Наср

Тааҷҷуб мекунам аз касе, ки ба Парвардгори худ имон дорад ва битавонад ҳолате барояш даст бидиҳад, ки навмед шавад.
***
Агар мехоҳед касеро барои рафтори нописандида накӯҳиш кунед, сараввал ба жарфои дили худ бингаред, ки дар воқеъ чиро дӯст доред: чунон бошад ё чунон набошад?
***
Мо ойинаро ҳақнамотарин ёри худ медонем, дар ҳоле ки дар он «акси» худро мебинем.
***
Китобҳоро сара кардам ва дастаеро ба дӯстам додам. Аз дилам гузашт: чӣ андарзҳоеро ба касон медиҳем ки дар дили худ ҷое барои он пайдо намекунем.
***
Ҳеч дӯсте ба пайвастагӣ, ба шойистагӣ, ба садоқат шуморо насозад, то чунин дӯстро андаруни вуҷуди хештан пайдо накунед. Шамс мегӯӣ? Шамс шӯълае буд сар кашида аз вуҷуди худи Мавлоно. Чун ӯ намонд Мавлоно сари ин риштаи маваддатро гираҳ зад ба пои Салоҳиддини Заркӯби уммӣ. Чун аз вай гузашт гираҳ зад ба Ҳусомуддини Чалабӣ ва ин ҳама пораҳое буд аз вуҷуди Мавлоно. Агар эрод доред бигӯйед, ки ҷуз Мавлоно азамати ин ёронро чи касе сурудааст ва ин ёрон ба ҷуз Мавлоно чӣ касеро сохтаанд?
***
Мегӯянд: фулонӣ мутаккабир аст ва касеро ба кас намегирад. Боз ҳамӯро мегӯянд фулонӣ шӯҳратталаб аст. Якеро бигӯянд. Шӯҳрат чист? Таҳсини касон. Агар фулонӣ касеро ба кас намегирад таҳсини касон пешаш чӣ арзише дорад
***
Сахттар аз ҳама бароям мушоҳидаи ин ҳол буд, ки тифле хурдсол, бисёр хурдсол ки ҳануз истеъдоди таъсирпазирӣ аз бузургонро надошт аз шиддати бухл бозичаи тифли дигарро бар замин зад. Магар бухл дар фитрат ҳаст?
***
То сабру таҳаммул даст диҳад замоне ки андарзи шуморо намепазиранд, боре ба ёд биёред, ки аз чанд қавли худро пеши худ шикастед ва чанд андарзи худро ба худ ботил кардед. Аз дигарон чӣ интизор доред?
***
Шояд болотарин дараҷаи бухл он бошад, ки нисбат ба каромат ва саховати дигаре, ки нисори шумо мешавад бухл биварзед. Оё чунин нестем мо вақте, ки нисбат ба касоне, ки ҳастии худро вақфи беҳбуди мо кардаанд бухл меварзем?
*** 
Ба танҳоии ногузир унс бигиред, аз танҳоӣ натарсед, ки саранҷом танҳоист.
***
Дидори ёрон ба саломат ҳар рӯз иди дигарест.
***
Фармуданд: Беҳтарин мерос ба фарзанд номи нек аст.
Суол шуд: Номи неке, ки ба фарзанд дода мешавад?
Гуфт: На, номи неке, ки аз падару модар ба мерос гузошта мешавад.
***
Бо яке ки ки ба инод ва инкори Ҳақ саргарм буд, мегуфтанд: Дар вуҷудат ҳеч арзише нест ҷуз он ки офаридаи Ҳақ ҳастӣ ва бо ин ҳол агар Ҳақро мункирӣ, дигар чӣ арзише дорӣ?
***
Яке мегуфт: Аз ҷонам сер шудам.
Фармуданд: Муфт ёфтаӣ.
***
Аз қиёси нуқсонҳо барои худ камол ҷустан чунон аст, ки гӯё бар лаби чоҳе биистед ва бихоҳед, ки баландии қомати шуморо аз зери чоҳ то сари шумо андоза бигиранд. Мухтасар, сахт худфиребист.
***
Инсон қимати вақтро ба дурустӣ мешиносад, агар ҳар лаҳза бо ин андеша бошад, ки ин ҳар лаҳза қисмате аз он азизтарин чизест, ки “умр” номида мешавад.
***
Мо бисёр вақт дигаронро насиҳат мекунем, то нафси худро ба гӯш кардан ва масъулият водорем.
***
Ба қаъри кон меравем, то ганҷ берун орем. Пас чаро ба қаъри таърих меравем, то ранҷ берун орем. Чаро аз дили таърих баҳонаи ҷанг баркашем на ҳикмати оштӣ?!
***
Мо бисёр вақт дар сабқати беҳтар аз дигарон будан бадтар аз худамон мешавем.
***
Чун балое пеш ояд бояд таваккул кард ба оне, ки то кунун басе балоро аз сари мо рад карда, бидуни он ки мо худ огоҳ шавем.
***
Чун мо ба худ ҳам дурӯғ мегӯем, моро аз дигарон ва дигаронро аз мо чи умед.
***
Ғаризаи қасос дар инсон ба ҳадде неруманд аст, ки инсонро ба корҳои хориқулодда вомедорад. Масалан, кӯдаке чашмонашро пӯшид ва ба рақибаш гуфт: ман туро нест кардам!
***
Мо барои дуртарин ва душвортарин сафар, ки марг аст, камтар аз ҳар сафари дигар омодагӣ мегирем.
***
Ҳеч кас моро беҳтар аз мо намешиносад ва ба ҳамин андоза ҳам ҳеч кас моро камтар аз мо намешиносад.
***
Чашми дил айнак намехоҳад.
***
Баҳс мисли оташ аст: агар барои мӯътақид кардан аст, ин оташест дар оташдонҳо ва агар барои мулзам кардан аст, оташест дар дилу имонҳо.
***
Онки ба сӯйи Худо даъват мекунад, сари роҳро бо вуҷуди худ банд намекунад ва дар пои худ мунтаҳӣ намедонад.
***
Таъзим барои маслиҳат бад нест, агар эмин бошӣ, ки пой бар сарат намегузоранд.
***
Басо аҷаб аст, агар мо шокӣ бошем, ки ҳарфи моро қабул надоранд, аз касоне, ки ҳарфи офаридгори худро қабул надоранд. 
***
Калимаҳо чун ошноёни дерин барои мо маълуму оддӣ мешаванд, аммо гоҳо маънои комилан тозае аз онҳо кашф мешавад, чунон ки гоҳо ошнои худро ба куллӣ бо симои дигаре мебинем.
***
Касоне дар таърих тавонистанд Худоро аз зеҳни тудаҳое дур кунанд, аммо натавонистанд худро аз васвасаи даъвои худоӣ кардан эмин созанд.

22 комментария:

  1. Дидам. Хуб руйи сафха омадааст.

    ОтветитьУдалить
  2. Бисёр суханони оли ҳастанд инҷо устод.Сарафроз бошед.

    ОтветитьУдалить
  3. ХУДОМАДҲО

    Махзани неруҳои ниҳонии вуҷуди инсон танҳо дар ҳоли зарурат боз мешавад, чун агар роҳ ба он медоштем, ба зудӣ барҳадараш медодем.
    ***
    Дунёро дигар кардан осонтар аз он аст, ки тасаввури мардумро дар бораи он дигар бикунем.
    ***
    Танҳо соате парвоз кофист, то эҳсос намоем, ки чӣ қадр Заминро дӯст медорем.
    ***
    Афсус! Ҳар қадар паҳнаи кайҳон барои инсон бузургтар боз мешавад, одамҳо он қадар хурдтар мешаванд.
    ***
    Муҳоҷирон ҳар колои хубе, ки пайдо намоянд, ба ватани доимии худ мефиристанд, он гуна ки аъмоли нек ва ниёишро ба абадийят.
    ***
    Чандон мусибате нест: агар касе надонад ва надонад, ки надонад. Мусибати бузург он аст, ки касе надонад ва нахоҳад, ки бидонад.
    ***
    Одамон бо ханда аз якдигар дур мешаванд ва ҳангоми гиристан сар ба шонаи якдигар мениҳанд.
    ***
    Инсонҳои зирак ҳазор макру ҳилла медонанд, аммо ростро интихоб мекунанд, зеро ҳеч макре бузургтар аз рост нест.
    ***
    Парандаи резе ҳам метавонад сари парвоз бар осмон хат бизанад, аммо осмон аз ин ботил намешавад.
    ***
    Кӯдакон дар хоб табассум мекунанд, зеро дар хоб ҳам зеҳнашон покиза аст.
    ***
    Аз дохили ҳавопаймо бо ҳавас ба парандае менигарам, ки барои оғози парвоз мунтазири касе нест.

    ОтветитьУдалить
  4. ФАРҶОМ
    (Тасбеҳи рӯзгор)

