Тарҷумаҳо


Ном ва осори нависанда ва шоири бузурги мутафаккири Ҳиндустон, барандаи ҷоизаи адабии Нобел Робиндронат Тагор барои хонандагони Шӯравии собиқ, ба хусус тоҷикон, ошно ва маҳбуб аст. Қариб тамоми осори ӯ ба забони русӣ ва аз ин тариқ муҳимтарини ин осор ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Хонандаи осори мансури дилангези ӯ, аз ҷумла силсилаи таронаҳову ҳикоёт ва романҳои ин нависандаи маъруф «Завол», «Гора», «Регреза» ва ғайраро ба хубӣ дар ёд доранд. 
Ахиран, маҷмӯае аз тарҷумаҳои гуногуни осори манзуми ӯ таҳти унвони «Оё насим номи куҳанро вазид…» аз тариқи нашриёти «Эксмо» дар силки «Силсилаи заррини назм» ба чоп расидааст. Китоб бо сарсухани тадвинкунандаи он шоир ва мутарҷим М. Синелников шурӯъ гардида, дар он тарҷумаҳои адибони маъруф аз қабили Б.Пастернак, А.Ахматова, М.Зенкевич, А.Ревич, С.Мар, Т.Спендиарова ва чанд тани дигар аз осори манзум Тагор гирдоварӣ шудааст. Дар охири ин китоби тозанашр бо номи «Фрагменты», ки онро «Нукот» тарҷума кардем, андешаҳои ҳикматомез ва шоиронаи Тагор дар тарҷумаи русии И.Колубовский ва М.Тубянский ҷой дода шудааст. Аз мӯҳтаво ва мазмуни ин андешаҳо пайдост, ки Тагор онро дар солҳои поёнии умри худ навишта ва таҷрибаҳову хулосаи озмудаҳои зеҳнӣ, ҳунарӣ ва фикрии худро ҷамъбаст намудааст. Ин андешаҳои шоирона агар аз сӯе саршор аз таҷрибаи зиндагӣ ва муҳаббату дилбастагӣ ба он бошанд, аз тарафи дигар дар онҳо мавҷи баланд ва боландаи афкору эҳсоси ирфонӣ ва фалсафаи ваҳдати вуҷуд, ки дар Ҳинд решаҳои амиқу куҳан дорад ба назар мерасад. Муҳаббат ва дилбастагии амиқи нависанда ба ҷаҳони перомуни хеш, мазоҳири ғании табиат, инсонҳо бо ҳамсозии тамом бо эҳсосоти ӯ аз ҷаҳони маърифати мовароуттабиӣ дар ин навиштаҳо муҷассам шудааст.
Хонанда дар «Нукот»-и Тагор ба шигифтӣ ҳамоҳангӣ ва шабоҳати эҳсосу андешаи ӯ бо афкор ва маърифати намояндагони бузурги адабиёти ирфонии тоҷикро мушоҳида мекунад. Ҳатто аз назари сабки баён дар ин навиштаҳо хусусиёти сабки ҳиндӣ, ба вижа дар мавриди ташхиси исмҳои маънӣ ва таҷриди исмҳои модӣ ва чандқишрии исмҳои маънӣ ба назар мерасад ва хонандаро ба ёди навиштаҳои намояндагони ин сабк, аз ҷумла Бедили Деҳлавӣ мандозад. Бино бар ин, нукоти Тагор бояд бо таваҷҷӯҳ ва диққат мутолиа шавад, зеро дар зери баёноти зоҳиран сода ағлаби мавридҳо афкори амиқи орифонаи ӯ нуҳуфтааст, ки умед аст дар тарҷума бозгӯ шуда бошад.
Қобили тазаккур аст, ки адади нукот дар тарҷумаи русӣ 314-то буд. Чун яке аз ин нукот мазмунан такрор меомад, дар тарҷумаи тоҷикӣ аз он сарфи назар шуд.

Робиндронат ТАГОР

НУКОТ
1.Парандагони дермонда, ки тобистонро ба сурудан сипарӣ карданд, пеш аз парвоз бо суруди падруд пушти тирезаи ман даранг мекунанд. Ва аммо баргҳои хазон, ки сурудан намедонанд, хишхиш мекунанду мерезанд бо оҳ.

2.Эй селаи ҷаҳонгардони рез, бигзор болафшонии шумо дар суруди ман ҳамеша бимонад.

3.Ҷаҳон дар баробари ошиқи хеш ниқоби бекаронагиро аз чеҳра бармеафканад. Ва инак, чи андоза хурд аст он, дуруст мисли як суруд, як бӯса бар ҷовидон.

4.Ашкҳои замин гули табассуми ӯро об медиҳанд. 

5.Миёни биёбоне фарох густарда бар каронаҳо ҳама чиз дар иштиёқи як соқа гиёҳе месӯзад, ки ӯ саре меафшонаду механдаду дуртар парвоз мекунад.

6.Агар ашки шумо ҳангоми ғуруб чашмонатонро хира мекунад, пас нигоҳи шуморо дар баробари ситораҳо ҳам мебандад.

7.Реге, ки маҷрои рӯдро пӯшидааст, дар талаби амвоҷи шарфаноки об ба муноҷот нишаста. 
Аммо истода аст, оё ҷазби саялони об мешавад?

8.Тирагии нигоҳи ӯ чун борони шаб хобҳои сангинро медамад. 

9.Мо боре дар хоб дидем, ки ба ҳам бегонаем. Бедории мо он буд, ки дарёфтем: чӣ қадр барои якдигар азиз ҳастем.

10.Андӯҳ дар дили розӣ хомӯш гардид, чунон ки шафақи шом миёни дарахтони сокит.

11.Ғуборҳои ноаён бар дилам мерасанд чун насим ва мавҷи қасидавори суруди ӯ.

12.Дарё, сухани ту чист?
– Суоли ҷовидон.
Осмоно, посухи ту чист?
– Сукути ҷовидон.

13.Дили ман, гӯш бидеҳ бар наҷвои ҷаҳон, ки ишқро бар ту арза карда.

14.Асрори эҷод (халлоқият) чун тирагии шаб саршори азамат аст.
Ғурури дониш дақиқан мисли меҳи субҳгоҳ.

15.Ҳарчанд ишқи шумо болобаланд аст, онро бар қаъри бетаг набаред.

16.Субҳ пушти тирезаи худ нишастаам, дунё дуруст мисли роҳгузаре барои дақиқае даранг мекунад, саре сӯи ман меҷунбонаду мегузарад.

17.Ин пағаҳои андеша мисли хишхиши баргҳо шодона дар зеҳни ман садо медиҳанд.

18.Шумо асли худро намебинед, он чи шумо аз худ мебинед танҳо сояи шумост.

19.Ё Парвардигор, хоҳишҳои ман ҷоҳилоне ҳастанд, ки бо фарёд суруди туро ношунаво мекунанд. На, ман танҳо гӯш хоҳам кард.

20.На ман беҳтаринро ҳаме баргузинам,
Ки худ беҳтарин баргузинад маро.

21.Он ки чароғи хеш дар пушт ниҳад, сояаш аз вай пеш афтад.

22.Зиндагӣ иборат аст аз ҷовидон шигифтзадагии нав ба нав аз вуҷуди хеш.

23.«Мо, баргҳо бо хишхиш посухи туфонро медиҳем, вале чаро ту чунин хомушӣ?»
«Ман ки гуле беш нестам».

24.Осоиш бо кор чун пилк бо чашм пайваст аст.

25.Инсон кӯдаки навзод аст ва неруи худро дар рушд меёбад.

26.Худованд интизори сипосро дар баҳои гулҳое дорад, ки бароямон фиристода, на дар баҳои замин ва на офтоб.

27.Нури офтоб, ки бо урёнии маъсуми тифлонаи худ рӯйи ин баргҳои сабз мехазад, хушбахтона намедонад, ки инсонҳо дурӯғ дар даҳон доранд.

28.Аё зебоӣ, ту худро дар ишқ пайдо хоҳӣ кард, на дар тамаллуқи ойинаҳо.

29.Дили ман бо заработи пурғавғо дар соҳили кайҳон метапад ва нами ашк бар ҳар чизе ин суханонро менишонад: «Туро дӯст дорам». 

30.«Эй, моҳ чи мехоҳӣ?»
«Офтобро салом кунам ва сари роҳи ӯ канор биистам».

31.Дарахтон тирезаи маро ламс мекунанд мисли маҳрами рози замини лол.

32.Худованд ҳар субҳи худро бо шигифтии пур аз нишот истиқбол мекунад.

33.Зиндагӣ дороии худро дар хостаҳои ҷаҳони перомун ва арзиши худро дар тақозои муҳаббат пайдо мекунад.

34.Рӯдхонаи хушк барои собиқаи худ сипос наёбад.

35.Мурғ шефтаи абр шудан ҳаст ва абр шефтаи мурғ шудан.

36.Тарҷеъи ғавғои обшор ин аст: «Суруди ман аз озодист».

37.Инак он дил, ки надонам чаро худро бо сукут хазон мекунад. Магар на барои он ки камро ҳеч гоҳ наметалабад, намехоҳад бидонад ва ёд орад?

38.Замоне ки, эй зан, ту бар сари корҳои хона ин сӯву он сӯ меравӣ, ҳама аҷзои ту суруд мехонад, мисли ҷараёни оби шарфо миёни сангҳо.

39.Офтоб ниҳон мешавад, то бо анвори худ Дарёи Ғарбро равшан кунад ва саломи охирини худро ба Шарқ фиристад.

40.Ғизои худро бад нагӯед, танҳо ба он хотир ки иштиҳо надоред.

41.Дарахтон чун (мазҳари) хастагии замин сари ангуштон меистанд, боло меёзанд, то осмонро бубинанд.

42.Шумо табассум кардед ва чизе ба ман гуфтед на чандон муҳим, аммо ман эҳсос кардам, ки дер боз интизори ҳамин будам.

43.Моҳӣ дар об лол аст, даду дом бо наъра заминро кар мекунад, мурғ зери гунбади осмон месарояд.
Аммо инсон дар вуҷуди худ сукути баҳр, ғавғои замин ва суруди осмонро нуҳуфтааст.

44.Ҷаҳон торҳои қалби хастаро меларзонад ва оҳанги андӯҳро аз онҳо берун мекашад.

45.ӯ силоҳашро бути хеш сохт. Ва инак пирӯзии силоҳаш шикасти ӯ гардид.

46.Ситорагон аз шабоҳати худ бо мӯри шабтоб бим надоранд.

47.Соя бо чодари фуруҳишта асроромезу нарм ба роҳи сокити ишқ аз пайи нур меравад.

48.Сипос туро, ки ман чархе нашудам хурдкунандаи ҷонҳо, аммо ҳамзамон ман ҳамроҳи он мавҷудоти зинда ҳастам, ки ин чархи гардон хурдашон мекунад.

