Садбайти бадеҳа

САДБАЙТИ БАДЕҲА

(Мунтахабе аз нигоштахо дар «ШОҲБАЙТ»)

Гарчи хони рӯзияш як олам аст,
Ноштои офтоб аз шабнам аст.
*
Ало кабки дарӣ, фарёд дорӣ?
Забони модариро ёд дорӣ?
*
Нон азиз аст, агар гандуму гар ҷав бошад,
Шеър шеър аст, агар куҳна в-агар нав бошад.
*
Аз дасти хушмақолон ҷоне бадар набурданд,
Булбул чи гуфт, к-охир гулҳо зи ханда мурданд?
*
Шикояте агарам ҳаст, он ҳам аз хеш аст,
Чи ҷои шиква зи мардум, дилам зи худ реш аст.
*
Эй амал хоста ба ҷои сухан,
Сухани шоирона худ амал аст.
*
Бар нигоҳи гарми ин ойина кам бовар бикун,
Чун бирафтӣ аз бараш, акси ту берун афканад.
*
Хурусе дертар аз хоб барҷаст,
Бизад бонг: «Офтобе рафт аз даст!»
*
Аз ин худошноӣ ҷойи тарс аст,
Каюмарсам агар ки Карл Маркс аст.
*
Гар дилам рам кард аз тақдир, маъзураш бидор:
Дастае гул ҳар ки додам, риштаи он буд мор.
*
Аз ту моро ҳеч ҷуз дидори ту манзур нест,
Ҳадяи ойина бар ойина ғайри нур нест.
*
Агар гуфтам, ки пар дорад парасту,
Махоҳ аз ман далеле аз Арасту.
*
Зи мори гурзаву аз шери шарза
Наметарсам, ҳаметарсам зи ҳарза.
*
Ба ҳар роҳе, ки сар монам, саре дар пои ту дорад,
Зи ҳар ҷӯ қатрае ҷӯям, дили дарёи ту дорад.
*
Тоҷиконро дар Ватан душвор афтад иттифоқ,
Сиру Ому бо ҳам ояд дар биёбони Қазоқ.
*
Дили худро ба дарёе бияфкандам, ки пилон ҳам
Канори он намеоянд аз бими наҳангонаш.
*
Чу кӯҳе бош, агар истода бошӣ,
Чу дарё бош, агар уфтода бошӣ.
*
Туро чун сураи Ихлос ман аз ёд медонам,
Агар дар хоб пурсандам, туро аз ёд мехонам.
*
Сухани ҳар кӣ порае аз ӯст,
Гар бувад хора, хорае аз ӯст.
*
Рӯзгори шеъри кутоҳ аст,
Шеъри рӯз "оҳ" аст.
*
Борҳо бурдам ҳасад бар соати девори худ,
Ман басо бекор будам, ӯ ҳама дар кори худ.
*
Олам ду қисмат аст: яке кор мекунад
В-он қисмати дигар ҳама инкор мекунад.
*
Мо даст ба банди кас надодем,
Ҷуз соати мо, ки бандаи мост.
*
Бароят осмонро ранг хоҳам кард,
ҳар ранге, ки мехоҳӣ,
Ҷаҳонро сози як оҳанг хоҳам кард,
оҳанге, ки мехоҳӣ.
*
Як дил суол мондаву Устод рафтааст
В-он дарсҳо, ки хондаам, аз ёд рафтааст.
*
Зи «мониъ» мекашад «маъно» бурун табъи сухангустар,
Ки санги роҳ мавзун мекунад мазмуни дарёро.
*
Пари коҳест бодоварду як олам парешонӣ,
Гаронтар нест дар дунё аз он чи ҳаст маҷҷонӣ.
*
Зи кобуси сиёҳи ноумедӣ
Шавам бедор, аз шодӣ бимирам.
*
Гуфтӣ, ки ба лаб расида ҷонат,
Ҳаққо, ки расида бар лаби ту.
*
Дидаам хоб, ки бедор шудем,
Магар имрӯз қиёмат бошад?
*
Ниёз аз аҳли кому ноз н-ояд,
Ки аз болишти пар парвоз н-ояд.
*
Нест унвоне маро бартар зи номи хештан,
Нест инъоме маро волотар аз меҳри Ватан.
*
Камоли раҳмати Парвардгор аст:
Ба ҷони худ на моро ихтиёр аст.
*
Сангҳоро аз ҳарорат мекунад ҳарчанд об,
Шабнами гулҳои сунъиро начинад офтоб.
*
Уммед намемирад, агар чашми таре ҳаст:
«То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст».
*
Гар тиҳӣ аз меҳру ёди хеш ё бегонаест,
Дар вуҷуди одамӣ дил нест, як гардонаест.
*
Кӣ хонд дафтари ин боғро ба шаб? Ки саҳар
Ба ҳарф-ҳарфи тараш қатраи сиришки касест.
*
Эй моҳ, бо ман ҳар ҳар замон мижгон ба мижгон мениҳӣ,
Дилро ба кайҳон мекашӣ в-он гоҳ поён мениҳӣ.
*
Забони сояҳо бар ман дароз аст,
Магар, ё Раб, ғуруби ман расида?
*
Дар хонаи дил нишасту бинвишт ба дар:
"Ин хона хароб мешавад – зуд гузар!"
*
Маро гӯӣ заминӣ бош, ҷоно,
Замин ҳам дар фалак парвоз дорад.
*

