Наврӯзнома



НАВРӮЗ
ҶАШНИ ҲАМСОЗИИ ҶОН ВА ҶАҲОН АСТ


Осмон
ҳост дар вилояти ҷон
Корфармои осмони
ҷаҳон.
Мавлав
ӣ
Бо як чашмандози паж
ӯҳишӣ дар таърих, фарҳанг ва моҳияти ҷашни бостонии Наврӯз ва ҳамзамон равандҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва илмии муосир метавон комилан ба ин бовар расид, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз як амри ташрифотӣ ва ё чунон ки баъзеҳо ҳадс мезананд, як тадбири сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ барои амалӣ кардани барномаҳои худ дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ нест. Балки ин як нуқтаи дар айни замон ниҳоии созиши ҷаҳонбиниҳо ва фарҳангҳои башарӣ дар ҷиҳати таъмини бақои Инсон ва Инсоният дар кураи Хок мебошад. Ба таъбири дигар фарҳанг ва фалсафаи Наврӯз миёнагини тилоиест, ки аз як сӯ аз барҳам задани низоми табиъии зистмуҳитӣ (биосфера) ва сӯи дигар аз эҳтимоли бӯҳрони бунёдсӯзи «бархурди тамаддунҳо» метавон ба он паноҳ бурд. Зеро агар барои ин ду вартаи бӯҳронии дунёи муосир пули воҳиде мебояд, ки аз онҳо убур кардан муяссар гардад, ин шаҳпул ҳамоно фарҳанги Наврӯз аст, ки ҳам омилҳои табиъӣ, ё худ зистмуҳитӣ ва ҳам омилҳои маънавӣ, тамаддунӣ, ахлоқӣ, илмӣ, боварҳо ва эътиқодот, яъне Ҷаҳон ва Ҷонро дар як пайванди бо низому эътидол ва мутаносиб бар пояи дарёфтҳои илмӣ ва кайҳоншиносӣ, ки то имрӯз эътибори волои худро ҳифз намудаанд, таҷассум бахшидааст. Ин вусъати маънавӣ ва табиъии фарҳанги Наврӯз агар дар собиқ онро бо тамаддуни исломӣ созгор намудааст, пас дар дунёи муосир, дар вусъати куллитар барои ҳама анвоъи фарҳангҳои башарӣ пазируфтанӣ кардааст.
Барои равшан кардани асли ин муддао, ки фар
ҳанги Наврӯз бо муосиртарин ҷараёнҳои илмии ҷаҳонии табиатшиносӣ ва зистмуҳитӣ (биосферӣ ва дар маҷмӯъ экологӣ) ҳамсӯӣ ва ҳамхонӣ дошта ва беш аз он ба изофаи масъалаҳои маънавӣ эътиқодӣ ва фарҳангӣ ҷомеъи ҳамаи ин равандҳо гардидааст, лозим аст дар ин заминаҳо ба тозатарин мавзӯъҳо ва нигаришҳои илмӣ таваҷҷӯҳ кард. Дар ҷаҳони илмии Ғарб дар ду садаи ахир дар низоми назарии донишҳои табиатшиносӣ, заминшиносӣ (геология), кайҳоншиносӣ, илмҳои поя ва дақиқ ва ҳамчунин теология (илоҳиёт) назарияи нисбатан нави ҳастишиносӣ бо унвони «ноосфера» зуҳур кардааст, ки сол ба сол вусъату жарфои бештар меёбад, созмонҳои зиёди илмӣ ва ҳифзи муҳити зист бо ин унвон ташкил мегардад ва усулҳои назарии ҳаракатҳои ҳифзи муҳити зистро вазъ менамояд. 
Тиб
қи иттилоъи «Донишномаи озод» «ноосфера» калимаи юнонӣ иборат аз ду ҷузъ: ноос (ё нус) – хирад ва сфера – кура буда, манзур аз он кураи хирад ё сайёраи хирад бармеояд, ки шартан шояд битавонем онро ба тоҷикӣ «хирадмуҳит» ё «хирадгустара» биномем. Моҳияти он ин аст, ки фаъолиятҳои хирадмандонаи инсон омили аслӣ дар рушди олами мавҷуд шинохта мешавад. Наздик ба ин маъно қаблан истилоҳоти «антропосфера», «биосфера» ва «биотехносфера» ба кор мерафтанд ва ин истилоҳи ҷадид марҳалаи олии рушди назарияи «биосфера» дониста мешавад, ки дар заминаи пешрафти ҷомеа ва таъсири ҷиддии он дар равандҳои табиӣ ба миён омадааст. Ин истилоҳро нахустин бор профессори риёзидони донишгоҳи Сорбон Эдуард Леруа (1870-1854) ба кор бурда, таҳти он «қишри андешаварз»-ро дар назар дошта, ки инсон онро ба вуҷуд меорад. Ба гуфти вай, ҳидояткунандаи ӯ дар эҷоди ин назария заминшинос, палеонтологи таквинӣ ва файласуфи католик Пер Теяр де Шарден будааст, ки вай ин назарияи Леруаро дар оянда такмил ҳам мекунад ва дар ниҳоят камоли ин андешаро дар ҳулул бо зоти илоҳӣ тафсир менамояд. Аз назари табиатшиносӣ дониши онҳо бар мабнои суханрониҳои В.И.Вернадский дар донишгоҳи Сорбон (солҳои 1922-1923) ва аз назари фалсафию илоҳиёт бар мабнои таълимоти навафлотуния, ки ба навбати худ аз таълимоти зардуштӣ мутаассир аст, шакл гирифтааст.
