понедельник, 22 сентября 2014 г.

АНДЕШАИ МАРДУМ


Ман санг наям то шиканам шишаи мардум,
Чун бед ҳамеларзам аз андешаи мардум.
Ҳар бор, ки оташ зи дилам сӯи лаб ояд,
Чун шер бурун меҷаҳам аз бешаи мардум.

Сад қаҳт нахушконида як қатраи ашкам,
Дар дидаи мо сабз бувад решаи мардум.

Уммед ҳама киштаву хуршед дурудем,
Будем ҳаройина чу ҳампешаи мардум.

Чун реша фаротар зи гили хеш набурдем,
Дар решаи мо нест пайи тешаи мардум.

Соли 2009