Дуруст бинависем


АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС
– ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ, АЗ БОИСИ ОН КИ
Ибораи «аз баски», «аз бас» ва калимаи «баски» дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад. Дар ҷумлаҳое аз қабили: «Аз бас ки ман ин китобро нахондаам, аз мазмунаш огоҳ нестам» ба кор бурда мешавад. Муродифҳои дигари мазкурро низ дар ҳамин ҷумла метавонем дар назар бигирем. Он чи мавриди суол ва баҳс аст, ин аст, ки ин таъбирҳо сабабияти (иллияти) одиро ифода намекунанд, то корбурдашон дар чунин ҷумлаҳо саҳеҳ шумурда шавад, балки дар зимни худ маънои «бисёр»-ро доранд ва маънои аслии калимаи «бас» (басе, басо) низ ҳамон «бисёр» мебошад ва маънии машҳури дигараш «кофӣ» бо он рабт дорад:
Бас габр, ки аз карам мусулмон кардӣ,
Як габри дигар кунӣ мусулмон, чи шавад?
(Абӯсаъиди Абулхайр)
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр, зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
(Устод Рӯдакӣ)
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
(Иқбол)
Дар байтҳои боло ин калима танҳо ба маънои «бисёр» ва бидуни тобиши сабаб оварда шудаст. Аммо дар он мавридҳое, низ ки бо сабаб ҳамроҳ аст, албатта маънои аслии худ «бисёр»-ро дар зимн ҳифз менамояд ва он сабаби мазкур ҳатман хислати бисёр (батакрор) буданро дорад:
Баски мо – озодагонро аз тааллуқ ваҳшат аст,
Акси мо чун об донад қаъри чоҳ ойинаро.
(Бедил)
Яъне ваҳшати мо аз тааллуқ (вобастагӣ) хеле зиёд аст ва ҳамин зиёдии ваҳшат сабаб шуда, ки акси мо монанди об барои худ ойинаро қаъри чоҳ медонад.
Дар ин байт пайванди маънои бисёрӣ, пурӣ бо сабаб зоҳири равшантаре дорад.
Баски метарсонад аз занҷиру пандам медиҳад,
Оқили бисёргӯ девона мегардонадам.
(Хоҷу)
Азбаски:
Аз бас ки сарҳо хок шуд, дилҳо ҳам андар кӯйи ӯ,
Набвад аҷаб, гар аз замин дил рӯяду ё сар дамад.
(Амир Хусрав)
Бинобар ин, дар ҷумлаҳое аз қабили «Азбаски имсол барфи бисёр (зиёд) борид, дар роҳҳо хатари тарма ба вуҷуд омадааст», маънои «бисёр» ду бор ва дар сурати «бисёр зиёд» се бор такрор мешавад. Ё дар ҷумлаҳое мисли: «Азбаски автобус каме дертар омад, мо таъхир кардем» пайвандак бо мазмуни ҷумла (каме) муносибати мутазод пайдо мекунад. Дар ҳоле, ки маънои аслӣ ва комили «азбаски» то ҷое аз ёдҳо рафтааст, ва дар чунин ҷумлаҳо табиист нависанда ва хонанда танҳо бо «азбаски» иктифо карда наметавонанд, беҳтар аст шаклҳои дигари ҳамин пайвандак «чун» (ки мӯҷазу асилу зебост ва бояд дар навишти имрӯзӣ бештар ба кор бурда шавад), «ба он сабаб ки» (на «аз он сабаб ки»), «аз боиси он ки», «зеро» (бо дар аввал овардани сарҷумла) ва ғайра ба кор бурда шавад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба таркибҳои гуногуни ин пайвандак ва зарурати равшан будани маънои калимаи «бас», беҳтар аст он ба сурати ҷузъҳои ҷудо, вале бидуни вергул «аз бас ки» навишта шавад. Зимнан, шояд заминаи пайдоиши ин ғалати омро шабоҳати ин пайвандак бо «аз боиси он ки» муҳайё карда бошад, ки иллияти (сабаби) одӣ ва бидуни муболиғаро ҳамроҳ дорад.

