суббота, 6 июля 2013 г.

Худоро биҷӯед


Худоро маҷӯед аз осмонҳо, 
На аз ахтарону на аз каҳкашонҳо. 
Худоро биҷӯед аз тинати хеш, 
Зи дилҳо, равонҳову аз мағзи ҷонҳо. 
Худоро биҷӯед аз чашми пирон, 
Ки ҷӯянд аз одамият нишонҳо. 
Худоро биҷӯед аз лафзи тифлон, 
Ки афришташон мениҳад бар забонҳо. 
 Худоро биҷӯед аз меҳр, аз сидқ, 
На аз кинаварзиву не аз гумонҳо. 
Маҷӯедаш аз кохҳои забарҷад, 
Ки хуш оядаш хаймагоҳи шубонҳо. 
Куҷо ҳаст бемор, бемордор ӯст, 
Биҷӯедаш аз маҳзари нотавонҳо. 
Нишонӣ чи пурсед, ӯ бенишон аст, 
Агарчи ҳам аз ӯст ҷумла нишонҳо. 
Маконаш чи пурсед, ӯ ломакон аст, 
Ҳам аз ӯст гарчи макинҳо, маконҳо. 
Худо меҳрбон аст, агар меҳрбонед,
Худо бо шумояст, эй меҳрбонҳо.


ЛАВҲ


Лавҳи паймони мо дорад муҳри сабзи Худо, Меҳан, 
Санги кӯҳат ба сар бодам, гар бипӯям хато,Меҳан. 

Пок ойинаи ойин ҷавҳар аз хоки ту дорад, 
Меҳр бо хоки поки туст суннати Мустафо, Меҳан. 

Кони санги сабурӣ ту, махзани обу нурӣ ту, 
Осиё аз ту гардонаст дар ҳама Осиё, Меҳан. 

То ба номат кунад таҳрир қавми ту сарнавишташро 
Панҷа дар панҷа афканда борҳо бо қазо, Меҳан. 

Посдорони хони хеш, дар кафи даст ҷони хеш, 
Нест халқе чу халқи ту дар ҷаҳон порсо, Меҳан. 

Мешиносам ҷаҳонатро, ҳафт ранги камонатро, 
Шуълаи Ховаронатро нест ранги риё, Меҳан. 

То наболад зи ҳоли ту душмани бадсиголи ту, 
Санъати ошиқони туст гиряи бесадо, Меҳан. 

Чун тавонам адо кардан поси ин ошноиро 
Ман, ки будам тамоми умр бо ғамат ошно, Меҳан. 

Муҳра аз меҳри ту дорад қомати интизоронат, 
Чашми шабзиндадоронат гирад аз ту зиё, Меҳан. 

Шоҳрӯди забони мо то равад бар равони мо 
Аз ниҳоди ту меҷӯшад масдари бефано, Меҳан. 

Меҳваре ҷуз ливои Меҳр бар ситеғи ту поё нест, 
Парчамат офтоби туст, матлаъи Ориё, Меҳан.

БА ЧАШМ

БА ЧАШМ

Ёр гуфт аз кӯйи мо бо сар гузар, гуфтам: ба чашм.

Нақши худро ҳам бишӯ з-ин раҳгузар, гуфтам ба чашм.

Гуфт: ғамҳои маро дар дил нишон, гуфтам: ба ҷон.

Гуфт: ҳар нози маро бо зар бихар, гуфтам: ба чашм.

Гуфт: гардун гар ба коми мо намегардад даме,

Ҳарду оламро бикун зеру забар, гуфтам: ба чашм.

Гуфт: дар шаб гар намебинӣ маҳи рухсори ман,

«То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм».

Гуфт: нахли меҳри ман аз хуни дил сероб дор,

То нахушкад ногаҳоне ин шаҷар, гуфтам: ба чашм.


Гуфт: ҳар гоҳе, ки ҷон хоҳӣ супурдан аз дигар,

Як ишорат кун ба сӯям мухтасар, гуфтам: ба чашм.

четверг, 4 июля 2013 г.

ИН ИЛОҲАИ ҒАЗАЛ


ИН ИЛОҲАИ ҒАЗАЛ

Ин ғизолро нигар,
Ин ғизолро бубин,
ки яшми чашми ӯ
Шоирони чанд қарнро 
лол кардааст.
Аз худои меҳрубони хеш
Беш аз ин чи хоҳӣ,
эй башар!
Ӯ ки хуни ин илоҳаи ғазал - 
турфа шоҳкори хешро

Барои ту
Ҳалол кардааст