Хулосаи ин назария
ҳамин аст, ки инсоният ба марҳалае аз рушду тараққӣ расидааст, ки дигар бо тасхири табиат ба мизони хеле зиёд дар фазо ва табиати он таъсиргузор шудааст. Ба ҳадде, ки таҳаввулот ва дигаргуниҳо дар муҳити зист ба фаъолияти инсон вобаста шудааст.
Инсон то ин мар
ҳала дар муносибати худ бо табиат ва кайҳон чанд давраро аз сар гузарондааст, ки дар давраи аввал табиат ва падидаҳои он барояш неруҳои фавқулода ва ғайри қобили таъсирпазирӣ тасаввур мешуданд. Ин давраҳо дар фарҳанги мардумшиносӣ бо унвонҳои фетишизм, тотемизм, анимизм ва даврони асотирӣ муаррифӣ мешаванд, ки инсон танҳо ба воситаи парастишу қурбонӣ дар баробари неруҳои табиӣ ва кайҳонӣ ва хислати илоҳӣ қоил шудан барои ин падидаҳо худро аз зиёни онҳо «эмин месохтанд» ва ё аз «баракоти онҳо бархурдор мешуданд». Даврони дониш ва динҳои яктопарастӣ, ки тавозуни маъқуле байни инсону табиат ва офаридгор ба вуҷуд омад ва инсон худро дар паноҳи парвардигори тавоно, дорои дониш ва ҳаққи дахолат дар табиат шинохт. Даврони набарди дину дониш (саҳеҳтараш хурофоти динӣ дар Ғарб ва дониш) дар ҷаҳони масеҳият, ки илми саркӯб ва таҳқиршуда баъд аз он мисли шӯришгаре қиём кард, то дар баробари тараққӣ қасоси худро ҳам аз табиат ва ҳам аз дин бигирад ва рушди босуръату ҳатто ба таъбире ҷунуномези онро вусъати рақобатҳои башари раҳошуда аз ҳар навъ паймони илоҳӣ ва масъулияти башарӣ шиддати афзоянда мебахшид, то он ки Инсон эҳсос кард ба марзи нобудии мутлақи худ ба дасти худ расидааст. Оре, инсон дар муқобили якдигар, дар мусобиқоти бартариҷӯӣ, барои фуру бурдани бемеъёри сарватҳои муштараки башарӣ, тақсими бозори фуруши коло ва бозори бардаҳо он қадар васила ва аслиҳа гирд овардааст, ки барои чанд бор нобуд кардани тамоми инсонҳо ва муҳити зисти онҳо кифоят мекунад ва ба ғайр аз ин бидуни ҳеч навъ истифодаи ин нерӯҳо низ худи раванди сабқати ҷунуномези балъидани дороиҳои табиат ва хориҷ кардани зуболаҳои латифу касифи онҳо муҳити зистро рӯз то рӯз ғайри қобили зист мекунад. Бо ин ҳол ҳанӯз инсон дар баробари Табиати бузург кучаку нотавон боқӣ мондааст, ки ҳатто қодир ба бартараф кардани натиҷаҳои сабқати саноатии худ ҳам нест. Бо як ҳодисаи камобеш азими табиӣ инсон имрӯз ҳам дар чанд сония ба ҳолате андохта мешавад, ки худро хеле бечоратар аз инсонҳои ибтидоӣ эҳсос мекунад. Дар ин лаҳзаҳо маълум мегардад, ки бо ҳама ифтихору ғурури мо дар баробари кайҳон ва табиат, дастовардҳои инқилобҳои илмиву саноатии мо, агар ин ҷо ҳам муболиға нашавад, беш аз пардаи латифе руи кураи арз нестанд, ки бо ҳодисае пора ва чун бухори латиф пароканда мешавад. 
Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ва дар пайи он эҷоди бомби ҳастаӣ инсониятро сахт такон дод ва боиси пайдоиши маҷомеъи байналмилалӣ гардид, ки дар онҳо сари қисмати муштараки башар машваратҳо сурат мегирад. Агарчи ҳанӯз ҳам борҳову борҳо салоҳияти амалии ин созмонҳои байналмилалӣ таҳти суол қарор гирифтааст, боз ҳам агар марҷаъе барои додрасии аҳволи башар ҳаст, ҳаминҳоянд. Дар асри охир инқилоби аз ҳама назаррастари фаннӣ инқилоби иртиботот ва иттилоъот будааст. Суръати доду ситади итттилоъот ба ҳадде расидааст, ки дар баъзе мавридҳо имконоти он аз мулоқоти ҳузурии инсонҳо ҳам бештар аст. Бо ин ҳол меъёре, ки ин василаро низ аз «хайри маҳз» ба «шарри маҳз» табдил надиҳад, ҳамоно иродаи нек аст. Пайравони назарияи «Ноосфера» инқилоби иттилоотиро як қадами асосӣ дар расидан ба иҷрои аҳдофи худ медонанд, ки иборат аз иттиҳоди Хиради башарӣ дар ҳифзи муҳити зиндагии инсонҳо ва ҷонварону олами гиёҳон ва дар маҷмӯъ кайҳони зинда мебошад. Бунёдгузорон ва такмилкунандагони ин назария таъсири хиради инсон дар муҳитро аз ду ҷанба ташхис додаанд: а) таъсири бевоситаи табиӣ, ки ихтирооти илмиву фаннии инсон ва маҳсули