Паёми дӯстон



ШОИРИ ШАҲРИ ХУРШЕД

Андешае чанд дар ҳошияи китоби Рустами Ваҳҳоб «Шаҳри Хуршед»

Наздики сӣ сол аст, ки Рустами Ваҳҳоб ба қавли Хоҷаи Шероз «сари зулфи суханро ба қалам шона зада» ба сурудани ашъори монданӣ ноил гаштааст. Шоир аз оғози эҷодиёташ аз пургӯӣ, мисраъпуркунӣ ва ҳавоигуфторӣ масофа гирифта, дар офаридани шеъри дилнишину нишонрас барор ёфтааст. Ҳарчанд маҷмӯаи нахустини ин шоири навҷӯву навгӯ бори нахуст нашр мешавад, шеъри ӯ кайҳо аз имтиҳони давру замон ва хонандаи нуктасанҷу нуктадон гузаштааст. Рустам 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Худ номи рустояшро олимона шарҳ медиҳад ва онро баргирифта аз номи фариштаи баракат ва фаровонии бостонии «Капила», (ки гӯё номи Кобул ҳам аз он аст) тахмин мекунад. Ба ривояти мардумӣ ҳам, ки онро «Капаи Алӣ» мегӯянд, эҳтиром дорад. Чун суханвари деҳзода онро чунин дарёфтааст, мо низ мувофиқем. Ҳар кас ба гоҳвора – зодгоҳ ифтихори хоса дорад. Ин ифтихор ҳар ранг сурат мегирад, хоса ифтихори шоирона. Мавлоно хуб медонист, ки вожаи «қулф» аслан «қуфл» аст, аммо «қулф» мегуфт. Чун асли вожаро хотиррасонаш карданд, гуфтааст: «Медонам, ки қуфл аст аммо Шамс чунин мегӯяд…».

Капалӣ, ки бо номи шоири боистеъдоди тоҷик Рустами Ваҳҳоб решапайванд аст, дар канори шаҳраки навбунёди Тоҷикобод (маркази ноҳияи ҳамном), ки номи пурифтихорашро ба шарофати Бобоҷон Ғафуров соҳиб гаштааст, ҷой гирифтааст. Дар даврони шӯравӣ гурӯҳе хостанд номи онро дигар кунанд, вале гӯё рӯҳи он номвари бузург монеъи ин кор шуд. Ифтихори шоири дар домани Тоҷикобод ба дунё омада, зебову табиист:



Не Самарқанду не Бухоро аст,

Не ба таърих нозише дорад,

Не варо қасру кохи волоест,

Лек номи пурарзише дорад…

Гар ба таърих аз даричаи ҳақ

Бингарӣ, Шарқ Тоҷикобод аст…



Дар куҷо ба дунё омадани суханваре ҳамчун Рустами Ваҳҳоб муҳим нест, муҳим он аст, ки ин суханвари нуктасанҷу вожаофар, на танҳо ба чизҳои ошнову азиз, балки ба хешу бегона ва хурду бузурги зиндагӣ назари хайрхоҳи худро дорад, нигоҳи беғарази шоирона, диди омӯзанда ва омӯзонандаи муҳаққиқона. Шеър олами роз аст. Андар ин олам розҳое вуҷуд дорад, берун аз ҳадди роз. Ва онҳое, ки ба ин олам роҳ наёфтаанд, гӯиё аз он ба нақди шеър даст задаанд, ки қасди нобарории хешро аз шоирони асил биситонанд. Ин шӯхии адабӣ то куҷо ҷиддист, намедонам, аммо барои Рустами Ваҳҳоб шеър ва нақди он аз ҳам ҷудо нестанд. ӯ дар ҳарду бахш комёбу дастболост. Шеър таҳқиқ ва таҳқиқ идомаи шеъраш буда, худ нахустин хонанда ва муҳаққиқи хеш аст. Даъвои мусобиқа надорад. Худро ворису миннатпазири осори бузургон медонад ва дар назди мардуми оддие, ки ганҷури беминнати ҳама сурудаҳо ва соҳиби забони равони мо ҳастанд сари таъзим фуруд меорад:



Фидойионон, ки беҳтар аз ман сухансароянду
бесадоянд,
Фидойи онон, ки нойи ишқанду синачокони
 бенавоянд.
Фидойи онон, ки дар суроғи ситора рафтанду
 барнагаштанд
Ва ҳар сабоҳе дар интизорам, ки аз паси қулла
            мебароянд.
Фидойи онон, ки захм дар дил, сиришк дар дида,
                                                           пой дар гил,
Ситода сад фитнаро муқобил, чу қалъаи оҳани
                                                                       вафоянд.



Шеъри нахустини чопии Рустам соли 1980, замони донишҷӯ буданаш эҷод шудааст:



Маро «дилсанг» гуфтӣ, шаҳрзодо,
Дилам н-озурду озорат наҷӯяд.
Чӣ бок, ар дил бувад санги кӯҳистон?
Чу бар санги кӯҳистон гул бирӯяд.

Аз ин сурудаи навқаламона қариб сӣ сол сипарӣ шудааст. Умри як насл умри чандин китобу китобча! Аммо то кунун ин шоири дар доираи адабии тоҷик ва ҳамзабонони мо хуб шинохтаву пазируфташуда маҷмӯаи мукаммали ашъорашро ба чоп нарасондааст. Барои шарҳу эзоҳи ин падидаи ҳузновар метавон чандин баҳона пеш овард, аммо ҳич кадом наметавонад сабаби дар тӯли даҳсолаҳо аз ин шоири соҳибсухан бенасиб мондани хонандаро баёнсозад. Ба дарёфти инҷониб сабаби воқеии то кунун рӯйи чопро надидани китоби суханвари анқариб панҷоҳсола пеш аз ҳама ба шеър, ба каломи воло чун ба муқаддасот, балки чун ба эъҷоз назар доштани худи шоир аст.

Шеъри «Меҳрнома»-и Рустамро, ки соли 1982 ба чоп расидааст, метавон оғози эҷодиёти шоири ҷавон арзёбӣ кард. Дар чакомаи зикршуда аз назари хонандаи кунунӣ на мавзӯъ нав аст, на шакли шеър, на тарзи ифода, аммо бисту шаш сол пештар, дар давроне, ки ҳамаро як ватан буду васфи он сархати кулли эҷодҳо, ба меҳани воқеии худ рӯйи суҷуд овардани шоири навқалам ҷуръат, самимият ва ифтихору ғурури хосаро тақозо мекард:



Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам,
Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.
Агар тақвими умрам сафҳаи таърихи сахтат нест,
Надорад тозагие рӯзгорам, Тоҷикистонам…
Баройи ман ту беш аз хонадоне нестӣ ҳаргиз,
Бадахшонам,Зарафшонам, Ҳисорам, Тоҷикистонам…
Ба ту пайванди ман то ҷовидон сарсабз хоҳад буд,
Чу мерӯяд гиёҳат бар мазорам, Тоҷикистонам.

