суббота, 6 июля 2013 г.

ЛАВҲ


Лавҳи паймони мо дорад муҳри сабзи Худо, Меҳан, 
Санги кӯҳат ба сар бодам, гар бипӯям хато,Меҳан. 

Пок ойинаи ойин ҷавҳар аз хоки ту дорад, 
Меҳр бо хоки поки туст суннати Мустафо, Меҳан. 

Кони санги сабурӣ ту, махзани обу нурӣ ту, 
Осиё аз ту гардонаст дар ҳама Осиё, Меҳан. 

То ба номат кунад таҳрир қавми ту сарнавишташро 
Панҷа дар панҷа афканда борҳо бо қазо, Меҳан. 

Посдорони хони хеш, дар кафи даст ҷони хеш, 
Нест халқе чу халқи ту дар ҷаҳон порсо, Меҳан. 

Мешиносам ҷаҳонатро, ҳафт ранги камонатро, 
Шуълаи Ховаронатро нест ранги риё, Меҳан. 

То наболад зи ҳоли ту душмани бадсиголи ту, 
Санъати ошиқони туст гиряи бесадо, Меҳан. 

Чун тавонам адо кардан поси ин ошноиро 
Ман, ки будам тамоми умр бо ғамат ошно, Меҳан. 

Муҳра аз меҳри ту дорад қомати интизоронат, 
Чашми шабзиндадоронат гирад аз ту зиё, Меҳан. 

Шоҳрӯди забони мо то равад бар равони мо 
Аз ниҳоди ту меҷӯшад масдари бефано, Меҳан. 

Меҳваре ҷуз ливои Меҳр бар ситеғи ту поё нест, 
Парчамат офтоби туст, матлаъи Ориё, Меҳан.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!