онҳо дар табиат таъсир мегузорад; б) иродаи инсон, ки фазои маънавии ӯро ташкил медиҳад ва ба воситаи навъи робитаи вай бо ҳамнавъон ва ҳамчунин олами маънавӣ (мовароуттабиӣ) метавонад дар фазои зист ё муҳити хирад таъсиргузор бошад. Аммо ба сароҳат эҳсос мешавад, ки барои амалӣ шудани ин назария кор ҳанӯз хеле бештар аз эҷод ва вазъи худи он мебошад, ки асли он баргардондани инсон бар ин бовар аст, ки ӯ пеш аз ҳама як мавҷуди маънавист ва вуҷуди моддии ӯ танҳо дар партави маънавият дорои асолат ва ҳувият мешавад. Имон рукни аслии ҳастии инсон аст ва онро бояд ҷудо ва ба дур аз ҳар навъ тасаввури хурофотии куҳан ва муосир шинохт. Ин навъ шинохт дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки аслҳо ва равандҳои сиёсат аз манфиатмеҳварӣ ба сӯи арзишмеҳварӣ (ахлоқмеҳварӣ) тағйири самт бидиҳанд. Ба ҷои манфиатҳои маҳдуди гурӯҳиву қавмию, идеологию блокӣ арзишҳои куллии инсонӣ ва кайҳонӣ муҳтараму муқаддас дониста шаванд. Таъбири «Ҳадаф василаро табраа мекунад» мардуд дониста шавад.
Аз ин ли
ҳоз фарҳанги бостонӣ ва куҳанбунёди мо, ки тоҷи нуронии Наврӯзро чун фарраи эзадӣ бар сар кардааст, хазонаҳои маънавии поённопазире барои сармоягузории маънавӣ дар иҷрои ин тарҳҳо дорад. Мусалласи ҳикамии «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» муносибтарин ва ҷомеътарин шиор барои ин навъи ҷаҳонбинии муосир мебошад, ки дар фарҳанги исломии мо ҳам бо таъбирҳои «нийяти нек, амри маъруф ва амали солеҳ» айни ҳамон ҳикматро ҳамроҳ бо барномаҳои муфассали амалӣ то мунтаҳои расидан ба ҳадаф ҳифз кардааст, ки ҳам ҷанбаи табиӣ дорад ва ҳам маънавӣ. Ба қавли Мавлоно ҳам дар «вилояти ҷон» ва ҳам дар «осмони ҷаҳон» равост.
Агар ба мабдаъи асотирии Навр
ӯз назар шавад, ки бунёди он ба номи Ҷамшед пайванд дорад, пас Ҷамшед сарварест, ки ҷаҳони зинда ва наботиро ва ҳатто бахше аз дунёи мовароуттабииро (девон)-ро дар таҳти фармон дорад ва камоли қудрати ӯ бо фарраи эзадӣ эҷоди тавозун ва эътидол дар миёни ин табақоти ҷаҳони зирӯҳ ва дорои хирад бо воситаи маниш (пиндор) ва куниш (кирдор)-и нек аст. Лаҳзаи авҷи ин қудрат ва зуҳури он ҳамон тобиши ӯ аз фурӯғи эзадӣ ба василаи офтоб ба ҳаддест, ки гумон бурданд дар осмон ду офтоб падид омадааст. Пиндори нек ва равони равшани Ҷамшед дар тамоми муҳити зиндаи салтанати ӯ коргар аст. То ҳадде, ки қаҳту, бемориву марг аз миён меравад. Заволи ӯ низ аз лаҳзаи дигаргун шудани пиндор (нийят) аст, ки ин дигаргунӣ дар замир бар тамоми қаламрави ӯ сироят мекунад ва ҳазор соли ҳукумати зулмонии Заҳҳок низ гӯё паёмади табиъии ҳамин тағйири иродаи Ҷамшед аст, ки гӯё ҷуброни он иштибоҳ буд ва боз салтанати авлоди ӯ идома меёбад.
Аз ниёиш
ҳои бозмонда аз мутуни авастоӣ ҳама ҷо мебинем, ки инсон дар як мусалласи ниёишӣ иборат аз худу табиату худованд қарор дорад ва иродаи неки худовандро барои ба муроди худ гардондани падидаҳои табиат талаб мекунад ва иродаи неки худро мехоҳад дар табиат ҷорӣ созад. Ин ба тамому камол ҳамон чизест, ки дар ниҳоят назарияпардози католики «Ноосфера» Пер Теяр де Шарден мехоҳад.
«Шо
ҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки пули маҳкаму ҷовидонае байни фарҳанги бостонӣ ва навини мост бо шаҳбайте шуруъ мегардад, ки ҳамон эъломи пайванди имону ҷону хирад аст:
Ба номи Худованди
ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Фаротар аз ин дар «Шо