Мавриди ёдоварист, ки шеъри Рустам шеъри инсонӣ ва маънавист. Оре, шеъри маънавӣ, на сиёсӣ! Сиёсат як навдаи дарахти зиндагии башар аст. Аз ин рӯ дар ашъори ошиқонааш ҳам гоҳо ҷанбаҳои инсонӣ бо тобише аз ирфони башардӯстона, зоҳир мегардад ва иродати ӯро ба мактаби Мавлоно нишон медиҳад:



Эй Ёр, бар мо ҳам гузар, камтар зи дарё нестем,
Дар пойи ту бинҳем сар, камтар зи дарё нестем…
Дар сина ганҷи бостон, бар лаб каломи ростон,
Сӯда ҷабин бар хоки дар, камтар зи дарё нестем…
Аз санги раҳ маркаб кунем, доман пур аз кавкаб
кунем,
Сад мавҷ  афшонем зар, камтар зи дарё нестем!..
Ойинаи рӯйи туем, эй рӯйи ту рӯйи Худо,
Эй Дӯст бар мо ҳам нигар, камтар зи дарё нестем

Ин ҷанбаи инсонӣ ва маънавӣ дар шеърҳои иҷтимоии Рустам ҳам, ки як қисми муҳими эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд, ба равшанӣ маълум аст:



Дар шаби ҳаҷре пур аз биму умед
Хоб медидам, ки симурғе сапед
Дар Ватан буд бар сари ман парфишон,
Аз фурӯғаш мавҷ мезад осмон.
Ман саропо ҳамчу як ҷоми булур,
Мешудамлабрез аз нуру сурур.
Дар канорам ё падар, ё пир буд,
Дар лаби мо оятитакбир буд.

Дар адабиёт роҳи ҳамвор вуҷуд надорад. Ин нуктаро шоири ҷавон аз оғози эҷодиёташ хуб дарк карда, дар ин бодия ҷодаи саҳлу осонро интихоб накард. Ба таҳқиқи ашъори яке аз шоирони асроросори классик Мирзо Абдулқодири Бедил рӯй овардан ва осори ин нобиғаро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани Рустами Ваҳҳоб тасодуфӣ нест. Муҳаққиқ дар шинохт ва муаррифии шеъри Абулмаонӣ, ҳамчунин Мавлоно, Ҳофиз, Иқбол ва дигар бузургони ҷаҳони маънӣ ва шеъру каломи манзум аз аввалин мақолаҳои худ ҳамеша назарихос доштааст.

Маҳсули ин рамзошноӣ дар якҷоягӣ бо илҳоми шоирона боиси он шудааст, ки шоир ашъори кӯтоҳ, вале пурмаъноеро эҷод намояд. Масалан як шеъри Рустам, ки асосан он як байт буда, «Рӯдоба» ном дорад:





Шарқ
дар хуни хештан ғарқ аст:
Зодани офтоб осон нест.
Мо Рӯдобаи дар хун оғуштаро ба ёд меорем, ки паҳлӯи ӯро бурида Рустами Достонро аз батни ӯ бурун кашиданд. Ин тасвир тулӯъи офтоб аз миёни шафақи хунинро ба ёд меорад. Ва дар айни ҳол ин рамзи сарнавишт ва саргузашти Шарқи ранҷдида ҳам ҳаст, ки ҳамеша дар хуни худ тапида вале рушноӣ, нуру зиё ва озодагиро ба оламиён ҳадя кардааст. Ва ин ҳама маъно дар ду мисраи зоҳиран сода ва номи шеър, ки ҳамчунин бори маъно мекашад.

Фоҷиаи ба сари миллати тоҷик омада пеш аз ҳама рӯҳи шишавори аҳли ҳунарро шикаст, ки Рустами Ваҳҳоб истисно набуд. Мӯҳлати тӯлонӣ аз Ватан дуру аз дидори азизон бенасиб гашта, байни ҳазорон бегонагону ғайрзабонон танҳо монд. Ва ин шоире буд, ки ҳиммати воло намегузошташ даст ба гиребон ё домани касе бизанад, балки қабл азин ҳам даст ба гиребони гардун мезад ва мисли қаҳрамони машҳури Сервантес Дон Кихот мехост ин осиёби бодиро аз ҳаракат боз дорад:



Ало гардун!
Гиребонат ба чанги ман агар афтад,
Чунон афшонамат,
к-аз синаат шамсу қамар афтад!

Дар ғурбати иҷборӣ ҳич ҳунарманд монанди шоир, хоса шоири миллӣ танҳову бечора нахоҳад буд. Сухани шоирро танҳо дар Ватан, миллати ӯ, ки шеъраш ба забони модарияш иншо шудааст, метавонанд бишунаванду бихонанду қадр бикунанд. Шеъри шоири англисизабон дар саросари олам хонандаву шунаванда дорад, онро ними дунё мехонаду дарк мекунад. Шоири тоҷик аз чунин бахт бархурдор нест, ҳарчанд шеъри мо аз кулли каломи мавзуни ҷаҳон пештар офарида шудааст.

Дар Амрико Нодири Нодирпур хонандаи асили худро пайдо карда натавонист, ҳарчанд садҳо ҳазорон ҳамзабононаш дар ин мулк зиндагӣ мекунанд. Хонандаи асили ӯ дар Эрон монд. Дур аз рӯдбори меҳри хонандаи шеършиносу шоирпарвар худ дарахти умри шоири шаҳир хушкид. Шоири бузурги рус, барандаи ҷоизаи Нобел Иосиф Бродский, ки солҳои охири умраш дар Амрико мезист, дар солорӣ ба забони англисӣ шеър гуфтанро оғоз кард, зеро хонандаи амрикоӣ шеъри шоири русро чун дар ватанаш қадр карда натавонист.

Шоири тоҷик дар ин боб аз ҳама бечоратар аст. Ғурбати Бозор Собир танҳо аз ватану ёру диёр дур будани ин шоири миллӣ нест, балки дурии маконӣ аз меҳани асл, реша, расму ойин, дурӣ аз дунёи забони модарӣ, забони ишқ, забони шеъри ноби форсии тоҷикист.

Рустами Ваҳҳоб низ ночор ин рӯзгори талхро аз сар гузаронид. Аз дил, барои дил шеър гуфтанро омухт:



Мондагори шитобҳост дилам,
Санге аз селобҳост дилам.
Дарду доғи фироқу ваҳми висол,
Бахшҳоеву бобҳост дилам.
Аз уфуқ то уфуқ ҷилои видоъ,
Боқии офтобҳост дилам

Шеъри шоир монанди худаш дар ғурбат бузург шуд. Суханаш вазни дигар гирифт. Андешааш, мантиқу фалсафаи суханофарияш жарфтар гашт:



Садои оҳи ниҳони маро намешунавӣ,
Зи бурҷи ишқ азони маро намешунавӣ.
Дар осмони шаби ҷовидони чашмонат
Садои боли лабони маро намешунавӣ.
Шабе, ки ҷон бидиҳам дар фароғболии ту,
Ту шарфаи пари ҷони маро намешунавӣ

   Ҳунари шоирии Рустами Ваҳҳоб дар сохтани вожаҳо ва ибораҳои нав, ки ба масал забонофарист, ҷилои хоса дорад. Мисол: ашкфишор,

орзусиришт,ситоранисор,ҷилванописанд ҷилвасавор,

ҷунунҷилва, ситорамаоб, хунобёр, дарундида, рушаноб, хуршедёр, гаравгоҳ, равонкаҷ, атрифаронсабоз, маҳанмаҳ, осмонитабор, шохраҳ, оясаро; дашти ёҳуи ҷунун, маслахи номуси ишқ, гулшани доғи фироқ, конуни сӯзи иштиёқ, яди хазро, шафақи интизор, баёзи ҳасрат, чашми Исфандиёр, насими шукр, мурғи Фаромӯш, ҳингаи ҳангомазо, забаррави фарёд, теғи шафақ, набарди устура, шаби ҷовидони чашмон, боли лабон, пои гумон, шарфаи пари ҷон, ғубори шак, нашкуфта ахтар, насхи мижгон, ҷангали мижгон, пуштидасти ханда, бистари суруд, пайкари Хизри хотирот, Хизри Наврӯз, ангушти разбун, ва ғайра, ки тасвири тозаи шоиронаанд.

Баён кардани ҳамаи сифатҳое, ки хоси ашъори Рустами Ваҳҳоб ҳаст, дар як пешгуфтор имконпазир нест. Бо чопи ин китоби дар асл нахустини ин суханвари тавоно имкони таҳлилу таҳқиқи бештари шеъраш ба миён хоҳад омад.