49.Ақл тез аст, аммо вусъат надорад, дар ҳар қадам ҳалқа мезанад, аммо пеш намеравад.
50.Гоҳо роҳҳои рӯзгорам сокиту бесамаранд. Инҳо майдонҳои бозе ҳастанд, ки ба рӯзҳои анбоштаи кору борам ҳавову нур медиҳанд. 

51.Инсон дар таърихи худ боз намешавад, аммо аз тариқи мубориза бо он роҳи ӯ ба боло меравад.

52.Чароғдони булурӣ шигифтӣ мекунад, ки чаро чароғдони гилӣ ӯро хоҳари худ медонад. Аммо чун моҳ барояд, бо табассуми малеҳ ба ӯ мегӯяд: азизи ман, хоҳари азизам.

53.Мо баҳам меоему ҷудо мешавем чунон, ки мурғони моҳихор бар амвоҷи дарё мепаранд. Моҳихорон ба парвоз дур мешаванд, амвоҷ ба атроф мепарокананд, мо низ чунин дур мешавем.

54.Рӯзи ман поён ёфт ва мисли заврақе ҳастам ба паҳлу нишаста канори баҳр, гӯш ниҳода ба суруди шомгоҳи амвоҷ.

55.Зиндагӣ ба мо эҳдо шуда: аммо танҳо онгоҳ шоистагии ин ҳадяро дармеёбем, ки ба навбати худ онро ҳадя кунем.

56.Онгоҳ мо ба бузургворӣ қаринем, ки дар сабр бузургвор бошем.


57.Гунҷишк ғами товусро мехӯрад, ки ин қадр думи вазнин дорад.

58.Ҳаргиз аз лаҳза натарс – ин аст суруди ҷовидон. 

59.Бероҳӣ кутоҳтарин роҳ аст барои гирдбод ва банохост ҲЕЧИСТОН поёни ҷустуҷӯҳои ӯ мешавад. 

60.Дар ҷоми ман бирез майи маро, эй дӯст: каф мекунад ин май дар ҷоми дигарон.

61.Камол аз ишқ ба нокомил ҷамол ёбад.

62.Сипоси шамъро дошта бошед, чун ба шумо рӯшноӣ мебахшад, вале касеро низ аз ёд мабаред, ки худ сабурона дар тирагӣ истода онро сари даст дорад.

63.Эй гиёҳи заиф, дур нахоҳӣ рафт, аммо боке нест, чун турбати ту ин ҷост. 

64.Гули реза баргҳои худро боз мекунаду мегӯяд: «Ҷаҳони меҳрубон, зинҳор, пажмурда машав».

65.Инак, ман қуллаи кӯҳро тасхир кардам, вале дар ин қуллаи тираву бесамари шӯҳрат ҷое барои саҷда пайдо набуд. Эй раҳбари ман, пеш аз он ки рушноӣ хомӯш гардад, фуруд овар маро ба водии ҷаҳон, он ҷо ки ҳосили зиндагӣ ба ранги тилоии хирад мепазад.

66.Ноҳақ мағлубиятро таҳаммул намекунад, ҳақ аз он наметарсад.

67.Обшор чунин месарояд: «Ман шодона ҳама ҳастии худро нисор мекунам, агарчи кафе об барои шикастани ташнагӣ кофист».

68.Дар куҷост масдари ин фаввораи гулҳо, ки ҳаргиз шаъафи фаровони он хушк намегардад?

69.Табари ҳезумкаш аз дарахт даста хост ва дарахт дареғ надошт.

70.Дар лаҳзаҳои танҳоии дил оҳи шоми ятимро мешунавам, ки ҷомаи мотами меҳ ва боронро бар тан кардааст.

71.Хирадмандӣ сарватест ҳосили ишқи фаровон.

72.Дунёи атрофро хуб намешиносем ва шиква мекунем, ки моро мефиребад.

73.Меҳро бингар: чун ишқест, ки бо дили қуллаҳо мебозад, дар печу хами
дарраҳо меғалтад ва аз миёни онҳо, гоҳ ин ҷову гоҳ он ҷо, ба суратҳои шигифтангезе сар бармекашад.

74.Бод бар кӯҳу дарё чун шоирест, ки ӯ низ ба касе ниёз дорад, то фарёдаш
ро бишнавад.

75.Ҳар кӯдаке, ки тоза ба дунё меояд, пайки ин паём аст, ки Худованд ҳанӯз аз инсон навмед нашудааст.

76.Гиёҳон бо издиҳоми якдилонаи худ талош мекунанд, то заминро дар ҳалқа бигиранд. Дарахт танҳоии худро дар осмон пайдо мекунад.

77.Садҳое, ки бар инсон фишор меоранд, ба дасти худи ӯ барафрошта шудаанд.

78.Ҳолаи садои ту, эй дӯст, даври дили ман печида, чун ғавғои сокити дарё миёни ин коҷҳо, ки бар он гӯш ниҳодаанд.

79.Чист дар моварои нопайдои ин шӯълаи сиёҳе, ки шарораҳои он ситораҳоянд?

80.Бигзор зиндагӣ зебо бошад чун гулҳои баҳор ва марг чун баргҳои поиз.

81.Он ки бар дигарон хайр мекунад, сахт бар дари баста мекӯбад, аммо ошиқ онро боз меёбад.

82.Марг бисёрро яке мекунад, зиндагӣ якеро бисёр.
Танҳо пас аз марги худоён (худоёни дурӯғин) дини ҳама яке мешавад.


83.Наққош касест ошиқи Табиат ва ҳамзамон ғулому хоҷаи ӯ.

84.Гул мепурсад: «Куҷост меваи ман?» 
«Ман дар қалби ту ниҳонам».

85.Ин пӯйиши мо ба сӯи онест, ки дар тирагӣ маҳсус аст ва дар рӯшноии рӯз нопадид.

86.«Ту қатраи бузурги шабнамӣ зери барги нилуфар ва ман қатраи хурд рӯйи он» - ҳарфи шабнам ба дарёча (кӯл) ин буд.

87.Наёмҳо розиянд кунд бошанд, то тезии шамшерро ниҳон доранд.

88.Воҳид дар тирагӣ як сурат дорад, дар рӯшноӣ чеҳраҳои гуногун. 

89.Пайкари бузурги замин дар қабои гиёҳ роҳат меёбад.

90.Рушду пажмурдани баргҳо (зуҳури) гардиши тунди ҳамон чархаест, ки фалакро дар ҳаракати кунди ситорагон тасвир мекунад.

91.Қудрат ба ҷаҳон гуфт: «Ту аз они манӣ». Вале ӯ бар тахти худ асири ҷаҳон шуд. Ва ишқ ба ҷаҳон бо ин сухан рӯй овард: «Ман аз они ту ҳастам». Ва ҷаҳон ӯро дар канори худ ҷой дод.

92.Меҳ монанди иштиёқи замин аст, офтобро мепӯшад, ки онро мегудозад. 

93.Ботавозӯъ бош, эй дил, ин дарахтони азим дар намоз истодаанд.

94.Ғавғо як лаҳза ришханд аст бар мусиқии Ҷовидона.

95.Ман бар наслҳои гузашта меандешам, ки савори мавҷҳои зиндагӣ, ишқ ва марг рафтанду фаромӯш шуданд. Ва озодиро дар қалби адам эҳсос мекунам.

96.Андӯҳ чодари арӯси рӯҳи ман аст: шабро мунтазир аст, то онро яксӯ бизанад.

97.Мӯҳри марг сиккаи зиндагиро арзиш мебахшад: ба фазли ҳамин аст, ки метавон ба қимати ҳаёт чизи воқеан арзишмандро ба даст овард.


98.Абр ботавозӯъ дар канори уфуқ ҷой гирифт ва субҳ тоҷи нур бар сараш ниҳод.

99.Хок поймоли мо мешавад ва дар иваз гулҳои худро нисори мо мекунад.

100.Вақтро бо гирд овардан ва нигоҳ доштани гулҳо аз даст мадеҳ – далерона ба пеш бирав, гулҳои тоза дар ҳама тӯли роҳ фаровон аст.

101.Решаҳо шохаҳоест рафта дар хок,
Шохаҳо – решаҳое баршуда бар осмон.

102.Оҳанги тобистони пажмурда дар садои пойи Поиз шунида мешавад, ки дар пайи ҷустуҷӯи лонаи қадими худ аст.

103.Бо эҳдои (зиёдатии) фазилатҳои худ аз гӯшаи бениёзиҳоят дӯстатро таҳқир макун.

104.Рӯзҳои беасар тайшуда қалби маро мепӯшанд чунон ки хаза танаи дарахти куҳанро. 

105.Пажвок (акси садо) бар офарандаи худ тамасхур мекунад, то асолати худро ба субут бирасонад.

106.Худо шарм мекунад вақте ки хайркунанда хайри худро васф намояд. 

107.Ман бо сояи худ роҳи худро тира мекунам, зеро шамъи наяфрӯхтае дар даст дорам.

108.Инсон худро ба издиҳоми пурсару садо мезанад, то дар фарёдҳои он сукути худро ғарқ созад.

109.Ҳар чизе ки интиҳои он завол аст, миранда аст, вале интиҳои комил танҳо дар беинтиҳоист.

110.Хуршед дар пироҳани содаи нури худ тулӯъ мекунад. Абрҳо дар ташрифи муҷаллал печидаанд.

111.Қуллаҳо кӯдаконе ҳастанд бо фарёд даст боло карда, то ситорагонро бигиранд.

112.Хиёбон дар анбӯҳи мардум танҳост, чун ба касе меҳрубон нест.

113.Бар оне, ки мағрури зӯру масти хашми хештан аст, барги зарде, ки аз дарахт меафтад ва абрҳое, ки аз канор рад мешаванд, механданд.

114.Имрӯз замин бо торҳои нури офтоб бароям суруд мехонад, мисли зане ресанда, ки пушти чархаи худ достони қадимиро замзама мекунад.

115.Гиёҳи кӯчак шоистаи ҷаҳони бузургест, ки дар он рӯида.

116.Дар хоб орзуҳои мо мисли зане ҳастанд бетанаффус ҳарфзананда ва фаромӯшӣ дуруст мисли шавҳаре, ки хамӯш азият мекашад. 

117.Шаб рӯзи пажмурдаро мебӯсад ва бехгӯшӣ ба вай мегӯяд: «Ман марг – модари ту ҳастам ва ба ту зиндагии дубора медиҳам».

118.Эй шаби тира, ман зебоии туро эҳсос мекунам, чун зебоии маъшуқае, ки чароғро хомӯш мекунад.

119.Ман дар ҷаҳони шукуфои худ ҷаҳонҳоеро, ки пеш аз ин пажмурдаанд, ҳифз мекунам.