Оҳро дар дил ниҳон дорам, ки фарёде шавад,
Ҳар шарар дар синаи ин санг Фарҳоде шавад.
*
Байти сардастии ман раҳтор аст,
Лағзише ҳаст агар, як бор аст.
*
Бимон, то ман ба ханда зарқ бозам,
Агар гирям, ҷаҳонро ғарқ созам.
*
Қалам хомӯш бар коғаз биронад,
Садои пои ӯ сад сол монад.
*
Замона ҳарфи раҳи ростро намешунавад,
Зиҳӣ ба ҳавсалаи истиорагустари мо.
*
Тиҳидасто, чи нолӣ аз фақирӣ,
Ки бе дасти тиҳӣ дасте нагирӣ.
*
Ҳар ҷо ки бигзарӣ, чу гули офтобгард
Ойинаҳо ба ҷониби ту тоб мехуранд.
*
Эй гуле, ки хазон шудӣ сад бор,
Ба чӣ уммед боз омадаӣ?
*
Ду чашми мо ба ҳам қаҳрӣ, пайи «номӯс» мегарданд,
Агар аҳвол ин бошад, ҳама олус мегарданд.
*
Яке номе ба санги ҳар мазорест,
Ки бар фарқи ғубори сад ҳазорест.
*
Зи нодонӣ бад-он авҷе расидем,
Ки донотар зи худ касро надидем.
*
Дерест надидаем худро,
Ойина маро намешиносад
*
Гар раҳмати Ҳақ ба дашту ҳомун резад,
Дар ҷоми вуҷуди вожгун чун резад?
*
Завқи инкор он қадар дар ҷони шобу шайб зад,
Чашм мепӯшанду мегӯянд, олам ғайб зад!
*
Гули беном, ту шоистаи ҳар унвонӣ,
Ки надоданд туро ному чунин хандонӣ.
*
Рӯйи як по соате як ҷой бест,
То бидонӣ ҳоли ин шамшод чист.
*
Магар дарё фаромуш карда расми ошино кардан?
Ки бар ҳар санги соҳил мезанад чангу фиғон дорад.
*
Ба кӯҳ бар натавон шуд бидуни қомати хам,
Ки бе суҷуд суъуде намешавад майсур.
*
Ман дар миёни оташу шабтоб аз чаман,
Талқини сӯхтан бикунад ҳар замон ба ман.
*
Ойинаи айбнамояст гил,
Ойинаи ғайбнамояст дил.
*
Ало тоҷи сари ман, миллати Тоҷ,
Ба ҳар бетоҷ то кай медиҳӣ боҷ?!
*
Ғами ту даме нагузорадам, ки зи дасти худ биниҳам қалам,
Ки ғизоли дашти хаёли ту начарад ба ҷуз гули ғазалам.
*
Ту шамъ мекушӣ бебоку хуб медонӣ
Касе ба куштани шамъе нагашт зиндонӣ.
*
Бинам чу бар рухсорае ранги ҳаё гул мекунад,
Он лаҳза дар пиндори ман боғи Худо гул мекунад.
*
Агар дар ин ҷаҳон як тифл хор аст,
Башар маҳруми ҳаққи ифтихор аст.
*
Як замон бехабар зи ҳоли падар, як замон бехабар зи модар нест,
Мо ғарибему офтоб қариб, дар ҷаҳон мисли ӯ бародар нест.
*
Чу аз бадию бадон мезанад масал нафаре,
Зи дил ҳамегузарад: «Кошки на ман бошам»
*
Шунидаам, ки «Рӯзи Офтоб» будааст,
Аҷаб! Кадом рӯз рӯзи Офтоб нест?
*
З-андешаи он ки «мешавад дӯст малол»,
Натвон бигузашт аз талаби истиқлол.
*
Ту чунон бош ба олам, ки Худо мехоҳад,
На чунон бош, ки ҳар бесарупо мехоҳад.
*
Ту некӣ мекуну чораспа бигрез,
Мабодо, ки кунандат ҳалқовез.
*
Сад шукр мекунам зи баландии осмон,
Аз он ки санги кас ба чароғаш намерасад.
*
На аз таҳдиди душман, не зи макри ошно тарсам,
Маро шарм аз Худо ояд, ки аз ғайри Худо тарсам.
*
Ин наъраи ҷовидони дарё
Ҷуброни сукути моҳиён аст.
*
Фармуд сангпушт, ки мо ҳам тавонгарем,
Ҳастем то ки дар садафи хеш, гавҳарем.
*
Шеъри Бедил чу хушаи ангур,
Ҳама яксар дил аст, ранги булур.
*
Аз ҳар бути хуфтае дилам безор аст,
Бедорам ман, Худои ман бедор аст.
*
Чи сон панде диҳӣ дигар ба тифлон,
Ки тифлон баста гӯши худ ба тилфон.
*
Дилеро бишканӣ, фарёд хезад,
Дилеро бишканӣ, Фарҳод хезад.
*
Ба мижгоне агар аз мо ғубор аст,
Муборак бод, к-он пайғоми бор аст.
*
Ба ҳеч ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,
Агар ки ҳеч надорад, пур аз салом бувад.
*
Дар ин мавҷи ҳасрат ба ҳам ошноем,
Чу киштӣ ба соҳил нишинад, ҷудоем.
*
Гар касе бошӣ, барои худ басӣ,
Бекасӣ беҳтар бувад аз нокасӣ.
*
Ба кӯйи дӯст сафар кардан зи ту раҳона намехоҳад,
Зимоми дил чу раҳо созӣ, дигар баҳона намехоҳад.
*
Хандае бо ҳазор афсун мекашам аз дилам берун,
Хокдонро надонам чун ин қадар гул бурун орад?
*
Ба рами нафас биравад ҳама, наравад магар ба равони мо,
Ёди ту зи сар, ғами ту зи дил, ҳаваси лиқоят зи ҷони мо.
*
Ҳама рӯди тирамоҳон зи ғубор соф бошад,
Дили ман фидои рӯде, ки баҳор соф бошад.
*
Дар ин дунё касе ки монд бекор,
Наёбад кор ғайри кину пайкор.
*
Замона пеши лаби ман ниҳод ойинае,
Ки аз ғубори нафас зинда буданам донад.
*
Агар сад сифрро анбоз созанд,
Ҳамоно, як даҳони боз созанд.
*
Чӯб хомӯшу арра дар фарёд:
– Мехурандам! Расед бар имдод!
*
Чун қибла миёни қалб биншаст,
Ҳар сӯй, ки рӯй орӣ, қибласт.
*
Ало, Хуршеди ҷонафзо касеро дӯст медорӣ?
Ки шом аз ҳаҷр дилхунӣ, саҳар гулгун зи дидорӣ.
*
Ҳар чиз, ки додаӣ, дар он хайри ман аст,
Ҳарчанд, ки он хостаи ғайри ман аст.
*
Мову ту ба ҳам чӣ ҳамнавоем,
Пайдост, Худои мо ягонаст.
*
Гиря ҳарчанд ҳалли масъала нест,
Мешавад ғам дар оби чашми ту ҳал.
* *
Ҳамсафар дорам диле дар мавҷи хун,
Нақшаи роҳе – хиёлоту ҷунун.
*
Бишкаста ҳама ойинаҳоро як-як,
Дар ҳасрати рӯйи хеш девона шудӣ.
*
Ин хома ба рӯйи дафтари ман
Ангушти ишорати хамушист.