 Дар баҳори тозарухсор ба дасти мухлисони шоир расидани китоби шеъри Рустами Ваҳҳоб фоли неку зебост.

Орзу мекунем, ки ҳамеша илҳомаш баҳорӣ ва рӯзгораш офтобӣ бошад.



Гулрухсор
Баҳори 2008

Шаҳриёри "Шаҳри Хуршед" Рустами Ваҳҳоб кист? Ӯ муҳаққиқи борикбини адабиёти форсии тоҷикӣ ва шоири муваффақ аст. 
Рустами Ваҳҳоб даъво ва парвои мансабу вазифа ва унвону мукофот надорад ва ин, ки ӯ дар сарсухани ин матлаб ҳамчун Президенти "Шаҳри Хуршед" муаррифӣ гардид, ба он хотир аст, ки ӯ дар ҳақиқат бунёдкори "Шаҳри Хуршед" аст. Рустам "Шаҳри Хуршед"-ашро аз солҳои донишҷӯӣ то имрӯз месохт ва агар замоне дар он шаҳр танҳо мезист, имрӯз, яъне баъди чоп шудани китоб, танҳо нест, хонандагонаш "шаҳрвандон"-и "Шаҳри Хуршед"-анд.
Рустам номи рустояшро баргирифта аз номи фа-риштаи бостонии баракат ва фаровонӣ - Капила тахмин мекунад ва ба ривояти мардумӣ ҳам, ки "Капаи Алӣ" мегӯянд, эҳтиром дорад. 
Рустами Ваҳҳобро бори аввал моҳи сентябри соли 1982 дида будам. Он замон мо донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будем. Вақте ки ҳангоми танаффус ба долон баромадем, як нафар донишҷӯе, ки дар назди тиреза (агар ба форсии тоҷикӣ "панҷара" нависам, эҳтимол дорад, ки баъзе хонандагон панҷараҳои атрофи биноро тасаввур кунанд, ҳарчанд ки он замон перомуни биною боғҳо панҷараҳо вуҷуд надоштанд) китоб мехонд, диққати маро ҷалб кард. Ӯ ба мутафаккир мемонд ва тарзи хонданаш на хондани сарсарӣ, балки мутолиа буд. Дар вақти танаффусҳои дигар ҳам мушоҳида кардам, ки ӯ ба монанди дигар донишҷӯён ба шӯхию бозию сигору носкашӣ машғул набуда, мутолиа мекунад. Донишҷӯёни огоҳ ба пурсиши кунҷковонаи ман посух доданд, ки он шахс донишҷӯи соли панҷум Рустами Ваҳҳоб аст. Баъди ин кӯшиш мекардам, ки ба ӯ монанд бошам. 
То ин замон агар донишҷӯи идеалиро тасаввур карданӣ шавам, дар пеши назарам симои ҳамонвақтаи Рустам меояд ва Донишгоҳи азизамонро бидуни Рустами Ваҳҳобу муаллимони донишмандамон Раҳими Мусулмониён, Мукаррама Қосимова, Худоӣ Шариф, Абулҳай Маҳмадаминов тасаввур карда наметавонам. 
То соли 1988 намедонистам, ки Рустам шеър мегӯяд, ҳарчанд ки донишҷӯён дар ғайбаш ӯро шоир мегуфтанд. Ӯ дар "Шаҳри Хуршед" хоксорона мегӯяд:

Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад, 
Чӣ кунад ҳарфи маро он, ки Паямбар дорад.
Соли 1988 Рустам ҳангоми сӯҳбати ду ба ду чанд варақ коғази чопиро супорида, шарҳ дод, ки шеъри нав гуфтааст. Он "Соқинома" буд, ки дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" интишор шудааст. 
Рустам чуноне ки ишора шуд, аз носу сигору нӯшокиҳои сархушкунанда дар парҳез аст ва муроҷиати ӯ ба соқӣ муроҷиати суннатӣ буда, манзураш аз май бода нест:

На бодаст ин май, ки хуни дил аст, 
Ҳама дурди дарди даруни дил аст.

Соқии Рустам ҳамон шахси идеалии дардошно ва дӯсти наздиктарин аст, ки бо дарди дили шоир ошност:

Бидеҳ, соқӣ, он оби афшурдаро, 
Зи нав зинда кун ин дили мурдаро. 
Маро бо ту ҳарчанд миқдор нест, 
Ҳарифе дигар ҳам сазовор нест. 
Биёвар чунон бодаи хушгувор, 
Ки гар маст нӯшад, шавад ҳушёр. 
В-агар тифл нӯшад, шавад шергир, 
Ҷавонӣ биёбад аз ӯ марди пир.

Рустам дар "Соқинома" ба чанд масъалаи умумимиллӣ ишора кардааст, ки яке аз онҳо маҳалгароӣ мебошад. Ӯ тифоқии замони каёнро таъкид карда, аз ҳолати имрӯза ва маҳалгароӣ афсӯс мехӯрад:

Зи деҳе барояд якешермард, 
Дигар деҳ нишинад ба андӯҳу дард. 
Ниҳон ному ком асту ҷанге ниҳон, 
Таҳи домани ҳар кӣ санге ниҳон. 
Ниҳон меҳру кину ниҳон ройу дин, 
Ба каф гурз на, гурза дар остин.

Ҷои дигар мегӯяд:

То чанд гӯри ҳам канем, то чанд доми ҳам танем, 
Охир на аз Оҳарманем, эй баччаҳои Моҳаво. 
Мо мисли кабкони ватан сайди ҳама зоғу заған, 
Аммо ба ҳам минқорзан бо ғайрати бемунтаҳо.
Шоир таъкид мекунад, ки ҳар фард бояд дар хидмати ватану миллат бошад, на баръакс:

Эй дӯст, биё, ки мешу гургӣ накунем, 
Кори сутурон аст сутургӣ, накунем. 
Бар фарқи сари миллати уфтода зи пой 
По мондаву даъвои бузургӣ накунем.
Ба андешаи Рустам худкушиву бегонапарварӣ боиси аз даст рафтани давлат ва пароканда гардидани миллат мешавад. Ӯ дар ин маврид аз Заҳҳоки морон ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки фарзандони Кова ғамхори ҳамдигар бошанд:

Аҷамро аз он тира шуд рӯзгор, 
Ки бар Ҷам гузин кард Заҳҳоки мор. 
Мабодо, к-аз он ҳаждаҳи Ковиён 
Яке ҳам намонад кунун дар ҷаҳон.
Искандари Мақдунӣ ҳам дар шеъри Рустам бо симои аслии худ ҳамчун истилогар таҷассум шудааст. Шоир бо ишора ба "Искандарнома"-ҳо таъкид мекунад, ки ситоиши Искандар танҳо ба хотири панд гирифтан аст:

Сикандар даре бар Аҷам боз кард, 
В-аз он гоҳ тороҷ оғоз кард. 
Сикандар сутудан аз он рӯзгор, 
Шуда дар Аҷам панди омӯзгор. 
Касе з-ин раҳ омад ба боди бурут, 
Аҷам з-ӯ паямбар тарошиду бут.
Тоҷикистон, аз назари Рустам, кӯлбори дарди ҳазорсола ва модари бемори мост. Ӯ дар шеъри "Тоҷикистон" ба мардум муроҷиат карда, таъкид мекунад, ки дар Ватан зистан кам аст, бояд дасти ҳамдигарро гирифта, аз паи ободӣ бошем ва дар навбати худ Ватан низ пуштибони ватандорони муҳоҷир бошад:

Гар бидонӣ, беватанбон нестӣ, 
Гар ба Чинӣ, кам зи Хоқон нестӣ.

