среда, 3 августа 2016 г.

Қурбоналӣ ИДРИСОВ

САЙРИ КАМОЛ
Дар тафсири байти Абулмаонӣ:
Ҳеч шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.

Тавре ки аз осор ва аз ҷумла байти мавриди назари Абулмаонӣ ва дигар
манобеъи марбут ба шарҳи аҳволи Абулмаонӣ бармеояд, ӯ нисбат ба
ҳикмати машшоӣ ва ақсоми сегонаи он огоҳии лозим доштааст. Маслан,
дар китоби «Сафинатушшуаро» таълифи Хушгӯ, ки яке аз тазкиранигорони
муосири Бедил ва аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошад, дар ин хусус чунин
омадааст: «Билҷумла он ҷаноб (Бедил) аз илоҳиёт, риёзиёт ва табиъиёт каму
беш чошнӣ баланд карда буд ва ба табобату нуҷуму рамлу ҳиял ва ҷафру
торихӣ ва мусиқӣ бисёр ошно буд»1.
Бинобар ин байти фавқуззикр ҳарчанд бар ҳасби зоҳир назарияи
такомули Чарлз Дарвин (1809-1882) табиидон ва олими физиологияи
англисро ба хотири ҳамасрони мо меоварад, вале дар ҳақиқат мутаассир аз таълимоти Арасту (384-322 қабл аз мелод) перомуни пайдоиши аҷсом аз ду асли сурат ва модда мебошад, ки аз он ба ҳилмурфизм (hylemorphism) таъбир мекунанд. Ва ин лафзест юнонӣ, мураккаб аз ду ҷузъи: яке hyle ба маънои модда ва ҳаюло муарраби он аст ва дигарӣ morphe ба маънои сурат.
Чунон ки хоҳем дид, Абулмаонӣ кӯшидааст, то бо истифода аз истилоҳоти
арастуӣ бархе аз мазомини фаҳми ирфониро дар қолаби ин байт
бигунҷонад. Аз ин рӯй ошноӣ бо ин истилоҳот барои фаҳми суханони ӯ
судманд аст. Тибқи назари филсуфони машшоӣ мавҷудот ба ду қисм тақсим
мешаванд: яке воҷибалвуҷуд аст, ки вуҷуди ӯ қоим ба хеш аст ва фарзи адам
дар ӯ роҳ надорад, зеро аз он муҳол лозим ояд. ӯ сабаби нахустин барои
ҳамаи мавҷудоти дигар аст ва он Боритаъолост.
Ва қисми дигар мумкиналвуҷуд аст ва он иборат аз мавҷудест, ки буду
набуд барояш баробар ва яксон аст ва вобаставу қоим ба ғайр аст ва эҳтиёҷ
ба иллате дорад, ки ӯро аз нестӣ ба ҳастӣ оварад ва ин ҳамон ҷаҳону ашёи
мавҷуд дар он аст.2 Ва он низ ду навъ аст: яке ҷавҳар (substance) аст ва он
иборат аз мавҷудест, ки аз мавзӯъ (substratum), яъне маҳал, бениёз бошад.,
монанди ҷисм ва дигаре араз (accident) аст ва он мавҷудест, ки аз маҳал
бениёз набошад аз қабили рангу бӯю мазза ва монанди инҳо, зеро бояд
ҷисме бошад, масалан себ, то рангу бӯю маза ва дар он фуруд ояд ва ба
туфайли он ҳастӣ ёбад.
Пас араз ҳамеша дар вуҷуди худ ниёзманди ҷавҳар аст ва ҷавҳар бар панҷ
қисм аст: ҳаюло ва сурату ҷисму ақлу нафс. Ҳаюло ҷавҳарест, ки сурат дар
он ҳулул кунад ва ё ба иборати дигар маҳал барои сурат мебошад. Ва сурат
ҷавҳарест, ки дар маҳали худ, ки ҳамон ҳаюлост, фуруд ояд. Ҳаюло ва сурат
лузуман бо ҳам талозумдоранд, яъне ҳаюло бидуни сурат вуҷуд надорад ва
сурат низ бидуни ҳаюло мавҷуд намебошад. Албатта, ҳаюло ва сурат ҳарду
1 Ба нақл аз: Халилӣ, Халилуллоҳ. Файзи қудс. Ба эҳтимоми дуктур Иффати Муста-
шорниё, интишорот Ирфон, чопи аввал, Теҳрон, 1386, с.177.