    Охирҳои тирамоҳ буд ва ҳаво кам-кам ба сардӣ мегаройид. Ман дар поёни рӯзи кор аз идораи рӯзнома берун шуда, дар канори роҳе, ки аз наздикии идораи мо мегузашт, мунтазири хатгард (маршрутка) истода будам. Ҷамъияти мусофирон чун ҳамеша анбӯҳ буд. Чун медонистам, ки хатгард ба ин зудихо намеояд ва навбати ман ҳам нест, канортар аз ин ҷамъияти анбӯҳ дар лаби ҷуйи канори роҳ истода, бо тамоши оби ҷӯйи софи тирамоҳӣ ва сабзаҳои канори он худро машғул медоштам. Ҳар рӯз тақрибан ин корро мекардам, зеро ҷойе хонда будам, ки нигоҳ кардан ба оби равон ва сабзазорон чашмро рушанӣ мебахшад. Мо, ки аҳли қаламу коғаз ҳастем, беш аз ҳар каси дигар ба чунин даво ниёз дорем. Ҳамин тавр истода будаму нигоҳ мекардам, ки ногоҳ чашмам ба занбӯри асали жулидаву гардолуде расид ки хастаҳолона аз миёни сабзазорон уфтодаву хеста ба лаби ҷӯй наздик мешуд. Занбӯр пас аз муддате ба лаби ҷӯй расид ва якмартаба аз нӯки сабзаи ғеш ғел хӯрда ба оби ҷӯй уфтод. Об онро поинтар бурд ва он дар ғавчаи хасрӯбаҳое ки поинтар дами обро гирифта буд, гир кард. Бояд онро наҷот дод – аз дил гузарондам ман ва барги хазони чанореро аз пеши поям бардоштаму ба занбӯр наздик бурдам. Занбӯр ба барги чанор часпид ва ман онро боэҳтиёт бардоштаму рӯи сабзаҳо гузоштам. Занбӯр дар зери нурҳои камҳарорати офтоби тирамоҳӣ кам-кам ҷон мегирифт ва парҳояшро ҳаракат медод. Ман ҳамоно ба тамошои ин ҷонвари заҳматкаш ва оқил машғул будам ва ростӣ як гӯшаи дилам рӯшан шуда буд, ки имрӯзамро бо чунин як кори хайре, агарчи кӯчак ҳам бошад анҷом додам. Худ ба худ мегуфтам «Ҳеч кори хайреро кӯчак машумор».
    Ҳамин лаҳза ҳис кардам ки касе даст ба китфам гузоштааст. Баргаштаму нигоҳ кардам. Пирамарди русеро дидам, ки дар даст халтае дошт. Зоҳиран ӯ низ дар поёни кор хӯрду резаҳое харид карда ба хонааш бармегардад ва мисли ман мунтазири хатгард аст. Гӯё ҳамаи моҷарои ман бо занбӯрро мушоҳида мекардааст, ки аз ман бо лабханд ба забони русӣ суол кард: «Писарам! Фикр мекунӣ, ки наҷоташ додӣ?». Маълум буд, ки занбӯри асалро дар назар дорад. Ман бо тааҷҷуб дар баробари ин суол намедонистам чи посух бидиҳам, ки пирмард худ идома дод: «Не писарам, дигар ӯро наҷоте нест. Кораш тамом шудааст. Ҷойе барои рафтан ва коре барои кардан надорад. Ту хиёл кардӣ, ки тасодуфан ба оби ҷӯй афтод? Не, вай худашро ба об андохт. Агар ҳоло вақт дорӣ, ин ҷо бошу боз каме нигоҳ кун, ҳамин, ки мадор пайдо кунад боз ба лаби ҷуй меравад ва худро ба об меандозад. Бӯйи зимистон ба машомаш расидааст ва медонад, ки бо зимистон набардаш беҳуда хоҳад буд». Дилам якмартаба таҳ кашид. Бо кунҷковӣ саропои мӯйсафедро аз назар гузарондам. Қомати баландаш каме хам дода ва абрувони хастааш рӯйи пилки чашмҳояш фуромада буд. Хаставу коркӯфта ба назар мерасид. Маълум буд, ки ҳама умр заҳмат кашидааст. Фикр кардам, ки шояд замоне ба парвариши занбӯри асал ҳам машғул будааст, ки ин қадар аҳволи онҳоро хуб медонад. Вале онан аз зеҳнам гузашт, ки аҳволи вай бояд бисёр шабоҳат бо ҳоли ин ҷонвар дошта бошад. Ин навъ дардошноӣ бечизе нест. Мехостам аҳволашро бипурсам то бидонам, ки ин эҳсосот ва ошноии ӯ бо ин ҷонвари кӯчаки худо аз куҷо маншаъ мегирад. Ҳамин замон як хатгарди холӣ дуруст дар муқобили мо истод. Ман вориди он шудам. Пирмард дар ҳамон ҷо меистод ва замоне, ки хатгард пур аз мусофир шуду роҳ уфтод, аз шишаи хатгард медидам, ки пирмард ҳанӯз ҳамон ҷо истода ва ба сӯйи занбӯр нигоҳ мекунад.

    ОтветитьУдалить
  5. ТАҶРИБА
    (Тасбеҳи рӯзгор)

    Субҳон. Чи софу содаву самимӣ буд. Мисли як ойина. Номи ӯ ҳам ба субҳ пайванди содиқе дошт ва ҳам ба поку беғубор будан, ки маънои ин калима аст. Рӯзгори донишҷӯии мо бо ӯ рангу ҷилое дошт ва софиву соддагиву самимияти ӯ нуқли маҷлисҳои донишҷӯён буд.
    Он рӯз ҳам дар интизори шурӯъи достони наве аз корномаҳои Субҳон нишаста будем. Рӯйи мизи мо дар як лаълича танҳо чанд дона банан буд ва як корд. Бародари ҳамдарсамон, ки дар Маскав кор мекард ба мураххасӣ омада ва мо ба аёдаташ рафта будем. Вай мизе ороста буд ва савғоҳои худро рӯйи миз чида буд. Дар миёни савғоҳо чизи нодиртарин чанд дона банан буд. Бананро он вақтҳо ҳанӯз дар хиёбонҳои Душанбе нарехта буданд ва камтар касе аз вуҷудаш огоҳӣ дошт. Рашиди ҳамеша моҷароҷӯ муддате ба бананҳо нигоҳ кард ва якбора дастонашро шурӯъ кард ба соиш додану бо худ завқ кардан ва ба мо хитоб кард:
    - Ҳозир Субҳон меояд. Аҷоиб тамошое мешавад! Ҳама чизро аз рӯи дастурхон бардоред. Танҳо ҳамин бананҳоро монед ва ҳамин кордро.
    Кор иҷро шуд. Муддате интизори Субҳонро бо ҳикояти тасаввуроти пешакӣ аз бархӯрди ӯ бо ин меваи аҷиб ва тоза пушти сар бурдем ва хуб завқ кардем. Яке мегуфт, ки ҳатман мисли бодиринг онро бо корд пӯст меканад ва дигаре мегуфт, ки шояд ҳамин тавр онро бо пӯсташ ба даҳон барад ва идомаи моҷароро тасаввур карда базавқ механдид… Дар тақ-тақ шуд.
    - Биё, Субҳон!
    Бале, воқеан Субҳон омада буд. Ба сари миз даъват шуд. Бачаҳо ҳар навъ шӯхӣ мекарданд, то хандаҳои пешакии ҷамъшударо бо баҳонаҳои дигар берун кунанд ва Субҳон ҳам ҳеч пай набарад, ки чи тавтеаи тозае барояш барномарезӣ шудааст. Ӯ низ бо диққат ба бананҳо нигоҳ мекард. Рашид кордро дар пешаш гузошту бо бепарвоии шӯхиомези сохта гуфт.
    - Бифармо, Субҳон, ки мо ҳама фармудем.
    Ҳама беихтиёр сокит шуданд. Карим бо баҳонае хандаашро бо даст дар пушти лабонаш баста пас аз нигоҳи тунди Рашид ба берун гурехт. Ва ҳоло чӣ мӯъҷизае шуд: Субҳон кордро гирифту яке аз бананҳоро бардошт ва нӯги онро бо корд бурид, баъд ба се тараф аз боло чунон ки бояд аз пӯст бозаш карду шурӯъ кард ба хӯрдан. Халоиқ моту мабҳуту сокит ба Субҳон ва даҳони ӯ чашм дӯхта буд ва баъзеҳо ҳатто дар баробари ӯ беихтиёр лабонашонро ҳаракат медоданд.
    - Субҳон!
    - Ҳой!
    - Бананхӯриро аз куҷо ёд гирифтӣ?
    - Аз як кинои ҳиндӣ.
    - Кӣ банан мехӯрд? Амитах Бачан, Раҷ Капур ё Чакраборти?
    - Як маймун… дар шохи дарахт… Ҳо шайтонҳое! Ҳолӣ фаҳмидам, ки чаро ҳамаатон хап ба ман нигоҳ мекардед ва чаро Карим берун гурехт. Ҳо маймунҳое!

    ОтветитьУдалить
  6. Аз силсилаи «Тасбеҳи рӯзгор»

    КАМАНДАНДОЗ

    Як вақтҳо гули хонагие бо гулдонаш дар коргоҳи мо пайдо шуд. На масдари онро медонистам ва на номашро. Гули бисёр бонишот ва зебое буд. Байте аз Мирзо Бедилро ба ёдам меовард, ки нумӯъи наботот ба парвоз ташбеҳ шуда буд. Мисли фаввора бол мекашиду сарозер мешуд ва боз аз канораҳо сар боло мекард. Хиёл мекардам, ки рӯзе аз тирезаи боз пар мекашад ва гулдонро ҳам бо панҷаи гирои решаҳояш бо худ гирифта бо хоку хошокаш ба осмон мебарад. Ин буттаи ҷӯшон дар муҳити танги коргоҳ барои ман ҳукми як боғро дошт ва ҳар рӯз муддатеро бо он машғул будам, шохаҳои зиёдӣ ва хушкашро ислоҳ ва обшораш мекардам. Ҳар рӯз як рамзу рози тозаеро аз «асрори табиат» дар вуҷуди гӯё ва пӯёи он мушоҳида менамудам. То рӯзе дидам, ки шохае аз поини соқаи он, аз наздикиҳои решааш сар зада ва дар зери баргу бори гулҳои рези нилӣ ба поин моил шуда ва нӯги шоха ҳамоно ба муқтазои табиати боландааш сар ба боло карда мехоҳад боқии шохаро бо худ ба боло бикашад, аммо муттакое ба ҷуз ҳамин хоҳиши ҷунуномези парвоз надорад ва хатари он аст, ки бо ин шодобӣ аз соқа ҷудо шавад. Дар ин фикр монда будам, ки бо чи роҳ ин шохаро наҷот бидиҳам, тавре, ки дар пайкари перостаи ин нозпарварди табиат захми нозебои нохуни маснуъият асаре нагзорад. Дар ин машғала монда будам, ки замоне мушоҳида кардам, нӯги ин шоха як-каме боло рафтааст. Гуфтам, шояд ин шоха ҷон гирифтааст ва худро боло мекашад. Бештар диққат кардам, дидам шохаи нозуктаре, мисли таноби сабз аз болотари соқа, аз он ҷо ки шохаҳои зиёд ба ҳар сӯ панҷа мезананд ба поин партоб гардида нӯги он даври гардани шохаи зер ҳамоил шуда онро ба боло мекашад. Рӯз то рӯз ин каманди сабз кашидатар ва ин шохаи сарозер болотар мешуд, то бо қади бутта рост гардид.
    Бале, зоҳиран корномае нест. Мо бисёр дидаем, ки анвоъи рустаниҳо ба ҳар навъ дасте меандозанд, то муттаккое пайдо кунанд, вале ин бор аҳвол дигар буд. Бояд ин бутта як маркази дорои ақл (мағз) ва эҳсос (дил) дошта бошад, то аввалан вазъи он порае аз худро ташхис бидиҳад ва сониян бо эҳсоси ҳамдардӣ барои наҷоти он бикӯшад. Пас оё танҳо банӣ Одам аъзои яке пайкаранд? Ё Банӣ олам аъзои як пайкаранд? Пас оё вақте, ки Бедил мегӯяд «Санг ҳам диле дорад» танҳо аз маҳалли шоирист, ки чунин мегӯяд? Эҳсос мекунам, ки шаҳодати санг дар мушти Бӯҷаҳл чӣ ҳад ба ҳақиқат наздик аст…
    Номи он гулро намедонистам ва қарор буд номе барояш биёбам. Номашро «Камандандоз» гузоштам. Ҳузури зиндааш аз он ба баъд маро вомедошт, то дар он муҳит ҳарфи дуруште ба забон наёрам ва рафтори наёзмудае накунам. Чун он шоҳиди осмоншитоб дар ин парвозаш ба маҳзари Дӯст паёми талхе аз мо набарад.
    Соли 2009

    ОтветитьУдалить
  7. ҲИКМАТИ СЕБ

    (Аз силсилаи «Тасбеҳи рӯзгор)