Ин даъвати Рустам ба ҳар як шаҳрванд дахл дорад:

Кист ғамхори Ватан - гар на ту бошиву на ман? 
Чашми бедори Ватан - гар на ту бошиву на ман? 
Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад 
Пойи девори Ватан, гар на ту бошиву на ман? 
Тан ба хорӣ кӣ диҳад, то наканад дасти адӯ 
Гул зи гулзори Ватан - гар на ту бошиву на ман?
Ҳар шахс, ба андешаи Рустам, лоиқи биҳишт аст, аммо набояд ба хотири "ваъдаи фардои зоҳид" мунтазир нишинад, балки ҳар лаҳза барои ободӣ талош варзад, зеро ки Худованд имтиёзи интихобро додааст:

Ту ҳамонӣ, ки баҳои ту баҳор асту биҳишт, 
На абулҳавл зи сангу на абарбурҷ зи хишт. 
Омадӣ, то ҳама ҷо зишт накӯ гардонӣ, 
На паи он, ки накӯро бикунӣ зишт, палишт. 
Ихтиёри ману ту бар сари як ҳарф ниҳод, 
Метавон "кушт" бихонем, вале кардам "кишт".
Шоир таъкид мекунад, ки ҳар шахс имконият ва қобилият дорад, ки зиндагии худро беҳтар гардонад, зеро:

Ки калиди дари бахти ту ҷуз ангушти ту нест, 
Ҳунаре нест, ки дар бозуву дар мушти ту нест.
Модар дар тасвири Рустами Ваҳҳоб офаринанда ва дар баробари пайғамбар аст:

Зиҳӣ модарон - офаринандагон, 
Паямбархудоён, Худобандагон.
Дар маҷмӯа мавзӯи ишқ низ яке аз мавзӯъҳои марказӣ мебошад. Шоир ба маъшуқа чунин муроҷиат мекунад:

Ту насиби манӣ, ба ҳар ҷоӣ, 
Аз манӣ, эй ки сахт зебоӣ. 
Боз як субҳи поки тиллоӣ 
Аз ҷаҳон дар канори ман оӣ. 
То наёбамат, намемирам.
Ҳунари шоирии Рустам дар сохтани вожаву ибораҳои нави шоирона ва образҳои нотакрори дар назари хонанда тасаввуршаванда волост. Ӯ вожаву ибораҳои шоиронае, аз қабили мижгони ҳасрат, зонуи гумон, ҷилвасавор, осмонитабор, яди хазро, теғи шафақ, шарфаи пари ҷон, шаби ҷовидони чашмон, пуштидасти ханда, бистари суруд, маслахи номуси ишқ, насхи мижгон ва монанди инҳо сохта, дар тас-вири ғуруб гуфтааст:

Хуршед, ки бо ҳамосаи нур 
Шаҳномаи рӯзро биёрост. 
Бо зарҳали ноб дар хати уфқ 
Бинвишт: Даҳони баста тиллост.
Дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" ашъори гуногунжанр - ҳам маъмулӣ, аз қабили маснавию ғазалу рубоиёту қитъаот ва ҳам арӯзи озод ҷой доранд, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд. Баррасии ҳамаи онҳо ва нақди маҷмӯа аз доираи имконият ва мақсади муаллифи ин навишта берун аст, зеро ки мақсад танҳо огоҳ кардани ташнагони шеъри форсии тоҷикӣ аз нашри чунин як маҷмӯаи шеъри ноб буд. Ба дӯсти азизам - Рустами Ваҳҳоб бо байти худаш таманно мекунам:

Шаҳри Хуршеди туро нури Худо озин бод! 
Субҳи иқболи туро хуни дилам кобин бод.

АДАБИЁТ ВА ФАРЊАНГИ
МИЛЛӢ
ПЕШГУФТОР



Андешамандони замони ахири мавҷудияти давлати Шўравӣ бар ин ақида буданд, ки дар ахири солҳои панљоњум ва солњои шастуми асри бистум дар адабиёт ҷунбиши назарӣ ва ҳунарие ба хуруш омад, ки натиҷаи андаке суст шудани  кашиши банди мафкураи иҷтимоӣ ва вобастагии идеологӣ буд. Насли нави адибони тоҷик аз љумлаи нависандагону шоирон парваридаи ҳамин мавҷи нав буданд ва имрўз онҷо, гуфтан метавон, ки сутуну пояи нигоҳдори бинои адабиёт мебошанд.

Дар охири солњои ҳаштодум ва аввали солњои навадуми асри мозӣ дар рўйи мављи љунбишњои сиёсї ва табаддулотҳои давлатӣ насли нави адибон бо ќаҳру ситеза ба муҳити маҳдудиятпарвари ва умеди пўйидани озодиҳои нависанда ва хастадилии аз нобасомониҳои пешомада ба бозори пурошўру валвалаи адабиёт омаданд. Ин навомадагон ҳар яке на фаќат бо хисоли хоси табиати мардумӣ, балки ба даъвоҳои тозаи андеша ва ҳунари эҷодӣ , албатта, ҳар ки соҳиби ва тарбияти касбии адабист, гом мебардоранд. Умумият ва фардияти истеъдод ва ҳадафу маќсадњои онњо ошкор шуда, вале ба натиљагирии тамом нарасидааст. Яке аз намояндагони ҳамин насли нави адибон Рустами Ваҳҳоб аст. Рустами Ваҳҳоб шоир ва муҳаққиқу мунаққиди адабист ва фаъолияти дуљониба дорад. Дар кадоми ин ду касб бештар муваффаќ мешавад, аз вазъи зиндагонї вобаста аст. Донишмандони замони гузашта аќида доштанд, ки олим бояд шуѓли шоирї наварзад, зеро шоирӣ ќудрат ва номи ҳакимии ўро фурў менишонад. Барои тасдиќи ин иддао Носири Хусрав ва Анвариро намуна овардаанд, ки ба шоирӣ шўҳрат ёфта, ҳикмату дониши худро боз доштанд. 

Ин сухан дар нисбати Анварӣ дуруст аст, аммо Носири Хусрав дар ҳикмат ва калом низ хеле шуҳрат ёфт. 

Шоирї пешаи фарогири завќи ом аст ва фаъолияти илмӣ ҳадафи хос ва маҳдудтар дорад. Дар замони мо ҳам касони гирфтори шуѓли нақду таҳқиќ ва шеър њастанд ва Рустами Вањњоб намояндаи насли љавонтари онњост. Бегумон табъи шоирї завќи дарёфтро дар тањќиќу наќд такон медињад ва бунёди андеша ва тафаккур шеърро ба гирдоби туѓёни андеша мебарад.

Рустам то ин замон як рисола дар бораи поэтикаи шеъри Мўъмин Қаноат анҳом дода буд. Маљмўаи ба ихтиёри хонанда пешниҳод шуда китоби дуюми Рустам аст, ки роҳнамои мо ба шинохти баъзе масъалаҳои адабиёти муосир, хосса шеъри замон ва дар айни ҳол салиќа ва ва сабки наќду омодагии ў дар ин љодаи пешгирифта мебошад. Мо дар ин гуфтори мухтасар имкони зиёде барои таъйини љойгоњи назари адабии Рустами Вањњоб дар протсеси афкори адабии муосир надорем. Аз ин рў баъзе аз нукоти мавриди тавҷҷўҳи Рустам қарорёфтаро ба нишони ишора ба диди ҳунарии ў ба ёд меорем.

