четверг, 25 февраля 2016 г.

БОҚӢ РАҲИМЗОДА – ШОИРИ СУННАТГАРО ВА НАВОВА


    Боқӣ Раҳимзода яке аз шоироне мебошад, ки беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ гардонидаанд.
Мирзо Турсунзода
Тавре ки аксари муҳаққиқон ва донандагони шеъри устод Боқӣ Раҳимзода мӯътақиданд, шеъри ӯ аз чанд манбаъ нашъат гирифтааст:
Эҷодиёти халқ, шеъри классики тоҷик, шеъри му-осири тоҷик ва шеъри муосири ҷаҳон (асосан фор-сизабон ва русзабон). Аз ин шумор нақши бештарро эҷодиёти халқ ва шеъри классики тоҷик ташкил медиҳад.
Ончи ба шеъри классикӣ марбут мешавад, иборат аз жанр ва таркибу қолаби шеър, забони шеър, си-стемаи образҳо ва талмеҳот ва дар маҷмӯъ заминаи тафаккур ва андешаву завқи адабӣ мебошад. Дар ин замина метавон гуфт, ки дар эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода тақрибан ҳамаи жанрҳо ва навъҳои назми суннатӣ, ба ҳадди зиёде таркибҳои забони адабиёти суннатӣ, образҳо ва талмеҳот ва анвоъи андешаи адабӣ ва равияҳои адабӣ ба мушоҳида мерасад.
Пайванди адабиёти классикӣ ва эҷодиёти халқ ба унвони ду манбаъи аслӣ дар шеъри устод Боқӣ Раҳимзода ба таврест, ки ин ду манбаъ ба якдигар идғом шудаанд. Ба таъбири дигар он навъ аз матнҳо ва маъниҳои адабиёти классикӣ ва то ҳадде ҳатто тар-кибҳои сохтории назми суннатӣ дар шеъри устод Боқӣ Раҳимзода ба назар мерасад, ки дар муҳити адабии мардумие, ки шоир аз овони тифлӣ ва мад-расахонӣ ба сар мебурд, ин матнҳо ва маъниҳо ва қолабҳо дар таркиби фарҳанги мардумӣ ҳал шуда, ҳатто аз баъзе осори мазкур вариантҳои халқӣ ба вуҷуд омада буд. Ин хусусияти таъсири адабиёти классикӣ, ки ба даврони мадрасагии шоир рабт до-рад, то охир дар эҷодиёти ӯ боқӣ монда ва нақши асосӣ бозидааст.
Аз назари матлаби фавқ дар эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода бештар таъсири каломи Мавлоно, Аҳма-ди Ҷомӣ, Ҳофиз ва Бедил мушоҳида мешавад. Яъне шоироне, ки дар муҳити даврони мадрасагии шоир нақши аз ҳама бештарро дошта, шеъри онҳо дар таркиби фарҳанги мардум ҳал шуда буд ва то ҷое бо эҷодиёти гуфтории мардум даромехта буд. Аз ин рӯ дар шеъри устод Раҳимзода, ҳамон тавре ки дар за-бони зиндаи мардуми муҳити ишон буд ва ҳаст, дар канори калимот ва ибороти сода, калимаҳо ва таъбирҳои дар назари аввал бисёр китобӣ, илмии мадрасагӣ, истилоҳоти ақидатӣ, мазҳабӣ ва ирфонӣ ба осонӣ ҷой мегиранд. Зеро воқеан агарчи ин ка-лимаҳову таъбирҳо хеле китобӣ, истилоҳи мад-расагӣ ҳам бошанд, дар фарҳанги мардум ҳал шуда ва барои мардум мафҳум ҳастанд. Масалан:
Корвони зиндагиро пеш мебурдем мо,
Борҳо мо рӯбарӯ гаштем бо хавфу риҷо.