58 комментариев:

  1. Ба бедорӣ дили худ реш дорем,
    Ки хобе ҷовидон дар пеш дорем.

    Чӣ осон кӯҳи оҳан суда гардад,
    Чӣ мушкил дил даме осуда гардад.

    Гарчи мурғонро тафохур бар ҳавост,
    Ризқи ҷумла мурғгон дар зери пост.

    Дил супурда ба «ҳар чи бодо, бод!»
    Бод аз он ҳамеша ҳаст озод.

    Бар ин роҳе, ки захмину фигор аст,
    Пайи дандони чандин ришвахор аст.

    Пайи шустани рахти шоми сиёҳ
    Адо шуд ба ду ҳафта собуни моҳ.

    Ду чашми тар ба сӯйи моҳпораст,
    Фазои дидаам пур аз ситораст.

    Эй ки бинии худ ниҳон бинӣ,
    Чӣ кунӣ даъвии ҷаҳонбинӣ.

    Чӣ андӯҳе гули садбарг дорад,
    Ки бо ҳар барги худ як марг дорад.


    Эй миллати фарзона, ҳакими ту куҷост?
    Эй меҳани ман, лутфи қадими ту куҷост?
    Афканда дилам ба пойи Албурзи ғам аст,
    Симурғ! Куҷойӣ ту? Нишеми ту куҷост?

    Як нима Душанбесту як нима Бухор,
    Марзи ватанам аз дили ман мегузарад.
    Ҳақи шиква ҳама доранд зи ҳам,
    Бурд аз он аст, ки оғоз кунад.

    Чандон ки аз тааллуқи дунё гузаштаем,
    Бо киштии ҳубоб зи дарё гузаштаем.


    Кай расӣ ҷойе, гар аз худ нагзарӣ,
    Дар раҳи худ чун сади Искандарӣ.

    Аз дида ҳавас ба дил нишинад,
    Ҳарфи авали «ҳавас» ду чашм аст.

    То зиндаӣ пой бар сарат бигзоранд,
    Чун ҷон бидиҳӣ тори сарат бардоранд.

    Баски аз халқ мекунад ваҳшат,
    Соя аз мо ҷудо намегардад.

    Чаро аксар кабӯтарҳо сапеданд?
    Аз он ки пайки иқболу умеданд.

    Гар сояи ҳам чунин тарошем,
    Девор дар ин ватан намонад.


    Ба кафтарҳо сало мезад яке боз:
    Фазо боз аст, инак вақти парвоз!


    Эй ки бинии худ ниҳон бинӣ,
    Чӣ кунӣ даъвии ҷаҳонбинӣ.

    Аз қалам хостам, ки рост бирав,
    Гуфт: ин ҳарф дар алифбо нест.


    Ҳар нафас як неши мори дигар аст
    В-аз пайи нешаш фирори дигар аст.

    Касеро ба ноошно кор нест,
    Муқаддимаи душманӣ дӯстист.

    ОтветитьУдалить
  2. Ба амни роҳ хомушӣ гувоҳ аст,
    Даҳоне роҳро гар ҳаст, чоҳ аст.

    Бимон, то дил шавад аз ҳарф саршор,
    Пайи ҳарфе дили худро маяфшор.

    Нури покаш ба олам афшонад,
    Доғи маҳ бар рухи худаш монад.
    (Мазмун аз Тагор)

    Гандум ба ҷаҳон ба ҳифзи ҷон омадааст,
    Ҳар дона ба ҷавшану синон омадааст.

    Майхурон хирқа кардаанд ба дӯш,
    Хуни сад хум ба гардани соқист.

    Он ки бо хеш душманӣ варзад,
    Дӯстии туро намеарзад.

    Раҳоӣ гар ҳамехоҳӣ зи ҳар банд,
    Кушо банд аз ҷабину бар камар банд.

