вторник, 6 сентября 2016 г.

ТОҶИК

Бувад озод аз бунёд тоҷик,
Надорад бардагиро ёд тоҷик.

Ҷаҳон орост бо мелоди фарҳанг
Ҳазорон сол то мелод тоҷик.


Сари болои ӯ аз санги сабр аст,
Шикаста теғи сад ҷаллод тоҷик.


Зи фазлу фан ҷаҳон обод дорад,
Ба истеъдоди модарзод тоҷик.


Раҳо карда биёбонро ба Маҷнун,
Ба кӯҳистон шуда Фарҳод тоҷик.


Ба ҳар қавме, ки шоир ё ҳакимест,
Бувад, бешак, варо устод тоҷик.


Ҳидоят мекунад аҳли башарро,
Чу Хизр аст аз пайи иршод тоҷик.


Ба фарқи ғам бикӯбад гурзи шодӣ,
Фаридуншавкати дилшод тоҷик.


Дили мӯре агар озурда созанд,
Бихезад аз пайи имдод тоҷик.


Ба по истода бошад, ҳамчу кӯҳест,
Шавад дарё, агар уфтод тоҷик.


Фишорад обро аз ҳалқи хоро
Ба дасту панҷаи пӯлод тоҷик.


Ба неруи худододист шокир,
Накарда бар касе бедод тоҷик.


Ба авсофаш ҷаҳон шоҳид, ки бошад,
Ҷавонмарду ҷаводу род тоҷик.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!