Шаҳри Хуршед

Шаҳри Хуршед ҳамон рамзи Хуросони шумост

Рустами Ваҳҳоб

  • Асосӣ
  • Чиҳил ғазал
  • Аксҳо
  • Мақолаҳо
  • Сурудҳо
  • استاد رستم وهاب
  • Паёми дӯстон
  • Наврӯзнома
  • Тарҷумаҳо
  • Наср
  • Аҳодис ба назм
  • Тамос бо мо
  • Садбайти бадеҳа
  • Нигористон
  • Дуруст бинависем
  • ШЕЪР ВА ДОНИШ

вторник, 26 июля 2016 г.

ХОКИ ТУ ШОҲКОРҲО ДОРАД

Нигаҳи ту нигорҳо дорад,
Гиряат обшорҳо дорад. 
То наболӣ гуле намерӯяд,
Хандаат навбаҳорҳо дорад.
Нест тасхири қалби ту осон,
Нози ту кӯҳсорҳо дорад. 
Нарасад қадди умр бар дидор,
Баъди марг интизорҳо дорад.
Дашт хунину осмону камон,
Шоҳи Кайҳон шикорҳо дорад.
Чун тавон лоф зад, ки хоки туам?
Хоки ту шоҳкорҳо дорад.
Марти 2014

خاک تو شاهکارها دارد
نگه تو نگارها دارد
گریه ات آبشارها دارد
تا نبالی گلی نمی روید
خنده ات نوبهارها دارد
نیست تسخیر قلب تو آسان
ناز تو کوهسارها دارد
نرسد قد عمر بر دیدار
بعد مرگ انتظارها دارد
دشت خونین و آسمان و کمان
شاه کیهان شکارها دارد
چون توان لاف زد که خاک توام؟
خاک تو شاهکارها دارد
Автор: Шаҳло Маҳмудзод на 8:10 PM
Отправить по электронной почтеНаписать об этом в блогеПоделиться в XОпубликовать в FacebookПоделиться в Pinterest

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!

Следующее Предыдущее Главная страница
Подписаться на: Комментарии к сообщению (Atom)

"Бо салому дуруд".Қудуми ҳамаи Шумо меҳмонон ба ин даргоҳ муборак бошад!

«Дӯсти ту далели ақли туст». Дӯстро метавон шинохт ба дӯст. Созандаи торнигор:Шаҳлои Маҳмудзода.

Дерест надидаем худро, Ойина маро намешиносад.


Ту раҳм кун бар он ки побанди хокдон аст, То бар ту ҳам кунад раҳм Он ки бар осмонҳост. (Ҳадиси набавӣ)

Мушкил он аст, ки доно хама андеша кунад В-он ки доно набувад, у амале пеша кунад.


Яке гуфт он Ёри мухторро, Ки: «Лаънат бикун хайли куфорро». Бигуфто: «Фиристодаи раҳматам, Набуд лаън пайғом бар умматам». (Ҳадиси набавӣ)

Аз барои ибрат гуфт он паямбари маҳбуб: Туршии ғизо хуб аст, туршии сухан нохуб. (Ҳадиси набавӣ)


Мусалмон, ки бас асрҳои дароз Ту савганди аҳду вафо мехӯрӣ, Бинолӣ, ки душман фиребам диҳад, Бале, медиҳад ӯ, чаро мехӯрӣ?!

Ҳӯрмати роҳ нигах дору ба андоза бирав, Ҳеч кас пештар аз роҳ ба манзил нарасид.


Зи куҷо омадаму боз куҷо хоҳам рафт? Зи Худо омадаам, сӯи Худо хоҳам рафт. Пок аз кинаву тазвиру риё омадаам, Пок аз кинаву тазвиру риё хоҳам рафт. Нест дар рафтани ман ҳеч нишоне зи адам, Аз шумо чун биравам, сӯи шумо хоҳам рафт. Нарму оҳиставу хомӯш бубинӣ саҳаре Зи кафи дасти ту чун ранги ҳано хоҳам рафт. Гарчи аз чарх ҳама санги ҷафо меборад, Ба кафам шишаи номӯси вафо хоҳам рафт. То шифои дили бемори ту хоҳам зи Худо, Зи лаби гарми табат мисли дуъо хоҳам рафт. Кӯҳи сангинаму бар зоҳири ман ғарра машав, Ки зи як вожаи беҷой зи ҷо хоҳам рафт. Сӯи ту боз чу Хуршеди саҳар меоям, Гар ба по рафтам аз ин хок, ба сар меоям.

Гузар аз изтироби бесаранҷом, Нагардад хушк уқёнуси Ором.


Ҳарчанд асири сарнавишт омадааст, Мухтор миёни хубу зишт омадааст. Та тоқати гармову на сармо дорад, Ҳақ дорад одам:аз Биҳишт омадааст!

Ниёз аз аҳли кому ноз н-ояд, Ки аз болишти пар парвоз н-ояд.


Фитода бар лаби олам гапи мо, Ки ашки мо наафтад бар лаби мо.