ҲАМӮ – ҲАМ Ӯ
Равшан аст, ки ин калима аз ду ҷузъ – ҳиссаи таъкидии «ҳам» ва замири (ҷонишини) «ӯ» иборат аст. Дақиқан мисли «ҳамон» ва «ҳамин», ки аз «ҳам» ва «он», «ҳам» ва «ин» иборат мебошанд. Аммо баракси «ҳамон» дар навиштори имрӯзӣ ҳамеша ба сурати ҷузъҳои ҷудо (ҳам ӯ) навишта мешавад ва танҳо дар мавридҳои хос, ки ҷанбаи таъкидии «ҳам» зиёд ва махсус аст, ба кор бурда мешавад. Масалан, «Ҳам шумо ва ҳам ӯ ин китобро хондаед». Дар матнҳои классикӣ, хусусан назм, ин таркиб мисли «ҳамон» зиёд ба назар мерасад ва ғолибан яклухт (яклахт) (همو)навишта мешавад:
Ҳамӯ тоҷу тахту баландӣ диҳад,
Ҳамӯ тирагиву нажандӣ диҳад.
(Фирдавсӣ)
Якҷо навиштани «ҳамӯ» дар мутуни қадим таъкиди хоссе бар талаффузи пайҳами ҷузъҳои он мебошад, зеро маъмулан дар матни классикӣ ба ғайр аз мавридҳои маҳдуд ҳолати баракс роиҷ аст, ки ҷузъҳои калима баъзан ҷудо навишта, вале якҷо хонда мешаванд. Масалан «табиӣ аст» навишта ва «табиист» хонда мешавад.
Ин аз қабили мавридҳоест, ки дар забони зиндаи мардум таркиби классикӣ бар сурати аслӣ боқӣ монда, ба таври густурда ба кор меравад. Яъне дар муоширати мардум ҳар қадар, ки «ҳамон» ва «ҳамин» корбурд дошта бошанд, мушобеҳи онҳо – «ҳамӯ» ба ҳамон мизон пуристифода аст.
Имрӯз беҳтар аст, ки аз як сӯ ин калимаи куҳан (ҳамӯ) дар навиштор мавриди корбурди бештар қарор бигирад ва аз сӯи дигар дар таҳияи матнҳои классикӣ сурати навиштории он, ки бо асли овоияш мутаносиб аст, риоят шавад. Дар акси ҳол, агарчи арӯз имкони васли калимаҳоро дар қироат медиҳад, навишти ҷудои ҷузъҳои ин калима метавонад, боиси сактаи қироат гардад. Масалан, ду байти зерини ҳаким Фирдавсӣ бояд ба ин сурат навишта ва хонда шавад:
Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон
Ҳамӯ буд шоҳу ҳамӯ паҳлавон.
Ҳамӯ буд ҷангиву мӯбад ҳамӯ,
Сипаҳбад ҳамӯ буду бихрад ҳамӯ.
Дар чунин шакли навишт ҷанбаи таъкид низ он қадар, ки дар «ҳамон» ҷой дорад маҳфуз боқӣ мемонад. Барои итминони бештар ҳосил кардан, метавон дар ин пораи назм ба ҷойи «ҳамӯ» калимаи «ҳамон»-ро озмоиш кард, вале тобиши маъноии дигар мегирад.

