четверг, 28 декабря 2017 г.

Дах газал аз устод РУСТАМИ ВАХХОБ;
1
Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед,
Сайхаи бепардаи Мансурро бовар кунед.
Хок аз чону дили ток ашафшори кунад,
Нашъаи хуни дили ангурро бовар кунед.
Нест бе хуни чигар нохуни мутриб лолагун,
Гох-нохе нолаи танбурро бовар кунед.
Ёд доред аз хазоне, ки бахор аз пай надошт,
Суг поён мепазирад, сурро бовар кунед.
То нафас бокист, бар бурчи умед аст ин каманд,
То ситора медурахшад дурро бовар кунед.
Куллаи точикро то такя бар пои худ аст,
Покбозихои ин магрурри бовар кунед.
Нашри фардо дар навори офтоб омода аст,
Субх наздик аст он маншурро бовар кунед.
2
Дигар он намеписандам, ки кашам камони худро,
Ба Худои худ супурдам ҳама душманони худро.
Ба ҳавои боли Симурғ расидаам ба авҷе,
Ки дигар зи ёд бурдам раҳи ошёни худро.
Ба фиғон зи дидагонат бибарам ҳаловати хоб
Ки ба рӯи ман набандӣ дари осмони худро.
На, куҷо ману куҷо ту, ба ҷалоли кибриё ту
Ба ҳумо ту соя бахшиву ман устухони худро.
Чамали шикастаноям, ба кавири ғам раҳоям,
Бари хорҳо сароям ғами сорбони худро. 
Ҳама ҷо ки нақши пойест ба сӯйи Каъбаи Меҳр,
Биниҳам чу муҳр бар он лаби хунфишони худро.
Ту чунон ки, боғбоно, дили нор мефишорӣ,
Зи дили ҳазин фишурдам ғазали равони худро.
3
Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣ
Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?
Чи айб дида ки бар рӯйи даҳр менигаранд
Зи пушти шишаи дудиву айнаки дудӣ.
Бисоти худ ба чӣ сайёрае фиристоданд?
Ки мекашанд ҷаҳонро ба сӯйи нобудӣ.
Хиёли оташи дигар ҳамепазад дар сар
Чамидапо магасе бо димоғи намрудӣ.
Баҳона- ҳаста, ҳадаф - ҳастӣ, гуӣ бистонанд,
Зи ҳастайе ки набудаст кини нобудӣ.
Мисоли кори ҷаҳондору қисмати фарҳанг-
Ҳадиси Пири Аҷам дону пили маҳмудӣ.
Шукуфаро насазад к-аз фарози шохи баланд
Ба реша таъна занад ки «чаро гилолудӣ?!».
Умеди ман ба дуъои масеҳанфосест
Бихон ки даст ба омин кашад Варорудӣ.

4
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
5
Зи ҳама баҳо фузунтар, чӣ ба ройгон расидӣ!
Ту магар фаришта будиву зи осмон расидӣ?
Чу насими беғуборе, ки ба раҳ кунад навозиш
Тану ҷони хастаеро, ту ба ман чунон расидӣ.
На зи қисматам умеду на зи бахтам ин ҳавас буд,
Ту зи чашми ин ду раҳзан ба чӣ раҳ ниҳон расидӣ.
Дили ман баҳор дорад, сари ман хумор дорад,
Лаби ман шарор дорад, ки ба ҷои ҷон расидӣ.
Чу ҳанои гесувонат шафақи тулӯъи ман шуд,
Зи фано хатар надорам, ки зи ҷовидон расидӣ.
Нафасе дигар нахоҳам, ки зи худ кунам раҳоят,
Ба канори ман биёсо, ки ба ошён расидӣ.
6
Рӯй аз ман бармагардон, эй фурӯғи коинотӣ,
Эй суботи ҳастиям дар ин ҷаҳони бесуботӣ.
Зишт ё хуш, нек ё бад, ман ҳамин як рӯй дорам,
Нест дар анбони рӯҳам рӯйҳои эҳтиётӣ.