2 Руҷуъ шавад: ба Алфоробӣ, Абӯнаср, Айюн Алисмоил, зимни маҷмӯаи «Расоили
Форобӣ», нашри Фридрик Дитрисӣ, Лойдан – Ҳуланда.
59
ҷавҳаранд, вале ҷавҳарияти сурат билфеъл аст ва ҷавҳарияти ҳаюло
билқувва. Ва аз ин ҷост, ки шай бависалаи ҳусули сурат дар ҳаюло феълият
ёбад ва аз қувва ба феъл расад.
Тавзеҳи ин ки ҳар навъе аз анвоъи мавҷудоти табиъӣ вақте таҳаққуқ ёбад
ва мавҷуди билфеъл шавад ва ба мартабаи камоли вуҷудии худ бирасад, ки
сурати ӯ ҳосил шавад ва то вақте, ки сурати ӯ ҳосил нашавад, билқувва ин
навъ аст, монанди чӯб нисбат ба миз, зеро чӯби миз то даме, ки орӣ аз
сурати миз аст, билқувва миз бошад ва вақте сурати он дар моддааш ҳосил
шавад, билфеъл миз шавад.1
Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки сурат дар ин ки ҳарду ниёзманди маҳал ҳастанд
бо ҳам баробар ва мусовӣ мебошанд. Вале миёни онҳо фарқ аст, зеро араз
вақте дар маҳали худ, ки ҳамон ҷавҳар аст, ҳулул мекунад, моҳияти маҳалро
дигаргун намесозад. Барои мисол ҳарорат вақте дароб падид меояд, обро аз
об будан хориҷ намекунад ва ё ба иборати дигар бо афзуда шудани васфи
гармӣ ба об моҳияти он тағйир намеёбад. Вале вақте сурати чизе дар маҳали
худ, ки иборат аз модааш аст, фуруд ояд, моҳияти он дигаргун мешавад,
монанди сурати инсон нисбат ба нутфа, зеро ҳар гоҳ нутфае инсон шавад,
моҳияти нутфа табдил ёбад.2
Баъд аз тамҳиди ин муқаддамот ба байти мавриди назар бармегардем ва
мегӯем: Аз зоҳири каломи Бедил ин матлаб ба даст меояд, ки ҳарчанд сурат
дар пайдоиши ашёи табиъӣ ва расидани онҳо ба мартабаи камоли вуҷудӣ
нақши таъйинкунанда ва фаъол дорад, вале ба танҳоӣ ва бидуни модда аз
дасти он коре сохта нест. Бино бар ин вуҷуди ҳаюло барои ноил шудан ба
ин ҳадаф амри ҳатмӣ ва зарурист ва ҳеч сурате бидуни вуҷуди ҳаюло
наметавонад таҳаққуқ пазирад. Масалан, сурати одамият пеш аз он ки дар
ҳаюлои бузина ҳулул кунад ва моҳияти онро билкул тағйир диҳад ва ба
таъбири Абулмаонӣ «одам шавад», бузина буда ва дар мақоми ҳайвоният
қарор доштааст. Албатта бояд ишорат кард, ки чунин бардошт аз ин байт
бо ҷаҳонбинии Бедил, ки мубтанӣ бар назарияи ваҳдати вуҷуди Ибни
Арабӣ (1165-1240 м.) аст, чандон созгорӣ надорад. Назарияе, ки тибқи он
олам ҳама таҷаллои зот ва намоиши сифоти Ҳақ аст – субҳона ва таъоло –
ва ҷуз ҳастии мутлақи ӯ чизе вуҷуд надорад. Абулмаонӣ дар ишора ба
ҳамин мавзӯъ мегӯяд:
Олам ҳама як ҷилваи зоти аҳад аст,
Ин ҷо на ҳаюло, на сувар, не ҷасад аст.
Касрат осори чашм во кардани мост,
Ин сифр чу маҳв шуд, ҳамон як адад аст.
Чунон ки дида мешавад, Бедил дар мисраъи аввали ин рубоӣ тамоми
ҷаҳонро «ҷилваи зоти аҳадият» дониста ва дар мисраъи дувуми он мункири
вуҷуди ҳаюло ва сурату ҷисм гардидааст. Зоҳиран миёни ин рубоӣ ва байти
фавқуззикр таноқуз вуҷуд дорад, зеро агар мо ба вуҷуди ҳаюло ва сурат ва
соири ҷавоҳир қоил шавем, аз он касрати мавҷудот лозим меояд, ки бо
ваҳдати вуҷуд мунофот хоҳад дошт. Ва аз ин ҷо тафовути ҷиддӣ ва ихтило-
фи бунёдӣ байни дидгоҳҳои ҳукамои машшоӣ ва сӯфияи вуҷудӣ ба хубӣ
1 Руҷӯъ шавад ба: Алфоробӣ, Абӯнаср. Орои аҳли Мадинатул фозила, таҳқиқи дуктур
Алӣ Бӯмулҳам, нашри аввал, Дорумактабатулҳилол, Бейрут, 1995, с.57.
