва хонанда танҳо бо «азбаски» иктифо карда наметавонанд, беҳтар аст шаклҳои дигари ҳамин пайвандак «чун» (ки мӯҷазу асилу зебост ва бояд дар навишти имрӯзӣ бештар ба кор бурда шавад), «ба он сабаб ки» (на «аз он сабаб ки»), «аз боиси он ки», «зеро» (бо дар аввал овардани сарҷумла) ва ғайра ба кор бурда шавад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба таркибҳои гуногуни ин пайвандак ва зарурати равшан будани маънои калимаи «бас», беҳтар аст он ба сурати ҷузъҳои ҷудо, вале бидуни вергул «аз бас ки» навишта шавад. Зимнан, шояд заминаи пайдоиши ин ғалати омро шабоҳати ин пайвандак бо «аз боиси он ки» муҳайё карда бошад, ки иллияти (сабаби) одӣ ва бидуни муболиғаро ҳамроҳ дорад.

    ОтветитьУдалить
  2. ҲАМӮ – ҲАМ Ӯ
    Равшан аст, ки ин калима аз ду ҷузъ – ҳиссаи таъкидии «ҳам» ва замири (ҷонишини) «ӯ» иборат аст. Дақиқан мисли «ҳамон» ва «ҳамин», ки аз «ҳам» ва «он», «ҳам» ва «ин» иборат мебошанд. Аммо баракси «ҳамон» дар навиштори имрӯзӣ ҳамеша ба сурати ҷузъҳои ҷудо (ҳам ӯ) навишта мешавад ва танҳо дар мавридҳои хос, ки ҷанбаи таъкидии «ҳам» зиёд ва махсус аст, ба кор бурда мешавад. Масалан, «Ҳам шумо ва ҳам ӯ ин китобро хондаед». Дар матнҳои классикӣ, хусусан назм, ин таркиб мисли «ҳамон» зиёд ба назар мерасад ва ғолибан яклухт (яклахт) (همو)навишта мешавад:
    Ҳамӯ тоҷу тахту баландӣ диҳад,
    Ҳамӯ тирагиву нажандӣ диҳад.
    (Фирдавсӣ)
    Якҷо навиштани «ҳамӯ» дар мутуни қадим таъкиди хоссе бар талаффузи пайҳами ҷузъҳои он мебошад, зеро маъмулан дар матни классикӣ ба ғайр аз мавридҳои маҳдуд ҳолати баракс роиҷ аст, ки ҷузъҳои калима баъзан ҷудо навишта, вале якҷо хонда мешаванд. Масалан «табиӣ аст» навишта ва «табиист» хонда мешавад.
    Ин аз қабили мавридҳоест, ки дар забони зиндаи мардум таркиби классикӣ бар сурати аслӣ боқӣ монда, ба таври густурда ба кор меравад. Яъне дар муоширати мардум ҳар қадар, ки «ҳамон» ва «ҳамин» корбурд дошта бошанд, мушобеҳи онҳо – «ҳамӯ» ба ҳамон мизон пуристифода аст.
    Имрӯз беҳтар аст, ки аз як сӯ ин калимаи куҳан (ҳамӯ) дар навиштор мавриди корбурди бештар қарор бигирад ва аз сӯи дигар дар таҳияи матнҳои классикӣ сурати навиштории он, ки бо асли овоияш мутаносиб аст, риоят шавад. Дар акси ҳол, агарчи арӯз имкони васли калимаҳоро дар қироат медиҳад, навишти ҷудои ҷузъҳои ин калима метавонад, боиси сактаи қироат гардад. Масалан, ду байти зерини ҳаким Фирдавсӣ бояд ба ин сурат навишта ва хонда шавад:
    Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон
    Ҳамӯ буд шоҳу ҳамӯ паҳлавон.
    Ҳамӯ буд ҷангиву мӯбад ҳамӯ,
    Сипаҳбад ҳамӯ буду бихрад ҳамӯ.
    Дар чунин шакли навишт ҷанбаи таъкид низ он қадар, ки дар «ҳамон» ҷой дорад маҳфуз боқӣ мемонад. Барои итминони бештар ҳосил кардан, метавон дар ин пораи назм ба ҷойи «ҳамӯ» калимаи «ҳамон»-ро озмоиш кард, вале тобиши маъноии дигар мегирад.

    РАНГРАЗ - РАНГРЕЗ
    Шарҳи калимаи «ранграз» дар фарҳангҳо чунин омадааст: «Саббоғ – касе, ки кораш ранг кардани порча ва ғайри он аст ва мураккаб аст аз лафзи «ранг» ва «раз» аз масдари «разидан», яъне ранг кардан».
    Ин калимаи мӯҷазу зебои куҳан, ки дар забони имрӯзи мо муродифи маълуму машҳуре надорад, хусусан дар саноат қобили истифода мебошад ва эҳёи он кори шоистаест.
    Масъала ин аст, ки ин калимаро дар навиштори имрӯзӣ ба сурати «рангрез» ба кор мебаранд, ки албатта саҳеҳ нест ва ба хусус замоне, ки матн манзум бошад, бо хароб шудани вазн ин иштибоҳ барҷаста мегардад. Аз ҷумла дар мусаммати машҳури хазонияи Манучеҳрии Домғонӣ байти зайл дар аксари китобҳо, (китобҳои дарсӣ низ) бо ҳамин иштибоҳ омадааст:
    Он барги разон аст, ки бар шохи разон аст,
    Гӯӣ ба масал пираҳани рангрезон аст
    ва сактаи вазн ин иштибоҳро маълум месозад.
    Дар ҳар яке аз байтҳои зерин низ танҳо вожаи «ранграз» метавонад муносиби вазн бошад:
    Андар дили ман рангрази саббоғ аст,
    К-андар пари ҳар зоғ аз ӯ сад доғ аст.
    (Мавлавӣ)
    Аз сониъони растаи бозори ҳусни ту
    Як ранграз маҳ асту яке заргар офтоб.
    (Сайфи Фарғонӣ)
    Ранграз шав, то ки дар хум ҳаст ранг,
    Барқ шав, фурсат намедонад даранг.
    (Парвини Эътисомӣ)

    ОтветитьУдалить
  3. ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ

    АРЗ КАРДАН ВА ФАРМУДАН
    Як гурӯҳи калимаҳо ва таъбирҳо тобиши маъноии хос доранд, ки бар маънои куллии онҳо нуфуз мекунад ва мавриди корбурдашонро нисбатан маҳдуд ва мушаххас месозад. Яке аз чунин таъбирҳо «арз кардан» мебошад. Агарчи арз кардан ба таври куллӣ «баён кардан», «изҳор кардан», «маълум кардан» мебошад, аммо маъмулан дар мавриде ба кор бурда мешавад, ки гӯянда (яъне арзкунанда) дар мақоми поинтаре нисбат ба мухотаб (шунаванда ва хонандаи арз) қарор дошта бошад ва ё касе ин калимаро дар мавриди худ ба нишони тавозуъ ба кор бибарад. Масалан бигӯяд: «Чуноне ки банда арз кардам… лутфан арзи маро бишнавед ва ғ.». Дар мавриди мухотаб ба кор бурдани ин калима нишони камтаваҷҷуҳӣ ва ба дур аз илтифот шумурда мешавад. Масалан, гуфтан ки «Чунон ки шумо арз кардед…». Дар ҷумлаҳое аз қабили «Устоди бузургвори мо … арз карданд, ки…» возеҳ аст, ки гӯянда ё нависанда воқеан ба мухотаб бо такриму тамҷид муносибат дорад, аммо танҳо ин аст, ки он тобиши мавридии ибораи «арз кардан»-ро дар назар нагирифтааст. Ин ҳамон қадар ноҳанҷор аст, ки касе гуфта бошад: «Ман мефармоям ё ман фармудам».
    Ин тафовути «фармудан» бо «арз кардан» дар ин ду байти Қоонии Шерозӣ ошкор аст:
    В-он гаҳам фармуд, гар гуфтӣ бад-ин тарзу тариқ,
    Зар фишонам инчунину сим бахшам ончунон.
    Ман ба посух арз кардам, эй аҷаб, к-андар нахуст
    Гавҳар афшонӣ ба ман аз мадҳи шоҳи комрон.
    Дар байтҳои зерин ҳам ин маънӣ ошкор аст:
    Фарёди нотавонон маҳви ғубори аҷз аст,
    Ранге ба рух шикастам арзи ниёз кардам.
    (Бедил)
    Ман чи кардам, тирабахтонро саромад гаштаам,
    Баҳри арзи ҳоли худ зону ба кокул мезанам.
    (Сайидо)
    Сурати аҳволи худ з-ин шеър кардам бар ту арз,
    Доштам хуршедро андар баробар ойина.
    (Сайфи Фарғонӣ)
    Аҳёнан «арз кардан» нисбат ба мухотаби бартар ҳам омадаст, аммо ин истисност.