Соат

Беҳтарини касон ҳамононанд Ки касонро ба хайр мехонанд Дуои ситамдидагонро ҳисоб аст Агарчи зи кофар бувад, мустаҷоб аст

Тақвим.

Бувад хулқи накӯ монанди ришта Сари он ришта дар дасти фаришта Фаришта мекашад бар хайр ришташ Барад он хайр охир то биҳишташ Ва ҳамчун ресмоне хулқи бад дон Сари он ресмон дар дасти шайтон Чу шайтон мекашад сӯйи табоҳӣ Зи пай бадхӯ ба дӯзах гашта роҳӣ

Осмон борад агар оби хаёт, Чоми худро ман ниходам вожгун


Уқобе, ки бар осмон мурдааст, Чи донад, ки дар хок афсурдааст. Чи донад, ки бар устухонаш басе, Кунад тез минқори худ каргасе. Танаш норасида бар ин хокдон, Гузаштаст рӯҳаш зи ҳафт осмон.

Хонандагон доими мо

(Ворид шудагон) -Дустонам бештар шуд аз хазор, Дустонамро, Худоё, дуст дор!

Сомонаҳои муфид

  • Адабиёти ниёгон
  • Аз Точикистон бинавис
  • Ахтари зулматсуз
  • Бешаи андешахо
  • НИГОҲЕ ДИГАР
  • Он суи руйдод
  • Радио Озоди
  • Раъно Бобочонова
  • РУЗХО ва РОЗХО
  • Рустами Ваҳҳоб
  • Рӯзгор
  • Садои Шарқ
  • Фирдавси Аъзам
  • Хонум Ширин
  • Як дарвеш
  • Ғазалиёт Лоик Шерали
  • Ҳамрози хоҳарон

Рустами Ваҳҳоб.

  • Unknown
  • Шаҳло Маҳмудзод

Вақт мисли навор мегузарад, Норасида баҳор мегузарад.

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Ҳолномаи устод.

Ҳолномаи устод.
Рустами Ваҳҳоб. Соли таваллуд 1960. Дар соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар соли 1984 аспиранти ҳамин донишгоҳ шуд. Аз ҳамин сол дар Донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (мухбир) ба кор шурўъ кард. Дар солҳои 1991-92 котиби масъул ва муҳаррири маљаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд. Аз соли 2007 то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон кор мекунад. Масъули бахши назм ва наќди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад. Дар соли 2008 дар мавзўъи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст. Ду дафтари шеър интишор додаст: «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008). Барои маҷмўаи «Шаҳри Хуршед» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст. Дар соли 2012 маҷмўаи мақолаҳояш бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» воситаи нашриёти «Адиб» ба чоп расид. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоиро дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расондааст.

Дидори ёрон ба саломат ҳар рӯз иди дигарест.


Дидаам хоб,ки бедор шудем, Магар имрӯз қиёмат бошад?

Мо ойинаро ҳақнамотарин ёри худ медонем, дар ҳоле ки дар он «акси» худро мебинем.


Агар ошиқ шавӣ номаҳрамеро Ки бо вай нест роҳе ҳамдамиро Бимирӣ бо чунин ишқе ниҳонӣ Бувад аҷрат биҳиштӣ ҷовидонӣ

Ватан гуфтам

https://youtu.be/6m9ASP2-xS4

Чашми дил айнак намехоҳад.


Зи ҳар рӯзе, ки илме буд ҳосил, Даруни синаам як пора нур аст. Зи ҳар рӯзе, ки ҷаҳле буд ҳоил, Даруни синаам як бора гур аст.

Ин даргоҳо ба шумо писанд аст?

Гулу инсон ба мушти баста меоянд дар дунё, Яке аз меҳри модар во шавад в-он дигар аз хуршед.

Гулу инсон ба мушти баста меоянд дар дунё,  Яке аз меҳри модар во шавад в-он дигар аз хуршед.
Шаҳри Хуршеди туро нури Худо озин бод! Субҳи иқболи туро хуни дилам кобин бод.

Хуршед, ки бо ҳамосаи нур Шаҳномаи рӯзро биёрост. Бо зарҳали ноб дар хати уфқ Бинвишт: Даҳони баста тиллост.