    ОтветитьУдалить
  3. Гиряҳои тифли навзод аст бас коре шигарф,
    Чашм во нокарда медонад куҷо уфтодааст.

    Аз ҷафои якдигар, дидем гоҳ,
    Одамӣ бар Аҳраман орад паноҳ.

    Дар маҳифили дил на ғайбату кин гӯянд,
    Ҷамъест фариштаҳош таҳсин гӯянд.
    Тифле хонад зи сафҳаи дил Қуръон,
    Пире бикунад дуъову омин гӯянд.

    Зи фарти меҳрубонӣ марди боандеша меафтад,
    Дарахти борвар дар хоки нарм аз реша меафтад.

    Ҳар су назаре бияфканӣ, роҳ шавад,
    Дар сояи лутфи ту гадо шоҳ шавад.
    Дар сина ниҳон диле чу хуршед турост,
    Гар оҳ кашӣ, дар осмон моҳ шавад.

    Ҳар бор,ки лаб хандае соз шавад,
    Гӯё ки даре ба рӯйи ғам боз шавад.

    Назарат тоҷи сарат, ҳоҷати ғавғо набувад,
    Назди ту шеър ҳамон аст, ки аз мо набувад.

    ОтветитьУдалить
  4. Нишони ҳиммати волои боғбон аст ин,
    К-аз ӯ баланд бувад қомати дарахтонаш.

    Ба қалби баҳр аз лутфи илоҳӣ
    Намемирад чароғи чашми моҳӣ.

    Диламро тешаи ғам метарошад:
    Мабодо ин ҳама беҳуда бошад!

    ОтветитьУдалить
  5. То гумон созанд буд дар раҳми модар Бӯалӣ,
    Ҳар касеро хат биёмӯзӣ, туро хат мезанад.

    ОтветитьУдалить
  6. Мо сар ба сари қалам ниҳодем,
    Фарҷом чу аз ду сар ягонаст.

    ОтветитьУдалить
  7. Чӣ дил бошад диле, ки ғам надорад?
    Куҷо чашм аст, чашме нам надорад?
    Вуҷуди беғамон қасрест заррин,
    Чӣ суд аз қаср, агар Одам надорад?

    Он як гуфта, отуму нитрон бошад,
    Дигар гуфта, ҳануз пинҳон бошад –
    Он зарра, ки ҳеч гоҳ қисмат нашавад,
    Як зарраи хоки Тоҷикистон бошад.

    ОтветитьУдалить
  8. Агар ҳасуд бадат гуфт, ғам махур зинҳор,
    Ту кори хеш бикун, ӯ ба кори хеш дар аст.

    Ба рӯйи қалби Зимистон, ки ях задаст зи дард,
    Ба по гирифта ду ханҷар чӣ маст мерақсӣ!

    Кафтарони сапедболи ман,
    Байтҳои ҳақу ҳалоли ман,
    Чун ба боми диле фуруд оед,
    Нома бинҳеду бол бикшоед.

    Гар аз лавҳи ҷабинат чин шавад боз,
    Раҳе аз он ба Ҳинду Чин шавад соз.

    ОтветитьУдалить
  9. Бишнохтамат, фитнагар, ин шӯру мағал чист?
    Ҳар кӣ ба диёри ту нашуд зода, «маҳалчист».

    Агар кашфат кунанд, эй кони ангишт,
    Агар нашфат кунанд, эй кони ангишт,
    Бувад гарданда то ин чархи гардон,
    Намонад бе аловӣ Тоҷикистон.
    ****
    Нашф – шикофтан, боз кардан.

    ОтветитьУдалить
  10. То чашми тамаъ бувад фусунсоз,
    Чашми дили мо намешавад боз

    Замин аз барф равшантар зи Моҳ аст,
    Тафовут нест дигар дар шабу рӯз.
    Ба чашми заррабин ҳар зарраи барф
    Бувад як нусха аз гулҳои Наврӯз.

    Ин Монии Барф килки Ораш дорад,
    Аржанг ба хуни Дай мунаққаш дорад.
    Дарё, ки шафақ ба синааш панҷа кашад,
    Дар шишаи ях шароби оташ дорад.

    ОтветитьУдалить
  11. Сапедат бод раҳ, эй раҳрави дай
    Ба ҳар роҳе, ки по монӣ сапед аст.

    Гар хатое ба атое биравад,
    Беҳ аз он ки ба ҷазое биравад.
    (Мазмуни ҳадиси шариф)

    Кӯчаҳо аз бекасӣ гӯё азо бигрифтаанд,
    Бомҳо дар дасти худ аз ях асо бигрифтаанд.

    ОтветитьУдалить
  12. Ӯ тифл бимонаду ту ҳам тифл шавӣ,
    Бо кӯдак агар сухан кунӣ тифлона.
    Парвоз наёмӯзад як чӯҷаи боз,
    Бар сахра намениҳад агар ӯ лона.

    ОтветитьУдалить
  13. Агар гӯӣ хирадро меҳтарӣ ту,
    Ба чашми аҳли ҳикмат гавҳарӣ ту.
    В-агар хоки раҳам бо мижа рӯбӣ,
    Намебахшам туро, чун беҳтарӣ ту.

    Гар хора будӣ, паранд мегардидӣ,
    Гар хор будӣ, сипанд мегардидӣ.
    Панди ман агар ки мешунидӣ, эй дил,
    Ҳаргиз на чунин нажанд мегардидӣ.

    ОтветитьУдалить
  14. То чанд баҳри обу гилам зиндагӣ кунам,
    Бигзор, то барои дилам зиндагӣ кунам.

