воскресенье, 31 июля 2016 г.
вторник, 26 июля 2016 г.
ХОКИ ТУ ШОҲКОРҲО ДОРАД
Нигаҳи ту нигорҳо дорад,
Гиряат обшорҳо дорад.
То наболӣ гуле намерӯяд,
Хандаат навбаҳорҳо дорад.
Нест тасхири қалби ту осон,
Нози ту кӯҳсорҳо дорад.
Нарасад қадди умр бар дидор,
Баъди марг интизорҳо дорад.
Дашт хунину осмону камон,
Шоҳи Кайҳон шикорҳо дорад.
Чун тавон лоф зад, ки хоки туам?
Хоки ту шоҳкорҳо дорад.
Марти 2014
خاک تو شاهکارها دارد
نگه تو نگارها دارد
گریه ات آبشارها دارد
تا نبالی گلی نمی روید
خنده ات نوبهارها دارد
نیست تسخیر قلب تو آسان
ناز تو کوهسارها دارد
نرسد قد عمر بر دیدار
بعد مرگ انتظارها دارد
دشت خونین و آسمان و کمان
شاه کیهان شکارها دارد
چون توان لاف زد که خاک توام؟
خاک تو شاهکارها دارد
среда, 13 июля 2016 г.
Ёдхо
Ин
сурати дастачамъиро имруз аз байни китобхоям пайдо кардам.Дар назар гуё
сурати тоза бардошта мебошад. Ва аммо чун хисоб кардам ,аллакай аз он
таърих худуди 11 сол сипари шудааст.
Сурат дар назди Театри опера ва балети Киргизистон дар Бишкек бардошта
шудааст ва дустону рафикони зер дар он тасвир шудаанд: Сиёвуш Чунайди
(шоир), Косимшохи Бекмухаммад ( журналист ва тахлилгар), Рустам Ваххоб
(шоир ва адабиётшинос),Галимат ( як бародари точикамон),Шарифхон
Каландаров( консули собики Точикистон дар Бишкек),Махмудчон Собиров(
сафири собики Точикистон дар Киргизистон),Фарзона ( як хохари донишчуи
точик),як бародари хунарманд, ки исмашонро фаромуш кардам, Амриддини
Кабир ( Хунарманди халкии Точикистон ),Точиддин Мисоков( бародари
хунарманд , ки чанд сол кабл даргузаштанд) ва камина Кодиршои Мурувват.
Холо дар Бишкек теъдоди хамзабононамон 851 нафар эълом шудааст ва аммо
дустони аз Точикистон омада хеле кам мондаем.
Кодиршои Мурувват Чанд лахза кабл аз бардоштани ин сурат Амриддини Кабир бо аъзои гурухи хунарии " Наво"-и назди Созмони точикони Киргизистон ба номи устод Рудакй барои хайати расмии кишвархои ШОС як суруди машхури худро дар намоиш гузошта буд.
Кодиршои Мурувват Чанд лахза кабл аз бардоштани ин сурат Амриддини Кабир бо аъзои гурухи хунарии " Наво"-и назди Созмони точикони Киргизистон ба номи устод Рудакй барои хайати расмии кишвархои ШОС як суруди машхури худро дар намоиш гузошта буд.
четверг, 7 июля 2016 г.
Хар нахли бўстони бору самар надорад,
Хар Шамс мавлави нест, хар най шакар надорад.
Дил дар миён набошад, аз болу пар чи хосил?
Ончи уќоб дорад, болишти пар надорад.
Холи дили хабибон кам чўй аз табибон,
Он ки табиби мо шуд, аз худ хабар надорад.
Маќсуди ту дар ин рах гар Хонаи Худой аст,
Аз рохи рост магзар, рохи дигар надорад.
Гар чумлаи чахонро гирад ба хайлу лашкар,
Маѓлуб бошад он ки бар худ зафар надорад.
Хар сангро ба ранге диди, магў ки лаъл аст,
Хар санги ин кўхистон хун дар чигар надорад.
Чархи хаёт гардон аз бозувони дарёст,
Таънаш мазан агар ў дурру гухар надорад.
(Рустами Ваххоб)
Подписаться на:
Сообщения (Atom)