    ОтветитьУдалить
  4. ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ

    БУРДБОРӢ ВА КОМЁБӢ
    «Бурдборӣ» дар ҳамаи фарҳангномаҳои қадиму ҷадид ба маънои сабру таҳаммул, тоқат, шикебоӣ тафсир шудааст. Аслитарин муродифи тоҷикии калимаи арабии «сабр» мебошад ва аз назари реша бо «таҳаммул»-и арабӣ монанд аст, чун «таҳаммул» аз решаи «ҳамала» яъне «бор бурдан» аст. Масъала ин аст, ки аксаран дар навиштору гуфтори матбуот ва расонаҳои мо аз ин калима ба маънои «комёбӣ», «муваффақият», «дастовард» истифода мекунанд. Дар ин хусус пештар ёдддоштҳое зимнӣ шуда буд, вале бо таваҷҷӯҳ ба густариши рӯзафзуни ин иштибоҳ лозим омад дар фасли алоҳидае дигарбора ба ин мавзӯъ муроҷиат шавад.
    Масалан, муҷрии барнома дар поёни он ба ҳамсӯҳбати худ хитоб мекунад: «Ба Шумо бурдбориҳои нав ба нави эҷодӣ орзумандем». Ё ағлаб ин баёнро дар номаҳои табрикотӣ мебинем. Албатта, барои касе орзуи сабру бурдборӣ кардан бад нест (агарчи онро бештар дар мусибат мегӯянд). Аммо равшан аст, ки дар ин хитоб манзури гӯянда на сабр, балки муваффақият ва комёбист. Решаи зеҳнии ин иштибоҳ ин пиндори ғалат аст, ки ин калимаро бо «бурд» (масалан бурди кор, бурди бозӣ ва ғ.) дар иртиботи маъноӣ тасаввур кардаанд, ки чунин нест. Мисолҳои фаровоне дар матни адабиёти классикии мо ба маънои саҳеҳу мушаххаси «бурдборӣ», яъне сабру таҳаммул далолат мекунанд:
    Сари бурдборон наёяд ба хашм,
    Зи нобуданиҳо бихобанд чашм.
    В-агар бурдборӣ зи ҳад бигзарад,
    Диловар гумоне ба сустӣ барад…
    Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
    Чу тундӣ кунад, тан ба хорӣ бувад.
    (Фирдавсӣ)
    Бурдборитинатам, хоки таҳаммулпешаам,
    Ғайри ҳастӣ ҳарчи бар дӯшам бубандӣ, бор нест.
    (Бедил)
    Хулоса, маънои мушаххас ва равшани «бурдборӣ» сабр, тоқат, таҳаммул, шикебоӣ буда, истифодаи он ба маънои комёбӣ, дастовард ва бурд ғалати маҳз аст.
    Мутаассифона, ахиран чунин иштибоҳотро, ки дар забони мо чандон собиқа надоранд, баъзе муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ чун вижагиҳо ва тафовути забони тоҷикӣ (бо форсию дарӣ) қаламдод мекунанд, ки ин амр метавонад боиси «қонунӣ» шудани чунин ғалатҳо гардад. Бо ин мулоҳиза ҳам ҳаргиз набояд ба ривоҷ ва идомаи чунин иштибоҳот созиш кард.

    ОтветитьУдалить
  5. ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ

    ХАРҶУ МАРҶ, ХАРАҶУ МАРАҶ
    ҲАРАҶУ МАРАҶ – ҲАРҶУ МАРҶ
    Дар истифодаи ин ибора дар ҳақиқат ҳарҷу марҷи зиёде роҳ ёфтааст. То он ҷо ки ба мушоҳида расида ин таъбирро ба шаклҳои «ҳараҷу мараҷ», «хараҷу мараҷ» ва «харҷу марҷ» ба кор бурдаанд, ки ҳар се маврид иштибоҳ аст ва зоҳиран яке аз иллатҳои ин кор тасаввури ғалати бо калимаи «харҷ» рабт доштани ин таъбир мебошад. Аввалан бояд гуфт, ки «харҷ» мисли «сарф» дар асли худ маънои манфӣ (мисли «ҳарҷ») надорад ва он гоҳ манфӣ мешавад, ки бо муболиға ва зиёдаравӣ ҳамроҳ бошад, яъне исроф (бадхарҷӣ). Аммо ҳарҷ ва ҳарҷу марҷ зотан манфӣ буда маънои беназмӣ, ошуфтагӣ ва бетартибиро дорад (дар ҳама маврид) ва хусусан дар мавриди падидаҳои иҷтимоӣ.
    Гашт дар Рай инқилобе ошкор андар замон,
    Ҳарҷу марҷ уфтод дар бозору барзан ногаҳон.
    (Маликушшуаро Баҳор)
    Хулоса, шакли саҳеҳи ин ибора танҳо як сурат дорад – «ҳарҷу марҷ».

    ОтветитьУдалить
  6. МЕҲРГОН مهرگان
    Баъд аз Наврӯз муҳимтарин ҷашни Эрони Бостон буда, ки аз рӯзи 16-ум (меҳррӯз) то 21-уми меҳрмоҳ тақрибан нуқтаи муқобили Наврӯз ва муқорини эътидоли харифӣ (тирамоҳӣ) ба муддати 5 рӯз бо маросими хоссе баргузор мешудааст. Рӯзи 16-ум ба Меҳргони кӯчак ва рӯзи 21-ум (ромрӯз) ба Меҳргони бузург маъруф будааст. Бино бар «Бундаҳишн» Машӣ ва Машёна дар ин рӯз таваллуд ёфтанд ва чунон ки Берунӣ овардааст, дар ин рӯз Кова бар Заҳҳок хуруҷ кард ва Фаридунро ба шоҳӣ бардошт. Ҳамчунин дар ин рӯз Худованд заминро бигустаронид ва колбадҳоро пазирои арвоҳ сохт. Аз Салмони Форсӣ нақл кардаанд, ки Худованд ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва чун офтоб (меҳр) дар ин рӯз пайдо шуд, онро «Митроконо» (мутааллиқ ба Меҳр) мегуфтанд, ки баъдҳо Меҳргон шуд ва муарраби он «Меҳрҷон» аст. Дар ин рӯз буд, ки Фаридунро аз шир гирифтанд ва ӯ бар гов савор шуд ва дар осмон гове аз нур падид омад, ки шохҳояш аз тило ва поҳояш аз нуқра буд ва чархи қамарро мекашид. Ин гов соате ошкор мешавад ва сипас ғойиб мегардад. Ҳар кас, ки муваффақ ба дидори ӯ шавад, дар соате ки назар бар ӯ меафканад, дуояш мустаҷоб мегардад. Дар Эрони қадим шодиву пирӯзӣ мавҳибате худоӣ буд. Аз ин рӯ ҳар гоҳ пирӯзие барои мардум пеш меомад ва бахусус вақте ситамгареро аз худ меронданд ва адолатро мустақарр мекарданд, ба ёдгори он фатҳ ва раҳоӣ аз бедод ҷашне бузург барпо мекарданд. Бино бар ин ин ҷашнро метавон ҷашни бозёфтани озодӣ ва раҳоӣ аз ситами бегонагон ё ҷашни пирӯзии некӣ бар бадӣ донист. Меҳргон мисли Наврӯз маросиме дошт ва мардум дар ин рӯз барои якдигар ҳадя мефиристоданд. Дар китоби «Аттоҷ»-и Ҷоҳиз омадааст, ки ҳар кас ҳар чиро бештар дӯст медошт, ба султон ҳадя мекард. Агар қимати тӯҳфаи касе ба 10 ҳазор дирам мерасид, дар девон сабт мешуд ва вақте ҳамон шахс ба пул ниёз пайдо мекард, ду баробари он маблағро ба ӯ медоданд. Султон тоҷи зарринеро, ки тасвири хуршед бар он буд, бар сар мениҳод ва дар Наврӯзу Меҳргон бори ом медод ва ҳар кас ба ҳузур мерафт, агар шикояте дошт, рӯ дар рӯ матраҳ мекард. Дар ин рӯз зардуштиён либоси нав мепӯшиданд ва суфраи алвон мегустурданд ва китоби «Авасто» ва ойина ва сурмадон ва шароб ва гулоб ва… ва ба вижа анор рӯйи он мечиданд. Агар навзоде дар ин рӯз мутаваллид мешуд, исми ӯро ба гунае интихоб мекарданд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад. Ҷашни Меҳргон ба қадре муҳим ва тарафи таваҷҷӯҳ буд, ки ҳатто баъд аз Ислом ҳам аз байн нарафт ва дар даврони хулафои Аббосӣ бо шукӯҳи тамом баргузор мешуд. Аз мусаммати Манучеҳрӣ бо матлаъи: Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад, Бонгу овои дарои корвон омад. Корвони Меҳргон аз хазон омад, Ё зи ақсои билоди Чинситон омад. – Бармеояд, ки ҳангоми ҳукумати Масъуди Ғазнавӣ (421-432 қамарӣ) ҷашни мазбур маъмул буда ва бо маросими хоссе баргузор мешудааст. «Торихи Байҳақӣ» низ аз маросими Меҳргон дар зиқаъдаи 422 ва 427 тавсифи дақиқе ба даст додааст. Ин ҷашн дар саросари Осиёи Сағир низ барпо мешуда ва аз он ҷо бо ойини Меҳр ба Урупо низ рафтааст. Ҷашни Меҳргонро дар Руми қадим рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мекардаанд, ки баъд аз нуфузи масеҳият дар Урупо рӯзи валодати Масеҳ қарор дода шудааст. Шуарои форсизабон ағлаб ҷашни

