воскресенье, 14 июня 2015 г.

БИҶИЛГУН

БИҶИЛГУН
Фасли тобистон
сайр дорам дар куҳистон.
Як биҷилгун1 мепарад ин суву он су,
Мекунад бо ман ҳаёҳу
Дар сари як навдаи ҷурзе2
Лона дорад – 
нусхаи ҷӯроби пашмини Бадахшон, 
Сарнагун бар даррае жарф,
Ҷони мурғак бар сари ин лона ларзон.
Эй биҷилгун, 
Ҷӯраи ҷун,
Ман ҳамонам дода аз даст
Он ду шаҳри нозанинро - 
Қуббатулисломрову
Сайқали рӯйи заминро,
Ҳол ин сон бетафовут
Сайр дорам дар кӯҳистон,
Фасли тобистон.
Лонаат обод бодо,
Баччагонат шод бодо,
Қасди озорат надорам,
То абад корат надорам.
Меравам, то аз уфуқ паҳнои Меҳанро бубинам...
Меравам, бар қуллаи ин кӯҳ, шояд аз фароз,
Тири Орашро бубинам боз дар парвоз.
******
1.Биҷилгун – хурдтарин парандаи кӯҳистон.
2.Ҷурз – дарахтест шабеҳи сада бар фарози кӯҳҳо рӯяд.

ХАМӮШӢ

ХАМӮШӢ
Оҳанги камол камхурӯшист,
Фарёд нишони хомҷӯшист.
Чун теғ бараҳна гашта олам,
Фахри ману ту зи жандапӯшист.
То мушти замона оҳанин аст,
Мифтоҳи наҷот сахткӯшист.
Бекории халқ бебаҳо нест,
Ҷуброни ҳама гаронфурӯшист. 
Метарсӣ агар зи бехгӯшӣ,1
Кам гӯ сухане, ки бехгӯшист.
Ин хома ба рӯйи дафтари ман
Ангушти ишорати хамӯшист.
Бехгўшӣ – 1)шаппотӣ 2)гӯшакӣ.

ХУШДОР

ҲУШДОР
Дӯстам!
Такаббури ту чист?
Шохае зиёдатӣ
Бар дарахти Зиндагист.
Гар бар он нишаста бошӣ,
(Инчунин мабод)
Зуд ё ки дер,
Ногузир,
Сарбазер
Хоҳӣ уфтод.
Ҳар қадар баландтар,
Дард-
манд-
тар.

СУКУТ

СУКУТ
Савганд хӯрдаам, 
То ҷабинҳо накушоянд
Рӯй накшоям. 
То дилҳо накушоянд
Лаб накшоям. 
То осмон накушояд 
Бол накшоям. 
То бахтҳо накушоянд 
Фол накшоям. 
27.10.1991с.

ХАЗОН


ХАЗОН
Хазон асту рухи ту арғавонист, 
Ҷаҳон пиру туро фасли ҷавонист.
Хазон дур аст аз боғи вуҷудат 
Надорад ҳеч падруде дурудат. 
Вале эй боғи насрини суманбӯ,
Сари шохи баландат себи ман ку? 
Ҳамон як себи дил, як себи танҳо,
Куҷо шуд аз сари он шохи боло?! 
27.10.1991с.

ВАҲДАТ

Чист миллат?
– Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст.
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи Тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуҷуди миллати яктопараст,
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш бар авҷи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.
Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,
Дар замираш растхези ҷовидон.
Майи 2012

ВАТАН ГУФТАМ (Халқӣ)




 На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Сапедиҳои чашми интизоронро саҳар дидам,
Насим ар бӯйи хун овард, бӯйи пираҳан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.

