ШЕЪР ВА ДОНИШ

                                              ОҒОЗ
     Аз дергоҳе ба иқтизои масъулиятҳое, ки бар уҳдаам гузошта шуда, ниёзи шадиде ба як дастури раҳнамо барои шоири ҷавонро эҳсос менамоям. Албатта, дар ин боб бузургоне, ки шояд ҳатто салоҳияти шогирдии онҳоро надорам, осори хубу омӯзандаеро боқӣ гузоштаанд ва ҳар бор ин силсилатуззаҳабро барои шогирдон тавсия менамоям. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳар рӯзгоре забону баён ва ҳолу ҳавои худро дорад ва дар ҳар замоне суолҳои ҷовидонӣ ба шеваи хос ва ҷузъиёту адоҳои хоссе матраҳ мешаванд ва ба ҳамон шева ҳам ҷавоб мехоҳанд. Бино бар ин, тасмим гирифтам, ба мизони тавони худ мухтасаре барои раҳнамоии шогирдон бинависам ва дар поёни он феҳрасте ҳам аз китобҳоеро, ки барои такмили дониш дар шеър заруранд ва суханҳои ногуфтаи мо мавқуф ба онҳост, пешниҳод гардад. Лозим медонам дар ин мухтасар бештар дар хусуси ҷанбаҳои назарӣ ва равоншинохтии фаъолияти ҳунарии шеър суҳбат шавад, то шоирони ҷавони мо, ки аксаран дар қайди пиндорҳои иштибоҳӣ дар мавриди кори шоирӣ мондаанд, мутмаин гарданд, ки шоирӣ ҳам заҳмату дониш мехоҳад ва омӯзишро барои шоирнанги ҳунару истеъдоднадонанд. Ҳамчунин, бидонанд, ки ҳар сухане, ки ба дили мо менишинад ва дар назари мо хубу шоирона ҷилва мекунад, бо лавозиме бояд ороста гардад, то мақбули дигарон шавад ва зеҳниятҳо айни якдигар нестанд, бояд дар миёни тасаввурҳо, пиндорҳо ва донишҳои шеърӣ ва ғайришеърӣ чизҳои муштаракро пайдо кард ва рӯйи онҳо кор кард. Аввалин ва ҳам охирин унсури муштарак миёни мо забон аст ва ин забонро бояд ба ҳадде донист, ки дар лаҳзаи шеър гуфтан он “366 паҳлу”-и машҳурро ҳар дам эҳсос бикунем ва ҳар лаҳза битавонем ҳар калимаеро даҳ бор ё беш аз ин ба калимаҳои дигаре муносибтар иваз бикунем. Ба ҷуз ин дар ҷараёни эҷоди як шеър, ҳатто як байт шоир (албатта шоири огоҳ ва дорои масъулият) ба донишу таҷрибаи зиёде эҳсоси ниёз менамояд, ки метавонад он марбут ба улуми табиӣ, ҷомеашиносӣ, таърих ва ғ. бошад, ки ба сурати таҷриба дар зеҳнаш нишаста, дар маҷмӯъ ҷаҳонбинӣ ва ба фишурдатарин сурат эътиқоди ӯро ташкил медиҳад ва то ҳадде аз полоиши зеҳну эҳсос гузашта, ки миёни ин дарёфтҳо ва ҳоссаи шеърӣ садду деворе нестба шуури соҳибаш раҳ ёфта, ба он замине, ки решаи шеър низ аз он об мехурад. Аммо миёни дарёфти илмии ҳақиқатҳо ва воқеиятҳо бо дарки шеърӣ ва шоирона бояд тафовутро бишиносем, то ба иштибоҳи дигаре дучор нашавем. Яъне як иштибоҳ ин аст, ки гуфта шавад: “Шеър бо дониш ҳеч иртиботе надорадва иштибоҳи дигари на камтар аз он ин аст, ки касе бигӯяд: “Шеър ҳам айни илму дониш аства ҳеч тафовутеро дар миёни ин ду нашиносад.


ШЕЪР ВА ДОНИШ (1)
"...Чунонки шеър дар ҳар илме ба кор ҳамешавад, ҳар илме дар шеър ба кор ҳамешавад."
Низомии Арӯзии Самарқандӣ
Онҳое, ки иддаъо доранд, шеър бо илму дониш ҳеч вобастагӣ ва иртиботе надорад ва як олам хос аст, решаи иштибоҳашон дар он аст, ки падидае чунилҳом”- ро дар кори эҷодӣ унсури мутлақ мешуморанд. Яъне, ба масал, шоир танҳо нақши як мавҷгир (антеннаро), ё шояд камтар аз онро, адо мекунад ва шеър аз олами ғайб бар ӯ нозил мегардад. Ин гурӯҳ баъзан дар назари худ чандон муболиға мекунанд, ки ҷой доштани унсури ақлу дониш дар шеърро нишони заъфи истеъдоди шоирӣ ба шумор меоранд, ҳатто саҳеҳу беайб будани шеърро аз назари фаннӣ ва лавозими сухани манзум, мустақиман ё ғайримустақим (бевосита ё бавосита) камбуди шеър медонанд. Бояд гуфт, ки ин гурӯҳ миёни ду мафҳум иштибоҳ мекунанд, якеро айни дигаре медонанд. Ин ду мафҳум якеилҳомва дигареваҳймебошад. Касоне, ки аслан ба мафҳумҳое чунваҳйэътиқод надоранд ва андешаи сирф моддигароёна доранд, табъан аз ин баҳс бояд фориғ бошанд. Аммо аҷиб он аст, ки аз ин тоифа ҳам, ки бояд ҳама чизро маҳсули материя бидонанд, хелеҳо дар мавриди шеър тасаввури дигар доранд ва онро чизе тасаввур мекунанд аз қабили ваҳйи мунзал ва гӯяндаашро аз ҳар гуна иқтизои омӯзишӣ озод медонанд.
Албатта, илҳому кашфу шуҳуд, ки он ҳам ба инсонҳои хоссе даст медиҳад, аз ҷиҳатҳое боваҳйқаробат дорад. аммо айни он нест. Тафовут ин аст, ки каломи ваҳй каломест, ки ба сурати мутлақо омода, ҳам дар сурат ва ҳам дар мазмун, нозил мешавад ва вазифаи гирандаи ваҳй, ки танҳо паёмбар буда метавонад, танҳо иблоғи (эълони)он калом аст, аз худ ҳеч дахле ва тасарруфе дар он намекунад. Дар Қуръон ҳатто ба Паёмбар (с) хитоб мешавад, ки забонатро низ дар даҳонат мо мечархонем ва ту зиёд ба тарзи талаффуз диққат надеҳ. Ва касоне, ки ба ҳақиқати ваҳй эътиқод доранд, ҳамчунин ногузир ба ин маънӣ эътиқод доранд, ки ваҳй бо хатми зиндагии паёмбари охирини Худо ҳазрати Муҳаммад (с) хатм шуда ва дигар ба касе ваҳй намешавад. Аммо кашфу шуҳуду илҳом боқист, ки албатта он аз ваҳй фарқ дорад. Фарқи он аз ваҳй ин аст, ки рӯҳи маъно ва маъно илҳом мешавад ва соҳиби илҳом онро бо калимаҳо шаклу сурати зоҳир мебахшад. Пас, бояд дар вуҷуди соҳиби илҳом барои сурати зоҳир бахшидан ба маънои илҳомшуда, калимаҳо ва донишҳои ҳунарии зарурӣ мавҷуд бошад, то пайкари он маъноро ба сурати муносиб биорояд. Мисли Ҳофиз, Мавлоно, Бедил, ки дарёҳои мавҷхези дониш ҳам буданд ва ин донишу таҷрибаро ҳама умр андӯхта буданд.
Баъзеҳо дар ин баҳс барои тасдиқи мутлақ будани нақши илҳом дар шеър шоирони бесаводеро масал мезананд, ки воқеан шеърҳои хубе аз онҳо ба ёдгор мондааст. Бояд гуфт, ки ин бесаводон бедониш набудаанд. Онҳо ба ҷуз аз табъи сириштӣ, ки зуҳури ҷавҳари аслии он пеш аз ҳама дар эҳсоси фитрии вазну мусиқии шеър ва ҳамчунин қофияву радиф, ки низ аносири мусиқии шеър ҳастанд, ба амал меояд, ҳазорон абёти олӣ аз офаридаҳои табъи мардум ва шоирони касбии босаводро азёд доштанд ва аз таҷрибаи бузурги рӯзгор бархурдор будаанд ва аксари онҳо сарнавишти печида ва омӯзандаеро таҷриба кардаанд.
Баъзан ҳам ба таври хос Иқболи Лоҳуриро мисол меоранд, ки гӯё форсӣ намедониста, вале ба маҳзи илҳом шеъри зебо ва расои форсӣ сурудааст. Аввалан, Иқбол ба мартабаи волое умуман дар дониши башарӣ ва худсозиву маърифат расида буд ва ба як рӯҳи гӯё табдил шуда буд. Масалан, пайдост, ки ИқболМаснавии маънавӣ”-ро батамом ё тақрибан азёд медонанд ва аз даҳҳо тан шоирони гуногуни форсизабон дар равиши сурудани шеър тазмин мекунад, ки он ҳатман азёд аст. Сониян, дар Ҳинди рӯзгори Иқбол ва хусусан дар зодгоҳи ӯКашмир забони форсӣ ҳанӯз забони расмӣ ва забони мадараса ва илму адаб буд. Аммо бар асари истилои англис майдони амали ин забон маҳдуд мешуд ва Иқбол низ бештар ба забонҳои дигар суханрониҳояшро анҷом медод, агарчи ағлаб ашъорашро ба форсӣ мехонд. Бино бар ин, дар сӯҳбатҳои одӣ форсиро ба содагиву равонӣ сӯҳбат намекард, ки ин натиҷаи камтар муошират кардан кардан ба забоне мебошад. Имрӯз, масалан, мо русидонҳои хубе дорем, ки луғоти русиро хуб медонанд, вале чун муошират ба забони русӣ маҳдуд гардида, ба ин забон наметавонанд озод ва равон суҳбат кунанд.
То бидонем, Иқбол аз оғоз чи қадр форсидон ва форсигӯй буда, ҳамин мисол кофист: Иқболи ҳаштсола рӯзе ба дарс дер ҳозир мешавад ва устод ба сарзаниш аз ӯ сабаб мепурсад. Ӯ бедаранг дар посух мегӯяд: “Иқбол ҳамеша дер меояд”.
Мо аз шеъри Иқбол дармеёбем, ки ба ҷуз ҳикмату фалсафа, таърих ва улуми динӣ ва анвоъи дигар улум (хусусан ба забони форсӣ) забони моро ба ҳадди камолу ҷамол медонад ва беш аз ин таркибсозӣ ва калимасозиҳои халлоқонае ҳам дорад.
Тарафдорони ҷудоии шеър аз дониш ин гуфтаи шоиронаи Лоиқ Шералӣро ҳам мисол меоранд, ки: “Саводи шоирӣ мактаб надорад”. Ин як қавли шоирона аст, ба ин маъно, ки бидуни сиришт ва сарнавишту истеъдод танҳо ба василаи омӯзиш касе шоир намешавад ва ҳаққо чунин ҳам ҳаст. Аммо бидуни омӯзиши пайваста ва шоиста ҳеч гуна сиришти шоирона ва истеъдод ҳам ба таҷалло намерасад. Ҳар қадр ки зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз қареҳаи шоирӣ бархӯрдор буда ба ҳамон мизон дониш ҳам андӯхтааст. Ӯ худ бештари муваффақияташро аз он медонистааст, ки як нафар устоди сахтгирашон дар омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷекат ба онҳо супориш мекарда, ки дафтари луғот дошта бошанд ва калимаҳоер, ки тоза ошно мешаванд, дар он бо шарҳи мазмун бинависанд ва аз бар кунанд. Дар оянда ин кор ба шуғли доимӣ ва дӯстдоштании шоир табдил мешавад. Касоне, ки бо шоир ошноӣ доштаанд аз мутолиаи ҳамешагии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамин тавр, беҳтарин адибон, шоирони адабиёти навини мо ҳамагӣ дар айни ҳол донишмандтарин адибони мо будаанд, ки ин ҳақиқат дар осори ғайриадабии онҳо, мусоҳибаҳо, мақолаҳо ва ғ. ошкор аст.
Он донишҳоеро, ки дар кори адабӣ аз онҳо гузир надорем, ба ду бахши бузург метавон ҷудо кард: 1) умуман дониш, ки маҳсули он ҷаҳонбинӣ дар сатҳи муносиб барои суханвар аст ва 2) донишҳои адабӣ.

(Идома дорад)

ШЕЪР ВА ДОНИШ 2
Таҳқиқот ногузир моро ба ин натиҷа мерасонад, ки ҳамеша азамати адабии адибони бузурги мо бо азамати илмии онҳо мутаносиб будааст ва мадду ҷазри адабиёти мо ба мадду ҷазри илму дониш ҳамроҳ. Ҳар андоза, ки илму дониш таназзул карда, ҳамзамон адабиёт ба ҳамон андоза таназзул карда ва ҳар қадр, ки илму дониш рушду шукуфоӣ дошта, ҳамзамон адабиёт ҳамон қадр пешрафту тараққӣ доштааст.
Аҳди Сомониён ва давраҳое баъдтар, то он ҷо ки партави хуршеди рӯ ба ғуруби ин тамаддун камобеш расида, давраи рушди ҳам илм ва ҳам адаб аст. Қомати Рӯдакиву Фирдавсӣ бо қомати Ибни Синову Берунӣ баробар аст ва ба тадриҷ андозаҳо таназзул кардан мегиранд, ба таври мувозӣ ва яксон ҳам дар илм ва ҳам дар адаб. Ва гоҳо мебинем, агар шароити мусоиде ба вуҷуд омаду дар гӯшае аз империяи бузурги маънавии забону адаби порсии тоҷикӣ илм рӯ ба рушд ниҳод, адабиёт ҳам дар канораш шукуфо мешавад. Мисли Ироқи аҳди Салмон, Озарбойҷони аҳди Низомиву Хоқонӣ, Ғазнаи аҳди Саноӣ ва Ҳироти аҳди Ҷомиву Навоӣ, Шерози аҳди Саъдиву Ҳофиз ва... ҳамеша чунин. Аслан имкон надорад, ки дар замон ва замине, ки илму донишу фарҳангу санъату саноат дар ҳоли рукуд ва таназзул бошад, дар он ҷо аз осмон шеъри олӣ биборад ва аз замин гули адаб бирӯяд. Ҳадди ақал ба ҳамин хотир, ки моддатулмавод ва нахустунсури ҳам илму ҳам адаб дар як чиз хулоса мешавад ва таҷассум меёбад, ки он забон астмаҷмӯаи калимаҳо ва ҳунару шеваи пайвастани онҳо ва калимаҳову забонро ҳамаи бахшҳои зиндагии башар ба вуҷуд меоранд ва борвар месозанд. Масалан, бидуни вуҷуди ҳазорҳо калимаҳои ноби порсии тоҷикӣ дар бахшҳои таърих, асотиру ривоёт, низомӣ, пизишкӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофиё, равоншиносӣ, илоҳиёт (улуми динӣ), зебошиносӣ (эстетика), ахлоқ (этика), табииёт (физика), риёзӣ, инсоншиносӣ, маъданшиносӣ, меъморӣ ва садҳо бахши дигар барафроштаникохи бегазанд”-и Шоҳномаи Фирдавсӣ ғаримумкин буд. Аввал ин ки ин донишҳо дар пайкари калимаҳо, ки нахустунсури адабиётанд, буданд ва дувум ин ки сарояндаи Шоҳнома ҳаким Фирдавсӣ он ҳамаро фаро гирифта буд, ҳамроҳ бо донишҳои адабие, ки ба вай ёд медод, то чи тавр ин воҳидҳои дониш, каламотро ба ҳам бипайвандад, то ҳам дониш бидиҳанд ва ҳам шӯри шеърӣ ҳосил кунанд.
Оре, абзори аслии ҳам олим ва ҳам адиб забон, каламот, вожагон аст, дар маҷмӯъ мақсуди ҳарду ҳам якест – муътақид (боварманд) кардани мухотаб ба ҳақиқате, ки худ шинохта ва пазируфтааст. Яке бештар аз роҳи ақлу мантиқ ва дувумӣ ҳам аз тариқи ақл ва ҳам эҳсос ва ҳарчи бештар саҳм додани эҳсос дар шинохт ва пазириши ҳақиқатҳо. Бад-ин тариқ шоир бояд ҳақиқатҳои илмиву мантиқии падидаҳоро дар ибтидо бидонад, то битавонад онро бо унсурҳои эҳсосбарангез такмил бикунад ва биорояд, то паёми ӯ пазируфтанитар ва мақбултар аз баёни мустақими илмӣ гардад. Ба иборати дигар 
ҲАТМӢ НЕСТ, КИ ЯК ДОНИШМАНД ШОИР БОШАД, АММО ҲАТМӢ АСТ, КИ ЯК ШОИР ДОНИШМАНД БОШАД.


Шояд андешае ба миён ояд, ки асарҳои муҳташаме мисли “Шоҳнома”, “Хамса”, “Маснавии маънавӣ” ва ғайра чун фарогири масоили бузургу вақоеъу ҳаводиси пурдоманаанд, унсури дониш дар онҳо як амри табиист ва онҳо осоре ҳастанд миёни адабиёт ва илм муштарак ва аммо дар ашъори хурди ғиноӣ (лирикӣ) шоир танҳо бо эҳсосу отифа метавонад осори шоистае биофаринад, балки беш аз ин, дар чунин осори латиф ворид кардани унсури илму дониш аз латофати он мекоҳад ва онро гарону нодилпазир мегардонад. Чунин андешае комилан ботил аст ва илму дониш аз хурдтарин навъи шеъри ғиноӣ, ки байт аст, то бузургтарин, ки шояд қасида бошад, яке аз ҷавҳарҳои зотӣ, ногузир ва беш аз ин бадеиятофарин мебошад, ки баста ба мизони истеъдоди гӯянда муассир воқеъ мегардад.
Чун аз дӯстдорони адабиёт суол шавад, ки нобтарин шеър, холистарин сурудаҳои ғиноӣ, ки дар шеърияти онҳо шаккеву тардиде нест, ба кадом шоирон мансубанд. Аминам, ки агар ду танро ном бибаранд, яке Ҳофиз хоҳад буд ва агар танҳо як танро, пас он ҳам Ҳофиз хоҳад буд. Пас, бубинем, ки дар шеъри Ҳофизи “лисонулғайб” (ки он ҳам ғолибан иборат аз латифтарин навъи шеъри ғиноӣ – ғазал аст) унсури дониш саҳм дорад, ё не?
Чун қасд кардем, ки мавзӯи донишҳои адабиро ба бахшҳои баъдӣ мавқуф гузорем, ҳоло ба донишҳои адабии Ҳофиз кор намегирем. Танҳо, ба он хотир, ки бисёр ҷолиб аст, сухани “мурид”-и ғарбии хоҷа И.В.Гётеро ба ёд меорем, ки дар васфи лаёқат ва дониши Ҳофиз дар забони форсӣ гуфтааст: “Ҳофиз дар забони форсӣ чандон тасаллут дорад, ки ҳатто бидуни он ки худ эҳсосеро аз қалбаш бигзаронад, танҳо бо ҷобаҷоии матлуби каламот метавонад хонандаи худро бихандонад ва бигирёнад” (яъне танҳо аз раҳгузори дониш ва малака). Воқеан, ин ишораи дақиқест, ки танҳо шоире чун Гёте метавонист ба он пай бибарад ва бо итминон бар он таъкид намояд, ва, зимнан пас аз ин баёнот кас ба фикре мерасад, ки Гёте бояд форсиро медониста бошад. Хусусан, дар ашъоре, ки Ҳофиз аз дигар шоирон пайравӣ карда ин нукта басо ошкор аст. Ба ин маъно ки баъзан Ҳофиз байтеро аз шоире гирифта ва танҳо бо тағйири як-ду калима ё баъзан ҳатто бо тағйири ҷои як-ду калима, ё тағйири тартиби мисроъ шеъре сохта, ки басо баландтару беҳтар аз шеъри шоири аввалист. Яъне агар шоири аввалӣ он мазмунро аз таҷриба ва эҳсоси худ офарида, пас, Ҳофиз рӯйи он санъат ба харҷ додааст ва чизе офаридааст, ки на танҳо аз назари ҳунарӣ, балки ба ҷиҳати табиӣ будан ҳам аз шеъри пешин бартар аст. Баландтарин дараҷаи ҳунар низ ҳамон аст, ки ҳунарвар осори бахя ва пардози санъатро аз офаридаи худ бизудояд ва ба он сурати табиӣ бидиҳад. Ин ҳунар дар шеъри Ҳофиз ҳамеша мушоҳида мешавад.
Замоне Ҳофиз мегӯяд:
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин
Ба лаъби Зуҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш...
Каманди сайди баҳромӣ бияфкан, ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро, на Баҳром асту на гӯраш...
Ё:
Ойинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро
Ва аз ин қабил, мо камоли дониши Ҳофизро дар таърих ва асотир мушоҳида мекунем, ба ҳадде, ки асотир ва таърих дар коргоҳи эҷодии ӯ дар канори воқеиятҳои рӯзмарра ва одӣ қарор гирифтааст. Ва гар ин донишҳо бо донишҳои адабӣ чандон фосила надоранд ва ба шумори саноеъи бадеӣ оварда мешаванд (талмеҳ), пас мо нишони донишҳои дигарро ҳам мебинем:
Биёмӯзамат кимиёи саодат:
Зи ҳамсӯҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ.
Кимиёи саодат, дар ин байт чунон ки аксар дар шеъри Ҳофиз аст бо думаънои зеҳнро ба сӯйи иҳом мекашад ва агар маънои аввали он иксир ва доруи саодат аст, боз ба китоби Муҳаммади Ғаззолӣ “Кимиёи саодат” низ ишора мешавад, ки китоби дин ва таҳзиби ахлоқ аст ва дар ин китоб парҳез аз ҳамнишини бад шарти аъзами саодатмандӣ муаррифӣ мешавад. Шакке нест, ки Ҳофиз аз ин китоб огоҳии комил дорад.

Ба ҷуз ин дар ашъори Ҳофиз борҳо нишони огоҳии комили шоир аз дигар анвои улум, аз ҷумла улуми табиӣ ва дақиқ мушоҳида мешавад. Ва на танҳо огоҳӣ, балки чун унсури шеърофарин кор гирифтан аз онҳо, ки намунаҳо дар пай хоҳад омад.

Ҳофиз худ ба огоҳӣ барҳақ аз ҷанбаи маърифатии шеъраш тафохур мекунад:
Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!
Ва ин маърифати Ҳофиз як маърифати номушаххас ва мавҳум нест, балки аз аносири донишҳои гуногун ҳосил шуда, ҳатто донишҳои ҷузъие, ки барои бештари аҳли ҷомеаи замонаш маълум ҳастанд ва ин маълум будани он донишҳо ба шоир имкон медиҳад, ки онҳоро матои шеъраш қарор бидиҳад, зеро шеър умумитар аз дониш аст ва нукоти илмӣ дар шеър бояд ба ҳадде маълуму маъмул бошад, ки бо ишорате баёни онҳо кофӣ бошад. Масалан, чандин истилоҳоти мусиқӣ ва номи оҳангҳои машҳур дар шеъри Ҳофиз дар кисвати иҳом меояд:
Навои маҷлиси маро чу баркашад мутриб,
Гаҳе Ироқ занад, гоҳ Исфаҳон гирад.
Зи лутфи ғайб ба сахтӣ дил аз умед матоб,
Ки мағзи нағз мақом андар устухон гирад.
Барои афроди рӯзгори Ҳофиз, он қадр ки хонаи мағз будани устухон маълум аст, ба ҳамон андоза муштарак будани калимаҳои “Ироқ” ва “Исфаҳон” байни номи шаҳрҳо ва номи оҳангҳои мусиқӣ маълум мебошад, аммо корбасти тозаи шоиронаи ин огоҳиҳо байни шоир ва хонанда муоширати дилпазирро ба вуҷуд меорад.
Ҳофиз бо он шаҳомати маънавӣ ҳатто аз ҷузъиёте маишӣ ва рӯзмарра мисли кулоҳи сари боз истифодаи шоирона мекунад. Мавзӯъ ин аст, ки барои ром нигоҳ доштани бозу шоҳин ва дигар мурғони шикорӣ аз чарм кулоҳе бар сари онҳо мекашиданд, ки чашмонашонро мепӯшид ва танҳо замони ба сӯйи сайд партоб кардан, ин кулоҳро аз сари онҳо мегирифтанд:
Боз арчи гоҳ-гоҳе бар сар ниҳад кулоҳе,
Мурғони қоф донанд оини подшоҳӣ.
Ин дониши ҷузъӣ, ки қоидаи кулоҳи боз аст, дар доираи маънавии олӣ қарор дода мешавад ва маърифати осмониро пайкари мушаххаси заминӣ мебахшад, агарчи ба воситаи тазод.
Ҷои дигар мебинем, ки Ҳофиз аз донишҳои куҳани наботшиносӣ (гиёҳшиносӣ – ботаника), ки муътақид буданд, нури моҳ, хусусан дар лаёлии байзо (шабони сафед) боиси ба камолу ҷамол расидани гиёҳҳо, бахусус гулҳо мегардад, чунин баҳраи шоирона мегирад:
Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард,
К-ӯ нур зи маҳ дораду маҳ нур аз ту!
Борҳо ба маҷозу киноя аз истилоҳоти гавҳаршиносӣ ва кимиёии қадим, аз ҷумла ба иёр задани зару гавҳар ва шинохтани асли онҳо ишора менамояд:
Дар хулуси манат ар ҳаст шаке, таҷриба кун,
Кас иёри зари холис нашиносад чу маҳак.
Хуш бувад, гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрӯй шавад ҳар кӣ дар ӯ ғаш бошад.

ДОНИШУ МАЪРИФАТ ШӮРИ ШЕЪРӢ ҲАМ ДОРАД
Албатта, шеваи истидлол (делеловарӣ) ва муҳокима дар шеър нисбат ба илм фарқ мекунад, ки дар оянда муфассалтар хоҳем гуфт, аммо донишҳо ба сурати хулоса ва бадеҳиёти илмӣ (аксиома) ҳамеша абзори шеър будаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба ин абёти Одамушшуаро Рӯдакӣ, ки мо одат кардаем шеъри ӯро намунаи шеъри бепироя ва содатарин арзёбӣ бикунем:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша, то бувад оин-ш, гирдгардон буд.
Куҳан кунад ба замоне, ҳар он куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне, ҳар он чи хулқон буд.
Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам шуд, он куҷо биёбон буд...
Оре, имрӯз мо ба ин ҳарф одат кардаем ва дар назарамон як ҳарфи сода мерасад, аммо баҳси ҳазоронсолаи илмист, ки аз ҷумла барои ин назар – сайёр ва мутаҳаввил будани замин ва, умуман, кайҳон донишмандонеро ба таъқибу куштор ҷазо додаанд (зимнан онҳое, ки имрӯз моро хурофотӣ ва донишҳаросу донишситез мехонанд) ва чун ин донишҳо дар Қуръон мастур буданд, дар дунёи ислом чунин бархурде бо донишмандони ҳомили ин ақидаҳо нашуд ва шоири мо ҳам ба осониву содагӣ онҳоро гӯшзад мекард. Аммо ҳоло ҷойи баҳси ин тафовутҳо нест ва бояд гуфт, ки ҷуз вазну қофия ва як ташбеҳи барҷаста, ки дунёи гардон ба чашм монанд карда шуда, камтар чизеро аз абзори сирф адабӣ ва шеърӣ дар ин гуфтор мебинем, аммо ин гуфтор то умқи ҳоссаи адабӣ ва шеърии мо мерасад ва бисёр шоирона пазируфта мешавад. Чаро? Албатта, бидуни ҷазбаи хосси сухани устод Рӯдакӣ ин ҳол муяссар намегардад, аммо саҳми унсури дониш ҳам дар ин ангезандагии калом кам нест ва МАЪРИФАТ, ДОНИШ ДАР ЗОТИ ХУД НЕРӮИ АНГЕЗАНДАГӢ ВА ШӮРИ ШЕЪРӢ ДОРАД. Ин хосияти каломи ҳовии илм дар мақолоти одӣ ҳам ба назар мерасад. Масалан, вақте мо мехонем, ки ин замини дар назари мо истода ба суръати то 1670 км дар соат ҳаракат мекунад, (ва офтоб ба маротиб беш аз ин) ин дониш на танҳо ақли моро таҳрик медиҳад, балки эҳсоси шигифтие дар қалби мо бармеангезад, ки он шабеҳи эҳсоси шеърӣ мебошад ва гоҳо неруи ангезандагии чунин иттилооти илмӣ қавитар аз ҳар навъ каломи мухайяли шеърист ва шоири тавоно аз ин иттилоот метавонад истифодаҳои шоиронае мутобиқ бо мақоли “нуран ало нур” (нур болои нур) бикунад. Мисли Абулмаонӣ Бедил, ки фармуда:
Нозро аҷз худписандӣ дод,
Осмонро замин баландӣ дод.
Яъне ин имтиёзоти ҷаҳон бар асоси назарияи нисбат (таносуб) устувор аст. Агар аҷз, нотавонӣ, тазарруъ, бандагӣ, ошиқӣ набуд, ноз, такаббур, ҳусн, маъшуқӣ мабное ва пойгоҳе намедошт ва агар замине намебуд, ки рӯйи он инсоне намебуд ва дар нисбати мақому мавқеи худ барои осмон нисбати “баландӣ” қоил намешуд, меъёру паймонаи дигаре дар миён набуд, то ин “баландӣ” арзёбӣ ва шинохта шавад. Шеър дар нафси ин воқеият аст ва имкон медиҳад, ки як андешаи азими илмӣ ба содатарин баён ба ҷилва ояд – Осмонро замин баландӣ дод – ва ҳамин таносуби маънои олӣ бо баёне бисёр содаву одӣ ин шӯри шеъриро дуболо мекунад. Наздик ба ҳамин маъно Бедил ҷойи дигар мефармояд:
Гар баланду паст нафрӯшад тамиз,
Аз замин то чарх ҳамвор асту бас.
Мазмуни байт ба куллӣ як мақулаи улуми табиист (физикӣ): яъне агар неруи мудрика (дарку шинохти мо – тамиз) баланду паст муқаррар накунад ва баҳси баланду пастро ба миён наёрад, дар асл дар ҷаҳон, кайҳон ҳеч гуна баланду пасте (ҳамчунин чапу рост ва ғ.) вуҷуд надорад ва ҳамагӣ ҳамвору яксон аст. Баёни шеърӣ ин аст, ки Бедил неруи мудрика “тамйиз”-ро ташхис (шахс) мекунад ва кори ӯро “фурухтан” (ба ҷойи маърифат кардан) биномад, ки манзур аз ин фурӯхтан кори сохта ва беасосе кардан (мисли ноз фурӯхтан ё фахрфурӯшӣ кардан) ё фузулӣ (маҳмадоноӣ – ҳамадоноӣ) кардан аст. Аммо шӯри шеърии ин навъи баёни маҷозии Бедил бидуни шӯри шеърие, ки аз айни маърифати илмии ин нукта (ҳамвор будани кайҳон) ҳосил мешавад, чизе нест. Ба таъбири дигар саҳми дониш ва илм дар таъмини неруи шеърии ин байт басо бештар аз саҳми санъат ва суханварист.