мавзӯҳои назаррас

  • Зодруз Муборак Устод
    Устоди азиз,  Шуморо бо ҷашни  зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи  ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок б...
  • ҚАДР
    ҚАДР Дили бедор, пур аз савту салоӣ имшаб, Ҳама тасбеҳу таровеҳу дуъоӣ имшаб. Ҳарчи аз моҳ бикоҳад, ба ту меафзояд, ...
  • ИСТИОРА
    Ҳар саре уқоби кӯҳсори мо гарчи на каму на беш Як паранда аст, Ҳар паранда як уқоб нест. Ончунон ки офтоб гарчи як ситора аст, Ҳар си...
  • Мавлудат муборак устод(Тарикоти дустон)
    ‎ Сухроби Ваххоб ‎   в   Рустам Ваххоб 5 мая в 17:12  ·  Ин ҷост, ки мӯбамӯ ҳам...
  • ШАРҲ
    (Дар давоми соли гузаштаву имсол батакрор аз банда шарҳи ин байтро хостаанд ва паёпай паём фиристода натиҷаи дархости худро пурсидаанд. ...
  • СУХАНОНИ ҲАКИМОНА
    Самимият модари ҳақиқат ва чеҳраи инсони босадоқат аст. Д. Дидро *** Ҳунар агар нон набошад ҳам, шароби зиндагист. Жан П...
  • (без названия)
    Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад, Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад. Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд, Зинд...
  • Муборак бошад
      Устод Рустам Ваҳҳобзода, сардабири нашрияи миллии адабии "Садои Шарқ" барои хидматҳои арзанда дар рушди адабиёти миллӣ аз ҷониби...
  • Барои устод Бозор Собир
    ПЕШРАВЕ АЗ ПЕШИН Барои устод Бозор Собир Дар замоне, ки ҳ ама фанди а ҷ ониб х ӯ рдаем, Эй ту чун ху...
  • (без названия)
    Дах газал аз устод РУСТАМИ ВАХХОБ; 1 Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед, Сайхаи бепардаи Мансурро бовар кунед. Хок аз чо...

мавзӯҳои нав

  • Зодруз Муборак Устод
    Устоди азиз,  Шуморо бо ҷашни  зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи  ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок б...
  • ҚАДР
    ҚАДР Дили бедор, пур аз савту салоӣ имшаб, Ҳама тасбеҳу таровеҳу дуъоӣ имшаб. Ҳарчи аз моҳ бикоҳад, ба ту меафзояд, ...
  • ИСТИОРА
    Ҳар саре уқоби кӯҳсори мо гарчи на каму на беш Як паранда аст, Ҳар паранда як уқоб нест. Ончунон ки офтоб гарчи як ситора аст, Ҳар си...
  • Мавлудат муборак устод(Тарикоти дустон)
    ‎ Сухроби Ваххоб ‎   в   Рустам Ваххоб 5 мая в 17:12  ·  Ин ҷост, ки мӯбамӯ ҳам...
  • ШАРҲ
    (Дар давоми соли гузаштаву имсол батакрор аз банда шарҳи ин байтро хостаанд ва паёпай паём фиристода натиҷаи дархости худро пурсидаанд. ...
  • СУХАНОНИ ҲАКИМОНА
    Самимият модари ҳақиқат ва чеҳраи инсони босадоқат аст. Д. Дидро *** Ҳунар агар нон набошад ҳам, шароби зиндагист. Жан П...
  • (без названия)
    Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад, Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад. Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд, Зинд...
  • Муборак бошад
      Устод Рустам Ваҳҳобзода, сардабири нашрияи миллии адабии "Садои Шарқ" барои хидматҳои арзанда дар рушди адабиёти миллӣ аз ҷониби...
  • Барои устод Бозор Собир
    ПЕШРАВЕ АЗ ПЕШИН Барои устод Бозор Собир Дар замоне, ки ҳ ама фанди а ҷ ониб х ӯ рдаем, Эй ту чун ху...
  • (без названия)
    Дах газал аз устод РУСТАМИ ВАХХОБ; 1 Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед, Сайхаи бепардаи Мансурро бовар кунед. Хок аз чо...

Бойгонӣ

  • мая (1)
  • ноября (1)
  • октября (1)
  • мая (1)
  • февраля (1)
  • мая (1)
  • сентября (1)
  • мая (1)
  • сентября (1)
  • августа (1)
  • апреля (1)
  • марта (1)
  • октября (1)
  • декабря (2)
  • ноября (3)
  • октября (2)
  • августа (2)
  • июля (3)
  • июня (7)
  • мая (12)
  • марта (1)
  • декабря (4)
  • ноября (3)
  • октября (4)
  • сентября (6)
  • августа (2)
  • июля (9)
  • июня (7)
  • мая (10)
  • апреля (5)
  • марта (16)
  • февраля (18)
  • июня (9)
  • апреля (2)
  • марта (3)
  • января (4)
  • октября (1)
  • сентября (1)
  • августа (2)
  • июля (1)
  • июня (1)
  • мая (4)
  • апреля (3)
  • марта (2)
  • января (3)
  • декабря (1)
  • ноября (6)
  • октября (2)
  • сентября (3)
  • августа (1)
  • июля (4)
  • июня (45)
  • мая (1)

Табиати зебо


Гарчи бунёд ба дӯши бод аст, Ҳар нафас гарчи маро «ҷаллод» аст, Он чи берун бибарад з-ин қафасам, Нест ғайри нафасам.

«Бо қаноат бош, то шоҳӣ кунӣ» Бо қаноат ҳарчи мехоҳӣ кунӣ

«Бо қаноат бош, то шоҳӣ кунӣ»           Бо қаноат ҳарчи мехоҳӣ кунӣ
Дар амал аз ончи медонӣ чароғе барфурӯз То Худо бинмоядат ончи намедонӣ ҳанӯз

ҷустӯҷу

Тема "Корпорация "Чудеса"". Автор изображений для темы: RASimon. Технологии Blogger.