МЕҲРИ МОДАР

Агар рӯзе замин аз ҷазбаи худ 
Бимонад, мешавад дунё парешон.
Чу коҳе, ки ба чанги бод уфтад,
Шавад хурду бузурги мо парешон.
Аё Модар, ба ҷазби меҳри покат 
Ту ҳамтадбиру ҳамзӯри заминӣ. 
Ба гирдат ҷамъ карда баччаҳоят, 
Зи ҳар кунҷе пайи дидорбинӣ.
Агарчи ҳар кадомеро ҳавоест,
Хиёле дигару маъвои дигар, 
Вале сад иддаъо пеши ту яктост, 
Ки онон кӯдаконанду ту Модар.
Аҷаб давлат, ки ҷазби меҳри зӯрат
Нагардад з-ихтилофу ҷанги мо кам, 
Вагарна ҷумла қудратҳои олам,
Набитвонанд моро дошт бо ҳам.
1990

БА МУНОСИБАТИ ҲАМОИШИ ОБ ЛОЗУРКӮҲ

Имрӯз башар воқеан дар рӯёрӯйӣ бо ду хатари азим қарор дорад, ки яке табиъист ва дигаре маънавӣ. Табиъӣ он аст, ки бо номи «гармои ҷаҳонӣ» аз чандин сол қабл шинохта шудааст ва атрофи он ҳангомаҳо барпост, вале зоҳиран наметавон аз он пешгирӣ кард. Маънавӣ он аст, ки башар дар сабқати пешдастӣ бар якдигар даст ба исрофоте моддию маънавӣ мезанад, ки ин равандро суръат мебахшад ва ҳеч ҳозир нест, аз ин сабқатҳои ҷунуномез даст бикашад. Дар ин миён «лозур» (пиряхҳо) рамзи захираҳои оби ҳаёти сайёра ҳастанд, ки бо исроф ба нобудӣ кашонда мешаванд. Дар айни ҳол шабеҳи лозурҳои дерсол бар қуллаҳои омонбӯси кӯҳистон ҳамчунон захираҳои маънавӣ ва арзишҳои суннатии башарӣ ва миллӣ ҳастанд, ки бо муҳофизакорӣ дар лифофаи урфу одатҳо ва анъанаҳои неки суннатии мардумӣ нигоҳ дошта шудаанд, вале дар ин сабқатҳои бартариҷӯйӣ онҳо низ гудохта ва аз миён бурда мешаванд. Табиъат ва одамийят ҳарду дар як хатти бӯҳрон қарор гирифтааст. Нобудии яке нобудии дигар ва наҷоти яке наҷоти дигарест.

