вторник, 25 июня 2013 г.

ЗАМИМА АЗ ДАФТАРИ ТИРАМОҲ

ХАЗОН

Чанори тановар хазон мефишонад,
Чӣ бӯйе шунидаст аз бод ин субҳ?
Ки бо бевафоӣ
Ба сар он чи парварда буд рӯзгорон
Ба по менишонад.

УЗР

Нагзарам сӯйи боғи ҷонварон,
Бозро дар қафас нахоҳам дид.
Ончи бар хештан намехоҳам.
Ончунон ҳам ба кас нахоҳам дид.

ЭЪҶОЗ

Гар қиссаи Бодғис бас зебост
Аз Рӯдакиву каломи рангинаш.
Ку шоири дигаре бад-он санъат,
То чарх кунад дубора таҳсинаш.
Шеъре орад, ки ҷон дамад андар
Исмоъил
в-он ду шери сангинаш.

ОГАҲӣ

Як-ду соле пеш аз ин
Ҳар ки айнак дошт,
 мегуфтам:
«Кори ӯ ё худнамоӣ ҳаст, ё ноз аст.
Гавҳари чашми ҷаҳонбинро ба айнак
Кай ниёз аст?»
Ҳолиё ман худ
Ончи бе айнак ҳамебинам
Фақат хоб аст
В-ончи бе айнак ҳамехонам
Намоз аст.

 ҲАМДАРДӣ

Мушкили  бисёр бинад хиттае,
Дар таовун мисли як дил мешавад.
Ашк дар гаҳвора резад кӯдаке,
Обҳои шаҳри мо гил мешавад.
                           
НАҚДУ НАСЯ

Ман аз Симурғ меҷӯям нишона,
Туро мурғе хуш ояд, ки ба сих аст.
Масеҳои ман андар осмонҳост,
Масеҳои ту андар чормех аст.

ҲИКМАТИ СУКУТ

Чароғи корвон хомӯш беҳтар,
Ҷарас чун сӯфӣ пашминпӯш беҳтар.
Шаби торику дуздон дар камингоҳ
Забон барбанд, акнун гӯш беҳтар.

САНЪАТ

Рафтиву канори чашма биншастӣ,
В-он дам ки ба ноз даст мешустӣ,
Ногоҳ чи санъате илоҳӣ шуд:
Аксе зи ду дасти симгуни ту
Дар об заду ду ширмоҳӣ шуд.

 НОВБОН!

Як тараф кӯҳҳои сангии соф,
Як тараф мавҷҳои куҳпайкар.
Зер садҳо наҳанги хуношом,
Барқоганда абрҳо ба забар.
Киштии мо миёни тӯфонҳо
Мепарад ҳамчу новаки пӯлод.
Новбоно!
                   Манеҳ ду чашм ба ҳам,
Заҳмати Нӯҳ меравад барбод!



РОЗИ ПОЯНДАГӣ
 Устоди пири деҳистони мо
Кардаӣ сад имтиҳонро пушти сар.
Дар мақомат устувор истодаӣ,
Нест аз ту дар ҷаҳон пояндатар.

Ҳар гаҳе ки кӯдакон баҳсомабаҳс
Даст бардоранд аз баҳри ҷавоб,
Бар мақому мансаби волои ту
Мекунандат бори дигар интихоб.
        
ШАРҲА
 Кибр меварзӣ бо мутаккабирон
Пеши уфтода хоксорӣ ту.[1]
Хор агар, хори чашми ағёрӣ,
Дӯстро масдари баҳорӣ ту.
Гар дурӯйӣ, дурӯй ойинаӣ,
Дузабониву зулфиқорӣ ту.
                  
        ЗАБОНИ ҲОЛ

Зебост ҷилваҳои ту, эй товус,
Хуш мехиромӣ, дилкашу бас шодӣ,
Аммо
Нақши ҳазор чашм ба парҳоят
Лабрези интизории озодӣ.

ТАОРУФ

Моҳие бо моҳие мегуфт:
- Эй моҳӣ,
Луқмае дидам, ки сар бар осмон дорад,
Намехоҳӣ?
 
РОЗ

Симгарде[2] дар дили шаб
Мекашад раҳ аз миёни шаҳр бо фарёд.
Андарунаш тоқаву танҳо
Масти лояъқил марде.
Аз куҷо меояд ӯ,
ҳаргиз надорад ёд.
Дар куҷо бояд фуруд омад,
намедонад.
Зери лаб гӯё суруди дард мехонад
Бо радифи «ҳарчи бодо бод…»
Рост чун таъбири ом
Аз рубоъиёти Хайём. 


ХАЗОНРӯБ
 Хазонрӯбо,
                   бизан оҳиста ҷорӯб,
Хазон чандон ки мерӯбӣ, ҷавон буд.
Таҳи ин чатри сабзи соягустар
Ҷаҳонеро нишоти ройгон буд.
 Хазонрӯбо,
ба дӯшат ҷомаи зард,
Қадат хамгашта, рангат заъфаронӣ.
Ба чашми ҷодасумбони сияҳмаст
Ту ҳам уфтода як барги хазонӣ.
 Хазонрӯбо,
кӣ аз рӯзи азал дод
Ба дасти зиндагӣ ҷорӯби бедод?
Писарҳоят,
писарҳоят куҷоянд?
Аё модар, нигаҳбонат Худо бод. 
        
 ОХИРАНДЕШӣ

З-ин пойкӯфтанҳо
Бояст шарм дорем.
Бо хок нарм бошем,
То хок нарм дорем.

ТАНОҚУЗ
 Зи як гавҳар, зи як конем, эй дӯст.
Чу як рӯҳему як ҷонем, эй дӯст.
Миёни мову ту фарқе ҷуз ин нест,
Ки мо ҳарду мусулмонем, эй дӯст.

СЕБИ ОХИРИН

Бод
Бо дарахтон сахт мекунад бедод,
Кӯҳҳо мабҳут, сарду хомӯшанд.
Боғи кӯҳистон
Барг мерезад
Сабзу сурху зард,
Боғи урёнро
Хирқа мепӯшанд.
 Солике аз раҳ
Мерасад хаста.
Дар миёни боғ
Нарму оҳиста пой мемонад,
ӯ чӣ меҷӯяд,  як Худо донад,
Худ намедонад…
 Охирин як себ
Бар тани шохе
Мисли лаъли ноб
Медурахшад шод.
Инчунин себе
Ҳарчи меарзад.
Гавҳари нодир
Гавҳари ноёб.
Даст меёзад,
Даст меларзад,

Ёд
Мекунад фарёд.
З-ин ҳавас бигзар,
Аламон аз нафс.
Як дари бозе ҳаст бар рӯят
Пас аз ин фирдавс?
 Хуб мебинад:
Себ, себе нест,
Қалби хунинест.
Боғбон он ҷо карда овезон,
Рамзи паймонаш
Бо дарахтонаш.



[1] Мазмуни  ҳадис.
[2] Симгард – троллейбус (сохтаи муаллиф).