2 Руҷӯъ шавад ба: Алғаззолӣ, Абӯҳомид. Мақосидулфалосифа, таҳқиқи дуктур Сулай-
мон Дунё, Дорулмаорифи Миср, Қоҳира, 1961, с.142.
60
равшан мешавад. Пас, байти мавриди баҳс мусталзими тааммули бештар ва
тафаккури амиқтар мебошад.
Илова бар аҳком ва сифоте, ки барои ҳаюло ва сурат баршумурдем, бояд
аз ду хусусияти дигар низ ёд кард, ки ба фаҳми мазмуни байти мазкур ёрӣ
мекунанд. Ин ду хусусият иборатанд аз фано ва бақо. Тавзеҳ ин ки ҳаюло ва
сурат ҳаммонанди ҳар мавҷуди дигар биттабъ аз фано ва нобудӣ гурезон ва
толиби бақову подорӣ ҳастанд. Онҳо вақте падид меоянд, мекӯшанд то бар
ҳамон вуҷуде, ки доранд, боқӣ бимонанд ва онро аз даст надиҳанд. Ба ҳамин
хотир аст, ки ҳар гоҳ ҳаюло аз сурат орӣ гардад, бо шитоб сурати дигареро
ба худ мегирад, то аз адами мутлақ раҳоӣ ёбад.
Ибни Сино (980-1037 м.) ҳаюлоро ба зани зиштрӯе ташбеҳ мекунад, ки аз
ошкор шудани зиштрӯияш бимнок аст ва ҳар гоҳ пардааш барафтад,
зиштрӯии худро бо остин бипӯшонад. Сурат низ вақте дар ҳаюло ҳулул
кунад, бо ҷиддияти тамом мулозамати мавзӯъи худ кунад ва аз он ҷудо
нагардад, то фано нашавад ва аз байн наравад.1
Бад-ин тариқ, ҳаюло ва сурат ҳарду барои бақо ва таҳсили камолоти
мумкин ҳамеша дар такопӯ мебошанд. Таҳсили камолот низ аз тариқи
таоқуби сувар бар ҳаюло имконпазир мегардад, зеро мавҷудоти олами та-
биат дар оғоз ноқис бошанд ва бо мурури замон тараққӣ кунанд ва пас аз
тайи мароҳили гуногун ба камол расанд. Бар хилофи аҷсоми осмонӣ, ки ҳар
камоли мумкин барои онҳо билфеъл ҳосил аст ва бинобар ин аз сувари худ
ҷудо нагарданд. Ба дигар сухан, ашёи табиъӣ дар мадориҷи тараққӣ ва та-
комул ногузиранд аз ин ки суратеро берун оранд ва сурати дигарро
бипӯшанд. Маслан, хок бояд мароҳили зиёд иборат аз ҷамодиву наботиву
ҳайвониро тай кунад, то ба мақоми инсонӣ бирасад ва паймудани ин
мароҳил барои хок танҳо дар натиҷаи халъу лабси (пӯшидану бадар карда-
ни) сувар муяссар мегардад.2
Ногуфта нагзарем, ки манзури Бедил аз «сурат» дар ин байт сурати навъия
аст. «Ва он ҳамон чизест, ки аҷсом ба воситаи он дорои анвоъи гуногун ша-
ванд»3. Ва ин бад-он маъност, аҷсоми табиъӣ аз он рӯй ки ҷисманд бо якдигар
баробар ва яксон ҳастанд ва ҳеч якеро аз онҳо бар дигарӣ бартарӣ набошад.
