вторник, 16 августа 2016 г.

САДАҚА РАДДИ БАЛО

Тасбеҳи рӯзгор

САДАҚА РАДДИ БАЛО

Осёби саду бистсолаи деҳаи Сафедмун аз кор монд. Шояд бори аввал аст, ки оре, аз кор монд, на ин ки парчобаш карда бошанд барои муваққат. Осёбро гоҳ-гоҳ барои таъмири хамбаву дӯл, чарху тиру модаговчӯб, чидани санге, ки зиёд суфта шудаву гандумро хуб намегирад, назофат ва ғайраву ҳоказо парчоб мекунанд, яъне оби чархгардонро аз нови шеби тез парч (як тараф) мекунанд ва чарх аз гардиш мемонад. Чархе, ки саду бист сол гаштаву чанд сангро хӯрда карда ва инак санги охирин, санге, ки дар бузургӣ ҳеч осиёсанги дигар ба он баробар намеояд, аз миён каф андохта, қариб аст дупора шавад. Ин сангро вақте аз сари Дуоба меоварданд, ду ҷуфт барзагови зӯртаринро ба чигина баста буданд. Санги сурхи сумурте буд, ки гӯё ҳамин тавр нотарош омода аз куҷое пайдо шуда буд ва каф андохтанаш ҳам аҷиб буд. Ҳар кас ҳар чиз мегӯяд. Баъзеҳо мегӯянд, ки як кас (номаш нагуфтанӣ) аз деҳаи (ҳамчунин) ногумону ғафлат ба осиёб даромада ба ин санг нигоҳ кардааст ва Пирмаҳмади осёбон вақте бо ҷорӯби кундик бораи орди лаби хамбаро ба дарун мекашидааст, ногоҳ аз пушт садои ӯро шунидааст, ки мегӯяд: “Аҷабо воаҷабо! Ин санги осёб аст, ё чархи фалак!”. Осёбон бо изтироб вале бо тадбире сирпӯш ӯро аз осёб берун карда, вақте баргаштааст, дидаст, ки ин санги сахти сумурт каф андохта. Мегӯяд дилам пеш аз ин санг кафида буд, чун асари чашми бади ӯро медонистам.
Чархиши санги истода гӯё ба сари Меҳтари деҳ гузашт. Мардум ин осёбро баракату зинати Сафедмун медонанд. Ҳатто дар солҳои фаровонии орди магазинӣ ин осёб ҳамеша гардон буд. Ба ғайри ин бо умри садубистсола мисли мазорҳо муқаддас шудааст. Меҳтар нав аст ва андак эҳмол кунад, касе ғараз дошта бошад, метавонад сабабро аз чашми бади фалонӣ барканад ва ба “пову қадами” ӯ бандад.
Меҳтар шунида буд, ки дар Убара, дар деҳаи Осёбдара Ҳаким ном сангиосёбтароше санге дорад ҳамчунин бузург. Чанд танро аз ҷавонмардони Сафедмун ҳамроҳ гирифту бо мошини худрезе рафт ба суроғи ӯ. Хонаи Ҳакими сангтарош дар кунҷи дара буд ва мардуми поинтарҳо мегуфтанд, ин вақтҳо шояд ӯ айлоқ рафта бошад. Аммо кори худоростовард буд, ки ӯро дар вурудгоҳи деҳа дучор омаданд, ки ростӣ ҳам бо бору бунааш озими айлоқ буд.
Сангтарош вақте ҳадисро шунид ва ин ҷамъияти бо азми ҷазмро дид, аз роҳаш баргашт, ҳамроҳонро ба ҳавлии худ ҳидоят кард ва рӯйи хоктеппаи назди ҳавлияшро бо каланд боз карду гуфт:
- Ин ҷост. Ҳанӯз каме кор дорад. Аммо чун ҳоло сарҷамъу бо мошин омадед, инро бубаред, назди осёб монед, баъди ягон ҳафта меоям ҳамон ҷо дурусташ мекунам ва менишонемаш. Чандин вақт аст сангтарошӣ накардам. Осёбҳо ҳама барқӣ шуда истодаанд.
Сангро ҳамакаса ба мошин бор карданд. Меҳтар аз ҷайб пул баровард. Сангтарош ҳарду дасташро сипар кард:
- Ба ҳаққи Худо, намегирам, маҷбур накунед, ки боз қасам хӯрам, холисан лиллоҳи таъоло. Барои осёби худамон рост карда будам, боз меёбам, ин ҷоҳо пур аст.
Дар ин миён ҳанӯз он як ҳафта мӯҳлати ваъда сипарӣ нашуда, муҳиме пеш омаду сангтарошро лозим шуд аз айлоқ баргардад ва бо сабукрави худ ба деҳаи дигаре, ки роҳаш аз Сафедмун мегузарад, биравад. Кори бисёр муҳим буд ва Ҳакими сангтарош бо ташвишу изтироб меронд. Ба миёнаи деҳаи Сафедмун расида, ногоҳ мошини бузурги борбарро рӯйи пули шоҳроҳ дид, ки дар тангаи роҳ аз васат гирифта, басуръат меояд ва рӯди хурушони Шӯроб садои онро пахш мекард. Фармонро ба рост тофт ва саросема пой рӯйи тормуз бурд, вале пояш аз ғояти изтироб рӯйи газ рост омад. Мошин хез гирифт ва ду сутунчаи ҳифози канори роҳро шикаста ба хатти убури пайраҳаи осёб басуръат сӯӣ рӯди жарфу хурӯшони Шӯроб сарозер шуд ва ногоҳ садои баланди бархӯрду соиши оҳан ба гӯшаш расиду танҳо баъди чанд сония эҳсос кард, ки мошин дар ҷояш истода вале ҳанӯз ба ҳамон суръати пешин чархҳои гардони пешаш давр мезананд. Пилкҳо баҳам фишурдаашро боз карду дид, ки чархҳои пеш ҳавоӣ шудаанду ҳанӯз тунд гардиш доранд ва зери синаи мошин чизе ҳаст, ки онро аз замин баланд карда, пойҳояи чархонашро аз хок баркандааст. Гардонаи мошинро хомӯш карду фуромад. Он чи дид, аҷаб диданӣ буд вале тасаввурнакарданӣ. Дар зери синаи оҳанини мошин ҳамон осёсанги нимтароше буд, ки чанд рӯзе пеш ӯ ба дасти Меҳтари ин деҳа супурда буд.

P.S. Муддате пеш ба Сафедмун рафта будам. Ин қисса сари забони мардум буд. Ҳамроҳи Меҳтари деҳ рафтаму ин сангро дидам ва чанд акс ҳам бардоштам. Меҳтар муддате хабарнигор буд. Гуфтам, ин қиссаро нанавиштӣ? Гуфт, кӣ бовар мекунад? Мегӯянд бофта аст. Оре, рост мегӯяд. Воқеият хеле ғанитар ва шуҷоътар аз тахайюли мост. Корҳое мекунад, ки тахайюл ҳаргиз қудрат ва шуҷоати онро надорад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!