среда, 11 мая 2016 г.

Зодруз Муборак Устод

Устоди азиз,  Шуморо бо ҷашни  зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи  ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам , Хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Табрикоти дустон.
Шахсияти мунҳасир ба фард, шоири нотакрор устод РУСТАМИ ВАҲҲОБро ба шарафи милодашон аз номи мухлисони бешумор ва ихлосмандону эҳтиромгузорон табрик арз мекунам. Барояшон саломативу бегазандӣ, хушбахтии беинтиҳо, зиндагии тӯлониву ширину комгор, ба эҷодиёташон мондагорӣ, раҳнамоӣ ва иршод орзумандам.Ба бахти шоирони ҷавон ба бахти адабиёт ҳамеша бошанд. Бигузор шахсияти зебояшон намунаи ибрат пайрави барои мо бошад.( Адибаи Мирзо)

Зодрӯз муборак, устоди арҷманд ва гиромии ман. Хеле хушбахам, ки ба милоди навбатии Шумо ба саломат расидем. Умед дорам, ки дар 100-солагиятон низ ҳарфҳои пур аз меҳру вафо ва сидқу сафои алоқамандони шеъри волоятонро ин ҷо- дар девораи саҳфаи фейсбукиятон хонда, бо эшон дар ҳамовозӣ бигӯем: Милоди хуҷастаи 100 муборак бодо! Зодрӯз муборак! ( Фарангис Давлатова)
Муборак устод рузи таваллуд,
Чунин рузи саиду рузи хушуд.
Каломи нурборат шодии дил,
Хама олам зи ту пурнуру хушгил.
( Инъоми Темуриён)
Зодрузатон хуҷаста бод Устоди азиз!
Солҳои донишҷуйии мо устод Рустам Ваҳҳоб "муаллими ҷавон" буданд. Он вақтҳо устодони варзидаю шуҳратдор Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Қосимова, Худойӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторов ва даҳҳои дигар дар ДДТ кор мекарданд. Табиист, ки дар чунин муҳит донишҷуҳо мехоҳанд ба устодони ҷавон беэътинойи кунанд. Аз ин сабаб дар ДДТ обру гирифтани устоди ҷавон сахт душвор буд. Аммо устод Рустам Ваҳҳоб як магнити донишу фаросат дошт, ки мо ҳама бузургонро як су гузошта, даври у пайвастем. Давлати Раҳмониён, Аброри Зоҳир, Шарифҷон Исрофилниё, Рустами Хомарахш, Мубашшир Акбарзод... ва хуллас гули адабиётшиносии имрузи мо маҳз аз мактаби устод Рустам Ваҳҳоб баҳра бурдаанд. Хато намекунам, агар гуям, ки дар адабиётшиносӣ, нақди адабии муосир як услуби наве ворид шуд, ки баробари субути адабию торихӣ аз субути мантиқӣ низ кор гирифта мешавад. Ва ин услуби Рустами Ваҳҳоб аст.
Ҳамеша шодмону ҷавон бимонед, Устоди рушанг. (Сафват Бурхонов)
Мавлудат хучаста бод, Устоди азиз!
Имзӯз яке аз аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Рустам Ваҳҳоб ҷашни мавлуд дорад ин марди накуро бо зодрӯзаш табрик мегуям ва орзумандам, ки ҳамеша мисли бузургони тоҷик ифтихори миллати мо бошад.
Хамеша сихатманду комгору саодатёр боши!( Умед Мирзоев)
Марде, ки гуфтааст: "Точи шараф андешаи ИСТИКЛОЛ аст" хамеша шарафманд мемонад. Зиндагии чунин шахсиятхо ба шамъе, шабохат дорад, ки месузаду махфилро равшан месозад. У бошад пайваста дилу рохи хамватанонро равшан месозад. Хучаста бод рузе, ки чунин точики бофазилат ба олами хастй омадааст..(.Ахмаджон Ализода)


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!