120.Дӯсти азиз, ман ба ғавғои ин амвоҷ гӯш медиҳам ва сукути андешаҳои мӯҳташами туро мешунавам, ки борҳо дар умқи шаб тавлид шудаанд.

121.Паранда мепиндорад, ки накукорӣ карда, чун моҳиро водошта, ки дар чанголи ӯ аз ҳавои тоза нафас бигирад.
122.Шаб ба офтоб мегӯяд: «Нури моҳ номаҳои ошиқонаи туст барои ман ва посухи ман ашкҳоест бар рӯйи сабза».
123.Бузург кӯдакест, ки мемирад ва бо марги худ азамати тифлиашро ба ҷаҳон бармегардонад.
124.На зарби чаккуш, балки ламси обҳои ҷорист, ки ба сангрезаҳо намуди комил медиҳад.
125.Занбӯрҳои асал нагҳати гулҳоро менӯшанд ва бо садои ташаккуромез парвоз мекунанд, аммо шопараки аблақ мӯътақид аст, ки гулҳо бояд аз ӯ миннатдор бошанд.
126.Осон аст дар сухан далер будан, вақте ки нахоҳанд ҳақиқатро то охир бигӯянд.
127.Мумкин аз Номумкин суол мекунад: - «Лонаи ту дар куҷост?». ӯ посух медиҳад: «Дар оғӯши нотавониҳо».
128.Агар шумо аз ҳама навъ иштибоҳ паноҳ биҷӯед, ҳақиқат ҳам бароятон дастрас нахоҳад буд.
129.Танҳо хишхиши чизҳоеро дар хилоли андӯҳи дили худ мешунавам, вале онҳоро намебинам.
130.Саргармие, ки табдил ба фаъолият шуда кор аст. Ҳамин тариқ, оромиши баҳр амвоҷро ба вуҷуд меорад.
131.Барг аз ишқ гул мешавад ва гул аз сипос самар.
132.Решаҳо дар умқи замин талаби ҳеч муздеро надоранд дар баробари он ки шохаҳои баландро пурсамар кардаанд. 
133.Дар ин шаби боронӣ бод ором намегирад. Аз тиреза ба шохаҳои ҷунбон нигоҳ мекунам ва бар азамати ҳама чиз меандешам.
134.Тӯфони нимшаб чархиду фарёд зад мисли тифле азимҷусса, ки бановақт бедор шудааст.

135.Эй аруси дарё, беҳуда ту амвоҷи худро меафшонӣ, то маъшуқи худро дарёб кунӣ. Бод туро тарк кардааст. 
136.Сухан ба амал гуфт: «Ман аз пӯчии садои худ шарм медорам». Амал гуфт: «Ман ба ту нигоҳ мекунаму фақри худро эҳсос менамоям».
137.Замон аз таҳаввулот ғаное дорад, аммо соатҳо танҳо нақизае ҳастанд, ки бидуни ҳеч ғаное ба якдигар навбат медиҳанд.
138.Ҳақиқат аз қабое танге, ки аз далоил бар тан кардааст менолад. Пиндор ба он вусъати ҳаракат мебахшад.
139.Эй роҳи сафар, замоне ки бар ту мерафтам, то чизе ба даст биёрам, ту ранҷи ман будӣ, аммо ҳоло ки аз ҳар сӯям роҳест, муҳаббати худро ба ту арз мекунам.
140.Мехоҳам чунин бияндешам, ки миёни ин ситораҳо яке роҳнамои ман дар зиндагист аз миёни зулмати ибҳом.
141.Эй зан, шарофати ангуштони ту бар чизҳои ман мерасад ва онҳоро чун аҷзои мусиқӣ ҳамоҳанг мекунад.
142.Дар харобаҳои умри гузаштаи ман садои андӯҳи танҳо лона кардааст: ӯ дар шаб бароям месарояд: «Туро дӯст дорам…».
143.Забонаҳои оташ бо дурахши худ маро ҳушдор медиҳанд, вале чун метавон аз сӯхтан дар ахгари зери хокистар эмин шуд.
144.Ситораҳои осмон бар ман рушноӣ мекунанд, ҳайфо ки чароғи кӯчаки хона афрӯхта нест.
145.Ғубори суханҳои мурда туро пӯшондааст. Рӯҳи худро бо хамӯшӣ шустушӯ бидеҳ.
146.Чоҳҳои зиндагӣ даҳон боз кардаанд: аз қаъри онҳо садои андӯҳбори марг меояд.
147.Субҳгоҳ қалби нуронии ҷаҳон боз шуд.
148.Эй дили ман, ту низ бо ишқ биноз ва шафақи субҳро пешвоз бигир.

149.Андешаҳои ман ҳамроҳ бо ин баргҳои дарахтон лапиш мехуранд ва қалбам аз ламси панҷаҳои нури офтоб садо медиҳад; зиндагиям шод аст аз он ки ҳамроҳи ҳама чиз ба сӯи нилии осмон ва зулмоти замон шино мекунад.

150.Ранҷ бурдам, навмед шудам ва маргро маърифат кардам ва инак, шодам аз он ки дар ин ҷаҳони бузург ҳастам.