«Хавфу риҷо» (биму умед) матлаби комилан фалсафии мазҳабист, як мавзӯъи фалсафаи ислом аст ва агарчи зоҳиран бисёр китобист, ба воситаи омӯзишҳо ва таълимоти суннатӣ комилан мардумӣ ва барои мардум мафҳум аст ва бино бар ин шоир аз корбурди он ибо намекунад. Ин хусусият дар бештари ашъори шоир, бахусус дар ғазалиёти ӯ ба назар мерасад. Ба гуфти шоир ва муҳаққиқи эронӣ Алиризо Қазва «Ба эътиқоди ман аз насли аввалиҳои ғазали имрӯзи Тоҷикистон, дастпарвардаи таҷрибиёти устод Айнӣ камтар ғазалсарое ба андозаи Боқӣ Раҳимзода наво-варии забонӣ мубтанӣ бар мероси адабӣ доштааст. Ба баёни дигар навовариҳои решадор ва дар бистари суннатҳои адабии ин шоир бисёр қобили тааммул ва тақдир аст. Шояд ин навовариҳо дар чанд ғазал ва радифи тозаи ӯ хулоса шавад ва дар қиёс бо навова-риҳои ғазалсароёни имрӯзи тоҷик талоши ӯ чандон ба чашм наёяд, аммо дар рӯзгоре, ки ба фурми ғазал ҷуз аз ноҳияи чанд шоир чун Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода навоварии ҷиддие мушоҳида намешуд, ҳамин мухтасар навгароӣ худ ғанимате буд, то дар наслҳои баъд ба зуҳури чеҳраҳои матраҳ ва бузурге чун устод Лоиқ ва Бозор Собир ва Мӯъмин Қаноат ва… ин навоварӣ ба самти камол гом бардорад».
Суннат ва навоварӣ дар ҳамаи анвоъи ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ҳамроҳи доимии якдигаранд. То ҷое, ки дар ҳеч як шеъри ишон наметавон бо ит-минон гуфт, ки як қолаби аз аввал қарордодӣ то охир ба як дастур риоят шавад. Метавонад ҳар лаҳза дар пайкари шеър дигаргуние ворид гардад. Ҳатто ғай-риинтизор. Бештар ин хусусиятро метавонем дар мусамматот ва таркиббандҳо ва тарҷеъоти шоир, ки шуморашон зиёд аст, мушоҳида намоем. Гоҳе мебинем, ки дар ду банд як байти тарҷеъ омада ва дар банди сеюм тағйир кардааст, гоҳе таркиббанд бо як мисраъи такрор омада ва дар бандҳои баъдӣ он ду мисраъ шуда ва боз дар бандҳои дигар тағйир ёфта-аст. Аз раванди таҳаввули шеъри нав маълум аст, ки мусамматоти навоварона яке аз роҳҳои аслии раси-дан ба арӯзи нав будаст. Ин равандро то арӯзи нав ба равшанӣ дар идомаи эҷодиёти Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собиру Гулрухсор ва шоирони ди-гари баъдӣ метавон мушоҳида кард. Пас, маълум мешавад, ки устод Боқи Раҳимзода ҳам дар ҳамин масир хеле пеш рафтааст. Устод Мӯъмин Қаноат дар сарсухане, ки барои куллиёти устод Боқӣ Раҳимзода навишта ёдоварӣ менамояд, ки ишон ба мо таъкид мекарданд, ки бояд шеъри нав бинависем ва худ ҳам бо ин таъкид маҳдуд нашуда, гоҳ-гоҳ намунаҳои нававарона нишон медоданд ва хеле муваффақ ҳам буданд. Аммо беҳтар медонистанд, ки аз ҳамон сабки сунатии худ убур накунанд.
Таҷрибаҳои навоваронаи устод Боқӣ Раҳимзода бештар дар сурудҳояш амалӣ гардидааст. Бешубҳа ӯ дар даврони худаш беҳтарин сурудҳои тоҷикиро дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, васфи заҳматкашон, муҳабба-ти инсонӣ ва ғайра сурудааст. Таркиби нави қолаби назм ва хусусиёти барҷастаи вазну оҳанг дар ин сурудҳо муваффақияти онҳоро таъмин кардааст. Аз ин қабил метавон аз сурудҳои «Халқи бузургворам», «Дилороӣ, Душанбе», «Тоҷикистонам», «Республикаи ман», «Дар лаби обе», «Гули садбарг», «Нигоҳе», «Фаҳмидамат», «Дигар марав».
Репертуари вазн ва ритми ашъори Боқӣ Раҳимзода бисёр ғанӣ аст. Шояд бештар аз ҳар шоири дигар вазнҳои гуногунро истифода кардааст ва дар ин истифода тақрибан ба иштибоҳе ва сактае роҳ надодааст. Зоҳиран, бештар рӯйи матни сурудҳо кор кардани шоир боиси ин танаввуъи авзон ва қолаби шеър дар эҷодиёти шоир гардидааст. Гоҳе вазнҳои нодире дар ашъор устод Боқӣ Раҳизода ба назар ме-расад, ки назири онро дар дигар ҷо камтар пайдо мешавад. Масалан дар шеъри «Таронаи озодӣ»:
Барқ шӯъла зад, раъд наъра зад, маҳв шуд саҳоб,
Бод шуд вазон, мавҷ шуд дамон, бар шуд офтоб.