    ОтветитьУдалить
  7. Меҳргонро мешинохтаанд ва гоҳ низ худ дар замони ҳаёти хеш бо он мувоҷеҳ будаанд ва дар натиҷа ба таври васеъе дар шеърашон низ мунъакис аст:
    Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,
    Он куҷо гов наку будаш Бирмоюно.
    (Дақиқӣ)
    Фирдавсӣ дар мавриди ба тахт нишастани Фаридун гӯяд:
    Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
    Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
    Парастидани Меҳргон дини ӯст,
    Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.
    Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
    Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
    Ба хӯйу одати обо ба ҷамъи зоирон зар деҳ,
    Ба расму сирати аҷдод ҷашни Меҳргон май хӯр.
    (Масъуди Саъд)
    Меҳргони меҳрубон боз омаду асри асир,
    Ганҷи боғу бӯстонро кард ғорат моҳи тир.
    (Масъуди Саъд)
    Омад хуҷаста мавсими қурбони Меҳргон,
    Хунрези ин ба ҳам шуд бо баргрези он.
    Бо Меҳргон чу нек фитод иттифоқи ид,
    Хунрезу баргрез падид омад аз миён.
    (Сӯзанӣ)
    Шохи ӯ бе Меҳргон урён зи барг,
    Нест андар ҷони ӯ ҷуз бими марг.
    (Иқбол)
    Меҳргонро ойину одобе муфассал буда, ва дар давраҳои мухталиф бо тартиби хосе баргузор мешудааст. Аҳаммияти Меҳргон бад-он ҳад буда, ки бархе онро бар Наврӯз тарҷеҳ ниҳодаанд. Ойинҳо ва маросими Меҳргон то ҳамин давраҳои ахир ахир дар бахшҳое аз Эрон, аз ҷумла Хуросон барқарор будаанд.
    Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ. “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”

    ОтветитьУдалить
  8. АЗ ҲАР ДАРЕ
    Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
    Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.
    (Ҳофиз)
    Даргоҳест майлам нест чизе бинависам, балки майл ҳаст, аммо танаффуре, баде дастамро аз қалам боз медорад: зеро мебинам ҷаҳон пур шуда аз навиштаҳову гуфтаҳо, аммо бисёр кам асарашро дар кирду кори мардум мебинам ва аз худ агар қиёс бикунам, ҳатто дар кирдори онон, ки худ менависанду дигаронро андарз медиҳанд ва ба дигарон «рози ҷаҳон»-ро мекушоянд. Ҳануз, ки ин андеша нав зуҳур мекарду лабамро аз гуфтан набаста буд, рубоие сохта будам:
    Мардум ба фиреби хештан ночор аст,
    Хӯ карда ба ботилу зи ҳақ безор аст.
    Сад бор бигуфтанду касе огоҳ нест,
    Пас хурда магир, агар сухан такрор аст.
    Ва дертар дарёфтам, ки ин узрест, ки пургӯии худро мехоҳам ҳақ бинамоям. Истодам, истодам, охир таҳаммул наёвардам. Гаронтарин бори дунё хомӯшист ва албатта барои касе, ки чизаке гуфта метавонад. Боре Ҳофиз мехондам. Он соати шаб буд, ки даре ба дунёи Ҳофиз кушода дошт ва ногаҳ дарёфтам, ки Хоҷа бо вуҷуди ҳама тавони суханварӣ ва ҳама нозишҳояш аз ҳунари хеш чи қадар мехост замоне дар фароғатхонаи хомӯшӣ биёсояд, аммо ба зиндагӣ, на баъди марг. Хомӯш бошаду бузургии худро эҳсос бикунад, чун Замин, чун Осмон чун Абадият.
    Аммо намеёристанд. Бедил ҳам. Бедил бузургтарин сайди сайёди олами вуҷуд буд. Дар доми Ҷаҳон аз Адам кам меуфтад чунин сайде тапанда, ки мехоҳад домро дарҳам бишканаду берун биравад, на аз сӯрохи дом. Аммо медид, ки дигар раҳоӣ нест. Риштае ба дарозои Ҷовидон дар пой дорад – НОМ!
    Ҳамчу Анқо куҷо равам Бедил?
    Гум шудан ҳам суроғ мегардад.
    Дар тадбири озодӣ дер кард. Дер фаҳмид. То донист, ки садо берун дода буд ва аз гирифтории хеш оламро огоҳ карда буд:
    Бедил чи мушкил аст зи дунё гузаштанам,
    Як нола доштам, ки зи ҳафт осмон гузашт.
    Он қадар монда буд, ки номро ба баландои осмони озодандешии худ бубардорад. Вуҷудро ба андозаи Адам вусъат бубахшад ва ба худ нидо дардод:
    Эй Адам, номе ба даст овардаӣ, мавҷуд бош!
    Бо ин ҳама то охир узри сухан гуфтан дар лаби ишон боқӣ монда:
    Суханҳо доштам аз дастгоҳи илму фан, Бедил,
    Ба хомӯшӣ яқин шуд, ки пур беҳуда мегуфтам.
    Пас кутаҳназарист агар мо гумон дошта бошем, ки инсонҳои бузург Ҷовидонагиро беҳин саодат медонистанд ва талошашон бар он буд. Ҳамчунин онҳо ба маҳзи касеро башорат додану андарз хондан сухан нагуфтаанд.
    Бо худ гуфтугӯ доштанд. Гуфтанд, ки ногуфта наметавонистанд. Хомуширо таҳаммул накарданд. Зеро вуҷуди ҷовидон гирифтории ҷовидон аст. Чи номҳои ҷовидоне, ки парчами дасти касоне шуданд, ки худ ҳаргиз чунин касонро намеписандиданд.
    Сухан ин ҷо гусастамаҳор аст вагарна гӯяндаро чи нисбатест ба ин бузургон. Аммо ният ин буд, ки аз қолабу меъёр наандешам бубинам, то чи ғаммозиҳое дар нутфаи қалами мо нуҳуфтааст.
    Мо то дигареро дар муқобил нагузорему сухан нагӯем, намедонем чи андеша дорем ва чи мехоҳем, балки намедонем чи касем. Ҳофиз:
    Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст,
    Хабари дил шунуфтанам ҳавас аст.
    Бигӯеду худ низ гӯш кунед, то чи мехоҳеду чи медонед ва чиро намедонед.
    ***
    Бар хилофи ҳар ҳикмате ҳикмат метавон дарёфт. Зеро ниёзи мардум ба сухан вобастаи ҳол аст, ки агар ҳол бигардад, ниёз дигар шавад.

