воскресенье, 30 июня 2013 г.

РӮЗЕ

РӮЗЕ…

Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки дасти сабзе боло бар осмонҳо
Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Кӯдак ба сар битозад бозору сӯи мактаб
Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки ағниёро касбе барои рӯзӣ
Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рузе, ки бевафоӣ қонуни ом гардад,
Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст. 
Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд
-Олам-
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.



вторник, 25 июня 2013 г.

СУХАНЕ ГӯЙ, КИ..

СУХАНЕ ГӯЙ, КИ…

Сухан андар даҳони дӯст шаккар,

Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.



(Дар посух ба мақолаи як нафар муддаъии донишмандӣ, ки Шайх Камолро ба бадбинӣ ва ҳасодат нисбат ба Хоҷа Ҳофиз  тӯҳмат кардааст)

Суханат дар даҳанат қанд шавад,

  Аз хирад об хурад, панд шавад.

 На ки андар дами боде ояд,

 Ҳарзаву лоф шавад, фанд шавад.

 Ҳамчу дарё ҳамаро пок кунад,

На чу мурдоб пур аз ганд шавад.

Сухане, ки ба Бухоро биравад,

Сухане, ки ба Самарқанд шавад.

Ҳамчунон боз ба Шероз парад,

 Шакари форсӣ дар Ҳинд шавад.

 Ҳарки бишнид, дилаш гардад шод,

 Ҳарки дарёфт, хирадманд шавад.

 Пеши муслим чу тафсири Нубӣ,

Бари устоӣ чу Позанд шавад.

Бинигар чанд варақ дил бикушуд,

 Манигар, то варақе чанд шавад.

Сухане гӯй, ки чун шеъри Камол

   Пули Табрез ба Хуҷанд шавад. 


ЗАМИМА АЗ ДАФТАРИ ТИРАМОҲ

ХАВОС ВА АВОМ



Нишаста даври оташ маҳфиле шод,

Сухан аз ҳикмату фарҳанг доранд,

Вале аз партави ларзони гулхан

Дар он сӯ сояҳошон ҷанг доранд.



 ГУЛИ МУРОД



Бидидам шохаи хушке дар оташ

Саропо шӯъла меафшонду мегуфт,

Ки то пайванди нахли сабз будам,

Гуле бар ман чунин зебанда нашкуфт.




   САБҚАТ

Ҳама дар баҳри нопайдоканорем,

Ҳама бар кӯҳае мавҷе саворем.

Дар ин ҷо аввалу охир касе нест,

Агар  соҳил наю мақсад  надорем.

ФОНУСИ МАҒРИБ

На роҳеву на бероҳест пайдо,

Шабе торику ҳавле бас сутург аст.

Нишин як дам, бияндеш, эй бародар,

Куҷо фонус дидӣ?

 Чашми гург аст!


  ЧАРО?

 Намедонам, ба чашмат чанду чунам,

Вале ёдат ба ҳайҷо ҷавшанам шуд.

Наям гар дар шумори дӯстонат,

Чаро ҳар душмани Ту душманам шуд.



 ПОСУХ 

 Дар ин ҷо не суолу не ҷавоб аст,

Хитоб асту хитоб асту хитоб аст!

Кӣ гӯяд ҳоли шеъри мо хароб аст?!

Чу ҳоло ҳар саломе як китоб аст.





ОХИР

 Ба ҳар ҷое, ки манзил кардам, охир,

Сароеро ҳам аз гил кардам, охир,

Бурун рафтам аз он манзил, ба ночор

Ватан дар маркази дил кардам охир.



 МИННАТ 

 Касон, ки хеш хосалхос хонанд,

Куҷое сод бошад, дос хонанд,

Ба захми дил намак пошанд в-онгаҳ

Агар нолӣ, намакнашнос хонанд.



  ҲАҚ

 Ҳарчанд асири сарнавишт омадааст,

Мухтор миёни хубу зишт омадааст.

Та тоқати гармову на сармо дорад,

Ҳақ дорад одам:

аз Биҳишт омадааст!



 ДАР ТОҚИ БОСТОН

 Гулдони асотирӣ ба хок оганда,

Як лола дар он кашида сар бо ханда.

Нақшест зи лола бар сафоли гулдон,

Ту ҳафтҳазорсола дидӣ зинда?





Инъоме агар зи даҳр пинҳонам буд,

Дарди дигаре буд, на дармонам буд.

Бозе, ки раҳо кардаму вопас омад,

Дар чанголаш кабки ғазалхонам буд.



Онро ки азизу мӯҳтарам сохт туро,

Бишнос наку, чу нек бишнохт туро.

Дасте, ки бар осмон барафрохт туро,

Ҳам битвонад ба хок андохт туро.



Шӯҳрат чи бувад, ки аз пайи он бошӣ,

Хилват биталаб, ки дар пайи ҷон бошӣ.