151.Ончи бар мо мавҷудотро парокандаву зид ва душманона нишон медиҳад – танҳо руъёест. Ҳамаро дар ту ҳамоҳанг мебинам, онгоҳ ки бедор ва озод шавам.
«Ки маро иваз мекунад?» – мепурсад офтоб гоҳи ғуруб. «Ман ҳарчи аз дастам биёяд анҷом медиҳам» – мегӯяд чароғдони гилӣ.
152.Ту гулро парпар меканӣ ва зеби гул аз байни ангуштонат мерезад.
153.Сукут низ садои туро ҳифз мекунад, чунон ки лона мурғи хуфтаро.
154.Бузург беҳарос дастобадасти хурд меравад. Танҳо нима аст, ки худро канор мегирад.
155.Шаб пинҳон гулҳоро боз мекунад ва сипосҳо нисори рӯз мешавад.
156.Зӯр талвосаи дардноки қурбониёни худро нишони носипосӣ мешуморад.
157.Вақте мо аз лаззати баракот ширинком ҳастем, бо хушҳолӣ ҳозирем аз самароти он дур шавем.
158Тори тортан кашида шуда то шабнамро бигирад, вале дар он паша меафтад.
159.Миёни ғубори шом дар сукути ман шафақи кадом як гузаштае лона мекунад.
160.Қатраҳои борон заминро бӯсиданду наҷво карданд: «Мо аз осмонҳо ба сӯйи ту, модар, бармегардем, чун кӯдаконе, ки хонаи худро ёд кардаанд».
161.Эй Ишқ! Замоне ки ту шамъи шӯълавари дард дар даст қадам мезанӣ, чеҳраи туро мебинам ва бо саодати безавол туро арҷ мегузорам.
162.«Донишмандон мегӯянд, замоне фаро хоҳад расид, ки шумо хомӯш мешавед» – гуфт мӯри шабтоб ба ситорагон. Вале ситораҳо ба ӯ ҳеч посух надоданд.
163.Андешаҳо дар мағзи ман мисли мисли селаи парандаҳо бар осмон мегузаранд. Садои боли онҳоро мешунавам.
164.Тасаллои ҳавзча ин андеша аст, ки рӯдҳо барои пуроб кардани ӯ вуҷуд доранд.
165.Ранҷи рӯҳам – бӯсаҳои ҷаҳон аст, ки посухро дар сурудаҳои ман мехоҳад.
166.Чист, ки бар ман фишор меорад, магар ҷони ман аст, ки мехоҳад бар паҳнаҳо бурун ояд ва ё ҷони ҷаҳон аст, ки бо хоҳиши вуруд дари диламро мекӯбад.
167.Андеша аз суханҳои худ ғизо мегирад ва бузург мешавад.
168.Сукути ин соатро ман ба зарфи дили худ бардоштам ва дилам саршори ишқ шуд.
169.Мешавад, ки коре карданӣ ҳаст ва мешавад, ки нест, вале бад аст агар лозим ояд, ки бигӯем: «Биёед, ягон коре бикунем».
170.Офтобпараст аз ҳаё сурх шуд, чун донист, ки кадом як гули беном аз табори ӯст. Вале чун хуршед баромад бо табассум ба вай гуфт: «Салом, азизи ман».
171.Чист, ки чун сарнавишт маро ба пеш мекашад?
Ин худпарастист, ки маро метозонад чун савор аспро.
172.Абрҳо анбори рӯдҳоро пуроб мекунанд ва пушти кӯҳҳои дур пинҳон мешаванд.
173.Дар роҳ оби кӯзаи ман лапиду рехт: каме аз онро ба хона расондам.
174.Об дар ҷом рушан, вале дар қаъри баҳр тира аст. Ҳақиқати кӯчак дар суханҳои рушан баён мешавад: паёми андешаи бузург танҳо дар дар сукути азим аст.
175.Табассуми ту чун гулҳои саҳрои ту буд, сухани ту чун тапиши коҷҳои кӯҳистонӣ бар қуллаҳоят, вале қалбат қалби содаи занона буд, ки ҳамагӣ мешиносем.
176.Мо танҳо ашёи кӯчакеро барои азизи худ захира мекунем – чизҳои бузург (замин, офтоб, моҳ, осмон) барои ҳама ва ҳар кас эҳдо мешавад.
177.Эй зан, сели амиқи ашкҳои ту қалби ҷаҳонро ончунон фаро гирифт, ки амвоҷи дарё соҳилро бишӯяд.
178.Нури рӯз бо табассум ба ман салом медиҳад. Борон – бародари ғамгини ӯ, бо дилам ҳарф мезанад.
179.Рӯзона гули ман дар баргҳои фаромӯшӣ парпар шуд ва шомгоҳон ба самари тилоии ёд расид.
180.Ман шабеҳи роҳи шаб ҳастам, ки дар сукут ба шарфаи пойҳои ёд гӯш медиҳам.
181.Осмони шаб чун тирезаест, пушти он чароғе афрӯхта падидор, ва касе пои он нишаста дар интизор.
182.Ман шабеҳи абри тирамоҳӣ ҳастам, ки бо борон метаровад; бубинед, чи гуна аз оби ман киштзори биринҷи расида саршор аст.
183.Он ки зиёд ба анҷоми кори наку машғул аст, худ вақт наёбад, ки наку бошад.
184.Онон ба якдигар танаффур доштанду якдигарро куштанд ва мардум ба ситоишашон пардохтанд.
Аммо Худованд ба озарм аз кирдори онон мешитобад, то осорашонро зери сабза пинҳон кунад.
185.Панҷаҳои пой чун панҷаҳои дастанд, ки гузаштаи худро аз ёд бурдаанд.
186.Тирагӣ ба истиқболи нур мешитобад ва кӯрӣ ба истиқболи марг.
187.Кучуки нозпарвард бадгумон аст, ки ҳама ҷаҳон қасд дорад ҷояшро бигирад.
188.Дили ман, атрофи худ гарду чанг бармаянгез, оромишро нигоҳ дор.
Бигзор ҷаҳон худ ба сӯи ту роҳ биёбад.
189.Камон бо тир, қабл аз он ки раҳо шавад, наҷво мекунад: «Озодии ман дар дасти туст».
190.Эй зан, дар хандаи ту чашмаи зиндагӣ ово медиҳад.
191.Хираде, ки ҳама чиз дар он мантиқист, чун ханҷарест тамом теғ.
192.Маро аз гузаштаам раҳо кун, ки вопасам мекашад ва намегузорад осон ҷон бидиҳам.
193.Ҷаҳони мо ҷаҳони тӯфонҳои ваҳшист, ки оҳанги зебоӣ ононро оро медиҳад.
194.«Қалби ман чун қутии тилоист, ки дар он бӯсаи ту ниҳон аст». – Чунин мегӯяд ба офтоб абраке, ки аз анвори ғуруб фуруғманд шудааст.
195.Висол гоҳо ба қатл меанҷомад ва фироқ ба таҳаммул.
196.Садои боли занбӯрҳои шабтоб ва ғавғои борон аз хилоли зулмот ба ман мерасанд чун шарфаи хобҳоям аз ҷавонии дур.
197.«Ман шабнами худро гум кардам» – садо кард гул ба сӯи осмони субҳгоҳ, ки ҳама ситораҳои худро аз даст дода буд.
198.Парахае, ки оташ гирифтааст, бо чарс-чарс мегӯяд: «Ин шукуфоии муҷаллал марги ман аст».
199Занбӯри зард ба занбӯрҳои асали ҳамсояаш эрод мегирад, ки камтар асал кардаанд. Онҳо посух медиҳанд: ту, ҳеч не, камтар аз мо бикун.
200.Соҳил ба рӯд мегӯяд: «Ман наметавонам амвоҷи туро нигоҳ дорам, бигузор пайи палмосҳои ту дар қалби ман боқӣ бимонад».
201.Рӯз бо ҳангомае, ки аз ин замини кӯчак баланд мешавад, сукути ҳама ҷаҳонҳоро мепӯшонад.
202.Дар пардаҳои суруд номутаноҳии фазо, наққошиҳои замин, шеъри бархоста аз таносуби замину осмон эҳсос мешавад; зеро маънои каламоти он бар замин сайр ва бар осмон парвоз мекунад.
203.Вақте ки офтоб дар Ғарб фуру меравад, Шарқ – он ҷо ки субҳ аз он баланд шавад, дар баробари ӯ ба сукут қиём мекунад.
204.Агар ман ба ҷаҳони худ эълони ҷанг надиҳам, ӯ низ бар алайҳи ман барнамехезад.
205.Ситоиш маро хиҷил мекунад, чаро ки дар ниҳон ташнаи он ҳастам.
206.Эй дӯшиза, содагии ту мисли нилии ҳавз аст, жарфои ҳақиқати нуҳуфта дар туро ошкор мекунад.
207.Бигзор фароғати ман дар умқи оромиши худ ҳамчунон халалнопазир бошад, чунон ки шом дар соҳили дарё, онгоҳ ки сатҳи дарё сокит аст.
208.Беҳтарин танҳо намеояд. Он ҳамеша ҳамроҳи ҳама чиз меояд.
209.Дар дурнамо қалби ронда кӯчак намешавад. 
210.Шоми ман миёни дарахтони бегона фаро расид ва бо забоне ҳарф зад, ки ситорагони субҳам намедонанд.
211.Сиёҳии шаб мисли ҳамёнест, он қадр анбошта, ки тилои шафақ аз он мерезад.
212.Аташи мо бо алвони рангинкамон лаҳзаҳои тиҳӣ ва ғубори зиндагиро рангин мекунад.
213.Худованд интизор дорад, ки гулҳои нисоршуда ба ӯ баргардонда мешаванд, чун дастовези инсон.
214.Андешаҳои мубҳам азиятам мекунанд, бо ин суоли мукаррар, ки номашон чист.
215.Мева пурарзиш аст, гул ширин аст, бигзор барге бошам нуҳуфта зери сояи садоқати хоксорона.
216.Дилам бодбонҳои худро боз кард, то ба бениҳояти парвози бод биравад, маҷзуби ҷазоири соядори «Ягон ҷое».
217.Одамон бераҳманд, вале инсон некхоҳ.
218.Бигзор ҷоми ту бошам, саршори ончи барои ту ва барои ончи аз они туст.
219.Дӯстам, азамати қалби ту аз офтоби толеъи Шарқ фурӯғманд аст, ҳамон гуна, ки аз тоби шафақ қуллаи барафрохтаи кӯҳе танҳову сарсафед нуронист.
220.Туфон гуӣ нолаи худоест, ки замин муҳаббати худро аз ӯ дареғ доштааст.
221.Ҷаҳон тарашшӯҳ (таровиш) надорад, зеро марг дар он рахна эҷод намекунад.
222.Зиндагӣ ғанитар шуд аз ишқе, ки фарҷоме надорад.
223.Чашмаи марг мурдоби зиндагиро хурӯшон мекунад.
224.Саялони ҳаёт оромиши худро дар оҳанги худ пайдо мекунад.
225.Бо пой кӯфтан танҳо гарди заминро боло мекунӣ, аммо ҳосили онро гирд намеорӣ.
226.Номҳои мо мисли рушноиест, ки бар забонаҳои амвоҷи шабонаи дарё медурахшад, сипас бенишон маҳв мегардад.
227.Бигзор хорҳоро танҳо касе бубинад, ки метавонад гулҳоро низ бубинад.
228.Болҳои мурғро зарандуд кунед ва дигар бар осмон баланд парида наметавонад.
229.Ин ҳамон нилуфарест, ки дар ҷоҳои мо. Дар обҳои кишвари бегона низ ҳамон гуна ширин аст, гарчи ин ҷо номе дигар дорад.
230.Нури моҳ ҳама осмонро фаро мегирад, аммо доғ танҳо бар рӯи ӯ боқӣ мемонад.
231.Магӯ «Инак, субҳ», ҳамон гуна ки дирӯз гуфта будӣ. Бигзор, он барои ту тоза бошад, мисли тифле навзод, ки ҳанӯз ном надорад.
232.Қатраи борон бар ёсуман наҷво кард: «Маро дар қалби худ барои ҷовидон нигоҳ дор».
Ёсуман оҳ кашиду гуфт: «Дареғо» ва пажмурд.
233.Дуд пеши осмон ва ахгар (лахча) пеши замин лоф мезананд, ки аз табори оташанд.
234.Андешаҳои ҳаросон, маро матарсонед: ман шоирам.
235.Сукути тираи ақли ман пур аз ғавғои занбӯри шабтоб аст – ин сӯсӯи хокистарии садост.
236.Мӯшакҳо! Сазои даъвои ҷасуронаи шумо бо ситораҳост, ки сарозер ба замин меафтед.
237Ту аз миёни тараддудҳои беназми рӯзона раҳнамоям будӣ ба сӯи хилвати шаб. Ман ба сукути шаб гӯш фаро дода, мунтазирам, ки моҳияташро дарёбам.
238.Бигзор, пас аз даргузаштам низ андешаҳоям ба суроғи ту биёянд, чун рушноии шафақ дар ҳошияи сукути ситоразорон.
239.Дарёи ҳақиқат аз миёни шохоби гумроҳиҳо ҷорист.
240.Қалбам бо ҳасрат ба сӯи хоҳе як лаҳза лаззати ошно аз миёни уқёнуси вақт мешитобад.
241.Суруди парандагон пажвоки рушноии субҳ аст, ки бар замин партоб шуда.
242.«Мабодо, аз ғурур бошад, ки ту намехоҳӣ маро бибусӣ?» – мегӯяд ба гули зард нури субҳ.
243.«Ман чи гуна туро ситоиш ва тамҷид кунам, эй офтоб» – пурсид гули рез. «Бо сукути содаи сафои худ» – посух дод офтоб.
244.Инсон бадтар аз дад аст, вақте ки ӯ дад аст.
245.Абрҳои тира табдил ба гулҳои осмон мешаванд, ҳангоме ки нур онҳоро мебӯсад.
246.Перомуни ҷазираи аз нури офтоб саршори зиндагӣ шабу рӯз суруди бекарони уқёнуси марг хезиш ва суқут мекунад.
247.Бигузор ханҷар бар даста истеҳзо накунад, ки ӯ кунд аст.
248.Сукути шаб чун чароғи нуҳуфта бо нури каҳкашони худ рушан аст.
249.Магар ин манзари кӯҳистон шабеҳи гуле нест, ки баргҳояш – теппаҳои он, бо аташ нури офтобро менӯшанд.
250.Ҳикмати воқеиятро нодуруст ва ё бо лаҳни носаҳеҳ хондан кофист, то он ғайривоқеӣ шавад.
251.Дили ман, бо ҳаракоти ҷаҳон ба зебандагии тамом бисоз, чун заврақе, ки бо меҳрубонии бод ва об шиновар аст. 
252.Ифтихори чашм на аз басират, бал аз он айнакест, ки рӯяш кашидаанд.
253.Ман дар ин дунёи танги худ мезиям ва ҳаросон ҳастам, ки камтарин чизеро аз даст бидиҳам. Маро ба ҷаҳони худ боло бибар ва бароям озодиеро ҳадя бикун, ки аз ҳама чизи худ шодмона даст бардорам.
254.Дурӯғ, ҳар қадр ба неру камол ёбад, ба камоли ҳақиқат намерасад.
255.Дили ман бо забони сурудаҳои худ ин ҷаҳони сабзро, ки офтоб бар он тобон аст, навозиш мекунад.
256.Эй раҳдавак , ситораҳоро дӯст бидор – ва онгоҳ орзуҳои ту гул мекунанд.
257.Бигузор навои ҷони ту чун дами шамшер ғавғои бозорро то қалб чок кунад.
258.Марг ҳам чун таваллуд ҷузъи зиндагист. Охир ҳангоми роҳ рафтан пой бояд гоҳ бардошта ва гоҳ фуруд оварда шавад.
259.Баргҳои ларзони дарахтон дили маро ламс мекунанд, чун ангушти кӯдаке хурд.
260.Гули кӯчак зери гарду чанг монда: ӯ аз пушти шопарак медавид, то бигирадаш.
261.Ман дар ҷаҳони роҳҳоям. Шаб фаро мерасад. Дарвозаи худро ба рӯям бикушо, маро ба хилвати хонаи худ роҳ бидеҳ.
262.Ман суруди рӯзи туро хондам.
Дар шаб бигузор чароғи туро аз хилоли туфонҳо бибарам.
263.Туро ба хонаи худ намехонам, вале вуруди туро ба танҳоии бекарони худ мехоҳам, эй маъшуқаи ман.
264.Ҳикмати наҷвои туро дар гулҳо ва нури офтоб дарёфтам – ту сухани худ дар гоҳи ранҷ ва маргро бар ман биёмӯз.
265.Гули шаб ҳангоме ки ӯро шафақи субҳ бӯсид, пажмурд, ларзид ва бо оҳ ба замин уфтод.
266.Аз хилоли андӯҳи ҳама чиз ман суруди модари ҷовидонро мешунавам.
267.Замини ман, мусофир ба ту расидам, меҳмони хонаат пазируфта шудам ва инак онро тарк мекунам.
268.Зиндагӣ шинои боҳам аст дар заврақи фарсуда. Бо марг ба соҳил мерасем ва ҳар касе ҷаҳони худро пайдо мекунад.
269.Ман туро дар баробари худ дидам, чун кӯдаке нимахоб, ки модарро дар ҳарири субҳ мебинад, табассум мекунад ва боз ба хоб меравад.
270.Дар қалби ман ситораи шоми оромишро бияфрӯз ва онгоҳ бигзор шаб бар ман аз ишқ наҷво кунад.
271.Ман кӯдаке ҳастам, ки дар торикӣ гум шудаам ва инак аз хилоли тирагии шаб даст дароз мекунам ба сӯи ту, эй Модар.
272.Рӯзи пурзаҳмат ба поён расид. Модар, иҷоза бидеҳ, рӯямро дар оғӯши ту пинҳон кунам ва ором пинак биравам.
273.Чароғи дидор дергоҳ месӯзад; пас аз видоъ ба зудӣ хомӯш мегардад.
274.Эй Ҷаҳон, онгоҳ ки ман мемирам, танҳо ду калимаро барои ман дар сукути худ ҳифз намо: «Дӯст доштам».
275.Мо дар ин ҷаҳон зиндагӣ мекунем, онгоҳ ки онро дӯст дорем.
276.Бигзор мурдаҳо шӯҳрати ҷовидон дошта бошанд ва зиндаҳо ишқи ҷовидон.