Ва аввалин ихтилофе ҳам ки дар баробари падид омадани аносири арбаъа –
об, хок бод ва оташ аз моддаи авлои муштарак байни ин аҷсом зоҳир меша-
вад ва мӯҷиби танаввуъи ашёи табиӣ мегардад, мусталзими бартарии бархе
бар бархе дигар нест, балки ҳама аз лиҳози рутбат ҳанӯз дар як поя қарор до-
ранд. Тафовут дар рутба вақте ба вуқуъ мепайвандад, ки миёни аносир ихти-
лот ва омезиш падид ояд. Ва чун ихтилоту омезиши онҳо камтар бошад, ва аз
моддаи аввалӣ ва аносир фосилаи бисёр каме ҳосил кунад, анвоъи ҷамодот ва
ақсоми маъданиёт мавҷуд мешаванд. Ҳар гоҳ ин омезиш ба эътидол наздик-
тар бошад ва аз моддаи аввалӣ ва аносир омодагии қабули сурати шариф-
тарро пайдо мекунад ва он сурат ҳамон нафси наботист, ки дорои се қувва ва
ё се хусусият аст: тағзия, нумувв ва тавлиди мисл. Маротиби такомул дар
1 Руҷӯъ шавад ба: Ибни Сино, Абӯалӣ. Расоили Ибни Сино, Рисолат фи моҳиятулишқ,
таҳқиқи Аҳмади Оташ, матбааи Иброҳими Харуз, Истонбул, 1953, с.9-10.
2 Барои тафсили бештар дар ин хусус руҷӯъ шавад ба: Алғаззолӣ, Абӯҳомид.
Мақосидулфалосифа. Таҳқиқи дуктур Сулаймон Дунё, Дорулмаорифи Миср,
Алқоҳира, 1961, с.271-287.
3 Аттусӣ, Насириддин. Шарҳулишорот валинтибоҳот. Таҳқиқи оятуллоҳ Ҳасанзода
Омулӣ, муассисаи Бӯстони китоб, Қум, 1386, ҷузъи аввал, с.134.
61
олами наботот бисёр ва мадориҷи тараққӣ дар он бешумор аст. Пас ончи аз
наботот бар уфқи ҷамодот наздиктар бошад – монанди марҷон – ба маъодин
бештар шабоҳат дорад1. В-онгаҳе чандин мароҳилро паймуда ва ба сурати
гиёҳони бордор ва дарахтони мевадиҳанда, аз қабили дарахти хурмо, даро-
мадааст. Дарахти хурмо аз чанд ҷиҳат ба ҳайвонот монандӣ дорад. Масалан,
дарахти хурмои мода ба воситаи гарди хурмои нар бордор мешавад. Ва ин
мақом ниҳояти камоли наботот аст ва мабдаи иттисол ба уфқи ҳайвонот. Ва
ҳар гоҳ омезиши бештару комилтар ва ба эътидол наздиктар гардад ва аз
аносири чаҳоргона буъду фосилаи зиёдтаре дошта бошад, омодаи пазириши
сурати шарифтар аз сурати наботӣ мешавад ва он сурати ҳамон нафси
ҳайвонӣ аст, зеро ҳайвон нируҳои нафси наботиро дорад ва илова бар он до-
рои ду қувваи дигар низ ҳаст: яке қувваи мудрика ва дигаре қувваи
муҳаррика. Маротиби камол дар олами ҳайвонот бештар аз мадориҷи
тараққӣ дар олами наботот аст. Мавҷудоти ин олам аз мартабаи ҳашарот гу-
зашта ва ҳамвора дар масири тараққиву такомул ҳаракат намуда ва ба мар-
табаи ҷонвароне аз қабили саг ва аспу оҳу ва бӯзина расидаанд. Ин ниҳояти
маротиби ҳайвонот буда ва мартабаи нахустин аз маротиби инсон ба он пай-
вастааст. Ва чун омезиш ба дараҷае расад, ки бештар аз он мумкин набошад,
пазирои шарифтарин сурат шавад ва он ҳамон нафси инсонист. Нафси
инсонӣ дорои ду қувва аст: яке қуваи олима ва дигаре қувваи омила. Тафову-
ти маротиби камол дар нафси инсонӣ бештар аз тафовути маротиб дар
навъҳои ҷонварон ва гиёҳон мебошад. Ва одамӣ ҳам баъд аз он ки маротиби
камолро тай кунад ба мадориҷи уқул ва нуфус, ки ҳамон олами фариштагон
аст, мерасад. Пас, камоли ниҳоӣ ва саодати абадиии инсон расидан ба олами
фариштагон аст. Бад-ин тартиб ихтилоти баъдӣ, тибқи назари машшоиён, аз
ихтилот бо қабли худ зиёдтару печидатар ва комилтар мебошад ва анвоъи
гуногуни ҷамодоту наботот ва ҳайвонот ва сипас навъи инсон дар ҷараёни ин
гуна ихтилот ба вуҷуд меояд.2
Дар ин нуқта баҳси мо сибғаи ирфонӣ ба худ мегирад ва бо таълимоти
мутасаввифа роҷеъ ба фано ва бақо иртибот пайдо мекунад3 ва илова бар он
суханони ҳазрати Мавлоноро дар «Маснавии маънавӣ» перомуни «атвор ва
манозили хилқати одамӣ» ба хотир меоварад, онҷо ки фармояд:
Омада аввал ба иқлими ҷамод,
В-аз ҷамодӣ дар наботӣ уфтод.
