четверг, 26 октября 2017 г.

 
ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ
(Ба ифтихори 70-солагии он бузургвор)

Тавон дарёфт аз тафсири осори Сулаймонӣ:
Шукӯҳи илми тоҷик нест кам аз илми юнонӣ.

Чу андар муҳтавову ҳаҷми осораш биандешӣ,
Яқин донӣ, ки ҳаст аз дудаи рахшони Сомонӣ.

Гаҳе бо мантиқи Сино ба умқи илм раҳ ҷӯяд,
Гаҳе бо “Ибни Яқзон” аст дар ҳолоти ирфонӣ.

Ҳамеша дар хати пеши сухан буда ба чандин хат:
Хати бишкаставу кӯфиву настаълиқу райҳонӣ.

Аҷамро хатми даъвӣ шуд ба майдони сухансанҷӣ,
Арабро зеби дафтар шуд чу “Фарҳанги Сулаймонӣ”.1

Ба тавфиқи илоҳӣ шуд бурун аз чоҳи мушкилҳо,
Ба илми худ Азизи Миср шуд ин Юсуфи сонӣ.2

Чи гавҳарҳо бароварда зи баҳри “Ҳикмати Машриқ”,
“Ҳидоятҳо” фароз оварда бас аз илми раббонӣ.

“Махориҷ-ал-ҳуруф”-и Пури Синоро ба тоҷикӣ
Чунон орост, ки гӯйӣ чунин будаст бунёнӣ.

Забони ҷумла мурғонрову мӯронро ҳамедонад,
Ба аҳди худ Сулаймонест бо таҳзиби қуръонӣ.

Ало шоир, ба як умр он чи ӯ оварда дар дафтар,
Ду умрат гар диҳад Яздон, ту онро хонд натвонӣ.

Намонда дар замони худ зи лутфи ҳодиён берун,
Расида ҳамчу Хизри раҳ ба нуристони раҳмонӣ.

Арабдон асту тоҷикзода дар илми ҷаҳон машҳур,
Ба мавлид Тоҷикободӣ, ба мавтин Тоҷикистонӣ.
-----------
1 Ин ҷо ва мавридҳои дигар ишора ба бархе аз осори таълиф ва тарҷумаву тафсири мавсуф.
2 Ишора ба он, ки профессор Сулаймонӣ узви Фарҳангистони Миср интихоб шудааст.

вторник, 17 октября 2017 г.

ШЕЪР
Қаламам нест, балки ҷони ман аст.
Пайрав
Қаламам килки устухони ман аст,
Дафтарам парниёни ҷони ман аст.
Ному нонам мабод аз дари шеър,
Шеър худ резахори хони ман аст.
Пираҳан бар танаш зи хоби шабам,
Кафш дар пояш аз равони ман аст.
Зевараш қатраҳои хуни дилам,
Шуҳраташ аз ғами ниҳони ман аст.
Чист ин шеър, то бинозам аз ӯ,
Дарди ман, доғи ман, зиёни ман аст.
Ҳар кӣ аз он иборате машкук
Баста бар хешу бадгумони ман аст.
Баркашида ба бурҷи руъёҳо,
Бар дари бурҷ посбони ман аст.
Офаринаш ба ҷойи нафрин аст,
Хотамаш муҳр бар даҳони ман аст…

Лек бо ин ҳама ҳамин шеър аст,
Ки бари дӯст тарҷумони ман аст.
Баркашад то маро зи чоҳи адам,
Расани нури осмони ман аст.
Дар дами беамони туфонҳо
Яккафарёди ал-амони ман аст.
Ҳамраҳи ғурбатам, рафиқи раҳам,
Меҳани ҷовидона они ман аст.
Бар фарози ситеғи бовари ман,
Парчами умри ҷовидони ман аст.

Феврали 2010. Китоби "Салом".