277.Тоза ба тоза мемирам, то поённопазирии зиндагиро маърифат бикунам.
278.Миёни издиҳом роҳ мерафтам, дидам, ки чи сон ту аз балкон ба сӯям табассум кардӣ ва ман сурудан оғоз намудам ва дар суруд ҳама ғавғои атрофро аз ёд бурдам.
279.Ишқ – зиндагии саршор аст, чун ҷоми лабрези май.
280.Маро ба қалби сукути худ ҳидоят кун, то дилам лабрези суруд шавад.
281.Бигзор, дигарон ҷаҳони рахшон аз фаввораҳои оташбозиро хуш кунанд, дили ман ба ёди ситораҳои ту метапад, Худованди ман.
282.Ранҷи ишқ перомуни зиндагии ман чун дарёи бекарон садо медод, вале шодии он мисли ҷивҷиви мурғон буд дар буттазорҳои шукуфта.
283.Ҳар гоҳ ки хостӣ, чароғро хомӯш бикун. Торикии туро низ мепазирам ва дӯст медорам.
284.Вақте дар поёни рӯз назди ту ҳозир мешавам, пайи захмҳои маро мебинӣ ва дармеёбӣ, ки ман захмҳо дидаам ва даво низ.
285.Абрҳои солҳои гузашта рӯи зиндагиям меоянд, вале онҳо дигар на борон доранд на барқ; онҳо танҳо осмони шоми маро рангин мекунанд.
286.Ҳақиқат гирдбодро сӯи худ бармеангезад ва гирдбод базрҳои онро то дурҳо мепароканад.
287.Туфоне, ки шаб шурӯъ шуд, тоҷи тилои сукутро бар сари субҳ ниҳод.
288.Пиндорӣ, ки сухани охирин ҳақиқатро ҳамроҳ меорад. Аммо сухани охирин зояндаи сухани нав аст.

289.Шариф аст, он ки шӯҳраташ асолаташро тира накунад.
290.Лаззати номи ту қалби маро саршор мекунад ва ман худро фаромӯш мекунам – мисли анвори офтоби субҳгоҳи ту, ки меҳро пароканда кунад.
291.Рӯзест ношод; нури офтоб аз миёни осмони қавоқӣ мисли кӯдакест ҷазодида бо осори ашкҳои нахушкида бар рухсораҳои рангпарида ва нолаи бод чун фарёди ҷаҳони захмист. Вале медонам, ки сафарам маро ба дидори Дӯст мерасонад. 
292.Имшаб баргҳои нахл изтиробе доштанд, мавҷ бар дарё медамид – ин мисли заработи қалби кайҳон буд, эй Моҳ. Дар зери кадом осмонҳои ношинохта ту бо сукут асрори андӯҳбори ишқро фаро гирифтӣ?
293.Ҷамоли шаби сокит аз ҳусни модар ва рӯзи пурғавғо аз зебоии кӯдак аст.
294.Ҷаҳон инсонро барои табассумаш дӯст дошт, аммо чун хандааш баланд шуд, аз ӯ рӯй гардонд.
295.Бигзор ин ҷаҳонро ман чун муҳаббати муҷассами ту бипазирам ва онгоҳ ишқи ман нисораш мешавад.
296.Нури офтоб бар рӯзҳои зимистонии дили ман табассум мекунад ва умеди гулҳои баҳори онро аз даст намедиҳад
297.Худованд бӯсаи муҳаббати худро нисори поёнпазир ва инсон нисори поённопазир мекунад.
298.Ту биёбони солҳои бесамарро пушти сар мегузорӣ, то замони анҷомро дарёбӣ.
299.Дар сукути Худованд андешаҳои инсон ба камоли калом мерасанд.
300.Аё Мусофири Ҷовидон, ту пайи худро ҳама ҷо дар сурудаҳои ман пайдо мекунӣ.
301.Орзу мекунам, ки чи тавр битавонам бар ситорае – ҷазираи нур, зода шавам, ки дар аъмоқи саргармиҳои зиндагибахш меваҳои зиндагии ман низ бипазанд, онгуна ки шолизорон зери анвори офтоби тирамоҳ.
302.Накҳати замини боронхӯрда, боло меравад, чун суруди азими сокит, баршуда аз анбӯҳи таслими кӯчакиҳо. 
303.Наметавонем ҳақиқат бишмарем чизеро, ки муҳаббат дар он раҳгум мезанад.
304.Ҳама чиз дар ин меҳи анбӯҳ сеҳромез ба назар мерасад; тоҷи дарахтоне, ки дар меҳ чун доғҳои ранг ғарқ мешаванд. Мунтазири субҳ мемонам ва аз хоб мехезам, то шаҳри аз анвори саҳар равшани туро тамошо кунам.
305.Замоне хоҳем дарёфт, ки марг наметавонад аз ҷони мо дороиро бирубояд, зеро ҷону дороии он якест.
306.Худованд дар лаҳзаи тирагии шомгоҳон наздам меояд, бо гулҳое дар даст аз гузаштаи ман, ки таровати худро дар ҳузури ӯ ҳифз кардаанд.
307.Он гоҳ ки ҳама торҳои дили ман соз мешаванд, ё Рабб, ҳар захмаи ту оҳанги муҳаббатро баланд мекунад.
308.Худоё, маро бо ҳақиқате зинда бидор, ки маргам низ ҳақиқат шавад.
309.Таърихи башар интизори сабуронаи пирӯзии инсони таҳқиршуда аст.
310.Ман мунтазирам: инак, нигоҳи ту дар қалби ман ниҳон аст, мисли сукути офтобии субҳ, ки киштзори даравидаро рушан кардааст.
311.Ман дар ин дарёи туфандаи фарёдҳо, дар ҳасрати ҷазираи сурудҳо ҳастам.
312.Сарахбори навои шаб бо оҳанги ғуруби офтоб шурӯъ мегардад ва суруди мутантани он тирагии бемисл аст.
313.Бигзор, охирин сухани ман ин бошад, ки ба муҳаббати Ту имон дорам.

Тарҷумаи Рустами ВАҲҲОБ

ДУХТАРИ ХАЙЁМ 

Светлана Суслова - шоираи русизабони Қириғизистон ба адабиёти пурмояи форсии тоҷикӣ ишқу алоқаи хос дорад ва ахиран дар заминаи интихоби Гулрухсор – Шоири Халқии Тоҷикистон аз рубоиёти Умари Хайём китоби тарҷумаи русии рубоиёти Хайёмро ба сурати муқобала бо тарҷумаҳои пешини ин рубоиёт анҷом додаст. Ин тарҷумаҳо, ки ба асоси тарҷумаҳои таҳтуллафзи адабиётшиноси тоҷик Азимҷон Аминов сурат гирифтааст, аз назари мутобиқат бо асли рубоиёти Хайём нисбат ба тарҷумаҳои қаблӣ имтиёзи рушан дорад. Ҳамчунин як мақолаи илмиву таҳқиқотии муфассал, ки ба унвони пешгуфтори ин китоб аз сӯи ин шоираи муҳаққиқ ва пажуҳанда нигориш ёфтааст, баракси муаррифиҳои қаблӣ Хайёмро ба хонандагони русизабон ҳамчун ҳаким, ва донишманди мусулмон мешиносонад. Ин шефтаи адабиёти форсии тоҷикӣ, ки худро ба зарофат «Духтари Хайём» номидааст, таҳти таъсири рубоиёти ин шоири ҳаким, дафтари рубоиёти худро эҷод намуда ва пайванди маънавии худро бо Хайём дар рубоии зайл бисёр шоирона ва зебо баён фармудааст:

Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.

Ва инак чанд рубоии ин шоираи шефтаи Хайём, ки ба тоҷикӣ баргардон шудааст, пешкаши хонандагони мӯҳтарам мешавад.


СВЕТЛАНА СУСЛОВА

МАРВОРИДҲОИ ПАРЕШИДА
(Илҳом аз Хайём)


Бар паллаи солиёни бисёр худо
Пошида гуҳарҳои дурахшони ҳудо.
Он як чинад, зи гавҳар анбор кунад,
В-он лағзаду дарфитад ба зиндони фано.

***

Баҳрест зи мардумӣ пур аз шодиву дард,
Амвоҷ ба соҳилаш бувад гарми набард.
Ду қатра дар ин баҳр:-равони ману ту,
З-ин ҷумла чи сон ҷудояшон битвон кард?!

***
Хоке, ки нишемани нишоту ғами мост,
Гаҳ бистари шодмонӣ, гаҳ мотами мост,
Гаҳ ишқ, гаҳе ҷунун дар он ҳамдами мост,
Он хонаи аҷдодии мо, олами мост.