В-аз наботӣ чун ба ҳайвонӣ фитод,
Н-омадаш ҳоли наботӣ ҳеч ёд.
Боз аз ҳайвон сӯи инсониаш
Мекашад он холиқе, ки дониаш.
Ҳамчунин иқлим то иқлим рафт,
То шуд акнун оқилу донову зафт.
1 Албатта ин назари донишмандони қадим аст. Тибқи дидгоҳҳои илмии имрӯза
марҷонҳо аз ҷонварони гиёҳишакланд, ки дар дарёҳои гарм мезиянд.
2 Руҷӯъ шавад ба: Тусӣ, Насириддин. Ахлоқи Носирӣ. Тасҳеҳи Муҷтабо Минӯӣ; Али-
ризо Ҳайдарӣ, чопи чаҳорум, Интишороти Хоразмӣ, Теҳрон, 1369 ҳ.ш., с.59-63.;
Алғаззолӣ, Абӯҳомид. Мақосидулфалосифа. Таҳқиқи дуктур Сулаймон Дунё, Дорул-
маорифи Миср, Алқоҳира, 1961, с.346-359.
3 Дар бораи моҳияти фано ба бақо ва аҳкоми ин ду мафҳум назди суфия руҷӯъ шавад
ба: Ҳуҷвирӣ, Абулҳасан. Кашфулмаҳҷуб, тасҳеҳи дуктур Муҳаммадҳусайни Тасбеҳӣ.
Интишороти маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, Исломобод, 1374 ҳ.ш.,
с.356-362.
62
Ақлҳои аввалинаш ёд нест,
Ҳам аз ин ақлаш таҳаввул карданист.
То раҳад з-ин ақли пурҳирсу талаб,
Сад ҳазорон ақл бинад булаҷаб.1
Тафсири ин байтҳоро, ки мо дар ин ҷо ба ихтисор нақл кардем, Мавлоно
худ дар китоби «Фиҳи мо фиҳи» зимни сухан гуфтан аз каромоти авлиё чу-
нин овардааст: «Каромот он бошад, ки туро аз ҳоли дун ба ҳоли олӣ орад ва
аз он ҷо ин ҷо сафар кунӣ ва аз ҷаҳл ба ақл ва аз ҷамодӣ ба ҳаёт. Ҳамчунон
ки аввал хок будӣ, ҷамод будӣ, туро ба олами набот овард ва аз олами набот
сафар кардӣ ба олами ъалақа ва музға ва аз ъалақаву музға ба олами
ҳайвонӣ ва аз ҳайвонӣ ба олами инсонӣ сафар кардӣ. Каромот ин бошад.
Ҳақтаъоло чунин сафарро бар ту наздик гардонид. Дар ин манозил ва
роҳҳо, ки омадӣ, ҳеч дар хотиру ваҳми ту набуд, ки хоҳӣ омадан ва аз кадом
роҳ омадӣ ва чун омадӣ ва туро оварданд, ва муъайян мебинӣ, ки омадӣ,
ҳамчунин туро ба сад олами дигаргун хоҳанд бурдан, мункир машав ва агар
аз он ҷо ахбор кунанд, қабул кун».2 Сиёқи ин калом ва ба кор гирифтани
вожаҳое чун ъалақа ва музға дар он ки аввалӣ ба маънои хуни баста ва
дуввумӣ ба маънои пораи гӯшт аст, ошкоро ишорате ба оёти сураи
Мӯъминун дар Қуръон аст, ки дар онҳо дар хусуси офариниши инсон сухан
рафта ва фароянди ташаккул ва такомули ҷанин ин гуна тавсиф шудааст:
ولَقَد خَلَقْنَا الْإِنسانَ مِنْ سلَالَةٍ منْ طِينٍ { 12 } ثُم جعلْنَاه نُطْفَةً فِي قَرَارٍ مكِينٍ { 13 } ثُم خَلَقْنَا النُّطْفَةَ علَقَةً فَخَلَقْنَا الْعلَقَةَ مضْغَةً »
.«{ فَخَلَقْنَا الْمضْغَةَ عِظَاماً فَكَسونَا الْعِظَام لَحماً ثُم أًنشأْنَاه خَلْقاً آخَرَ فَتَباركَ اللهُ أَحسنُ الْخَالِقِينَ { 14
(Мо ҳамоно инсонро аз хулосае аз гил офаридем{12},сипас ӯро нутфае
дар ҷойгоҳе устувор қарор додем{13}сипас он нутфаро ба сурати хуни баста
ва хуни бастаро ба сурати гӯштпора ва гуштпораро ба сурати устухонҳое
даровардем ва бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем, сипас онро хилқати дигаре
бахшидем. Пас бузург аст Худое, ки некутарини офаринандагон аст!{14} ».