    Куҷо як дидаи бедор дорем,
    Ки мо афсонаҳо бисёр дорем.

    Аз косаи сар касе нахӯрдаст,
    Ин коса ҳамеша хом дорад.

    ОтветитьУдалить
  15. Донӣ, ки чаро «биҳишт» гуфтанд?
    Яъне ки зи даст дода будем.

    Дерест рӯйи хуш надиҳад ҳеч кас ба кас,
    Бар дидаҳо ситора ҳам ангушт мехалад

    ОтветитьУдалить
  16. Агар «кафтор»-ро «кафтар» навиштам,
    Тавалло буд, не аз бесаводӣ.

    Эй чӯҷа, ба байза мехӯремат,
    Бишмурдани тирамаҳ чӣ бошад?

    Агарчи нест шабе, ки саҳар намегардад,
    Даме, ки рафт, дигарбора барнамегардад.

    Зи ҳар касе, ки бипурсам: «Нахустинсон кист?»
    Ба худ ишора кунад, ё сареҳ «Ман!» гӯяд.

    Санги алмоси Кӯҳи Нур канем,
    Пойдевори коҳдон бикунем.

    ОтветитьУдалить
  17. Шаб давот асту рӯз дафтари ман,
    Ин як оранду он дигар бубаранд.

    Бинишин як шабу то субҳ ситора бишумар,
    То бубинӣ чи қадар санг ба хуршед заданд.

    Чи гӯямат суханеро, ки ту намешунавӣ,
    Вале рақиб зи лавҳи хиёл мехонад.

    Фарқе агар бувад ба забонҳои одамист,
    Гунҷишкҳои ҷумла ҷаҳонро забон якест.

    Ба ним сония тобиш зи наъраҳои барқ
    Сукути равшани хуршедро қиёс бикун

    Агарчи нест шабе, ки саҳар намегардад,
    Даме, ки рафт, дигарбора барнамегардад.

    ОтветитьУдалить
  18. Дар Осмон ҳанӯз сафедӣ ҳаст,
    Шукри Худо ҳанӯз умеде ҳаст.

    Гар мӯй сапед гашт, моро ғам нест,
    Бе мӯйи сиёҳи мо сиёҳӣ кам нест.

    Фалотун гарчи мегунҷад ба хумбе,
    Ба фаҳми хум намегунҷад Фалотун.

    Дар ҳисори вуҷуди хештанам,
    Гар ба Руму Раям, дар ин ватанам.

    Дилам сад пора карду беш хоҳад,
    Ки бар ҳар порае сад реш хоҳад.

    Дар дили шаб ҳаст нуре дар ҳиҷоб,
    Мекунад то субҳ ҷазби офтоб.

    Аз ҷаҳон сангару камин монда,
    Аз «ҳуқуқи башар» ҳамин монда.

    ОтветитьУдалить
  19. Ба ҳеч ном мабандед ҳарфи озодам,
    Ҳар он чи гуфтаму гӯям насиҳати хеш аст.
    Вале замона зи мо чун сухан талаб дорад,
    Суҳуфи поки зимистон нисори дарвеш аст.

    ОтветитьУдалить
  20. Намехоҳам касеро хор бинам,
    Кӣ мехоҳад ба чашми хештан хор?

    نمی خواهم کسی را خوار بینم
    که می خواهد به چشم خویشتن خار؟

    ОтветитьУдалить
  21. Даруни сина набошад агар ситораи қалб,
    Ба рӯйи сина чи кор оядат ситораи қалб?

    Бишкуфтани гул агар ҳазорон бор аст,
    Такрор надорад ончи нотакрор аст.

    Сухан шикаста бигӯ, то муосират донанд,
    Ба лаҳни хаста бигӯ, то муосират донанд

    Намебинӣ, ки дар майдон чи гард аст,
    Ҳанӯзат бо Қутайба он набард аст.

    Чун нури Ҳақ аз қалби гумон бояд рафт,
    Чун андеша миёни ҷон бояд рафт.
    Пӯйидани ту то ба самар роҳ барад,
    Чун об ба решаҳо ниҳон бояд рафт.

    ОтветитьУдалить
  22. Оташи Олимпро ҳар ки кунад меҳмони хеш,
    Мезанад бо дасти худ оташ ба хонумони хеш

    Ин ҳамон оташ бувад, ки ними дунёро бисӯхт,
    Оташи Каркӯйрову қасри Дороро бисӯхт.
    Рус берун ронд чандин тоҷики меъморро,
    То ки барҷо оварад «тақдиси» оташхорро.
    Лек даври оташи Олимп, шояд ки, ҳазор
    Хонасӯзонро фароҳам кард ҷоҳу ихтиёр.
    Бас дигар, мардум, тавофи оташи бегона, бас!
    Оташи бегона бозӣ нест, ин афсона бас!


    Нест шайдои баҳорон ҳеч кас монанди барф,
    Об мегардад, чу ӯ аз дур пайдо мешавад.

    ОтветитьУдалить
  23. Касоне пашшаро Симурғ донанд,
    Манозӣ, гар туро шаҳбоз хонанд.

    Аз хароши панҷаи шеъре, ки бас мастур буд,
    Мондааст осори хунине ба девори дилам.

    ОтветитьУдалить
  24. Мурғе, ки нағма хонад пушти тирезаи ту,
    Озори рӯзгорон камтар зи ту надидаст

    Ҳамеша дар ҷаҳон ҷанги ҷаҳонист,
    Гаҳе ҷанги тану гоҳе равонист.
    Ҳама ноком мемонад ба фарҷом,
    Ғараз аз он агарчи комронист.

