вторник, 6 сентября 2016 г.

Тоҷикистон

Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам.
Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.
Агар тақвими умрам сафҳаи таърихи сахтат нест,
Надорад тозагие рӯзгорам, Тоҷикистонам.
Агар дил як нафас ба ёди фардои ту мемонад,
Варо аз синаи худ мебарорам, Тоҷикистонам.
Агар аз фикри фирӯзии ту тоҷам ба сар набвад,
Ба гардун сар кашам, беифтихорам, Тоҷикистонам.
Наям булбул, ки танҳо мадҳи наврӯзи туро хонам,
Ки бе ту ҳар куҷое бебаҳорам, Тоҷикистонам.
Агар хокам, агар афлок, як гарди ту мебошам,
Чи миннат, гар ба поят саҷда орам, Тоҷикистонам?
Ба ёдат дар ғарибӣ чашмаҳоро хоб медидам,
Шарики модари чашминтизорам, Тоҷикистонам.
Барои ман ту беш аз хонадони нестӣ, ҳаргиз:
Бадахшонам, Зарафшонам, Ҳисорам, Тоҷикистонам.
Ба ту пайванди ман то ҷовидон сарсабз хоҳад буд,
Чу мерӯяд гиёҳат бар мазорам, Тоҷикистонам.
РУСТАМИ ВАҲҲОБ


НАҶВО


Гоҳ пинҳон, гоҳ пайдо мешавӣ,
Гоҳ сокит, гоҳ ғавғо мешавӣ.


Гоҳ шабнам мешавӣ дар чашми гул,
Гоҳ меҷӯшиву дарё мешавӣ.


Дида бикшоям, ниҳонӣ аз назар,
Чашм барбандам, ҳувайдо мешавӣ.


Андаруни ҷони ман биншастаӣ,
Дар дилам доғи сувайдо мешавӣ.


Эй ки дар олам намегунҷӣ, чи сон
Дар дили маҷрӯҳи ман ҷо мешавӣ?


Ҳарчи мехонам, садо наҷвои туст,
Ҳарчи мегӯям, ту маъно мешавӣ.

ИСТИОРА

Ҳар саре уқоби кӯҳсори мо

гарчи на каму на беш
Як паранда аст,
Ҳар паранда як уқоб нест.
Ончунон ки
офтоб гарчи як ситора аст,
Ҳар ситора офтоб нест.
Дӯстам,
бародарам,
Ман ба айни боварам,
ки ин қиёс
Аз вуҷуди мову туст:
То ки хуни гарми зиндагӣ
дар раги ману ту метапад,
Ин сабӯи сарбазери офтоб
холӣ аз шароб нест.
То ки шаҳпари умеди мо нарехтаст,
Ҳар кабӯтаре
Дар диёри мо
Камтар аз уқоб нест.

ТОҶИК

Бувад озод аз бунёд тоҷик,
Надорад бардагиро ёд тоҷик.

Ҷаҳон орост бо мелоди фарҳанг
Ҳазорон сол то мелод тоҷик.


Сари болои ӯ аз санги сабр аст,
Шикаста теғи сад ҷаллод тоҷик.


Зи фазлу фан ҷаҳон обод дорад,
Ба истеъдоди модарзод тоҷик.


Раҳо карда биёбонро ба Маҷнун,
Ба кӯҳистон шуда Фарҳод тоҷик.


Ба ҳар қавме, ки шоир ё ҳакимест,
Бувад, бешак, варо устод тоҷик.


Ҳидоят мекунад аҳли башарро,
Чу Хизр аст аз пайи иршод тоҷик.


Ба фарқи ғам бикӯбад гурзи шодӣ,
Фаридуншавкати дилшод тоҷик.


Дили мӯре агар озурда созанд,
Бихезад аз пайи имдод тоҷик.


Ба по истода бошад, ҳамчу кӯҳест,
Шавад дарё, агар уфтод тоҷик.


Фишорад обро аз ҳалқи хоро
Ба дасту панҷаи пӯлод тоҷик.


Ба неруи худододист шокир,
Накарда бар касе бедод тоҷик.


Ба авсофаш ҷаҳон шоҳид, ки бошад,
Ҷавонмарду ҷаводу род тоҷик.

понедельник, 5 сентября 2016 г.

КӮҲБОН


Кӯҳбоно, кӯҳбонӣ кори ҳар дилсард нест,
Ҳар ки кӯҳистоннишин бошад, дилаш бе дард нест.
Рӯҳ бояд устувору бошукӯҳ аз кӯҳ ҳам,
Лоиқи гардуни гардон чун ту ҳамовард нест.


Сарбасар бо санги кӯҳистон сарат аз санг шуд,
Посутунат, равзанат, бому дарат аз санг шуд.
Дил даруни сина дорӣ гарчи нарм аз парниён,
Аҳдат аз пӯлод гашту боварат аз санг шуд.


Аз сари ҳафтод пуштат селҳо бигзаштааст,
Ҷумлаи осори ту дар қалби кӯҳу пушта аст.
Сел рӯйи сел авроқи китоби хоки туст,
Исм на, бал ҷисми аҷдодат бар он бинвиштааст.


Гарчи дар оғӯши кӯҳӣ, кӯҳҳо бар дӯши туст,
Баҳри ман гӯётарин лаб он лаби хомӯши туст.
Офтоб аз равзани ту мебарояд ҳар саҳар,
Соати мо як, вале фардои ман аз дӯши туст.


Бод! То бошад умеди зиндагонӣ барқарор,
Бод! То бошад ба ҷойи хеш ҳар кӯҳ устувор,
Бод! То хуршеду маҳ берун нагардад аз мадор,
Бод! То сели ҷаҳон гардад зи бозуят маҳор.

ХУРШЕДГАРДОН

ХУРШЕДГАРДОН

Ватан, дар чашмаи меҳрат диламро шустушӯ кардам,
Зи қалби пок бахти бегазандат орзу кардам.


Агар чашмам ба рӯят хира шуд имрӯз, маъзурам,
Басо шабҳои ғурбат ахтаратро ҷустуҷӯ кардам.


Нишоне аз ту дидам ҳар куҷо, бо меҳри фарзандӣ
Бибӯсидам, ниҳодам рӯйи чашми хеш, бӯ кардам.


Барои рӯзи фирӯзат ба тадбири сулаймонӣ
Ба ҳар мурғе, ба ҳар мӯре нишастам, гуфтугӯ кардам.


Чу дидам ҳарзагӯе бо газофат пора хоҳад кард,
Ба мӯйи килки худ чоки даҳонашро руфу кардам.


Зи пиронат дуъо ҷустам, зи тифлонат зиё ҷустам,
Ба ашки раҳмату лабханди модарҳо нуму кардам.


Ало қалби Хуросонам, ҳамон хуршедгардонам,
Ки аз шаш сӯйи олам сӯйи хуршеди ту рӯ кардам.