    ОтветитьУдалить
  9. Сухан гуфтани одам лабрез шудани ҷомро мемонад. Ҳар қадар ҷом гунҷоии зиёдтар дошта бошад, дертар лабрез мешавад ва ҳар қадар камтар зудтар.
    ***
    Агар маъниро иёр бишносем, дар дунё ҳикмати нав нест, ҳама ҳикмат гуфта шудааст. Аммо паҳнои майдони суханварӣ аст он аст, ки табъи мардумӣ ишваписанд аст ва ҳар маънии куҳан ӯро дар либоси нав пазиро мерасад.
    ***

    ***
    Камтарин зарраи олами вуҷуд аз бузургтарин офаридаҳои маънавии мо пояндатару ғанитар аст.
    ***
    Мо дуру дароз машқи мурдан мекунем, ними умрро мехобем.
    ***
    Қадри ҳақиқии инсонро танҳо модарон медонанд, ки дар офариданаш ранҷи азим кашидаанд.
    ***




    ОтветитьУдалить
  10. Сухан тирест, ки бояд охир аз ҳар тири дигар андохта шавад, аммо чун даст ба камон барӣ, аввал он меҷаҳад ва ту ҳанӯз нишонро нашинохтаӣ.
    ***
    Худкушӣ охирин чораи дарди худпарастист.
    ***
    Нақде, ки ҳич кас онро рабуда натавонад, худшиносӣ аст.
    ***
    Хатои маҳз аст, ки барои кирдори касе ба каси дигар аёб бигиранд ва ҳамчунин касеро аз пушти ҳунари каси дигар биситоянд.
    Агар падар асту писар аст,
    Каси дигарӣ каси дигар аст.
    ***
    Гоҳе, ки падареро таън мегирем аз он ки пандаш дар фарзанд дар намегирад, боре ба худ бояд тааммул бикунем, ки ҳар рӯз мо чӣ қадар пандеро, ки бар худ додаем ботил мекунем.
    ***
    Камтарин кори нек аз беҳтарин сухани нек беҳтар аст.
    ***
    Мо он қадар ба дурӯғ одат кардаем, ки дасти кам бояд ҷомаи ростиро аз дурӯғ шероза бидузем ва баъд бипӯшем.
    ***
    Дурӯғ фарзанди тарс аст, ки чун бузург шавад хиҷолат мезояд.
    ***
    Агар бихоҳем, ки аз ҳама андарзҳо фориғ бошем, бояд пайваста кор бикунем.
    ***
    Ман ҳайронам аз кирдори ононе, ки ҳасади худро урён медоранд вале авраташонро мепӯшанд.
    ***
    Ҳасад дарди оҷизонест, ки умеди даво надоранд.
    ***
    Одамон он тадбир ва қудратеро, ки дар бадбахт кардани якдигар харҷ мекунанд, агар ҳар кадом барои хушбахт кардани худ сарф мекард дар дунё ягон бадбахт боқӣ намемонд.
    ***
    Бадтарин нафс-нафси шӯҳрат аст, ки ҳаргиз ором намегирад.
    ***
    Гуфтам: Ҳар кӣ бар хештан ҳукмраво гардад, бар ҳарчи хоҳад тавоно бошад. Гуфт: Вуҷуди нодонеро чун мӯм нарм кунеду дар дасти худи ӯ бидиҳед, шояд гӯсолае бисозад.
    ***
    Мо ҳамеша аз дигарон зиёда аз он мехоҳем, ки аз худ хоста бошем. Ин аст, ки ҳамеша аз дигарон шикоят бар лаб дорем.
    ***
    Дурӯғи маслиҳатомез фитнаи мавқуф дорад.
    ***
    Бештари маврид арзи одоб узри тарсуист.
    ***
    Худситоӣ нӯшхор кардани гови серро монад.
    ***
    Дунё ба василаи некӯкоре ба ҷоҳу ҷалол расид, пасон бад-ӯ носипосӣ карду дилашро шикаст. Касе гуфт: Ин ҷоҳил бар бом баромаду нардбонро шикаст. Ва ӯро, ки фуромадан дар пеш буд, акнун ҷастан дар пеш аст.
    ***
    Ҳақиқат урён аст ва дурӯғ пирояҳои рангин дорад.
    ***
    Вақте ки ман дидам, замин урён чи қадар зебост, чи қадар шаҳомат дорад ва чи қадар накҳати хуш мепароканад, ҳама рӯйидаҳо: гулҳои хушрангу хушбӯ, дарахтони тановару бузург дар назарам хор шуданд.
    Кош мабдаъу манбаъи ҳастиро чунин урён дармеёфтам.
    ***
    Некии боминат луқмаи заҳролуд аст.
    ***
    Озодии мутлақ дар танҳоии мутлақ аст. Он ҷо ҳам агар нафс набошад.
    ***
    Агар хоҳед, ки якумр накӯкор бимонед, ҳаргиз чашмдори сипосгузорӣ набошед.
    ***
    Истеъдод якаву ягона корфармоест, ки ҳич кас аз ҳукми он сар печида наметавонад.
    ***
    Биозмой. Агар тавонӣ, ки бандааш бошӣ, пас бидон, ки дӯсташ медорӣ.
    ***
    Дар он дунё аз ин дунё мепурсанд ва дар ин дунё ҳам аз ҳамин дунё.
    ***
    Решаи ҳамаи ранҷҳо дар коҳилист ва решаи коҳилӣ дар ноумедӣ.
    ***
    Устод ду шогирдро, ки дар табъ бо ҳам хилоф доштанд, ба деҳе фиристод барои тафтиши аҳвол. Чун бозгаштанд, яке лаб пур аз ситоиш дошт ва дигаре пур аз накӯҳиш. Устод гуфт:
    Агар зи мулки Ҳабаш мерасад ҷавонмарде,
    Ҳама сапедиву покӣ бувад раҳовардаш.
    В-агар зи Каъба биёяд касе фурӯмоя
    Набинӣ ҳеч ба ҷуз чеҳраи пур аз гардаш.
    ***
    На ҳар бигзашта аз ҷон қаҳрамон аст, чу ҷон аз ибтидо худ ройгон аст.
    ***
    Шӯҳрати ҷовидон хатари азим дорад – бадномии ҷовидон.
    ***
    Вақтро дидам, ки дар болои шаҳр парвоз мекард ва ба соатҳои хурду бузург менигаристу табассум дар лаб дошт.
    ***
    Ҳич кас бар ман он қадар ҷабр накада, ки ман бар худ кардам.
    Зеро ҳич вуҷуде бароям дастрастар аз вуҷуди худам набуд.
    ***