    Нест шайдои баҳорон ҳеч кас монанди барф,
    Об мегардад, чу ӯ аз дур пайдо мешавад.

    ОтветитьУдалить
  25. Беҳин васфи Биҳишт ин аст дар Қуръон ки фармуда:
    «Биҳишт он ҷо бувад, ки нашнавӣ гуфтори беҳуда».

    Ду чиз аз якдигар ҳаргиз нашуд сер:
    На хок аз мардуму на мардум аз хок.

    Бар сар омад чунки сабри чойҷӯш,
    Ончунон ҷӯшид, к-оташ шуд хамуш.

    ОтветитьУдалить
  26. Ҳазорон бор, борон, бор борон,
    Гул оташ рехт бар ҷони ҳазорон.

    Об менолад зи полован, ки монеъ бар манӣ,
    Гӯядаш полован: оре, монеъат аз ғайри ту.

    Зикри бад чун бигзарад аз марзу ҳад,
    Гум шавад фарқи миёни неку бад.

    Гуфт Пайғамбар: агар ояд хабар,
    Ки қиёмат мерасад аз раҳгузар
    В-он замон дар дасти ту бошад ниҳол,
    К-аз пайи биншонданаш дорӣ хаёл,
    Зуд биншонаш, агар ёбӣ маҷол,
    Хайрро ҳаргиз нашояд эҳтимол.

    ОтветитьУдалить
  27. Ҳар касеро Худой иззат дод,
    Натавонад касеш хор кунад.
    В-он касеро Худой кард забун
    Ҳама олам дигар чи кор кунад.
    (Ҳадиси шариф)

    Гар Сулаймонест бар фавқи башар,
    Дев набвад ғайри як деворгар.

    Гар аз рӯйи муҳаббат ҳам саги ҳор
    Бихоҳад рӯйи ту лесид, магзор!

    Дар дилам чашмаи зар меҷӯшад,
    Даст бар сӯдани оҳан дорам.

    Сангпуште ба роҳ мепурсид:
    Роҳ то моҳ чанд фарсанг аст?

    Чист шаб? Хокистаре аз Офтоб,
    Ахтарон ҳам ахгаре аз Офтоб

    Аҷаб дунё, ки Шеди зиндагисоз,
    Ба хун меояду бо хун равад боз.

    ОтветитьУдалить
  28. Он ки набудро ба сухан буд мекунад,
    Танҳо Худост.
    Бар мост, то сухан зи буд бигӯем,
    Яъне ки – рост.

    ОтветитьУдалить
  29. Набошад гар саре дар пойи девор,
    Напояд дер он девор зинҳор.

    ОтветитьУдалить
  30. Шеър пайдо, шоъираш пайдо набошад ҳайф нест,
    Ҳайф бошад шоъире пайдову нопайдош шеър.

    ОтветитьУдалить
  31. Ошиқи озодагӣ аз оташ афсар мениҳад,
    Шамъ агар сар мениҳад, дар пойи худ сар мениҳад.

    Бар нигоҳи гарми ин ойина кам бовар бикун,
    Чун бирафтӣ аз бараш, акси ту берун афканад.

    ОтветитьУдалить
  32. Худои ту туро ҳушёр хоҳад,
    Чу дар ҳарфаш шакеву ҳиллате нест

    Аз ту моро ҳеч ҷуз дидори ту манзур нест,
    Ҳадяи ойина бар ойина ғайри нур нест.

    ОтветитьУдалить
  33. Мазан бар хоки мо бебок дандон,
    Ки дар ҳар порааш сангест пинҳон.

    ОтветитьУдалить
  34. Исёни ошкоро чун сел дар хурӯш аст,
    Гарди гуноҳ ҷӯем аз остони зоҳид.

    Ҳикмати мижгон задан донӣ ки чист?
    Хоб бедор аст, бедор аст хоб.

    Дарё бинад туро, дамидан гирад,
    Оҳу бинад, сар зи чаридан гирад.
    Аз хандаи хуршед ба раҳ дил резад,
    Доман гирад ёлаву чидан гирад.

    ОтветитьУдалить
  35. Бо маҳу хуршед гарчи ҳамсаранд,
    Кӯҳҳо дар такяи якдигаранд.

    ОтветитьУдалить
  36. Чу Худованд зи ҳиммат кӣ нишонат бидиҳад?
    Ки ба подоши гуноҳет ҷаҳонат бидиҳад.

    Китоби мо ба зери болиши мост,
    Аз он ҳам нозишу ҳам болиши мост.

    Мо баста ба як риштаи ойин будем,
    Он ришта гусасту бас парешон гаштем.
    Якрӯй ба як сафҳаи ойина будем,
    Ойина шикасту рӯҳазорон гаштем.

    ОтветитьУдалить
  37. ҲАР ШАМС МАВЛАВӢ НЕСТ
    (Халқӣ)

    Ҳар нахли бӯстонӣ бору самар надорад,
    Ҳар Шамс мавлавӣ нест, ҳар най шакар надорад.

    Дил дар миён набошад, аз болу пар чи ҳосил?
    Он чи уқоб дорад, болишти пар надорад.

    Ҳоли дили ҳабибон кам ҷӯй аз табибон,
    Он ки табиби мо шуд, аз худ хабар надорад.

    Мақсуди ту дар ин раҳ гар Хонаи Худой аст,
    Аз роҳи рост магзар, роҳи дигар надорад.