    Як рӯзи бофараҳи авалҳои тирамоҳ буд. Рафиқи мо Рашид, ки боғи хушҳавое дошт ва худ чун мутахассиси ботаҷрибаи боғдорӣ дар он анвоъи дарахтони мева ва зинатиро парвариш мекард, моро ба боғи худ даъват карда буд, то маҳфили навбатиро, ки ҳар ҳафта як бор баргузор мекардем ва дар он аз ҳар даре сӯҳбату баҳс мекардем, дар ин муҳити дилкушо баргузор намоем. Мо ҳам аз ин даъват хушҳол будем, зеро ҳар шаҳрнишине чунин фурсатро орзу мекунад. Рашид ду мизи сафеди шохиро (пластикӣ) канори ҳам гузошта даврашон курсиҳои ҳамранги мизро ва рӯйи хони ҳамчунон сафеди беғубор анвоъи неъматҳоро чида буд. Ин сафинаи сафеди ҷаззоб дар канори ҳавзи мусаффои сангӣ мисли як асари санъат дилрабо буд ва сӯҳбати мо ҳам дар ин муҳити босафо самимонаву дӯстона сурат мегирифт.
    Албатта, аз он ҷо ки пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ин боғи зебо ҷалб карда буд, сӯҳбат аз тавсифи дарахтон ва хосийяти онҳо шурӯъ шуда буд ва Рашид бо мамнуният як-як бо даст ба дарахтонаш ишора карда онҳоро мисли як инсон ба мо муаррифӣ менамуд ва тавсифи онҳоро муфассал адо мекард.
    Ифтихораш бештар аз себи нави пайвандӣ буд, ки мегуфт ин ихтироъи худам аст ва назирашро дар ҳеҷ ҷо пайдо намекунед. Он дастниҳол ба гуфти худаш дар як кунҷи нонамоёни боғ буд, то чашм нарасад.
    Чун ҳамеша риштаи сӯҳбат ба мавзӯъи илм ва эътиқод ё дин кашида шуд ва майдондорони аслӣ чун ҳамеша ду тан қарор гирифтанд, яъне Рашид, ки худро намояндаи илм медонад ва Ҳалим, ки агарчи олими хуби риёзидон аст, дар баробари Рашид дар ин баҳсҳо ҳамеша нақши намояндагии диндоронро адо мекунад. Чун ҳамеша поёни ин баҳс ба ҷойе мекашад, ки Рашид барои мулзам кардани Ҳалим як-як аз чанд тан ба истилоҳ «муллое» ном мебарад, ки гӯё чунину чунон кардаанд ва агар мусулмонӣ ҳамин бошад вой бар мусулмонӣ! Ва давоми ин сӯҳбат ба моҷарои нодилпазир мекашад.
    Ин бор ҳам чунин шуд, вале дар ин бахш аз сӯҳбат Ҳалим сукут ихтиёр карда буд ва ба оташи баҳси Рашидро бод намедод. Фикр мекардем, намехоҳад дар хонааш ӯро биранҷонад, агарчи худи Рашид ин фикрро намекард, ки дар сари мизи худаш набояд чунин тунд баҳс кунад.
    Ҳалим пас аз чанд муддати сукут оҳиста-оҳиста сӯҳбатро ба маҷрои пешин баргардонд ва боз Рашид ҳарфро сари ихтироъоти худ бурд ва саргарми таъриф шуд. Ин мавқеъ буд, ки Ҳалим гуфт:
    - Хайр, Рашид, ҳамон себи нават гирифтааст?
    - Албатта, агар намегирифт, ман магар аз ихтироъе ҳарф мезадам.
    - Хуб, мо пеши ниҳол намеравем, ки чашм нарасад, вале худат як дона себашро ба мо нишон намедиҳӣ?
    - Ба ҷону дил – шодона нидо кард Рашид ва аз ҷояш баланд шуд, то рафта аз он себ мева биёрад. Мо ҳам хушҳол будем, ки сӯҳбат сурати нарму дӯстона гирифт.
    Рашид омад. Дар дасташ як себи лаългун ва шодоб гӯё медурахшид ва чеҳраи худаш ҳам мисли он афрухта буд.
    - Ана, ихтироъи банда! – Бо тантана ва бо камоли бовар ба муваффаққияти худ нидо кард Рашид ва себро чун тимсоли курраи арз дар миёни миз гузошт ва чашми ҳама ба он духта шуд. Ҳамагӣ ба тавсифи ин дастоварди воқеан муҳими Рашид пардохтем.
    - Рашид, дилат нашуд, ки беҳтарин меваашро биёрӣ? – Ногоҳ суол дод Ҳалим.
    - Чаро? Ин аз беҳтарин меваҳои он дастниҳолам аст, чаро дилам намешудааст? Баракс, ман онро интихоб кардам, ки ихитироъи маро беҳтар маълум созад.
    - Пас дар он дастниҳоли ту меваҳои пучу ноқис ҳам ҳаст?
    - Албатта, меваҳои кадом дарахт ҳамагӣ хубу яксон мешавад?
    Ангор табассуми нарме дар лаби Ҳалим дамид, ҷумбе хурд ва як-як ба мо нигоҳ карду сипас ба чашмони Рашид нигарист ва гуфт:
    - Пас чаро аз боғи Худо, боғи оне, ки офаридгори ин ҳама, аз ҷумла сохтаҳову пардохтаҳову мову ту ҳаст, ва офаридгору парвардигору ману ту ҳам ӯст, ҳамеша ба намунаҳои камтарин таваҷҷӯҳ мекунӣ ва танҳо онҳоро мисол меорӣ. Магар дар ин Фирдавси ҷовидон ҳазорон ва милюнҳо намунаҳои олӣ мавҷуд нест? Инсоф куҷост, Рашид!
    2009

    ОтветитьУдалить
  8. ДАНДОНИ МОР
    (Тасбеҳи рӯзгор)

    Раҳими даҳмарда аз саргузашти худ ҳикоятҳои аҷиби бисёр дошт. Вақте ки молашро ба болои деҳа меовард, бачаҳо дар атрофаш ҷамъ мешуданд ва ба саргузаштҳои аҷибаш гӯш медоданд. Аз ҷумлаи яке аз чунин саргузаштҳо, ки аз забони дигар даҳмардаҳои ҳамроҳаш ҳам машҳур шуда буду мо бевосита аз худи ӯ шунида будем, чунин буд.
    …Гӯспандро (рамаро) дар дашти Сари Тепа ба чаро сар дода, якпаҳлӯ дароз кашида истироҳат мекардам. Ногоҳ чашмам ба мори холдори калоне уфтод, ки аз ҷои нишастам чандон дур набуд. Дар ҳамон ҳоле ки якпаҳлӯ ёзида будам санги теғадореро гирифтам ва ба сӯи мор партоб кардам. Санг ба нуқтаи якваҷабии думи мор, ки дар ин лаҳза аз рӯи санги дигар мехазид бархӯрд ва аз он ҷо думи мор канда шуд. Мор боқии ҷисмашро гирифту гурехт. Чанд санги дигарро аз паяш партоб кардам, вале ба мор нарасид. Мор нопадид шуд.
    Мори зиёд дида ва бисёрашро кушта будам. Албатта мор ба гӯспанд зарар расонда наметавонад. Балки гӯспанд морро бо сумаш мекӯбаду мекушад ва ҳатто баъзан онро мехӯрад. Мегӯянд баъзанд гӯспандон ба беморие мубтало мешаванд, ки давояш мор аст. Ин вақт аст, ки гӯспанд морро мехӯрад ва пас аз он ҳарорате дар бадани гӯспанд пайдо мешавад, ки дар натиҷаи он тӯлак мекунад (пашмаш мерезад). Инҳоро медонистам. Вале ин дафъа як хел дилам сиёҳ шуда буд. Ташвиш шуда будам. Баъд маълум шуд, ки беҷо нест. Дар бораи кинаи мор ҳикоятҳои бисёр шунида будам. Ин бор ба чашми худ дидам.
    Чанд бори дигар ин мори думкандаро ин ҷову он ҷо дидам. Ӯ ҳам ҳар бор маро медид ва зуд нопадид мешуд. Тааҷҷуб мекардам, ки гӯспандро (рамаро) ҳар ҷое ки мебарам, ҳар қадар, ки аз он ҷои ҳодиса дуртару дуртар мешавем боз ҳам ин морро мебинам. Ин ҳодиса ҳама ҳушу ёди маро банд карда буд.
    Як рӯз молро пас аз чаро вақти чошт сари об мебурдам. Нохост чашмам ба шохи сирка (бузи пешгарди рама) хӯрд, ки як чизи ало дар он печида буд. Ман ки ҳамеша ҳушу ёдам банди мори холдори думканда буд, даррав фаҳмидам, ки гап дар куҷост. Дигар онро зери чашм гирифтам ва лаҳзае ғафлат намекардам ва кӯшиш мекардам, ки мор ҳам маро набинад ва нафаҳмад, ки ман онро дидаам.
    Гӯспанд об хӯрд ва руйи замини ҳамвори камалаф хобида дам мегирифт. Ман дар як ҷое ки ба тахминам ба чашми мор намоён буд, чакманро андохтам ва як каме дар болояш нишастаму оҳиста аз ҷоям бархоста дуртар рафтам ва аз он ҷо бо як гӯшаи чашмам ба шохи сирка нигоҳ мекардам. Ҳалқаи мор оҳиста-оҳиста боз шуд ва худро аз шохи буз поин андохту роҳӣ шуд ба сӯйи чакмани ман. Омаду рост дар остини чакман даромад. Намедонам бо замин буд ё осмон дар як нафас худро ба чакман расондам. Ду тарафи остини чакманро, ки мор дарунаш рафта буд бо пойҳоям зер кардам. Мор дар миёни остин монда буд ва печутоб мехӯрд. Беҳуда. Ман бо ҳамин асо (Раҳими даҳмарда ба нӯги асои ирғайаш ки тақрибан як ваҷаб оҳани нӯгтез дошт ишора кард) ҳай мезадам ба остин. Остини чакманро якҷоя бо мор пора-пора кардам.
    Он рӯз молро ба ёрдамчиям супурдам ва баъди чандин муддати бехобиву нороҳатӣ бори аввал баҳузур хоб кардам.
    Раҳими даҳмарда остини чакманашро (албатта чакмани навашро) аз дарун гардонд ва дар рӯи дарзи рости таги каш ба порчае ки сурати тӯморро дошт ишора карду гуфт: - Дандонаш ин ҷост.