Ин шеваро мо дар сартосари осори Бедил ва умуман сабки ҳиндӣ мушоҳида мекунем ва баъдан дар адабиёти қарни 20 (хориҷ аз ин сабк) хусусан дар осори адабии Муҳаммади Иқбол.


ДОНИШУ МАЪРИФАТ ШӮРИ ШЕЪРӢ ҲАМ ДОРАД
Ҳар боре дар хусуси ҷанбаи ангезандагӣ ва шеърии донишу маърифат андеша ба миён ояд, чун намунаи комил шеъри “Навои вақт”-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба ёд мерасад. Дар ин шеър ба муроди хос аз фарзияи машҳури физикӣ дар қарни 20 дар бораи вақт кор гирифта шудааст. Ин фарзия чунин аст, ки чизе ки ба номи “вақт” мо мешиносем, дар асл вуҷуди хориҷӣ ва мустақил надорад, балки зодаи нисбатҳо ва таносубҳост. Масалан, танҳо ба воситаи ҳаракати чизе аз як нуқта ба нуқтаи дигар (ки дар чанд вақт анҷом мешавад), аз ҷумла ба асоси гардиши сайёрот, гардиши тирчаҳои соат, ба воситаи дигаргун шудани муҳит (фаслҳо) ва аҳвол (инсонҳо) ва... мо баҳси вуҷуд ва гузори замонро ба миён меорем, аммо бидуни ин нисбатҳо ба ҳеч васила чизеро ба унвони вақт наметавонем мушаххас бикунем. Як сари риштаи ин баҳс ба инкори вуҷуди чизе ба номи “вақт” мерасад ва сари дигари он ба боварҳои устураии қадим, ки дар ойини Зарвония (Замони бекарон) таҷассум ёфта замонро вуҷуди мутлақ ва офарандаи ҳама чиз медонад.
Албатта, Иқбол эътиқоди худро дар бораи замон (тавре, ки аз “Ҷовиднома” маълум мешавад) аз ислом мегирад (“лӣ маъаллаҳ” ва ҳадиси “Ба замон дашном мадиҳед, ки замон манам”), аммо аз ин фарзияи илмии дар замони худаш маъруф истифодаи бисёр шоирона мекунад ва шеъри бисёр дилангезе меофаринад ҳама пардозаш аз рангу бори дониш ва ин рангу бори дониш ҳамроҳ бо тасвирҳои зебо ва мусиқии калом, шеъри фалакпечеро ба вуҷуд морад, ки шӯри шеърӣ дар он камтар аз ҳеч суруди ошиқонае нест:
НАВОИ ВАҚТ 
Хуршед ба домонам, анҷум ба гиребонам, 
Дар ман нигарӣ ҳечам, дар худ нигарӣ ҷонам, 
Дар шаҳру биёбонам, дар коху шабистонам, 
Ман дардаму дармонам, ман айши фаровонам, 
Ман теғи ҷаҳонсӯзам, ман чашмаи ҳайвонам.
Чингизию темурӣ муште зи ғубори ман, 
Ҳангоман афрангӣ як ҷаста шарори ман. 
Инсону ҷаҳони ӯ аз нақшу нигори ман, 
Хуни ҷигари мардон сомони баҳори ман, 
Ман оташи сӯзонам, ман равзаи Ризвонам.
Осудаю сайёрам, ин турфа тамошо бин, 
Дар бодаи имрӯзам кайфияти фардо бин, 
Пинҳон ба замири ман сад олами раъно бин, 
Сад кавкаби ғалтон бин, сад гунбади хазро бин, 
Ман кисвати инсонам, пироҳани Яздонам.
Тақдири фусуни ман, тадбири фусуни ту, 
Ту ошиқи Лайлоӣ, ман дашти ҷунуни ту, 
Чун рӯҳи равон покам, аз чанду чигуни ту, 
Ту рози даруни ман, ман рози даруни ту, 
Аз ҷони ту пайдоям, дар ҷони ту пинҳонам.
Ман раҳраву ту манзил, ман мазраъу ту ҳосил, 
Ту сози сад оҳангӣ, ту гармии ин маҳфил, 
Овораи обу гил, дарёб мақоми дил, 
Гунҷида ба ҷоме бин ин қулзуми бесоҳил, 
Аз мавҷи баланди ту сар барзада тӯфонам.
Иқбол “чолаҳои сиёҳи” (черные дыры) донишро, яъне он ҷоро ки дониш раҳ набурдааст, ба мафҳуми “ишқ” пур мекунад ва муҳим ин аст, ки он нуқтаҳои холиро мешиносад. Масалан, мегӯяд:
Шуои меҳри ӯ қулзумшикоф аст,
Ба моҳӣ дидаи раҳбин диҳад ишқ.
Қулзум баҳри пуроб ва амиқро гӯянд. Дар умқи зиёди баҳр, ки ба ҳеч ваҷҳ рушноии хуршед ва ҳеч навъ рушноии дигар роҳ надорад, моҳиёне дорои чашм ва раҳбин дар таку пӯй ҳастанд. Илм мегӯяд, ки биниш (биноӣ) ҳосили бархурди инъикоси нур дар ашёи диданӣ дар гавҳари чашми мо ва дигар ҷонварони бинанда аст. Аммо он ҷо, ки ҳеч навъ нуре ва инъикосе нест, моҳӣ чи тавр аз биноӣ бархӯрдор аст. Онро ба чизи дигаре ҷуз ғаризаи (инстинкт)-и табиӣ ё илоҳӣ, ки онро ба таъбири дигар ишқ меномем, таърифу таъбир наметавон кард. Ҳамчунин фарзияи дигари илмиро дар ҳамин замина ба шоиронагӣ ва таҷоҳули ориф меорад:
Чаман дар чашми мо як мавҷи ранг аст,
Кӣ медонад ба чашми булбулон чист?!
Ин калом ҳар қадар, ки аз раҳи дониш ангезанда аст, ба ҳамон ҳад ангезандагии шеърӣ дорад, бавижа бо овардани сувари хаёли машҳуре чун “чаман” ва “булбул” ба таркиби шоиронаи “мавҷи ранг”.
Нигариши илмие наздик ба он чи дар фалсафа “идеализми субъективӣ” меноманд (яъне вобастагии моҳияти ашё ба навъи пазириши мо) ба Иқбол имкон медиҳад, ки барои нақши меҳварӣ ва асосӣ доштани инсон дар олами ҳастӣ шоирона масал бизанад:
Ба зар худро масанҷ, эй бандаи зар,
Ки зар аз гӯшаи чашми ту зар шуд.
Оё ин ҷо баён маҳз шоирона ва адабию тахайюлӣ аст? Аслан чунин нест. Воқеан ва “илман” агар мо барои зар арзишҳое қоил нашавем ва ба он баҳо надиҳем, дар хориҷ аз ин арзишдоварии мо зар аз санги одӣ чӣ фарқе дошта метавонад. Агар он чи Иқбол мегӯяд, ногоҳ зеҳни моро ба як ҳақиқати илмӣ боз накунад, ин сухан ҳаргиз чун шеър рӯҳу равони моро такон намедиҳад.
(Идома дорад)

61 комментарий:

  1. ФАРЗ ПУЛЕСТ МИЁНИ ШЕЪР ВА ДОНИШ
    Наздиктарин ва табиитарин марҳалаи пайванди маърифати адабию шеърӣ бо маърифати илмӣ шояд “фарз” бошад. Зеро “фарз” бидуни ваҳм ва тахайюл муяссар намегардад ва маълум аст, ки ваҳму (воображение) тахайюлро (фантазия) мо ҷавҳари аслии шеъру адаб меномем. Чун фарз дар риёзӣ зиёд пеш меояд, гуфтаанд, ки “ҳар касе як каме шоир набошад, натавонад, ки риёзидони хуб шавад”. Ин фарз дар анвоъ ва саноеъи адабӣ бештар ба ташбеҳ ва тамсил наздик аст ва дар маҷмӯъ дар ҳама саноеъи адабӣ саҳме аз он ҳаст. Ҳоло барои тасаввури беҳтари ҳамин мавзӯъ, ки мавриди баррасии мост, низ ба фарз аз тариқи ташбеҳу тамсил рӯй меорем ва ҳамзамон бо он, ки масъала равшантар мешавад, барои субути иддаъои боло низ мисол медиҳем.
    Пештар гуфта шуд, ки ҳосили муҷассам ва ба навъе модии ҳам илм ва ҳам шеъру адаб дар калимаҳо муҷассам ва хулоса мешавад. Шумо ин калимаҳоро, ки “нахустунсури адабиёт” (Горкий) ё “моддаи шеър” (Насириддини Тусӣ) ҳастанд хишт тасаввур кунед ва шоиру олимро бинокор, ки мехоҳанд сохтмон кунанд. Қасди олим сохтмоне хоҳад буд бо тарҳи ба андозаи кофӣ барои баровардани эҳтиёҷ муносиб, мустаҳкам, гунҷо ва албатта ба зоҳир низ ба андозаи кофӣ мутаносиб. Аммо ин шарти охирӣ аст ва муроди аслӣ ду шарти аввал. Қасди шоир ва адиб дар баробари эҷоди сохтмони муносиб барои баровардани ниёзи зиндагӣ, ҳамчунин эҷоди намунаи зебоист. Мисли қасрҳои машҳури Тоҷмаҳал ё Кремл, ки ҳам сохтмонҳои ҳаётан зарурӣ ҳастанд ва ҳам асари санъат.

    ОтветитьУдалить
  2. Шарти аввал барои таъмини муваффақияти ҳарду (олим ва шоир) дар ихтиёр доштани миқдори ҳарчи бештари хишт (калимаҳо) мебошад ва миқдори зиёди хишт (калимаҳо) ҳаҷми ҳарчи бештари дониш аст. Зеро ҳар калима як воҳиди дониш аст. Масалан, бинокоре, ки танҳо ҳазор хишт дорад, ҳар қадр ҳунарманд ҳам бошад, чизе масалан беш аз катаки мурғ наметавонад бисозад. Онро ҳар қадр ҳам зебо бисозад, мунтаҳо кӯчак аст. (Манзур ҳар асари алоҳида нест, балки кулли эҷодиёт аст). Хоҳ олим бошад ва хоҳ шоир.
    Шарти дуввум таркиби ин хиштҳо ҳаст, ки метавонад аз гили хом бошад ё пухта ё санги мармару хоро ё кошии луъобдор ва ё чизҳои ҳатто беҳтар. Мисли калимаҳои сарае, ки ҳам зебоанд ва ҳам анбошта аз илму дониш.
    Сеюм ҳунари чидани ин хиштҳост, ки бо ҳаҷми баробари хиштҳо яке метавонад бо чиниш ва тарҳи зебо қаср бисозад ва дигаре танҳо анбор. Асари илмӣ ҳам бидуни таносуби зебо хуб пазируфта намешавад, вале шарти асосияш ин нест. Аммо дар асари адабӣ, шеър, санъат тарҳу чиниши (чидмони) зебои калимаҳо (хиштҳо) аз шартҳои муҳимтарин ва аввалин аст. Камоли ҳунари меъморшоир ин аст, ки калимахиштҳои одии гилиро тавре бичинад, ки қасри гилии ӯ бо арзиши ҳунарии худ аз қасри мармарин ё заррин камарзиштар набошад. Мисли оромгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки агарчи аз хишти хом аст, ҳунари меъморие, ки дар он харҷ шуда, арзиши онро беш аз ҳар қасре кардааст ва албатта ба изофаи шаҳомати муқими ин оромгоҳ. Ҳамчунин баъзан коса ё кӯзаи одии гилии (сафолии ) қадимро мебинем, ки сохти ҳунарии он ва санъате, ки дар он ба кор рафта, қимати онро баробари косаи заррин кардааст.

    ОтветитьУдалить
  3. Аммо, зимнан, шеъри Саъдӣ ба ёд меояд, ки фармуда:
    Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
    Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
    Бо шикастан ва дарҳам пошидани сохту бофти ҳунарии як асари санъат, масалан, он коса тасаввур шавад, агар моддаи он аз чизи камарзише чун гилу сафол бошад, ҷуз мушти хоки беарзиш чизе боқӣ намемонад, аммо агар коса, ҷом ё қаср аз маводи пурарзише (чун мармар ё зар) бошад, баъди харобӣ ҳам чизи арзишманде боқӣ мемонад.
    Ин хароб шуданро дар мисоли шеъру адаб ва осори санъат мо ба тарҷума ва ё шарҳу тафсири мансури осори манзум нисбат медиҳем, ки ногузир бофту сохт ва дар маҷмӯъ шакли асари санъат барҳам мехурад ва мазмунаш, маънояш муҳтавояш боқӣ мемонад. Пас ин мазмун, муҳтаво, маъно дар зоти худ, бидуни ороиши шакл ҳар қадар арзишманд бошад, пас аз харобии асли аввал, ҳамон қадар арзиши он маҳфуз мемонад. Мавлоно мегӯяд:
    Чунки гул рафту гулистон шуд хароб,
    Бӯйи гулро аз кӣ ҷӯем? Аз гулоб!
    Зебоии гул, ки дар сиришт аст, дар бӯйи гулоб ба навъи дигар боқӣ мемонад.
    Ин аст рамзи маънои воло, ки дар шаклу қолаби волост ва чун маъно худ баланд аст, агар шакли он барҳам бихурад, ҳаройина арзиши он боқӣ мемонад.
    Пас асари воқеан арзишманди адабӣ он аст, ки аз калимаҳои заррин – яъне ҳам дорои шакли зебо ва ҳам маънои баланд сохта шуда бошанд. Онгоҳ агар ин навъ асарҳо ба тарҷума, бозгӯӣ тафсир ё ҳар ҳар чизи дигар дучор шаванд, ҳаройина арзиши худро аз даст нахоҳанд дод. Мисли косаи заррин, ки чун бишканад, қиматаш кам нашавад.
    (Идома дорад)

    ОтветитьУдалить
  4. Шеър ва дониш (8)
    ШЕЪР ВА ВОҚЕИЯТ
    Дар идомаи суҳбати пешин ногузир ба баҳси таносуби санъат бо зиндагӣ ва воқеият мерасем, агарчи ин ҳадафи мустақими ин гуфтор нест. Ҷараёни маъруфи назарии “Санъат барои санъат” ё “Ҳунар ба хотири ҳунар”, ки дар чанд садаи ахир тарафдороне дошта ва шеваҳои гуногунеро дар ҳама анвои ҳунар, аз ҷумла адабиёт (ин ҷо муроди мо – шеър) ба вуҷуд оварда, иддаояш ин аст, ки ҳунар ва аҳдофи он як ҷаҳони хоссе мебошад, ки меъёрҳои худро дорад ва мурод аз офаридани осори ҳунарӣ маҳз худи ҳамин осори ҳунарӣ ва ба ҷилва овардану арза кардани лаёқату истеъдод ба воситаи ин осор мебошад. Аз осори ҳунарӣ (аз ҷумла шеър) чизи дигаре ҷустану хостан таҳмили норавост. Дар ниҳоят ин ҷараён ба шаклпарастӣ ва қолабороии маҳз мунҷар мегардад. Ба иттифоқи назарҳо саромад ва ҷомеъи ин навъ назариётро нависандаи Фаронса Густав Флобер (1821 – 1880), муаллифи румони машҳури “Хонум Бовари” медонанд. Густав Флобер ҳадафи ҳунарро бартар аз ранҷҳои инсонҳо ва масоили иҷтимоӣ медонад ва хилвати ҳунарманд – адибро ба таъбири “Бурҷи оҷ” (Башня из слоновой кости) баён мекунад, ки ҳунарманд, адиб дар он хилват гузида, ба дур аз машғалаҳои ҷомеа осори олиҷаноби ҳунарии худро эҷод мекунад. Ӯ менависад: “Бояд вуҷудро раҳни рисолати худ намуд, ба бурҷи оҷи худ баромад ва мисли баядера (раққосаи мазҳабии ҳиндӣ) миёни накҳати атриёт ғарқи таманноҳои худ шуд”. “Бигузор Империя ба пеш қадам бардорад, вале мо дарро мебандем, ба баландтарин нуқтаи Бурҷи оҷи худ мебароем, ба охирин зина, ҳарчи наздиктар ба осмон. Он ҷо баъзан сард аст, воқеан! Аммо ин фоҷеа нест! Дар иваз ситораҳо дурахшонтаранд ва ҳарфи аҳмақон ба гӯш намерасад.” (ВикипедиЯ).

    ОтветитьУдалить
  5. Аз ин суханон садои касе ба гӯш мерасад, ки аз ҷомеа, олами атроф, инсонҳо маъюсу мутанаффир аст ва мехоҳад ба воситаи ҳунар барои худу худгунаҳо ҷаҳони алоҳидае биофаринад. Аммо то куҷо? Ӯ худ ҷузви ин олами вуҷуд аст ва мазмуну мундариҷоти осорашро низ аз воқеият ва ҷомеа мегирад. Танҳо ин боқӣ мемонад, ки худро аз рисолати иҷтимоӣ ва башарӣ озод намояд, ки албатта муяссар нест.
    Посухи муҷаз, шоирона ва ҳакимонаи ин навъ назарияро метавон дар як байти фарди Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ пайдо кард, ки фармуда:
    Дурдона адошиноси дарёст,
    Аз гардиши осиё чӣ донад?
    Дурдона нозпарварди дарёст ва дар синаи садаф, дар хилвати дили дарё нишаста адоҳои он, навозишҳои онро дармеёбад ва ба тафохури ноздонагии худ машғул аст, чун асбоби зинат ва таҷаммул аст, аммо чи медонад, ки ин дарё чи тавр чархҳои азими зиндагии башарро мегардонад? Оё ин муҳимтар ва ҳатто зеботар нест? Алҳақ, чун муҳташамтар, ҳадафмандтар ва маънодортар аст. Ин се унсур шарти зотии бақо ва асолату устувории зебоист. Дарё рамзи олами вуҷуд ва зиндагист, дурдона рамзи ҳамон хилватнишини ноздона.
    Албатта, Иқбол ва дигар шоирони мо аз ин сувари хаёл ё образ (дурдона, гавҳар, марворид) истифодаҳои дигаре доранд, ки он ҷо ба муроди дигар “қаҳрамон” аст.
    Масъалаи рисолати ростини адиб, аз оғози вуҷуди адабиёт мавриди баҳсу баррасӣ буда, яке аз иёрҳои шинохти қимати осори бадеъ дониста шудааст. Аз Афлотуну Арасту то Ибни Синову Насириддини Тӯсиву Фирдавсиву Ҳофизу Саъдиву Ҷомиву Бедилу Иқболу Турсунзода ва рисолат шоиронро чун шабеҳи рисолати паёмбарон донистаанд:
    Пешу пасе зад чу сафи кибриё,
    Пас шуаро омаду пеш анбиё.
    (Низомӣ)
    Шеърро мақсуд агар одамгарист,
    Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.
    (Иқбол)

    ОтветитьУдалить
  6. Аммо ҳоло маҷоли ин баҳси густарда нест, чун муроди мо бештар суҳбат рӯйи моҳият ва ҷанбаи зотии илмӣ ва ҳунарии шеър аст.
    Пештар ёд шуд, ки иртибот ба воқеият ва короӣ бар зебоии чизҳо меафзояд. Шумо тасаввур кунед: шамшереро мебинед бар девори дуконе овехта, зебоии он назари шуморо ҷазб месозад. Аз дукондор суол мекунед, ки ин шамшери ҳақиқист. Ӯ, масалан, посух медиҳад, ки на зинатӣ ва ороишист. Ҳамон замон зебоии он шамшер дар тасаввури шумо баҳам мехурад. Мисли он ки масалан мурдаи ҷонвари зебоеро дида бошед. Ҳамин тавр, ҳар чизи зебое, ки асолати амалӣ надорад, бо дарёфти ин нукта дар назари шумо сард мегардад ва ҳаргиз зебоии асли он чизро нахоҳад дошт.
    Шеъре низ, ки танҳо ба хотири нишон додани ороишоти лафзӣ суруда шуда ҳадафи равшан (бигузор эстетикӣ ва зебошинохтӣ) ва нуктае тозаву эҳсосоте волоро дар худ гунҷоиш надодааст, чунин аст.

    ОтветитьУдалить
  7. Шеър дониш (9)

    МАЪНИОФАРИНӢ ВА ТАКАЛЛУФ
    Манзур аз воқеият дар шеър, албатта, вуҷуди ҳатмии ҳодисаву воқеа ва ё тасвири ҳатмии чизҳо ва рухдодҳои воқеӣ нест, агарчи вуҷуди ин чизҳо низ як шарти муваффақияти шоир ва, умуман, адиб мебошад, балки манзур ба мизони эътидоли ақлу мантиқ ва тасаввуру тахайюл, ҳамчунин қоидаҳои забону баён мутобиқ будани сухани шоир ва дар ниҳоят бо паёме бозгӯии ҳадафе, нуктае анҷом ёфтани сухани шоирона мебошад. Ҳамчунин гуфтанист, ки мақсуд аз эътидолу мантиқ маҳдуд кардани имтиёзоти каломи бадеъ нест, балки дар ҳудуд ва қаламрави сухани бадеъ ва фазои ҳунару адабиёт ин чизҳо дар назар дошта мешавад. Ҳам беиттилоъӣ ва белаёқатӣ дар корбурди имконоти баёни адабӣ ва тахайюл ва ҳам ифроту зиёдаравӣ ва ё инҳироф дар истифода аз ин имконот яксон шоир ва адибро ба вартаи нокомӣ мекашад. Шоирони тавоно ва огоҳ бо нигоҳи ноқидона гоҳо ба ин дурӣ аз низоми эътидол дар ашъори худ ишора кардаанд. Аз ҷумла Шавкати Бухороӣ, ки ба сабки ҳиндӣ гароиш дошт, менависад:
    Зи фикри дур хаёлам ғариб шуд, Шавкат,
    Миёни маъниву шеърам ҳазор фарсанг аст.
    Манзури Шавкат дар ин байт ҳам агарчи танҳо мазаммати “хаёли дур” нест, балки аз ин мазмун ҳам истифодаи шоирона мекунад ва дар асл бо хаёли ғариб (маънии ғариб, хаёли фавқулода) менозад, аммо ҳаройина касоне, ки аз сабки ва ғулувв дар он огоҳанд, ҳамзамон нақди ин шеваро эҳсос мекунанд.
    Бедил ҳам бо ишораи танзомезе ба “хаёли дур” маъносозӣ мекунад, аммо чун ҳамеша барои Бедил маънои бикру баланд:
    Дар назар дорем маргу аз амал ғофил наем,
    Пеши по дидан нашуд монеъ хаёли дурро.
    Яъне: маргро дар пеши пойи худ, пеши чашми худ мебинем, вале аз амал (бо алиф, на бо ъайн) – ҳавасу орзуҳои дуру дароз ва муҳол даст намекашем ва ин марги яқинро дар пеши пойи худ дидан ибрате нашуд, ки мо аз хаёлҳои муҳол ва дуру дароз даст бикашем. Воқеан, дар ин байт тахайюл ғарибу бисёр борик аст, аммо бо бофти бисёр ҳунармандона (таносуби мутаноқиз – парадоксӣ) ин маънои ғариб (бикру фавқулода) бо барҷастагӣ баёну мушаххас мешавад.
    Дар натиҷа бо вуҷуди кашидагии бесобиқаи тори тахайюл, мо аз ин байти устодона лаззат мебарем ва онро чун баёни дақиқу барҷастаи як воқеият мепазирем.

    ОтветитьУдалить
  8. Фазои тахайюли Бедил, бо огоҳӣ ва иҳотаи комиле ки дорад, аз Азал то Адам мерасад. Яъне аз нуқтаи пеш аз офариниш то дунё ва ҷаҳони пас аз марг. Ва ин фазои азим барои ӯ ба масал боғест воқеӣ, ки ҳар гоҳ бихоҳад даст меёзад ва аз шохи дарахтонаш самари маъно мечинад. Масалан, ба ин байт таваҷҷуҳ кунед:
    Кафан дар машҳади мо – бенавоён хунбаҳо дорад,
    Зи урёнӣ бурун о, гар тавонӣ шуд шаҳид ин ҷо.
    Дар ин байт тарафи хитоби Бедил арвоҳи муназзаҳ (бидуни ҷисме)-ст, ки ҳанӯз аз водии азал ба олами вуҷуд наёмадаанд ва кафан ҳамин ҷисми дунявист ва хунбаҳои ин кафан саъю кӯшиши камол аст (дил хун кардан аст) то музди ин кафан (ҷисм) дода шавад ва мо “бенавоён” ҷуз ин дил хун кардан дар саъю талаби камол бисоти дигаре барои пардохти ин хунбаҳо надорем ва эй рӯҳи муназзаҳ, агар тоби чунин хунбаҳоеро дорӣ, ба талаби ин кафани шаҳодат – ҷисм биё!
    Ин маъноро дар як байт ба ин зебоӣ ҷой додан на танҳо эҷоз, балки эъҷоз аст. Агар печидагие дар каломи Бедил дида мешавад, на аз мубҳам будани баён, балки аз тарокум (пурии) маъност.
    Аммо вақте ки маъно камрангу пӯч аст, аз ин сабк кор гирифтан, суханро на танҳо дур аз чошнии завқ мекунад, балки ба он ранги ҳаҷву тамасхур медиҳад. Мисли он ки тифле нодон риши сунъӣ бар манаҳи худ бичаспонад, дар чашм айнак гузорад, аммома бар сар ва або бар тан кунад ва ба тақлиди бузургон “ваъз бигӯяд”. Байтҳои “машҳуре” аз қабили:
    Чашми занбӯри асал парвонаеро диду гуфт:
    Оқибат ишқи ту моро хонавайрон мекунад.
    Ё:
    Ҷабри гул бар сари парвона зи занбӯри асал,
    Боғбонро гӯй бори дигараш раҳ надиҳад.
    Ва аҷаб аст, ки баъзеҳо ноогоҳона чунин “шоҳбайт”-ҳоро моли Бедил медонанд.