ҳнома» борҳо зимни достонҳо ба муассир будани иродаи инсон дар падидаҳои табиат таъкид мешавад. Аз он ҷумла аст, достоне аз саргузашти Баҳроми Гӯр, ки ӯ дар гоҳи шикор канори боғи аноре мерасад ва аз боғбон шарбати анор мехоҳад. Боғбон бидуни он ки Баҳромро бишиносад, ба боғ меравад ва пас аз муддати кутоҳе косаи саршори шарбати анор дар даст бармегардад ва онро ба Баҳром медиҳад. Баҳром суол мекунад, ки ин оби чанд сар анор аст? Мегӯяд, як сар. Баҳром боз ӯро барои шарбат мефиристад ва дар зимн аз дил мегузаронад, ки агар ин боғ чунин ҳосиле дорад, бад нест хироҷе бар он бубандем. Ин бор боғбон дер бармегардад ва шарбат ҳам дар коса кам аст. Баҳром сабаб мепурсад. Боғбон мегӯяд, ин бор аз чанд сар анор натавонистам он миқдори пешинро бигирам. Зоҳиран дар нийяту андешаи амири ин мулк тағйире манфӣ шудааст. Баҳром он андешаро аз дил берун мекунад ва боз боғбонро барои шарбат мефиристад. Ин бор кор ба дастури аввал сурат мегирад ва боғбон шодон мегӯяд: «худоро шукр андешаи шоҳ ба хайр баргашт». Дар ин достон ба барҷастагӣ ва дурахшандагии тамом назарияи таъсиргузор будани пиндор, ният, маниш, андешаи инсон дар табиат баён шудааст. 
Аммо дар адабиёти ирфон
ӣ, бахусус осори Мавлоно ва Мирзо Бедил, ки баъзан аз осори ӯ нишонаҳои пантеизм (ваҳдати мавҷуд) ва ҳулул дар табиат чун мазҳари қудрату ҷамоли илоҳиро ҷустуҷӯ кардаанд, мавзуъи мазкур ба камоли жарфо ва паҳнои худ мерасад, ки байти аввали ин мақола матлаъи барҷастаи ин навъи андеша мебошад:
Осмон
ҳост дар вилояти ҷон,
Корфармои осмони
ҷаҳон.
Вожаи «
ҷон», ки дар ин байт фарогири маънои ҷомеъи рӯҳу равон ва хиради инсон дар мартабаи олии он, муҳити имонӣ мебошад, «корфармои осмони ҷаҳон» ё худ ба таъбири дигар муҳити табиат ва кайҳон муаррифӣ шудааст.
Мавлоно вожаи маънавии адабро барои инсон ва му
ҳити кайҳони ӯ ба таври муштарак ба кор мебарад, ки мақсуд аз он ҳамоно низом ва эътидол аст, ки агар инсонҳо низ чун аҷроми осмонӣ ва табиъӣ, ки тобеъи иродаи илоҳӣ ҳастанд, онро риоя кунанд, ҷаҳон обод аст, дар акси ҳол ногузир рафтори бенизом ва бидуни эътидоли онҳо дар назми кайҳон ва табиат таъсири манфӣ мегузорад:
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.
Буд зи густох
ӣ кусуфи офтоб,
Шуд Азозиле зи
ҷуръат радди боб.
Бедил, ки
ҳамеша бар аҳаммияти вуҷуди табиъии инсон ва зарурати таваҷҷӯҳи ӯ ба падидаҳо ва вобастагиҳои табиӣ таъкид дорад, то миқдори аҷзу қудрати худро бишиносад (эй хок, хок бош, баланд аст осмон!) ва боз хитоб мекунад: Нозро аҷз худписандӣ дод, осмонро замин баландӣ дод, мӯътақид аст, ки неруи маънавии инсон поённопазир аст ва инсон метавонад, оламро тобеъи амри замири худ кунад, аммо ба шарт:
Эй шамъи базми
қудс, надонам чӣ гавҳарӣ,
К-аз ва
ҳм гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ.
Ҳар ҷо хаёл меравад, он ҷо ту меравӣ,
Ҳар сӯ нигоҳ мепарад, он ҷо ту мепарӣ.
Олам
ҳама мусаххари амри замири туст,
Эй бехабар, ту аз ч
ӣ ҳаворо мусаххарӣ.
Ма
ҳкуми нафсӣ, ин ҳама дунҳимматӣ чаро?
Худро агар и
ҳота кунӣ, чархи дигарӣ.
Ҳаким Хайём хитоб мекунад:
Ма
қсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад гав
ҳари биниш моем…
Ин ма
қоми инсонмеҳтарии ҷаҳон аз Каломи шариф нашъат мегирад, ки аз ҷумла дар сураи Тин омадааст: «Ба ҳақ инсонро офаридем ба беҳтарин қивом (таркиб, ҳайат, пайкар). Сипас ӯро ба поинтарин мартаба фаровардем. Ба ҷуз касоне, имон оварданд ва амали солеҳ карданд». Ба таъбири дигар инсон беҳтарин офарида аст, агар ороста бо сифоти инсонӣ бошад. Адолат ва мантиқ дар ин оят ҳамон чизест, ки хостаи донишмандони мазкури муосир ҳам ҳаст. Инсонмеҳтарӣ, агар аз эътидол берун равад ва ҳеч меъёре барои он гузошта нашавад, боиси фоҷиаҳои азими табиӣ ва кайҳонӣ мегардад, ки ҳеч мавҷуди зиндаи дигар ба он қодир нест. Даврони ҳамаравоӣ (вседозволенность) шурӯъ мешавад, ки ҳаммаънои поёни ҷаҳони зиҳаёту зирӯҳ аст.
Бартарии инсон ба хотири хирад ва имони (ви
ҷдони) ӯст, ки таъодулро на танҳо дар ҷомеаи худ, балки дар табиат ҳам таъмин намояд. Ва инсон бо тағйир додани ҷавҳари маънавии худ ҷаҳонро дигар мекунад:
Фош г
ӯям, ончи дар дил музмар аст,
Ин китобе нест, чизе дигар аст.
Чун ба
ҷон даррафт, ҷон дигар шавад,
Ҷон чу дигар шуд, ҷаҳон дигар шавад.
қбол(