    ОтветитьУдалить
  9. КИТОБ

    Зиёд иттифоқ меуфтад, ки аз ман суол мекунанд: «Ҳеҷ китоб дорӣ?». Ва ҳар бор беихтиёр ин посух аз лабам меҷаҳад: «Китобро танҳо пайғамбарон доранд!». Ба наздикӣ дар ҷамъе ҳамин моҷаро такрор шуд ва як дӯстам, ки миёни ману ишон таоруфе нест ин бор бо дилтангӣ гуфт: «Чаро тӯтивор ҳамеша ин ҷумларо такрор мекунӣ?!». Лозим донистам таърихчаи ин ҷумларо бигӯям, агарчи ҳамеша метарсам, ки онро мабодо сохтаи хаёлоти ман пиндоранд. Вале ин як воқеияти оддӣ, на, начандон оддӣ, будааст.
    Аввали солҳои 90 буд. Пеш аз ҷангҳои дохилии Тоҷикистон. Ҳамон вақтҳо нахустин маҷмӯаи шеърамро барои чоп ба нашриёт супурда ва дар интизори чопи он будам. Солҳои авҷи китобхонӣ ва нашри китоб буд. Қафасаҳои китобфурӯшии «Тоҷиккитоб» барои китобҳое ки ба намоишу фурӯш гузошта буданд тангӣ мекард. Ҳар бор ки аз канори ин китобфурӯшӣ мегузаштам, ҳатман он ҷо медаромадам, то бубинам чӣ китобҳои тозае барои фурӯш арза шудааст. Он бор ҳам китобҳоро тамошо мекардам, ки ҳамин вақт мӯйсафеде вориди китобхона шуд. Мӯйсафед дар тан яктаҳи озодаву шинам, дар пой маҳсиву калуш ва дар сар тоқии чустӣ дошт. Хиёл мекардӣ, ки вайро барои бардоштани акси намуна аз як мӯйсафеди тоҷик ороста буданд. Вай муддате ба китобҳои чида дар қафасаҳои китобфурӯшӣ бодиққат нигоҳ карда, унвони баъзе китобҳоро бо садои хафиф ва ҳаракати лаб мехонд ва ҳамин тавр гӯё мутолиаи худро аз китобфурӯшӣ ба поён бурда, дар ҳоле ки ба наздики дари баромад расида буд, замоне чашм аз радаи китобҳо бардошту ба сақф нигоҳ кард ва бо садое, ки барои ҳамаи ҳозирон шунаво буд хитоб намуд: «Замонҳои пеш китобро танҳо пайғамбарон доштанд, ҳоло ҳама китоб доранд!» ва ба маҳзи гуфтани ин ҷумла аз китобфурӯшӣ берун шуд.
    Китобфурӯш лабханде зад, муштариён бо тааҷҷуб аввал аз пайи мӯйсафед, баъд ба якдигар нигоҳ карданд. Ман аз ин саҳна ва ин хитоба моту мабҳут шуда будам. Аз зеҳнам гузашт, ки ин паёме барои ман буда бошад. Зуд берун омадам ва ба ду сӯи ҷода нигоҳ кардам. Аз он мӯйсафед асаре набуд…
    Ин саҳна ҳамеша дар пеши назарам зинда ва муҷассам аст ва ин хитоб мисли сабти навор дар ёдам. Ҳар бор аз ман суоли китобамро кунанд, ин навор ба гардиш меояд ва ғайриихтиёр ҳамин посух аз лабам ҷорӣ мешавад: «Китобро танҳо пайғамбарон доранд!».

    ОтветитьУдалить
  10. УСТОДИ УММӢ
    (Тасбеҳи рӯзгор)
    Ман ӯро Устоди уммӣ номидам, агарчи саводи хондану навиштан дошт ва ба таври пароканда китоби зиёде ҳам хонда буд ва матҳои зиёдеро ҳам азёд медонист. Аммо ба ончи хондаву азёд карда, эътиное надошт ва камтар аз он ҳам ёдовар мешуд, балки ҳарчи мегуфт гӯё аз таҷриба ва диди худ мегуфт. Чизҳоеро медиду мегуфт ва шарҳу маъно мекард, ки пеши назари ҳама буд ва гӯё ҳама медонистанд, аммо ба он эътибор намедоданд, ё аз зовияи диду нигоҳи ӯ ба он чизҳова нуктаҳо таваҷҷӯҳ намекарданд. Ӯ шахсияте буд ҳакиму хирадманд ва ҳама рафтораш панду андарз. Агарчи рафтораш ба далели он ки ба рафтори умуми инсонҳо шабоҳати комил надошт ва дар чорчӯби урф намегунҷид, гоҳо ғариб ба назар мерасид, то ҳадде, ки баъзеҳо фикр мекарданд ҷунун дорад. Он гуна ки ҳама ҳакимони воқеӣ ҳадафи ин навъ суизанн будаанд, бахусус агар аз саводи расмӣ ҳам маҳрум будаанд. Устоди уммӣ марди миёнсоле буд ва дар ҷавонӣ ба далоили гуногун ба кишварҳои зиёде сафар карда ва дар ҷамъи афроди гуногун ба сар бурда, хулоса ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро озмуда буд. Ҳамеша ҷамъе аз ҷавонон ва бачаҳои рустоӣ атрофашро гирифта буданд ва ба ҳикоёти ҷолибаш гӯш медоданд. Ӯ ҳам гӯё ин «дарси озод»-ро барои худ як шуғли аслии зиндагияш шинохта ва пазируфта буд. Ағлаби мардуми русто ҳам аз вуҷуди ин устоди беминнат, ки медонистанд, насоеҳ ва андарзҳояш дар бачаҳо хеле муассир аст, розӣ ва мамнун буданд. Ба ҷуз аз чанд нафаре, ки табъан ҳамеша дар ҳар ҷо вуҷуд доранд ва «гапҳои калон»-ро барои бачаҳо мамнӯъ медонанд ва шадидан нисбат ба насиҳат ва андарз бадбин ҳастанд. Аммо ҳоло маҷоли ин ҷузъиёт нест ва чанд лавҳаи ҷолиберо, ки аз «дарсҳои озод»-и устоди уммӣ дар ёд дорам, мехоҳам ин ҷо нақл намоям.

    ГАНҶ
    Овоза шуд, ки яке аз гӯрхонаҳои харобе маснуоти тилоӣ пайдо кардаааст. Ин хабар табиист ба маҳзари устод ҳам расида ва дар маҳфили озод «муҳокима» мешуд. Ҳоло намедонистем, аз ин ҳодиса чи ҳикмате боз кашф мешавад. Устод мефармуд: - Бузургон гуфтаанд, ки ганҷ дар вайронаҳост. Ин албатта маънои зиёд дорад. Ганҷ ҳам як навъ ғанимат аст, ҳар касе пайдо мекунад, моли ҳалоли ӯст, агар вориси қонуние надорад. Аммо андешаи ман ҳоло ин аст, ки дар ин мавридҳо чаро нафаре аз мо намегӯяд, ки ин зарро бардорам ё на. Чун дар миёни устухонҳои пӯсида, дар гурхонаи кӯҳна, олуда ба сад навъ гилу хокистар ва чунину чунон аст. Аммо чун андарзе, ҳикмате, маъруферо бишнаванд, ки холистар ва гаронтар ва наёлуданитар аз ҳар навъ зару зеваре аст, онро ба сад паҳлу мегардонанд, тафаҳҳус мекунанд, инро ки гуфтааст, чаро гуфтааст, то куҷо салоҳият дорад, то куҷо ҳақ дорад, амалаш чист ва … нафси ҳикматнопазир ва насиҳатношунави мо ҳазор навъ баҳона меҷӯяд, то бошад чизе пайдо кунад, ки аз пазируфтани он ҳикмат, ки аслан моли Худованд ва моли ҳалоли ҳар мӯъминест, сар бупечад.

    ОтветитьУдалить
  11. АШКИ МАРЯМ
    Дар посухи пурсиши як дӯстам.

    Нуктаҳое равшан ҳаст, ки ҳамеша зеҳнро машғул медоранд, то он ки шояд замоне ба сурате аз замир сар бурун оранд: мақолае, ҳикояте, шеъре бишаванд. Яке аз ин хотирмашғулиҳои ман ҳамеша ин маъно будаааст, ки чи чизест, ки инсонҳои одӣ, заҳматкаш ва ҳамеша гирифтори мушкилот ва масоиби зиндагиро, ононеро, ки ҳатто барои дастрасӣ ба камтарину содатарин василаҳои дилхушӣ ва фароғи бол маҷол ҳам надоранд, вомедорад, то аз ҳар тариқи муяссар ба зебоӣ ва отифаи инсонӣ, ба умед ва орзу арҷ бигузоранд. Оре, ватани ниҳоии Инсон биҳишт аст. Аз он ҷо омада ва ба он ҷо бармегардад. Он ҷо маъмани зебоиҳо, умедҳо ва дидор бо гумкардаҳо ва аздастдодаҳои хеш аст.
    Ду нафар пирзан буданд, ки бо хонаводаамон хешовандӣ доштанд. Онҳо келину хушдомане буданд якҷо ба камоли пирӣ расида. Дар ҷанги Олмон нишони ҷавони паҳлавонесимоеро, ки сураташро чун гаронбаҳотарин дороии худ дар чорчӯби сода ҳифз мекарданд, гум карда буданд. Ин ҷавон, ки Шамсиддин ном дошта, писари яке ва шавҳари дигаре буд. Агарчи аз ӯ фарзандони бохонаву дар боқӣ монда буд, вале ин ду нафари ҳамеша мунтазир ва умедвор бо ҳам ва бо он сурат дар ҳамон кулбае, ки паҳлавони худро гусел карда буданд, мезистанд. Ҳавличае доштанд ва мухтасар истифодае, ки аз он мекарданд, ин буд, ки дар он гашничу пиёзу райҳону дигар сабзиҳо ва ҳатман дар марзи тахтҳо гул мекоштанд; баҳорӣ ва тирамоҳӣ. Ҳатман. Он вақт, ки кӯдак будем, албатта ақлам ба тааҷҷуб кардан намерасид, вале ҳоло тааҷҷуб мекунам, ки бо он ҳол, чи чиз онҳоро вомедошт, ки гул бикоранд. Албатта умед ва имон. Вале ин посухи мухтасар аст, кам аст. Гоҳо сандуқҳои худро зеру рӯ мекарданд ва ба мо ҳадяе медоданд, ширинӣ ё хушкмева. Дар ин ҳангом гоҳо бастаеро мекушоданд, ки тухми гулҳои гуногун дошт, боз мебастанд ва ба сандуқ мегузоштанд. Донаҳое аз ин таасурот дар замири ман уфтода, ки баъдҳо ба сурати дубаргае ё садбарге сар бурун овардааст:

    То интизор ҳаст,
    Дар ҷомадони пирзанони сапедфол,
    Дар то ба тои суфи кафанвори мушкбӯй
    Як баста базри гул
    Назри баҳор ҳаст…

    Дар миёни анвоъи гулҳояшон буттагуле буд шабеҳи сипанд ва дона медод бузургтар аз донаи сипанд, гирду суфта чун марворид. Онро «ашки Марям» меномиданд. Аз ин донаҳо тасбеҳ мекарданд. Тасбеҳи ашки Марям. Боре аз онҳо напурсидам, ки чаро «ашки Марям?». Шояд агар мепурсидам, қиссаи ҷолибе аз сарнавишти ҳазрати Бибимарям ва ҳазрати Исо мешунидам ва ба хотир месупурдам. Дареғ.
    Мо донишҷӯ будем ва дар шаҳр, ки онҳо дар фосилаи кутоҳе пайи ҳам реҳлат карданд.
    Даргузашти ин ду пиразан низ достоне дошт пурдард. Рӯзе дар яке аз маъракаҳое, ки ба нудрат ин ду нафар хилватнишин ба чи ваҷҳе ширкат дар онро барои худ зарур мешуморанд, зани меҳмоне ноогоҳ (ё, худо медонад, огоҳ) аз дарду доғи модарони мунтазир ёддошти як асири ҷанги Олмонро, ки ба асорат уфтода ва раҳоӣ ёфта, қисса мекунад, ки қаҳрамони он қисса, Шамсиддин будааст.
    – Шамсиддин бо қаҳру ғазаб чизе ба афсари немис гуфт, ки ӯ якбора алов гирифт ва кордро аз ғилоф кашида ба нуги пойҳояш хест ва ҳамчунон ба сараш фаровард, ки то миён дупора шуд…
    – Оҳ! – Ин охирин садое буд, мардум аз модар шуниданд, дигар касе то дами марг чизе аз ӯ нашунид. Модар бо қалби дупора дар такяи дасти шарикаш ба кулбачаи худ расид ва пас аз муддате ҷон дод. Ҳамроҳаш низ ӯро дер мунтазир нагузошт. Пас аз муддате бо ӯ пайваст.
    Хеле дертар иттифоқе рух намуд, ки маро ба он замон ва он муҳит баргардонд. Замони муҳоҷират аз деҳа чун ба манзили мақсад расидам ва либоси нав ба тан кардам чизеро дар ҷайби бағалам эҳсос намудам, даст ба ҷайб бурдам. Тасбеҳ буд – ашки Марям!
    Ҷараёне чу хати барқ аз нӯки ангуштон ба қалбам ва баъд ба гулуву чашмонам давид.
    Он тасбеҳ ҳамеша бо ман буд. Чанд бор ресмонаш иваз шуд, аммо боқӣ монд.
    Ҳанӯз ҳаст.