    ОтветитьУдалить
  11. Дар олам як инсони бадбахт ҳаст, ҳич инсоне наметавонад комилан хушбахт бошад.
    ***
    Худкушӣ қиёми оҷизонаест барои тасдиқи хештан, ки бо ҳич чизаш тасдиқ карда натавонистем.
    ***
    Агар мо худро худ ба дунё меовардем, он гоҳ шояд ба худкушӣ ҳақ медоштем.
    ***
    Марде писарашро шино меомӯхт. Моҳии пире кӯдаконашро мегуфт: Ин мардро падараш аз ҳамин дарё бароварда буд, то хушкравӣ биёмӯзадаш.
    ***
    Бисёр вақт мо корҳои ҳақиқиро дар танаффуси корҳои беҳуда мекунем.
    ***
    Битарсед аз касоне, ки аз шумо метарсанд.
    ***
    Сухани ҳақ ҳамеша мухтасар аст.
    ***
    Агар касе туро меситояд, бидон, ки порае аз хештанро дар ту дарёфтааст.
    ***
    Ҳар чизеро, ки гум кардаму дигар наёфтам, донистам, ки аз ман набудааст.
    ***
    Дурӯғ силоҳи заъифон аст.
    ***
    Мояи шеърӣ дар сухан овардан, зораву илтиҷоест, ки сухани моро бипазиранд.
    ***
    Агар табъи башар ибратпазир мебуд, як китоб бас буд.
    ***
    Эй басо сухане, ки ҳакимона намояду моро ба ваҷд биёрад ва чун таҳқиқ бикунем, фақат он қадар буда, ки донистаи моро тасдиқ карда.
    ***
    Дар дунё бад бешумор аст ва бархӯрд бо бад ногузир. Ягона роҳи наҷот ин аст, ки дар муқобили ҳар баде, ки мерасад, чанд сифати нек бар худ биафзоем.
    ***
    Агар ҷуръати шамшер задан надоред, онро бароҳехтан нашояд, ки вопас дар паём карданаш сахт хиҷолате дорад.
    ***
    Шамшери рост ҷо нашавад дар наёми каҷ.
    ***
    Мардум! Бар якдигар заҳр назанед, ки исрофи беҳуда аст. Ҳамаи мо аз заҳри зиндагӣ саршорем.
    ***
    Бузургтарин мӯъҷизаи ҳастӣ он аст, ки тасаввуроти мо дар хусуси зиндагӣ бо ҳам мувофиқат бикунад. Иқтидори мо низ дар ҳамин аст.
    ***
    Ман ҳайронам, ки қатлро ҷазои олӣ мешуморанд. Қатл ҷазои мақтул нест. Ҷазои қотилон ва наздикону судбарони мақтул аст.
    ***
    Мо ҳама аз зиндагӣ менолем, вале агар аз рӯи инсоф доварӣ бикунем, хеле кам бад-он сазоворем.
    ***
    Вақте ки мо бар нуқси касе ниҳонӣ механдем, ӯро ҳақ додаем, ки бо он нуқс дар миёни мо бошад.
    ***
    Бар айби касе тавон нукта гирифт, ки худ тавонед, он айбро аз ӯ дур кунед.
    ***
    Диламро бо заҳмати зиёд шикастанд ва бо таъну хашм гуфтандам:
    Аҷаб сангдиле будаӣ!
    ***
    Кӯдаке маро аз рӯи сурат мешинохт. Боре дучор омадаму аз ӯ пурсидам: Ман киам? Гуфт: Сурат. Ин посухе буд, ки дергоҳ меҷустамаш.
    ***
    Бахшиш мехоҳам аз ононе, ки некандешам буданду боварашон накардам. Ва низ пузиш мехоҳам аз ононе, ки бовари ман имконашон дод то бадӣ кунанд.
    ***
    Мо ба суроғи диёри тифлии худ меравем, аммо онро ҳич гоҳ чуноне ки буд, намеёбем. На барои он, ки шаҳру деҳи мо дигар мешавад, балки барои он, ки тасаввуроти мо аз муҳиту одамон ва пазириши мо аз ангезаҳои берунӣ тағйир меёбад.
    ***
    Ҳар ки инсонеро мекушад, инсониятро дар худ маҳв мекунад.
    ***
    Калиди хонаамро гум кардам. Чизе ҷустам ба ҷои калид, ҷуз қалами ҷайбам наёфтам. Дарро ба қалам кушодам. Гуфтам дар биёбоне танҳо ҷон бар лабам омада ва бо нӯги қалам гӯри худро мекобам, оё ҳамеша чунин нест!?
    ***
    Ишқ бо он устувор аст, ки бесухан гуфтугӯ карда битвонед. Зеро чун сухан ба миён омад, риёро ҳамроҳ дорад.
    ***
    Одамиро чашми дигар аз пушти сар мебоист, то гузаштаи худро фаромӯш насозад.

    Дар андаруни шумо ба ҳар чизе пок ниёз биҷӯшад, бидонед, ки бар он ҳақ доред.

    ОтветитьУдалить
  12. Зиндагӣ дар пои модарон ҳалқа задаст – модаронро модарон мезоянд.
    ***
    Ҳар суханеро, ки гуфтаам, бигӯянд: сухани ту нест, наранҷам. Сухан то он гоҳ аз мост, ки нагуфта бошемаш.
    ***
    Лаҳзае, ки чеҳраи солдидагон аз нури ҳаё фурӯғ мегирад, симои тифли ишон падид меояд.
    ***
    Сухани баландро ҳоҷат нест, ки баланд бигӯянд.
    ***
    Сафедӣ танҳост. Ҳама рангҳои дигар ёрони сиёҳианд.
    ***
    Василаҳои одии зиндагӣ бояд ба одам ройгон бахшида шаванд.
    Зеро ин василаҳо аз ибтидо ройгон вуҷуд доштанд. Ва агар пардохте аз одам талабида мешавад, бояд фақат дар муқобили он чизе бошад, ки беш аз васоили зиндагии одиву маъмулист.
    ***
    Мо ҳама чизро ба андозаи ҳиммати худ сазоворем.
    ***
    Инсон танҳо як лаҳза пеш аз марг мефаҳмад, ки зиндагӣ чист.
    ***
    Ҳама гуна инсон дар лаҳзаи мурдан пок ва бузургвор аст.
    ***
    Гуфтугӯ дасту по задан аст барои мутакко ёфтан.
    ***
    Забони мардон шамшер аст.
    ***
    Марг яке аз ҳодисаҳои зиндагист.

    ОтветитьУдалить
  13. Эй сангпушт. Чаро ин қадар оҳистаӣ?
    -Ту, ки мешитобӣ, суроғи манзил дорӣ. Ман чи шитобам, ки манзили худро бо худ дорам.
    ***
    Зиндагӣ монанди мошини пурборест ва дар ин роҳи дарози ноҳамвор моро он қадар медаконаду, метаконад, ки ҳар касу ҳар чизро дар ҷои худаш менишонад.
    ***
    Аз Қазоқистон баргаштам. Дар деҳ пурсиданд: чӣ ҷоест? Гуфтам: Саросар биёбонест, ки ҳич кӯҳу тепа надорад. Пирон сукут карданд: яъне инро бе ту ҳам медонистем. Аммо бачаҳо хандиданду гуфтанд:
    Пас офтобашон аз куҷо мебарояд.
    ***
    Рӯбоҳро бачагонаш пурсиданд: Фил чи гуна аст? Гуфт: Як ваҷаб дум дорад.
    ***
    Хомушии шумо он гаҳ арзиш дорад, ки шумо сухан гуфтан ва беш аз ин фасеҳ гуфтан битавонад.
    ***
    Қонун мадҳияест, ки бар ифтихори зӯроварон эҷод мекунанд.
    ***
    Бузургӣ он аст, ки вуҷуди худро дар ҷовидон иҳсос кунед, хирадмандӣ – дар таърих ва хушбахтӣ – дар ҳамон лаҳзае, ки ҳастед.
    ***
    Одамӣ то манзили охират ҷои худро дар ҷаҳон ҷустуҷӯ мекунад.
    ***
    Орзуҳо ба дӯстони хасакӣ бисёр шабеҳанд: То иқтидори кӯшишу коре дорем, дар муҳити вуҷуди мо яке ҷои дигарро танг мекунанд. Ва ҳамин, ки дар мо асари заъфу нотавонӣ падид омад, аз мо фирор мекунанд.
    ***
    Зодан ва мурдан – ин ду ҷоми софи яқин аст ва боқӣ ҳама олудаи дурди шубҳа.