Шоири ирфонмашраби
Ҳинд Робиндронат Тагор мегӯяд: «Худованд инсонро барои лабхандаш дӯст дошт, вале чун хандааш баланд шуд, аз вай рӯй гардонд».
Ин
ҷо ба таври табиъӣ ба масъалаи танзим ва сарфа дар ҷомеа ва табиат мерасем. Ҳам дар бахши маънавӣ ва ҳам моддӣ. Дар ҳар ду бахш ифрот ва исроф паёмадҳои фаҷеъ дорад. Аз ҷумла он гуна, ки хандаву шодии зиёд ва таҳрикшудаву тазриқшуда (инъексия) инсонро пӯчу тиҳӣ ва рӯҳашро хушк мекунад, ғаму андӯҳи зиёд ҳам боиси густариши рӯҳиёти манфӣ ва дунёбезорӣ мегардад. Дар сарфи дороиҳои моддии ҷаҳон низ танзим аз муҳимтарин василаҳои пешгирии фоҷиаҳои зистмуҳитӣ гардидааст. Ин ду маврид ба таври табиъӣ ба ҳам вобастаанд. Ба унвони мисоли одитарин метавон аз барномаҳои тафреҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ кард, ки ҳазинаи баъзе ба будҷаи як кишвари фақир баробарӣ мекунад ва мурод аз онҳо танҳо дилхушии лаҳзагии чанд нафар аст.