    ОтветитьУдалить
  12. ИМТИҲОН
    Охирҳои тобистон буду рамазон. Мавсими имтиҳони нафсу имон дар кураи тафсони рӯзҳои дарози сӯзон. «Дил ба дарё задем» ва қарор додем, ки ба оғуши куҳҳо, миёни дарраҳо биравем. Сирф барои гардишу тамошо. Дар рӯзҳои маъмулӣ вақте, ки ба куҳгардӣ меравем, одатан аз қабл тавре омодагӣ мегирем, ки гӯё ба иди қурбонӣ ё зиёфати худу ҳамроҳон мерафта бошем. Дегу табақу масолеҳи зиёди ошпазӣ мебардорем ва агарчи чунин вонамуд мекунем, ки ин чизҳоро ҳамтур барои як навъ саргармӣ ва каме ҳам бошад, тақвияти мадори пой ва сарҷамъ шудан даври як хон барои соате гирифтаем ва дар асл қасди мо ҳаргиз зиёфатхӯрӣ нест, балки маҳз гардишу тамошо ва баҳраварӣ аз обу ҳавои ҷонбахши куҳсорон ва тамошои рӯдҳову обшорони мусаффо мебошад, аммо виҷдонан бояд иқрор кард, ки саҳми бештари зеҳну андеша маътуфи ҳазрати дегу учоқ ва додаҳои онҳост. Вақте ҳам ки хон густарда мешаваду даври он менишинем, дигар яқин аст, ки ба истгоҳи охирини гардишҳои худ расидаем ва аз ин ҷо мошин моро рост ба манзил мебарад.
    Ҳоло чи? Мо рӯзадорем. Мошини мо ҳамроҳи мо мисли насим сабук дар қадди дараи Фарко медавад ва гӯё бо вуҷудҳои вораставу беқайд ҳамроҳи накҳати гулу гиёҳони дарра дар фазо мавҷ мезанему сайр мекунем. Ду рӯди мусаффо аз ду канори роҳ чун булури гудохта, ва гоҳе ки ба сангҳо хурдаву сарозер мешаванд, чун шири навҷӯшида кафк зада дар маҷрои муқобили ҳаракати мо мераванд, то ба Сурхоб бипайванданд ва муддате чун шерози нилгуни ҷомаи сурхранги Сурхоб худро ба девори соҳил фишурдаву риштаи борикеро ташкил дода ҳаракат кунанд ва дар ниҳоят бо он мулҳақ ва якранг шаванд. Тамошои об дар ташнагии тамуз лаззате дорад:
    Магарам ташна шавӣ мисли гиёҳе ба биёб,
    То бидонӣ ғазали об чӣ ширин будаст.
    Ҳоло меравам пиёда ба саргаҳи ин рӯдҳо, вузу мегираму намоз мехонам рӯи тахтасанге ва рӯи ҳамон тахтасанг менишинаму гӯш медиҳам ба шарфаи бошукӯҳӣ рӯд ва чашм медӯзам ба амвоҷи мусаффои он ва алмоспораҳое ки ба сангҳо хурда пош медиҳад ва чанде битавонам ин муроқибаро давом медиҳам, агар замоне ҳам хобам бибарад тахти хубест мармар. Дар ин ҳол равони инсон полоиш меёбад, мисли шишаи чароғ мусаффо мешавад, он қадар ки гӯё нур аз вуҷуди шумо ба содагӣ убур мекунад. Ин андешаҳо моро ба осмон мебарад ва бо замин фосила мегирем.
    Ҳануз аз саводи деҳаи қади дарра берун нарафтаем. Дар самти чап сафи дарахтони беду тут ва тасмаи сабзи ёзидаи киштзорон намоён аст. Ногоҳ фавҷе аз майнаҳо аз болои як тути куҳансол бо фарёди баланд ба сӯи мо ҳаракат мекунад ва наздик расида боз аз фазо бармегардад ва бо ҳамон фарёд ба сӯи тут мепарад. Фавҷи онҳо чун селаи занбури асал дарҳам фишурдаву часпида аст.
    – Биист! – Нохост фармони омиронае медиҳам ба ронанда. Дари мошинро боз мекунему мепарем ба сӯи тут, ки дида будам гурбае ба шикофи кундаи он сарозер дарун рафт. Қазия равшан аст, гурба қасди ҷони чӯҷаҳои майнаро дорад.
    Мо се нафар ба шикофи кундаи тут чашм медӯзем. Як ваҷаб дарунтар гурба шикамашро дар зер фишурда сарро боло карда ба мо менигарад. Аҷабо, нигоҳаш чӣ ором вале илтиҷоомез аст. Ҳар қадар ниҳеб мекунем аз ҷояш намеҷунбад ва ҳамоно ба мо менигарад. Яке аз ҳамроҳон шохаи хушкеро шикаста ба пушти ӯ сих мекунад. Гурба бо мияв-мияви омехта бо илтиҷову шикоят поин меравад ва аз тарафи муқобили кундаи тут ки зоҳиран мурии баромадгоҳаш будааст берун меҷаҳад.
    Ончи аз зери шиками гурба дар он сурохӣ падидор мегардад, на байза аст на чӯҷаи майна. Аввал аз фазои торики даруни тут се ҷуфт ситора оҳиста-оҳиста тулуъ мекунад ва батадриҷ ҳолае даври ин ситораҳо сурат мебандад, ки чеҳраи маъсуму зебои се бачаи гурба аст, ки гӯё вуҷудашонро аз нахи шомусаҳар танидаанд. Ҳоло ба фарқи неку бад намераванд ва ба сӯи мо ҳам бо оромишу дӯстрӯӣ нигоҳ мекунанд, гӯё итминони комил доранд, ки ба ин зебоӣ ва дилкашӣ ҳеч мавҷуде қодир нест ба онҳо камтарин зарару зиёнро раво бинад. Воқеан ҳам чунин аст.
    Рӯҳия аз арш ба фарш бармегардад. Виҷдон барои бадгумонӣ дар баробари як гурба зону мезанад ва пӯзиш мехоҳад.

    ОтветитьУдалить
  13. – Касе ҳанӯз надида, ки як гурба дар чунин фосилаи дур аз одамон ва дар танаи дарахт бача кунад. Ва боз, майнаҳо ин майнаҳои воҳимаи ҷанҷолӣ, ки шояд дар шохи ҳамин тут ё беди канори он бача доранд, моро ба иштибоҳ андохтанд. – Узр меҷӯяд виҷдон. Аммо… дигар сафои он андешаҳои баландпарвози пешин нест.
    Ҳоло биравем ба саргаҳи рӯд ва он чиро мехостем, анҷом бидиҳем. Иддаъои он сафои осмониро дигар надорем. Аммо шояд қадаре ғубори ин шакк зидуда шавад.

