вторник, 29 апреля 2014 г.

Оташ


Бидидам, шохаи хушке дар оташ

Саропо шуъла меафшонду мегуфт,

Ки то пайванди нахли сабз будам,
Гуле дар ман чунин зебанда нашкуфт .




понедельник, 14 апреля 2014 г.

ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ


АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС
– ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ, АЗ БОИСИ ОН КИ
Ибораи «аз баски», «аз бас» ва калимаи «баски» дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад. Дар ҷумлаҳое аз қабили: «Аз бас ки ман ин китобро нахондаам, аз мазмунаш огоҳ нестам» ба кор бурда мешавад. Муродифҳои дигари мазкурро низ дар ҳамин ҷумла метавонем дар назар бигирем. Он чи мавриди суол ва баҳс аст, ин аст, ки ин таъбирҳо сабабияти (иллияти) одиро ифода намекунанд, то корбурдашон дар чунин ҷумлаҳо саҳеҳ шумурда шавад, балки дар зимни худ маънои «бисёр»-ро доранд ва маънои аслии калимаи «бас» (басе, басо) низ ҳамон «бисёр» мебошад ва маънии машҳури дигараш «кофӣ» бо он рабт дорад:
Бас габр, ки аз карам мусулмон кардӣ,
Як габри дигар кунӣ мусулмон, чи шавад?
(Абӯсаъиди Абулхайр)
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр, зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
(Устод Рӯдакӣ)
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
(Иқбол)
Дар байтҳои боло ин калима танҳо ба маънои «бисёр» ва бидуни тобиши сабаб оварда шудаст. Аммо дар он мавридҳое, низ ки бо сабаб ҳамроҳ аст, албатта маънои аслии худ «бисёр»-ро дар зимн ҳифз менамояд ва он сабаби мазкур ҳатман хислати бисёр (батакрор) буданро дорад:
Баски мо – озодагонро аз тааллуқ ваҳшат аст,
Акси мо чун об донад қаъри чоҳ ойинаро.
(Бедил)
Яъне ваҳшати мо аз тааллуқ (вобастагӣ) хеле зиёд аст ва ҳамин зиёдии ваҳшат сабаб шуда, ки акси мо монанди об барои худ ойинаро қаъри чоҳ медонад.
Дар ин байт пайванди маънои бисёрӣ, пурӣ бо сабаб зоҳири равшантаре дорад.
Баски метарсонад аз занҷиру пандам медиҳад,
Оқили бисёргӯ девона мегардонадам.
(Хоҷу)
Азбаски:
Аз бас ки сарҳо хок шуд, дилҳо ҳам андар кӯйи ӯ,
Набвад аҷаб, гар аз замин дил рӯяду ё сар дамад.
(Амир Хусрав)
Бинобар ин, дар ҷумлаҳое аз қабили «Азбаски имсол барфи бисёр (зиёд) борид, дар роҳҳо хатари тарма ба вуҷуд омадааст», маънои «бисёр» ду бор ва дар сурати «бисёр зиёд» се бор такрор мешавад. Ё дар ҷумлаҳое мисли: «Азбаски автобус каме дертар омад, мо таъхир кардем» пайвандак бо мазмуни ҷумла (каме) муносибати мутазод пайдо мекунад. Дар ҳоле, ки маънои аслӣ ва комили «азбаски» то ҷое аз ёдҳо рафтааст, ва дар чунин ҷумлаҳо табиист нависанда ва хонанда танҳо бо «азбаски» иктифо карда наметавонанд, беҳтар аст шаклҳои дигари ҳамин пайвандак «чун» (ки мӯҷазу асилу зебост ва бояд дар навишти имрӯзӣ бештар ба кор бурда шавад), «ба он сабаб ки» (на «аз он сабаб ки»), «аз боиси он ки», «зеро» (бо дар аввал овардани сарҷумла) ва ғайра ба кор бурда шавад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба таркибҳои гуногуни ин пайвандак ва зарурати равшан будани маънои калимаи «бас», беҳтар аст он ба сурати ҷузъҳои ҷудо, вале бидуни вергул «аз бас ки» навишта шавад. Зимнан, шояд заминаи пайдоиши ин ғалати омро шабоҳати ин пайвандак бо «аз боиси он ки» муҳайё карда бошад, ки иллияти (сабаби) одӣ ва бидуни муболиғаро ҳамроҳ дорад.

понедельник, 7 апреля 2014 г.

ОЙИНАИ ЯКРӮӢ



Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон…
Хоқонии Шарвонӣ


Эй толиби Сосонӣ, эй вориси Сомонӣ,
Кас домани ин давлат нагрифт ба осонӣ.

Ободии Меҳанро имрӯз ҳамебояд,
Бозӯи Каюмарсӣ, тадбири Сулаймонӣ.

То чанд кунӣ такрор дар сояи ин пиндор:
«Девори Бухоро буд Исмоили Сомонӣ».

Бедор бишав эй дил, ҳушёр бишав, эй ҷон,
Бо фарраи яздонӣ, бо фитрати инсонӣ.

Он бо дили бишкаста, ин бо ҷигари хаста,
Ё Раб, чи пушаймонӣ, ё Раб чи пушаймонӣ.