***
Хайём, ки таслими қазо мефармуд,
Яъне-«тани мо хишти касон хоҳад буд»,
Рӯҳаш ба вуҷуди наслҳо сарсон аст,
Дар ҷони ман омад, аз лабонам бисуруд.

***
Ин оламу захмҳои хунафшонаш,
Сад бор хабар расид аз поёнаш.
Ин роз вале худой медонаду бас:-
Фардо ба чӣ ҷилвае бувад ҷавлонаш?!

***
Чархест, ки аз азал ба даври қамар аст,
Мардум пайи сарват аз аҷал бехабар аст.
В-он кас, ки ба ҷовидон ҳамеандешад,
Дар олами ин беҳунарон раҳгузар аст.

***
То сарват ҳаст фақр ҳам хоҳад буд,
Чун сояву нуру шабу рӯзу... лобуд,
Дурангии ин ҷаҳон ниқобест тамом,
Дар асл нигар - ба ишқу зебоии худ.

***
Маҳмези ҳавас фикандамон дар таку тоз,
Менашнавем аз ҳазордастон овоз.
Дар пои гул афтем, магар, то бинем
Ин ҷилваи навбаҳор, ин маҳшари ноз.

***
Шояд ки шабеҳаи хиёлем ҳама,
Гар сангу ситора в-ар суфолем ҳама,
Ё барқу шамимему шукуфта гули сурх-
Руъёи пас аз ҳазор солем ҳама.

***
Яздон бари ту маро фиристод бад-он,
То Ховару Бохтар шавад яктану ҷон.
Ишқи қонун- қонуни ишқ аст яқин
Сарчашмаи поки ҷумла адёни ҷаҳон.

***
Ҳарчанд гуноҳкор будам зи сиришт,
В-ин гуна ҳаким васфи моро бинавишт.
Шайх арчи ҷаҳонро ҳама бад гӯяду зишт,
Вопас бари ман омадаӣ ту зи биҳишт. 

***
Танг аст тафаккур, ар сухан тӯлонист,
Дунёи ману ту паҳнаи кайҳонист.
Андеша чу пар кашад ба сӯи афлок,
Зоди раҳ-ш ҷуз ду ҳарф дар анбон нест.

***
Дар соя нишаста он ду дарвеш ба роз,
Гӯянд зи ранҷи раҳу хуршеду гудоз,
Асрори илоҳиву муноҷоту ниёз,
Дарвеши савум манам - дарахте ба фароз.



Тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб

Соли 2005



8 комментариев:

  1. САДОИ ШАРҚ.№8.2014.
    Л.Н.ТОЛСТОЙ
    ДАР БОРАИ ҲУНАР
    Хуб ё бад будани асари бадеӣ бастагӣ ба он дорад, ки муаллиф чӣ мегӯяд, чӣ тавр мегӯяд ва то чӣ ҳад самимона мегӯяд.
    То он ки асари ҳунарӣ комил бошад, боястӣ он чи муаллиф мегӯяд комилан нав ва барои ҳамагон муҳим бошад, бояд ба зебоии тамом адо шуда бошад ва муаллиф ба хости ботин сухан гуфта бошад ва ба ин хотир комилан содиқона.
    То он чи суханвар мегӯяд комилан тоза ва муҳим бошад, бояд ки муаллиф инсоне бо маърифати ахлоқӣ буда ва ба ин хотир танҳо гирифтори як зиндагии худхоҳона набошад ва дар зиндагии умумии башарият ширкат дошта бошад.
    То он чи ҳунарманд мегӯяд ба камоли хубӣ баён шавад, бояд ҳунарманд бар ҳунари хеш чандон тасаллут дошта бошад, ки дар ҷараёни кор ҳарчи камтар аз қоидаҳои ин ҳунар бияндешад, он гуна ки инсон дар ҳангоми роҳ рафтан камтар аз қоидаҳои ҳаракат меандешад.
    Барои даст ёфтан ба ин (поя) бояд ҳунарманд ҳеч гоҳ вопас ба кори худ нангарад, бо лаззат онро тамошо накунад, набояд ҳунармандиро ҳадаф қарор бидиҳад, он гуна ки инсоне ки дар роҳ меравад, набояд аз шеваи хироми худ бияндешад ва онро тамошо кунад.
    Ва барои он ки суханвар хости дарунии рӯҳро баён созад ва ба ин хотир он чиро мегӯяд аз дилу ҷон бигӯяд, ӯ бояд қабл аз ҳама аз ҳарзаҳое бипарҳезад, ки монеъи дӯст доштане ҳақиқӣ ҳастанд, ки хосияти дӯст доштан ҳамин аст ва сониян худ бо қалби худ дӯст бидорад, на бо қалби бегонае, вонамуд накунад, ки дӯст медорад он чиро ки дигарон шоистаи дӯст доштан медонанд. Ва барои он ки ба ин муваффақ шавад, суханвар бояд кореро бикунад, ки Балъом1 кард, вақте ки фиристодагон назди ӯ омаданд ӯ хилват гузид ва мунтазири (амри) Худованд шуд, то танҳо онро бигӯяд, ки Худованд мефармояд: ва на он корерро бикунад, ки худи ҳамин Балъом карда буд, он гоҳ ки фирефтаи ҳадяҳо назди шоҳ рафт, баракси хостаи Худо, ки ин (хилоф) ҳатто бар модахаре, ки савор бар ӯ мерафт, ошкор буд ва онгоҳ тамаъ ва шуҳратхоҳӣ ӯро кӯр карда буд.
    Баста бар он ки то чи ҳад асари ҳунарӣ дар ҳар яке аз ин се ҷинс ба камол мерасад, тафовути шоистагии (имтиёзи) ҳар асаре бар дигарӣ нашъат мегирад. Метавонанд чунин осоре бошанд: 1) муҳим, зебо, камтар самимона ва воқеъӣ; метавонанд бошанд: 2) муҳим, камтар зебо ва камтар самимонаву воқеъӣ; метавонанд бошанд: 3) камтар муҳим, зебо, самимона ва воқеъӣ ва … ба ҳамин дастур бо тартибу таносуби гуногун.
    Ҳамаи ин навъи осор фазилати худро дороянд, вале наметавонанд осори комили ҳунарӣ шинохта шаванд. Асари комили ҳунарӣ танҳо он тавонад буд, ки мундариҷа (муҳтаво) муҳим ва нав бошад, ба камоли зебоӣ баён шуда бошад, муносибати суханвар ба шайъ (мавзӯъ) комилан самимона ва ба ҳамин хотир комилан воқеъӣ бошад. Ин навъ осор ҳамеша нодир буду ҳаст. Боқӣ ҳама (навъ) осор, ки дар зоти худ нокомиланд, тибқи шароити аслии ҳунар ба се ҷинси аслӣ ҷудо мешаванд: 1) асарҳои аз назари аҳаммияти мундариҷаи худ барҷаста, 2) асарҳои барҷаста аз лиҳози зебоии шакл ва 3) асарҳои аз назари самимият ва воқеъият барҷаста, вале дар он ду нисбати дигар (-и баршумурда) ба камол нарасида.
    Ҳамаи ин се ҷинс наздикӣ ба ҳунари асилро ташкил медиҳанд ва он ҷо ки ҳунар вуҷуд дорад, (вуҷудашон) ногузир аст. Дар ҳунарварони ҷавон ағлаб самимият бар фақри муҳтаво ва шакли камобеш зебо бартарӣ дорад, дар солмандон баракс; дар ҳунарварони заҳматдӯсти касбӣ шакл бартарӣ дорад ва аксаран муҳтаво ва самимият намерасад.

    ОтветитьУдалить
  2. Вобаста ба ин се ҷанбаи ҳунар ҳаст, ки низ се назарияи асосии дурӯғини ҳунар зуҳур намуда, ки бар тибқи онҳо осоре, ки он се шарт (-и баршумурда)-ро дар худ ҷамъ накарда ва бино бар он бурун аз марзи ҳунар боқӣ мондаанд, на танҳо осори бадеъ балки намунаи ҳунар ба шумор оварда мешаванд. Яке аз ин назарияҳо таъйид менамояд, ки шоистагии асари ҳунар ғолибан бастагӣ ба мундариҷа дорад, ва агарчи асар тиҳӣ аз зебоии шакл ва самимият бошад. Ин назарияи ба истилоҳ тамоюлӣ, гароишӣ (тенденсиозная) аст.
    Дигарӣ шинохташ он аст, ки шоистагии осор вобаста ба зебоии шакл аст, агарчи мундариҷаи асар ночиз ва муносибати ҳунарвар нисбат ба он орӣ аз самимият бошад; ин назарияи ҳунар барои ҳунар аст. Саввумӣ бар он аст, ки асли кор дар самимият аст, дар воқеият аст ва ҳар қадр ҳам ки мундариҷа ночиз ва шакл нокомил бошад, танҳо ин ки ҳунарвар он чиро баён мекунад дӯст бидорад, асар бадеъ хоҳад буд. Ин назария назарияи реализм номида мешавад.