Минбаъд дар осори шогирдони ишон намунаи равшани пайравӣ аз вазнҳои бакорбурдаи вай мушоҳида мешавад. Мисол шеъри «Ҳосили умр» (Лоиқ «Баҳор мешавад» ва М. Қаноат «Бародарам») ва «Давоми мо» (М.Қаноат «Обшор», Б.Собир «Антигона», Лоиқ «Ғурури Рустам»), ки дар ин ашъор на танҳо шабоҳати вазну оҳанг, балки таркибҳо ва ибороти мушобеҳро метавон мушоҳида намуд ва ҳамчунин тавре ки худи устод Боқӣ Раҳимзода интизор дошт ва таъкид менамуд, пешрафти ҳунарии насли навини шоирон низ маълум мегардад. Шеъри «Давоми мо» аз чанд ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ ва бознамояндаи вижагиҳои маънавӣ ва шаклии шеъри устод Боқӣ Раҳимзода мебошад. Ин шеър баёнгари пайванди бисёр маънавӣ, отифӣ ва самимонаи шоир бо шеър ва дар маҷмӯъ муҳити фарҳанги суннатӣ ба воситаи Ҳофизи малакутӣ мебошад. Дар аввали ин шеър омадааст: «Ба ёдбуди Ҳазрати Ҳофиз». Ҳамин ибораи «Ҳазрати Ҳофиз» худ дар замони таълифи ин шеър шуҷоати адабиест, ки ба фазли табъи риндонае, ки муҳити адабӣ ҳаққи доштани онро ба ин шоири зарофатгӯ дода буд, муяссар гардидааст. Аммо барои худи шоир ин нишонаи боризи эҳтиром ва тамҷидест, ки нисбат ба Ҳофиз халқу миллати ӯ до-рад. Ин ибораи мардумист. Ин шеър дар вазни ху-шоҳанг ва мӯҳташами музореъи мусаммани ахрабу макфуфи маҳзуф ва мақсур (мафъӯлу, фоилоту, ма-фоӣлу, фоилун ё фоилон) бар мабнои ғазали Ҳофиз, ки мисраи охири он (Сабт аст бар ҷаридаи олам да-воми мо) мебошад, суруда шудааст. Нахустин ва беҳтарин шеърҳои навоваронаи адабиёти навини тоҷик ба ин вазн суруда шуда ва ба гуфти муҳаққиқон ривоҷи дигарбораи ин вазн дар адабиёти мо нишонаи боло рафтани маданияти каломи бадеъ буд. Дар мунтахаби ғазалиёти Ҳофиз беш аз 50 ғазал ба ин вазн мебошад ва ғолибан ин ғазалҳое ҳастанд, ки ҷанбаи ирфонии қавӣ доранд. Дар ин шеър, тавре ки дар шеъри устод Мӯъмин Қаноат бо тазмини мисрае аз Ҳофиз (ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунем) мушоҳида мегардад, шоир ба фазо ва муҳити мӯҳта-шам ва мамлу аз ҳиммати волои орифонаи Ҳофиз ворид мегардад ва бо эҳсоси қудрат сухан мегӯяд:
Аз санги хора лаъли нигин кардаам бурун,
Аз умқи баҳр дурру гуҳар баркашидаам.
Аз хусравон гузаштаву дар кӯҳи Бесутун
Эҷоди нақши тешаи Фарҳод дидаам.

Ин навъ баёни ҳиммат ба воситаи қаҳрамони воло ва салобату шукӯҳи сухан минбаъд дар шеъри «Ғурури Рустам»-и устод Лоиқ Шералӣ мушоҳида мешавад:
Ман гардани адовати шайтон шикастаам,
Ман мӯҳраи сиёсати шоҳон шикастаам…
Чунин табъозмоии риндона ва бозарофату самимона бо аслофи бузургвор яке аз рукнҳои маъна-вии ашъори устод Боқӣ Раҳимзода қарор мегирад. Агар арзи ҳиммат ва шуҷоат дар осори он бузургво-рон аз ноҳияи ирфон ва шӯру мастии орифона бошад, пас, шоири муосир гоҳе ба ҷид ва гоҳе бо за-рофат ба мавқеияти волои иҷтимоии худ ва имконо-те, ки гӯё замон дар ихтиёраш қарор дода, ишора мекунад. Беҳтарин намунаи ин навъ сабқати зарофато-мезро дар ғазали шоир бо радифи «як табассум кун» метавон мушоҳида намуд:
Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кар-дам,
Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун.
Табассум то ки дар гирди лабат маъво кунад умре
Димор аз рӯзгори ғам барорам, як табассум кун.