    ОтветитьУдалить
  14. ШИШЕ

    Рӯйи девори сафеду баланди пушти хонаи канори кӯчаи хилват, ки дар он ҳамроҳи писари холаам Зоир қадам мезанем, бо чизе шабеҳи ангишт, бо ҳуруфи калону ғафс навишта шудааст: «ШИШЕ» ва дар охираш як каллаи мудаввари хандон. Ин навиштаи сиёҳ ба назари ман чун барқ мерасад ва уфуқҳои зеҳнамро то дуродур равшан мекунад.
    -Ин хонаи кист? – Мепурсам аз Зоир.
    -Хонаи муаллими Шоҳназар.
    - Худоё худовандо! Рост мегӯйӣ?!
    - Хонаи Шоҳназари муаллим аст.
    -Ҳоло муаллим дар куҷост?
    -Дар Русия.
    -Барои ҳамин («Шише»)?
    Зоир механдад;
    -Намедонам, набояд, албатта.
    Эй кош битавонам, мухолифонро ҳозир бикунам ва бигӯям ин қазия бо ҳама талхӣ яке аз он далелҳоест, ки мардум забонро ба чи шиддат ва ҳатто бераҳмӣ назорат мекунад. Шояд, ин савқи табиӣ ва фитрӣ бошад, дар акси ҳол ба ин ҳад сахтгирӣ намешуд: ҳамеша миёни ману дӯстон баҳс буд сари ин маънӣ, ки мегуфтам соҳиб ва нигаҳбони забон мардум аст ва аксари онҳо мегуфтанд, ки шоирону нависандагон ва чанд тан донишмандон ҳастанд, ки «забон» мегӯянду бо он сару савдое доранд. Мардум, ки битавонанд ба тавре ҳарфи худро бигӯянду якдигарро бифаҳманд, дигар коре ба шаклу маънои калима надоранд, онро мисли адибон пушту рӯ намекунанд «бӯ намекашанд». Наздик буд ман ҳам пайрави ин назария шавам ва соҳиби забон будани халқро бофтаи идеологҳои сиёсати синфӣ бидонам. Он як-ду далелро ҳам ки барои исботи назари худ доштам, фаромӯш кунам. Вале инак, ин девори баланде ки сарам боз ба он бархурд, маро ба масири пешин бармегардонад.
    Таърихчаи моҷаро чунин аст:
    Муаллими варзишамон бемор шуд. Варзиши сарҷамъие, ки ҳар субҳ пеш аз шуруъи дарсҳо анҷом мешуд, бе сарвар монд. Мудири мактаб аз муаллими ҷавони география, ки бо тавсияи вазорати омӯзиш аз шаҳраки № ба деҳаи омада буд ва зоҳираш ба варзишгар мехурд, хост, ки машқҳоро раҳбарӣ кунад, машқҳо ҳам сода буд. Бо амри як, ду, се дастҳоро ба паҳлу ва боло дароз мекардем ва ба чор гуфтан ба қад раҳо. Муаллим зоҳиран ҳосаи мусиқияш қавӣ буд, ки талаффузи як-ду-се-чор-ро на танҳо ба ритм даровард, балки бар он ду рақам бо ду ҳаракати дигар ҳам афзуд ва барои он ки ин ритм мавзун бошаду сакта ба миён наояд як «е» ҳам дар охири ҳар «шаш» (ба гуфти худаш «шиш») изофа намуд. Бад-ин тариқ машқ шурӯъ шуд ба амри оҳангдори «як-ду-се-чор-панҷ-шиш-е-як-ду-се-чор-панҷ-шиш-е-як...». Пиқ-пиқу фих-фих шурӯъ шуд ва чанд кас ҳам аз саф хориҷ. Аммо ҳоло ин муқаддимаи як борони шадиди истеҳзо буд ва абрҳо ҷамъ мешуданд.
    Баъди анҷоми машқ ин ҷову он ҷо «шише»-гӯйӣ шурӯъ шуд ва рӯзҳои дигар авҷ гирифт. Хусусан дар пушти дари синфе, ки Шоҳназар дарс дошт.
    Аввал чандон эътибор надод, вале бас нашуд. Бо шиддат меомаду дарро боз мекард. Аммо «шише»-гӯ фикрашро карда буд, ғайб зада буд ва ин вақт боз аз дохили синф, як «шише»-и дигар садо медод ва Шоҳназари бечора албатта соҳиби онро пайдо намекард. Кам-кам ин ҷову он ҷо, албатта ба ҳисоби он ки ба чашми Шоҳназар бирасад, «шише» ба сурати навишта ҳам пайдо шудан гирифт.
    Шоҳназар, боре ба ман дарди дил кард, гуфт: ба гӯшам дигар аз овози парандаҳою шарфаи об ҳам «шише» мерасад. Ҳатто, дирӯз вақте ки як ғулба дар ҳавлии мо пайдо шуду шақ-шақ кард, ҳамсарам ҳаросон ба сӯи ӯ кулух андохт ва дуояш кард, ки пештар ҳеч гоҳ чунин намекард. Гуфтам чаро ин корро мекунӣ? Худашро сипоҳ гирифту гуфт, ки шумхабараш мегӯянд, афташ дар гӯр! Аммо медонам, тарсаш аз чӣ буд.
    Дахолати мудир ва дигар хайрхоҳон низ бенатиҷа анҷомид. Шоҳназар тоб наовард.
    Рафт ба шаҳраки худаш...
    Ин моҷароро Зоир медонист. Аз ӯ пурсидам.
    -Ин «шише» чи тавр ӯро дар ин ҷо пайдо кард? Ту ба касе гуфта будӣ.
    -Не, бахудо. Дар ин ҷо ӯ танҳо нест. Мардуми ин ҷо ҳам аз мардуми ҷоҳои шумо «камтар нестанд». Боз як каси дигарро «узангӣ» мегӯянд, ки ӯ боре узангуро узангӣ гуфта ва даъво ҳам кардааст, ки дурусташ чунин аст ва мардум иштибоҳ мекунанд. Як каси дигарро куду (каду).
    Биёву бубин, кӣ мегуяд ин халқ соҳиби забон нест?!
    Қандта бихуру як калимаро вайрон талаффуз бикун. Он вақт мебинӣ, ки соҳиби ин забон кист!

    ОтветитьУдалить
  15. КИШТИИ ТЕМУРМАЛИК
    Темурмалик устоҳои дуредгари Хуҷандиро ғун карда онҳоро ба зери дасти устоҳои моҳири киштисоз супурда, 12 киштии бодбонӣ созонид ва вазифаи саринженериро худаш адо карда, барои он киштиҳо нақшаро худаш кашида дод.
    Агар киштиҳои Темурмалик монанди киштиҳои одии он замон саркушода сохта мешуданд, дар онҳо нишаста ба муқобили чингизиён ҷангидан мумкин намешуд. Зеро чингизиён дар вақти ба канор наздик рафтани киштиҳо мумкин буд, ки онҳоро ба санги манҷаниқ зада ғарқ кунанд ё бо зарфҳои пурнефт оташ зада сӯзонанд, ё ин ки бо тири камон киштинишинонро талаф кунанд.
    Темурмалик дар нақшаи худ ҳамаи ин нуктаҳоро ба назар гирифт ва мувофиқи нақшаи Темурмалик он киштиҳо сарпӯшида сохта шуда бар болои бом ва девораи онҳо чанд қабат намад кашида шуда нарм карда шуд. Дар атрофи киштиҳо як қатор даричаҳои сипардор гузошта шуданд, ки киштинишинон дар пеши он даричаҳо нишаста ба душман тир андохтанашон лозим буд. Пӯшиши киштиҳо ҳам ба шакли шервонӣ буда, ҳар чизе ки ба боми онҳо афтад, барқарор намеистод ва даррав ғелида поин мерафт.
    Киштӣ бо як паҳлу ба занҷир наздик расид. Даричаи киштӣ кушода гардид, дасти пурзӯри Темурмалик бо табарзин, ки монанди моҳи 4-5 рӯза бар рӯйи оби зулол дар ҳавои соф бо акси нури офтоби шаъшаапоши нимрӯзӣ медурахшид, намоён шуд.
    Табарзин дар ҳаво баланд баромад ва бо тезии барқе, ки аз ҳаво меҷаҳад, поин фаромад. Баъд аз дар об фурӯ рафтани занҷири кандашуда, садои шараққоси бурида шудани вай ба гӯши муғулон, ки аз дур нигоҳ карда истода ғарқ шудан ё ба муҳосира афтодани қаҳрамони пуртавонро нигарон буданд, расид ва дар паси садои занҷир садои кафи дасти чингизиён ҳам баланд гардид. Аммо маълум нашуд, ки онҳо ин кори мӯъҷизавори баҳодури номдорро бо қарсакзаниҳо таҳсин мекарданд ё ин ки ба сабаби аз доми занҷирашон ҷастани ин шери далер кафи афсӯс ба ҳам месуданд.
    *******
    П ӯ ш и ш и ш е р в о н ӣ – боми сағонашакл аст, ки ин гуна пӯшиш бинобар серборониаш аввалин бор дар Шервон одат шуда буд ва ба ин муносибат дар мо ингуна хонаҳоро шервонпӯш меноманд.
    Аз асари устод Айнӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”

    Пас аз мушоҳидаи силсилаи меъмориҳои таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” дар канори Сир, хусусан оромгоҳи намодини Шайх Камол тасмимам қатъӣ шуд, ки ин тарҳро ба поси бузургдошти Темурмалики шуҷоъу ватанпараст чун пешниҳоде бо умеди такмили ин силсила тасвир намоям, чун дер боз онро дар хотир парвардаам.
    Дар он ҷазирае, ки Темурмалик камин карда буд ва охирин шуълаҳои мубориза бар алайҳи ғосибони хунхорро зинда нигоҳ медошт, дар миёни дарёи Сир ба ҳамон сурати киштиҳое, ки устод Айнӣ ба равшанӣ тасвир кардааст метавон сохтмоне кард чандтабақа, ки дорои осорхона, бахшҳои фарҳангӣ, варзишӣ, ҳунарӣ ва ҳамчунин бозаргонию тиҷорӣ ва... бошад ва дар пеши ин сохмони киштипайкар муҷассамаи Амир Темурмалик дар ҳоле, ки табарзинро бар занҷир фуруд оварда ва занҷир пора шуда ҳанӯз дар ҳаво муаллақ мебошад ва бар об фуруд меояд.
    Асли тарҳи тасаввурии банда ҳамин аст ва албатта дар он ҷузъиёти дигаре метавонад ҷой дошта бошад.
    Танҳо ҳаминро метавон таъкид кард, ки ин тарҳ метавонад дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи ҳазинаҳояшро ҷуброн кунад.
    Номаш ҳам метавонад “КИШТИИ ТЕМУРМАЛИК” бошад.

    ОтветитьУдалить
  16. НУҚТА
    Пиразани урупоисурат пеш-пеши ман роҳист. Дар даст халтае дорад анбошта ва маълум аст, ки онро ба душворӣ мебаранд, он қадар, ки зуд-зуд аз як даст ба дасти дигар медиҳад ва озод не, ҳар бор онро ба замин мегузорад, то ба дасти дигар бигирад.
    Ман ҳанӯз аз фосилаи дур инро мушоҳида кардам. Дилам фишурда мешавад ва фикр мекунам, ки зиндагии ӯ чи сон бошад. Шояд комилан танҳо ва бе сарпараст аст. Вақте ки аз бари ӯ мегузарам, хитоб мекунам: «биёед, модар, ба шумо ёрӣ расонам». Ӯ баргашта ба ман нигоҳ мекунад ва якборе ҳаросон худро ба канори роҳ мегирад. Эҳа, мо дар чи хаёлему фалак дар чӣ хаёл! Аммо вазъи ӯро эҳсос мекунам. Инҳо, пиразанҳои шуравипарварда, зудбовар ва софдилтарин навъи башар ҳастанд ва сабаби чунин рафтор низ ҳамин аст. Охир телвизон ҳар рӯзу шаб ба ӯ симоҳоеро ба истилоҳ «лицо кавказского типа” шабеҳ ба мо ва ғолибан бо риш дар баробари чашми онҳо мегузорад, ки «масдари ҳама шарр» ҳастанд.
    Чӣ расад ба ин пиразан, ки ҳар бор дар хиёбонҳои шаҳри ғурбат маро милиса мутаваққиф ва бозпурсӣ мекунад ва ман ҳам, то ҳавсалае боқист, бо онҳо баҳс мекунам. Танҳо як рӯз пеш аз ин бархурд буд, ки сарвони (капитани) милиса маро қарор дод ва ҳуҷҷат хост. Ман ҳам аз вай ҳуҷҷат хостам.
    -Чаро аз ман ҳуҷҷат мехоҳӣ, - бо хашму тааҷҷуб суол кард ӯ.
    -Зеро дар рӯзномаҳо хондаам, ки баъзе афроди бемуносибат аз пӯшоки милиса сӯистифода мекунанд ва аз мардум ба зӯр пул меситонанд. – Гуфтам дар ҷавоб ва ҳуҷҷатеро, ки аз маркази равобити байналмилали Вазорати корҳои дохилии кишвари ғурбат гирифта будам ба вай нишон додам.
    Ӯ бисёр ночор шуд, бисёр эҳсоси хорӣ ва ҳақорат кард ва бо ҳамин эҳсос корти хидматашро аз ҷайб берун овард ва танҳо ҳамин қадар тавонист аз ман «қасос бигирад», ки ин кортро қариб рӯи чашмонам бимолад.
    Ин рафтор маро бештар ба мушоҷара ташвиқ кард ва бо лаҳни насиҳатомез гуфтам:
    -Шумо сарвони милиса, оё чунон аҳмақеро дар ҳаёти худ дучор омадаед, ки ба қасди анҷоми кори ғайриқонуние, ҷинояте саҳар аз манзили худ берун ояд, дар ҳоле ки симои зоҳири худро комилан мутобиқ бо чеҳраи шаблонии ҷинояткоре, ки барои шумо муаррифӣ мешавад, рост карда бошад. Яъне ҳамроҳ бо «лицо кавказского типа» боз риш, мӯи сари паст ва бидуни галстук. Он гуна афрод метавонанд чунон қиёфае барои худ бисозанд, ки шумо ҳатто ба онҳо саломи расмӣ бидиҳед ва аз зери бинии шумо ба сӯи ҳадафи худ бираванд. На чунон бошанд, ки дар нахустин қадам онҳоро шумо «кашф» кунед.
    -Оре, ончи мегӯед хилофи мантиқ нест. – Мегӯяд милиса, ки дигар идомаи ин мушоҷараро чандон ба салоҳи худ намебинад…
    Ман ин рухдодро ба ёд меораму он пиразанро, ки ин лаҳза эҳсосоти волои маро захмӣ карда, дар дил мебахшам. Охир ин чиз барояшон як амри табиист.

