понедельник, 19 июня 2017 г.

ДУРҶ


Ба номи Худованди рою равон,
Ки бе ӯ мабодам аёну ниҳон.

Касеро, ки дастури ӯ ақли ӯст,
Бидонад, ки ин ақл ҳам нақли ӯст.

Хирад гар на аз боргоҳи вай аст,
На шоистаи коргоҳи вай аст.

Агар номаеро ҳувайдо навишт,
Дигар нусха дар фитрати мо навишт.

Дигар нусхааш ҷумла кайҳон бувад,
Ки ибратгаҳи навъи инсон бувад.

Ту гар дар вуҷуди худат бингарӣ
Ва ё ки ба кайҳон кунӣ доварӣ,

Бубинӣ зи оёти Қуръон нишон,
Ҳамон нуктаву ҳарфу маъно ҳамон.

Бибояд диле пок аз озу кин,
Ки бо ин ҳақоиқ бигардӣ қарин.

Надидам яке мӯр дар баҳру бар,
Ки нури Худояш набуд роҳбар.

Надидам яке мурғро бе намоз,
Кафи мавҷи дарё чу дасти ниёз

Биёзад ба даргоҳи он баҳри ҷуд,
Чу бе ӯ надорад намуду вуҷуд.

Куҷо қаъри дарё, ки моҳӣ бувад,
Ба нури Худованд роҳӣ бувад.

Ки анвори хуршедро ҳам гузар
Набошад бадон қаъри беҳадду мар.

Кӣ гӯяд хирадро ба коре мабанд,
Ки кори хирад ҳаст носудманд?

Хирад ҳам нишоне зи оёти ӯст,
Хирад ҳам яке аз иноёти ӯст.

Худованд фармуд: гоҳи намоз
Бияндеш, оят чу орӣ фароз,

Ки донову нодон на яксон бувад,
Ба дониш қавӣ рукни имон бувад.

Ба таҳқиқ андар ҷаҳон сайр кун,
Аз он ҳикмат андӯзу пас хайр кун.

Касоне, ки нохайрхоҳи туанд,
Чу ғулон нишаста ба роҳи туанд.

Бигӯянд дониш гузин ё ки дин,
Ки ин ду ба як дил нагунҷад, яқин.

Макун вақт дар баҳси онон талаф,
Бипар бо ду шаҳпар ба суи ҳадаф.

Расӣ чун ба ҷое дар ин роҳи рост,
Яқин пеш ояд, ки ақлат гувост.

вторник, 6 июня 2017 г.

ДАР ФАЗОИ ФАСОНА...

ДАР ФАЗОИ ФАСОНА...
Чун нафас дар кашокаши хешем,
Зери хокистар оташи хешем.

Ҳеч дар достон намегунҷем,
Хотироти мушавваши хешем.

Банд аз пойи мо раҳо карданд,
Бардаҳои ситамкаши хешем.

Ҷилвазори рухи дигарҳоем,
Куштаи қалби беғаши хешем.

Дар фазои фасона дар парвоз,
Ҷовидон тири Ораши хешем.

САЛОМ ҲУҶҶАТИ ИНСОНИИ МАН - ИСТИҚЛОЛ

САЛОМ ҲУҶҶАТИ ИНСОНИИ МАН - ИСТИҚЛОЛ
Дар ҳошияи “Салом”

Касе, ки дафтари шеъри маро ба даст гирифт,
Суоли аввалаш ин буд: "Салом - яъне чӣ?"

Чаро на "Ҳаҷми сукут"-у на "Ашки бутемор"?
Чаро на "Нози фалак", на "Ситораи думдор"?
Чаро на "Шаршараи ашки дард", на "Фарёд"?
Чаро на "Водии Маҷнун", на "Тешаи Фарҳод"?
На "Каҳкашони хаёл"-у на "Ҷомадони ғам"?
На "Бурҷи соат"-у на "Изтироби сонияҳо"?
На "Гиряи алам"-у на "Сукут", на "Наҷво"?