    ОтветитьУдалить
  3. Ва инак, бар мабнои ин се назарияи дурӯғин он гуна ки дар қадим буд, на ин ки дар ҳар бахше як, дуто дар фосилаи умри як насл, балки ҳар сол, дар ҳар пойтахт (он ҷо ки одамони базмӣ зиёданд) дар ҳамаи бахшҳо садҳо ҳазор осори ба истилоҳ ҳунарӣ пайдо мешавад.
    Дар замони мо инсони хоҳишманди шуғл ба ҳунар мунтазири он намемонад, ки дар қалби ӯ он чизи муҳим, мундариҷаи нав буруз кунад, ки ӯ воқеан дӯсташ дошта ва ин дӯст доштан боиси шакли муносиб гирифтани он гардида ва ё бар тибқи назарияи аввал, ки ба пиндори ӯ ситудаи оқилон аст, мундариҷаеро даст мегирад, ки дархӯри рӯз аст ва ҳар навъе, ки битавонад онро ба шаклҳои адабӣ медарорад, ва ё бар тибқи назарияи дувум он чизеро интихоб мекунад, ки ӯ беш аз ҳама дар он ҳунари фаннӣ метавонад нишон бидиҳад ва бо кӯшишу сабр чизеро тавлид мекунад, ки ба назараш асари ҳунар аст. Ва ё бар тибқи назарияи савум бо касби таассуроти хуш он чиро мавзӯъи асар қарор медиҳад, ки аз он хушаш омада ва мепиндорад, ки ин асари ҳунарӣ хоҳад буд, чун хушаш омадааст. Ва бад-ин тариқ теъдоди бешумори ба истилоҳ осори бадеӣ арзи вуҷуд менамояд, ки метавонанд мисли ҳар кори косибона бидуни камтарин таваққуф ва тааммул иҷро шаванд: афкори гардони мудшуда ҳамеша дар ҷомеъа вуҷуд дорад, ҳамеша бо сабурӣ метавон ҳар ҳунареро ёд гирифт ва ҳамеша ба касе кадом як чизе писанд меояд.
    Аз ин ҷо (мулоҳизот) вазъи ғариби замони мо буруз мекунад, ки дар он ҷаҳони мо сартосар анбошта аз осоре муддаъии осори ҳунарӣ будан гардидааст, ки тафовуташон аз осори косибона танҳо дар ин аст, ки онҳо на танҳо ба ҳеч коре намеоянд, балки аслан зарарнок ҳастанд.
    Аз ин ҷо падидаи ғайриодие рух менамояд, ки шоҳиди содиқи сардаргумии мафҳумҳо дар хусуси ҳунар аст: манзур асаре ба истилоҳ бадеӣ вуҷуд надорад, ки дар бораи он ҳамзамон ду назари комилан мухолифи якдигар вуҷуд надошта бошад, ки аз сӯйи инсонҳои ба таври мусовӣ босавод ва боэътибор баён гардидааст.
    Аз ин ҷо, ҳамчунин, он падидаи шигифтангез нашъат мегирад, ки бештари мардум дар ҳоле ки саргарм ба шуғле аҳмақона, бесуд ва ағлаб бадахлоқона ҳастанд, яъне дар ҳоле ки китоб менависанду мехонанд, наққошӣ мекунанду мебинанд, намоишномаҳо ва консертҳои театрӣ ва мусиқӣ месозанду гӯш мекунанд, самимона бовар доранд, ки онҳо як кори бисёр хирадмандона, судманд ва наҷиб анҷом медиҳанд.

    ОтветитьУдалить
  4. Мардуми замони мо гӯё пеши худ гуфтаанд: осори ҳунарӣ хубу судманд аст, пайдост, коре бояд кард, ки онҳо бештар бошанд. Воқеан, бисёр хуб мебуд агар онҳо бештар бошанд, вале ҷойи дареғ он аст, ки бо супориш танҳо осореро мешавад халқ кард, ки дар натиҷаи набуди он се шарти ҳунар дар онҳо, дар пайи гусастани ин се шарт (унсур) аз якдигар, ба ҳадди косибӣ поин бурда шудаанд.
    Аммо асари ҳақиқии ҳунариро, ки ҳовии ҳар се шароит бошад, ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо супориш эҷод кард, зеро ки вазъи ботинии ҳунарвар, ки асари ҳунарӣ аз он метаровад, олитарин зуҳури дониш, илҳоми гушоиши асрори зиндагист. Агар чунин вазъе дониши барин бошад, пас дониши дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҳунарварро барои фаро гирифтани ин дониш ҳидоят намояд.
    _____________________
    1 Балъоми Боъур (Валаам) аҳли шаҳри Балқо марде буд худопараст ва мустаҷобуддаъва, ки номи бузурги худоро (Исми Аъзам) медонист ва ҳар чӣ аз ў мехост, иҷобат мешуд. Баъд аз Мӯсо Юшаъ ба ҷанги подшоҳи ҷаббори шаҳри Балқо шитофт. Шаш моҳ сипоҳ бар дари ин шаҳр буд ва ҳарб мекарданд. Мардумон аз Балъом хостанд, ки бо дуъо сипоҳи Юшаъро дафъ кунад ва ў намепазируфт ва қавми хешро ба Худои таъоло ва итоъат аз Мўсо даъват мекард. Чун кор сахт шуд, он малик гуфт, ки агар дуъо накунӣ, туро бар дор кунам. Балъом битарсид ва ба ҷониби сипоҳи бани Исроил ба роҳ уфтод. Дар роҳ хари ў ба сухан омад ва ўро аз ин кор боздошт. Балъом аз дуъо имтиноъ кард. Иблис ўро бифирефт. Балъом дуъо кард ва сипоҳи Юшаъ ҳазимат шуданд. Юшаъ низ дуъо кард ва хост, ки Исми Аъзам аз ў бозпас гирифта шавад. Худои таъоло номи бузурги хеш ва ҳидояту тақво аз ў бозситонд. Балъом ҳар чи дуъо кард, суд надошт ва донист, ки Худой номи хеш аз ў бозгирифт… («Фарҳанги асотир»).
    2Ҷинс (род) дар ин ҷо на ба маънои истилоҳии маъруфи он, балки ба маънои навъ, намуд, гуна ба кор рафтааст.
    Аз русӣ тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб

    ОтветитьУдалить
  5. СУХАНОНИ ҲАКИМОНА

    Ҳеҷ лаззате бартар аз қурбонӣ ба хотири саодати дӯстдоштагонамон нест.
    П. Буаст

    Иқрор ба айбҳое, ки бар мо мегиранд, тавозӯъ аст, ошкор кардани ин айбҳо ба дӯстон хушбоварист, ба ҳама намоиш додани онҳо ифтихор аст.
    Конфутсий

    Нафратро пинҳон кардан осон аст, ишқро-душвортар ва аз ҳама душвортар бетафовутиро.
    А. Бёрне

    Бадбахтӣ ба сӯи тарсу меояд, инсонҳои ҳаросонро таъқиб мекунад ва аз касоне, ки далерона ба истиқболаш мераванд, мегурезад.
    Т. Жеюсе

    Он ки ба садои дили худ гӯш медиҳад, на ба ғавғои бозор ва касе чандон мардонагӣ дорад, ки ҳарфи дили худро интишор бидиҳад, ҳамеша бадеъ (оригинал) аст.
    Л. Бёрне

    Чи чизе метавонад олитар аз иқдоме бошад, ки саховатро дар хасис, шафқатро дар кинаварз ва созишро дар мағрур ошкор кунад.
    П.Буаст

    Бештар мебояд нафратро пинҳон кард, то хашмро: Озорҳо метавонад фаромӯш шавад, аммо нафрат ҳаргиз бахшида намешавад.
    Ф. Честер-филд

    Ҳеҷ инсоне нест, ки озодиро дӯст надорад, аммо инсони одил онро барои ҳама мехоҳад ва инсони беадолат танҳо барои худ.
    Л.Бёрне

    Ба баҳсҳо гӯш бидеҳ, вале ҳамроҳ нашав. Худованд туро аз оташинӣ ва тундгӯӣ, ҳатто дар ҷузъитарин, баён нигоҳ дорад.
    Хашм ҳама ҷо бемавқеъ аст ва хусусан дар кори ҳақ, зеро онро тира мекунад.
    И. Гогол

    Вақте эҳсос мекунӣ, ки рақиби ту оташин мешавад, баҳсро бо ҳазле хатм бикун.
    Ф. Честерфилд

    Саодати худро пинҳон бидор, то аз ҳасуд эмин бошӣ, аммо на ба ҳадде ки мавриди раҳму дареғ қарор бигирӣ.
    Питтак

    Мардум ба маҳкум кардани айби дигарон мекӯшанд, то изтироби қалби худро аз айбҳояшон таскин бахшанд.
    Ш.Пермон

    Инсонҳои маккор ба таълим нафрат доранд, мардуми одӣ ба он таъзим мекунанд, хирадмандон аз он истифода менамоянд.
    Т. Маколей

    Ҳатто камтарин ва беозортарин ҳазлро раво набинед, магар ин ки бо инсонҳои боилтифот ва хирадманд.
    Ш. Лабрюйер

    Аз нахустин рӯзе, ки инсон «ман» гуфт, ҳамеша ва ҳама, ҷо «худ»-и дӯстдоштаро пеш мекашад ва худхоҳии ӯ беистод ба пеш мешитобад.
    И. Кант

    Дархости сипос дар баробари ҳар некии худ тиҷорат аст.
    П.Депурсел

    Ту аз он хашминӣ, ки дар дунё афроди носипосе ҳастанд. Аз виҷдони худ бипурс, магар ҳама касоне ки ба ту некӣ карданд, аз ту сипос диданд?
    Сенека

    Рӯҳи наҷиб барои озорҳо, беадолатиҳо, андуҳ, ришхандҳо дастнорас аст. Он боз бештар халалнопазир мебуд, агар метавонист аз ранҷи ҳамдардӣ осуда бошад.
    Ш. Лабрюер

    Танҳо бо хайру эҳсон метавон водошт ки (айби) сарватмандиро бар ту бубахшоянд.
    М.Прево

    Бар асари мақому сарват худро бузург пиндоштан бад-он монад, ки пиндорӣ пояи ҳайкал қаҳрамон месозад.
    М. Пешин-ская

    Бузургвориро метавон гоҳи саодат зоҳир кард, аммо наҷобатро танҳо гоҳи бадбахтӣ.

    Аз русӣ тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб

    ОтветитьУдалить
  6. САДОИ ШАРҚ.№8.2014.