Фар
ҳанги Наврӯз хулосаи ҳамаи ин андешаҳост, ки ба сурати олӣ масоили кайҳониву табииро бо маънавӣ ва виҷдонӣ тавъам кардааст ва он назарияи «Хирадмуҳитӣ» ё «Хирадгустара»-ро дар як барномаи ҳам зебо ва ҳам ҳакимона мавзуну муҷассам сохтааст. Аз ин назар Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки муқаддима ва дебочаи оростаи зиндагии ҳар сол ва ҷовидонист, ки ормонҳои ба камол расидани инсонро амалӣ месозад. Маросимҳои муқаддамотии Наврӯз маросимҳои такмили рӯҳу равони инсон ва ҷомеа ва муҳити зисти вай мебошад. Поксозии ботин, рӯҳу равон, иқдом ба фаъолиятҳои хайрия ва дар айни ҳол поксозии манзили зисту табиати атроф, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти муқаддимавии Наврӯз мебошад, заминаи беназире барои танзими барномаҳои иҷтимоии маънавӣ, хайрия ва омӯзишӣ, ҳатто дар сатҳи илмии равоншиносӣ ва ҳамчунин барномаҳои инфиродӣ ва дастҷамъии беҳбуди муҳити зист ва поксозии табиати атроф мебошад. Дар ин замина донишманди арҷманд Акбари Турсон пешниҳодоти созандаеро дар соли гузашта ироа карда буданд. Замони он расидааст, ки Наврӯз ва барномаҳои он аз чорчӯби донишҳои мардумшиносӣ, фолклорӣ ва филологӣ, умуман улуми инсонӣ фаротар бурда шавад ва аз ҷумла бо дарназардошти он мавридҳое, ки дар боло ёдовари гардид, ба сурати ҷиддӣ ва илмӣ вориди майдони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ гардад. Хусусан, ба ин восита Тоҷикистон, ки баъзан баноҳақ дар фишори масъалаҳои зистмуҳитӣ қарор дода мешавад ва ин дар ҳолест, ки яке аз хазинаҳои муҳимтарини таъмини ниёзҳои зистмуҳитӣ мебошад, бо ин захоири азими илмию маънавӣ метавонад парчамдори масъалаҳое аз ин қабил гардад. Аз ҷумла одитарин иқдом дар ин росто метавонад ба сурати анъана баргузории ҳамоишҳои илмии байналмилалии зистмуҳитӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои муқаддимавии Наврӯз бошад.
Адабиёти то
ҷик, ки аз ибтидо то имрӯз дар ҳама фарозу фуруди таърихи миллӣ шамъи афрӯхтаи Наврӯзро дар даст дошт, ин суннати некро ба таври табиӣ идома медиҳад.