    ОтветитьУдалить
  9. Шеър ва дониш (10)

    МАЪНИОФАРИНӢ ВА ТАКАЛЛУФ
    Ин ду байт, ки дар асл ду гунаи назми як мазмун мебошанд: -
    Ҷабри гул бар сари парвона зи занбӯри асал,
    Боғбонро гӯй бори дигараш раҳ надиҳад.
    Ё:
    Чашми занбӯри асал парвонаеро диду гуфт:
    Оқибат ишқи ту моро хонавайрон мекунад.
    Чуноне ёдоварӣ гардид, ин байтҳо аз тарафи бисёриҳо моли Бедил муаррифӣ мегардад, ки ин нишони тасаввуроти бисёр сатҳӣ дар хусуси сабки Бедил ва, умуман, афкору осори Абулмаонӣ мебошад.
    Барои “кашфи румуз”-и ин абёт кофист мухотаб ҳаминро бидонад, ки василае, ки занбӯри асалро ба парвона рабт медиҳад шамъ аст, ки аз муми асал сохта мешавад. Нависанда қасдан ин шамъро пинҳон кардааст, то зеҳну завқи мухотабони худро ба ҷустуҷӯ водорад (ё озмоиш кунад). Хулоса, замоне ки “гиреҳ”-и ин байтҳо во мегардад, ҳамин миқдор маъно ба даст меояд, ки 1) “Гӯё ба хотири ишқи парвона ба шамъ аст, ки хонаи аз мум сохташудаи занбӯри асалро вайрон мекунанду аз он шамъ месозанд, ва парвона бо шамъ ишқ мебозад ва ба ин восита зулми парвона ба занбӯри асал мерасад”; 2) “Занбӯри асал шарбати гулҳоро мечинаду асал месозад, баъд он асалро мегиранду аз зарфи он, ки мум аст шамъ месозанд ва дар ниҳоят парвона дар ин шамъ месӯзаду маҳв мешавад ва ба ин восита зулми (ҷабри) гул ба парвона мерасад”. Дар гунаи дувум ба иловаи як сувари хаёли дигар (гул) риштаи хаёл дарозтар карда мешавад ва машқи зеҳн душвортар.
    Ин байт ва ин гунаҳои баён танҳо метавонад дар фазои маҳфиле ё мадрасае одиву сода ба хотири варзиши завқу зеҳн сурат бигирад ва аз мухотабон хоста шавад, ки бо қиёсу таҳлил муносибати сувари хаёлеро (образҳоеро), ки маъмулан дар боқии ашъор дар паҳлуи якдигар қарор нагирифта ва муносибаташон бо якдигар ошкор нест, маълум намоянд. Хусусан, ин вариантсозӣ бо каме тағйири мазмун дар як қолаб ҳамин гуна машқҳои содаи мадрасагиро ба ёд меорад. Гузашта аз ин, дар ин байтҳо ҳатто забону баёни одиву маъмулӣ (на ҳунарӣ) норасо ва дорои иштибоҳу камбуд аст. Дар баёни “Ҷабри гул бар сари парвона зи занбӯри асал” анҷомаи хабарии “аст” ё анҷомаи дигари хабарӣ ҷой надорад, ки аз меъёри забони солим хориҷ аст. Дар ибораи “бар сари парвона” калимаи “сари” зиёдӣ (ҳашв) мебошад. Ҳамчунин дар байти дигар дар ибораи “Чашми занбӯри асал” калимаи “чашми” низ зиёдӣ ва на танҳо ҳашв, балки ҳашви қабеҳ мебошад.

    ОтветитьУдалить
  10. Хулоса, ин байтҳо сохтаи касест, ки на танҳо суханвар ва шоири ҳақиқӣ, балки дорои саводу салиқаи кофӣ дар таҳриру тасниф ҳам нест. Аммо таркиби ин байтҳо барои варзиши завқу хаёли тифлони мактабхон, муқаддимаи ошноии онҳо бо рабту таносуби сухан бесуд нест.
    Акнун бубинем, ки шоирони воқеӣ ва тавоно аз ҳамин таркиби сувари хаёл чи гуна истифода мекунанд.
    Ҳофиз мегӯяд:
    Ҷудо шуд ёри ширинат, бирав, танҳо нишин, эй шамъ,
    Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ, в-агар сӯзӣ.
    “Ёри ширин”-и шамъ, ки низ аз мум аст, ҳамон асал (ангубин) аст ва сӯзи шамъро Ҳофиз ба фироқи ӯ аз ин ёри ширин фарз мекунад. Ҳофиз ин суханро он қадр ба сурати табиӣ, одӣ ва равон мегӯяд, ки ҳаргиз ба хаёл намеояд, ғаробату аҷобатеро манзур дошта бошад ва ин таносубу пайванд ба воситаи ин навъи нигариш ва сабки нигориш асолат пайдо мекунад. Такя ва таъкид бар ғаробати гуфтор кори шоири бузург нест. Ҳофиз ба воситаи ин байт масъалаи азиме чун сарнавишт ва мардона пазируфтани онро ба ниҳояти зебоӣ ва эътимодбахшӣ баён мекунад.
    Бедил мегӯяд:
    Эй нони ту гарм аз тафи дилҳои кабоб,
    Аз ғояти нокасӣ бибояд шуд об.
    То коми ту молид як ангушт асал,
    Бунёди ҳазор хона гардид хароб.
    Хитоби Бедил дар ин рубоӣ дар нигоҳи аввал ва сатҳӣ ба шахси золим ва дар асл ба зоти инсон, аз ҷумла худ аст, ки барои таъмини ҳастии худ ҳама мавҷудоти дигари ҷаҳонро масраф мекунад. Боз ҳам дар ин рубоӣ барои таъмини муассиртарин баён аз ҳамон сувари хаёли асал, мум ва занбӯри асал, бо зикри танҳо яке – асал, истифода мешавад. Яъне барои ба даст овардани як ангушт асал ту – инсон ҳазор хонаи занбӯрро (ҳазор хоначаи мум) хароб мекунӣ. Чи ҳикмати бузург ва такондиҳандаест, ки инсонро ба эҳтиёт ва эътидол дар сарфи неъматҳои ҷаҳон вомедорад ва ҳамчунин ба андешидан дар хусуси мақом, моҳият ва ҷойгоҳи худ дар низоми ҳастӣ. Чунон ки мебинем, дар ин рубоии Бедил ҳам ҳеч гуна таъкид ва ишора ба ғаробати сухан нест, балки онро чун як амри воқеъ баён медорад. Ин ҷост, ки мегӯянд: “Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!”

    ОтветитьУдалить
  11. Шеър ва дониш (11)

    МАЪНИОФАРИНӢ ВА ТАКАЛЛУФ
    МУРДАИ САДСОЛА – унвоне шуд барои таъйини онгуна байтҳои сохтаи такаллуфӣ дар пайи он, ки шояд садумин нафар – як ҳамдарси хуб ва соҳибзавқавм ба наздикӣ занг зад ва аз ман пурсид, ки ҳамин байт оё аз Ҳофиз аст ва чӣ маъно дорад?
    Мурдаи садсола дар тобути мижгон бӯ гирифт,
    Мурдашӯи ҳусн ку, то зинда дар гӯраш кунад.
    Банда ба ростӣ ба ҳолате гирифтор шудам, ки сухан гуфтан бароям душвор будам, аммо ба илоҷе пурсидам, ки “оё ту фалонӣ нестӣ?”. Тасдиқ кард. Гуфтам: “Худоё, магар ту метавонӣ, чунин суханонеро ба Ҳофиз нисбат бидиҳӣ?”. Хандиду гуфт: “Ба ҳар ҳол, ҳамин “мурдаи садсола” чӣ аст? Ин ҷо дар як маҷлис ҳастем, аз ман дигарҳо мепурсанд”. Гуфтам: “Мурдаи садсола” ҳамин байт ва байтҳои дигаре аз ҳамин навъ аст, ки чи балое рух дода, ки мардуми бисёре мухлиси чунин “шеър”-ҳо шудаанд. Чун хушбахтона пештар дар бораи ин байт дар қатори чанд нафари дигар аз устодони адабиёт бо дархости як нашрия чизе навишта будам, қисмати асосияшро барояш фиристодам ва лозим медонам он мақолача ва баъдан боз як мақолачаи дигар, ки ҳамчунин шарҳи боз яке аз чунин музахрафоти дигар аст, оварда шавад.
    Ин аз ҳамон навъи сабку салиқаву таркиби вожагониву баёни шеъри асри 17-19-и ҳавзаи адабиёти Ҳинду Мовароуннаҳр буда, маҷлисӣ ва ё маҳфилӣ мебошад. Ин ҷо ҷустуҷӯ кардани маънии хосе ва маҳдуду мушаххасе, ки бар асли ҳикмате ё устурае ё воқеаи хосе бошад, як кори фиребост, ки метавонад моро ба бунбаст бубарад. Ин ҷо як маънии машҳуре ҳаст, ки дар ҳама шеърҳои шоироне, ки бахусус ғазали ошиқона ва орифона гуфтаанд ва ҳуснро васф кардаанд вуҷуд дорад: нисбат ба шуҳуд, яъне наззора кардан ба мазҳари зебоӣ ва зебоии маънавӣ, ба таври табиӣ ихлосманд будан ва эътиқод доштан, ки ин чиз боиси биноии чашм мешавад. Чунки ҳадиси Расулуллоҳ (с) ҳаст, ки се чиз биноии чашмро меафзояд, дидани рӯйи хуш, оби равон ва сабзазорон ва боз дар ҷои дигар мегӯянд дидори падару модар ва наздикон. Дар маҷмӯъ, ин чиз дар адабиёт бисёр машҳур буд, ки чашм бар асари дидани манзараи зебо, хоҳ чеҳраи инсон бошад, ё манзарае аз табиат бошад, нерӯ мегирад ва биноиаш афзун мешавад.

    ОтветитьУдалить
  12. . Муҳаммад Иқбол ҳам ҳамин нуктаро ба назм кашидааст ва мегӯяд:
    Чашмро биноӣ афзояд се чиз,
    Сабзаву оби равону рӯйи хуш.
    Колбудро фарбеҳӣ меоварад,
    Ҷомаи қаз, ҷони беғам, бӯйи хуш.
    Байти дувум ҳам айнан ба ҳамин маъно ҳадиси шарифи дигар аст. Муносибати ин ду маъно дар ду ҳадис (рӯйи хуш, ё ҳусн ва бӯй), ки дар байти мавриди таҳлили мо дар баробари ҳам омадаанд, нишон медиҳад, ки шоири гӯяндаи он байти машҳур ҳам метавонист таносуби ин ду ҳадисро дар назар дошта бошад.
    Ибораи «сад сол» албатта муболиғаи шоирона аст ва шоир ё як нафар дар гуфтугӯи одӣ ҳам ҳақ дорад ин гуна муболиғаҳоро ба кор бибарад. Масалан, сад сол аст касе рӯйи маҳбуби худро надидааст, мисли он ки чашми Яъқуб аз дидори Юсуф маҳрум буд, сад сол аст, ки чашми ӯ ба рӯшноии ҷамоли маҳбуб ё хостаниаш нарасидааст.
    Мисли мурда тасвир мекунад ин чашмро, ки дар тобут аст ва аз диди тасвирӣ он чизе, ки мо онро ба тобут ташбеҳ медиҳем, дар ноҳияи чашм, муносибтаринаш ҳамон мижгон аст. Чунки масалан, навдаҳои дарахтро ба ёд меоварад, тобут аз навдаҳои дарахт, аз чӯб мешавад. Ва агар чизеро дар ноҳияи чашм мо ба тобут бихоҳем, ки ташбеҳ бидиҳем, ҳамин мижгон аст.
    Шоир аз ҳамин ваҷҳ истифода мекунад ва мегӯяд, ки мурдаи садсола, яъне ҳамон чашми бечорае, ки шояд 5 сол аст, 10 сол аст, ё ӯ метавонад бигӯяд, ки 1000 сол аст рӯйи хостании худро надидааст, яъне мурдаи ҳазорсола. Дар тобути мижгон ҳамин чашмро (ё ҳатто нигоҳро) дар назар дорад, ки гӯё бӯ гирифт, яъне ба ниҳояти харобӣ расид ва мурдашӯи ҳусн куҷост, ки то зинда дар гӯраш кунад. Яъне ҳусн боз ҳамон мазҳари зебоист ва шустан ин ҷо ба маънои наззора кардан, нигоҳ кардан то ин ки ӯро пок кунад, покиза кунад, нерӯ бахшад ва эҳёгарӣ кунад. Он гоҳ медонем, ки масалан, бо об додан, бо ғусл додан баъзан эҳёгарӣ мекарданд. Масалан, Исои Масеҳ, ки бо ғусли таъмид додан ҳам эҳёгарии ҷисмонӣ ва ҳам имонӣ мекард. Ва баъзан инро ба ашк нисбат медиҳанд, ғусл ба воситаи ашк, вале ин ҷо ҳамон манзури аслӣ ҳамон об доштан аст. Боз як чизи дигар ин аст, ки дар сабки ҳиндӣ дучор меояд, ба хусус он маъниҳоие, ки дар таркиби луғавии калима, дар фонди семантикии ҳамон калима вуҷуд доранд, баъзан ба баёни бевосита намеоянд вале дар занҷираи таносуб ба зеҳн мерасанд. Масалан, як нафарро мегӯянд, ки чеҳрааш об гирифт ё ки чеҳрааш об дорад. Ин об доштан ба маънои зебоист. Ҳамин ваҷҳи об доштанро дар зебоӣ, дар ҳусн воситае медонанд, ки дар ин байт дар зери пардаи тахайюл ба баён омадааст, ки ба воситаи ин наззора метавон бо оби ҳусн он мурдаро шустушӯи зиндагибахш дод.

    ОтветитьУдалить
  13. Ин ҷо бештари кори шоирона дар ҳамон ҷумлаи охир – «зинда дар гӯраш кунад» аст. Мо бештар ин таъбирро ба маъное ба кор мебарем, ки касеро зинда дар гӯр кунанд. Масалан аъроби даврони ҷоҳилият (пеш аз ислом) духтарони навзоди худро зинда дар гӯр мекарданд. Дар зеҳни донандагони ин забон зинда дар гӯр кардан бештар ба маънои зинда ба зинда касеро гӯр кардан аст. Манзури шоир дар ин шеър баръакс аст, то ин ки он мурдашӯйи ҳусн бо оби ҷамоли худаш ин мурдаи садсоларо дар гӯри худаш, ки косахонаи чашм аст, зинда кунад, ҳаёт бубахшад. Ҳамин тафовут миёни дониши қаблии мо аз ибораи «зинда дар гӯр ё зиндадаргӯр» худаш завқбахш ва шеързост. Ин байт бо ҳама ҷамолу камоли маънавияш дар ҳамин гуфтаҳо хулоса мешавад.
    Заминаи аслӣ ва асосии ин навъ назари зебошиносӣ, ки тамоми фарҳанги суннатии моро фаро мегирифт, боз ҳамон ҳадиси маъруфи «Инналлоҳу ҷамилун юҳиббул ҷамол» (Худованд зебост ва баростӣ зебоиро дӯст дорад) мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ин зебоӣ хориҷ аз ҳудуди амри худовандӣ нест, ин зебоии худописандона ва баҳраварии худописандона аст. Зеро амалан хости Худо наметавонад дар айни ҳол ғайри хостаи ӯ бошад.
    Аммо корбасти ҳунарии ин байт бо вуҷуди ин қадар мазмунҳое, ки перомуни мавзӯъ мечархад, ба ҳадди зиёд такаллуфӣ ва маснуъӣ буда, ҳеч арзиши ҳунарии аслеро барои он ба бор наёвардааст.
    Ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъниҳои зиёдеро ба ин байт бастан, албатта, гирифтор шудан ба ҷилваҳои иҳоми шоирмаобона аст, ки метавонад шуморо ба бунбаст кашад.

    ОтветитьУдалить
  14. Шеър ва дониш (12)

    МАЪНИОФАРИНӢ ВА ТАКАЛЛУФ
    КОФАРИ КУФР шартан номи байти пуртакаллуф ва шатҳомези дигареро гузоштем, ки чанд сол шудааст, сари забони хурду бузург мечархад ва шояд маънои онро ҳам беш аз 100 нафар мустақиман, бо телефон, бо паёми интернетӣ аз банда хостаанд. Ин “шоҳбайт” чунин аст:
    Мо кофари куфрему худо кофари мост,
    Мо банданавозему худо бандаи мост.
    Ин байт аз қабили шатҳиёт аст. Яъне он ашъоре, ки гӯянда мазоминеро дар баён меорад, ки дар зоҳир дар он исёне ва куфре ба назар мерасад ва чун ин гӯяндагон афроди муъмин ва наздик ба Худованд ҳастанд, ё ҳадди ақал худро чунин мешуморанд, бар тибқи мақоли “Ъиндал аҳбоби тасқутул одоби” (Дар миёни дӯстон одоб соқит мешавад) амал мекунанд, яъне бо Худованд дӯстона сухан мегӯянд. Ва ҳамин куфри зоҳирӣ дар баёни онҳо, ки дилро меларзонад гӯё боиси шеърияти каломашон мешавад,чун кори шеър ҳамин ошуфтани эҳсосот аст. Ва аммо маънии ин байт ба назари банда чунин аст: Мо кофари куфрем яъне пӯшонандаи айби (куфри) бандагон ҳастем ва Худо кофари мост, яъне пӯшонандаи айби мост. Чун як маънои куфр пӯшондан ва махфӣ кардан аст. Ин бар тибқи ҳадисест, ки ҳар кӣ айби муъминро бипӯшонад, худованд айби ӯро мепӯшонад. Мо банданавозем яъне мо дар хидмати бандагони Худо ҳастем. Ва Худо бандаи мост, яъне Худо дар пайи баровардани ҳоҷати мост. Бар тибқи ҳадиси шарифи “Ҳар кӣ дар пайи баровардани ҳоҷати бародари муъминаш бошад, Худо дар пайи баровардани ҳоҷати ӯст”. Аммо бояд гуфт, ки барои гуфтани ин мазмунҳо чунин байте ба зоҳир куфролуд набояд сохт ва агар қалби инсон воқеан муъмин бошад, ба маҷозу шатҳ низ наметавонад чунин суханони ба зоҳир ҳам куфромезро таҳаммул кунад. Шумо тасаввур кунед, ки суханони ба зоҳир (агарчи на ба ботин) тавҳиномез дар бораи шахсони наздики шумо гуфта шавад. Шумо, албатта, аз он суханон таҳқир мешавед, агарчи мазмуни аслии онҳо дигар бошад. Пас чи ҷои сухан, чун дар миён номи Худост. Мирзо Бедил мегӯяд:
    Адабгоҳи муҳаббат нозу шӯхӣ барнамедорад,
    Чу шабнам сар ба муҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо.
    Мусалламан, ин “байт” моли ҳеч яке аз шоирони воқеан бузурги мо нест.

    ОтветитьУдалить
  15. Шеър ва дониш (13)
    МАЪНИОФАРИНӢ ВА ТАКАЛЛУФ
    Бояд гуфт, ки гурӯҳе аз мардум чунин гумон доранд, ки вазифаи шоир ҳар чи печида ва пинҳон кардани маънои шеър аст ва маъно ҳар қадар печидаву нуҳуфта бошад, ҳам худи ин маъно ва ҳам шеър ҳамон андоза арзишманд мебошад. Борҳо мушоҳида шудааст, ки ин тоифа ҳатто вақте шеър ё байти мавриди суолашон шарҳу маъно мешавад ва хостаи соҳиби он сухан ба равшанӣ ва содагӣ барояшон шарҳу тавзеҳ дода мешавад, як навъ эҳсоси ноқаноатмандӣ мекунанд, на аз он ки ин шарҳу тавзеҳро намепазиранд, балки ба хотири он ки “тилисм” шикаста шудааст ва дигар ин байт ё шеър он ҷаззобияти тилисмгунаро надорад. Дар ин мавридҳо эҳсос мешавад, ки то ҷое нафси инсонҳо муаммопараст ва тилисмпараст аст. Аммо шеър тилисму муаммо нест. Хусусан, шеъри шоирони бузург. Ба ёд меояд, ки дар соли таҷлили Мавлоно дар яке аз навоҳии атроф ҷаласае баргузор шуда буд ва дар он миён аз банда ҳам суҳбате хоста буданд. Дар миёни суҳбат нафаре аз ҷой бархост ва ошкоро ба сурати имтиҳон суол кард, ки ҳамин байти Мавлоно чӣ маъно дорад?
    Илми Ҳақ дар илми сӯфӣ гум шавад,
    Ин сухан кай бовари мардум шавад!
    Банда, ки ҳамеша ин мавзӯъро дунболагир будам ва ҳар ҷо фурсате ба миён момад, мекӯшидам, ки мавзӯи фарқи сабки бузургон аз муаммогӯиро шарҳ бидиҳам, шурӯъ кардам ба муқаддимае дар ин боб ва расидам то ҷое, ки гуфтам, Мавлоно ҳаргиз бо асрор ва муаммо сухан нмегӯяд ва агар ҷое барои ҷазби диққат сухане муаммогуна ба миён оварад, ҳатман ба зудӣ худ шарҳи содаи онро медиҳад ва зеҳни шуморо дар бунбаст намегузорад. Он нафар боз аз ҷои худ бархост ва исрор кард, ки “ман сухани зиёдӣ намехоҳам, танҳо шарҳи ҳамин байтро мехоҳаму бас. Чи тавр илми Ҳақ (илми Худо) дар илми суфӣ гум мешудааст?!"
    Барои банда дигар чорае ҷуз ин боқӣ намонда буд, ки байти баъдиро, ки мустақиман баъди ин байт дар “Маснавӣ” омада бихонам:
    Илми Ҳақ, эй ҷон сифоти Ҳақ бувад,
    Илми суфӣ айни зоти Ҳақ бувад.
    Магар касе муроди Мавлоноро шарҳе беҳтар аз ин метавонад кард? Ва оё касе, ки ин байтро аз “Маснавӣ” хонда магар метавонад аз байти баъдӣ, ки шарҳи бевоситаи он аст, ғофил бигзарад? Магар ин ки рӯҳаш шефтаву маҷзуби муаммо ва муаммобозӣ бошад.
    Нодири Нодирпур, ки борҳо ба ин мавзӯъ пардохтааст, мегӯяд:
    “Усулан, касонеро ки дастандаркори шеър ва ҳунаранд, ба чаҳор даста метавон тақсим кард:
    Аввал, ононе, ки зеҳни сода доранд ва баёнашон низ сода аст. Сифати самимиро бар эшон итлоқ метавон кард.

    ОтветитьУдалить
  16. Дуввум, касоне, ки зеҳни амиқу афкори печида доранд ва баёнашон низ ба табъи зеҳнияташон душвор ва буғранҷ аст. Инон қобили эътино ва эҳтироманд.
    Саввум, дастае, ки зеҳни амиқу афкори воло доранд ва он афкор ва зеҳниётро ба содатарин ваҷҳ баён мекунанд. Эшонро метавон шоирони комил номид.
    Чаҳорум, гурӯҳе, ки зеҳни сода ва андешаҳои сатҳӣ доранд, аммо онҳоро табъан ё умдатан буғранҷ ва печида баён мекунанд. Инон ё нотавонанд ва ё дағал! (Дағал дар форсӣ аслан маънои "ҳиллагар"-ро дорад).
    Пас, танҳо меъёре, ки барои санҷидани кори шоирон дорем ин аст, ки баёнро ба эътибори маънои шеър доварӣ кунем ва агар аввалиро бо дуввумӣ мутаносиб ёфтем бар ҳаққонияти шоир сиҳа гузорем.” (Нодири Нодирпур. Сухане чанд дар бораи масоили тозаи шеър//Садои Шарқ, №2, 2012.)

    ОтветитьУдалить
  17. ШЕЪР ВА ДОНИШ (14)
    ГУЗИНИШ
    Мавзӯъҳои ҷовидонии шеър дар заминаи мазмунҳои гуногун парвариш ва таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Ба фазилати густурдагӣ ва фаровонии мазмун (образ, асотир, воқеа, тамсил... умуман, зарф ва паймона, он чи мавзӯъро дар бар мегирад ва таҷассум мебахшад) идомаи бепоёни умри мавзӯъҳои адабиёт (мавзӯъҳои ҷовидонӣ) муяссар мегардад. Соиб ба ин ғанои мазмунҳо ва ҷилваҳои гуногуни он ишора намуда мегӯяд:
    Якумр метавон сухан аз зулфи ёр гуфт,
    Дар банди он мабош, ки мазмун намондааст.
    Ҳофиз мефармояд:
    Як нукта беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
    Аз ҳар касе, ки мешунавам, номукаррар аст.
    “Ғами ишқ” яке аз ҷовидонатарин мавзӯъҳои адабиёт аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ашъори шоирони орифмашраб ин мавзӯъ дар кулл навъи маърифати онҳо аз олами вуҷуд ва муроди ҳастӣ мебошад. Мавзӯи дигари куллӣ ва ҷовидона, умуман, моҳияти ҳастӣ ва таҳаввули он, ҷойгоҳи инсон дар ин низом, муносибати ҳастию нестӣ (зиндагию марг), тақдири азалӣ, ихтиёру ҷабр... мебошад, ки ҳамагӣ дар доираи васеи мавзӯи ҳастӣ ворид мешавад ва ин мавзӯъ миёни шеъру илмҳои гуногун, хусусан фалсафа ва ҳамчунин дин муштарак аст.
    Дар чунин мавзӯи бузургу ҷовидонӣ шеър гуфтан кори бисёр сахт аст, зеро мавзӯъ ҳар қадр бузургу воло бошад, ҳамон андоза матонату балоғат ва фасоҳати гуфторро металабад. Аз тарафи дигар, дар ин мавзӯъҳо чун бузургтарин суханварон хома фарсудаанд, гоҳо кас гумон мекунад, ки сухани гуфтание намондааст. Аммо сухан ҳам чун ҷузъе аз ин олами ҳастӣ поённопазир аст. Фирдавсӣ қабл аз он, ки “Шоҳнома”-ро бинависад, хитоб карда буд:
    Сухан ҳар чи гӯям, ҳама гуфтаанд,
    Бари боғи дониш ҳама руфтааанд.
    Ва ӯ пас аз ин хитоб 60-ҳазор байти ноб гуфт.
    Дар ин вусъати беинтиҳои мавзӯъ ва мазмун муҳимтарин кори шоир гузиниш аст. Гузиниши мазмун ва сувари хаёл (образ), тавре ки он ба беҳтарин сурат (муҷаз, пурмаъно, ба сурати дилпазир муҷассам ва муносиб) мавзӯъро таҷассум намояд.

    ОтветитьУдалить
  18. Ба таъбири бисёр маъмул “образи барҷаста” биофаринад. Ва он ҳам дар матни сухани равон, матин, балеғ ва фасеҳ.
    Дар акси ҳол бо баёне одӣ ва наздик ба шеваи хабарӣ гуфтани ҳақиқатҳое, ки донишмандон ба шеваи илмӣ, бо далелу бурҳон гуфта ва ба субут расондаанд ва аз назари сирф маърифатӣ низ барои мухотаб тозагие надорад, ҳеч асаре ҳам нахоҳад дошт. Кори шоир дар гуфтани ҳақиқатҳо бо баргузидани муассиртарин абзорҳои баён тафовут мекунад, ки ин муассир будан метавонад аз тариқи зебоӣ, назокат, шарофат, маҳбубият ва дигар хосиятҳои сувари хаёли мунтахаб (образу тамсилу устура) ва ҳамчунин баёни фасеҳу зебо ва дилнавоз хулоса гардад. Масалан, ба ин байти Саъдӣ таваҷҷӯҳ намоед:
    Мунтаҳои камол нуқсон аст,
    Гул бирезад ба вақти серобӣ.
    Дар мисраи аввал як ҳукми комилан илмии маъруф баён шудааст, ки “ҳар чизе, ки ба авҷ ва ниҳояти рушду камоли ” худ бирасад, аз он нуқтаи авҷи камол боз ба сӯйи завол, нуқсону харобӣ руҷуъ мекунад. Ин ҳукми илмӣ аз бадеҳиёт (аксиома) аст ва нишони суханварӣ дар он баёни муҷазу матин дар қолаби назм аст ва ба ҳамин сурат ҳам то ҳадде дилпазир аст ва метавонад мақол шавад. Аммо баёни мустақим аст ва ҳанӯз саҳми адабиёт (шеър) дар он мушаххас нест. Шоир акнун барои тақвияти шоиронаи ин ҳақиқат ба сувари хаёл ва мусовии (параллели) адабии ин ҳукм муроҷиат мекунад ва аз миёни ҳазорон чизе, ки дар мисоли таҳаввули (рушду заволи) худ метавонад ин ҳақиқатро таҷассум намояд, “гул”-ро интихоб менамояд, ки чун ба ҳадди камолу ҷамоли худ (серобӣ) бирасад, мерезад, завол меёбад. Гул худ мазҳари камол, шукуфоӣ ва зебоист. Барои инсон маҳбуб ва азиз аст. Инсонро ба он ташбеҳ мекунанд ва яке аз истиораҳои машҳур ба киноя аз маҳбуба ва маъшуқа аст ва боз ҳам ба қавли И.В.Гёте дар адабиёти форсӣ, баракси он ки дар адабиёти Ғарб ҳаст, он танҳо як образи ҷузъӣ нест, балки табдил ба устура шудааст. Муроди Саъдӣ низ дар ин камолу завол қабл аз ҳама камолу заволи инсон аст ва чизе зеботару муассиртар ва маънодортар аз гул наметавонад он ҳақиқатро таҷассум намояд.
    Аммо ҳанӯз шеваи баёни адабии ин ҳақиқат ҳам сода аст ва аз ҳукми аввал (мунтаҳои камол нуқсон аст) танҳо ба ин хотир тафовут мекунад, ки дар зеҳни мо истиора будани “гул” ва “серобӣ” муқаррар аст, медонем, ки сухани шоир ба маҷозу киноя аст. Дар акси ҳол ин нукта ҳам, ки “гул бирезад ба вақти серобӣ” як ҳукми илмии наботшиносӣ (ботаникӣ) метавонад талаққӣ шавад.
    Пардози адабии ба маротиб бештари тақрибан ҳамин мавзӯъро дар заминаи ҳамин мазмун дар ин байти Бедил мебинем:
    Видои ғунчаро гул ном карданд,
    Тарабро мотами ғам офариданд.
    Яъне вақте ки ғунча лаб во мекунад (мешукуфад) аслан видоъ кардани ӯст бо олами вуҷуд, ҳастӣ, вале мо ин видоъро (ки дар асл мояи ҳасрату андӯҳ аст) “гул” номидем, ки гул худ василаи шодмонию тараб аст ва бо ин амали худ, ғамро куштем ва шодии худро ба мотами ғам табдил кардем. Ба иборати дигар, ғамро ба дасти худи ӯ куштем. Барои ин навъ баёни дорои чандин қишри маъноӣ ба сурати муҷаз Бедил аз саноеъи адабӣ чун ташхис (ба шахс табдил кардани исмҳои маънӣ – видоъ ва тараб), тазоди печдарпеч (мутаноқизнамоӣ-парадокс) яъне: видоъ-гул, тараб-мотам ба навъи аҳсан истифода менамояд.