    Л.Н.ТОЛСТОЙ

    ДАР БОРАИ ҲУНАР

    Хуб ё бад будани асари бадеӣ бастагӣ ба он дорад, ки муаллиф чӣ мегӯяд, чӣ тавр мегӯяд ва то чӣ ҳад самимона мегӯяд.
    То он ки асари ҳунарӣ комил бошад, боястӣ он чи муаллиф мегӯяд комилан нав ва барои ҳамагон муҳим бошад, бояд ба зебоии тамом адо шуда бошад ва муаллиф ба хости ботин сухан гуфта бошад ва ба ин хотир комилан содиқона.
    То он чи суханвар мегӯяд комилан тоза ва муҳим бошад, бояд ки муаллиф инсоне бо маърифати ахлоқӣ буда ва ба ин хотир танҳо гирифтори як зиндагии худхоҳона набошад ва дар зиндагии умумии башарият ширкат дошта бошад.
    То он чи ҳунарманд мегӯяд ба камоли хубӣ баён шавад, бояд ҳунарманд бар ҳунари хеш чандон тасаллут дошта бошад, ки дар ҷараёни кор ҳарчи камтар аз қоидаҳои ин ҳунар бияндешад, он гуна ки инсон дар ҳангоми роҳ рафтан камтар аз қоидаҳои ҳаракат меандешад.
    Барои даст ёфтан ба ин (поя) бояд ҳунарманд ҳеч гоҳ вопас ба кори худ нангарад, бо лаззат онро тамошо накунад, набояд ҳунармандиро ҳадаф қарор бидиҳад, он гуна ки инсоне ки дар роҳ меравад, набояд аз шеваи хироми худ бияндешад ва онро тамошо кунад.
    Ва барои он ки суханвар хости дарунии рӯҳро баён созад ва ба ин хотир он чиро мегӯяд аз дилу ҷон бигӯяд, ӯ бояд қабл аз ҳама аз ҳарзаҳое бипарҳезад, ки монеъи дӯст доштане ҳақиқӣ ҳастанд, ки хосияти дӯст доштан ҳамин аст ва сониян худ бо қалби худ дӯст бидорад, на бо қалби бегонае, вонамуд накунад, ки дӯст медорад он чиро ки дигарон шоистаи дӯст доштан медонанд. Ва барои он ки ба ин муваффақ шавад, суханвар бояд кореро бикунад, ки Балъом1 кард, вақте ки фиристодагон назди ӯ омаданд ӯ хилват гузид ва мунтазири (амри) Худованд шуд, то танҳо онро бигӯяд, ки Худованд мефармояд: ва на он корерро бикунад, ки худи ҳамин Балъом карда буд, он гоҳ ки фирефтаи ҳадяҳо назди шоҳ рафт, баракси хостаи Худо, ки ин (хилоф) ҳатто бар модахаре, ки савор бар ӯ мерафт, ошкор буд ва онгоҳ тамаъ ва шуҳратхоҳӣ ӯро кӯр карда буд.
    Баста бар он ки то чи ҳад асари ҳунарӣ дар ҳар яке аз ин се ҷинс ба камол мерасад, тафовути шоистагии (имтиёзи) ҳар асаре бар дигарӣ нашъат мегирад. Метавонанд чунин осоре бошанд: 1) муҳим, зебо, камтар самимона ва воқеъӣ; метавонанд бошанд: 2) муҳим, камтар зебо ва камтар самимонаву воқеъӣ; метавонанд бошанд: 3) камтар муҳим, зебо, самимона ва воқеъӣ ва … ба ҳамин дастур бо тартибу таносуби гуногун.
    Ҳамаи ин навъи осор фазилати худро дороянд, вале наметавонанд осори комили ҳунарӣ шинохта шаванд. Асари комили ҳунарӣ танҳо он тавонад буд, ки мундариҷа (муҳтаво) муҳим ва нав бошад, ба камоли зебоӣ баён шуда бошад, муносибати суханвар ба шайъ (мавзӯъ) комилан самимона ва ба ҳамин хотир комилан воқеъӣ бошад. Ин навъ осор ҳамеша нодир буду ҳаст. Боқӣ ҳама (навъ) осор, ки дар зоти худ нокомиланд, тибқи шароити аслии ҳунар ба се ҷинси аслӣ ҷудо мешаванд: 1) асарҳои аз назари аҳаммияти мундариҷаи худ барҷаста, 2) асарҳои барҷаста аз лиҳози зебоии шакл ва 3) асарҳои аз назари самимият ва воқеъият барҷаста, вале дар он ду нисбати дигар (-и баршумурда) ба камол нарасида.

    ОтветитьУдалить
  7. Ҳамаи ин се ҷинс наздикӣ ба ҳунари асилро ташкил медиҳанд ва он ҷо ки ҳунар вуҷуд дорад, (вуҷудашон) ногузир аст. Дар ҳунарварони ҷавон ағлаб самимият бар фақри муҳтаво ва шакли камобеш зебо бартарӣ дорад, дар солмандон баракс; дар ҳунарварони заҳматдӯсти касбӣ шакл бартарӣ дорад ва аксаран муҳтаво ва самимият намерасад.
    Вобаста ба ин се ҷанбаи ҳунар ҳаст, ки низ се назарияи асосии дурӯғини ҳунар зуҳур намуда, ки бар тибқи онҳо осоре, ки он се шарт (-и баршумурда)-ро дар худ ҷамъ накарда ва бино бар он бурун аз марзи ҳунар боқӣ мондаанд, на танҳо осори бадеъ балки намунаи ҳунар ба шумор оварда мешаванд. Яке аз ин назарияҳо таъйид менамояд, ки шоистагии асари ҳунар ғолибан бастагӣ ба мундариҷа дорад, ва агарчи асар тиҳӣ аз зебоии шакл ва самимият бошад. Ин назарияи ба истилоҳ тамоюлӣ, гароишӣ (тенденсиозная) аст.
    Дигарӣ шинохташ он аст, ки шоистагии осор вобаста ба зебоии шакл аст, агарчи мундариҷаи асар ночиз ва муносибати ҳунарвар нисбат ба он орӣ аз самимият бошад; ин назарияи ҳунар барои ҳунар аст. Саввумӣ бар он аст, ки асли кор дар самимият аст, дар воқеият аст ва ҳар қадр ҳам ки мундариҷа ночиз ва шакл нокомил бошад, танҳо ин ки ҳунарвар он чиро баён мекунад дӯст бидорад, асар бадеъ хоҳад буд. Ин назария назарияи реализм номида мешавад.
    Ва инак, бар мабнои ин се назарияи дурӯғин он гуна ки дар қадим буд, на ин ки дар ҳар бахше як, дуто дар фосилаи умри як насл, балки ҳар сол, дар ҳар пойтахт (он ҷо ки одамони базмӣ зиёданд) дар ҳамаи бахшҳо садҳо ҳазор осори ба истилоҳ ҳунарӣ пайдо мешавад.
    Дар замони мо инсони хоҳишманди шуғл ба ҳунар мунтазири он намемонад, ки дар қалби ӯ он чизи муҳим, мундариҷаи нав буруз кунад, ки ӯ воқеан дӯсташ дошта ва ин дӯст доштан боиси шакли муносиб гирифтани он гардида ва ё бар тибқи назарияи аввал, ки ба пиндори ӯ ситудаи оқилон аст, мундариҷаеро даст мегирад, ки дархӯри рӯз аст ва ҳар навъе, ки битавонад онро ба шаклҳои адабӣ медарорад, ва ё бар тибқи назарияи дувум он чизеро интихоб мекунад, ки ӯ беш аз ҳама дар он ҳунари фаннӣ метавонад нишон бидиҳад ва бо кӯшишу сабр чизеро тавлид мекунад, ки ба назараш асари ҳунар аст. Ва ё бар тибқи назарияи савум бо касби таассуроти хуш он чиро мавзӯъи асар қарор медиҳад, ки аз он хушаш омада ва мепиндорад, ки ин асари ҳунарӣ хоҳад буд, чун хушаш омадааст. Ва бад-ин тариқ теъдоди бешумори ба истилоҳ осори бадеӣ арзи вуҷуд менамояд, ки метавонанд мисли ҳар кори косибона бидуни камтарин таваққуф ва тааммул иҷро шаванд: афкори гардони мудшуда ҳамеша дар ҷомеъа вуҷуд дорад, ҳамеша бо сабурӣ метавон ҳар ҳунареро ёд гирифт ва ҳамеша ба касе кадом як чизе писанд меояд.

    ОтветитьУдалить
  8. Аз ин ҷо (мулоҳизот) вазъи ғариби замони мо буруз мекунад, ки дар он ҷаҳони мо сартосар анбошта аз осоре муддаъии осори ҳунарӣ будан гардидааст, ки тафовуташон аз осори косибона танҳо дар ин аст, ки онҳо на танҳо ба ҳеч коре намеоянд, балки аслан зарарнок ҳастанд.
    Аз ин ҷо падидаи ғайриодие рух менамояд, ки шоҳиди содиқи сардаргумии мафҳумҳо дар хусуси ҳунар аст: манзур асаре ба истилоҳ бадеӣ вуҷуд надорад, ки дар бораи он ҳамзамон ду назари комилан мухолифи якдигар вуҷуд надошта бошад, ки аз сӯйи инсонҳои ба таври мусовӣ босавод ва боэътибор баён гардидааст.
    Аз ин ҷо, ҳамчунин, он падидаи шигифтангез нашъат мегирад, ки бештари мардум дар ҳоле ки саргарм ба шуғле аҳмақона, бесуд ва ағлаб бадахлоқона ҳастанд, яъне дар ҳоле ки китоб менависанду мехонанд, наққошӣ мекунанду мебинанд, намоишномаҳо ва консертҳои театрӣ ва мусиқӣ месозанду гӯш мекунанд, самимона бовар доранд, ки онҳо як кори бисёр хирадмандона, судманд ва наҷиб анҷом медиҳанд.
    Мардуми замони мо гӯё пеши худ гуфтаанд: осори ҳунарӣ хубу судманд аст, пайдост, коре бояд кард, ки онҳо бештар бошанд. Воқеан, бисёр хуб мебуд агар онҳо бештар бошанд, вале ҷойи дареғ он аст, ки бо супориш танҳо осореро мешавад халқ кард, ки дар натиҷаи набуди он се шарти ҳунар дар онҳо, дар пайи гусастани ин се шарт (унсур) аз якдигар, ба ҳадди косибӣ поин бурда шудаанд.
    Аммо асари ҳақиқии ҳунариро, ки ҳовии ҳар се шароит бошад, ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо супориш эҷод кард, зеро ки вазъи ботинии ҳунарвар, ки асари ҳунарӣ аз он метаровад, олитарин зуҳури дониш, илҳоми гушоиши асрори зиндагист. Агар чунин вазъе дониши барин бошад, пас дониши дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҳунарварро барои фаро гирифтани ин дониш ҳидоят намояд.
    _____________________
    1 Балъоми Боъур (Валаам) аҳли шаҳри Балқо марде буд худопараст ва мустаҷобуддаъва, ки номи бузурги худоро (Исми Аъзам) медонист ва ҳар чӣ аз ў мехост, иҷобат мешуд. Баъд аз Мӯсо Юшаъ ба ҷанги подшоҳи ҷаббори шаҳри Балқо шитофт. Шаш моҳ сипоҳ бар дари ин шаҳр буд ва ҳарб мекарданд. Мардумон аз Балъом хостанд, ки бо дуъо сипоҳи Юшаъро дафъ кунад ва ў намепазируфт ва қавми хешро ба Худои таъоло ва итоъат аз Мўсо даъват мекард. Чун кор сахт шуд, он малик гуфт, ки агар дуъо накунӣ, туро бар дор кунам. Балъом битарсид ва ба ҷониби сипоҳи бани Исроил ба роҳ уфтод. Дар роҳ хари ў ба сухан омад ва ўро аз ин кор боздошт. Балъом аз дуъо имтиноъ кард. Иблис ўро бифирефт. Балъом дуъо кард ва сипоҳи Юшаъ ҳазимат шуданд. Юшаъ низ дуъо кард ва хост, ки Исми Аъзам аз ў бозпас гирифта шавад. Худои таъоло номи бузурги хеш ва ҳидояту тақво аз ў бозситонд. Балъом ҳар чи дуъо кард, суд надошт ва донист, ки Худой номи хеш аз ў бозгирифт… («Фарҳанги асотир»).
    2Ҷинс (род) дар ин ҷо на ба маънои истилоҳии маъруфи он, балки ба маънои навъ, намуд, гуна ба кор рафтааст.

    Аз русӣ тарҷумаи Рустами Ваҳҳоб

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!