    ОтветитьУдалить
  14. Аз андеша то сухан ва боз аз сухан то кирдор роҳи дарозест, аммо гоҳо аз андеша то кирдор роҳи чапғалатест, ки суханро дар ҷаҳони мо хати масдуд мешавад. Вой бар ҳоли сухан.
    ***
    Моро куштан осон аст, ки худ бад-он майл дорем. Куҷост зӯрманде, ки моро ба дари марг раҳ надиҳад?!
    ***
    Тавонгаре бо басе исрор як даста китоб бар ман тақдим кард. Маълум шуд, ки дар хонааш ҷое барои ин китобҳо намондааст. Бо худ гуфтам: Чи андарзҳоем додаанд, ки бад-ин тақдим монанд аст.
    ***
    Ҳич кас ҳаққи моро комилан адо намекунад. Ҳатто кӯҳ бо он бузургӣ ними садои моро пас медиҳад.
    ***
    Ҳангоми андӯҳ сурудан наметавон, магар он, ки андӯҳ зебо бувад ва иҳсоси зебоиро дар мо барангезад.
    ***
    Дунёро бисёр ба чашми соҳиб мебин: Нафасҳое, ки андаруни ту шуданд, куҷо шуданд?
    ***
    Зиндагӣ сарфи кашокашу пас додан аст: Аз нафас то ҷон.
    ***
    Он гоҳ сарнавиштро дар ихтиёр медоштем, ки агар чун Худованд ҳама оламро дар ихтиёр дошта бошем.
    ***
    Бадкирдороне, ки дар сиришташон заррае некӣ ҳаст, дар баробари сухани нек ва кирдори нек монанди сармохӯрдагоне мешаванд, ки якбора ба гармӣ расидаанд.
    ***
    Аз маъонии муҷаррад оне, ки беш аз ҳама ташбиҳи муҷассаму номуҷассам ёфтааст «зиндагист», зеро ҳама чизу ҳама ҳол аз симои зиндагӣ нишоне дорад.
    ***
    Тарки одат аз он душвор аст, ки ошноеро аз даст додан ва ошнои дигар ёфтан душвор аст: Мо дар худ барои худ бо маҷмуаи хислатҳо ошное дорем ва агар яке аз ин хислатҳоро тарк бикунем, мебинем, ки комилан каси бегона дар баробарамон истодааст.

    ОтветитьУдалить
  15. Хислат чи хубу чи зишт симои мушаххасест, ки муҳит онро ба мо мебахшад ва бо он моро мепазирад.
    ***
    Агар чашми дил ва чашми хиради мо кушода шавад, атрофамонро пури чизҳое мебинем, ки дар олами рӯъёву орзу мепарастидем.
    ***
    Дил мисли тифли худрою дилҷӯест, ки нозашро мехарем ва ақл мисли падари ботадбирест, ки аксар аз ҳукмаш сар мепечем.
    ***
    Вақте, ки дил аз умедҳо тиҳист, ҷаҳон ба вусъати биёбонест, ки дасти ману пои ман ба ҷое намерасад ва агар бирасад низ сари бардоштанаш нест.
    ***
    Бархезу қад алам кунун қадам бардор. Наметавонам гуфт, ки ба ҷое хоҳӣ расид, аммо узри ту фардо маънӣ хоҳад дошт.
    ***
    Решаи ҳама гуна истеъдоди поянда дар эҳсоси баланди ҳақталабист.
    ***
    Қасам сақичи дурӯғгӯён аст.
    ***

    Хамӯшӣ ҳунар аст ва ҳунари волотар он аст, ки матлаби худро мухтасар арз бикунӣ.
    ***
    Беҳтарин неъмати ҳастӣ эҳсоси зебоист.
    ***
    Касеро ба надоштани чизе, ки аз ту нахостааст, хурда гирифтан нашояд.
    Барои Худованд дар дили ҷоҳилтарин мардумон ҳам гӯшае ҳаст.
    ***
    Агар дар сиришти мардум лаззати ғайбат намебуд шӯҳрати мардон ба баъди марг мавқуф намемонд.
    Вақте ки мо хобидаем шабу рӯз чи тафовуте дорад.
    Бо орзуҳо мо аз он сӯйи марги худ зиндаем.

    ОтветитьУдалить
  16. Мастӣ аз май ё аз чизи дигар нест, балки аз нерӯҳои андарунии худи мост, ки онҳоро бармеангезем ва дар лаҳзаи кӯтоҳ ба миқдори бузург бераҳмона исроф мекунем.
    ***
    Дидам, ки гуна-гуна ва тӯда-тӯда воизон бутҳоро дасту по баста дар миёни мардум меронданд ва ҳар кадом бонг мезаданд, ки: Худои ростин худои мост! То ки онро бифурӯшанду машғули айшу нӯш шаванд ва пас ӯро фаромӯш кунанд.
    ***
    Мардум худ кам баҳра мегиранд аз он чизе, ки ба дигарон мефурӯшанд.
    ***
    Бештари хоксорону тавозӯъкорон худпарастонеанд, ки бар худ аз мардум шафқату навозиш металабанд.
    ***
    Сахттарин иҳтиёҷ он аст, ки барои шинохтани худ ба чашму забони дигарон ниёзманд бошем.
    ***
    Шӯҳрат чун пӯфаки сӯрох аст ва онро беистод бояд пӯф кунанд, то дам бошад.
    ***
    Дар зиндагӣ фақат якчанд лаҳза (агар Худо диҳад) пеши чашми мо рушан асту халос.
    ***
    Вақте ки сухан кироист, эҳтиёҷ ба хушгӯӣ нест.
    ***
    Вақте ки ҳайвон мегиряд аз инсон ҳиҷ фарқ надорад.
    ***
    Бисёр аз носеҳон дигаронро мегӯянд то худро бишнавонанд.
    ***
    Дар дунё ҳама чиз омада аст. Фақат онро ёфтан даркор.
    ***
    Замоне эҳсос мекунед, ки ҳич гуфтание надоред, бидонед, ки инсоф бар шумо пирӯз аст.
    ***
    Хамӯшӣ забони муштараки мову Табиат аст.
    ***
    Ҳастӣ моро гирифтори худ месозаду пас аз мо фирор мекунанд.
    ***
    Бонги хурӯси субҳгаҳӣ хуштарин навост, дар шом агар баланд шавад, наъраи балост.
    ***
    Хари мошинсуворро дидам, таъна бар харсуворҳо мезад.
    ***
    Агар мо ҳастии худро танҳо вобастаи замони ҷонварӣ бидонем, мегӯем, ки пеш аз ин набудем ва баъд аз ин нестем, ва агар аз ин бигзарем, метавонем гуфт, ки пеш аз ин будем ва баъд аз ин низ ҳастем.
    ***
    Мо сайди тапандаем дар дом. Ва осори мо парҳои рехтаи мост.
    ***
    Кӣ медонад, ки қатраи ашки ӯ то кадом уқёнус расидааст.
    ***
    Душманони шумо беш аз худи шумо корномаҳотонро чашмдоранд.
    Зеро ҳарос ҳама чизро аз будаш бузургтар мегардонад:
    Гар бар муроди худ нарасам ҷои таън нест, то интизори душмани худро бароварам.
    ***
    Гоҳе корҳо бароямон бозианд, моро намегузорад. Ва гоҳе, ки бозиҳо кор мешаванд, моро мегуморанд.

    ОтветитьУдалить
  17. Ононе, ки ҳич чиз намехоҳанд, ҳама чизро мехоҳанд.
    ***
    Мо бар басо чиз нози бениёзӣ дорем, ки худ сазовораш наем.
    ***
    Вақте ки муҳит маро аз ҳама ҷо танг мекунаду меронаду то сари нуқтаи коғазу қалам меронаду қаламро мегираму аз фишори муҳит хуни ман аз нӯги қалам қатра, қатра, қатра мечакад, эҷод аст.
    ***
    Ман агар сарнавишти калимаҳоро бидонам, бо эътимоди комил метавонам гуфт, ки таърихи зиндаи инсониятро медонам.
    ***
    Хоксорӣ ва тавозӯъе, ки аз нотавонист, миннати ройгонест бар гардани дигарон.
    ***
    Рӯйи инсон чеҳраи афкору эҳсоси ӯст ва зебоиву зиштиаш аз ин эҳсосу афкор бармеояд.
    ***
    Бояд бими маргро аз худ биронем, то ба ростӣ зиндагон бошем.
    Вагарна ҳама куштаҳои бими маргем.
    ***
    Дар одоб аз ҳама эҳсоси инсонӣ бештар хавф саҳм дорад.
    ***
    Зебоист, ки моро аз инкори Парвардигор бозмедорад.
    ***
    Волотарин нуктае, ки зебо нест ҳич паёмади хуше надорад.
    ***
    Қаҳрамонӣ ҷасоратест, ки зебоиро ҳамроҳ дорад.
    ***
    Роҳ, суруд, табиати зебо ва рафтан… Чаро май?
    ***
    Дафтари ман – Ҷазирачаи Озодии ман, ки бо як пои қалам дар ин ҷо рост истодаам.
    ***

    Агар ба дасти яке аз мо ҷоме оби ҳаёт биниҳанд, яқин ӯро чунон ҳаросу андешае фаро мегирад, ки гӯё ҷоме заҳр дар даст дошта бошад.
    ***
    Вақте ки мо аз дигаре мӯҳлати адои кореро мепурсем, пайваста дар он фикрем, ки то чи ҳад таъхир метавон кард.
    ***
    -Гандум, гандум, туро ки медаравад?
    -Он, ки корид.
    -Кӣ мехӯрад?
    Он, ки коштан фармуд.
    ***
    Агар замин таҳаммул мекард, хуршед гирдаш мечархид.
    ***
    Хоб диданҳои мо чист? Фирори равони пӯёву ҷӯё, аз пайкари осоишпарасти мо.