    ОтветитьУдалить
  19. Шояд аз шоирон он ки беш аз ҳама ба мавзӯи ҳастӣ (ва нестӣ-вуҷуду адам) пардохта Умари Хайём бошад.
    Хайём дар ин мавзӯъ фалсафаи тозаву хосе насохтааст, балки матолиб ва нуктаҳоеро, ки мавзӯи баҳси долонҳои мадрасаҳои он рӯзгор буданд ва ҳар талабае аз он бохабар буд, ба шеър оварда, гоҳо ба таҷоҳули ориф (қасдан худро ба нодонӣ зада) суол додан ва гоҳо ба хотири киноя ва эътироз. Шӯҳрати ин рубоиёт аз он ҷост, ки гӯянда ҳақиқатҳо ва суолҳои ҷовидонии андешаангезро ба зеботарину шевотарин шева баён мекунад. Ин муваффақияти Хайём аз сӯе агар дар камоли ҳунари суханварӣ бошад (ки мавзӯъ мавқуф ба бобҳои баъдист), аз сӯйи дигар аз камоли маърифати ин ҳақиқатҳост. Зеро маърифати чизе дар сатҳи одӣ ва ибтидоӣ бо дарки шоиронаи он фосила дорад ва маърифат дар чизҳо ва воқеиятҳо ҳар қадар баландтар ва нерумандтар гардад, он қадр ба дарки шоирона наздиктар мешавад. Маърифати неруманду пӯё воқеиятҳои одиро ба ҳадди рамзу асрор боло мебарад. Ҷаҳонро пур аз эъҷозу асрор мебинад ва эъҷозу асрор худ шеър аст. Зеро толиби маърифати олӣ, толиби камоли илму дониш аст ва он гуна, ки маълум аст, камолро ниҳояте нест, он ҷо ки бениҳоят пеш меояд ва боли ақли одӣ кутоҳӣ мекунад, шаҳболи шеъру шуури олӣ мебояд, то парвози маърифат идома дошта бошад:
    Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
    Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
    Андар дили ман ҳазор хуршед битофт
    В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
    (Ибни Сино

    ОтветитьУдалить
  20. Эҳсосе ба орифу донишманд дар ин ҳол даст медиҳад, ки ғолибан ба истилоҳи “ҳайрат” баён шуда ва ҳайрат водиест, ки дар он ҷо ҳама чиз ба ҳадди шеъри ноб волост:
    Шаб нест, ки ақл дар таҳайюр нашавад
    В-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад.
    Пур менашавад косаи сар аз савдо,
    Ҳар коса, ки сарнагун бувад, пур нашавад.
    (Хайём)
    Хайём, ки мустақиман ба мавзӯи азими ҳастӣ ва нестӣ (вуҷуду адам) рӯбарӯст, дар ин авҷи маърифат, ки ҳама олам дар нигоҳаш розу рамзи бепоён менамояд, барои таҷассуми таҳаввулоти ҷаҳони ҳастӣ ва мазҳари олии он инсон (мақсуд зи ҷумла офариниш моем) ҷому кӯзаро интихоб менамояд. Интихобе нодир ва пурмаъно, гузинише басо шоирона ва ҳакимона. Чун ин ду ҳам ғолибан аз гил (чун инсон) ҳосил шуда ва мисли инсон зарфе ва дорои зарфиятҳое ҳастанд, чи аз диди модӣ ва чи маънавӣ, пур ва тиҳӣ, ободу хароб мегарданд, хосияти паймонагӣ (андозагирии чизҳоро) донад. Чизҳое ҳастанд аз ҷаҳони ҷисмҳо, ки чи ба зоҳир ва чи ба маъно ба инсон шабоҳат доранд. Хусусан, агар касе кӯзаҳои чида дар коргаҳи кӯзагарони суннатиро дида бошад, медонад, ки чи манзарае Хаёми ҳамеша дар миёни амвоҷи шӯри шуурро ба шеър гуфтан барангехтаст. Ин кӯзаҳои гарданбаланди сафандарсаф издиҳоми мутаҳаййире аз инсонҳоро ба ёд меоранд, ки дар сукуташон фарёди фалакпече шунида мешавад:
    Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
    Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамуш.
    Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
    “Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!”
    Итминони комил метавон гуфт, ки Хайём бо мушоҳидаи манзараи фавқ дар коргоҳи кӯзагар (ё тасаввури он чи пеш дида) ба ҳоле дучор мешавад, ки суоли шоиронаи “Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!” аз ниҳоди ӯ ба садоқати як воқеияти муҷассам ва яқин берун меояд, на ин ки ба қасд хоста бошад сухани широна гуфта бошад. Қуввати маърифат дар вуҷуди ӯ дар сатҳест, ки он ҷо тафовут миёни дарки илмӣ ва дарки шеърӣ вуҷуд надорад.
    Ҳамин гуна маърифати ҳайратомези шигифтизойро ҷои дигар аз мушоҳидаи инсони соҳибҷамоле дармеёбад, ки марг бар идомаи вуҷуди ӯ нуқтаи таммат гузоштааст. Шоири ҳаким онро ҷом мебинад, ки бар заминаш задаанд, ё ногузир хоҳанд зад:
    Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
    Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш
    В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф
    Месозаду боз бар замин мезанадаш.
    Ин шигифтӣ, ин таҳайюри шигарф ҳамон таҳайюри Рӯдакист, ки ӯро водошта то сухане фавқулода бигӯяд, аз ҷонситон шарму ҳаё бихоҳад:
    Андар аҷабам, ки ҷонситон аз чу туе
    Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.
    Зимнан, Мавлоно ҳам борҳо аз сувари хаёл ё тамсили кӯза дар мариди инсон истифода кардааст, ба маънои зарфе, ки бо зарфияте муайян маҳдуд аст:
    Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
    Чанд гунҷад? Қисмати якрӯзае.

    ОтветитьУдалить
  21. Ҷомеътарин образе ки зарф ва зарфиятро ҳам аз лиҳози модӣ ва ҳам маънавӣ дар адабиёти мо фаро мегирад, образ ё устураи Ҷоми Ҷам аст ва дар адабиёти ҷаҳон бо ҷомеъияти бениҳояти худ назир надорад. Ба ин хотир буд, ки устод Лоҳутӣ дар анҷумани нависандагони Шӯравӣ ин образро мисол меорад ва орзу мекунад, ки адибони Шӯравӣ битавонанд чунин як образи ҷомеъу комил ҷиҳати таҷассуми ҳунарии тамоми дастовардҳои ҷомеаи Шӯравӣ ба вуҷуд биёранд. ба унвони намунаи пайравӣ барои эҷоди ҳамчунин як образи ҷомеъу комил ҷиҳати таҷассуми ҳунарии тамоми дастовардҳои ҷомеаи Шӯравӣ.
    Мутарҷими рубоиёти Хайём Владимир Державин дар бораи Хайём менависад: “Он прославляет пир, но это пир высоких мыслей и благородных чувств- пир Платона. Чаша вина - это волшебная чаша Джамшида, чаша человеческого разума, объемлющего весь мир. Сборище пьяных гуляк оказывается кругом избранных мудрецов.
    (Ӯ (Хайём) базмро меситояд, аммо ин базми андешаҳои олӣ ва эҳсосоти наҷиб аст – базми Афлотун аст. Ҷоми майи ӯ ҷоми муъҷизи Ҷамшед, ҷоми хиради башарист, ки ҳама ҷаҳонро фаро мегирад. Ҷамъи даврагардони масташ маҳфили хирадмандони баргузида аст).
    Ин ҷоми ҷаҳоннамо шабеҳи худро дар устураи ойинаи Искандар пайдо мекунад ва ҷамъи ин ду устураро ба унвони зарфи маънавӣ мо дар маркази пардохтҳои адабии Бедил мебинем, ки ғолибан дар мақоми таҳайюр – авҷи маърифат мебошад ва он қадар аз ҷилваҳои гуногуни ин образ кор мегирад, ки ба ҳақ ӯро “шоири оинаҳо” (таъбири Шафеъии Кадканӣ) меноманд. Аммо Бедил дар қиёси ҷом бо оина имтиёзи бештарро ба ҷом медиҳад, ки шояд ин имтиёз додан бе ишора ба имтиёзи ҷоми Ҷам бар ойинаи Искандар набошад:
    Арзи матлаб дигару изҳори санъат дигар аст,
    Бедил аз ойина натвон ёфт вазъи ҷомро.
    Шоирони тавоно, албатта, ба доираи маҳдуди сувари хаёл иктифо намекунанд ва дар ҷараёни таълифи осори бадеъ ҳар замон метавонанд образҳои тоза эҷод намоянд, аммо офаридани образҳои ҷомеъу фарогир, ки ба ҳадди як устура рушд намояд ва ҳамчунин мазмунсозиҳои тоза дар пайкари сувари хаёли суннатӣ кори шоирони бузург аст ва яке аз роҳҳои таъмини ворисияти адабӣ.
    Дар осори шоирони муосири мо низ ҳамин гуна гузиниш ва ҷомеъ кардани сувари хаёл мушоҳида мешавад, ки дар заминаи онҳо риштаҳо ва рагаҳои тозаи ворисият ва анъанаҳои адабӣ ба вуҷуд омада идома ёфтааст. Аз ҷумла сувари хаёле чун рӯд ва кӯҳ ва дар ҷамъ “рӯди кӯҳӣ”- ро дар маркази эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода мушоҳида менамоем, ки бисёре аз ҷанбаҳои маънавӣ ва ҳунарии осори ӯро дар худ таҷассум кардааст.
    Идома дорад

    ОтветитьУдалить
  22. ШЕЪР ВА ДОНИШ
    ШЕЪРИ НАВ (АРӮЗИ НАВ)
    Шеъри нав (арӯзи нав) на танҳо арӯзро моҳиятан инкор накард, балки бисёр имконоти то ҳол нуҳуфта ва бакорнарафтаи арӯзро ошкор намуд ва ба кор андохт. Арӯзи нав ба таври барҷаста ва қатъиву ҳамапазир собит намуд, ки вазни арӯз дар ҳеч шароит ва ҳеч замоне маҳдуд, куҳна ва ғайри қобили истифода намегардад. Шеъри нав дар бахши арӯзи нав (ғайр аз шеъри сапед) аз оғози назми навини тоҷик дар коргоҳи эҷодии устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Аскар Ҳаким, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Искандари Хатлонӣ ва минбаъд тамоми шоирони тоҷик камобеш бахши муҳимме аз эҷодиёти онҳоро фаро гирифтааст ва ин раванд ҳамроҳ бо навъҳои суннатии шеър идома дорад. Арӯзи нав (шеъри нав) дигар худ ба як суннати пазируфта табдил шуда қоидаҳо ва меъёрҳои худро доро гардидааст.
    Ин таъкид дар ибтидои бахши навбатии гуфтор ба хотири он аст, ки пас аз як аср аз зуҳури нахустин падидаҳои шеъри нав дар назми мо ва пас аз ним аср аз “Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ” дар Душанбе, ки усулан санади асолати шеъри нав (арӯзи нав)-ро содир намуд, ҳанӯз баъзе шоирон ва адабиётшиносони ҷавони мо дар мубоҳисаҳову мунозираҳо аз як сӯ шеъри навро чизе ҷудо аз арӯз ва ҳатто инкоркунандаи он ва аз сӯи дигар ихтироъи дигарон медонанд, ки ё бар мо таҳмил шуда ва ё мо танҳо аз роҳи тақлид ба дигарон дар он омил шудаем. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки як сабаби аслии дар Душанбе баргузор гардидани

    ОтветитьУдалить
  23. Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ, ки мавзӯъи асосиаш ҳам шеъри нав буд, ҳамин буд, ки ҷараёни таҳаввули шеър ҳамроҳ бо зуҳури рӯзафзуни шеъри нав дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷойҳо ба сурати табиӣ ва муътадил сурат мегирифт, аз шаклпарастиҳои маҳз ва ситезу инкор нисбат ба суннатҳои ҳазорсолаи шеъри тоҷикӣ-форсӣ орӣ буд, заминаи илмию назарию таҷрибии лозимро ҳамроҳ дошт, ки дар он на танҳо адабиётшиносони тоҷик, балки шарқшиносони ҷаҳонӣ низ ширкат доштанд. Ҳамин буд, ки бар хилофи дигар ҷойҳо дар Тоҷикистон ҳамчунин гурӯҳҳо ва афроде, ки бар алайҳи шеъри нави асил мубориза баранд, набуданд ва шеъри нав чунон, ки гуфта шуд, аз оғози адабиёти навин дар он саҳми “қонунӣ” дошт. Чун дар ин мақола ҷузъиёти мавзӯъро батафсил овардан имкон надорад, ҷо дорад, ба хонандагони арҷманд пешниҳод шавад, ки як бори дигар аз ин дидгоҳ тамоми суханрониҳои ироашуда дар ин Симпозиуми таърихиро, ки ба иқтибос аз маҷаллаи “Садои Шарқ”-и соли 1968 дар шумораи 3-юми соли 2016-и ҳамин маҷалла ба пешвози “Ҳамоиши ҷаҳонии шоирони ҳавзаи Наврӯз” дубора чоп шудаанд, мутолиа намоянд.
    Бештаре аз муҳаққиқон ва устодони шеъри нав (арӯзи нав) дар зуҳури ин навъи шеър ду омилро аслӣ ва муассир медонанд: 1) мусиқӣ – яъне мусиқии нав бо сохтори (композитсияи) ҷадид ва 2) майли шеър ба сӯйи мутобиқати бештар бо табиати забон, муошират, гуфтор. Нақши ин ду омил дар таҳаввули шеъри тоҷик ба таври амалӣ ва назаррас ошкор аст. Мусиқии классикии тоҷик бо таркиби шеъри арӯзи суннатӣ ҳамоҳангии комил дошт ва агар пардаҳое тоза ҳам ворид мешуд, тавре сурат мегирифт, ки матни навиштаи сурудро берун аз ҳудуди арӯзи суннатӣ намебурд.

    ОтветитьУдалить
  24. Қироат ё ривояти шеър низ ҳамроҳ бо оҳанг сурат мегирифт, мисли декламатсияи имрӯзӣ набуд, агар бидуни асбобу сози мусиқӣ ҳам бошад, ба ҳар ҳол бо оҳанг адо мешуд. Дар жанри мусамматот (тарҷеъбанду таркиббанд) банди шеър ва дар боқии жанрҳо байт ҳам воҳиди шеър буд ва ҳам воҳиди мусиқӣ. Бешубҳа, мусиқӣ дар эҷоди ин навъҳо ва воҳидҳои шеър саҳми зиёд дорад. Хусусан, мустазод, ки ба сароҳат зодаи мусиқист ва, зимнан, дар оянда яке аз роҳҳои ҳаракат ба сӯйи шеъри нав дар назми тоҷик мегардад.
    В.В.Маяковский – шоири инқилобӣ ва навовари Рус эълом карда буд:
    Ҳамон аст шоир дар ин рӯзгор,
    Ки марше сарояд, бигӯяд шиор!
    Ин маршҳо ва шиорҳо дар айни ҳол оҳанги инқилобӣ доштанд ва гоҳо ин оҳангҳо мисли оҳанги суруди машҳури инқилобии Фаронса “Марселеза” байналмилалӣ буданд ва дар ҳама ҷо яксон муроот мешуданд. Матни онҳо метавонист ба ҳар забоне бошад. Ҳамин ҷо буд, ки иттифоқе пеш омад, ки устод Айнӣ нубуғи хеш ва имконоти фавқулодаи арӯзро ба намоиш гузошт. Чунон ки ӯ худ дар номааш ба устод Мирзо Турсунзода менависад, дар соли 1918 дар бемористони Тошканд бори аввал оҳанги Марселеза ба гӯшаш мерасад ва ӯ бо зарби ангуштон ва замзама дар қолаби афоили арӯзӣ (фоилун, фоилун, фоилотун, фоилун фоилун фоилун):
    Эй ситамдидагон, эй асирон,
    Вақти озодии мо расид.
    Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
    Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

    ОтветитьУдалить
  25. Матни суруди тоҷикиеро бо унвони “Марши ҳуррият” (ё “Марши интиқом”) эҷод менамояд, ки бе каму кост ба оҳанги фаронсавии “Марселеза” соз мегирад. Дар ин вазн, ки дар адабиёти пешин назир ва собиқа надошт, рукни “фоилун” аз баҳри мутадорик ва “фоилотун” аз рамал аст. Назари дигаре ҳам ҳаст, ки ба ҷои “фоилотун” “фоилун фаъ” хондаанд ва бо ин қироат шеър комилан дар баҳри мутадорик мешавад. Аммо чун устод Айнӣ, ки беш аз ҳар касе донандаи арӯз буд ва худ “фоилотун” хонда ва дар ин қироат сароҳате бештар аз “фоилун фаъ” ба самъ мерасад, лозим аст, ҳамон муроот шавад. Дар идомаи ин нома устод Айнӣ дар бораи вижагиҳои арӯзи тоҷикӣ ва имконоти зиёди нав ва такмил кардани он, хусусан бар мабнои фолклори тоҷик назар медиҳад ва орзу мекунад, ки агар умр вафо намояд, ӯ се кори бисёр муҳимми дигарро анҷом хоҳад дод: навиштани ҷилди охири “Ёддоштҳо”, китоби “Сарфу наҳви забони тоҷикӣ” ва “Арӯзи тоҷикӣ”, ки агар ин ормони устод Айнӣ амалӣ мешуд, имрӯз мо як дастури беназире дар бораи арӯзи тоҷикӣ дар даст медоштем. Аммо дар кори амалии эҷодӣ устод Айнӣ то охири умр таҷрибаҳои худро дар арӯз идома додааст ва аз ҷумла дар ашъори даврони ҷанг ва ашъоре ки дар таркиби осори мансур ба кор бурда аз вазнҳову ритмҳои нодири фолклорӣ истифода намудааст, ки назири ин корро мо баъдан дар осори устодони шеъри Эрон Меҳдии Ахавони Солис ва Аҳмади Шомлу (хусусан таронаи “Париё”) мебинем, ки албатта онҳо низ бар мабнои фолклори мардуми худ кор кардаанд.
    Пеш аз “Марши ҳуррият” ҳам устод Айнӣ дар вазни шеър ба гунаи ончи имрӯз мо шеъри нав ё арӯзи нав мегӯем навовариҳо карда буд ва ин навъ ашъор аз соли 1909 ба назар мерасанд, аммо “Марши ҳуррият” саҳифаи дурахшони назми навини тоҷик гардид ва ҳамроҳ бо эътибори волои расмии худ, бидуни эълони хос шеъри нав ва арӯзи навро расмият ва эътибори бебаҳс бахшид.
    Вазни “Марши ҳуррият” боз вақте машҳур шуд ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифт, ки дар соли 1926, яъне пас аз панҷ сол Нимо Юшиҷ ба ин вазн манзумаи “Афсона”-ро навишт ва дар муқаддимаи муфассале, ки бар он нигошта буд, ин асарро “Манифест”-и худ дар “шеъри нав” номид, яъне онро оғози расмии “шеъри нав” муаррифӣ кард. Вақте аз дидгоҳи шеъри нав “Марши ҳуррият” ва “Афсона” муқоиса шуд, баъзеҳо ибрози назар намуданд, ки дар “Афсона” на танҳо вазн, балки диди шоирона тоза аст ва эътибори нав будан бар он аст. Аввалан, аз ин нигоҳ ҳам “Марши ҳуррият” бидуни тозагиҳои вижа дар матни назми суннатӣ нест, сониян тозагӣ ва бесобиқа будани вазни “Афсона” дар назми Эрон аз сӯйи муҳаққиқон яке аз далелҳои аслии нав будани ин асар қаламдод шуда, баъзеҳо талош кардаанд, ки вазни онро аз матнҳои паҳлавӣ ҷустуҷӯ кунанд. Аз тарафи дигар далелҳои зиёди инкорнопазире вуҷуд дорад, ки Нимо Юшиҷ на танҳо аз “Марши ҳуррият” огоҳӣ дошт, балки то зинда буд, назми муосири тоҷикро мавриди мутолиа қарор дода дар хусуси он назар дода ва мақолаҳое ҳам навиштааст.

    ОтветитьУдалить
  26. Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки аз ҷиҳати поэтикаи вазн “Марши ҳуррият” ҳаққи бештаре ба “шеъри нав” (арӯзи нав) нисбат ба “Афсона” дорад ва он ин аст, ки агар дар “Афсона” рукнҳои мисраъҳо ба ҳам баробар бошанд:
    Дар шаби тира девонае, к-ӯ
    Дил ба ранги гурезон супурда... (фоилун фоилун фоилотун)
    Пас дар “Марши ҳуррият” ҳар мисраи ҷуфт аз мисраи тоқ як ҳиҷо камтар аст ва ин нобаробарии ҳиҷоҳо ва рукнҳо дар мисраъҳои як шеър минбаъд аз хусусиятҳои асосии шеъри нав (арӯзи нав) шинохта мешавад, ки гоҳо як мисраъ як рукн ва мисраи дувум чор ё ҳатто бештар аз он мешавад. Он чи дар ашъори баъдии Нимо Юшиҷ ҳам зиёд мушоҳида мешавад ва ончи мо дар намунаи ашъори устод Айнӣ боз хеле пештар аз ин, масалан, дар соли 1909 мебинем. Дар маҷмӯъ ин оғози муҳимтарин таҳаввул дар поэтикаи арӯз буд, ки боис мешавад воҳиди асосии вазн ба ҷои байт минбаъд (дар шеъри нав) мисраъ дониста шавад.
    Албатта, дар Эрон ҳам пеш аз Нимо Юшиҷ гунаҳое аз шеъри навро суруда буданд ва инқилоби Машрута боиси ин навовариҳо гардида буд. Аз ҷумла шоир ва муҳаққиқи эронӣ Шамси Лангрудӣ – муаллифи китоби ҷомеъи “Таърихи таҳлилии шеъри нав” Абулқосим Лоҳутиро нахустин гӯяндаи “шеъри нав” (соли 1900) медонад. Аммо вай боз ба дурустӣ қайд мекунад, ки Лоҳутӣ чун марде буд низомӣ ва инқилобӣ ва “умраш дар кудатову (табаддулот) зиддикудато” сарф мешуд, фурсати онро надошт, ки ин навовариҳоро бо системаи хосси назарӣ расмият бахшад ва муаррифӣ кунад. Ҳамон тавр, ки мутаассифона устод Айнӣ ҳам чунин фурсатеро пайдо нанамуд. Ин корро аз ҷиҳати назарӣ Нимо Юшиҷ дар мақолаҳои муфассал ва дар баҳсҳое, ки ба мухолифони худ посух медод, анҷом дод ва ҳаққи асосгузори “шеъри нав”-ро дар Эрон соҳиб гардид, ки он ҷойи баҳс ҳам надорад.
    Аммо Абулқосим Лоҳутӣ таҷрибаҳои навоваронаи худро беш аз он ки дар Эрон буд, дар СССР ва хусусан Тоҷикистон идома дод ва ҳамроҳ бо устод Айнӣ намунаҳои барҷастаи ашъори аз ҳар назар навоваронаеро ба вуҷуд оварданд, ки заминаи неруманде барои рушду тавсеаи назми навини муътадил ва мутаносиб бо суннатҳои адабии ҳазорсола гардид. Идомаи он корҳоро баъдан дар осори
    Пайрав, Ҳабиб Юсфӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон мебинем. Яъне то даҳаи шаст, ки давраи наве дар робитаҳои адабии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи форсизабон шинохта шудааст ва ба ин далел марҳалаи асосии рушди шеъри нав дониста мешавад, шоирони тоҷик барои пайравӣ дар шеъри нав ва такмил кардану навтар кардани он намунаҳои барҷастае дар ихтиёр доштанд.
    Хусусан, ин омил, ки аз солҳои аввали баъди инқилоб як неҳзати пурвусъати тарҷума аз осори шоирони навовари рус, масалан Маяковский ва шоирони Ғарб шурӯъ гардид ва дар ин тарҷумаҳо аксаран қолаби матни асл ба эътибор гирифта шудааст, имтиёзотеро барои нав кардани шеъри тоҷик фароҳам овард, ки шояд дар дигар ҷойҳо ба ин вусъат ва ба сурати барномарезишуда вуҷуд надошт.

    ОтветитьУдалить
  27. Аз ҷумла тарҷумаи шеъри Виктор Гюго адиби маъруфи Фаронса, ба сурате анҷом шуда, ки “шеъри нав” танҳо баъди ба камол расидан чунин намунаҳоро додааст:
    Размоварони сангари хунин шуданд асир
    Бо кӯдаке далер, ба синни дувоздаҳ,
    - Он ҷо будӣ ту ҳам?
    - Бале!
    Бо ин диловарон
    - Пас мо кунем ҷисми туро ҳам нишони тир
    То он ки навбати ту расад, мунтазир бимон...
    Дар эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ ва баъдан Ҳабиб Юсуфӣ мо намунаҳо шеъри наверо мебинем, ки комилан маҳсули таҷрибаи эҷодии ва ҷустуҷӯҳои фардии эҷодии худи онҳост. Аз ҷумла дар шеъри “Навиди Вахшсторой”-и Пайрав Сулаймонӣ омеши арӯзи нав бо “шеъри сафед” мушоҳида мешавад. Кӯшишҳои Ҳабиб Юсуфӣ барои эҷоди намунаҳои шеъри нав, ки баъзе ба арӯзи нав ва баъзе ба “шеъри сафед” шабоҳат доранд, қобили мутолиа ва омӯзиши махсус аст.

    ОтветитьУдалить
  28. Хулоса, навоварӣ дар вазни назми тоҷик решаҳои аз назари замонӣ ва ҳунарӣ на камтар аз дигар минтақаҳои адабиёти муштараки моро доро мебошад ва истилоҳи муносибе, ки онро аз ҳар назар барои мо метавонад муаррифӣ намояд ҳамин истилоҳи “арӯзи нав” аст ва ба ин восита мо онро аз гунаи дигари “шеъри нав”, ки “шеъри сапед” фарқ мекунем. Зеро дар шеъри сапед вазни арӯз эътибор надорад ва вижагии аслии поэтикиаш ҳам дар ҳамин мебошад.