    Гар ҷумлаи ҷаҳонро гирад ба хайлу лашкар,
    Мағлуб бошад он ки бар худ зафар надорад.

    Ҳар сангро ба ранге дидӣ, магӯ ки лаъл аст,
    Ҳар санги ин куҳистон хун дар ҷигар надорад.

    Чархи ҳаёт гардон аз бозувони дарёст,
    Таънаш мазан агар ӯ дурру гуҳар надорад.

    ОтветитьУдалить
  38. Ҳофиз, чаро ту моро фармудаӣ мудоро,
    Дидӣ, ки ин мудоро барбод дод моро.
    Дигар куҷо шукӯҳе, дигар куҷо ҷалоле,
    Аз даст шуд Самарқанд, бегона шуд Бухоро.

    Варои ин ҷаҳон садҳо ҷаҳон аст,
    Ба як ҷон з-ин ҳама битвон гузаштан?

    – Чи шаб бошад Шаби Қадри асосӣ?
    – Шабе, ки қадри онро мешиносӣ.

    Лаби барбастаи ту шоҳбайтест,
    Мусаллас мешавад ҳангоми гуфтор.

    ОтветитьУдалить
  39. Сипари бадр гашт теғи ҳилол,
    Боз ҳам дар наём мемонам.
    Рамазоно, тамом хоҳӣ шуд,
    Боз ман нотамом мемонам.

    РАСТОХЕЗ
    Офтоб
    Дар миёни осмон
    Бетаҳаррук истодааст
    Ваъдаро чаро ба шом додаӣ?!
    رستاخیز
    آفتاب
    در میان آسمان
    بی تحرک استاده است
    وعده را چرا به شام داده ای؟


    В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун,
    Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро
    (Маликушшуъаро Баҳор)

    Ақли кутоҳ бо забони дароз
    Ҳаст танбӯри ҷӯри ӯ носоз.

    Дина бозори паранда рафтам,
    Хостам мурғи сухангӯ бихарам.
    Гуфт аз чоки қафас тутияке:
    «Метавонӣ ту чу ман там-тара-рам!».

    Ба ин пайкар марав оғӯши дарё,
    Ки, метарсам, намесозад раҳоят.

    Нест сурат тиҳӣ зи моҳийят,
    Кӯза чун бишканад, кафи хокест.

    Ба дурустӣ, ки суннату ойин
    Ҳаст дар даври фитна зомини дин.
    Даст бишкаст, остини гаҷ
    Нагузорад, ки даст гирад каҷ.

    Ҳазорон шукри «ёрон»-и маҷозӣ,
    Ки моро нест бар душман ниёзе.

    ОтветитьУдалить
  40. Агар дарё сиришки моҳиён нест,
    Чаро ки чашмашон дар хун нишаста?

    Ту мегӯӣ, ки як чуфти ситора,
    Чи донӣ, дар миён садсола роҳ аст.

    Ҳазорон ҳарф берун резам аз дил,
    Таҳи сандуқи дил дурдонае буд!

    Ҳанӯзам бо ҷаҳон меҳрест дар дил,
    Чу медонам куҷое дар ҷаҳонӣ.

    ОтветитьУдалить
  41. СУРАТ
    Шаб, ки борони видоъи моҳи исфанд,
    Сангро мешуст чун ойинаҳо пок,
    Осмон, мафтуни ҳусни дашту саҳро,
    Ҳар даме бо дурбини барқ
    Акс мебардошт аз хок.

    ОтветитьУдалить
  42. Гӯянд, ки зудомада бас дер напояд,
    Эй ғам, ту чи зуд омадаву дер бипоӣ.

    Абрҳо дар дилам хурӯшонанд,
    Бар лабам теғи барқ мерахшад.

    Доси маҳи нав омадаву фасли дарав,
    Гандум, ки фишондаем, ҳайфо шуда ҷав.
    Гӯянд, ки чӯҷа тирамаҳ мешумаранд,
    Чун мешумарем, он ҳама шуд селаи рав.
    (Рустами Ваҳҳоб)

    Обе, ки зи ҷӯйи кӯдакиҳост хуш аст,
    Боқӣ ҳама гар шаҳд бувад талхваш аст.
    Умре ба димоғ атри каҳгил дорам,
    Андоваи девори дилам панҷакаш аст.
    (Рустами Ваҳҳоб)

    ОтветитьУдалить
  43. КАФШГАР
    То ба кай рӯйи ҳар мусаввадае
    Ранги худ сурх ё бунафш кунӣ?
    Кашф кардан зи дасти ту н-ояд,
    Метавонӣ фақат ту кафш кунӣ.

    Гӯӣ ту маро, ки: "Рафтӣ аз худ",
    Мо бе ту нарафтаем ҷойе.
    (Рустами Ваҳҳоб)

    ОтветитьУдалить
  44. Эй номи наку, аз қафаси нанг бурун о,
    Эй ҷоми булур, аз бағали санг бурун о.
    Эзад ба беҳин ранг биёрост вуҷудат,
    Ҳар ранг, ки ҷуз он, ҳама найранг, бурун о!

    ОтветитьУдалить
  45. Гар халқ ба ту диҳанд унвони "Уқоб",
    Андеш ба ҳоли хеш, худро дарёб.
    З-он пеш, ки аз қулла раҳоят созанд,
    Ту аз пайи инкори чунон васф шитоб.

    ОтветитьУдалить
  46. Хумори рӯй инсон шуд дили ман,
    Ба ман дастугиребон шуд дили ман,
    Вале чун соате кардам раҳояш,
    Дигар дар сина пинҳон шуд дили ман.