Рустами ВА
ҲҲОБ





НАВРӮЗ
(дар ҳошияи тақвим)

Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,
Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.
Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,
Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.
Наврӯз рӯзи тантанаи уммед,
Наврӯз рӯзи рӯйиши имон аст.
Рӯзи фуруд омадани фарвар,
Рӯзи фароз омадани Ҷон аст.
Наврӯз рӯзу соати мисоқ аст,
Ёдовари нахустин паймон аст.
Наврӯз рӯзи шустани лавҳи дил
Аз нақшҳои ботили шайтон аст.
Донӣ, чаро ба суфраи наврӯзӣ
Ойина дар баробари Қуръон аст?
То ки ба рӯйи хеш назар созӣ,
Рӯйи ту низ Мусҳафи Яздон аст.
Рӯзи фурӯғи ҷоми ҷаҳонбин аст,
Пайдоии нигини Сулаймон аст.
Шерозбанди маърифати Тӯрон,
Ойинаи тамаддуни Эрон аст.
Наврӯз рӯзи бастани Заҳҳок аст,
Рӯзи фирори галлаи девон аст.
Рӯзе, ки бод роиҳаи минуст,
Ҳар шоха хушку тар ҳама райҳон
аст.
Рӯзе, ки бо сухан натавон нозид,
Рӯзе, ки обу хок ғазалхон аст.
Рӯзе, ки баршумурдани авродаш
Дилсӯзтар зи чомаи Ҳассон аст.
Гар кор бандӣ, ин ҳама тадбир аст
В-ар ноз ҷӯйӣ, он ҳама афсонаст.
Наврӯз рӯзи адлу сахову ҷуд,
Наврӯз ҳамсиришти мусулмон аст.
Ҳар чиз ки Худо написандад, нест,
Маҷмӯаи худойписандон аст.
Наврӯз рамзи давлати Сомонист,
Кори ҷаҳон аз он чу ба сомон аст.
Рӯзе, ки ҳар куҳан бишавад тоза,
Дар бостон таровати бустон аст.
Боғи Нишоти хуррами Кашмир аст
Ҳар ҷой, ки шикаста биёбон аст…
***
Бозой, эй фариштаи фаррухпай,
Бозой, эй ки дар қадамат ҷон аст.
Бозой, ки ситода ба сад уммед
Дар остонаи ту кӯҳистон аст.
Минои субҳу он шафақ и рангин
Дар обгина лаъли Бадахшон аст.
Бозо ба даштҳои ҳазороняшт
Аз сабза сад саҳифаву девон аст. 
Бозову хуш хиром ба лоластон,
Ҳар лола як пиёлаи паймонаст.
Ранги дигар маҷӯй аз ин лола,
Якранг чун шаҳодати Нӯъмон аст.
Ҷони ҷаҳон ба домани ту бастаст,
Имрӯз, ки ҷаҳонт ба фармон аст.
Милоди ту валодати фарҳанг аст,
Оғози ту муқаддами Зарвон аст. 
Рӯзи заволи салтанати зулмат,
Рӯзи ҷалоли Оли Хуросон аст.