    ОтветитьУдалить
  17. Хуб, бояд сабр кард ва лаҳзае ҳам хоҳад фаро расид, ки ин ҳама ҷуброн шавад. Ва ба зудӣ он лаҳза фаро мерасад. Аммо чӣ «ҷуброне», балки ҷабри дигарест, ки барои ҳамаи мо ханда ба бор меорад, аммо на хандаи дилнавозе ки мисли фаввора баланд мешаваду ба соҳати ҷонат мерезад ва насими дилнавозаш дар соҳати вуҷуд сайр мекунад. Балки як решханд, нешханд, заҳрханд.
    Хатгарди (маршруткаи) навъи “Мерседес”-и баландсақф пури мусофир аст.
    Мехоҳам раҳонаро бидиҳам. Пештар фикрашро накардаам, дар ҷайбам фақат 500-сума аст. Ба дасти ҳисобгар медиҳам, аз дасти ӯ ба утоқи ронанда меравад. Бармегардад.
    -Пули хурд бидиҳед.
    -Надорам,-мегӯям. Нафаре бо лабханд ва киноя мегӯяд:
    -Кори баъзеҳо аҷаб омад мекунад, ҳам пулро нишон медиҳанд, ҳам бепул мераванд.
    -“Ғайратам” меҷӯшад ва хитоб мекунам:
    -Оё касе нест, ки ин пулро хурд кунад?
    -Зани солманд ва фарбеҳе, ки дар курсии пеш нишастааст, мегӯяд:
    -Бидиҳедаш ба ман!
    500-сума ба дасти ӯ мерасад. Аввал сумкаеро, ки дар даст дорад, нимво мекунад, сипас ба сӯи ман менигарад ва гӯё пушаймон шуда бошад, зуд онро мебандад. Баъд мисли саррофҳои варзида шурӯъ мекунад ба ламс кардану пармосидани 500-сума. Қонеъ намешавад ва аз ду гӯшаи он таранг кашида ба шишаи хатгард наздик мебарад ва сари бузургашро пешу пас бурда ба чашмони нимво дуру дароз ба он менигарад. Гӯё сафҳаи ренгени вуҷудаш бошад, ки пас аз ташхисҳои пуртаҳлука ба дасташ расидааст. Аз як сӯ дилам танг мешавад, буғз мекунад, аз сӯи дигар ин саҳна дар назарам чун мазҳакае ҷилва мекунад ва мехоҳам қоҳ-қоҳ бихандам. Аммо раво намебинам. Ором ба он хонум ки ҳанӯз ба “пажӯҳиш”-и худ идома медиҳад мегӯям:
    -Нигарон набошед, хонуми мӯҳтарама, ин коғаз ба маротиб баарзиштар аз 500…аст. Ин охир кори дастӣ, асари санъат аст!
    Хонуми «пажӯҳанда» якбора гӯё аз зери пояш оташ фаввора зада бошад, аз ҷо барҷаст ва пулро ба бо дастони ларзон ба сӯи ман дароз кард. Гумон мекардам хатгард алъон аз хандаи мусофирон бояд битаркад. Аммо ҳама сокит буданд. Оре, гӯё бехгӯшие кироӣ хурда бошанд. Амиқ эҳсос карда буданд, ки аз ҳад гузаштааст. Аз тарафи онҳо ва кӣ медонад, шояд ҳанӯз ба пиндорашон аз тарафи банда.
    Аммо ман худ намедонистам бихандам ё бигирям. Танҳо эҳсос мекардам, ки дар поёни як хитобаи ғарро нуқтаи таммат гузоштаам.

    ОтветитьУдалить
  18. КАЛИМАИ ТОҶИК ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН
    (4)
    Дар бораи калимаи «тоҷик» ба унвони номи ба истилоҳи устод Айнӣ «як қавми муаззам» таҳқиқоти зиёди донишмандони меҳанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад ва нуктаи ношинохтае сари асолати ин истилоҳ боқӣ намондааст, баъзан саволҳое матраҳ мешавад, ки ин калима дар адабиёти форсии тоҷикӣ чи мақом ва ҷойгоҳе доштааст? Аз чи замоне сабту забт шудааст. Агар маъхазҳои хориҷӣ ва дохилии қабл аз густариши фарогири забони форсии дариро сарфи назар ҳам бикунем, ки ин калима ба шаклҳои гуногун дар онҳо дарҷ шуда, пас дар куҳантарин осори шоирони адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ корбурди ин калимаро ба фаровонӣ метавон мушоҳида намуд, ки он дар баробари номи маъруфтарин қавмиятҳои он замон – тозиву (араб), турку румӣ ва ғайра ба кор бурда шудааст ва аксаран маълум аст, ки гӯяндаи шеър худро ба он мансуб медонад. Масалан, дар ин байти Саъдии Шерозӣ дар баробари арабу турку рум аз тоҷик ба алоҳидагӣ ёдоварӣ мешавад. Ин намунаҳо ба таври барҷаста маълум месозанд, бар хилофи иддаои баъзеҳо тоҷик аз тозӣ ё тозик (яъне араб) ба куллӣ фарқ дорад ва ин ҳамон миллатест, ки шоирон худро мансуб ба он медонанд:
    Араб дидаву Турку Тоҷику Рум”,
    Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.
    Ё Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ мегӯяд:
    Фитнаҷӯе ҳамлабар чун ишқ нест
    Дар миёни турку тоҷику араб.
    Шуморе аз намунаҳои ин навъ ашъор пешкаши хонандагони азиз мегардад.
    Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун
    Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар.
    (Унсурӣ)
    Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
    Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.
    (Мавлоно)
    Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
    Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан.
    (Мавлоно)
    Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,
    Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ
    (Мавлоно)
    Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
    Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар-ҷонро.
    (Мавлоно)
    Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг?
    Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг!
    (Мавлоно)

    ОтветитьУдалить
  19. Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,
    Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо.
    (Аттори Нишопурӣ)
    Туро додор турк асту ту тоҷик,
    Бимонда бар сари ин роҳи борик.
    (Аттори Нишопурӣ)
    Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд
    Турки ту бирехт хуни тоҷик.
    (Саъдӣ)
    Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,
    Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.
    (Саъдӣ)
    Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш
    Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!
    (Саъдӣ)
    Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
    Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.
    (Салмони Соваҷӣ)
    Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
    Бештарӣ найзавару теғзан.
    (Амир Хусрави Деҳлавӣ)
    Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик,
    Лек дорем хешии наздик.
    (Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ)
    Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
    Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
    Амир Алишер Навоии Фонӣ
    Турку тоҷикро ба якдигар
    Хасмиву гирудор мебинам.
    (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
    Аз дами сайиди исидами мо
    Турку тоҷик басе зинда шуданд.
    (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
    Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд ситуд,
    Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.
    Толиби Омулӣ
    Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
    Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.
    (Ғавси Гелонӣ)
    Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд,
    Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст.
    (Ҳоҷиби Шерозӣ)
    Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл?
    Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.
    (Бедил)
    Бедил, дами шамшери талаб борик аст,
    З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.
    Бар ҷабҳайи эҳтиёҷ дорад арақат
    Обе ки зи сар гузаштанаш наздик аст.
    (Бедил)
    Зи зулфонаш димоғи шона торик,
    Чу дар назми Навоӣ фикри тоҷик.
    (Нозими Ҳиравӣ)
    Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест
    Дар миёни турку тоҷику араб.
    (Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ)
    Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд,
    Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро.
    (Қоонии Шерозӣ)
    Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик,
    Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик.
    (Қоонии Шерозӣ)
    Шуд ғайрати кору бори ишқат
    Зуннор миёни турку тоҷик.
    (Назирии Нишопурӣ)
    Резахори наволаи карамаш
    Турку тоҷику бандаву озод.
    (Ҳотифи Исфаҳонӣ)
    Чашмони ту бо дилам насозанд,
    Ҷанг аст миёни турку тоҷик.
    (Файёз)
    Ёфта аз маснадаш низом мамолик,
    Малҷо турк асту садру соҳиб тоҷик.
    (Ҷайҳуни Яздӣ)
    Он шӯх к-аз ӯст дар табу тоб
    Доим дилу ҷони турку тоҷик.
    (Муштоқи Исфаҳонӣ)
    Зиҳӣ хулқу карам к-аз дуру наздик
    Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик.
    Дил ойинадори турку тоҷик бувад,
    Зишт аст, гарат ойина торик бувад.
    Фарзанд биҷӯю б-ӯй худ соз бузург,
    Магзор ба суҳбаташ чи тоҷик, чи турк.
    (Аҳлии Шерозӣ)
    Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ,
    Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.
    (Иқбол)
    То ки бад-ин турфа хиёли сутурк
    Тоза кунад ёрии тоҷику турк.
    (Маликушшуаро Баҳор)
    В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун,
    Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро
    (Маликушшуаро Баҳор)
    Ба ҳама пок, саро то ба сурайё, савганд,
    Ба дурахши абади ҳикмати асмо савганд.
    Ба нахустин қадами Ҳазрати Одам дар хок,
    Ба суъуди фалаковези Масеҳо савганд.
    «Гавҳаре к-аз садафи кавну макон берун аст»,1
    Дар дили туст, ба он доғи сувайдо савганд.
    Ба ҳамон мӯри заифе, ки ба ваҳйи азалӣ,
    Меканад лонаи худ дар тани хоро, савганд.
    Ба ҳамон мушти паре, ки наҳаросад зи наҳанг,
    Мекашад рӯзии худ аз дили дарё, савганд.
    Ба шаҳомоти шаҳе, к-аз сари ҳиммат фармуд
    Манам он бораву девори Бухоро, савганд,
    Шаҳкалиди дари бахти ту ҷуз ангушти ту нест,
    Ҳунаре нест, ки дар бозуву дар мушти ту нест.
    _______
    1Аз хоҷа Ҳофиз.