    ОтветитьУдалить
  29. ШЕЪР ВА ДОНИШ
    ЭҲСОСИ ВАЗНУ ОҲАНГ СИРИШТӢ АСТ
    Дар идомаи гуфтори пешин метавон ёдовар шуд, ки эҳсоси вазну оҳанг сириштӣ аст. Дар вуҷуди инсонҳо ва ҳатто баъзе ҷонварон ва, назар ба ёфтаҳои охирини илм, наботот ин ғариза (инстинкт) ҷой дорад ва ҳама ҷаҳони ҳастиро ба навъе фаро мегирад, ки он зуҳури падидаи дигари ҷомеътар ва фарогиртар бо номи “таносуб” мебошад. Ба иборати дигар вазн таносуб дар садо, овоз мебошад. Муштарак будани ҳамин ғариза миёни шоир ва хонанда боиси хуш пазируфта шудани зарофаткориҳои шоир дар вазни шеър мегардад. Бадеҳист, ки ин ғариза дар шоир нерумандтар аст ва ӯ аз ин тариқ ба хонандаи худ ғизои бештари маънавӣ медиҳад. Ғизое, ки барои ӯ ошно ва гуворост. Заминаи густардаи ин ғаризаи муштарак барои ҳарду – шоир ва хонанда боз ҳамоно забон мебошад ва онгуна, ки ишора шуд, вазн, ба таври умум ва арӯз ба таври хусусӣ, лаҳн, ритм, оҳанг дар матои ин забон вуҷуд дорад ва ҳатто дар гуфтори одиву рӯзмараи мо таносуби муътадили ритмии забон риоят мешавад. Инро онгоҳ ба таври барҷаста эҳсос мекунем, ки агар касе ба далели лаёқат ё ошноии нокофӣ ба ин забон ин таносуби садоиро дар гуфтор вайрон кунад ва ё ба сабаби парешонии афкор ноҳамвор сухан гӯяд. Ин ки забони тоҷикиро бисёриҳо забони шоирона ва дорои мусиқӣ мегӯянд ҳамин, вижагии барҷастаи лаҳнӣ ва ритмию оҳангии он аст. Аз ин ҷост, ки масалан, Олҷас Сулаймонов, шоири маъруфи қазоқ, бо гӯш додан ба муноқишаи лафзии ду нафар пирамарди тоҷик дар бозор гумон мекунад, ки онҳо бо якдигар мушоира доранд: “Боре дар бозори

    ОтветитьУдалить
  30. Душанбе манзараи марғуберо дидам: ду тоҷики солхӯрда бо ҷомаҳои беқасаб гӯё дар мушоира сабқат мекарданд. Миёни онҳо барчоши хушаҳои тилоранги ангур медурахшид. Якеи эшон, ки салаи дупеча дошт, дар вазни рубоӣ тараннум мекард, дигаре бар сари бозориён достон мехонд. Ҳарфи “О”-и кутоҳу дароз пайиҳам оҳанги фусунгаре эҷод мекард.
    - Ин мунозира сари чист?
    - Пархош мекунанд гуфт Муъмин Қаноат, марди саладор ҷойи дигарро гирифтааст. Ба лафзи дарии ноб мӯйсафедон ҳамдигарро “менавохтанд”.”
    Зимнан, пайванди баданвораи (органикии) арӯз бо забони тоҷикиро ҳамчунин метавон аз ҷараёни авҷгири муборизаҳои Ғулом Ализода номе дар оғози солҳои шуравӣ ба вазни арӯз мушоҳида кард, ки дар ниҳоят ба ситези дигари ӯ нисбат ба забони тоҷикӣ анҷом меёбад. Ӯ, ки бо зерсарлавҳаи “Бо ҳавои махсус” “ашъори” аҷоибу ғароиби худро менавишт ва чун дар арӯз ворид набуд, нисбат ба он нафрат мепарварид, аввал эълон кард, ки вазни арӯз барои баёни фикрҳои инқилобӣ номуносиб аст ва мо (тоҷикҳо) низ бояд мисли рафиқони ӯзбакамон якбора теша бар решаи арӯз зада вазни “ҳиҷошумурӣ”-ро қабул кунем. Хушбахтона, ин замоне буд, ки устодоне чун Айнӣ ва Лоҳутӣ (ки ба вазни арӯз инқилобитарин шеърҳоро навишта буданд) сари кор буданд ва чунин уштулумҳои ултрареволютсиониро маҳор мекарданд. Он чи аз ин ҳаракатҳои Ғулом Ализода дар саҳифаи таърихи адабиёт ба ёдгор мондааст, ҳамоно ин ҳаҷвияи Пайрав Сулаймонӣ – шоири навовар ва инқилобист:
    Ба ғулом Ализода
    Эй шоири шеърҳои махсус,
    То кай бофӣ ҳавои махсус.
    Аттор наӣ, чи мефурӯшӣ
    Беҳуда ту ин давои махсус?
    Хоҳӣ, ки зи шеър баҳра ёбӣ,
    Ё халқ барад сафои махсус.
    Аз Лоҳутиву зи санъати ӯ
    Ибрат гиру ғизои махсус.
    Дар идомаи ин муборизаҳои сарсахтонаи худ Ғулом Ализода ба чунин “хулоса” расид, ки на танҳо арӯз, балки умуман забони тоҷикӣ барои баёни афкори инқилобӣ номуносиб аст ва аз он бояд даст кашид. Барои он навъи афкоре, ки Ғулом Ализода пайгирӣ мекард, ин натиҷаи табиӣ ва мантиқӣ буд (агар нохудогоҳ ҳам бошад). Зеро агар бихоҳем, ки арӯзро “аз реша барканем”, пас решаи он ҳамин забони хушоҳанг ва шоиронаи тоҷикӣ аст.
    Сириштӣ будани эҳсоси вазну оҳанг, далелҳои дигаре низ дорад, ғайри он ки ин эҳсос дар ниҳоди забон ҳаст. Аз ҷумла кӯдаконро қабл аз пазируфтан ба мактабҳои мусиқӣ имтиҳон мекунанд, то маълум шавад, ки сомиаи мусиқӣ (музыкальний слух) доранд ё не? Яъне ин эҳсос асли табиӣ ва модарзодӣ дорад ва дар касе набошад, ба вуҷуд овардани он кори бисёр душвор аст. Вазни шеър (аз ҷумла арӯз) ҳам чунин аст. Кӯдакони дорои ин эҳсос, ки аксариятро ташкил медиҳанд, бидуни он ки омӯзише дида бошанд, вазни шеърро эҳсос менамоянд ва метавонанд ба лакнати он пай баранд. Аз оҳанги шеър лаззат мебаранд, онро осонтар ва зудтар аз дигарон азёд мекунанд ва ҳатто “шеър мебофанд”. Ёд додан ва такмил кардани ин лаёқати онҳо нисбат ба дигарон хеле осонтар аст. Касоне, ки ин эҳсоси сириштиро надоранд, агар тамоми схемаҳои арӯзро дар нигориш ё нақша азёд кунанд ҳам, бисёр душвор аст, ки арӯзро ёд бигиранд. Зеро асли арӯз на нақшаҳои нигоришёфтаи он, балки таркиби мутаносиби садоист ва воҳиди вазн дар ниҳоят на ҳиҷову ҳарфу калима, балки моҳият ва ҳаҷми савтии онҳост, мисли мусиқӣ. Аз ин ҷост, ки Насириддини Тўсӣ арӯзро ба илми мусиқӣ мутааллиқ медонад: «Ва назар дар вазни ҳақиқӣ (арӯз.—Р.В.), ба ҳасби моҳият тааллуқ ба илми мусиқӣ дорад ва ба ҳасби истилоҳу таҷриба тааллуқ ба илми арӯз дорад».

    ОтветитьУдалить
  31. Бинобар ин, эҳсоси вазну оҳанги каломро аз аслитарин нишонаҳои истеъдоди шеърӣ мешумурданд ва дар мавриди шоирон баъзан аз истилоҳи “мавзунон” истифода мекарданд.
    Абдурраҳмони Ҷомӣ вазнро воситаи “афсун”-и шоирона медонад:
    Сухан мояи сеҳру афсун бувад,
    Ба тахсис вақте, ки мавзун бувад.
    Бедил доштани “табъи мавзун”-ро камоли истеъдоди шоирӣ медонад:
    Хомушнафасе, ки табъи мавзун дорад,
    Сад нусха баҳор аз дили пурхун дорад.
    Тасхири паризоди сухан осон нест,
    Ин ҷо ҷигари сӯхта афсун дорад.
    Қофия ва радиф ҳам аз ин қоида истисно нест, зеро қофия ва радиф низ моҳиятан аҷзои барҷастае аз оҳанги шеър мебошанд. Аммо дар таърифҳои расмии муосири шеър унсурҳои онро ба ду бахш, зотиву ҷавҳарӣ ё аслӣ ва фаръиву шаклӣ (зоҳирӣ) ҷудо кардаанд ва тақрибан ба ғайр аз тахайюл боқӣ, аз ҷумла вазну қофияро аҷзои зоҳирӣ ва дувуминдараҷаи шеър ба шумор овардаанд, ки аз ин қиёс иддаои мо дар хусуси сириштӣ будани эҳсоси вазну оҳанг зери суол мемонад. Зеро ҳар чизе, ки сириштӣ ва табиист, ҷавҳар ва асл аст, на фаръӣ ва ҷузъӣ. Пас лозим меояд, ки аз худи ҳамон таърифҳои классикии мавҷуд дар бораи шеър ҷустуҷӯ шавад, ки вазну оҳанг бо тахайюл чи робитае дорад, ё умуман ин ду чизи ҷудо аз якдигар мебошанд?
    Ибни Сино менависад: «Ва шеър ҳангоме дилпазир аст, ки оҳанге хаёлангез ва вазне дошта бошад». Ибни Рушд чунин менависад: «Шоир ба мақсуди худ аз илтизоми тахайюл фақат он вақт мерасад, ки вазн бошад». Ибни Сино ва Ибни Рушд пайравони фалсафаи машшоия аз зумраи касоне ҳастанд, ки чун Арасту дар шеър тахайюлро муқаддам бар ҳар чизи дигар медонанд, аммо аз ин суханони онҳо пайдост, ки вазн ва оҳангро ҷудо аз тахайюл намедонанд, балки Сино онро унсури хаёлангез, яъне эҷодкунандаи хаёл, тахайюл медонад. Ҳар касе таҷрибаи амалии шоирӣ дорад ё ҳатто шеърдӯстони воқеӣ ин ҳақиқатро пай мебаранд ва иқрор мекунанд, ки воқеан вазну оҳанги шеъри асил аз фазои тахайюлии он ҳаргиз ҷудо нест ва ҳатто дар тасвир ва беш аз он тасаввури шоирона саҳми асосӣ дорад. Аммо саҳми он зеҳнӣ ва дарунӣ аст, на зоҳирӣ. Мисли мусиқие, ки муносиби табиати худ дар зеҳни шумо пардаҳои мусаввареро боз мекунад. Шоир ҳам дар шеъри худ он гоҳ бар авҷи ҳунар даст меёбад, ки тасвир ё ривояти лафзии ӯ бо вазну оҳанги шеър таносуби комил пайдо намояд ва ба воситаи он такмил шавад.

    ОтветитьУдалить
  32. Мисли он ки оҳанги муносибе саҳнаи амалиёт ё манзараҳои драма ё филмро такмил менамояд, балки бештар аз он. Инҷо ҳатто манзури мо ҳоло мусиқии ҳуруф (аллитератсия) ҳам нест, ки тасвир дар садои ҳарфҳо таҷассуми овоӣ меёбад, балки умумитар аз ин аст. Вазн ва дар ниҳоят ритму оҳанги шеър рӯҳи он ва рӯҳияи шоирро на камтар аз унсурҳои дигар ифода менамояд. Масалан, мо дар мусиқии печон, динамикӣ ва пуртаҳарруки ин шеъри Лоиқ Шералӣ на танҳо нигораи овоии манзара, балки оҳанги эҳсоси шоирро ба муояна мебинем:
    Чу табболе шабе борони хашмӣ
    Ба боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт.
    Дили ман андаруни синаи танг
    Зи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт...
    Вазни маъмулии дубайтӣ (мафоӣлун, мафоӣлун, фаъӯлун (лон)) дар ин шеър аз банде ба банде интиқол ёфта, ҳамроҳ бо тасвири як манзараи эҳсосомези якпорча тасалсули қавӣ ва ҷараёне пайдо мекунад, ки ба воситаи он мо рақси борони айнӣ ва зеҳниро мушоҳида мекунем.
    Дар вазну оҳанги ин шеъри Бозор Собир воқеан тапиши обу боди тасаввуршуда эҳсос мегардад:
    Қалами ман ба тапишҳои ман одат кардаст,
    Ҳамчунон най ба тапишҳои об,
    Ҳамчу барге ба тапишҳои бод...
    Рамали махбун (Фоилотун (фаилотун), фаилотун, фаилотун...), ки аз занҷираитарин ва мусалсалтарин вазнҳои арӯз аст, беҳтар аз ҳар вазни дигаре, ин манзараро таҷассум ва рӯҳияи шоирро дар ин лаҳза бозтоб менамояд.
    Дар ашъори устод Мӯъмин Қаноат ҳамеша аз нахустин мисраъ ё байт мо моҳияти азму ҳадафи шоирро эҳсос мекунем, вазн ва ритм аз ибтидо мисли бароати истеҳлол (шигарфи оғозӣ) рӯҳиёти моро барои дуруст пазируфтани ривоят ва ё тасвир омода месозад. Масалан, он чӣ дар “Сарахбор”-и “Тоҷикистон – исми ман” ба таври барҷастаи инъикос ёфтааст:
    Эй додгоҳи хокиён, эй осмони бекарон,
    Танг аст ҳоли тоҷикон дар хоку зери хокдон...
    Гӯянд бар аҷдоди мо будӣ падар, будӣ писар,
    Аз шакли ту месохтанд мардони майдонӣ сипар.
    Байроқи адли Ковиён пар мезадӣ болои сар
    Дар дасти садҳо зодаи озодагони Бохтар...

    ОтветитьУдалить
  33. Вазни раҷаз, хусусан раҷази мусаммани солим (мустафъилун, мустафъилун, мустафъилун, мустафъилун), вазни майдон ва набард дониста шудааст ва мушоҷараи пеш аз набардро қадимиҳо “раҷазхонӣ” ҳам мегуфтанд. Барои таҷассуми рӯҳияи ҳамосӣ беҳтарин оҳангро медиҳад. Дар идомаи ин достон, ҳар гоҳ рӯҳия ва оҳанги матлаб ва ҳадаф дигар мешавад, шоир ба вазни дигаре онро месарояд. Ин навъ ба ҳадди аксар созгор кардани рӯҳи матлаб ва ҳадаф дар достон бо вазну оҳанги он, яке аз иқдомҳои навоварона на танҳо дар назми тоҷик, балки умуман назми муосир буд.
    Дар ин бахш лозим аст ба аввали матлаб руҷӯъ ва ёдоварӣ шавад, ки бино бар мисолҳо ва шавоҳиди беадад, вазни шеър (на назми маҳз) унсури сириштӣ ва зотии шеър ва эҳсоси он яке аз барҷастатарин нишонаҳои қареҳа ва истеъдоди шоирист. Аммо лозим аст, дар сурати ҳиссии маҳз ва ибтидоӣ раҳо карда нашавад ва касони дорои ин қареҳа, агар шоириро ҳадаф қарор додаанд, онро ба ҳадди имкон биомӯзанд ва такмил намоянд. Он гуна, ки барои оҳангсозон донистани адвор (нота), нигориш ва хондани он зарур аст, барои шоирони ҷавон низ донистани вазн ва тавони нигориши он беҳтар аст.
    Ҳамчунин, бояд ба лаёқати эҳсоси вазн дар ҷавонон эътибори бештар дода шавад ва таъкидҳои мукарраре аз қабили “бо донистани вазну қофия шумо шоир намешавед” натиҷаи чандон дилхоҳе надорад, зеро дар ин марҳалаи буҳрони ин донишҳо ва лаёқатҳо, ин навъ баёнот барои бисёриҳо баҳонаи бетафовутӣ ва беэътиноиро нисбат ба ин унсурҳои асосии шеър медиҳад.

    ОтветитьУдалить
  34. МУСИҚӢ ВА ВАЗНИ ШЕЪР
    Дар бахшҳои пешин дар хусуси пайванди қавии шеър ва мусиқӣ ёдоварӣ гардид ва ҳамчунин дар мисоли шеъри “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ дидем, ки чи тавр вазни суннатии арӯз метавонад ҳатто ба мусиқии дигар халқҳои ҷаҳон созгорӣ дошта бошад. Ва ин танҳо хосси оҳангҳои маршӣ ҳам нест. Дар сурудҳои латифи муосир низ ин ҳамсозиро мушоҳида менамоем, аз ҷумла ҳофизи машҳур Аҳмад Зоҳир бар чандин оҳанги фаронсавӣ ва дигар оҳангҳои аврупоӣ матни тоҷикиро барбастааст, ки яке аз онҳо суруде ошно бо матлаи “Танҳо шудам, танҳо” мебошад. (Барои иттилои бештар бо ин матнҳо метавонед ба китоби Султон Ҳамад “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”. – Душанбе: Бухоро, 2012 муроҷиат намоед). Ҳамчунин суруде форсӣ ба оҳанги суруди машҳури русии “Миллион алих роз” (матни А.Вознесенский, оҳанги Р.Паулс) ахиран садо дода, ки оҳанг бекаму кост бо матни форсӣ созгорӣ дорад (фоилун, фоилун, фоилун...) ва дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки барои ҳама навъ мусиқии асил, сарфи назар аз он, ки ба кадом миллат мансуб аст, метавон матни манзуми арӯзии муносиби тоҷикӣ пайдо ва ё иншо намуд. Арӯз бо ҳама мусиқии ҷаҳон созгор аст. Ин натиҷагирӣ бар асоси вазнҳои то ҳол роиҷ ва корхӯрдаи арӯз аст ва ғайр аз ин дар системаи арӯз имкони ихтироъи вазнҳои нав ва бесобиқа ба ҳадде зиёд аст, ки беш аз шумори вазнҳои то кунун маъмул мебошад.

    ОтветитьУдалить
  35. Имрӯз бархе аз овозхонҳои нисбатан ҷавон, ки ҳамзамон ба навиштани шеър ҳам машғуланд ва барои оҳангҳои худ ва ё оҳангҳои дигарон матн менависанд, ин матнҳоро ба сурати шеъри навишта низ китобу дафтар мекунанд ва ба хонандагон пешниҳод менамоянд. Агар ба ин матнҳо аз назари вазн (арӯз) эрод гирифта шавад, мегӯянд, ки ин матни суруд аст ва бар мабнои мусиқӣ, оҳанг (на арӯз) иншо шудааст. Аввалан бояд гуфт, ки сактаи арӯз ба ҷуз чанд мавриди нодир, ҳамеша дар оҳанг ҳам сакта эҷод мекунад ва он ҷо, ки дар оҳанг ба навъе сактаи арӯзро пӯшонданӣ мешаванд, харобии лаҳни матн эҳсос мегардад. Зимнан, дар сурудҳои ҳатто бисёр овозхонҳои маъруф, чунин сактаҳои нораво эҳсос мешавад. Хусусан замоне, ки дар таҳия ва чопи матнҳои шеъри классикӣ таҳиягарону ноширон ба хатои вазн роҳ дода, ҳофизон ин хаторо ба суруд овардаанд.
    Дар ин маврид бояд гуфт, ки фазои мусиқии маҳз, албатта, бозтар ва гунгунтар аз фазои як матни мушаххас аст ва агар эътибори аввал бар мусиқӣ бошад, яъне матн барои мусиқии аз қабл омода навишта мешавад, ин маҳз матни суруд аст, на шеъри мустақиле, ки баъдан оҳанг аз таркиби он берун кашида мешавад. Мусиқӣ имконоте дорад, ки дар таркиби он матне бо вазнҳои гуногун ё ҳатто пораҳои мансур ҷой дода шавад. Дар ин сурат матни суруд бояд маҳз чун матни суруд муаррифӣ шавад ва оҳанг дар канори он ба сурати адвор гузошта шавад. Аммо матни танҳои ин асар комил шинохта намешавад ва танҳо он гоҳ комилу тамом ба ҳисоб меояд, ки ҳамроҳ бо оҳанг арза шавад.

    ОтветитьУдалить
  36. Тақрибан мисли намоишнома, ки матни адабии намоиши театрӣ, драма, спектакл ё филмномаро ташкил медиҳад ва мо метавонем ин матнро ба сурати алоҳида бихонем, аммо он ҳанӯз комил нест, хом аст ва танҳо дар саҳнаи театр ё филм комилу тамом мешавад, дар мавриди суруд ин вобастагӣ ҳатто бештар аз намоишнома аст. Чунин матнҳои вобастаи сурудро дар Эрон “тасниф” номидаанд ва, зимнан, тасниф ба эҳтимоли зиёд яке аз заминаҳои зуҳури шеъри нав гардидааст. Дар тасниф мо ба ҳам омадани “низоми мусиқӣ” ва “низоми табиӣ”-ро мушоҳида менамоем. Масалан ин таснифи машҳури эронӣ:
    Бо ман бинишин
    Омад, омад, бо дилҷӯйӣ, гуфто бо ман
    Танҳо манишин, бархезу бубин, гулҳои хандони саҳроиро
    Аз саҳро дарёб ин зебоиро.
    Бо гӯша гирифтан дармон нашавад ғам, бархезу бапо кун шӯре ту ба
    олам.
    Ту ки узлат гузидаӣ, ғами дунё кашидаӣ, зи табиат чи дидаӣ ту?...
    Ин матн тарзе сохта шудааст, ки бидуни он ки шумо аз оҳанги он огоҳ бошед, ё бидонед, ки матни суруд аст, ҳаройина, ҳар калима ё ибораро ба зарби махсус мехонед ва таври дигар ҳам хонданаш ба овоз муяссар намегардад. Агарчи арӯз низ дар ин мисроъ эҳсос мешавад, он ҳар лаҳза тағйир меёбад ва якдасту пойдор нест.
    Бояд гуфт, ки дар ашъори арӯзӣ низ вазнҳое ба кор рафта, ки ки ҳар қитъаи он ҳамзамон як қитъаи мусиқист ва оҳанг ба сароҳат аз дохилаш худро берун мезанад. Аз ҷумла ғазали Бедил бо матлаъи:
    Агар ба гулшан ба ноз гардад қади баланди ту ҷилвафармо,
    Зи пайкари сарв мавҷи хиҷлат шавад намоён чу май зи мино...
    Ё:
    Насазад ба вазъи фусурдагӣ зи баҳори дил мижа бастанат,
    Ки гудохт ҷавҳари рангу бӯ ба фишори ғунча нишастанат.

    ОтветитьУдалить
  37. Ин ду намуна аз баҳрҳои вофир ва комил, ки хосси шеъри араб дониста шудаанд, дар шеъри тоҷикӣ мусиқии барҷастаеро доро мешаванд ва эҳсоси мусиқӣ дар ин навъ шеърҳо бартар аз эҳсоси вазн аст. Домани фарохи ин вазнҳои пурталотумро аз дони маънӣ пур кардан, ин равишро дар саросари як шеър то охир нигоҳ доштан кори бисёр душвор аст, ки аз уҳдаи он танҳо шоироне чун Саъдӣ ва Бедил баромадаанд ва талошҳои бисёре дигар аз шоирон ба тасаннуъ ва такаллуфи маҳз анҷомидааст. Аммо дар тасниф чунон, ки дида шуд, мутобиқ ба оҳанги тағйирёбанда тули ҳар мисраъ ва ҳатто вазну зарби он метавонад тағйир ёбад.
    Дар фолклори тоҷик намунаҳои таснифро метавон пайдо намуд, ҳамчунин баъзе аз ашъори устод Айнӣ (“Хест бар дафъи таадии фашизм аскари мо” ва таронаи “Шоҳдухтар”, ки бар мабнои сурудҳои фолклории тоҷикӣ сохта шудаанд, метавонанд навъе аз тасниф шумурда шаванд. Тасниф дар ашъори тоҷикистонии Абулқосим Лоҳутӣ низ нақши равшан дорад. Аз ҷумла матни Суруди миллии (Гимни) пешинаи Тоҷикистон, ба қалами ӯ бар мабнои тасниф нигошта шудааст ва баъзе мисроъи он ба вазни мафоилун (v-v-) ва бархе ба вазни дигар ё умуман хориҷ аз вазн танзим шудааст. Чун Абулқосим Лоҳутӣ аксаран оҳанги сурудаҳояшро худ месохт ва беш аз ин бар ашъори дигарон низ оҳанг мебаст (аз ҷумла бар ғазали Низомӣ “Шудам бар сурате ошиқ...” ) ба эҳтимоли қавӣ дар сохтани оҳанги он гимн бояд нақши асосӣ дошта бошад. Хусусан, ба ин мулоҳиза, ки оҳанги он гимн рӯҳи барҷастаи шарқӣ дорад. Матни нави Суруди миллии Тоҷикистон, ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ комилан дар вазни арӯзии ҳазаҷи мақбуз (v-v-) ва дар қолаби арӯзи нав бо шумори гуногуни аркон дар мисраъҳо буда, ба айни ҳамон оҳанг мутобиқат дорад.
    Мутобиқати арӯзи нав ба мусиқии ҷадид мисли тасниф ба фазли ҳамон имкони гуногунии тули мисраъҳо муяссар мегардад. Зеро чунон, ки гуфта шуд, мусиқии нав баръакси мусиқии суннатӣ, ки он ҳам ба шеъри суннатӣ мутобиқ буд, сартосар аз қитъаҳои яксон иборат нест ва пардае метавонад иборат аз як-ду зарб ва пардаи дигар аз чанд зарби пайҳам бошад. Ончи дар ашъори арӯзи нав дар шумори рукнҳои шеър дида мешавад, ки як мисраъ метавонад аз як рукн ва мисраъи дигар аз чор ё ҳатто панҷ рукн иборат бошад ва композитсия (сохтори) оҳанг дар на дар воҳидҳои алоҳида балки дар тамомияти он хулоса ва таҷассум ёбад.

    ОтветитьУдалить
  38. Намунаи барҷастаи ҳамсозии мусиқии ҷадид бо шеъри нав (арӯзи нав) дар яке аз нахустин намунаҳои шеъри нави тоҷик шеъри машҳури Муъмин Қаноат “Нарав қуи сафеди ман” мебошад, ки маълум аст, бо илҳом аз мусиқии П.И.Чайковский “Ҳавзи қувон” ва рақси Малика Собирова эҷод шудааст:
    Навоҳо об мегардад,
    Ба рӯйи саҳна мерезад,
    Садо аз мавҷҳои реза мехезад.
    Ба нармӣ қуи зебое
    Ба рӯйи ҳавз обӣ шуд,
    Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.
    Гаҳе аз нармрафторӣ
    Гули дар об мегардад,
    Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.
    Гаҳе аз ишқ меболад,
    Гаҳе хомӯш менолад,
    Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад.
    Ман аз ин печутоби ӯ,
    Азобу изтироби ӯ,
    Шудам дар ин шаби сармо кабоби ӯ.
    Зи дилбозии он дилбар,
    Зи рақси қуи афсунгар
    Ҳазорон чашмҳо чун чашма пуроб аст.
    Дар он ҷо ҳур мерақсад,
    Ба дилҳо ҷӯр мерақсад,
    Миёни дидаҳо чун нур мерақсад.
    Ба афсуне ҳақиқатро
    Ба ман афсона месозад,
    Маро аз хештан бегона месозад.
    Нарав, эй лаҳзаи ширин,
    Машав хомуш, эй оҳанг,
    Ки умри бебаҳоям меравад аз чанг...
    Марав ҷонам, ки васли мо
    Дар ин афсона мемонад,
    Зи ман баъди ту оташхона, оташхона мемонад.
    Дар ин шеър, ки арӯзи нав (бар мабнои ҳазаҷи солим) бо мусаммати мусаллас омехта, таркиби онро дар тасарруфи худ гирифтааст, ҳар банд мутаносиб бо як қитъаи мусиқӣ ва тамомияти шеър мутаносиб бо рӯҳи оҳанги мазкур мебошад. Тасвирҳои пайҳам тамомият ва якпорчагии оҳангро қавитар менамояд ва бо ин ҳол ҳаргиз наметавон гуфт, ки тағйири аркон дар банди аввал ба оҳанги банди охир бемуносибат аст. Яъне тамоми пайкари шеър ба як оҳанги воҳид табдил меёбад ва афзуда шудани як рукни комили мафоӣлун дар охирин мисраъ мисли зарби охирини мусиқӣ онро тамомият мебахшад ва ҷамъбаст мекунад.
    Мусиқии ҷадиди касбии тоҷик ҳамзамон бо шеъри нав ба вуҷуд омад ва талфиқе аз ин ду ҳосил гардид. Бар матнҳои шеъри нав (арӯзи нав) як силсила сурудҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба зеҳну табъи мардум ба таври табиӣ роҳ ёфтанд. Аз ҷумла сурудҳои Ҷӯрабек Назрӣ бар ашъори нави Муъмин Қаноат, Саидқул Билол бар ашъори нави Бозор Собир, Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшоҳи Шодӣ бар ашъори нави Лоиқ Шералӣ, аз чанд нафар ҳофизон бар ашъори нави Гулрухсор, Гулназар ва дигарон.
    Матни суруд қарор гирифтани шеъри нав (арӯзи нав) ва ба хушӣ пазируфта шудани он аз тарафи умуми мардум дар ниҳоят тасдиқи ҳувияти бебаҳси шеъри нав дар матни фарҳанги миллии мо мебошад.