Созумонам аз Киромулкотибин асту надонам,
Фитнаҳои созмонӣ, ҳиллаҳои котиботӣ.
Ояти хуршед бар лаб менадонам аз чи бошанд,
Хокиён бо ман қавоқӣ , осмониҳо ҷиготӣ.
Асли одам аз ду ҷо омад зи дил ё ки зи ишкам,
Ту бипурсӣ “Аз куҷоӣ?” ман бипурсам“Аз куҷотӣ?”
То куҷо ҷӯям наҷобат, аз куҷо ёбам шаҳомат,
Хастаам , Санчо аз ин пиндорҳои Дон Кихотӣ.
Нест андар ёдбудам, лаҳзае, ки шод будам,
Лаҳзае, ки шод будам нест бар ёдам чиғотӣ.
Шукр, ки аз ҳашри шабнам субҳ дилро метавон шуст,
Аз ғубори девбоди шеърҳои “нашриётӣ”
Шукр, ки дар ин биёбон, аз варои шӯразорон,
Сабз мебинам ҳанӯзат, эй ки чун шохи наботӣ.
7
Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки дасти сабзе боло бар осмонҳо
Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Кӯдак ба сар битозад бозору сӯи мактаб
Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки ағниёро касбе барои рӯзӣ
Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рузе, ки бевафоӣ қонуни ом гардад,
Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст. 
Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд -Олам-
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
8
Чи мехони ту эй булбул? Хама такрор мехони,
Хамон як достонро хар сахар сад бор мехони.
Агар ман як сухан такрор гуям, хурда мегиранд,
Касе бар ту намегуяд, ки аз перор мехони.
Найистонро майистон мекуни бо мавчи овозат,
Расули "Мантиикутайр"--ию аз Аттор мехони.
Навои Борбадро хеч кас чун ту намедонад,
Хазорон сол танхо ту хамон адвор мехони.
Хама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад,
Ту чун Мансур хар гах бар фарози дор мехони.
Паре аз качкулах часта, сафи мижгон ба хам баста,
Саре бар осмон боло каландарвор мехони.
Ки медонад, ки оёти Сулаймон аст ё Довуд,
Ки мегуяд, ки аз Ясно ё ки Гоханбор мехони.
Ту як мушти пари охир наметарси ки дар гири,
Забони шуъла дар минкори оташбор мехони.
Хамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишк омехт,
Кадомин роз мегуи, кадом асрор мехони.
9
Хамон осори Мансур аст ин дафтар, намесузад,
Мазан оташ ба хокистар, ки хокистар намесузад.
Бубинам гарк дар нори шафак фавчи кабутарро,
Ситеги кух месузад, пари кафтар намесузад.
Шаби ялдои инсон аз фуругаш субхи давлат шуд,
Чароге дар чахон мисли дили модар намесузад.
Агарчи як Бухоро дафтару девон бар оташ рафт,
Якин омад гумон месузаду бовар намесузад.
Мабар, эй мурги мину чои дигар ошён з-ин бог,
Гули боге, ки шабнам дорад аз Кавсар намесузад.
Пайи хар мури шабтобе дар оташ мезадам худро,
Дилам, то зиндаам бар холи худ дигар намесузад.
Аз ин оташ, ки дарди механам дар чони ман афрухт,
Ачаб бошад агар бар хоки ман мармар намесузад.
10
Аз адам моро фаро хонданд, то Одам шавем,
Аз биҳишти адн ҳам ронданд, то Одам шавем.
Базри ин нӯҳ осмон биншонда дар як мушт хок,
Боз рӯйи хок биншонданд, то Одам шавем.
Хокро дар гардиш оварданд даври офтоб,
Гоҳ ин гаҳвора ҷунбонданд, то Одам шавем.
Баҳри парвози тахайюл гунбаде оростанд,
Бар сари мо ахтар афшонданд, то Одам шавем.
Сад расулу сад валиюллоҳ барангехтанд.
Сад суҳуф аз осмон хонданд, то Одам шавем.
Модарон бар хоки хомуш хуни дил бигристанд,
Бо тавалло зинда гардонданд, то Одам шавем.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!