Истода ту дар муқобили тӯфон
Як деҳаи муштипар дар оғӯшат.
Эй Пири муроди банда, Лозуркӯҳ,
Ҳошо, ки даме кунам фаромӯшат.
Селоб ба рӯи синаат канда
Аз қарн ба қарн дарраҳои жарф.
Гаҳ ҷомаи сабзи хусравон дорӣ,
Гаҳ хирқаи сӯфи сӯфиён аз барф.
Саҷҷодаи туст осмони шаб,
Тасбеҳи ситораҳо дар ангуштат.
Дарёи шароби нур мерезад
Дар косаи сангҳо зи чархуштат.
Гулбонги азони бомдодонро
Ту ҳарф ба ҳарф мекунӣ такрор.
Ҳар ҷо ки будам тамоми умри худ
Ман мешудам аз ҳамин садо бедор.
Ду даст кушодаву уфуқҳоро
Ҳамчун хати марз кардаӣ таъйин.
Ҳамчун хати ҳушдор бар девор,
Ҳамчун хати марзи суннату ойин.
Мисли хати сарнавишти бетаҳрир 
Ин хат ба нигоҳи ман муҷассам буд.
Тӯмори муқаддаси балогардон,
Чун хатти васийяте зи Одам буд.
Бигзор ки ҳар хате шавад ботил,
Зинҳор, на ин нишонаи тақдир.
Бигзор ки дар ғуруби хунинаш
Бар гардани ман биёяд ин шамшер.
Истода агар наӣ сари ин марз
Дар селрави замонаи бекеш,
Арвоҳи гузаштагон ба шоми ид
Пайдо накунанд хонаҳои хеш.
Умре ба шаҳомати ту менозам,
Эй мазҳари рӯҳи бешикасти ман. 
Аз шохаи килки ту қалам кардам,
Ангушти Масеҳ шуд ба дасти ман.
Занбӯри ту лона дар дилам дорад,
Чун дар ҷигари камолҳои нарм.
Ҳарчанд ки неши садзабон хурдам,
Озори касе наҷустам аз озарм.
Бо санги қаноати ту бишкастам
Сар нозада гардани ҳавасҳоро.
Омӯхтам аз ҳилоли лоли ту
Афсуни раҳоӣ аз қафасҳоро.
Аржанги ман аст ҷумла осорат,
Зелолу чабарғу фарку гулхорат.
Ҳам боғи наботи ман ба домонат,
Ҳам шохи наботи ман ба дасторат…
Як умр ба як қарор истодан
Дар паҳнаи ин ҷаҳони беистод
Дарсест варои ҷумла мактабҳо,
Ғайри ту надонамаш дигар устод.
II
Бо суръати чархи саҳнаи театр
Ҳар лаҳза ҷаҳони мо дигар гардад.
Ҳар қадр ниқоб тоза орояд,
Дар дидаи ман ғарибтар гардад.
Ночор ғарибтар шавам ман ҳам,
Чун ҷумлаи бениҳояту оғоз.
Чун тарма дилам ба доманат кӯчад,
То сар биниҳад ба пои ту, устоз.
Худ аз пайи дил ҳамешитобам боз,
Пайваста ба лаб ҳамин дуъо дорам:
«Эй кош, туро ба ҷои худ ёбам,
Ё Раб, машикан ту хатти паргорам.
Бигзор, ки раҳ чу кошии чинӣ
Ҳамвор бувад, фароху бопаҳно.
Бигзор, ки пул ба пояи пӯлод
Нозанда бувад ба шонаи дарё.
Бигзор ҳазор нақшаи дигар
Дар тарҳи навини роҳҳо бошад,
Аммо ту ба ҷои хештан бошӣ,
Саҳми ту зи тарҳҳо ҷудо бошад…
Эй роҳкушо, туро сано хонам,
Хайре ба ҷаҳон чу раҳкушоӣ нест.
Сад гуна нисор мекунад мардум,
Аммо ба савоби ин худоӣ нест.
Он пинаи дасти ту гули шодист,
Ангушти ту худ калиди ободист,
Чашми ту чароғи роҳи озодист,
Ҳаққо, ки ҳамосаи ту фарҳодист.
Танҳо зи ту илтимоси ман ин аст
Аз ёд мабар шукӯҳи куҳҳоро.
Магзор, ки об аз осиё афтад,
Аз решаи ҷон ҷудо шавад дарё.
Лозуркӯҳ!
Бурҷи порсои ман
Албурзи шукӯҳи хештандорӣ.
Дар раг-раги рӯдҳост хуни ту
Дар пайкари дашту боғҳо ҷорӣ.
Ойини ту карда ойинабандат,
Он кист, ки бишканад туро ойин?
Он кист, ки аз ҷунун гиребонат
Хоҳад бидарад ба панҷаи хунин?
Ҳайфо, ҷигари ту об мегардад,
Дар оташи ҳирсу ози оламхор.
Сӯи ту ҳамехазад зи ҳар кӯе
Оташнафас аждаҳои истеъмор.
Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз,
Мепечад сӯйи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун».