    Агар чароғи шабзиндадорон бимирад, хуршед роҳи ин хокдонро гум мекунад.

    ОтветитьУдалить
  18. Дил марғест, ки ғаллаи ғамонаш мечаранд. Ва он қадар амонаш медиҳад, то гиёҳе тоза сар барзанад.
    ***
    Чун мо худакон якдигарро ношумордорӣ мекунем, чи менолем аз беқадримон пеши Чархи Фалак?!
    ***
    Ҳар рӯз порае бо худ гуфтугӯ бояд кард, то забони дарунро фаромӯш накунем.
    ***
    Чи растохезест дар ин овардгоҳ! Мурдагон якдигарро мекушанд.
    ***
    Ҳангоме ки мо бар якдигар вонамуд мекунем, ки ҳақиқатро дар бағал дорем, ҳақиқат аз арши худ бо лабханде бар мо менигарад.
    ***
    Мо ҳама аз Замон менолем. Оҳ, агар Замон забон медошт, чи фарёдҳое аз дасти мо мекард!
    ***
    Зебоӣ аз роҳи чашм ба дил меояд ва дил онро бо хун меомезад.
    ***
    Ногуворӣ, ногуворӣ, эй он, ки бар шираи буди худ паёпай об мерезӣ то ҷомат дар чашмҳо пур намояд.
    ***
    Ҳақиқат озодист. Чи талош мекунед, ки озодиро дар банди сусти пиндори худ дароред?!
    ***
    Видоъ кардан ба сарзамине, ки яқин дорӣ дигар ҳаргиз он ҷо нахоҳӣ расид монанди видоъ бо як пора зиндагӣ аст.
    ***
    Ҳар саҳар дидори ёрон бад-он монад, ки баъди бехудӣ вуҷуди худро даст-даст мекунему буди худро дармеёбем.
    ***
    Эй дил, ту бад-ин шукӯҳи хунафшонат, хуршеди фурӯравандаро мемонӣ.
    ***
    Инсон бо сад ҳазор асбоби парвоз ба парвози мурғон ҳасад хоҳад бурд.
    ***

    Эй дӯст, ғаматро куҷо мебарӣ? Ки ҳама бозорҳои ҷаҳон аз ин матои касод пур аст.
    ***
    Арҷи ҳама гуфтугӯҳо дар фосилаест аз гуфтаҳои пайғамбар то пайғамбари дигар.
    ***
    Муддаои бузургтарин китоб дар як ҷумлаи сода мегунҷад.
    ***
    Хушбахтарин ва низ бадбахтарин вожаҳо номҳоянд.
    ***
    Офаридгории инсон дар он аст, ки дар пайкари чизҳо равони вожаҳоро дамидааст.
    ***
    Бартарии шоирон бар дигарон он аст, ки аз вожаҳо бархурдоранд ба ҷуз аз роҳи ҳӯшу гӯш бо ҳама нерӯи неруи андарёфти худ.

    ОтветитьУдалить
  19. Ало ҳушёрон! Бидонед, ки ҳич фоҷиаеро бар сари инсоният девонагон наовардаанд.
    ***
    Ман аз афкори бардавом гоҳе осудаам, ки дар ҳузури мутафаккире қарор дошта ва эътимоди худро билкулл ба афкори ӯ пайваста бошам.
    ***
    То он гаҳ, ки ғараз аз сухан чизи дигарест, худи сухан чизи дигарест.
    ***
    Агар шуҷоат кофӣ бошад, ҳама чиз кофист.
    ***
    Ба додгустарӣ одилонро бихоҳед. Агар олим нест, боке нест.
    ***
    Ҳаққи гила аз ҳамдигар, вобаста бар он аст, ки пештар кӣ оғоз мекунад.
    ***
    Агар тааммул кунем, дармеёбем, ки беш аз ҳар каси дигар худро фирефтаем.
    ***
    Шахсони бадгумон бештар аз маънии аслии калимаҳо ба маънии маҷозии онҳо эътимод доранд.
    ***
    Замоне ки ҷисми шумо ва андешаву эҳсоси шумо покизаву зебост, камтар ба обиде нестед, ки дар намоз истодааст.
    ***
    Моро ба такрор субҳ мезояду шаб мекушад. Аммо ҳич не, ки қимати зиндагиро бишносем.
    ***
    Субҳу шом монои ду даст аст, ки аз силии яке мадҳуш мешавему аз силии дигаре ба ҳуш меоем.
    ***
    Бовар ба тақдир касонеро судманд аст, ки ҳич гуна иътиқоде ононро аз талошу кӯшиш боз намедорад.
    ***
    Яке аз баҳраҳои нақди намоз дарёфти доимии замон аст.
    ***
    Агар чорае надоред, вомондаро аҳвол мепурсед. Ва агар давое надоред ангушт бар ҷароҳат назанед, ки ҳар ду боиси озори бефоида хоҳад шуд.
    ***
    Агар умедҳо дар дил бимиранд, инсон якумр маҳкуми он аст, ки ҷанозаи худро бар дӯши худ бубарад, то он, ки бар дӯши дигаронаш биниҳад.
    ***
    Ҳангоме, ки оҳанги рӯҳнавозеро мешунавам, эҳсос мекунам, ки дар вуҷуди инсон ҳаст чизе волотар аз имконоту арзиши муқаррари ӯ ва аммо ин нуктаро дарнаёфтаам, ки ин эҳсос дар асли вуҷуди инсон аст ва ё таманнои ӯст, ки ҳаргиз бад-он нахоҳад расид.
    ***
    Баҳси судманд оташест, ки бар он чизеро пазанд ва баҳсе, ки ба маҳзи худнамоиву ҷаҳолат аст бад-ин монад, ки зери деги холӣ оташ афрӯхта бо кафгир табли мезанад.
    ***
    Ҳич кадоме аз Паямбарон ба ихтиёри хеш паямбарӣ накардааст.
    ***
    Аблаҳтарини касон метавонанд айби хирадмандонро бубинанд. Аммо барои фазилаташонро дарёфтан ба ҳамон андоза хирадманд бояд буд.
    ***
    Инсон гоҳи мастӣ аз корҳое менозад, ки дар ҳушёрӣ карда. Яъне аз кардаи дигаре менозад.
    ***
    Лофу худситоӣ аз кори худ исрофи бехирадонаи сарватест, ки бо заҳмату машаққат андӯхтаем.
    ***
    Агар мо бар якдигар миннат наниҳем, ҳамагӣ сипосе аз якдигар дорем.
    ***
    Миннати мо қарзи сипосро аз гардани дигарон мебардорад.
    ***
    Ҳар кӣ бар худ ошиқ аст бар дигаре ошиқ шуда натавонад.

    Ҳама завқи фармонравоӣ доранд. Ҳатто кӯдаконе, ки қудрати гиряи худро шинохтаанд.
    ***
    Шинохтани чизе ибтидои ғолибият бар он аст.
    ***
    Чун дар зодан ва мурдан ихтиёр ба мо нест, дар ин миёна ихтиёроти мо чи арзише дорад?