Феврали 2011



Бод бар ту мубораку хуншон
Ҷашни Наврӯзу гуспандкушон

Маснавии баҳри хафиф

Нест фикре ба ғайри ёр маро,
Ишқ шуд дар ҷаҳон фаёр маро.

Заъру заръ аз баҳор шуд чу биҳишт,
Заръ кишт асту заръ кӯшаи кишт.

То саму сар бароварид аз дашт,
Гашт зангоргун ҳама лаби кишт..
Ҳар яке корде зи хон бардошт,
То пазад аз саму таъомаки чошт.

Хар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.

Дева ҳарчанд абрешум биканад,
Ҳарчи он бештар ба хеш танад.

Уштури гурсуна касема хурад,
Кай шикӯҳад зи хор, чира чарад!

Гови мискин зи кайди Димна чӣ дид?
В-аз бади Зоғ Бумро чи расид?!

Дур монд аз саройи хешу табор,
Насаре сохт бар сари кӯҳсор.

Табар азбаски зад ба душмани кӯс,
Сурх шуд ҳамчун лолакои хурӯс.

Хештандор боше бе пархош,
Ҳеҷ касро мабош ошиқи ғош!

Он ки аз ин сухан шунид арзиш,
Боз пеш ор, то кунад пажҳиш.

Аз бузургӣ, ки ҳастӣ ай хаштук,
Чокарат бар китиф ниҳад дафнук!

Аз ту холӣ нигорхонаи чам,
Фарши дебо фиканда бар бачкам.

Ман чунин зор аз он ҷамош шудам,
Ҳамчу оташ миёни дош шудам!

Ҷонтаранҷидаву шикастадилам,
Гӯйи аз ғам ҳаме фурӯ гусилам.

Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гуспандкушон!

Бунанӣ буд, май биёр акнун,
Ратл пур кун, магӯй беш сухан!

Чун ба бонг омад аз ҳаво бахну(в),
Май хуру бонги рӯду май бишнув!

Чун ниҳод ӯ паҳандро неку.
Банд шуд дар паҳанди ӯ оҳу.

Аз шабистон ба башкам омад шоҳ,
Гашт башкам ба дилбарон чун моҳ.

Он ки нашк офариду сарви сиҳӣ
В-он ки бед офариду себу биҳӣ.

Ришу саблат ҳаме хизоб кунӣ,
Хештанро ҳаме азоб кунӣ!

Маснавии баҳри ҳазаҷ

Диранг ор, ай сипеҳри чархворо,
Каёхантар-т бояд кард коро!

Шабе деранду зулматро муҳайё,
Чу нобино дар ӯ ду чашм бино.

Биҳиштойин сароеро бипардохт,
Зи ҳар гуна дар ӯ тимсолҳо сохт.
Зи уду чандан ӯро остона,
Дараш симину зарин поликона!

Агарчи дар вафо бешибҳиву дес,
Намедонӣ ту қадри ман дизандес.

Чароғон дар шаби чак ончунон шуд,
Ки гетӣ рашки ҳафтум осмон шуд!

Чу ёвандон ба маҷлис май гирифтанд,
Зи маҷлис маст чун гаштанд, рафтанд.

Наёрам бар касе ин роз бикшуд,
Маро аз холи ҳиндуи ту бифнуд.

Бувад зудо, ки ойӣ нек хомӯш,
Чу мурғобӣ занӣ дар об поғӯш!

Илоҳо, аз худам бистону гумм кун,
Ба нури пок дар ман уштулум кун!

Ба роҳ-андар ҳамешуд роҳшоҳе,
Расид ӯ то ба назди подшоҳе.

Ту аз фарғул бояд дур бошӣ,
Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ!

Маснавии дигар дар баҳри ҳазаҷ

Бигрифт ба чанг чангу биншаст,
Бинвохт ба шаст чангро шаст.

Фархор бузург нек ҷоест,
К-он мавзеъи он бути навоист.

На кафшгарӣ, ки дӯхтастӣ,
На гандуму ҷав фурӯхтастӣ.

Маснавии баҳри музореъ

Ай булбули хушово, ово деҳ,
Ай соқӣ, он қадаҳро бо мо деҳ.

Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ,
Табъам гирифт низ гаронӣ.

Ба сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!