понедельник, 5 сентября 2016 г.

КӮҲБОН


Кӯҳбоно, кӯҳбонӣ кори ҳар дилсард нест,
Ҳар ки кӯҳистоннишин бошад, дилаш бе дард нест.
Рӯҳ бояд устувору бошукӯҳ аз кӯҳ ҳам,
Лоиқи гардуни гардон чун ту ҳамовард нест.


Сарбасар бо санги кӯҳистон сарат аз санг шуд,
Посутунат, равзанат, бому дарат аз санг шуд.
Дил даруни сина дорӣ гарчи нарм аз парниён,
Аҳдат аз пӯлод гашту боварат аз санг шуд.


Аз сари ҳафтод пуштат селҳо бигзаштааст,
Ҷумлаи осори ту дар қалби кӯҳу пушта аст.
Сел рӯйи сел авроқи китоби хоки туст,
Исм на, бал ҷисми аҷдодат бар он бинвиштааст.


Гарчи дар оғӯши кӯҳӣ, кӯҳҳо бар дӯши туст,
Баҳри ман гӯётарин лаб он лаби хомӯши туст.
Офтоб аз равзани ту мебарояд ҳар саҳар,
Соати мо як, вале фардои ман аз дӯши туст.


Бод! То бошад умеди зиндагонӣ барқарор,
Бод! То бошад ба ҷойи хеш ҳар кӯҳ устувор,
Бод! То хуршеду маҳ берун нагардад аз мадор,
Бод! То сели ҷаҳон гардад зи бозуят маҳор.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!