Аз ин суол дилам мисли бед меларзад,
Магар "Салом" ғариб аст дар диёри мо?

Салом - рамзи саломат,
Салом - рамзи сулҳ,
Санои дӯстиву покиву ҷавонмардӣ,
Нишони ҳамнафасӣ, ҳамдиливу ҳамдардӣ,
Салом - маънии лабханди кӯдакон дар хоб,
Салом - нуқтаи ҷамъияти дили аҳбоб.

Салом - ҳар нафаси мост, як тасодуф нест,
Табиат аст, сиришт аст, аз таъоруф нест.

Зи шеърҳои нахустам салом бо ман буд:
"Чакомаҳои шабонгаҳ - сурудаҳои ман,
Шумо намози банда ба хуршед,
Шумо саломи ман ба сапеда,
Шумо қиёми ҳастии ман дар баробари саҳаред..."
Ва рӯзҳои ғарибӣ, ки ман ба ёди Ватан
Ҳар он чи гуфта будам бар Салом биспурдам,
Чу бар кабӯтари пайғомбар,
Чу бар насими саҳар:
"Ассалом, эй хоки гулафшони ман,
Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман"...

Ба рӯзҳои сиёҳи Ватан, замони фироқ,
Агарчи ҷони ҳама бар салом буд муштоқ,
Зи бими он, ки мабодо салом асир шавад,
Ва ё зи кинавариҳо нишони тир шавад,
Гуфтам:
"Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд".

Гузашт он ҳама кобуси ваҳшату Наврӯз
Дубора дар Ватани мо қадам бизад пирӯз,
Ба пешвоз расидам, дуруди ӯ гуфтам:
"Салом, эй пок марзи ранҷбар,
Эй Меҳани Наврӯз...
Зи пушти Ҳафтхонат Ҳафтсин овардаӣ имрӯз,
Нахустин син саломи мо ба ёрон бод... "

Салом баҳри тавалло,
Салом баҳри тасалло:
"Ба ҳеч ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,
Агар, ки ҳеч надорад, пур аз салом бувад".

Салом - мазҳари бовар, салом - рамзи нур,
Салом - асли таҷаллӣ, салом - рамзи зуҳур.
Муқаддам аст салом аз ҳама каломи башар,
Муқаддам аст дуруд аз ҳама суруди зафар.
Салом, эй ватанам - қалби захмгини ман,
Дуруди ҳамватанӣ нақш бар ҷабини ман,
Чу хатти пешонӣ,
Чу муҳри инсонӣ.

Ба ҷойи лаънату нафрин,
Ба ҷойи туҳмату дашном,
Бимон салом биборад аз осмони Ватан,
Гули дуруд бирӯяд бар остони Ватан.

Чи нуктаҳои шигарф, аз Калом дорам ёд:
"Агар ба хона дароӣ, салом гӯй нахуст
В-агар ба хона ба ҷуз ту касе дигар набувад,
Бигӯ "салом!" ту бар нафси хеш ҳамчун дӯст,
Ки баҳри фитнаи шайтон раҳи гузар набувад."
"Каломи беҳуда набвад ба лафзи аҳли биҳишт,
Ҳар он чи ҳаст дар он ҷо салом ҳасту дуруд".

Баҳор, чун расад, аввал ба панҷаи гули зард
Салом бинвисад... 
Хати сипор, нигар, ки ба аввалин огард
Салом бинвисад,
Ман аз ҳилоли сари маҳ "салом" мехонам,
Ва мавҷи рӯди равонро салом медонам.

Салом дарси нахустини ҳар дабистон аст,
Салом матлаи тазйини рӯҳи инсон аст.
Ба акси хеш дар ойина ҳам салом диҳанд,
Ба рафтагон шаби одина ҳам салом диҳанд.
Салом аввали роҳу ниҳояти мақсуд,
Чу ҷовидона замон, ки намешавад масдуд.