Ин ҳама таҳаввулот ва дигаргуниҳо, ки сабаби тараққиёт ва камоли
инсон гардидаанд, самараи фаноҳо ва бақоҳои мудовим ҳастанд. Ба далели
ин ки агар инсон дар ҳамон мартабаи хок, ки мазҳари вуҷуди моддии ӯст,
боқӣ мемонд, ҳаргиз наметавонист ба ин камолот ва хайрот бирасад. Аз ин
рӯ ҳазрати Мавлоно хитоб ба мо бехабарон ва дуруфтодагон мегӯяд:
Ту аз он рӯзе, ки дар ҳаст омадӣ,
Оташе ё бод ё хоке будӣ.
Гар бар он ҳолат туро будӣ бақо,
Кай расидӣ мар туро ин иртиқо?
Аз мубаддил ҳастии аввал намонд,
Ҳастии беҳтар ба ҷои он нишонд.
Ҳамчунин то сад ҳазорон ҳастҳо
Баъди якдигар давам беҳ з-ибтидо.
Ин бақоҳо аз фаноҳо ёфтӣ,
В-аз фанояш рӯ чаро бартофтӣ?3
1 Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад. Маснавии маънавӣ. Теҳрон, Ҳунарсарои Гӯё, 1386,
дафтари чаҳорум, с.689.
2 Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад. Фиҳи мо фиҳи. Тасҳеҳи Бадеъуззамон
Фурӯзонфар, чопи даҳум, интишороти Амири Кабир, Теҳрон, 1384, с.118.
3 Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад. Ҳамон асар, с.737 .
63
Пас расидан ба ин ҷойгоҳи баланд, ки ҳамон мақоми волои инсонист,
танҳо аз тариқи фаноҳои мухталиф муяссар мегардад ва ҳар фаное дарбар-
гирандаи бақои беҳтар ва камоли вуҷудии бартар аст. Ва ин матлаб худ аз
тафаккури диёлектики ирфонии Мавлавӣ сарчашма мегирад. Шоёни зикр
аст, ки фано ва бақо бо назарияи кавну фасоди машшоиён таносуби зиёд
дорад, зеро кавн назди онҳо иборат аз ҳудус ва ё ҳусули сурат аст дар ҳаюло
ва фасод заволи сурат аз ҳаюло мебошад, ки сурати баъдӣ аз сурати қаблӣ
беҳтар ва комилтар аст. Вале миёни ин ду назария тафовути асосӣ вуҷуд
дорад, зеро кавн назди онҳо иборат аз ҳудус ва ё ҳусули сурат аст дар ҳаюло
ва фасод заволи сурат аз ҳаюло мебошад, ки сурати баъдӣ аз сурати қаблӣ
беҳтару комилтар аст.
Вале миёни ин ду назария тафовути асосӣ вуҷуд дорад ва он ин ки кавну
фасод фақат дар арсаи табиату олами моддӣ рух медиҳад, бархилофи
фанову бақо, ки дар аволими рӯҳонӣ ва мақомоти маънавӣ низ ҷориву
сорист. Муҳимтарини фаноҳо назди сӯфиён ҳамон фаноҳои сегона
мебошанд, ки иборатанд аз фанои дар шайх, фанои дар Расул ва фанои дар
Ҳақ. Камоли ниҳоӣ ба бақои ҳақиқӣ аз назари аҳли тасаввуф расидан ба
Ҳақтаъолост, на вусул ба олами уқул ва нуфус, тавре ки ҳукамои машшоӣ
гумон бурдаанд. Манзури Бедил ҳам дар байти мавриди баҳс ҳамин аст.__

"Садои Шарқ", 2012, №1

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!