понедельник, 5 сентября 2016 г.

ХУРШЕДГАРДОН

ХУРШЕДГАРДОН

Ватан, дар чашмаи меҳрат диламро шустушӯ кардам,
Зи қалби пок бахти бегазандат орзу кардам.


Агар чашмам ба рӯят хира шуд имрӯз, маъзурам,
Басо шабҳои ғурбат ахтаратро ҷустуҷӯ кардам.


Нишоне аз ту дидам ҳар куҷо, бо меҳри фарзандӣ
Бибӯсидам, ниҳодам рӯйи чашми хеш, бӯ кардам.


Барои рӯзи фирӯзат ба тадбири сулаймонӣ
Ба ҳар мурғе, ба ҳар мӯре нишастам, гуфтугӯ кардам.


Чу дидам ҳарзагӯе бо газофат пора хоҳад кард,
Ба мӯйи килки худ чоки даҳонашро руфу кардам.


Зи пиронат дуъо ҷустам, зи тифлонат зиё ҷустам,
Ба ашки раҳмату лабханди модарҳо нуму кардам.


Ало қалби Хуросонам, ҳамон хуршедгардонам,
Ки аз шаш сӯйи олам сӯйи хуршеди ту рӯ кардам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!