Мақолаи аввали маҷмўа «Адабиёт ва масоили миллӣ» унвон дорад. Ин масъалаи бисёр муҳимми бањси адабист, зеро сурати аз ҳама муҳимми миллият дар маънои нажодӣ ва ҳам мансубияти кишвар фарҳанг аст ва адабиёти бадеї љузъи бисёр муҳимми фарҳанг аст. Ин мавзўъ аз ду паҳлу мавриди баррасӣ ва эътибори таҳќиќ шуда метавонад: якум зуҳури миллият дар адабиёт ва дувум муносибати адабиёт ба масоили рўзгори таърихи миллӣ. Ин ду паҳлу ифодаи миллияти адабиёт ва тањќиќи онҳо аз ҳам ҷудо нестанд, вале назокати дидро бо худ доранд. Рустами Вањњоб аз мавќеъи дуюм ба таърихи масоили миллї назар кардааст. Гузориш ва баррасии мавзуъи мавриди назар дар умќ ва пањнои мављудият ва инкишофи таърихии адабиёти тољик анљом дода шудааст ва далолат бар он мекунад, ки нависанда масъаларо хеле васеъ мефаҳмад ва аз марњилањои таърихии инкишофи адабиёт хуб огоҳї дорад. Ин мавзўъ доираи васеъи гуфтугў ва тањќиќ дорад ва барои шинохту баррасии адабиёти муосир низ арзиши роњнамої дорад.

Дар дигар маќолањои маљмўа мавзўъњои гуногуни шеъри  замони гузашта ва имрўза гузошта шудаанд. Ба назари мо муњимтарин масъалањои бањси адабии Рустами Вањњоб ба мавзўъи суннатњои адабї ва навоварї, њунари суханварї ва пояи шоиронаи сухан, низоми сухан дар андешаи адабї ва дигар масъалањои љузъї ва куллии адабиёт мебошад.

Дар маќолаи «Мавзўъи май дар таърихи адабиёти тољик» муҳаќќиќони ин мавзўъ ба се даста људо карда шудаанд: моддигароён, касоне ба май «фатвои адабии» ҳалол будан медињанд ва гурўњи севум корбурди ѓайримаҷозии майро инкор мекунанд. Таърихи ин назарњо дар шеъри форси тољикӣ дар маќола бисёр густарда баррасї шудааст. Инро бояд бигўем, ки дар ду маќолаи мазкур масъалаҳои хеле густарда гузориш ёфта, бањси муҳаќќиќон ва воќеияти таърихии адабї барои тањќиќи минбаъда дарњои тозае гушудаанд. Муњаќќиќони минбаъда ва соњиби маќолањо имкон доранд, ки вазъи ин мавзўъҳоро дар воқеияти адабӣ ва назари тањќиқӣ ҷомеътар гузошта ва ба натиљањои бештари илмӣ бирасанд.

Як ҷиҳати муҳимми маќолаҳои Рустами Ваҳҳоб ин аст, ки нигоранда аз паҳлуҳои ҳунарию бадеӣ вазъи мазҳабї ва ҷаҳонбинии эстетикӣ, фалсафӣ ва ирфонии адабиёти асрњои миёнаи тољик хуб огоњ аст. Ин ќазия барои он њољат ба ёдоварї дорад, ки баъди оѓози нимаи дуюми ањди шўравї дар миёни ањли адаб ва танќид огоњї аз осор ва афкори асрњои миёна рўй ба костагї нињод. Ин ки Рустам аз авзои ҳунарї ва фикрии ин замон огоњии барои марди адиб кофї дорад, аз маќолањои «Мавзўъи май дар таърихи адабиёти тоҷик» ва «Низоми сухан ва низоми андеша» ҳувайдост. Дар маќолаи аввал масъалаҳои мазҳабӣ, таълимоти каломӣ, фалсафӣ, ирфонӣ ва воќеияти бадеии ҳунарӣ дар шеъри марбути мавзўъи май бисёр огоҳона матрањ шудаанд. Мавзўъи май дар шеъри воќеиятии Рўдакӣ, назари мазњабии Носири Хусрав, фалсафи офариниши Хайём, ҳунари тасвирии санъати ињом, назари каломии Имом Ѓаззолӣ зикри сўфиёна ва маърифати орифонаи Мавлоно ва Хоҷа Ҳофиз, диди абадияти мастии азалӣ муносибати маю мастию масоили иҷтимоӣ ва соири масоилу назарњои дигар аз муҳаќќиќ сатњи маълуми донишу огоҳии илмӣ ва касбии адабиро мехоҳанд ва соҳиби ин маќола ва китоб онро дорад.

Ҳамаи инҳо ба замимаи дониш ва имконоти фикрии (интеллектуалии) соҳиби маќола такя доранд ва маљмўан ҳосили истеъдод ва баракати заҳматҳои ў мебошанд.

Ба назари мо Рустами Ваҳҳоб аз ҷиҳати синну сол ва камолоти донишу фазилат ба дараҷае расидааст, ки метавонад ба таҳќиќи мавзўъҳои бузургу шоистаи илмӣ-адабӣ ва эҷоди асарҳои бадеии манзум рўй биёварад. Саъю кўшиш ва ҳиммату бурдборӣ ва тавфиқ дар анҷоми чунин корҳо барояш таманно дорем.



                                                                                                                                                                           Профессор    Худоӣ Шарифов 

НЕСТ КОРЕ БЕҲТАР АЗ КОРИ СУХАН

           

Қудрати эљодкорӣ ва дар баробари он арзишдоварии ҳаќќонии каломи бадеъ аз ќадим яке аз хасоиси аҳли ќалам будааст. Аз даврони оѓози шеъру адаби форсӣ то кунун мо шоњиди фаъолияти густардаи шоирони муҳаќќиќ ё муҳаќќиќони шоир бисёр будаем, ки ба далели тангии фурсат аз зикри номашон дармегузарем.

Ҷои хушию масаррат аст, ки ин падида, ин раванди матлуб имрўз њам дар муҳити адабии форсизабонон, аз љумла Тоҷикистон низ, њамчун суннати хуб идома дорад ва шумори маъдуде аз адибони мо ба ин кор машѓуланд. Дар ин миён чењраи шоир ва муњаќќиќи хуби адабиёт Рустами Вањњоб мушаххас аст. дар саросари кишвар ўро ба унвони шоири хушќариња ва ва адабиётшиноси санљидасухан хуб мешиносанд. Навиштаҳои ў муаррифи доираи васеъи донишу омўзиши ўст. Ин чиз њам дар шеъраш ва ҳам дар маќолаҳои таҳќиќотияш равшан ба назар мерасад. Китоби шеъри ў, ки ба номи «Шаҳри Хуршед» соле чанд пеш ба табъ расида, муаййиди ин иддиъост, ки Рустами Ваҳҳоб воќиан яке аз шоирони хубу соњибистеъдоди мост. Воќеан, ў яке аз ќаламкашони асилест, ки тамоми њастии худро ба эљод сахт пайванд додаанд ва либоси умри худро бо сўзани ќалам медўзанд.

Маќолоти ин шоири муҳаќќиќро дар даст дорем, ки ба масъалаҳои гуногуни адабиёт ва фарҳангу забони миллӣ ихтисос ёфтаанд. Мутолиаи ин маќолот, ки пиромуни осори бузургони гузаштаву имрўзаи адабиёту фарҳанги деринасоли мо ва масъалаи покизагии забони имрўз навишта шудаанд, воќиан љолибу ибратомўз аст. Хонандаи њушёру огоњ метавонад аз ин навиштањо бардошти хубу судманде бикунад ва муҳаќќиќи забону адаб метавонад дар навиштаҳои худ аз ин маќолот ба њадди аҳсан истифода намояд.

Бо таманнои тавфиќи њарчи бештари ин шоири муњаќќиќ маҷмўаи маќолоти ў «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба хонандаи нуктасанҷ пешкаш мешавад. Бошад, ки ин китоби арзишманд ањли таҳќиќ ва донишмандони забону адабро писанди хотир гардад.