Ин ғазал беихтиёр матлаи барҷастаи ғазали Ҳофизро ба ёд меорад:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

Ва гӯё акнун шоир ба он ормон расида ва «бар мунтаҳои ҳиммати худ комрон» шудааст:
Ба ҳифзи он табассум хасмро аз пой андозам,
Замон додаст ин сон иқтидорам, як табассум кун.

Радифи тоза, таркиби нави ибораороӣ ва эҳсосоти заминӣ имкон медиҳад, ки дар пайкари ғазали клас-сикӣ рӯҳиёти нав эҷод шавад.
Ба ғайр аз ин устод Боқӣ Раҳимзода ғазалҳое низ дорад, аз нигоҳи таркиби таъбирҳо ва тафаккуру эҳсос гӯё комилан дар муҳит ва фазои адабиёти клас-сикӣ (мутассир аз шеъри Бедил) эҷод шуда, мулоҳизаи онҳо дар муҳити воқеии замони шоир ғариб ба назар мерасад. Аз он ҷумла:
Амиқандешаам, з-он гавҳару кон дар бағал дорам,
Муҳаббатпешаам, лаъли Бадахшон дар бағал дорам…
Нигористони шеърам, гулшани эҷоди маъноям,
Баҳористони шавқам, сад дабистон дар бағал дорам…
Фурӯғи анҷуманорои ёрон будаам умре,
Агар донанд, ман шамъи шабистон дар бағал дорам.

Аммо шоир дар дар ин муҳит пойбанд нест, балки гоҳе вориди он мешавад, то табъозмоӣ кунад ва фазои доимии эҷодиёти ӯ ҳамоно фазои рӯзу рӯзгори воқеии ӯст ва бахусус ашъори ғаноии ӯ сухан ва суруди рӯз аст. Ин фосиларо шоир ба воситаи танз ҳам-вор мекунад ва танзгӯии ӯ дар матни шеъри нав гӯё як навъ узри малеҳест, ки фосила гирифтани ӯро бо шеъри мактабӣ ва классикӣ ҷуброн менамояд.
Ашъори ғиноии (лирики) шоир бо вуҷуди зарофат ва назокати эҳсосу авотиф, ҳамеша дорои ҳик-мат ва панду андарз ҳам ҳаст. Ҳатто гоҳе ин дар ашъор дар пардаи танзу зарофат масоили ахлоқӣ ва эстетикиро ба миён гузошта мешавад. Аз ҷумла дар шеъре бо байти:
Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур.

Ва шеъри «Як илтимос» (Илтимос ин ки айнакатро гир) ва чунин мазмунҳо дар таркиби ашъори дигар.
Беш аз ин, дар осори Боқӣ Раҳимзода намунаҳоеро метавон мушоҳида кард, ки ишон ба сароҳат ба арзишҳои фаромӯшшудаи миллӣ ва суннатӣ арҷгузорӣ намуда, аз беэътиноӣ нисбат ба ин ар-зишҳо гила кардааст. Масалан, дар шеъре дар васфи Наврӯзи бостонӣ, ки аз мазмуни шеър пайдост он хе-ле қаблтар аз расмият пайдо кардани ин ҷашни сун-натӣ суруда шудааст, мехонем:
Гули бодом бӯи нози наврӯз,
Гилеми сабза пойандози наврӯз,
Ба роҳат абри найсон дур бипошад,
Ки тундар оварад овози наврӯз…

Агар як сол н-оӣ, даҳр пир аст,
Ба номат сад қасам, дунё ҷазир аст.
Машав ғамгин, агар ҷашнат нагиранд,
Ки номат сархату туғрои шеър аст.