    ОтветитьУдалить
  39. ШЕЪР ВА ДОНИШ (18)
    НИЗОМИ ТАБИӢ ДАР ШЕЪР
    Нимо Юшиҷ зимни тавзеҳи вижагиҳои шеъри нав менависад: «...Шеъри форсӣ се давраро мумтоз медорад: Давраи интизоми музикӣ, давраи интизоми арӯзӣ, давраи интизоми табиӣ».
    Манзури эшон аз ин қисмат чунон аст, ки ибтидо шеър таҳти ҳоссаи мусиқии инсонҳо сурат баст, сипас системаи арӯз ба вуҷуд омаду таърифу танзими назарӣ шуд ва шеър дар қолаби он гирифта шуд ва дар ниҳоят даврони интизоми табиъии он фаро расид ва ин давра замонест, ки шоироне чун Нимо бо таваҷҷӯҳи бештар ба лаҳни табиъии матни шеър даст ба эҷоди тағйироте дар системаи арӯзи суннатӣ заданд ва фазои онро барои ҳаракати озодтари ҷузъҳои матни шеър бозтар намуданд. Аммо арӯз ба сурати навтаре боқӣ монд ва на танҳо радду тарк нашуд, балки имконоти бесобиқаи он рӯйи кор омад.
    Ин даврабандӣ низ ба шарти он аст, ки мо кадом ҷанбаи низоми шеърро дар мадди назари аввал қарор медиҳем: мусиқии онро, вазни арӯзии суннатиро ва ё низоми табиъии матни шеърро? Дар акси ҳол чунон, ки дар бахшҳои пешини ин гуфтор дидем, мусиқӣ ва арӯз дар шеър бо ҳам даромехтаанд ва яке аз дигаре нашъат мегирад ва ин ҳарду он гоҳ натиҷаи матлуб медиҳанд, ки бо табиати матн ва маънову муҳтаво ва рӯҳияи шеър созгории комил дошта бошанд, яъне табиӣ сурат бигиранд.
    Барои он ки ба ниёзи воқеии ҳаракати озоди матн дар таркиби шеър ва сурати табиъии он беҳтар пай бибарем, лозим аст ба масъалаи воҳиди шеър дар низоми суннатии арӯз таваҷҷӯҳ ва хусусияти он маълум карда шавад. Муҳимтарин ва асоситарин воҳиди шеър дар назми суннатии мо байт (ду мисраъ) буд ва имрӯз ҳам дар навъҳои суннатии шеъри мо дар ҳамон мақоми худ пойдор аст. Тамоми осори манзуми суннатии мо ба истиснои мусамматот, ки аз бандҳо иборат аст, бар мабнои байт сохта шудааст. Байт ҳам ҷузъе аз як асар аст ва ҳам дар таркиби он истиқлоли нисбӣ дорад. Хусусан, дар маснавӣ ва ғазал. Имконоти истиқлоли байт дар муфрадот ба ҳадди камол мерасад ва фард (байт, фардбайт, байти фард, такбайтӣ) ба жанри мустақил, хурдтарин жанри шеъри ғиноии ҷаҳон табдил мешавад. Дар фолклори тоҷик низ (хусусан фолклори водии Фалғару Масчоҳ) аз муҳимтарин жанрҳои ғиноӣ мебошад ва ин амр гӯёи ин воқеият аст, ки истиқлоли байт як амри табиист, на ибтикори назарӣ ва таҷрибӣ. Имконоти барҷастаи байт боис гардида, ки истилоҳоте чун “шоҳбайт”, “байтулғазал” ва... ба вуҷуд биёяд ва байтҳои барҷастаи беҳадду шуморе аз таркиби маснавиҳо, ғазалҳо ва дигар анвои назм берун омада, минбаъд чун як асари мустақил, мисли фард арзи вуҷуд кунанд ва ҳатто ба зарбулмасалу мақол табдил шаванд. Дар бисёре аз тазкираҳо ва осори таърихи адабиёт барои исботи қуввати табъ ва истеъдоди шоире аз вай як ё ду байт мисол оварда мешавад ва ё ишора мешавад, ки соҳиби фалон байти машҳур ӯст. Асарҳои бузурги манзуми адабиёти мо асосан қасида ва маснавӣ мебошанд, ки иборат аз байтҳо ҳастанд. Истиқлоли шаклии байт дар маснавӣ барҷастатар аст, чун ҳар байт қофияи мустақил дорад. Қолаби муҷази байт, ки аксаран аз 10-12 калима ва камтар аз ин иборат аст, шоирро вомедорад, ки дар ҳамин ҳудуд як мазмунро (ҳамроҳ бо эҳсосот, тасвир ва ғайра) адо намояд ва камтар воқеъ мешавад, ки мазмуни таркибӣ ва дохилии як байт ба байти дигар интиқол ёбад ва вобаста бошад. Ҳунари шоир ҳам дар ҳамин лаёқат хулоса мешуд. Дар таҳсини ин навъ лаёқат аст, ки Иқбол дар шеъри “Чистони шамшер” мегӯяд:

    ОтветитьУдалить
  40. Мазмуни ӯ ба мисрае барҷастаи тамом,
    Миннатпазири мисраи дигар намешавад.
    Яъне истиқлоли маънавӣ, чун шамшер, ки аз як хат иборат аст ва ҳатто ниёз ба хатти дигар надорад, рамзи қудрати маънавӣ, эҷоз.
    Ин низом дар айни ҳол боис мегардад, ки афкори пароканда муназзам гардад, банду баст шавад, як пайкари воҳид ёбад. Бино бар ин, пешиниён ба назм овардани осори мансурро низ лозим донистаанд ва онро воситае шинохтаанд, барои ҳифзу идомати бақои ин осор ва камтар кардани имкони тасарруфот ва дахолат дар онҳо. Абулқосими Фирдавсӣ дар боби назми “Калила ва Димна” аз тарафи устод Рӯдакӣ менависад:
    Гузорандаро пеш биншонданд,
    Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
    Бипайваст гӯё парокандаро,
    Бисуфт ончунон дурри окандаро.
    Ҳамчунин дар васфи Дақиқӣ ва кори ӯ дар назм кардани “Шоҳнома” мегӯяд:
    Фасона куҳан буду мансур буд,
    Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд.
    Набурдӣ ба пайванди ӯ кас гумон,
    Пурандеша гашт ин дили шодмон.
    Гирифтам ба гӯянда бар офарин,
    Ки пайвандро роҳ дод андар ин.
    Агарчи напайваст ҷуз андаке,
    Зи базму зи разм аз ҳазорон яке.
    Зимнан, дар ҳаҷми он ҳазор байте, ки аз устод Рӯдакӣ барои мо боқӣ мондааст, агар ба фарз осори мансур (ба ҳамин ҳаҷм) боқӣ мемонд, оё чунин арзише медошт? Оё ҳама иборат аз ҷумлаҳое комилу тамом ва ҳовии андешаҳое мушаххас мебуд?
    Манзури мо дар ин қиёс, албатта, насри муосир нест, ки тартибу низоми ҳунарии хосси худро доро гардидааст.
    Он гуна, ки дар мазмуну муҳтаво, дар вазн низ байт воҳиди асосии назм қарор дода шуд ва як байт, агарчи иборат аз ду мисраъ аст, як хатти воҳиди ритмӣ шинохта ба ҷузъҳои ба ҳам пайваставу вобаста тақсим карда шудааст: садр – арӯз (аввалу охири мисраи аввал ва зарб – ибтидо (аввалу охири мисраи дуюм) ва дар миёнаи ҳарду мисраъ – ҳашв. Яъне як доира, ки миёнаи онро ҳашв ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз аст, ки дар нигориши суннатӣ як байтро дар як сатр, мисраъҳоро на дар зери якдигар, балки дар идомаи якдигар менавиштанд.
    Воҳиди вазн ва назм қарор гирифтани байт, беш аз он ки ба иқтизои ритму оҳанг ва вазн бошад, ба иқтизои фикру андеша, яъне забон буд. Дар аксари мутлақи мавридҳо як байт як ҷумла аст, бештар ҷумлаи мураккаби пайваст ва тобеъ. Он гуна, ки воҳиди наср ҳам ҷумла аст. Аммо барои ҷумлаи назм ҳудуди ритмӣ (вазн) муқаррар шудааст, ки бо арӯз, қофия ва гоҳо радиф ҳадгузорӣ мешавад, риояти он ҳатмӣ дониста мешавад. Пас агар дар наср як ҷумла иборат, масалан, аз се калима ва ҷумлаи дигар аз 20 калима ё бештар имконпазир бошад, дар назм, чунон ки пештар ёд шуд, ба иқтизои риояи назму тартиби мушаххаси интихобшуда, шумори калимаҳо бояд ба ҳадде мусовӣ бошад, ки дар оҳангу ритми онҳо (миёни мисроъ ва байт) дигаргунӣ ба вуҷуд наояд. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар, дар нигориши ҷумлаҳои наср нависандаи осори мансур ихтиёри бештаре дорад ва метавонад дар сурати лузум ҷумлаҳои кутоҳро (агарчи сатрро пур намекунанд) зери якдигар бинависад ва ба ин восита лаҳни табиъии забонро ҳифз кунад. Хусусан, дар муколама (диалог). Пайравони шеъри нав хостанд, ҳамин имконоти насрро ба шеър биёранд ва дар айни ҳол вазнро ҳифз намоянд, балки назокат ва табиати бештар ба он бубахшанд. Ин зарурат дар қолаби байтҳои адабиёти классикӣ ҳам эҳсос мешавад. Масалан, байте аз қитъаи машҳури Саъдӣ:
    Ҳар ки ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад
    Рӯзи майдон в-он ки бигрезад, ба хуни лашкаре.

    ОтветитьУдалить
  41. Дар ин байт ҷузъи ҳиссаи аввали ин ҷумлаи мураккаб ба иқтизои вазн ба аввали мисраи дуюм интиқол ёфтааст, ки он ибораи “рӯзи майдон” аст ва ин боис мешавад, ки шогирдон ба душворӣ ба маънои ин байт пай баранд, хусусан, ки аксаран чун одат дар китобҳои мо ҳатман дар охири мисраи аввал вергул мемонанд ва дар охири байт нуқта ва таваҷҷӯҳ намешавад, ки аломатҳои китобат чи дар назм ва чи дар наср яксон бояд мутобиқи табиати забон, ҷумла гузошта шавад. Агар ин байт моли шоири пайрави шеъри нав мебуд, онро ҳатман чунин менавишт:
    Ҳар ки ҷанг орад,
    ба хуни хеш бозӣ мекунад
    Рӯзи майдон
    В-он ки бигрезад,
    ба хуни лашкаре.
    Ки дар ин сурат муштарак будани ибораи “рӯзи майдон” миёни ду мисроъ ба таври барҷаста маълум мешавад ва лаҳни табиъии қироати ин шеър, ки баъди ҷузъи аввали мисраи аввали ин навишта ва ҷузъи аввалу охири мисраи дуюм таваққуф лозим аст, бевосита ба хонанда маълум карда мешавад. Вазни ин шеър низ, ки рамал (фоилотун) аст, ҳеч халале намеёбад.
    Муҳимтарин имконе, ки ба шоир дар арӯзи нав даст медиҳад, ҳамин озодӣ аз қайди баробарии ҳатмии рукнҳои мисроъ аст. То бидонем, ки ин чи аҳаммият дорад, аз ҷумла аз мавзӯи “ҳашв” бояд ёд бикунем. “Ҳашв” дар шеъри суннатӣ он пораҳои сухан, калимаву ибораро гӯянд, ки бидуни онҳо низ асли матлаби шоир маълум аст, ва шоир онҳоро барои пур кардани мисраъ ва байт меорад. Агар дар ин кор шоир ҳунар нишон бидиҳад, метавонад ин афзудаҳоро тарзе ба кор гирад, ки на қубҳ, балки ҳусни шеър шаванд ва ин навъ ҳашвро “ҳашви малеҳ” номидаанд, ки намунаи барҷастааш ҳамин байти Ҳофиз аст:
    Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ ки хатост,
    Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост.
    Дар ин байт “ҷони ман” қоидатан ҳашв шумурда мешавад, чун бидуни он ҳам асли матлаби шоир равшан аст. Аммо, ибораи “ҷони ман” дар ин байт на танҳо зиёдӣ ба назар намерасад, балки муҳимтарин ҷузъи шеърсоз аст ва шеърро бо танзи латифе ки дорад, зинда мекунад. Навъи дигарро “ҳашви миёна” гуфтаанд, ки қубҳи он барҷаста ба назар намерасад, вале лутфу зарофате ҳам дар шеър эҷод намекунад. Навъи сеюм “ҳашви қабеҳ” (бад, зишт) номида шудааст, ки ҷузъе аз байт дар он на танҳо зиёдист, чун нишони заъфи ҳунари суханвар табъро малул месозад. Масалан:
    Ҳар ҷой ки рахнае ба ҳар деворест,
    Шояд, ки камини каждуме ё морест.
    Дар мисраи аввал калимаи “ҳар” бидуни ҳеч зарурати маънавӣ такрор шуда, танҳо вазифаи пур кардани мисраъро дорад, биноан ҳашви қабеҳ аст.
    Дар арӯзи нав ба баракати озодии миқдори рукнҳо дар мисраъ ин мушкил ва хатари ҳашв аз миён меравад. Як мисраъ метавонад як рукн бошад ва мисраи дигар ҳатто 5-6 рукн ва бештар. Масалан:
    Аё дарё,
    Аё ойинаи сайёлу поки рӯзгори мо...
    Мақсуди шоир аз мисраъи аввал бо ҳамон як хитоб адо шудааст ва чун мехоҳад, хитоби ӯ таъкиди бештаре дошта бошад ва чун дарё образи марказии шеър аст, дар як мисраъ бо ҳамин ду калима (як рукни ҳазаҷ – мафоӣлун) қаноат кардааст. Нодирпур мегӯяд: «... Ва мисол, агар вақте мо мехоҳем ҳарф бизанем, фақат як ҳарф ифодаи маъноро мекунад, ҳамон як ҳарфро мезанем. Яъне, агар ман бо шумо сӯҳбат мекунам, агар як бор «на» бигӯям, тамоми ҳарфи худамро ба шумо гуфтаам. Таваҷҷуҳ кунед, ҳеч эҳтиёҷ надорам, ки ба ин «на» ҳеч калимаи дигарро биафзоям». Яъне, арӯзи нав шеърро ба гуфтори табиӣ бисёр наздик мекунад.
    Аммо набояд пиндошт, ки бо арӯзи нав хатари ҳашв комилан аз байн меравад. Оре, шоир дигар маҷбур нест байту мисраъ пур кунад, аммо дар айни ҳол фазои озоди арӯзи нав (шеъри нав) метавонад шоирро бифиребад ва на танҳо калимаву ибора, балки ҷумлаҳои зиёдиро вориди матни шеър намояд. Масалан, шеъре ба номи “Ҳиммат” дар таҳрири аввал чунин омадааст:
    Мо аз ин андеша,
    ки мабодо ба назар хурд шавем,
    Гиряро дар дили худ мебандем,
    Бо фишори дили худ механдем,
    То надонанд, ки мо ғамгинем,
    То нагӯянд, ки мо мискинем.
    Осмонро, ки чунин биме нест,
    Бинигар чун ба фиғон,
    бо фаварон,
    аз дилу ҷон
    мегиряд.
    Шарм бодат, мутакаббир дили ман,
    Осмон мегиряд!

    ОтветитьУдалить
  42. Шоир дар таҳрири дигар се мисраъ аз ин шеър (Бо фишори дили худ механдем, То надонанд, ки мо ғамгинем, То нагӯянд, ки мо мискинем)-ро ҳазф мекунад ва мебинем, ки онҳо воқеан, на танҳо ҳеч чошнии шеърие дар ин навишта наафзудаанд, балки комилан ҳашв ва нозарур ҳастанд ва нафаси шеър бидуни онҳо озод мегардад, оҳанги шеър якпорчатар ва матлаб барҷастатар мешавад.
    Пас, агар дар шеъри сунатӣ шоир бояд ҳар байтро бисанҷад, биорояд, бипардозад ва пухта кунад, дар арӯзи нав (шеъри нав) ҳар мисраъ, ҳар калимаю иборае, ки истиқлоли нисбии ритмӣ дорад, бояд ҷиддан ва дақиқ аз назари мазмун ва лаҳн озмоиш шавад ва аз зиёдӣ парҳез шавад. Агар дар шеъри суннатӣ хомии як байт то ҷое дар дохили худаш боқӣ монад, дар арӯзи нав (шеъри нав) як калима, ибора ва рукни бемаврид ва нозарур ба сароҳат дар тамоми шеър сироят мекунад ва онро халалпазир месозад. Зеро, чунон ки пештар ёд шуд, ритму оҳанги шеъри нав (арӯзи нав) яклахттар ва воҳидтар аст.
    Дар ниҳоят чун арӯзи нав ба хотири табиитар кардани матни шеър буд, бояд ҳадди матлуб ва матбуъи табиӣ нигоҳ дошта шавад ва кутоҳиву тӯли мисраъҳо ҳамчунин тӯли шеър аз ҳад беш нашавад. Онгуна ки масалан дар баъзе ашъори бар мабнои арӯзи нав мисраъҳои дароз аз ҳадди табиӣ дар шеър берун мераванд.
    Дар ашъори тӯлонии арӯзи нав бештар шоирон он гоҳ муваффақ будаанд, як воқеа, ҳодиса ва тасвири воҳид зеҳни хонандаро машғул дошта, имкон надодааст, ки дар табъаш эҳсоси итноб – тули аз ҳад зиёди сухан ба вуҷуд биёяд. “Сурӯши Сталинград”- и Муъмин Қаноат, “Ораши камонгир”- и Сиёвуши Касроӣ, (http://iranboom.ir/…/73…/tir/572-manzome-arash-kamangir.html) “Катиба”- и Меҳдии Ахавони Солис (http://www.kalam.se/t-akhavan-katibeh.htm) ва “Уқоб аз авҷҳо”-и Восифи Бохтарӣ (http://www.goftaman.com/daten/fa/litratur/part1/lit71.htm) ҳамин гуна намунаҳои муваффақ мебошанд, ки ба фазли вуҷуди воқеаи ҳамосӣ ва устура дар онҳо инсиҷоми табиӣ ёфтаанд.
    Дар ашъори комилан ғиноӣ (лирикаи медитативӣ, медитативӣ-тасвирӣ) шоирони соҳибтабъи мо ғолибан аз итноб ва тӯли сухан парҳез кардаанд. Аммо шоирони камтаҷрибатар ва ҷавон, мутаассифона, фирефтаи ин имконоти зоҳиран осони арӯзи нав гардида, ба ҷойи истифода аз унсурҳои ҳашвзудои ин навъи шеър, суханро ба итноб кашондаанд ва имрӯз яке аз мушкилҳои фарогири назми мо дар ҳамин хулоса мешавад. Чизе ки наср ҳам аз он эмин нест.

    ОтветитьУдалить
  43. ШЕЪР ВА ДОНИШ
    ШЕЪРИ САФЕД
    Шеъри сафед дар адабиёти форсӣ шеъреро номидаанд, ки бидуни вазн аст ва тафовути аслии он аз он чи “нимоӣ” номидаанд, дар ҳамин аст. Аммо дар адабиёти рус “белий стих” шеъреро мегӯянд, ки вазни муайяне дорад, вале қофия надорад ва он чи бештар ба шеъри сафеди форсӣ мутобиқат мекунад, дар адабиёти рус “волний стих” (шеъри озод) номида мешавад, ки қофия дорад, вале вазн надорад. Дар шеъри сафед ҳам қофия ба кор бурда мешавад, аммо ҳатмӣ дониста намешавад. Барои он ки мо дар манзури худ аз “шеъри сафед” иштибоҳ накунем ва назири онро дар ҳама адабиётҳои дигар бишиносем, бояд мафҳуми “шеъри бевазн”-ро дар зеҳн дошта бошем. Бе вазн, аммо ҳатман бо лаҳну ритми муайян ва дигар унсурҳои оҳангсоз, ки онро аз наср ва ҳатто “шеъри мансур” тафовут медиҳад. Гунаи шеъри сафед дар назми тоҷик пеш аз он, ки ин мавзӯъ дар Эрон бар сари забонҳо афтад ва баҳсҳои пурҷӯше атрофи он сурат бигирад, ба майдон омада буд. Баъзе аз намунаҳои назми Абулқосим Лоҳутӣ, хусусан тарҷумаи ӯ аз достони А.С.Пушкин “Моҳигир ва моҳии тило” (агарчи то кунун ба “вазни ҳиҷо” муаррифӣ шудааст), дар қолаби шеъри сафед сурат гирифтааст. Зимнан, қобили ёдоварӣ аст, ки яке аз омилҳои аслии зуҳур ва ривоҷи “шеъри сафед” дар адабиёти Эрон ва дигар адабиётҳои ҷаҳон ба эҳтимоли ғолиб тарҷума аст. Зеро ба ҷуз дар Русия ва Шӯравии собиқ ва шумори маҳдуде аз кишварҳо ва тарҷумонҳои алоҳида дар боқӣ кишварҳои дунё осори манзумро хориҷ аз қолаби назм (бидуни вазну қофия) тарҷума мекунанд ва матнҳое ҳосил мешавад, ки шабоҳати комил ба “шеъри сафед”-ро доранд. Хусусан, нуфузи калимаҳои “бисёр” арабӣ дар шеъри сафеди Эрон ин эҳтимолро ба миён меорад, ки ин шеър мутаассир аз тарҷумаҳои номавзуни арабии назми ҷаҳон бошад.
    Тавсифи “шеъри сафед” дар аксари адабиётҳо чанд нуктаи муштарак дорад:
    1. Гунаҳое аз ин навъ шеър дар ҳар адабиёти миллӣ вуҷуд доштааст. (Албатта, на ҳамеша намунаҳои арзашуда бо шеъри сафед муносиб будаанд).
    2. Ин навъи шеър мутлақ нест, яъне адабиётро аз анвои дигари шеър бениёз намекунад, балки як навъи нисбатан истисноии шеър аст ва мумтоз ҳам нест.
    3. Дар ин навъи шеър ритми хоссе аз зарби каламоту иборот бояд ҷойгузини вазн гардад ва қофия ба муқтазои мазмун ба кор бурда шавад.
    4. Маънӣ ва нукоти хоссе дар таркиби шеъри сафед бояд зеҳнро аз талаб ва ҷустуҷӯи вазну қофия фориғ созад. Ба иборати дигар мазмуни хоссу барҷаста набуди вазну қофияро ҷуброн кунад.
    Агар ҳамаи ин тавсифоти “шеъри сафед” дар назар гирифта шавад, ба ин натиҷа мерасем, ки бидуни он, ки мо даст ба иқдоме комилан нав ва ихтироъкорона зада бошем, танҳо бо сарфи назар кардан аз вазн ва қофия (он ҳам на ҳамеша) вазифаи сангинеро бар дӯш гирифтаем, зеро дар сартосари як шеър танҳо ҷаззобияти маънавии суханро василаи ҷалби зеҳни хонанда қарор додан, корест басо сангин ва наздик ба муҳол. Аммо агар шеъри сафеди мо сартосар бо онгуна ҷаззобияти маънавӣ ороста набошад, дар ҳоле, ки на насри табиист ва на назм, хонандаро ба зудӣ хаста месозад ва дар табъ эҳсоси парешонӣ ба вуҷуд меояд. Манзури мо аз ин “ҷаззобияти маънавӣ” ҳамон чизест, ки шеършиносони қадим онро “маънии ғариб” мегуфтанд ва ба нудрат ба даст меомад. Мисли ин байти устод Рӯдакӣ:
    Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,
    Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.
    Оғози шеъри сафед дар адабиёти форсӣ расман аз маҷмӯаи Аҳмади Шомлу “Ҳавои тоза” (1950) ба ҳисоб гирифта шудааст. Аҳмади Шомлу аз пайравони мактаби Нимо Юшиҷ буд ва Нимо ҳифзи арӯзро дар шеъри нав аз мабноҳои усулии назарияи худ эълон карда буд: “Ман ҳатто барои беназмӣ назме қоилам”. Ва бо ин иқдоми Аҳмади Шомлу, дар ҳоле, ки ҳанӯз баҳсҳо сари шеъри нави нимоӣ идома дошт, шадидан мухолиф буд. Аммо шеъри сафед бо навиштаҳои Шомлу маҳдуд боқӣ намонд ва дигар шоирони маъруфи он даврон низ шеъри сафедро таҷриба карданд. Аз ҷумла Фурӯғи Фаррухзод:
    Дилам гирифтааст,
    Дилам гирифтааст.
    Ба айвон меравам ва ангуштонамро бар пӯсти кашидаи шаб
    мекашам.
    Чароғҳои робита ториканд,
    Чароғҳои робита ториканд.
    Касе маро ба офтоб муаррифӣ нахоҳад кард,
    Касе маро ба меҳмонии гунҷишкҳо нахоҳад бурд.
    Парвозро ба хотир биспор,
    Паранда мурданист.

    ОтветитьУдалить
  44. “Ангушт кашидан ба пӯсти кашидаи шаб, торикии чароғи робита, муаррифӣ ба офтоб, меҳмонии гунҷишкҳо, ба хотир супурдани парвоз” ҳамагӣ нуктаҳои тааҷҷубангезанд ва ба изофа, такрори баъзе ҷузъҳои шеър зеҳни моро дар иҳотаи комили худ қарор медиҳад ва фурсати зиёде барои эҳсоси набуди вазни маъмулӣ боқӣ намегузорад.
    Ин шеър дар зоҳир ба маҷмӯаи рамзҳо шабоҳат дорад ва барои касоне, ки ба фазои ҳиссиву маънавии шеъри Фурӯғ унсу ошноӣ доранд, ин рамзҳо шарҳу басте доранд ва мазмунҳоеро бозгӯ менамоянд, дар ғайри ин ҳол ба назар чун ангорае (тарҳе) ба назар мерасад, ки шоир барои навиштани шеъре муҳимтарин нукоти онро пароканда рӯйи сафҳа оварда ҳанӯз нусхаи комил ва пайваставу мураттаби онро эҷод накардааст.
    Мо ин гуна эъҷобангезии калом, баёни аксаран мустаор ва рамзгунаро дар шеъри Сӯҳроби Сипеҳрӣ беш аз ҳар шоири дигар, аз ҷумла сапедсароён мебинем, бештар дар қолаби арӯз. Аммо ашъори сапеди худи Сӯҳробро ҳаргиз ҳамсанги ашъори нимоии ӯ намеёбем чун мусиқии мумтози шеъри Сӯҳроб рӯҳи фарогири тахайюли рангини шоиронаи ӯст. Ағлаб дар шеъри сапеди ӯ чун наққошиҳои нотамомаш, як ангораи пароканда (эскиз)-ро мушоҳида мекунему бас:
    Меҳроб
    Тиҳӣ буду насиме.
    Сиёҳӣ буду ситорае.
    Ҳастӣ буду замзамае.
    Лаб буду ниёише.
    “Ман” буду “ту”-е.
    Аммо ҳақиқат ин аст, ки ин шоирони тавоно шеъри сапедро ба такаллуф ва тақаллуб нагуфтаанд, балки хостаанд бо матлаб, ҳадаф, ғоя бо камоли садоқат ва бетакаллуфӣ рафтор намоянд. Масъала ин аст, ки ҳар матлабе, ки дар вуҷуди шоир арзи ҳастӣ менамояд, то ҳадде сурати худро ҳамроҳ дорад ва беҳтарин матлаби илҳомшуда он аст, ки сурати зеҳнии он бо сурати хориҷиаш, ки бар забон ва мунтаҳо рӯйи сафҳа меояд яке бошад ё бисёр наздик. Бедил мегӯяд: “Ҳеч шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд”. Агар ин формуларо ба сухани бадеъ татбиқ намоем, шакл дар ин ҷо ҳамон идея ё намод ва тасаввури аввалии зеҳнӣ аст, ки дар ҷаҳони андеша ба вуҷуд меояд, ҳаюло андешаҳои воридшуда ба қолаби лафзу мантиқ ҳанӯз дар зеҳн мебошад ва сурат (ки маҳсули ниҳоист) намуд ва шакли ниҳоию тамомшудаи асар аст, ки ба баён ва ё нигориш омадааст, ҳамчунин образ, ки таҷассуми рангини ин ҳама мебошад. Аммо боз дар айни ҳол мефармояд:
    Эй басо маъно, ки аз номаҳрамиҳои забон,
    Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд.
    Дар таҷрибаи эҷодии ҳар шоире эҳсоси печидагӣ ва душвории баёни ончи дар замир меояд, вуҷуд доштааст ва ба сурате ин нукта баён шудааст. Аз тарафи дигар дар замири шоирон ҳамеша орзуи даст ёфтан ба як сурати идеалии баён вуҷуд дошта, ба гунае, ки садду фосилаи ҳарчи камтаре миёни шакли аввали зеҳнӣ (идея) ва сурати нигоришёфтаи шеър боқӣ монад. Ин як навъ роҳ ҷустан ба самимияти бештар ва парҳез аз унсурҳои санъат ҳам дониста шудааст. Яъне шоир мехоҳад мустақиман дари коргоҳи эҷодии худро ба рӯйи шумо боз кунад ва мисли наққоше, ки дар баробари назари шумо наққошии худро анҷом медиҳад, асари худро дар ҷараёни офарида шудан, на дар сурати анҷомёфта ва рангу пардозшуда пешниҳод намояд ва дар ин ҷараён мо бояд ҳузури шоирро бо эҳсосу андешае, ки меварзад дар хилоли сатрҳо мушоҳида намоем. Хонанда ҳақ дорад, бигӯяд, ки ин чиз боястӣ хосси ҳар навъ асари асили санъат бошад, аммо дар ин ҷо ба ин хотир матраҳ шуд, ки дар шеъри сафеди асил шоир инро бевосита, мустақиман ирода мекунад ва агар чунин набошад, навъи “шеъри сапед”-ро баргузидани ӯ аз миёни шаклҳои дигар ҳеч тавҷеҳи дигаре надорад.