Муҳаррир Мубашшири Акбарзод  

Дар паи сурудаи устоди забардаст Рустам Ваххоб
(Аё булбул)
Дуруд шоир! Манам онки садо карди,
фаромушгашта номамро рахо карди.
Замоне буд зи хотирхо ба дур будам,
ба чо карди, тилисми ахриманро зери по карди. 
Манам Булбул, хазордастони сад достон,
садои ман садои шоири мастон.
Навои мову шеъри шоири гирён,
бахо доди, маро бар корзоронам даро карди.
Зи хонишам агар пурси , хамон дард аст,
саропо ёди аз ишк,и хамон вард аст,
Маро фармони Хак, бар ёди у бошад,
сафо доди, сухуфи хотиротам чобачо карди.
Ба такрори сурудам, чо ба чо частам 
ба фарёдам ба х,ар ёдаш х,аме мастам
Ту мехохи, ки аз вирдаш чудо гардам?
Хато карди? ва ё аз бахри ибрат ин садо карди? 
Навои мову ту шоир, ба хак, аз калбу чон бошад,
суруди ман зи асрори нихон бошад,
Хамон бошад, хамоне ки шуморо дар забон бошад,
ачаб карди! Хуруши тозаеро дар вучуди ман ба по карди!(Карим Тохир)


 РУСТАМ РУСТАМ АСТ (Барои Рустами Ваҳҳоб)
Марди тамкин асту дилро маҳрам аст,
Бо ѓаму шодии олам ҳамдам аст.
Дар ҳукуми сўзу дарди зиндагӣ,
Хамчу  кўҳе уствору махкам аст.
Солики андешаи асрори зист,
Воќифи ишќ асту огохи ѓам аст.
Шукр мегўяд бар он чи хасту нест,
Фориѓи андешаи бешу кам аст.
«Шахри хуршед» аст  ҷои гашти ў,
Балки ў ҳамзоди шеди олам аст.
 Шеъри ў  маҷмўаи сўзу гудоз,  
Шарҳа-шарҳа  шарҳи  ҳоли Одам аст.
 Чун сазовор аст бар Рахши сухан,
 Рўи зини  шоирӣ  мустањкам аст.
 Олиму  ҳам шоире андешаманд,
Шеър бо андеша ўро тавъам аст.
Дар  ҷаҳони шеъру  паҳнои сухан
Шоире имрўз мисли ў кам аст.
 Ман чи гўям дар ҳадиси ҳикматаш,
Худ   ҳамин кофист: Рустам Рустам аст
(Ахлиддини Хисори)

12 комментариев:

  1. Шамсудин Гулахмадов ба Рустам Ваххоб
    8 октября.
    Салом устоди азиз. Ва баъд аз 23 -сол бо Шумо хамсухбат шудан ин барои мо шогирдон хушбахтист. Баъд аз хондани сахифаи Шумо он чизе ки 23 сол боз гумкарда будам аз нав калби ман зинда гарид. Хударо дар дарси "Накди адаби" эхсос кардам. Дар хакикат сахифаи Шумо тамоман аз дигар сахифхое ки то ба имруз вохурдам ба мазмун дарича ва сохтораш фарк дошта ва диди шоирона, мухакикона, олимона дорад, ки хонандаро ба худ чалб менамояд. Барои Шумо бурдбори таманно дорам.

    ОтветитьУдалить
  2. Наврас Кодиров > Рустам Ваххоб

    Салом устод. Ман хеле шодам, ки да чунин як саарзамини бихиштосо, дар ихотаи чунин шахсони бузург зиндаги мекунам. Ман мехостам бо ягон шоири касбие ошнои дошта бошаму хамчун шогирд аз у сабаки шеър гирам. Лекин то хол фурсати муносибе бароям фарохам наомад. Шукронаи ин замона, ки барои мо чунин дастовардхоро, ба монанди интернет, пешниход кардаст. Бо воситаи ин мо метавонем бо касе, ки мехохем шинос шавем.
    Устод, ман донишчуи бахши шашуми ДДТТ ба нои Абуали ибни Сино мебошам. Дар баробари илми тиб кам-кам ба адабиёт низ хавас дорам ва гох гох машки шеър мекунам. То хол ба касе шеърхоямро нишон надодаам, аз ин фурсат истифода карда мехохам барои шумо намунаи шеърхоямро пешниход кунам. Умед дорам шумо як фурсате меёбеду ин чакидахои шогирдонаи мро аз назар мегузаронед.

    Ин аст рамзи ишки човидона,
    Як буса аз он лаби чонона.
    Ин аст, суруди зиндагони,
    Гар бишнави аз лабаш тарона.
    Олуфтаву шуху беназир аст,
    Чашони базеби дона-дона.
    Хун карда дили хазор ошик,
    Рухсораву абруи махона.
    Ду гесуи хамчу думи мораш,
    Бишкаст дили хазор шона.
    Наврас, дили ин хазори ошик,
    Ошик бикард ба сад бахона.
    Аз кадди базеби хамчу сарваш,
    Тасхир шудаст ахли замона.
    *****************
    Дар ин зебосарой зеботаре нест,
    Дар ин шоирсарой шоиртаре нест.
    Хама аз як кавму як нажодем,
    Дар ин одамсарой одамтаре нест.
    ************

    Хама ояндагони як маконем,
    Хама гуяндагони як забонем.
    Тафовут байни мову ту набошад,
    Хама чуяндагони як чахонем.
    ************

    Гул, рамзи хушии зиндагонист,
    Сармояи айши човидонист.
    Гул, рамзи садокату мухаббат,
    Зебогии як дами чавонист.



    ОтветитьУдалить
  3. Ду чашмам интизори дидани туст,
    Ду гушам шефтаи шунидани туст.
    Дилам дар интизори ваъдахоят,
    Ду лаб во гашта да лутфи лаби туст.

    Насими субх буи ёр дорад,
    Табассуми лаби дилдор дорад.
    Ду чашми хуршеди субхгохон,
    Тачассуми руи нигор дорад.

    18 октября.Рустам Ваххоб
    Салом, бародари гиромӣ Наврас! Ин муроҷиати шумо баҳонаест, то ончиро дербоз дар хотир дорам ва гоҳе ҳам ба ҳасби зарурат ҷойе гуфтаам, батакрор бигӯям, ки аксар ҷавонони мо гумон мекунанд, ки танҳо ба василаи шеъру шоирӣ ва сарояндагӣ метавонанд бар қуллаҳои ифтихор пой ниҳанд. Шояд дар шароити имрӯз ин як амри табиист, чун ин чизҳо бештар муаррифию таблиғ мешаванд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳама ҳунарҳо шарифанд, хусусан агар дар хидмати инсон қарор доранд ва ба ифтихору шарофат расидан дар ҳар ҳунаре ба василаи ба ҳадди камол фаро гирифтани он ва ба кор бастан мебошад. Шоирӣ ҳам ҳунарест бо ҳазорон розу румуз ва барои хуб омӯхтани он машаққати зиёд мебояд, ба ҷуз он ки нишонаҳои аввали сириштии он, ки завқу табъ ва эҳсоси вазну оҳанг аст, боястӣ дар вуҷуди сароянда ба сурати табиӣ вуҷуд дошта бошад. Ин чиз дар баъзе аз навиштаҳои шумо падидор аст, аммо барои ба камоли матлуб расондани он, бояд солҳо ба ҷиддият заҳмат бикашед. Шеъри зиёд бихонед, чандон ки ҳазорон байтҳои хуб аз шеъри қадиму муосир дар зеҳни шумо нақш бибанданд ва наср ҳамчунин, ба изофа китобҳои муҳимтаринро дар фанни шеър. Дар ибтидо барои шумо китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳниро тавсия менамоям, ки ба забону баёни сода муҳимтарин лавозими шеърро баён кардааст.
    Яке аз шартҳои муҳимми муваффаққият дар ҳар заминае эҳсоси ватандӯстӣ ва орзуи хидмат ба он мебошад, ки шумо вуҷуди ин орзуро дар қалби худ эҳсос кардаед. Кишвари мо имрӯз ба табибони хуб на камтар аз шоирони хуб ниёз дорад. Ман худам борҳову борҳо зимни мушоҳидаи аҳволи баъзе беморони бечорамонда дар дил орзу кардаам, ки эй кош табиб мешудам ва он лаҳзаҳо омода будам, ки тамоми қобилияти ночизи шоирии худро ба камтарин донишҳои тиббӣ иваз намоям. Хулоса, шуғли шумо ба шеъру адаб набояд аз ҳисоби он вақту имконоте бошад, ки барои такмили донишҳои тахассусии асосии шумо зарур аст ва хуб аст агар шеър василаи ташвиқу илҳоми бештари шумо дар кори аслӣ гардад. Аммо дар ин сурат ҳам он бояд хому ноқис набошад. Пандҳое дорад дар ин мавзӯъ Ҳаким Низомӣ чандон муносиби ҳол, ки наметавон аз иқтибоси он сарфи назар кард. Вай хитоб ба фарзандаш мегӯяд:

