понедельник, 3 июля 2017 г.

АВҶИ ШАҲОМАТ


АВҶИ ШАҲОМАТ
(Дар пойи қуллаи Исмоили Сомонӣ)
Қуллаи авҷи шаҳомат – тоҷи Истиқлоли тоҷик,
Мезанад паҳлу ба гардун қомати иқболи тоҷик.
Шод ҳар рӯзаш бувад бо зодрӯзи родмарде,
Муҳри ҷовидона дорад рӯзу моҳу соли тоҷик.
Мезанад пар аз фазои бостон симурғи рӯҳаш,
Муттаҳид аст ин ҷаҳон гӯё ба зери боли тоҷик.
Эй муборак соате, худ аз парешонӣ бар ояд,
Нест волотар дигар з-ин ормон омоли тоҷик.
Фақри Дастон поси ойини ниёкон аст, варна
Дар дил ҳар кӯҳ ганҷи зар ниҳода Золи тоҷик.
Риштаҳои рӯдбораш қитъаҳоро васл созад,
Мекунад таъмири ваҳдат панҷаи салсоли тоҷик.
“Субҳи давлат медамад...” чун офтобе рух намояд, 
Ҳар гаҳ аз девони Ҳофиз мекушоям фоли тоҷик.
09.09.15

ДАСТИ МАН


Дасти ман андар гиребони худ аст,
Зиндагониам ҳам аз ҷони худ аст.

Лаб фуру бастам ба дарё, чун садаф
Гавҳари чашмам ба ҳамёни худ аст.

Ҳиммате дорад пушаймоним ҳам,
Лаб газидам гар, лаби нони худ аст.

Шери шеърам бе қаламрав нест, нест,
Сайҳаи ман аз найистони худ аст.

Баргирифтам хотир аз аҳли ҷаҳон,
Хотири ҷамъам парешони худ аст.

Қасди ҷони ман макан ҷони сиёҳ,
Ҳукми ҷон дар дасти ҷонони худ аст.

18-06-17

ТОҶИКӢ


Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист,
“Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист”.
Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст,
Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист.
Фӯтаи рангинкамонам дар миён,
Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист.
Ҳалқа андар гардани гардун зада,
Ин каманди Каҳкашонам тоҷикист.
“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”:
Мағзи нойи устухонам тоҷикист.
Бар тани ман номи дигар мениҳӣ?
Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист!
Аз даҳони хеш мегӯям сухан,
Эй даҳанмардум! Даҳонам тоҷикист.
Гулфишону базрафшонам якест,
Ҳам баҳору ҳам хазонам тоҷикист.
Аз насими Рукнободам шунав:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиёнам тоҷикист.
Серчашмам чун Самарқанди чу қанд,
Қурси хуршедии нонам тоҷикист.
Ин дару он дар ҳама дурри дарӣ,
Исфара то Исфаҳонам тоҷикист.
Балху Шерозу Бухорову Ҳисор,
Суғду Вахшу Хутталонам тоҷикист.
Асли тоҷик одамийят будааст,
Одамийятро нишонам тоҷикист.
Ормони тоҷикӣ - хайри башар,
Бе шару шӯр ормонам тоҷикист.
Тоҷикӣ дар хоб ҳам гӯям сухан,
Баски дар рӯҳи равонам тоҷикист.
Гар хаёле бигзарад аз дил ниҳон,
Бегумон ҳарфи ниҳонам тоҷикист.
Гар гумоне бигзарад андар хаёл,
Ҳам хаёлу ҳам гумонам тоҷикист.
Мордӯшо, бар сари бемағзи ту
Зарбати гурзи гаронам тоҷикист.
Шоҳиди гӯёи оғози вуҷуд – 
Бораи Майтайниёнам1 тоҷикист.
Ҷӯйборонанд бо ман ҳамзабон,
Шарфаи оби равонам тоҷикист.
Ҳамзабони ман бувад кабки дарӣ,
Мисли ӯ сабки баёнам тоҷикист.
Бе парасту нест сақфи хонаам,
Лафзи мурғи ошёнам тоҷикист.
Достони ростон шаҳномаам,
Паҳлавии паҳлавонам тоҷикист.
Истода ҳамчу Кохи садсутун,
Пайкари Боми Ҷаҳонам тоҷикист.
Будаму бошам ҳамон ки будаам,
Ҷовидона ҷовидонам тоҷикист. 
-------
Майтайниён - номи деҳа дар зодгоҳи муаллиф, ки қадимтарин калимаи ҳиндуориёист ва решаи “меҳан”.

25-06-2017