    ОтветитьУдалить
  20. Басо касон, ки «сар ба ҷайби тафаккур фуру» мебаранду аз остини таассуб меоранд.
    ***
    Агар мо метавонистем худро ҳамвора дар муҳити бекарони кайҳон, ки воқеан чунин ҳаст, эҳсос намоем, аз басе беҳудагиҳо озод мегаштем.
    ***
    Агар мардум дар иқрор хасисӣ намекарданд, маълум мешуд хеле зиёдтар аз он, ки пиндоранд, дӯстон ва ҳам душманон доранд.
    ***
    Инсон ба воситаи вожа нестиро ба қайди ҳастӣ овардааст, ки яке аз ин вожаҳо ҳамин “Нест” мебошад.
    ***


    Чи Данкоҳое, ки мо дар ними раҳ куштему андаруни ҷангали тираи таассубу ваҳми худ вомондем.
    ***
    Агар шаби Худо намебуд мардум шабе тӯлонитар аз он меофариданд.
    ***
    Инсон будан қаҳрамонист.
    ***
    Худро аз даст надиҳед, ки дигар чизе нест.
    ***
    Чаро ононе, ки ба ноҳақ моро ситоиш карданд, пӯзиш намехоҳанд?
    ***
    Сад яқинро ба гумоне мебахшам, то зинда бошем.
    ***
    Фарёд макун, ки касе намешунавад. Чандон хомӯш бибош, ки фарёд зананд: Чизе бигӯй!
    ***
    Воҷиб аст, ки аз ҳарза мурдан битарсем.
    ***
    Мунтаҳои санъат он аст, ки нишони сунъро аз офаридаи худ бизудоем.
    ***
    Гиря боронест, ки бар худ меборем.
    ***
    Ҳар амри хайреро метавон аз номи Худованд фармуд.
    ***
    Чи рангомезӣ мекунед бо оне, ки рангҳоро худ муҳайё кардааст.
    ***
    Касоне ҳастанд, ки ғизои рӯҳашон аз озори мардум аст.
    ***
    Агар дар даруни худ ҳамсӯҳбате дошта бошед, ҳаргиз танҳо намемонед.
    ***
    Хушбахт касест, ки нишоту фаррухиро аз вуҷуди худ биёбад.
    ***
    То чизеро бишносем, маҷмӯае аз он чиз мебояд.
    ***
    Чашме, ки аз тарс боз шудааст, кӯр аст.
    ***
    Ҳар нукта ҳазор тобиш дорад ва як ҳақиқат.
    ***
    Ғайбатҳо ва шикоятҳо дигар аз мо гарду ғубори зарбаҳои кории мо мебошанд.
    ***
    Андӯҳ беш аз нишот мардумро ба ҳам мепайвандад: Одамон даст ба гардани ҳамдигар меандозанду мегирянд сар ба китфи ҳамдигар мениҳанду мегирянд.
    Оё боре дидаӣ ки дар ҳоли хандидан чунин бикунанд.
    Соли 1991

    ОтветитьУдалить
  21. КАЛИМАИ ТОҶИК ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН
    (4)

    Дар бораи калимаи «тоҷик» ба унвони номи ба истилоҳи устод Айнӣ «як қавми муаззам» таҳқиқоти зиёди донишмандони меҳанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад ва нуктаи ношинохтае сари асолати ин истилоҳ боқӣ намондааст, баъзан саволҳое матраҳ мешавад, ки ин калима дар адабиёти форсии тоҷикӣ чи мақом ва ҷойгоҳе доштааст? Аз чи замоне сабту забт шудааст. Агар маъхазҳои хориҷӣ ва дохилии қабл аз густариши фарогири забони форсии дариро сарфи назар ҳам бикунем, ки ин калима ба шаклҳои гуногун дар онҳо дарҷ шуда, пас дар куҳантарин осори шоирони адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ корбурди ин калимаро ба фаровонӣ метавон мушоҳида намуд, ки он дар баробари номи маъруфтарин қавмиятҳои он замон – тозиву (араб), турку румӣ ва ғайра ба кор бурда шудааст ва аксаран маълум аст, ки гӯяндаи шеър худро ба он мансуб медонад. Масалан, дар ин байти Саъдии Шерозӣ дар баробари арабу турку рум аз тоҷик ба алоҳидагӣ ёдоварӣ мешавад. Ин намунаҳо ба таври барҷаста маълум месозанд, бар хилофи иддаои баъзеҳо тоҷик аз тозӣ ё тозик (яъне араб) ба куллӣ фарқ дорад ва ин ҳамон миллатест, ки шоирон худро мансуб ба он медонанд:

    Араб дидаву Турку Тоҷику Рум”,
    Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.

    Ё Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ мегӯяд:

    Фитнаҷӯе ҳамлабар чун ишқ нест
    Дар миёни турку тоҷику араб.

    Шуморе аз намунаҳои ин навъ ашъор пешкаши хонандагони азиз мегардад.

    ОтветитьУдалить
  22. Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун
    Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар.
    (Унсурӣ)

    Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
    Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.
    (Мавлоно)

    Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
    Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан.
    (Мавлоно)
    Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,
    Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ
    (Мавлоно)

    Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
    Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар-ҷонро.
    (Мавлоно)

    Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг?
    Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг!
    (Мавлоно)

    Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,
    Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо.
    (Аттори Нишопурӣ)

    Туро додор турк асту ту тоҷик,
    Бимонда бар сари ин роҳи борик.
    (Аттори Нишопурӣ)

    Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд
    Турки ту бирехт хуни тоҷик.
    (Саъдӣ)

    Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,
    Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.
    (Саъдӣ)

    Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш
    Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!
    (Саъдӣ)

    Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
    Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.
    (Салмони Соваҷӣ)

    Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
    Бештарӣ найзавару теғзан.
    (Амир Хусрави Деҳлавӣ)

    Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик,
    Лек дорем хешии наздик.
    (Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ)

    ОтветитьУдалить
  23. Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
    Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
    Амир Алишер Навоии Фонӣ

    Турку тоҷикро ба якдигар
    Хасмиву гирудор мебинам.
    (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)

    Аз дами сайиди исидами мо
    Турку тоҷик басе зинда шуданд.
    (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)

    Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд ситуд,
    Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.
    Толиби Омулӣ

    Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
    Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.
    (Ғавси Гелонӣ)

    Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд,
    Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст.
    (Ҳоҷиби Шерозӣ)

    Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл?
    Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.
    (Бедил)

    Бедил, дами шамшери талаб борик аст,
    З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.
    Бар ҷабҳайи эҳтиёҷ дорад арақат
    Обе ки зи сар гузаштанаш наздик аст.
    (Бедил)
    Зи зулфонаш димоғи шона торик,
    Чу дар назми Навоӣ фикри тоҷик.
    (Нозими Ҳиравӣ)

    Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест
    Дар миёни турку тоҷику араб.
    (Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ)

    Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд,
    Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро.
    (Қоонии Шерозӣ)

    Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик,
    Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик.
    (Қоонии Шерозӣ)

    Шуд ғайрати кору бори ишқат
    Зуннор миёни турку тоҷик.
    (Назирии Нишопурӣ)

    Резахори наволаи карамаш
    Турку тоҷику бандаву озод.
    (Ҳотифи Исфаҳонӣ)

    Чашмони ту бо дилам насозанд,
    Ҷанг аст миёни турку тоҷик.
    (Файёз)

    Ёфта аз маснадаш низом мамолик,
    Малҷо турк асту садру соҳиб тоҷик.
    (Ҷайҳуни Яздӣ)

    Он шӯх к-аз ӯст дар табу тоб
    Доим дилу ҷони турку тоҷик.
    (Муштоқи Исфаҳонӣ)

    Зиҳӣ хулқу карам к-аз дуру наздик
    Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик.

    Дил ойинадори турку тоҷик бувад,
    Зишт аст, гарат ойина торик бувад.

    Фарзанд биҷӯю б-ӯй худ соз бузург,
    Магзор ба суҳбаташ чи тоҷик, чи турк.
    (Аҳлии Шерозӣ)

    Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ,
    Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.
    (Иқбол)

    То ки бад-ин турфа хиёли сутурк
    Тоза кунад ёрии тоҷику турк.
    (Маликушшуаро Баҳор)

    В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун,
    Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро
    (Маликушшуаро Баҳор)

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!