воскресенье, 21 октября 2018 г.

Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад,
Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.

Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,
Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.

Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,
Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.

Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,
Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.

Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,
Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?

Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,
Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.

Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,
Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.

Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,
Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?

Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,
Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.

Устод Рустами Ваҳҳоб.