    ОтветитьУдалить
  45. Шеъри сапеди муваффақ бо табиият ва самимияти баён, бо ҷанбаҳои шигифтангезе, ки аз нафси воқеияти мавриди тасвир бармехезад, бо лаҳни худ, зарби муносиби калимаҳо, вазни андешаҳо, мавҷи густардаи эҳсосот воқеан моро аз пурсуҷӯ дар шаклу қолаби хориҷии шеър фориғ ва комилан ба худ маҷзуб месозад. Чунин намунаҳои шеъри сапеди муваффақ, хеле зиёд ҳам набошад, ҳастанд:
    Даҳонатро мебӯянд, мабодо гуфта бошӣ дӯстат дорам,
    Дилатро мебӯянд, мабодо шӯълае дар он ниҳон бошад.
    Рӯзгори ғарибест, нозанин.
    Ва ишқро канори тираки роҳванд тозиёна мезананд,
    Ишқро дар пастуи хона ниҳон бояд кард,
    Шавқро дар пастуи хона ниҳон бояд кард.
    Рӯзгори ғарибест, нозанин.
    Ва дар ин бунбасти каҷу печи сармо
    Оташро ба сӯхтбори суруду шеър фурӯзон медоранд.
    Ба андешидан хатар макун
    Рӯзгори ғарибест, нозанин...
    Аҳмади Шомлу
    Бо вуҷуди он ки лаҳни табиӣ ва маҳрамонаи дар айни ҳол ин шеъри иҷтимоии Аҳмади Шомлу бо бозгӯии як эҳсоси муштараки иҷтимоии рӯзгори худи шоир интиқоли андешаву эҳсоси ӯро ба хонандааш ба камол таъмин мекунад, шоир аз ёди унсури оҳангсоз низ фориғ нест ва мисраъи хушоҳангу ҷаззоби “рӯзгори ғарибест нозанин” чун радифи навоварона дар ин шеър барои иҷрои нақши робити оҳангӣ ба кор гирифта мешавад. Дар бисёр дигар ашъори сапеди Шомлу низ чунин ҷузъиёти оҳангсозро мушоҳида мекунем.
    Зимнан сухани адабиётшинос ва шоири Афғонистон Моили Ҳиравӣ дар “Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ” ба ёд меояд, ки гуфта буд:
    «Дар шеъри муосир вазнҳои гуногуне, ки боз ҳам метавон чеҳраи шустаи онҳоро дар оинаи қаднамои арӯз дид, дар қатаъоти ашъори дилҷӯ таҷаллӣ мекунад, ки шеърро мусиқӣ ва оҳанги дилписанд мебахшад ва пардаи ҷонро навозиш медиҳад».
    Агарчи ин шеъри Шомлу аз навъи сапед аст, фазои лаҳнӣ ва оҳангии он бо шеъри “Зимистон”-и Меҳдии Ахавони Солис, ки ҳамчунин шеъри иҷтимоист, вале арӯзӣ ва нимоӣ ва муҳтавояш наздик ба ин шеър аст, бисёр мушобиҳат дорад:
    Саломатро намехоҳанд посух гуфт,
    Сарҳо дар гиребон аст.
    Касе сар барнаёрад кард посух гуфтану дидори ёронро.
    Нигаҳ ҷуз пеши поро дид натвонад,
    Ки раҳ торику лағжон аст
    В-агар дасти муҳаббат сӯйи кас ёзӣ,
    Ба икроҳ оварад даст аз бағал берун,
    Ки сармо сахт сӯзон аст...
    Гузашта аз ин, дар баъзе намунаҳои шеъри сапед мебинем, ки гӯё шоир қасдан он шеърро аз ҷилди арӯз, ки ба сурати табиӣ чун ҳолае оҳангин пайкари онро иҳота карда, берун овардааст. Масалан, ин шеъри сапедсарои муосири эронӣ Бежан Ҷалолӣ:
    Тани ту чун хушаҳо
    Бар рӯйи дастонам шукуфт
    Тани ту чун гиёҳ
    дар дастони ман рӯйид
    ва хуша кард ва рушан шуд
    баъд афсурд
    ва торик шуд
    онак, ба ёди ту гулҳои ғуруб
    хомуш ва атрогин ҳастанд.
    Акнун таваҷҷӯҳ кунед, ки тарҳи арӯзии ин шеър (ҳазаҷи мақбуз, ки барои мисол сохта шуд) чи фосилаи ночизе бо “тарҳи сапед”-и он дорад:
    Тани ту мисли хушаҳо
    Ба дастҳои ман шукуфт.
    Тани ту ҳамчунон гиёҳ
    Ба дастҳои ман дамид.
    Ва хуша кард,
    дурахш дод,
    Сипас фусурду
    Тира шуд.
    Кунун ба ёди ту гули ғуруб
    Хамӯшу атрогин аст.
    Шеъри сафед дар назми муосири тоҷик низ мақоми муносиби худро пайдо кардааст ва вижагиҳои худро доро мебошад.

    ОтветитьУдалить
  46. ШЕЪР ВА ДОНИШ
    ШЕЪРИ МАТБУЪ
    Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоте, ки дар шеър ва назм дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд омада, (қисман дар гуфторҳои пешин ёд шуд), ҳамчунин назарияи шеършиносиро дучори таҳаввулот намудааст, агар имрӯз бихоҳем барои шеър таърифе бидиҳем, ки ҳеч яке аз ин таҳаввулот натавонад онро ба ҷиҳате маҳдуд ва ноқис созад, балки ин таъриф битавонад дар чаҳорчӯби худ ҳамаи ин таҳаввулотро ҷой бидиҳад, ночор ҳастем таърифи васеъе, масалан, назири ин бисозем:
    Шеър суханест бадеъ, муназзам, муҷаз ва ангезанда.
    Бадеъ – сухане тозаву мумтоз, ки аз гуфтори муқаррарӣ ва хабарию иттилоотӣ ва ҳамчунин сухани тафсилии мансур фарқ мекунад ва саноеъи бадеӣ дар он ҷамъияти (тамаркузи) бештарро дорад.
    Муназзам – ин таъбир ҳам аз решаи назм аст, аммо мо одат кардаем, ки аз назм ҳатман вазн ва қофияро мурод бикунем, аммо муназзам дар баробари вазну қофияву радиф метавонад, ритму зарби каламотро, ки дар шеъри сафед ҳаст ва тартиби мумтози вожагон ва иборотро, ки дар шеъри мансур ҷой дорад, дар худ бигунҷонад.
    Муҷаз – ба ин хотир, ки муфассалтарин ва дарозтарин шеър ҳам, дар сурате метавонад воқеан шеър бишавад, ки муҷазтарин ва фишурдатарин сурати баёни мазмуну муҳтавои баёншуда бошад. Ҳатто асарҳои манзуми муфассалтарини ҳамосӣ чун “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ҳамчунин “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно агар аз қолаби назм ва хусусан он ҷо ки назм ва шеър айни якдигар ҳастанд, берун оварда шаванд, навиштае чанд баробари ҳаҷми асли ин асарҳо ба миён меояд. Ё агар як рубоии Хайём ё як байти Ҳофиз ё Бедил ба сурати ғайришеърӣ бозгӯ шавад, ҳадди ақал 4-5 баробари ҳаҷми асли он рубоӣ ва байт мешавад. Агарчи ин баҳси баъдист, зимнан лозим аст ёдоварӣ шавад, ки назм он гоҳ бо шеър қарин мешавад, ки на танҳо баёни мураттаби як мазмун, балки муҷазтарин ва фишурдатарин сурати баёни он бошад.

    ОтветитьУдалить
  47. Ангезанда – ангезандаи эҳсосот (аз ҷумла хаёл)ва андеша. Ин истилоҳро ба ҷойи “тахайюл”, ки дар таърифҳои пешин буд, мегирем. Саҳме аз “тахайюл” ба истилоҳи аввали ин таъриф “бадеъ” низ нисбат меёбад. Ин гузиниш ба хотири он аст, ки манзур аз “тахайюл” ҳамон ҷанбаи бадеият ва ангезандагии каломи шеърист. Дар ғайри ин сурат тахайюл ба сари худ арзиши вижае надорад. Аммо дар айни ҳол мисолҳои беҳадду ададе гувоҳ бар он ҳастанд, ки бадеият ва ангезандагии сухани шоирона бо тахайюл маҳдуд нест, балки унсурҳои зиёди дигаре низ дар он саҳм доранд ва намунаҳои зиёди шеъри олӣ вуҷуд доранд, ки нақши тахайюли маҳз дар онҳо хеле камтар аз унсурҳои дигар аст. Дар айни ҳол то кунун тасаввури мо дар бораи тахайюли шоирона асосан маҳдуд ба тасвир ва қисман муболиға будааст, дар ҳоле, ки унсурҳое ба пиндори маъмулии мо комилан шаклӣ ва фаръӣ чун вазн, қофия, радиф ва... дар айни ҳол эҷодкунандаи ҳамон ҷанбаи латифи ангезандагӣ ҳастанд, ки мо одат кардаем, онро маҳз аз тахайюл ҷустуҷӯ намоем.
    Дар натиҷа ҳосили ин навъи сухан, ки онро битавон шеър номид бо тавсиф ё истилоҳи “матбуъ” (писанди табъ) хулоса мешавад. Ин тавсиф моро водор мекунад, ки арзиш ва асолати ҳар навъ каломи шеъриро дар ҳосили ниҳоии он бубинем, ки қабул ёфтан аз тарафи мухотаб, хонанда аст, тибқи ҳамон таърифи манзуми машҳури Баҳор:
    Шеър он бошад, ки хезад аз дилу ҷӯшад зи лаб,
    Боз дар дилҳо нишинад, ҳар куҷо гӯше шунуфт.
    Албатта, манзур ва маҳаку иёр табъҳои салим ва дорои завқи шеърӣ аст, ки он ҳам танҳо ба аҳли адаб ё мутахассисон маҳдуд намешавад ва шояд аксари ҷомеаи инсониро фаро мегирад, ки сириштан ва табъан шеъри асилро дармеёбанд, мепазиранд ва мутаассир мешаванд. Агар чунин намебуд, шоирони воқеан бузург ва нобиға маҳбубияти ҳамагонӣ пайдо намекарданд.
    Ончи аз қадимтарин айём дар таъйини шеъри мумтоз гуфта шудааст, сифати “равон” мебошад ва волотарин нишонаи истеъдод ва қудрати суханварӣ бо мафҳуми “табъи равон” баён шудааст. Аз ҷумла муҳимтарин сифате, ки ба такрор муҳаққиқони адабиёт дар тавсифи устод Рӯдакӣ гуфтаанд, “табъи равон” мебошад. Эраҷ Мирзо барои тасдиқи ин ҳақиқат аз таъкиди муболиғаомез парҳез намекунад ва бо қатъият мефармояд:
    Шоирӣ табъи равон мехоҳад,
    На маъонӣ на баён мехоҳад.
    Ки албатта, дар ин сухан бахши нафй “на маонӣ на баён” шартӣ аст, на чизе, ки шоир воқеан инкор намояд, балки баёни шоир ба ҳамон таъбири “чунки сад омад, навад ҳам пеши мост” рост меояд. Яъне табъи равон, чизест, ки маъониву баёнро ба беҳтарин ва комилтарин шева бо худ дорад. Мирзо Турсунзода мефармояд:
    Кошки табъи равон медоштам,
    Рӯдакиқудрат забон медоштам.
    Зимнан, он чизе ки дигарон онро барои Мирзо Турсунзода қоил шудаанд, аммо ӯ худ боз ҳам орзуяш ҳамин аст. Дар ин фармудаи устод Турсунзода ду вожаи бисёр муҳим дар тафсири “табъи равон” ҳаст – “қудрати забон”. Бедил ҳам тафохур ба қудрати баён дорад:
    Баҳри қудратам, Бедил, мавҷхези маъниҳост,
    Мисраъе агар хоҳам сар кунам, ғазал дорам.
    Заъф ва маҳдудияти баён дар шеър на танҳо боиси норавонӣ ва нуқс дар назм мегардад, балки бадтар он аст, ки хонанда ба маҳзи эҳсоси он ки шоир ба душворӣ сухани худро сару сомон медиҳад, табъан нисбат ба шеър беэътино мешавад, ба сухани гӯянда дигар эътимод намекунад, аз шеър завқ ҳосил намекунад, ҳатто агар он шеър бо унсурҳои донишу тахайюл ва анвои санъатҳои шеърӣ ороста бошад. Масалан ин рубоии шоири муосири мо:
    Гулдони асотирӣ ба хок оганда,
    Як лола дар он кашида сар бо ханда.
    Нақши дигаре зи лола бар гулдон аст,
    Ту ҳафтҳазорсола дидӣ зинда?!
    Воқеан мазмуни ҷолибест ва ҳатто метавон онро бозёфти шоирона номид. Сухани Хайём ба ёд меояд:
    Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем,
    Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.

    ОтветитьУдалить
  48. Яъне ин фурсати ҳастӣ чизе нест ва ба маҳзи даргузаштан миёни мо ва онон, ки ҳафт ҳазор сол пеш рафтаанд, фарқе боқӣ намемонад. Аммо дар рубоии боло акси ин мазмун аст. Шоир зоҳиран дар маҳалле бостонӣ гулдони бисёр қадимиеро мушоҳида мекунад, ки пур аз хок аст ва аз ин хок лолае руста ва дар айни ҳол дар танаи ин гулдон нақше, рангин ё ҳакшудаи ҳамин навъ лола аст. Ин нақши ҳафтҳазорсолаи лола як асари сокиту беҳаёти бостонист, аммо айни табиии ҳамон лола ҳанӯз дар сурати зинда аз хок ва ба иттифоқ дар дохили ҳамон гулдон мерӯяд. Рамзи барҷастаест, барои таъкид бар ҷовидонагии ҷаҳони зинда. Шеър (рубоӣ) дорои ҳама лавозими суварии шеър ҳаст, вазн, қофия, сувари хаёл (образ) саноеъи шеърӣ, хусусан тазоду муқобила ва суол, аммо бо ин ҳама эҳсоси шеърӣ даст намедиҳад. Чаро? Мо қудрати баёни шоир, зебоӣ ва равонии суханро намебинем, балки баракси онро мушоҳида менамоем. Шоир ёфтаи худро тофтаву бофта бо зӯру фишор дар қолаби рубоӣ ҷой мекунад ё ба иборати дигар гӯё пироҳани номуносиберо бар он пайкари маънавӣ ба зӯр мекашад, ки онро нафасгир кардааст ва маҷоли ҳаракат намедиҳад ва мо баръакси хитоби шоир он “ҳафтҳазорсоларо зинда” намебинем. Онгуна, ки дар рубоии дигари Хайём наздик ба ҳамин мазмунро дар ҳоли ҳаракати озод ва чун насими вазанда зинда дармеёбем:
    Эй кош, пайи ҳазор сол аз дили хок
    Чун сабза умеди бардамидан будӣ.
    Ё ин байти Низом Қосим, ки ҳамчунин ба равонӣ ва зебоии тамом адо шуда ва ин равиш ба гунае нав дар манзумаи “Ҳикояти шеър” идома меёбад:
    Он лолае, ки фасли баҳорон чу шӯълае
    Сар оварад бурун зи гиребони гӯрҳо.
    Ҳаракат ва озодӣ аз шартҳои аслии асолат (табиият) ва зебоӣ дар ҳама анвои осори санъат мебошад. Беҳуда нест, ки олитарин васф дар мавриди осори барҷастаи парйкарасозӣ ё меъморӣ таъбири “мусиқии ҷомид” (застывшая музыка) мебошад, зеро садо намоди ҳаракат аст ва бидуни ҳаракат вуҷуд дошта наметавонад. Дар барҷастатарин осори меъморӣ, наққошӣ ва пайкарасозӣ, агарчи шох ва истода аст, дар таносуби аҷзои он, дар мавзунии он мо ҳаракатро айнан ва ё зеҳнан мушоҳида мекунем. Мирзо Турсунзода дар васфи қасри машҳури Тоҷмаҳал ташбеҳи нодиреро ба кор бурдааст:
    Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал,
    Номи онро ниҳод Тоҷмаҳал.
    Ҳаракати бошукӯҳ ва дилангези зебоиро дар ин қаср шоир ба сурати машъале зинда мебинад, ки ба абадият забона мекашад.
    Аммо ин ҳаракат ва пӯёӣ (динамика), ки дар каломи бадеъ дар лаҳну зарби (ритми) калом ва тавозуну таносуби садо сурат амалӣ мешавад, беш аз он ки дар ҳар навъи дигари осори санъат бошад, ҷойгоҳ ва аҳамият дорад. Ба таври мукаррар мебинем, ки шоирони бузург бо вожаи “садо”, “наво” осори худро халоса кардаанд:

    ОтветитьУдалить
  49. Нидои ишқи ту дишаб дар андарун доданд,
    Фазои синаи Ҳофиз ҳанӯз пур зи садост.
    Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
    Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
    (Ҳофиз)
    Шоир ва нависандаи маъруфи амрикоӣ Арчибалд Маклиш мегӯяд:
    “Шеър нақше рӯйи саҳифа нест, балки шаклест дар садо. Агар шеър дар садо вуҷуде надорад, пас он аслан вуҷуд надорад”.
    Аз ин дидгоҳ вақте, ки мо барои “барҷой овардани ҳаққи назария” маҳз ва маҳз як унсури шеър – тахайюлро, ва онро ҳам дар маҳдудаи тасвирҳои зоҳирӣ ва бевосита аз қабили ташбеҳи сода аслу асос қарор медиҳем ва боқии осори барҷастаи манзумро ба эътибори ин меъёр аз маҳдудаи “шеър” хориҷ карданӣ мешавем, садҳо намунаи шеъри олӣ ва ҳакимонаву зебо чун оина фарорӯи мо қарор мегирад, ки мо дар он ба сурати мутаассир ва ҳаяҷонзадаи худ назар карда бардурӯғ ба худ мегӯем – ин шеър нест!
    Ҳар он ки ҷониби аҳли вафо нигаҳ дорад,
    Худош дар дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад.
    Агар ту хоҳӣ, ки дилдор нагсалад паймон
    Нигоҳ дор сари ришта, то нигаҳ дорад.
    Ҳофиз
    Ба номи худованди ҷону хирад,
    К-аз ин бартар андеша барнагзарад...
    Зи ному нишону гумон бартар аст,
    Фарозандаи баршуда гавҳар аст.
    Ба бинандагон офаринандаро
    Набинӣ, маранҷон ду бинандаро...
    Фирдавсӣ
    Дар ин шеърҳо, ки боз садҳо намунаи дигар аз ин қабил метавон овард, қудрат ва ангезандагии калом болотар аз ҳадди ҳар навъ тахайюли зоҳирист, балки худ фазои мухайял эҷод мекунанд ва анбӯҳе аз эҳсосоти волои инсониро ба вуҷуд меоранд.
    Дар назми муосири мо низ намунаҳои бисёр хуби шеъри равон, ки нишонаи табъи равон ва қудрати калом мебошанд, кам нест. Масалан, ин пора аз достони Мирсаид Миршакар, ки дар ҳар чор мисроъи аввал як устура ҷой дорад ва чандон равону табиӣ воқеъ гардидааст, ки нуфузи шеър аз ин роҳ камтар аз асотиру ривоёт нест, балки аслу асос он аст:
    Не хурусе ҷеғ зад шаб бемаҳал,
    Не ситора бар замин уфтода буд.
    Не ба боми хонае чуғзе нишаст,
    Не касе дар хоб море дида буд,
    Сол аммо соли ноором буд,
    Кори мардум бе сару анҷом буд.
    Дар ин қитъа аз шеъри Гулрухсор, равонӣ, озодӣ ва табиияти баён абстраксия (таҷрид) ба гунаи сабки Бедилро комилан табиӣ ва осонпазир мегардонад:
    Сабо бӯйи садбарги пажмурда овард,
    Хаёлат ғами шодии мурда овард.
    Ба дӯши шаби нотавон такя кардам,
    Суруди видоъи туро гиря кардам...
    Воқеан ҳам суруд аст ва ҳам гиря.

    ОтветитьУдалить
  50. Дар ин пора аз шеъри Ҳабибулло Файзулло “Марги дарахт” мо на танҳо равонтарину табиитарин замзамаи як воқеияти шоиронаро мебинем, балки ҷаззобияти каломи шоир моро вомедорад, ки таркиби “нодида мондан”-ро, ки бо меъёри забони адабӣ хеле созгор намедонем, бо эътимоду итминон бипазирем, балки аз шеърияти ин баён лаззат бибарем:
    Дарахтон рост мемиранд,
    Чаман барҷост, мемиранд,
    Чунон нохост мемиранд,
    Ки мо нодида мемонем.
    Шоир метавонад аз унсурҳое чун вазну қофияву радиф на танҳо равонӣ ва таҳарруки баёнро ҳосил намояд, балки онҳоро дар баробари вазифаи аввалияшон барои тасвиргарӣ ва таҷассуми суварии воқеияти мавриди тасвир низ ба кор бигирад. Масалан дар ин пора аз шеър:
    Шукр мекунам, ки теғи соати қадими шаҳр,
    То ҳанӯз
    Бар гулуи умри ман наомадаст,
    Зери пойи хотироти шоиронаам
    Ҳар қадар ки меравам, меравам, меравам...
    Роҳ ҳаст.
    Дар мисраъи “ҳар қадар ки меравам...” манзури шоир аз такрори калимаи “меравам” (фоилун) тасвир ва тасдиқи адабии идомаи роҳи муродшуда мебошад. Дар ҳақиқат, ҳар қадар ки дар ин мисраъ калимаи “меравам”-ро такрор намоем вазн ба бунбаст намерасад ва “роҳ ҳаст”.
    Имконоти истифодаи шоирона аз ҷузъҳои шеър бе ҳадду марз аст ва иёри аслӣ табиӣ ва матбуъ воқеъ гардидани ин ибтикорот мебошад.

    ОтветитьУдалить
  51. РОЗИ ШЕЪР
    ШЕЪР ВА ДОНИШ
    ҚОФИЯ ВА МАҚОМИ ОН
    Бо вуҷуди он ки то кунун қофия беш аз ҳама чун унсури фаръӣ ва зоҳирии шеър гоҳ ба танзу гоҳ ба ҷид мавриди “ситези моҳиятҷӯён” қарор гирифтааст, бештари бори шеър (ҳатто дар шеъри сафед) бар дӯши он будааст. Бино бар нақши барҷастае, ки қофия дар муассир ва дилпазир кардани сухан дорад, майдони корбурди он ба назм маҳдуд намонда, дар наср ҳам фаровон ба кор рафтааст ва насри мусаҷҷаъро ба вуҷуд овардааст, ки дар собиқ ривоҷи тамом дошт ва имрӯз ҳам гоҳо истифода мешавад. Ҳамчунин бояд дар ёд дошт, ки қофия низ мисли вазн танҳо хосси шеъри тоҷик нест ва дар шеъри ҳамаи халқҳои ҷаҳон мавқеи муҳим дорад.
    Қофия чун вазн (балки ба нисбате беш аз он) аз озмоиши арӯзи нав (шеъри нав) устувор берун омад. Дар шеъри нави урупоӣ ва русӣ низ чунин буд. В.В.Маяковский дар рисолаи “Как делат стихи?” менависад: “Қофия шуморо ба мисраъи пешин бармегардонад, вомедоред, ки онро ба ёд биёред, вомедорад, ки ҳамаи мисроъи ҳовии як андеша баҳам бошанд”. Ҳамзамон Маяковский тозагӣ ва ғайриинтизор будани қофияро шарти муҳимми муваффақияти шоир медонад ва ҷойи қофияро танҳо охири мисраъ намешуморад. Ончи дар ашъори мусаҷҷаъи мо аз қадим ҷой дошт.
    Қофия дар сохтори назми суннатии мо нақши таъинкунанда дорад. Як унсури муайянкунандаи навъҳо ва қолабҳои назм он мебошад. Аз ҷумла дар таърифи жанрҳои манзум мавқеъу мақоми қофия аз муҳимтарин нишонаҳост. Аммо нақши қофия ба ин маҳдуд намешавад. Ба ғайр аз сохторсозӣ (композитсия) барои қофия нақшҳои зиёди дигаре қоил шудаанд, ки аз ҷумла муҳимтарини онҳо эҷоди ҳамоҳангӣ дар ҷузъҳои шеър, ташхиси воҳидҳои шеър (байт ва банд) ваҳдати афкор, ҷазби маънӣ ва маъниофаринӣ, таносуб, ёрӣ дар ҳифзи шеър ва вазифаҳои дигаре, ки дар асл ҷузъе аз он чи гуфта шуд, мебошанд, вале ба таври алоҳида таъкид шудаанд.
    Ба назар мерасад, муҳимтарин нақши қофия таъсири равоншинохтии (психологии) он аз тариқи илқои лаззати завқӣ, эстетикӣ (зебошинохтӣ) мебошад. Ин чиз ба ҳамаи унсурҳои эҷодкунандаи бадеият, аз ҷумла вазн ва сувари хаёл низ хос аст, аммо дар қофия барҷастатар ошкор мешавад ва чун эҳсоси вазн решадор аст. Яъне ҳамоҳангӣ ва ҳамнавоии калимаҳои қофия аз як воситаи таъсири ҳиссӣ фаротар рафта ба воситаи мақбулияти завқӣ гӯё табдил ба як далели ақлӣ мешавад ва табъи моро барои пазируфтани як воқеият омода месозад. Аз ин ҷост, ки қофия дар мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ҳам мақоми барҷаста касб кардааст. Аз ҷумла: “Аз бекор Худо безор”, “Олими беамал, занбӯри беасал”... Дар ин гуфтаҳо қофия вазифаи далелро адо мекунад ва моро ба ҳақиқати ин суханон итминон мебахшад, ки агар ин қофияҳоро (ё худ саҷъро) барҳам бизанем, бо вуҷуди ҳифзи комили мазмуни ин гуфтаҳо эътимод ба онҳо шадидан коҳиш меёбад ва агарчи медонем, як ҳақиқати маҳз аст, монанди сухани бе далелу ҳуҷҷат мешавад.

    ОтветитьУдалить
  52. Нуфузи амиқи қофия дар табъи мардум нишони решадорӣ ва асолати сириштии он мебошад. Мардум ҳатто дар ном додан ба фарзандону пайвандони худ аз калимаҳои ҳамқофия истифода мекунанд, ки дар ин маврид таваҷҷуҳ ба нақши пайванд ва робитасози қофия равшан аст. Бозии машҳуре байни кӯдакон аз қадим маъруф аст, ки ба асоси калимаҳои ҳамқофия аст ва як навъ ғаризаи табиии варзиши табъи қофиясанҷро таҷассум менамояд. Зеботарин ҷилваҳои ҳунарии қофияро дар фолклор мушоҳида мекунем.
    Барои шоире, ки мухотабаш мардум аст, ин таваҷҷуҳ ва майли ғаризӣ ва сириштии мардум ба қофия як заминаи бисёр мусоиди барқарории иртиботи маънавӣ мебошад.
    Дар хусуси қофия, анвоъ, ақсом ва аҷзои он рисолаҳои зиёде таълиф шуда, он мисли арӯз ба риштаи хоссе аз илмҳои адабшиносӣ табдил шудааст, ки охирин рисолаҳои ҷомеъ дар ин хусус дар адабиётшиносии мо “Қофия дар назми тоҷик”-и Баҳром Сирус ва фасли сеюми китоби Тӯрақул Зеҳнӣ “Санъати сухан” (ду нашри охирӣ) мебошанд. Тафсилоти ин илм ба ҳаддест, ки ҳар ҳарфу ҳаракаи калимаи қофия ба истилоҳи хоссе ворид гардидааст, ки муҳимтарини онҳо “ҳарфи равӣ”- охирин ҳарфи решаи калимаи қофия мебошад. Ин қоида сохтани қофияро аз ҷузъҳои ғайри решаи калима, яъне пасвандҳо (суффикс) ва замиру дигар ҷузъҳо аз ин қабил ғайримумкин мегардонад. Масалан, дар ин байти Ҳофиз:
    Ё Раб, он навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш,
    Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.
    Равӣ дар калимаҳои қофия (манаш ва чаманаш) ҳарфи “н” мебошад, чун ҷузъи такроршавандаи “аш” хориҷ аз решаи калимаҳои қофия ва замири ғоиб (бандакҷонишини шахси сеюм) мебошанд. Ба ҳамин дастур минбаъд дар ин ғазал шоир метавонад аз калимаҳои сухан, ватан, шикан, даҳан ва ... ки бо ҳарфи “н” поён меёбанд ва ба изофаи замири “-аш” қофия бисозад, ки ин “-аш” вазифаи хосси зарбу оҳангсозӣ дорад. Истисноҳое, ки дар ин қоида метавонад ҷой дошта бошад, аз шоир ҳунари вижае мехоҳад, ки баҳси дигар аст.
    Лоиқ Шералӣ дар шеъре бо матлаъи “Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам” (ки зимнан аз қофия ба хубӣ бархурдор аст) дар хусуси мавқеи “равӣ” таъкиди пурмаъно ва шоиронае дорад:
    Дар ӯ дил муҳтавӣ бошад, (дар шеъри матлуб)
    Равон ҳарфи равӣ бошад.
    Калимаи қофия бо ҳарфи равӣ, ки нуқтаи паргори маънавӣ ва завқии шеър аст, набояд ба тасодуф ва тахмин омада бошад. Ҳар қадар ин калима решагӣ, асил ва қавӣ бошад, ба ҳамон ҳад сохтмон ва истеҳкоми шеър қавитар меояд. Ба қавли Маяковский ҳатто калимаҳои баёнкунандаи феъл (чун ноустувор ва тағйирёбандаанд) бадтарин қофияҳоро медиҳанд. Ӯ дар қофия исмро тарҷеҳ медиҳад. Ин иқтизои табиист, мисли он ки чизҳоеро чун бибофанд ё бипайванданд, наху банд бояд аз мағзи қисматҳои маҳкамтар ва устувори он чизҳо кашида шавад.
    Дар ашъори шоирони тавонои қадим ва навин аксаран калимаҳои қофия муҳимтарин калимаҳои дорои мазмуну муҳтавои асосии шеър мебошанд. Он чи имрӯз расм шудааст ба истилоҳи “калидвожа” баён шавад. Масалан, дар ин шеъри машҳури Саъдӣ:
    Чунон қаҳтсоле шуд андар Димишқ,
    Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ.