    ОтветитьУдалить
  20. ХУРОФОТСИТЕЗ
    Ҷаноби Андешварз имшаб то соати 2 пушти мизи кор нишаст. Фардо муҳлати охирин буд. Ӯ бояд мақолаи ваъдагиро ба идораи рӯзнома мефиристод. Дарди бахайр буд, агар ин мақола супориши рӯзнома мебуд, чун борҳои дигар. Ин бор ӯ худ ташаббус карда пешниҳод дода буд, ки мақолае дар боби хурофотзадагии ҷомеа ва зарарҳои ҷуброннопазири он бинависад. Андешварз эҳсоси рисолати иҷтимоӣ мекард ва аз ин масъулият хушаш ҳам меомад. Охир чунин эҳсосоти воло на дар ҳар қалбе маскан мекунад, балки қалбҳои пок ва сӯзону тапандаро бармегузинад.
    Дирӯз вақте ки мудири масъули рӯзномаи “Ҷаҳони андеша” ба ӯ занг зада ёдоварӣ намуд, ки фардо ҳатман бояд мақола ба чоп биравад, Андешаварз бидуни андешае гуфт, ки ҳатман субҳ омода мешавад. Ӯ бовар дошт, ки чун ҳамеша бо як нишаст ин панҷ шаш саҳифаро менависад ва хусусан, дар сукути шабонгоҳӣ, ки андешаҳо аз ҳама кунҷу канор, аз кӯчаву хиёбонҳо ва осмондараҳои хилвату берафтуои шаҳр ба осонӣ то пушти тирезаи ӯ меоянд ва аз тирезаи нимбози ӯ ворид мешаванду бо тааннӣ ва хушмашрабӣ дар канораш мунтазир мемонанд, то ба назму насақи хоссу натакрори ҷаноби Андешаварз сурати ҷовидонаи худро мунаққаш бубинанд ва аз ҳолати ҳаюлоӣ бираҳанд.
    Аммо чи метавон кард, ки сухани хона ба бозор намеояд рост. Ба таъбири Андешварз “як силсила омилҳои объективӣ, ки метавонанд, гоҳо ба омилҳои субъективӣ табдил шаванд”, дар ин кори муҳим халал ворид карданд. Посе аз шаб гузашта буд, ки дари хонаро заданд. Барои ҳамсоя маблағе зарур шудааст ва то фардо қарз мехостааст. Маблағи ночизе, кирои гап намекунад. Аммо сад афсӯс, ки ин нокироии маблағ монеъ аз зарари он намешавад. Зарари ҷуброннопазираш ин аст, ки риштаи андешаи ӯ гусаста мешавад ва муҳраҳои бебаҳои афкор мепарешанд ва муддати зиёде боз лозим мешавад, то ин риштаро васл кунад, аммо гиреҳе, ки дар ришта меафтад, имкон намедиҳад, ки муҳраҳои афкор ба он содагӣ ва равиши табиӣ муназзам ва мурассаъ шаванд. Моҷаро аз ин ҳам бештар мешавад. Вақте, ки Андешварз аз қуттии гӯшаи миз он маблағро гирифта мехост ба зани ҳамсоя бидиҳад, ҳамсараш монеъ шуд.
    – Истед, истед! Охир чаро ҳамеша нисфи шаб пул мепурсанд?! Ду моҳ пеш фарроши маҳалла шаб омада пулашро гирифта буд ва як моҳ мо бепул мондем. Ҳама мегӯянд, ки дар шаб пулро бароварда додан хосият надорад.
    Алами Андешварз тоза шуд. Дар ҳақиқат ӯ дар моҳи гузашта маҷбур шуда буд, ки даст ба сандуқчаи захираҳои ормонияш бибарад, то нони рӯзашон таъмин бошад. Оё воқеан ҳам ин таъсири ҳамон ҳаққи фаррошро шабона пардохтан буд? Пас чи бояд кард?

    ОтветитьУдалить
  21. Охируламр қарор бар ин шуд, ки он маблағи нокироӣ пушти дар гузошта шавад, дарро бибанданд ва ҳамсоя онро аз пушти дар бардорад. Шукр, ки зани ҳамсоя ҳам аҳли фаҳм будааст, аз ин муомила наранҷид, балки бо ҳамовоӣ ҷузъиёти ин муомиларо тафсир медод, ки агар чунину чунон шавад, хосияти бади ин кор аз миён меравад.
    Ҷаноби Андешварз, гӯё ағбаи сарбарфалакеро паймуда бошад, сарнишебу сабук сари мизи худ баргашту баъди лаҳзае ба нигориши мақолаи равшангаронаи худ шуруъ намуд. Ду саҳифаро дар муддати кутоҳе сиёҳ кард. Қалам дар миёни панҷаҳои дасти рост, сарро ба дасти чап такя дода ва панҷаҳоро шона карда як қабза мӯйи боқимондаи сарро миёни онҳо ба ҳадде мефишурд, ки сӯзише дар решаи ин мӯйҳо ҳосил мешуд ва ин ҳол барои Андешварз одатан илҳомовар буд. Дар ҳамин ҳол буд, ки ногоҳ эҳсос кард, чашми чапаш парид! Баъди лаҳзае боз... парид! Ӯ шунида буд, ки паридани чашми чапи мардон фоли бад дорад. Ҳодисаҳои рӯзи гузашта, баъд ҳафтаи гузашта, баъд моҳи гузашта ва дар ниҳоят тамоми сол мисли навори тасвир аз мағзаш гузаштанд. Як як ҷузъиёт ва тафсилоти моҷароҳои муҳими ҳаёташро, ки ҳар рӯз дар рӯзномаи худ ҳам онҳоро сабт мекард, таҳлилу таҷзия кардан гирифт, то омилҳои ба гуфти худаш сабабият (ба гуфти баъзе ҳамадоноҳо иллият ва маълулият) –ро ошкор кунад ва тасодуфро ҳам дар назар бигирад, то ҷое ки расид ба ҳамин моҷарои охири пул додани шабона ва ба хулосае омад, ки агар ҳамин бошад, кирои нигаронӣ намекунад. Аммо дигар сараш хаставу гарон шуда буд ва ӯро ба сӯйи рахти хоб мекашид.
    Андешварз шаб хобҳои мағшушу тарсноке дид. Чанд бор аз садои ҳазёнолуди худ бедор шуд. Субҳ дар ҳаммоми хона обро боз кард ва он чиро аз кобусҳои шаб дар ёдаш монда буд чашм ба маҷрои об зикр намуд. Охир дар ин хонаҳои шаҳр аз куҷо ҷӯйи равон биёбад! Баъди шустушӯ оромише ва ҳатто фараҳе дар қалбаш эҳсос намуд ва дар дил гуфт, ки имрӯз барвақттар ба дафтари кораш меравад ва он се саҳифаи дигарро то шурӯъи кор менависад ва мақоларо дар замони ваъдагӣ мерасонад. Номи мақола ҳам, ки дербоз онро меҷуст, дар зеҳнаш гул кард: “Хурофот вабои ақл аст!”.

    ОтветитьУдалить
  22. Баъди ношто бо азми устувор озими коргоҳ шуд. Вақте дари хонаро мебаст, чашмаш ба қуббаи бузурги хори болои дар афтод. Дар дилаш мадоре эҳсос кард. Нигоҳаш чун партави моҳ аз нешҳои навозандаи хор лағжида рӯйи наъли асп, ки бар дар чормех шуда буд, қарор гирифт ва неруву нишоти боландае вуҷудашро фаро гирифт, ки наздик буд мисли аспи маст шиҳаи ҷононае бикашад.
    Чи метавон кард, ки дунё ба як қарор нест. Ба гуфти бобояш “оламу ҳодис”. Вақте Андешварз аз гӯшаи сохтмони бузурги чандошёнаи хонаашон тоб мехӯрд, то ба роҳи калон барояд, гурбаи сиёҳе думашро боло карда роҳашро бурида гузашт ва пеш аз он, ки дар гардиш аз назар пинҳон шавад, гарданашро ба сӯи Андешварз тоб дода, мад кашида, гӯё эътирозомез аз таҳти дил “мияввв!” гуфт.
    Андешварз дар ҷояш шох шуд. Тамоми эҳсосоти гуворое, ки лаҳзае пеш дар ин субҳи солеҳон вуҷудашро фаро гирифта буд, мисли тармаи сарду шахшул аз вуҷудаш шорид. Беихтиёр кулоҳашро аз сар гирифта афшонд. Баъд фикр кард, ки чаро чунин кард? Ин навъ рафъи осори фоли бадро ҳеч кас ба ӯ ёд надода буд. Ин чизе буд мисли илҳом ва мукошафа. Аммо ӯро ин кор қонеъ намекард. Ӯ чаппасар аз роҳаш баргашт ва худро ба пайроҳаи дигар зад. Лозим шуд як хонаи дигари маҳалларо давр зада баъд ба истгоҳ барояд.
    Вақте ки Андешварз ба сари мизи дафтари кори худ расид, ҳанӯз таассуроти ногувор ӯро аз панҷаи худ раҳо накарда буд. Дар болои мизаш шумораи гузаштаи рӯзномаи “Ҷаҳони андеша” пару паҳн шуда буд. Андешварз мехост аз саҳифаи охири он нишонии электрониашро бигирад, то баъди итмом мақолаи ваъдагиро бифиристад. “Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чи хаёл”, нохост зери лаб замзама кард Андешварз ва чашмаш дар болотари саҳифаи охир ба толеънома – “Гороскоп” афтод. Толеъҳои ин ҳафтаро шарҳ медод. Бурҷи “Сунбула” ро пайдо кард, ки тасвири ду пайкари нимурёни ба ҳам часпида назаррубоӣ менамуд. Толеъномаро дубора хонд ва ҳайрон шуд, ки чаро бори аввал ба ин нуктаи муҳим аҳаммият надодааст: Дар толеъномаи ӯ таъкид мешуд, ки дар ин ҳафта бояд аз ҳар гуна фаъолияте, ки ба баҳсу баррасӣ алоқа дорад, худдорӣ намояд. Дар акси ҳол сахт зиён мебинад, ки натиҷаи манфиаш тамоми сол боқӣ хоҳад монд. “Хайрийят!” андешид Андешварз. Хайрийят, ки мақоларо пештар тамом карда нафиристодам. Ҳис мекард, ки гӯё аз як балои азим раҳидааст. Андешварз аз сари миз бархоста ба курсии роҳати он тарафи ҳуҷраи кор нишасту пойҳояшро осуда дароз кард ва чашмонашро пӯшид. Мехост соате ба ҳамин ҳол бихобад.
    Баъди як соат ба котиби масъули “Ҷаҳони андеша” занг зад:
    – Бародари азиз! Ин мавзӯъро сода нагиред. Ин як мавзӯъи ҷиддии таҳқиқотист. Хурофот зеҳни ҷомеъаи моро мисли занг оҳанро мехӯрад, андешаи солим ва мантиқиро аз байн мебарад. Ман тасмим гирифтам дар ин хусус манбаъҳои бештарро мутолиа намоям ва то ҳафтаи дигар мақоларо мукаммал кунам. Ман дар ин мавзӯъ чизе менависам, ки дигар ҷои чуну чаро боқӣ намонад.
    Лаҳзае ки Андешварз гӯширо мегузошт, эҳсос кард, ки чашми росташ мепарад. Боз парид ва пайиҳам ду бори дигар.
    – Ана, ин гапи дигар! – Хушҳолона аз дил гузаронд Андешварз.

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!