III
Ин гуна дилам ба чангали ошӯб,
Ногоҳ зи дур мешавад пайдо
Он қуллаи меҳри ҷовидони ман
Он пайкари пуршаҳомати воло.
Як пораи абри шӯх кӯдаквор
Бо бозии хеш карда машғулаш,
В-он хоҳари меҳрубони ӯ – Маҳрӯд 
Мешӯяд пойҳои шахшӯлаш.
Ӯ низ маро зи дур мебинад,
Месурфаду рост мекунад қомат:
«Обоо, 
ку биё,
чи дер меоӣ,
На хатти ту мерасад, на пайғомат».
Эй Пир, дуруд, ҷовидон бошӣ,
Бе ёди ту як нафас намегирам.
Сад шукр, ки боз дидамат барҷой,
Бе ту камтар зи нақши тасвирам.
Бурҳони вуҷуди ман вуҷуди туст,
Бе устуни қомати ту вожунам.
Ҳар кабки канори туст ҳамхонам,
Ҳар лолаи сурхи туст ҳамхунам.
То ҳаст паноҳи ту Ҳумохуна,
То боли ҳумой бар сарам бошад.
Бе афсару тахту ганҷ султонам,
Ин бол чу дасти модарам бошад.
Медонам як-як арчаҳоятро,
Ҳар бор шуморашон ҳамегирам.
Ҳар кас, ки камон кашад ба нахчират,
Гӯё, ки ба дил нишонад ӯ тирам.
Бигдохта оташи дилат лозур,
Ҷорист зи чашмат оби ойина. 
Ҳар кас, ки бидид рӯи худ дар он
Дар ӯ нагирифт сеҳри бадкина.
Як тахтаи лозури ту фарзандон
Дар оташи назъ рӯйи дил монанд.
Аз ҷӯйи яхат насибаи охир
Дар мазраъи оташини худ ронанд.
Дарсе, ки гирифтам аз дабистонат
Фармоядам аз ҳазор як кардан:
Қулзум ба даруни сина парвардан,
Як чашмаи сода бар лаб овардан.
Як чашмаи содае, к-аз он хуршед
Бо найлаби нур об менӯшад.
Худ оинаи камоли берангист,
Сад ранг гул аз канори он ҷӯшад.
Бар «қуллаи оҷ»-и шеъри номавзун
Аз лолаи сурхи ту ливо дорам.
Пеши ту ки ҳамчу тифли нодонам,
Аз мӯи сафеди худ ҳаё дорам.
IV
Ҳоло, 
хуш бош, Достони ман,
Умри ту фузун зи Достон бодо.
То қуллаи ту нишеми Симурғ аст,
Ин фарру шукӯҳ ҷовидон бодо.
Он гуна, ки по ба доманат мондам,
Як рӯз ба домани ту сар монам.
Сад шукри вуҷуди ту, ки то ҳастӣ,
Бо лаъли дили ту ҳамгуҳар монам…
В-онгоҳ ки осмон чу ойина
Бар фарқи сари ту пора мегардад,
Он гоҳ ки мармари сапеди ту
Хокистари як шарора мегардад,
Он гаҳ ки забони оташафшонҳо
Сар мекашад аз замири ту берун,
Он гоҳ ки ошкор мегардад - 
Дар синаи туст як дили пурхун,
Он гоҳ ки куҳ чу «иҳни манфуш» аст,
Ман хилвати тоати ту меҷӯям,
Аз домани сабзи ту ҳамехезам,
Тавфиқи шафоати ту меҷӯям…
V
То мерасад он замонаи мавъуд,
Он қисмати бехатои лутфу қаҳр,
Мебояд табли огаҳиро кӯфт,
Мебояд хост доди ту аз даҳр.
Эй зодаи чор гавҳар – эй Инсон!
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.
Бодо, ки чаҳор рукни бунёдат
Аз адл шавад чу нури биноӣ.
Магзор каҳе зи кӯҳи ту коҳад,
То бо ту бувад тавони дарёӣ.
Дастони ситорарези дарёҳо
Сад чархаи нурро бигардонад
Он қадр, 
ки деви зулмати инкор
Дар пойи шаҳомати ту сар монад.
Июл- сентябри 2009
Тавзеҳот
1.Лозуркӯҳ кӯҳест дараҳояш анбошта аз лозур (пирях) дар мунтаҳои шарқи Тоҷикистон.
2.Дар домани Лозуркӯҳ дараест бо номи дараи килкҳо (найқалам).
3.Кабки ҳилол, ки хушхон нест.
4.Боғи набот – боғи ботаникӣ.
5.Манзур бухорҳои саноъатии ҷаҳонӣ.
6.Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман. – Бедил.
7.Номи дарае дар пои Лозуркўҳ, ки ошёни мурғони ҳумо аст.
8.Ишора ба ояти 5 сураи муборакаи «Такосур» (Ва кўҳҳо аз ҳайбати он ҳамчун пашми паҳида пароканда гарданд.)