Чанорҳои Душанбе, бародарони ман,
Чу бигзарам зи канори шумо, дилам хоҳад
Ҳазор даст барорам чу шохаҳои шумо,
Ба барг-барги шумо бо салом панҷа ниҳам,
Ба сочҳои сари шохатон салом диҳам.

Дар ин диёри азизон, дар ин қаламрави меҳр
"Зи ҳар канор шамими салом мешунавӣ,
Замон замони дуруду сипосу эҳсон аст."
Салом - ҳарфи шаҳодат барои инсон аст.
Ба ин калом ба ман ошност нисфи ҷаҳон,
Ва нисфи дигари он низ ҳамзабони ман аст.

Чу бигзарам зи ҳузури ҳаким Фирдавсӣ,
Ки ҳамчу тӯси тановар ситодааст ба боғ,
Бақои ҷовиди моро шукӯҳ мебахшад,
Салом мегӯям.

Зи Рӯдакӣ натавон бе дуруд бигзаштан,
Ки рӯди шеъри дарӣ ҷорӣ аз дуруди ӯст,
Забони миллати ман матлаъи суруди ӯст.

Ба Бӯалӣ зи таҳи дил салом мегӯям,
Ки рӯйи сина фишурда китоби "Қонун"-ро,
Баланд бар сари мо карда сақфи гардунро.

Салом, Айнӣ, аё пайки субҳи озодӣ,
Ки ҳарфи рӯз бувад ҷовидона осорат,
Ҳанӯз сангари ту доғу гарм пайкорат,
Шикаста ҳарбаи душман ба санги деворат.

Салом, Исмоил,
Шукӯҳи Сомонгирд,
Ки яктана ба ҷаҳон сарбасар ситода ҳанӯз,
Ба як мадор кашон миллати парешонро,
Шуоъ мефиканӣ бар қаламрави Хуршед,
Намедиҳӣ ба қазо қисмати Хуросонро.

Салом силсилаи барфпӯши кӯҳи Ҳисор,
Сари сафеди ту сарсабзии диёри мост,
Ҳазор силсила пайваста бо ту ёри мост,
Зи шонаи ту кашад пар ҳумои зарринбол,

Салом, ҳуҷҷати инсонии ман - 
Истиқлол!

РӮҲИ АҲМАДШОҲ

РӮҲИ АҲМАДШОҲ
бар фарози таърих

Марде ба қалби пора оламро занад фарёд:
Номус, номус, номус!
Акси садо бар мешавад аз кӯҳи бефарҳод:
Афсӯс, афсӯс, афсӯс!
Аз дашт занги корвон оё расад бар гӯш,
Хомӯш! Хомӯш! Хомӯш!
Ҳар сӯй рӯ орӣ, расонад як садоро бод:
Ноқус, ноқус, ноқус!
Ёрон ҳама бегонаву бегонагон ағёр,
Хундор, хундор, хундор,
В-ар ҳол мепурсад касе, дар пурсишаш бедод:
Ҷосус, ҷосус, ҷосус!
Не лаҳзае оромишу не соате пидром,
Сад дом, сад дом, сад дом,
Дар хоб ҳам натвон кашидан як нафас озод:
Кобус, кобус, кобус!
Аз лаъли тоҷи шаҳ ҷаҳида барқ дар аркон:
Дар тахту дар айвону дар девон,
Аз Оли Сомон байзае дар ҷавшани пӯлод:
Қақнус, қақнус, қақнус!1

РАСМ

РАСМ
Кӯдакон чу расм мекашанд,
Нахуст
Хона мекашанду боғу кӯҳу дашту рӯд,
Офтобу пораабру осмони беҳудуд.

Чун бузург мешаванду расм мекашанд,
Нахуст
Ду хӯша абрӯвон,
Зери он
Ду чашм,
Ки дар он ду чашм
Ҷилва мекунад
Хона, боғ, кӯҳ, дашт, рӯд, 
Офтобу пораабру осмони беҳудуд.

РАМАЗОН МУБОРАК!