    Марав, ҳар ҷо ба майдонат бихоҳанд,
    Ба Шому Руму Афғонат бихоҳанд.
    Ба ҷоне ними ноне гар диҳандат,
    Ба ними дигар имонат бихоҳанд.

    Беша-беша хурд шуд чуби адаб,
    Хирси ин чангал вале мулло нашуд.
    (Рустами Ваххоб)

    ОтветитьУдалить
  47. Таҷовузгар, чӣ кофар чӣ мусалмон,
    Ба хонам по ниҳад, бо ӯ биҷангам.
    Манам ойина, чун ойина бинам,
    Манам хоро, ба сар ояд чу сангам.
    Аҳмадшоҳи Масъуд

    Беша-беша хурд шуд чуби адаб,
    Хирси ин чангал вале мулло нашуд.
    (Рустами Ваххоб)

    ОтветитьУдалить
  48. Марав, ҳар ҷо ба майдонат бихоҳанд,
    Ба Шому Руму Афғонат бихоҳанд.
    Ба ҷоне ними ноне гар диҳандат,
    Ба ними дигар имонат бихоҳанд.

    Хумори рӯй инсон шуд дили ман,
    Ба ман дастугиребон шуд дили ман,
    Вале чун соате кардам раҳояш,
    Дигар дар сина пинҳон шуд дили ман.(Рустами Ваххоб)

    Тарки дил ҳаргиз накард, он ки ба дилҳо ёр шуд,
    Дилбаре чун дилбарӣ гум кард, дилозор шуд.

    Оҳ, агар бигзаштаи мо беҳтар аз имрӯзи мост,
    Во дареғо, гар зимистон беҳтар аз Наврӯзи мост.

    ОтветитьУдалить
  49. Яке дарё зи дарё вом бурда,
    Яке дарё зи дарё ном бурда.
    Куҷо шуд он ҳама Вахшобу Панҷоб,
    Ки Ому дар малои ом бурда?

    Эй ки парвозро
    Мекашӣ ба қоб,
    Шарм бодат аз шаҳомати уқоб.

    Сарат аз санг бодо, кӯдаки санг,
    Дилат аз парниён, бо нақши фарҳанг.
    (Рустами Ваҳҳоб)

    ОтветитьУдалить
  50. Дерест аз он азиз паёме намерасад,
    Ҷон аз аташ бисӯхту ҷоме намерасад.(Рустами Ваҳҳоб)

    ОтветитьУдалить
  51. Рӯзе нигарӣ, на нек мондаст, на бад,
    На бист... на панҷоҳ, на шасту на навад.
    Ман бигзарам аз ҷаҳон чу раҳпаймоён,
    Дар панҷаи шеър парчами умри абад/

    ОтветитьУдалить
  52. Ё Худо, моро раҳо кун аз нифоқ,
    Ҳамчу занбӯрон ба шаҳди итттифоқ.

    Рустами Ваҳҳоб

    ОтветитьУдалить
  53. Бо гардиши чархушти сухан паргорам,
    Аз хӯшаи дил хуни ғазал бифшорам.
    Сад ҳайфи ман, эй ғизоли шеърошомам,
    Гар ҷоми туро даме тиҳӣ бигзорам.

    Ҳарчанд, ки рози чарху анҷум донем,
    Афсонаи себу рамзи гандум донем,
    Дар кеши ману ту ошноӣ сахт аст,
    Мо гавҳари чашми хеш "мардум" донем.

    ОтветитьУдалить
  54. Маталаб аз гадо аз барои Худо,
    Биталаб аз Худо аз барои гадо.

    ОтветитьУдалить
  55. Агар бад ҳаст, онро вонамудан
    Ба назди оқилон амрест маъқул
    В-агар бад нест, онро офаридан
    Чаро бояд зи пиндору тахайюл?

    Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад,
    Чӣ кунад ҳарфи маро, он ки Паямбар дорад?!
    (Рустами Ваҳҳоб)

    Лабро ба сукут ошно бояд кард,
    Дилро ба сипоси ҳақ даво бояд кард.
    Як лаҳза Худо зи ёди ту фориғ нест,
    Эй доди Худо, ёди Худо бояд кард.

    Ту инсонӣ, чаро охир зи бисмиллоҳ метарсӣ,
    Чаро бероҳ меҷӯйӣ, чаро аз роҳ метарсӣ?!
    (Рустами Ваҳҳоб)

    Эй ғунчаи тирамоҳ, шаб чун бигузашт?
    Пайдост, ки бо ҳазор афсун бигузашт.
    То бар сари ту панҷаи хуршед расид,
    Аз он дили танги ту шати хун бигузашт.
    (Рустами Ваҳҳоб)

    ОтветитьУдалить
  56. Сад нома суоли беҷавоби хешам,
    Сар карда фуру рӯйи китоби хешам.
    Чунам, чандам, аз куҷоям - ҳама роз,
    Хуршед агар шавам, ниқоби хешам.

    ОтветитьУдалить
  57. Чу мепурсанд ҳалли мушкилеро,
    Тамизи байни ҳаққу ботилеро,
    Нафас дар ҳалқи ман чун мор печад:
    Мабодо ки биранҷонам дилеро.

    ОтветитьУдалить
  58. Ба миллат чун ситезам, эй халифа?
    Накард инкори миллат Буҳанифа.

    Агар хоҳам шумори бад бигирам,
    Наёяд бад ҳаме андар шуморо.
    Вале бигзор, то некӣ шуморам,
    Чу некӣ ҳаст аз мо ёдгоро.

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!