Бо санги дигар бурун ҳамеорандат,

Гар мисли шарар ба санг пинҳон бошӣ.



Беҳунаре, ки бухл наварзад, дар назари ман шарифтар аз ҳар ҳунармандест.



Ман шоҳи ҳафт кишвари танҳоии худам,

Осӯда дар вилояти мавлоии худам.

Бар чорсӯи умри гузашта ситодаам,

Чун пайкараба кӯчаи раҳпоии худам.



Бародар, заррае ҳиммат бибояд,

Ки ҳар бероҳи ту як роҳ гардад.

Ба ҳар оҳе ду ҳарфе гар физоӣ,

Туро ҳар «оҳ!» як «Аллоҳ!» гардад.



Бияфкан хоб аз сар, эй ҳушевор,

Зи чоҳи яъс берун о дигар бор.

Ту пиндорӣ, ки ин хуршед ҳар субҳ

Ба дидори ту меояд ба бекор?!

  30. 04. 12





Ҳар қадр ситорагон бисӯзанд,

Бар сафҳаи нилгуни афлок,

З-онон асаре намонад охир,

Ҳар нақш ки ҳаст, мешавад пок.



Биё, ситора бичинем,

шишапора бичинем,

Ки моҳтоб ба пои бараҳна меояд.

Гӯянд баҳам орад захми дили ошиқро

Бисришта ба ашки шамъ хокистари парвона.

Охир ки ба сад азоб одат кардӣ,

Нодидани офтоб одат кардӣ.

Боракаллоҳ,

«шоири Шаҳри Хуршед»,

Чун чуғз ба ин хароб одат кардӣ.

  13.05.12



МИЗОНДОР 

   

Аз ин марди раҳӣ инсоф омӯз,

 Ки умре дар канори ҷода бар пост.

 Ба нархи ним сомонӣ бисанҷад

Якояк вазни мардум бе каму кост.

Дар он ҷое сухан аз ҷовидонист,

 Чи ҷои баҳси пириву ҷавонист?

 Нигорино, гули пироҳани ту

 Ҳамоно нусхаи Аржанги Монист.

 Намезебад ба мо бечоранолӣ,

 Забони мо забони паҳлавонист

  Замингирам чу тири хокхӯрда,

  Агарчи шеърҳоям осмонист.

 Қулзуми лутфу қаҳр мерезад,

            Бар сари шаҳр баҳр мерезад.

  

  Мо зи биме, ки мабодо ки ба назар хурд шавем,

 Гиряро дар дили худ мебандем.

  Осмонро, ки чунин биме нес
Бинигар чун ба фиғон,

 бо фаварон, аз дилу ҷон мегиряд.

 Шарм бодат, мутакаббир дили беҳосили ман,

Осмон мегиряд!



  ШАБ



Аз  дасти худ аст, дил чу ғамнок бувад,

 Шаб – сояи хок бар сари хок бувад.



САКАРОТ

  

Ҳар сатри равон пули Сирот аст маро,

 Аз оташи дил раҳи наҷот аст маро.
Дар ҳар сухане пораи ҷонам биравад,

 Ҳар шеъри навам як сакарот аст маро.





 «Насиҳат»



Ҳама гӯянд:

  Бо худододагон ситеза макун…

  Чаро нафаре ҳам

  Аз ин «худододагон» намегӯяд – 

  «Бо Худо ситеза макун!»

 Лашкар нахоҳад он ки ба каф теғи ҷон гирифт,

Хуршед як тан аст, вале осмон гирифт.

 Сангҳоро аз ҳарорат мекунад ҳарчанд об,

 Шабнами гулҳои сунъиро начинад офтоб.



 БӯҲРОНИ ОБ

 Фитода бар лаби олам гапи мо,

 Ки ашки мо наафтад бар лаби мо.



  ГАНҶ

 Пандҳое ҳаст ин фарҳангро:

 Ганҷ хоҳӣ, вожгун хон ҷангро. 


  ТАҲАММУЛ

  Гузар аз изтироби бесаранҷом,

  Нагардад хушк уқёнуси Ором.



 ХУДНОШИНОСӣ

 Маро з-ин «худшиносӣ» ҷои тарс аст,

   Каюмарсе ту дорӣ, Карл Маркс аст.



 ФИРДАВСӣ:

То зинда будам, чу хасм такфирам кард,

 Тадбири варо забони шамшерам кард.
Имрӯз маро чу дӯст такфир кунад,

 Фирдавсӣ ба Фирдавс чи тадбир кунад?



 Баҳри ту эй поки пок, ҷуръа фишонам ба хок,

 Халқ агар хуни ток, хуни дили хеш ман.


 Дидам ҳар кас гирифта беле дар даст

 Дар ҳавлии худ нофи замин меҷӯяд.