РАМАЗОН МУБОРАК!
Аз дил ғами ҳар суду зиён бардорем,
Занги баду бераҳ аз забон бардорем,
Коме ману ту аз Рамазон бардорем 
Аз чеҳраи ҷон ниқоби нон бардорем

НАВОВАРӢ

Навоварӣ чист ва аз куҷо маншаъ мегирад? Таърифҳои зиёде ҳатман дар ин хусус вуҷуд дорад ва ҳатман рисолаҳои олимонаи назарӣ ва таҷрибӣ ҳам нигошта шудааст. Аммо бо мушоҳидаи падидае мутаассиркунанда банда рӯйи ин мавзӯъ беихтиёр ба фикр уфтодам.
Солҳои муҳоҷират ба шаҳри ғурбати мо пайваста меҳмонон аз Тоҷикистон меомаданд ва аз тарафи дӯстону хешовандонашон, ки пештар дар он шаҳр маскан карда буданд, маҷлисеву маҳфиле тартиб мешуд, то бо ҳамшаҳриҳо дидор дошта бошанд.
Боре ба иттифоқ меҳмон хабарнигори номошнои тоҷик шодравон Мақсуд Ҳусейн буд. Аз ҳар боб суҳбат мекард. Суҳбаташ чун ҳамеша аз лутфу зарофат холӣ набуд. Латифаҳои саргузаштии Мақсуд Ҳусейн ғолибан машҳуранд ва ҳар касе чизеро ба ёд меоварду нақли тозаи онро аз ӯ хоҳиш менамуд. Аз ҷумла дар бораи аёдати донишманди давошинос Зоҳидҷон Ҳомидов, дар бораи мусоҳиба бо устод Одина Ҳошим, дар бораи дастёрӣ ба устод Ҷалол Икромӣ дар чидани мева... Мақсуд Ҳусайн бо лутфи хосс ва ҷузъиёти тозае ин латоифро адо менамуд.
Дар миёни суҳбаташ ногоҳ максе карду гуфт:
- Барои шумо савғое овардам, боз фаромӯш нашавад.
Даст ба кифи сафарии паҳлуяш бурд ва аз он шишаеро берун овард. Баъзеҳо ҳазломез гуфтанд: “Албатта, меҳригиёҳ аст!”
Он вақтҳо дар Тоҷикистон шаробе бо номи “Меҳригиёҳ” истеҳсол мешуд ва зоҳиран шуҳрате пайдо карда буду онро ба савғо мебурданд.
Мақсуд табассуме карду карду гуфт:
- Не. Беҳтар аз “Меҳригиёҳ”. Ин оби ватан аст. Оби Варзоб! Вақте нияти сафар кардам бисёр фикр кардам, ки барои шумо чи савғо биёрам. Медонам, ки мағзу мавиз ва анвои меваҳои Тоҷикистонро ба ин ҷоҳо бисёр меоранд. Охир ба хулосае омадам, ки оби ватан биёрам. Аз саргаҳи софии Варзоб гирифтам. Чи қадар вақт гузашта, ки бисёре аз шумо оби ватанро нахурдаед!
Сукуте ба миён омад, ки гӯёи шадидан мутаассир шудани ҳар яке аз он ҷамъ буд. Бо замзамаи ҳамин сукут обро якҷуръаӣ дар пиёлаҳо рехтанд ва бо эҳтиёту эҳтиром ва ҳаяҷон нӯшиданд. Дар баъзе чашмҳо қатрае аз ин об ҷӯшида берун меомад.
Хеле баъдтар, вақте мехостам бо дархости дӯстон назари худро дар бораи навоварӣ бинависам, ҳамин саҳна ва ҳамин лаҳзаҳо ба ёдам расид.
Барои навовари воқеӣ будан, бояд инсон аз андешаи тоза ва бадеъе, ки ба дилу мағзаш роҳ меёбад, наҳаросад, бисёр фикр накунад, ки дигарҳо чӣ мегуфта бошанд, самимӣ ва табиӣ бошад ва ба фарҷоми неки самимият ва табиият бовар дошта бошад.