    Гарчи сари сарварит бинам,
    В-ойини суханварит бинам,
    Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
    Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ.
    З-ин фан маталаб баландномӣ,
    К-он хатм шудаст бар Низомӣ.
    Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ
    Мекӯш ба хештаншиносӣ.
    Ташреҳи ниҳоди худ даромӯз,
    К-ин маърифатест хотирафрӯз.
    Пайғамбар гуфт илми илмон
    Илмаладён ва илмалабдон.
    Дар нофи ду илм бӯйи тиб аст
    В-он ҳарду фақеҳ ё табиб аст.
    Мебош табиби исавиҳуш,
    Аммо на табиби одамикуш.
    Мебош фақеҳи тоатандӯз,
    Аммо на фақеҳи ҳиллатомӯз.
    Гар ҳарду шавӣ баланд гардӣ,
    Пеши ҳама арҷманд гардӣ.

    ОтветитьУдалить
  4. Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон .Дуруду каломи беандоза бар Шумо устоди гироми қадр.Рӯзи мавлуди Шуморо аз сидқи дил аз номи худам аз номи ҳамаи аҳли оилаамон аз номи кулли мардуми Тоҷикобод табрику муборакбод гуфта ба шумо сиҳат саломат,кушоиши кору барори рӯзгор ва тамоми хушбахтиҳою саодатмандиҳои дунёро таманно дорам. Бигузор ҳамеша устоди азиз дар дилу дидаи мардум бошед.
    Ҳар киро устод набвад , кор бар бунёд неаст,
    Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

    Ҷуз дуоят нагуем , ки Рудакӣ гуфта,
    Сад сол бизи, сад ҳазор сол бизӣ.


    ОтветитьУдалить
  5. Илоҳо дар ҷахон доим сарат андар само бошад,
    Расули ҳақ шафоатхоҳ, нигаҳдорат Худо бошад.
    Ба ҳар ҷое қадам монӣ, набини хориро ҳаргиз
    Ба пешат ҳазрати Хизру Худоят раҳнамо бошад.

    Бори дигар мавлуди Шумо Устод хуҷаст бод дар ин баҳори зебо.

    ОтветитьУдалить
  6. РУСТАМИ ВАҲҲОБ
    Олим, шоир, насрнавис, муқарриз ва боз чанд хусусияти фавқулодае дорад, ки миёни ҷомеа ӯро шинохта кардааст.

    Рустами Ваҳҳоб соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин, дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (мухбир) ба кор шурўъ кард.

    Солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.
    Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

    Ҳамчунин, Рустами Ваҳҳоб масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.
    Соли 2008 дар мавзўи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.
    То кунун ду дафтари шеъри Рустами Ваҳҳоб бо номҳои «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008) аз чоп баромадааст. Барои маҷмўаи «Шаҳри Хуршед»-аш Рустами Ваҳҳоб барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст.
    Соли 2012 Маҷмўаи мақолаҳояш бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» аз тарафи нашриёти «Адиб» ба чоп расид.
    Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.

    Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоиро дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расондааст.
    Илова бар ин, Рустами Ваҳҳоб яке аз камтарин шоирони муваффақи тоҷик аст, ки соҳиби мактаби шоирӣ мебошад. Чандин нафарро ӯ дар ҷодаи шоирӣ тарбия кардааст. «Бахтнома», «Атри борон» ва чандин маҷмӯаҳои шеърӣ маҳсули эҷоди шогирдони ӯ мебошанд.
    http://www.tojnews.org/inhoro-boyad-shinokht-dar-borai-rustami-vahhob#comment-form

    ОтветитьУдалить
  7. Бо нигоҳи кудакона, бо дили саршори нур,
    Аз вуҷуди пур зи гармиву сафо гуям сано.
    Хомаву килки Шуморо, «Шахриёри» мулки шеър
    Шаҳр не, дунёи хуршед, Шаҳри Хуршеди Шумо! Бо таманниётҳои нек Мафтуна

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. Ташакури зиёд Мафтунабону барои лутфу арзи шумо.

      Удалить
  8. Дуруду салом ба хаводорони шеъри аҷам ва хусусна ба шаҳрдорони Шаҳри Хуршед. Ҳамеша воломақому саодатманд бошед дар арсаи шеъри аҷам.Бо эҳтиром Суҳало.

    ОтветитьУдалить
  9. Фарҳанги ноби миллӣ
    (Тақриз ба мақолаи Рустами Ваҳҳоб «Фарҳанг ва
    Истиқлоли миллӣ)

    Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз таърихи 4-уми сентябри соли равон мақолаи «Фарҳанг ва Истиқлоли миллӣ»-и олими шинохта, шоири нуктасанҷ ва файласуфи тавоно Рустами Ваҳҳобро ба чоп расонид, ки дастовард ва таҳдидҳои хатарзои фарҳанги миллиро бо бардошт аз омӯхтаҳояш бозгӯ менамояд. Дар воқеъ, мақолаи номбурда фишурдаи маҷмуи «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» соли 2012 мебошад, вале ба шаклу наҳваи тоза, усули эҷодии навовар ва барои хонанда фаҳмо.
    Дар пойин мехостам таассуроти шогирдонаи худро дар бораи ин мақола биёварам. Ба андешаи устод Зафар Мирзоён «барои боззоии андешаи миллӣ» Рустам Ваҳҳоб андешаи бикр ва соф дорад, ки на танҳо хонандаи алоҳида, балки ҷомеаро ба сӯи донишпажуҳӣ ва тазкияи ботини азалӣ такон медиҳад, ботинеро, ки ҷавҳарашро ақлгароӣ ва пайвастан ба кундаи миллии фарҳангхезиро дар ниҳод дорад.
    Ин марзу бум ҳамеша оқилу олимҳои боровар дошта ва дорад, ки эътиқодманди истиқлол буда, аз ҷумла нигоштаанд, «Агар озодии мо зери суол биравад, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шавад, агар истиқлоли мо нобуд гардад, зиндагӣ барои мо кучактарин лаззат ва арзише надорад»(Аҳмадшоҳи Масъуд).
    Ҳамчун устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии донишгоҳ услуби забонии Рустами Ваҳхоб чун ҷӯйи равон маҷрои ҳамвор ва нақҳати гуворо дорад. Беҳуда нест, ки сармуҳаррири бахши маҷаллаи «Садои Шарқ» ва масъули саҳифаи интернетии «Дуруст бинависем» пешоҳанги ислоҳи имлои забони тоҷикӣ буда, чун машъали фурӯзон дар маҳви ҷаҳолату бесаводӣ гомҳои мушаххас ва амалӣ мебардорад.
    Дар ғояти хислатҳои волои олимӣ, Рустами Ваҳҳоб тавонистааст, дар марҳилаи буҳронӣ барои фарҳангҳо ва ба истилоҳе «бархӯрди тамаддун»-ҳо (ибораи Самуил Хэнтингтон) нақшу мақоми оламшумули фарҳанги ватаниро нишон дода, дар ҷойёбии мавқеъву мақоми он дар асоси таҳлилҳои муосир андешаҳои ҷолибро зикр намояд.
    Барои камина дар ислоҳи забони навишторӣ, мавқеи Рустами Ваҳҳоб маҳаки услуби шево ва суфтаи тоҷикист, кореро ки Устод мекунад, ба нақши Иқбол барои Покистон монандӣ дорад. Саҳми Рустами Ваҳҳоб дар тарбияи шоирони ҷавони тоҷик низ мондагор аст. Ҳамчун муаллифи маҷмуи ашъори «Калимаҳо» соли 1990 ва «Шаҳри Хуршед» соли 2008, забони ноберо ташвиқ мекунад, ки тарғибгари беҳтарини асолат аст.
    Ба сифати интиқоди созанда аз иншои мақола ҳаминро бояд қайд намоем, ки ҳаройина муаллиф дар маколаи мазкур дастовардҳои мушаххаси фарҳангии даврони Истиқлолро то андозае кам дарҷ кардааст, вале ин фикр мекунем ислоҳшаванда аст ва ба пайгирии мавзуъ иртибот дорад.
    Шояндаи ёдоварист, ки зарфиятҳои устодонаи Рустами Ваҳҳоб ҳамчун донандаи беҳтарини забону адабиёти тоҷикӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дуруст ба роҳ монда нашудааст, ҳарчанд медонем, устод дар самти муаррифии шеъри тоҷик дар моварои қалами форсӣ талошҳои шоистаи мекунанд. Пешниҳод мегардад, ба рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатӣ бахши «Дуруст бинависем» аз шабакаҳои иҷтимоӣ куч бибандад ва дар саводомӯзии саросарӣ бо ин роҳ саҳми худро бигузорад. Омӯзиши курсҳои кутоҳмуддат дар асоси дороияти Рустами Ваҳҳоб барои кормандони муассисаҳои ҷумҳурӣ зарурати ҷонӣ дорад.
    Бо эҳтиром,
    Сорбонбеков Р. ш.Душанбе

    ОтветитьУдалить
  10. Шеъри устод Гулрухсор такдим ба Рустам Ваххоб ва Сиёвуш
    ЗУҲУРИ ОФТОБ
    Шеър исён аст, дард аст,
    Дарди дарди бедаво.
    Шеър дуди оҳи сард аст,
    Дар нафасҳо аз қафасҳо.
    Шеър раҳгумии хун аст,
    Дар найи шарёни ҳастӣ.
    Мӯҳри меҳри ошиқон аст,
    Дар лаби сӯзони ҳастӣ.
    Шеър ранги ҳаштуми рангинкамонҳост,
    Дар гулистони хазону пажмурида.
    Шеър дарёбад сари обилаҳоро,
    Аз хурӯши набзи сайди сарбурида.
    Шеър бемаргии рӯҳ аст,
    Дар фазои пастии аъмоли инсонҳо.
    Шеър покиву сафои шабнам аст,
    Дар булӯри барг, дар гулафшонҳо.
    Шеър ҷони зиндагиро,
    Дар вуҷуди хастаи дилмурдагон бахшад сурур,
    Шеър пайғоми шарор аст,
    Аз гули хокистари нур.
    Шеър хуни сарди набзи бардаҳоро
    Сӯз бахшад, пуршарар созад.
    Бо дили шоир зибаски кор дорад,
    Бо сари шоир бибозад.
    Шеър ашку хуни нангу орҳост,
    Шеър нақши ёдгори ёдҳост,
    Шеър фарёди ҳама бедорҳост,
    Шеър Мансури азизи дорҳост!
    Шеър хуни инқилоб аст,
    Шеър шарҳи офтоб аст!
    Москва. 1996

    ОтветитьУдалить
  11. Симои модар дар шеъри устод Рустами Ваҳҳоб

    Ман ба шеъри устод Рустами Ваҳҳоб аз замони донишҷӯйӣ шинос шудам.Албатта таҳлили ҷамбаҳои гуногуни шеъри устод Рустами Ваҳҳоб аз тавони ман берун аст. Вале мехоҳам фикри худро дар бораи чанд шеър ва байтҳое, ки дар дохили дигар шеърҳо дар бораи Модар гуфта шудаанд, баён кунам.
    Дар барномаҳои зиёди телевизионӣ ва радиойӣ борҳо ин порчаи шеъриро шунидаам:

    Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
    Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
    Агарчи аз занон Пайғамбаре нест.
    Ҳама Пайғамбаронро модаре ҳаст.

    Вале ҳар гоҳ, ки шеърро қироат мешуд, муаллифи он зикр намешуд.Баъдтар ман аз рӯзномаи Донишгоҳ “Ба қуллаҳои дониш” фаҳмидам, ки ин шеър аз устод Рустами Ваҳҳоб будааст. Чунон ки Шумо мебинед, дар ин чор мисраъ шоир ба хубӣ тавонистааст, мақоми баланди Модарро нишон бидиҳад. Бешак ин шеър аз беҳтарин шеърҳоест, ки дар ситоиши Зан -Модар гуфта шудааст. Мо мушоҳида мекунем, ки дар аксари барномаҳое, ки ба Модар бахшида шудаанд, ин шеър қироат мешавад.
    Байти дигаре, ки дар дохили як шеър омада Модар чунин тасвир шудааст:

    То дасти Модарон ба сари сабзи зиндагист,
    Умед бар шафоату имдод зинда аст.

    Ё дар байти дигар Модар ин гуна тавсиф шудааст:

    Шаби ялдои инсон аз фурӯғаш субҳи давлат шуд,
    Чароғе дар ҷаҳон мисли дили Модар намесӯзад.

    Сӯзи дили модар бисёр зикр шудааст, вале “Чароғе дар ҷаҳон мисли дили модар намесӯзад” ба назари ман бисёр шоирона ва зебост, ки дар дигар шеърҳо надидаам. Ғазали дигаре, ки пурра ба Модар бахшида шуда, аз тарафи ҳофизи маҳбуб Амриддини Кабир бо оҳанг ва лаҳни бисёр зебо адо мешавад, яке аз беҳтарин шеърҳоест, ки дар васфи Модар гуфта шудааст. Дар ин шеър симои модари меҳрубони тоҷик бисёр хуб ва шоирона таҷассум ёфтааст:

    Барфи боми пирият бар сар ҷавониҳои моро,
    Меҳрубоно, бахш ин номеҳрубониҳои моро.
    Қомататро карда бори ғуссаҳои мо замингир,
    Мекашӣ бар дӯш нози осмониҳои моро.
    Мисли як барги хазонӣ, дасти сӯйи осмонӣ,
    Хоҳӣ аз ҳафт осмон як бехазониҳои моро.
    Рӯйи ту чун сафҳаи Мусҳаф шудасту метавон хонд,
    Аз хати рӯйи биҳиштият нишониҳои моро...

    Ин буд бардошти мухтасари ман аз ашъори устод Рустами Ваҳҳоб, дар бораи Модар.

    Таваккалова Шаҳноза
    Омӯзгори мактаби №12 ноҳияи Тоҷикобод

    20.05.2015с.

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!