Аммо дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки бо вуҷуди як шоири нисбатан суннатгаро будани устод Боқӣ Раҳимзода тақрибан ҳар як шеъри ӯ ҳомили унсурҳои таҷрибаи навоварона аст ва ӯ мисли устод Турсунзода ҳамеша кӯшидааст, ки намуна бидиҳад ва пеш-пеш заминаи шеъри нави тоҷикро фароҳам созад. Албатта, ин кор ҳиммати эҷодӣ мехоҳад. Зеро ҳосили таҷриба кардан ва эҷодиёти худро дастхуши таҷрибаи ҳамешагӣ қарор додан дар батни амр чандон тазмини муваффақиятро ба ҳамроҳ надорад. Танҳо эҳсоси рисолати адабӣ буда, ки метавонист шоирро ба ин кор водорад. Дар матни адабиёти замон мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додани навовариҳои воқеии устод Боқӣ Раҳимзода на танҳо барои беҳтар шинохтану шиносондани мақоми эҷодии ишон, балки барои равшан кардани масири тайшудаи таҳаввули назми муосири тоҷик бисёр боаҳаммият мебошад.
Ва дар маҷмӯъ адабиёти даврони шӯравии тоҷик имрӯз мавриди довариҳои нав қарор мегирад, ки ин як амри қонунӣ ва табиист. Ин довариҳо бештар бар мабнои ду ҷанба сурат мегирад: асолати адабӣ, ба-деият ва ҷанбаи ақидатӣ ё идеологӣ. Бо як сухан ади-би даврони шӯравӣ наметавонист ба куллӣ хориҷ аз чаҳорчӯби идеологии замони худ бошад, аммо имрӯз беҳуда аст, агар касе осори онҳоро барои тасдиқи ду-рустии идеологияи ҳокими гузашта васила қарор би-диҳад ё баракс танҳо маҳдуд ба ҳамин идеология до-ниста чун як ҷузъи он комилан инкор намояд. Балки бояд имрӯз арзиши ин осор аз он дидгоҳ ҷустуҷӯ ша-вад, ки онҳо бар тибқи суннатҳои дерини адабиёти оламшумули форсӣ-тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳон дар ҳудуди барои он рӯзгор имконпазир арзишҳои волои маънавӣ ва инсониро ситудаанд, шамъи адаби тоҷик-ро зинда нигоҳ доштаанд, забони адабии тоҷикро ҳифз кардаанд ва беш аз ин намунаҳои ҳунариеро ба вуҷуд овардаанд, ки бешубҳа шеъри асил ба шумор меояд.
Агар аз дидгоҳи гароишӣ ва меҳвари ақидатӣ ба ин нукта таваҷҷӯҳ шавад, ки насли навини адабиёти тоҷик ба кадом ҷанбаи маънавии эҷодиёти пешиниён бештар таваҷҷӯҳ кардааст, бешубҳа ин натиҷа ҳосил мегардад, ки ин нуктаи маънавӣ инсондӯстӣ ва ё гу-манизм будааст. Инсондӯстӣ, гуманизм ҳастаи аслии адабиёти оламгири форсии тоҷикиро ташкил медиҳад ва ҳамин амр боиси он гардид, ки масалан устод Турсунзода мунодии дараҷаи аввали паёмҳои башардӯстонаи низоми шӯравии собиқ дар олами он рӯз шинохта шавад.
Таваҷҷӯҳ ва таъкиди хоси шоирони тоҷик бар моҳи-яти инсонӣ ва башардӯстонаи шахсият ва осори пеш-кисватони ин адабиёт, аз ҷумла устод Боқӣ Раҳимзо-да, на танҳо гувоҳи садоқати онҳо ба ин шахсиятҳо, балки гувоҳи пойбандӣ ва садоқати самимии онҳо бар ин асли маънавии андешаи адаби форсии тоҷикӣ, яъне башардӯстӣ ё гуманизм буд. Шахсияти устод Боқӣ Раҳимзода пас аз даргузашти ишон василае қарор гирифт, ки шоирони тоҷик ин мавзӯъ ва ин маъноро, ки дар умқи рӯҳу равонашон буд, бо ба-ландтарин ва самимонатарин оҳангҳо бисароянд. Ин сурудаҳо дар он рӯзгор як навъ қиёми маънавӣ ҳам буд.
Гуманизм, башардӯстӣ, ҳифзи каромати инсон бе-шубҳа ҳамон меҳвари аслии адабиёти форсии тоҷикӣ аст, ки чун он «шамъи шабафрӯз» бо ҷоннисории пешиниён дар тӯфони ҳаводиси рӯзгори гузашта зинда нигоҳ дошта шуда то имрӯз расидааст ва имрӯз ҳам он нуктаи маънавӣ ва меҳвари ақидатие, ки ваҳдати андешаи адабиёти милии тоҷик ва эътибори онро дар дунёи муосир таъмин мекунад, ҳамин маъност.
На нағмаи ҷонсӯзи ироқӣ монад,
На ҷому на бодаву на соқӣ монад.
Олам ба сад ойини дигар баргардад
В-он кас, ки накӯӣ кард, боқӣ монад.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!