    ОтветитьУдалить
  53. Ду калидвожа, ки шеърро дурахш медиҳанд, ва бо аҷобати ҳамоҳангии худ дар хотир сабт мешаванд (Димишқ ва ишқ) калимаҳои қофияро ташкил додаанд, дар ҳоле, ки бо вуҷуди ин аҷобат комилан табиӣ воқеъ шудаанд. Гузашта аз ин Саъдӣ гоҳо ҳама бори шеърро рӯйи қофия қарор медиҳад ва аз он, ки ин ҳаракат бисёр ошкор ва “қасдан” сурат мегирад, ибо надорад, зеро комилан бовар дорад, ки зебоӣ ва шигифтии пурмаъное, ки аз ин санъатнамоии зариф ҳосил мегардад, асари сунъро ночиз ва қофияро комилан табиӣ мегардонад:
    Фарқ аст миёни он ки ёраш дар бар,
    Бо он ки ду чашми интизораш бар дар.
    Лутфи хоссе, ки дар ин байт аст, он аст, ки ишораи шоир дар бораи фарқи миёни ду тоифаи мавсуф ба фарқи ибораҳои “дар бар” ва “бар дар” низ мерасад ва чунин маъно медиҳад, ки агарчи фарқ зоҳиран бисёр ночиз аст аз он ғофил набояд буд, ки дар асл хеле фарқи бузург ва муҳим мебошад. Ин эҷоз ба фазилати интихоби ҳунармандонаи қофия ва санъати тафриқ дар он даст медиҳад.
    Дар ин ғазали устод Рӯдакӣ зарби байту мисроъ ҳама бар рӯйи калимаҳои қофия меояд, ки ҳамчунин аз калимаҳои устувор, зарббардор ва оҳангин мунтахаб шудааст:
    Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
    Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
    Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
    Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт...
    Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
    То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
    Ва дар охир воқеан ин “мушт” эҳсос мешавад, ки зарби ҳамаи калимаҳои қофияи пешинро дар худ ҷамъ кардааст.
    Вақте қасидаи Носири Хусравро бо матлаъи “Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост” мехонем ва ба поёни он мерасем:
    Чун нек назар кард, пари хеш бар ӯ дид,
    Гуфто: “Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост”.
    Дармеёбем, ки интихоби қофия беш аз ҳама ба хотири таъмини зарбу оҳанги муносиби ҳамин калимаи охири таъкидӣ дар мақоли “аз мост, ки бар мост” мебошад ва оҳанги ҳамаи калимаҳои пешини қофия ин ҷо ҷамъ ва хулоса мешавад.
    Ҳофиз, ки ашъораш ҳама мусиқии мумтоз ва баргузида мебошад ва дар он ҳар ҳиҷову калима чун аломатҳои адвор бо ҳама иҳом ва пурмаъноӣ як воҳиди оҳангу мусиқӣ низ ҳастанд, дар интихоби калимаи қофия иродаи хос зоҳир мекунад ва на танҳо тамаркузи оҳанг, балки маъно ҳам аксаран рӯйи қофия қарор дода мешавад. Ин иродаи Ҳафиз ва анҷоми ҳунармандонаи он хусусан дар “қофияҳои танг” ба таври барҷаста ошкор мегардад. Масалан, дар ғазале бо матлаъи “Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак”, пеш аз мақтаъ байте меояд, ки байти асосӣ (байтулғазал) аст ва зоҳиран ҳама таркиби ғазал ба хотири он сохта шудааст:
    Чарх барҳам занам ар ғайри муродам гардад,
    Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.
    Дар ин байт ҳиҷои охири калимаи қофия “фалак” бино бар муҳтавои кулли байт ва ғазал тавре садо медиҳад, ки ҳам ҷузъе аз решаи калима – “фалак” аст ва ҳам аз он маънои “-ак”-и тасғир яъне хурдӣ эҳсос мешавад. Гӯё манзури шоир “фалакак” бошад ва ин тобиши маъноӣ бо мушоҳидаи калимаи қофияи байти баъдӣ, ки мақтаъ аст, сареҳтар мегардад:
    Чун бари Ҳофизи хешаш нагузорӣ, боре,
    Эй рақиб, аз бари ӯ як-ду қадам дуртарак!
    Ҳамчунин дар ғазали зерин, ки бо ҳаракаи “а” ва ҳарфи “қ” тамом мешаванд, ва аксар калимаҳое барои ғазал нисбатан дурушт маҳсуб мешаванд, тавре истифода мешавад, ки аз ин ҳарф садои қотеъият ва матонат ба гӯш мерасад ва ҳамзамон танзе амиқ:
    Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
    Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
    Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
    Кори бад, маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
    Рақами мағлата бар дафтари дониш назанем,
    Сирри ҳақ бар варақи шӯъбада мулҳақ накунем...
    Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад,
    Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.
    Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
    Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.
    Ҳофиз, ар хасм хато гуфт, нагирем бар ӯ,
    В-ар ба ҳақ гуфт, ҷадал бо сухани ҳақ накунем.

    ОтветитьУдалить
  54. Истисноҳо дар қофия ба нудрат дар мавридҳое раво дошта шудааст, ки дар ин истисно муроди хоссе нуҳуфта бошад ва шоир битавонад, онро ба пирояи ҳунар бипӯшонад. Дар ин боб боз ҳам машҳуртарин намуна ба Ҳофиз нисбат дорад, дар байте, ки мефармояд:
    Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо,
    Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
    Ки дар мисраъи дувум ҳаракаи “а” дар калимаи (ин ҷо ибора) қофия “то ба” зиёдӣ аст ва барои дуруст шудани қофия онро бояст “тоб” бихонем. Бо вуҷуди ин узри малеҳи шоир дар мисраъи аввал гуфта шудааст, ки ин нуқси қофияро дар мисраъи дувум на танҳо мепӯшонад, балки чун ҳуҷҷате шоирона барои тасдиқи он хидмат мекунад.

    ОтветитьУдалить
  55. Ё худ дар “Шоҳнома”, ки Фирдавсӣ дар саросари он саломат ва матонати қофияро бо камоли диққат ҳифз намудааст, байтеро дар достони мулоқоти Рустами Дастон бо Таҳминаи шаҳдухти Самангон хориҷ аз ин ҳанҷор мебинем. Он гоҳ ки Рустам аз вай ном мепурсад:
    Чунин дод посух, ки «Таҳминаам,
    Ту гӯӣ, ки аз ғам ба ду нимаам.
    Дар ин ҷо ҳарфҳои наздикмахраҷ вале гуногуни “м” ва “н” ба ҷойи равӣ омадаанд, вале агар ҳазор ҷаҳд бикунем, барои баёни ҳолати он шаҳдухтари боотифа, ки дасти сарнавишт ӯро ба он хилвати пуризтироб кашондааст, калимае зеботар ва гӯётар аз интихоби ҳакимонаи Фирдавсӣ пайдо карда наметавонем. Ин ҷост, ки “равон (ҷон) ҳарфи равист”. Дар ин қиёс тафовуте ки миёни ҳамсадоҳои “м” ва “н” ҳаст, аслан ба зеҳни хонанда роҳ намеёбад.
    Ин навъ қофияҳо хусусан дар осори фолклорӣ зиёд аст, яъне дарёфти ҳисси мардум онро муҷоз сохтааст. Аз ҷумла:
    Ман шишта будам, ки иди қурбон омад,
    Булбул ба сари навдаи бодом омад.
    Ки дар калимаҳои қофия “қурбон” ва“бодом” ҳарфҳои “н” ва “м” бо ҳам равӣ шудаанд. Ин равиш гоҳо дар адабиёти навишторӣ бо ҳарфҳои “д” ва “т”, “з” ва “с”, “ҷ” ва “ч”, “г” ва “к” низ вуҷуд дорад.
    Истисноҳои дигаре ҳам дар қофия таҷриба шудааст, вале ба фармуди дурусти муҳаққиқи борикбин Тӯрақул Зеҳнӣ шоирони ҷавон набояд ба истисноҳо зиёд саргарм шаванд, балки бинои кори худро бар қофияҳои солим бигузоранд. Истисно чизест, ки худ пеш меояд ва агар табиист ҳаққи худро меситонад.
    Аммо нисбат ба баъзе сахтгириҳои на чандон зарури низоми қофияи классикӣ метавон таҷдиди назар кард. Аз ҷумла ин қоида, ки ҳарфи равӣ дар калимаҳои қофия ҳатман ба асоси ҳуруфи арабӣ ва садои арабӣ бошад. Яъне агар ҳарфи равӣ дар мисраъи аввал “зод” аст ҳатман дар мисроъи баъдӣ “зод” бошад, на “зе”-ву “зол”-у “зо”, яъне тибқи ин қоида мо калимаҳои “эътироз”-ро бо “анбоз” ё “ниёз”, “ихлос”-ро бо “эҳсос”, “марбут”-ро бо “сукут” ва ба ҳамин тариқ ҳар калимаеро, ки фонемаи хосси арабӣ дорад, ба ғайри ҳамон навъ калимаҳо қофия баста наметавонем. Вале чун эътибори қофия ба асоси эҳсоси шунавоӣ аст, на сурати навишторӣ, метавон аз ин қоида ба ҷуз дар мавридҳои хос сарфи назар кард, ки дар назми муосири мо чунин ҳам шудааст. Дар назми ҳамзабононамон низ ахиран ин қоида истисно мешавад ва камтар дар ин маврид ба касе эрод мегиранд.
    Аммо ҳамзамон лозим ва зарур аст, ки дар қофия (равӣ) ҳарфи ъ (ъайн) ба эътибор гирифта шавад. Сарфи назар кардан аз он то кунун боиси иштибоҳоти зиёд дар вазн ва қофияи шеъри муосири мо шудааст. Масалан ба ҳеч ваҷҳ қофияи ин байтро дуруст шумурдан имкон надорад:
    Ҳар саҳар чун шед бинмояд тулуъ,
    Зинда мегардад ҷаҳони орзу.
    Ҳарфи равӣ дар калимаи қофия аввал “ъ” аст вале дар мисраи дуюм он такрор намешавад. Мо агарчи “ъайн”-ро чунон ки дар забони арабӣ ҳаст амиқ ва ҳалқӣ талаффуз накунем, дар ҳадди “ҳамза” ё худ “сакта” онро талаффуз мекунем, ки он ҳатман маъносоз аст. Дар ин хусус дар китоби “Дуруст бинависем” мақолаи алоҳида ҳаст.
    Дар маҷмуъ қофия бояд ҳадафмандона интихоб, бо диққат ҳифз ва бо санъат ороиш шавад ва дар айни ҳол табиӣ ва бидуни такаллуф ба назар расад.

    ОтветитьУдалить
  56. ШЕЪР ВА ДОНИШ
    МАҚОМИ РАДИФ ДАР ШЕЪР
    Радиф калимаҳои яксонеро меноманд, ки дар мисроъи шеър баъд аз калимаи қофия ба такрор меоянд. Маънои аввалии луғавии ин калимаи арабӣ ба касе нисбат дорад, ки дар асп ё шутур дар паси дигаре нишастааст, яъне он аввалӣ ба ин нисбат “қофия” аст. Шеъри дорои радифро “мураддаф” мегӯянд. Радиф гоҳо иборат аз як калима, гоҳо ду ва бештар аз он мебошад, ки баъзан як ҷумлаи содаро ташкил медиҳанд. Назари муҳаққиқон ин аст, ки сабаби аслии пайдоиши радиф дар шеъри тоҷикӣ нуфузи бештари феълҳои ёвар (рабтӣ) аз қабили “аст”, “буд”, “шуд“, ”мебошад” ва ғайра дар ин забон аст. Бино бар ин, радиф хосси шеъри тоҷикӣ буда, ба воситаи он ба ашъори халқҳои дигар роҳ ёфтааст. Аз оғози адабиёти тоҷикӣ-форсӣ радиф вуҷуд дорад, ки намунаҳои дурахшонашро дар ашъори устод Рӯдакӣ мебинем:
    Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
    Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.
    Ё:
    Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
    Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
    Ки дар байти аввал калимаи “ояд” ва дар байти дувум калимаи “ҳаме” радиф мебошанд. Инҳо радифҳои нисбатан сода маҳсуб мешаванд, ки дар давраи оғози адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ривоҷ дошт ва дар асрҳои баъдӣ радифҳои муфассалтар ва мураккабтар рӯйи кор меоянд. Аммо дар ҳамин радифҳои сода ҳам нақши он чандон камрангу одӣ нест. Агар дар байти аввал радиф ҷузъи баробармаънои ҷумла ва ягона воситаи баёни феъл “омадан” аст, пас дар байти дувум радиф ҷузъе аз ҷумла аст, ки асли маъно бидуни он ҳам маълум мегардад:
    Бӯйи Ҷӯйи Мулиён ояд, (меояд ё ҳамеояд)
    Ёди ёри меҳрубон ояд.

    ОтветитьУдалить
  57. Аммо афзудани ҷузъи “ҳаме” ва онро ҳам баъди решаи феъл бурдан (ба ҷойи “ҳамеояд” “ояд ҳаме”) иродаи хосси шоир аст, ки ба ин восита ҳам маънои давомдории феъл (истимрорӣ) ва ҳам ҷанбаи таъкидӣ ва мусиқии он ба маротиб қавӣ мегардад ва маълум аст, ки ин шеър аз ибтидо барои сурудан эҷод шуда буд. Минбаъд нақши мусиқии радиф дар баробари вазифаи маъноии он афзоиш меёбад, хусусан ин вижагии радиф дар ашъори шӯрангези Мавлоно ба авҷ мерасад.
    Радиф ҳам мисли вазну қофия реша дар табиати забони тоҷикӣ ва эҳсоси сириштию ғаризии бадеии мардум дорад. Далели ин гуфта аз ҷумла он аст, ки мо дар қадимтарин намунаҳои сабтшудаи фолклор, ки таърихи хеле қадимтар аз ашъори катбӣ доранд, радифро мушоҳида мекунем. Аз ҷумла дар ҳамин пора шеъри халқии машҳур:
    Аз Хуталон омадия,
    Барӯ табоҳ омадия,
    Хушку низор омадия,
    Овор бор омадия.
    Ки дар ин пора шеър калимаи “омадия” радиф аст.
    Радиф на танҳо ба шеъри арабию туркию урду, балки дар натиҷаи нуфузи шеъри тоҷикӣ-форсии классикӣ ва муосир ба шеъри русӣ низ роҳ ёфтааст. Аз ҷумла дар ин шеъри шоири навовари охири асри 19 ва аввали асри 20 рус Михаил Кузмин радиф дида мешавад:
    Цветут в саду фисташки, пой, соловей!
    Зеленые овражки пой, соловей!
    По склонам гор весенних маков ковер;
    Бредут толпой барашки. Пой, соловей!
    Дар ашъори русии Расул Ҳамзатов низ радиф ба кор рафтааст. Аз ҷумла дар ин суруди ӯ, ки худ бар он оҳанг баста онро худ сурудааст:
    Лица девушек люблю я, уроженок гор моих,
    Что краснеют от смущенья – это очень им идёт!
    Если за руку возьмёте, вы почувствуете вмиг
    Нежность и сопротивленье – это очень им идёт.
    Ки шеъри Муъмин Қаноат бо радифи “мезебад”ро беихтиёр ба ёд меорад.

    ОтветитьУдалить
  58. Шарти аслии эътибори радиф равон, бамавқеъ, табиӣ ва маънодор воқеъ гардидани он мебошад. Чунин ҳам мешавад, ки дар баъзе аз ашъор баъди як ду байт эҳсос мекунем, ки шоир радифро ба маҳзи риояи қолаб нигоҳ медорад ва он робитаи қавии маънавиро бо боқии байт ва шеър гум кардааст. Дар чунин ҳол бо қофия иктифо карда, аз радиф сарфи назар кардан (албатта дар ҳамаи шеър) беҳтар аст. Аммо радифи бамавқеъ ва устодона, он ҷо ки на аз калимаҳои ёвар ва ғайримустақил, балки аз воҳидҳои маънодор иборат бошад, табдил ба нуқтаи марказии ҷазби маъниҳо ва таркибҳои тоза ба тозаи шоирона мешавад. Мисли ибораи “ё ҳарду” дар ғазали машҳури Абулқосим Лоҳутӣ. Дар ин шеър радиф (ё ҳарду) дар баробари он, ки бисёр равону хушоҳанг омадааст, дар айни ҳол ҳовии санъатҳои шеърии нидо, тааҷҷуб, суол, таҷоҳули ориф ва дар айни ҳол танзу зарофати амиқ буда, сохтор ва таркиби боқии тамоми шеърро таъин ва таъмин менамояд. Баъзан ба далели аҳаммияти вижа радиф номи шеър қарор дода мешавад. Хусусан, дар ашъори Мирзо Турсунзода, аз ҷумла “Ҳаргиз”, “Ҳамин кофист”, “Илоҷам чист?”, “Ситораи ман”, “Силсилаи кӯҳи Ҳисор” ва дар боқии ашъори ӯ низ радиф мавқеи хос ва пурмаъно дорад. Дар шеъри “Ҳаргиз” интихоби радиф барои баёни қатъият ва бовари қавии мардум ба пирӯзӣ дар давраҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ сурат гирифтааст.
    Ту зинда бош, Ватан, хонаи умеди халқ,
    Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз...
    Чӣ медиҳӣ ба Ватан?
    Ҳар касе, ки пурсидам,
    Ҷавоб дод:
    “Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!”
    Ин калимаи воқеан зебову хушоҳанг дар ин шеър байт ба байт ба сурати афзоянда тамоми моҳияти маънавӣ ва суварии худро ошкор менамояд ва асли маънояш, ки қатъият ва иродаи қавӣ ҳаст, дар радаи аввал қарор дорад. Дар ҳоле, ки дар ашъори дигар латофат ва хушоҳангии он дар аввал аст:
    Ҳаргизам меҳри ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
    Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.
    (Ҳофиз)

    ОтветитьУдалить
  59. Аҳаммияти радиф дар баёни ҳадафи ғойӣ, мақсуди ниҳоии шоир дар ғазалиёти Ҳофиз равшан аст. Он чи дар ин ғазал ба таври бисёр барҷаста ба зеҳну назар мерасад:
    Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур,
    Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махур...
    Радифи ин ғазал, ки як ҷумлаи содаи амр (ғам махур яъне навмед машав) мебошад, муроди аслии шоир аст, ки ба сароҳат баён шудааст ва тамоми боқии ғазал барои тақвияту тасдиқи он хидмат менамояд.
    Ҳар як шеъри мураддаф мисли як тафсири амалии калимаҳои радиф ва боз кардани қабатҳои маъноии онҳо ба назар мерасад ва маъноҳое, ки дар матнҳои дигар ва ҳолатҳои дигар ба тасаввур роҳ намеёбад, дар радиф ба фазли мавқеияти хосси он ва фазои шоирона, ки ҳамеша аз ихтиёрот бархурдор аст, муяссар мегардад. Масалан, радифи “буд” дар қасидаи машҳури ҳолияи устод Рӯдакӣ (Маро бисуду фуру рехт ҳарчи дандон буд). Радиф дар мисраъи охири ин қасида “Асо биёр, ки вақти асову анбон буд” аз дергоҳест мавзӯи баҳс қарор гирифтааст ва баъзан бо таваҷҷуҳ ба ҷиҳати замонии феъл дар ин мисраъ гуфтаанд, ки ин ҷо бояд “буд” ба “шуд” иваз шавад, чун манзури шоир замони ҳол (ҳозир) аст. Аммо он фазои маънавие, ки дар ин қасидаи муфассал барои калимаи “буд” эҷод шудааст, ба мо илқо менамояд, ки дар ин ҷо “буд” шакли сабуки (мухаффафи) калимаи “бувад” (замони ҳозир, ҳаммаънои “аст”) мебошад, ки дар навишти устод Рӯдакӣ сурати яксон доранд ва аз ҷумлаи ихтиёротест пазируфтанаш саҳлу осон.
    Латофат ва чандмаъноӣ (таҷнис) дар радиф нишони қудрати хосси шоирист ва ҳусни радифро даҳчанд меафзояд. Ончи, масалан, дар ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ мушоҳида мешавад:
    Ёр гуфт: “Аз ғайри мо пӯшон назар”. Гуфтам: “Ба чашм”
    “В онгаҳе дуздида бар мо менигар. Гуфтам: “Ба чашм”.
    Ибораи фразеологии “ба чашм” маънои ризоят ва омодагии комил барои иҷрои амре мебошад ва он коре метавонад бошад, ки ба чашм ҳеч рабте надорад. Масалан, дар посухи амри “ин курсиро аз ин ҷо бибар” мухотаб метавонад бигӯяд: “Ба чашм”. Яъне омодаам ин корро анҷом диҳам. Агарчи он кор ба чашм ҳеч муносибат надорад. Аммо шоир дар он ғазал аз ибораи “ба чашм” (радиф) тавре истифода мекунад, ки амр воқеан ба чашм муносибат дошта бошад ва дар баробари маънои фразеологӣ (маҷозии) ин ибора маънои аслии он низ рӯйи кор ояд. Ин маъно хусусан дар байте, ки бино бар ривояте Ҳофиз аз шуниданаш бисёр мутаассир шуда буд, хеле барҷаста зоҳир мегардад:

    ОтветитьУдалить
  60. Гуфт: “Сар гар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
    Ташнагонро муждае аз мо бубар”. Гуфтам: “Ба чашм”.
    Ки манзур аз ин “ба чашм” дар баробари изҳори омодагӣ боз ашк (оби чашм) аст, ки матлуби ташнагони водии муҳаббат мебошад. Дар сартосари ғазал ин таҷниси маънавӣ риоят шудааст.
    Қудратнамоии Бедил дар радиф шигифтангез аст. Хусусан, замоне ки ӯ феълҳои чандмаъноро баъд аз қофияҳои шойгон қарор дода, ба навъе радифро низ ба қофия табдил медиҳад ва ба ин восита камбуди қофияи шойгонро ҷуброн менамояд. Масалан, ба ин ғазал таваҷҷуҳ намоед:
    Дарси ҳастӣ фикри такрорӣ надорад, хонда гир,
    Эй фузули мактаби ранг, ин варақ гардонда гир.
    Онқадарҳо нест бори улфати ин корвон,
    Доманат гарди нафас дорад, чу субҳ афшонда гир.
    Ҷуз кафи бемағз аз ин дарё намеояд бурун,
    Эй гуҳармуштоқ, деге аз ҳавас ҷӯшонда гир.
    Ранги парвозат чу шамъ оғӯш пайдо кардааст,
    Бо видоъи хеш ин карруфар аз худ ронда гир.
    Эй ҷунун, чандин ғубори ваҳму занн барбод деҳ,
    Хоки бунёди маро ҳам як-ду дам шӯронда гир.
    Халқе аз расвоии ҳастӣ назар пӯшиду рафт,
    Бар сари ин айб мижгоне ту ҳам пӯшонда гир.
    Домани хок аст охир мақсади саъйи ғубор,
    Гар ҳама фикрат фалактоз аст, барҷомонда гир.
    Дар нигинҳо эътибори ном ҷуз парвоз нест,
    Нақши худ ҳар ҷо нишондӣ, ҳамчунон наншонда гир.
    Бетааммул ҳарчи гӯӣ нест шоёни асар,
    Теғи ҳукме гар биёзӣ, андаке хобонда гир.
    Эй ғурурандеша бар ваҳми ҷаҳонгирӣ маноз,
    Қудрате гар ҳаст, дасти Бедили вомонда гир.
    Қисмати қофиясоз дар ин байтҳо “-онда” аст, ки гоҳ аз решаи калима аст ва гоҳо пасванд (суффикс) аммо калимаи радиф “гир” пурмаъност ва бо ин пурмаъноӣ таҷнисро ба миён оварда худ ба навъе қофия ҳам мешавад. Дар байти аввал:
    Дарси ҳастӣ фикри такрорӣ надорад, хонда гир,
    Эй фузули мактаби ранг, ин варақ гардонда гир.

    ОтветитьУдалить
  61. “хонда гир” маънои “хондашуда ҳисоб бикун”ро дорад ва ҳамчунин тобиши маъноии хосси гӯйиши тоҷикии феъли тафсилии “хонда гирифтан”-ро ба зеҳн мерасонад, ки ин маънои дувум дар байти баъдӣ “афшонда гирифтан” боз барҷастатару равшантар ба назар мерасад. Дар мисраъи дувум “гардонда гир” ба изофаи “гардондашуда бишумораш” (чунин ҳисоб бикун, ки ин варақ тай шудааст) боз маънои “гардонда бигир” (пас бигир) ҳам ба зеҳн мерасад ва он маънои хосси гӯйшӣ дар радаи сеюми зеҳнӣ қарор мегирад. Ин се маъно тақрибан дар ҳамаи байтҳо аз радифи “гир” ба зеҳн мерасад.
    Дар байти зер:
    Бетааммул ҳарчи гӯӣ нест шоёни асар,
    Теғи ҳукме гар биёзӣ, андаке хобонда гир.
    Маънои чаҳоруми “гир”, ки ҳамчунин сирф тоҷикист, ба падидор мешавад. “Хобонда гирифтан” маънои каме ба пушт моил гирифтани (доштани) чизеро дорад ва асбоби бурандаро дар ҳоли кор фармудан дар ҳамин ҳол медоранд, то беҳтар бибуррад. Ин таъбир дар рӯзгори мардуми истифодаи фаровон дорад. Бо тааммул ва таанӣ баёни андеша карданро шоир ба ҳамин амал ташбеҳ мекунад. Зимнан, ин назокатҳои забони тоҷикӣ дар шеъри Бедил борҳову борҳо моро вомедорад, ки бо қатъияти комил бигӯем Бедил тоҷики маҳз аст ва на танҳо Бедил балки ҳамаи касоне, ки муҳити забонии ӯро сохтаанд. Инҳо чизе нест, ки касе ба омӯзиш дар мадраса ё аз китоб ёд бигирад. Ҳамин ҷост, ки истифодаи фаровони пасванди феълсози “-онда” ва калимаи “барҷомонда”ро мебинем.
    Дар байти охир Бедил ба иродаи махсус аз ин чандмаъноии радиф сарфи назар мекунад ва як маънои сареҳу равшани онро, ки муроди ниҳоияш аст ва “Бедил” ин ҷо тимсоли инсоният аст, манзур медорад:
    Эй ғурурандеша бар ваҳми ҷаҳонгирӣ маноз,
    Қудрате гар ҳаст, дасти Бедили вомонда гир.
    Яъне ҳама таҷаммул, танаввуъ ва ғановату гуногунрангӣ дар ҳамин як маънои аслӣ хулоса мешавад.
    Бояд гуфт, ки ин навъ санъатнамоӣ ба воситаи радиф наметавонад аз хосиятҳои усулии он ба шумор оварда шавад, балки ихтиёр ва имтиёзи шоирист ва ба ҳар шоире ҳам муяссар намегардад. Аммо аз шароити усулии радиф ҳамон чизест, ки ёд шуд, яъне зарурати маънавӣ ва суварии радиф воқеан эҳсос шавад ва он табиӣ ба назар ояд, на чун порае илҳоқӣ ва такаллуфии шеър.
    Радиф дар шеъри нав ва шеъри сапед ҳам мутобиқ бо фазо ва сохтори онҳо ҷой дорад. Чун моҳиятан он чизест, ки яксон ва чанд мартаба такрор мешавад ва ба шеър дар баробари қофия ва гоҳо ба ҷойи қофия ваҳдати шаклию маъноӣ мебахшад, ба ҳамин қиёс онро метавон дар анвоъи гуногуни шеър ба суратҳои гуногун шинохт.
    Дар ҳама ҳол меъёри эътибори радиф ҳамон вуҷуди моҳияти маънавӣ ва арзиши воқеии он дар такмили шакли шеър мебошад.

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!