Аз манманӣ безорем, бигзор, ки бигзорем, 
«Баҳмониву басторӣ, басториву баҳмонӣ».

Гар хоки Самарқандӣ ё хори Бухороӣ,
Нури басари моӣ, лаъле зи Бадахшонӣ.

Бар зарраи хоки мо сад чашми тамаъ боз аст,
Дар тангаи ин чашмон мову ту чу зиндонӣ.

З-ин танг ба парвоз ой, эй ақли ҷаҳонтасхир,
Симурғи ту аввал буд дар вусъати кайҳонӣ.

Созанда бишав, эй даст, пӯянда бишав, эй ақл,
«Аз ҷанги хурусон беҳ фарҳанги хуросонӣ».

Аз наъраи бедардон хуршеди Ватан ларзон,
Фазл аст суханчинӣ, айб аст сухандонӣ.

Омӯ лаби пурхунро то бар лаби Сир овард,
Мегуфт ба дил дорам сад ҳуққаи руммонӣ.

Ин ҳуққаи руммонӣ он дурҷи маъонӣ нест,
Ин қиссаи Ниле нест в-он Мӯсии Имронӣ.

Бигзор ки бардӯзем лаброву ҷигар сӯзем, 
Гар ёри Худовандӣ, в-ар душмани шайтонӣ.

Хомӯш кун ин гуфтор, гуфтори пур аз озор,
Гар гуфтаи мо шеър аст, пас чист зи Хоқонӣ?

Аз ҳарзаву беҳуда сад хирману сад туда,
"То дона ҷудо созад, ку бозуи деҳқоне."

II
Аз захми камон растем, аз захми забон ҷастем,
Аз захмаи ҷон мастем дар пардаи ирфонӣ.

Ҷовид бимон эй дил, дар пайкари обу гил,
Бе ту чи бувад ин даҳр ҷуз фарфараи фонӣ.

Ҷовид бимон, эй ақл, беҳтар зи ту ёре нест,
Он ҷо ки саворе нест н-афтода зи пайконе.

Ҷовид бимон, эй рӯҳ, эй мояи ҳар ҳастӣ,
Ин банд даре дорад, эй бандии канъонӣ.

Ҷовид бимон, эй ишқ, эй ахтари пирӯзӣ,
Заҳрӣ туву нӯшӣ ту, дардӣ туву дармонӣ.

Ҷовид бимон Меҳан, эй колбади ҷонам,
Ё Раб, ба хато гуфтам, ҷонӣ туву ҷононӣ.

Ҷовид бимон дониш, ҷовид бимон фарҳанг:
Эй равзанаҳои нур дар дидаи зиндонӣ.

III
Эй Пири барозанда, як ҳиммати созанда,
То ҷамъ кунӣ моро з-ин хоки парешонӣ.

Эй санги сабури мо, эй чашмаи нури мо,
Аз дидаи кӯри мо ҳарчанд ки пинҳонӣ.

Аз оташи нойи ту сад шӯъла ба ҷон дорем,
Дар ҳастии мо пинҳон, ай шери найистонӣ.

Ин қадр ҷалолатро офоқ писандидаст:
Ҳар рӯз туро бахшад як шамс ба қурбонӣ. 

Маҳмилкаши дарди мо, эй марди набарди мо,
Донам, ки давои мо ҳам низ ту медонӣ.

Ёри ту Худои туст, в-он ақли расои туст,
К-аз мо натавонӣ дид ҷуз ғафлату ҳайронӣ.

Сад узр ҳамегӯяд муслим, ки мусалмон аст,
Имрӯз мусалмонро нанг аст мусалмонӣ.

Сад тиккаву сад пора, ҳар пора пайи чора,
То рӯзи дигар пора созад шаби зулмонӣ.

«Чун даври фалак гардон, дар кори ҷаҳон ҳайрон»,
Ду чашми Хуросонанд он ду шаҳи раббонӣ… 
IV
Савганд ҳамехӯрдам, к-аз дард нахоҳам гуфт,
Ҷуз дард чиро гӯям, ту дидаӣ дармоне?

Эй дӯст, ту дидастӣ як лахти ҷигар обод,
Як мушти дили эман аз санги фалахмоне?

Як рӯй, ки сели ғам бар он нахурӯшидаст,
Як дида, ки хунобаш наншаста ба домоне.

Як даст, ки домоне нокарда раҳо дидӣ?
Як сар ту магар дидӣ нохӯрда ба сандоне?.. 

Эй нури ду чашмонам, оё ту надидастӣ
Роҳе, ки барад моро то мақсади имонӣ?

Роҳе тиҳӣ аз раҳзан в-аз фитнаи оҳарман,
То қуллаи қуръонӣ, то қиблаи ваҳдонӣ.

Он роҳ, ки Симурғи Аттор бипаймудаш,
Он роҳ, ки ҳудҳудро кардаст Сулаймоне.

Қурбони ду чашмонат, эй дӯст, агар дидӣ,
Он роҳ маро бинмо, в-ар дар гарави ҷоне.

Он қуллаи якроӣ, он қиблаи яктоӣ,
Ойинаи якрӯйӣ, ойини якороӣ, 
Майи 2000