РАНГРАЗ - РАНГРЕЗ
Шарҳи калимаи «ранграз» дар фарҳангҳо чунин омадааст: «Саббоғ – касе, ки кораш ранг кардани порча ва ғайри он аст ва мураккаб аст аз лафзи «ранг» ва «раз» аз масдари «разидан», яъне ранг кардан».
Ин калимаи мӯҷазу зебои куҳан, ки дар забони имрӯзи мо муродифи маълуму машҳуре надорад, хусусан дар саноат қобили истифода мебошад ва эҳёи он кори шоистаест.
Масъала ин аст, ки ин калимаро дар навиштори имрӯзӣ ба сурати «рангрез» ба кор мебаранд, ки албатта саҳеҳ нест ва ба хусус замоне, ки матн манзум бошад, бо хароб шудани вазн ин иштибоҳ барҷаста мегардад. Аз ҷумла дар мусаммати машҳури хазонияи Манучеҳрии Домғонӣ байти зайл дар аксари китобҳо, (китобҳои дарсӣ низ) бо ҳамин иштибоҳ омадааст:
Он барги разон аст, ки бар шохи разон аст,
Гӯӣ ба масал пираҳани рангрезон аст
ва сактаи вазн ин иштибоҳро маълум месозад.
Дар ҳар яке аз байтҳои зерин низ танҳо вожаи «ранграз» метавонад муносиби вазн бошад:
Андар дили ман рангрази саббоғ аст,
К-андар пари ҳар зоғ аз ӯ сад доғ аст.
(Мавлавӣ)
Аз сониъони растаи бозори ҳусни ту
Як ранграз маҳ асту яке заргар офтоб.
(Сайфи Фарғонӣ)
Ранграз шав, то ки дар хум ҳаст ранг,
Барқ шав, фурсат намедонад даранг.
(Парвини Эътисомӣ)
Зоҳиран, баъзеҳо «ранграз»-ро мухаффафи «рангрез» тасаввур кардаанд ва ба ин шакл дар навиштор истифода намудаанд, аммо тавре ки пештар дида шуд, ин калимаҳо «раз» (разидан) ва «рез» (рехтан) ҳамреша нестанд. Рехтан ба маънои «ранг кардан» мисли «ранг додан» ва «ранг задан» намечаспад, зеро ба чунон амали дақиқу бозарофате, ки рангразист, муносиб намеояд.
Калимаҳои мухаффаф дар шеър кам нестанд ва агар берун аз қолаби назм ё ба сурати дархури вазн шакли аслии онҳо оварда шавад, равост. Аз ҷумлаи чунон калимаҳо яке калимаи зерин мебошад:

ТАРКАШ – ТИРКАШ
Тавре ки дар фарҳангҳо омадааст таркаш ҷаъба ё кисаҳоест, ки дар он тирҳои камонро ҷой медоданд ва ба паҳлу меовехтанд. Тиркаш, тирдон. Яъне ин маврид бо «ранграз» фарқ дорад ва агар ҷое, тиркаш ба маънои таркаш навишта шавад, иштибоҳ нахоҳад буд. Аммо дар аксарияти кулли мавридҳо чи дар назм ва чи дар наср ин калима ба сурати «таркаш» ба кор рафтааст. Дар муқобили даҳҳо маврид ва мисоли дигар (ки таркаш аст), танҳо як маврид дар шеър ин калима ба сурати «тиркаш» ба назар расид:
Камон бифканду болин тиркаш кард,
Дили нохуш ба марги хеш хуш кард.
(Аттор)
Дар намунаҳои зер, ки муште аз хирвор мебошанд, дар сурати тиркаш навиштан (баргардон кардан) вазни шеър хароб мешавад:
Ғамӣ буд, дилаш сози нахчир кард,
Камар басту таркаш пур аз тир кард.
(Фирдавсӣ)
Кинасозӣ аламе нест, ки зоил гардад,
Рӯзу шаб сина пур аз тир бувад таркашро.
(Бедил)
Дар миёни корзори куфру дин
Таркаши моро хаданги охирин.
(Иқбол)

Таркашро шағо, шако ва кеш ҳам гуфтаанд:
Ҳанӯзам дар камоне метавон ронд,
Зи кеши миллате уфтода тирам
(Иқбол)
Хулоса, ин калима дар аксари мутлақи мавридҳо ба сурати «таркаш» омада, ба шакли «тиркаш» низ саҳеҳ аст. Аммо дар матнҳои манзум бояд таваҷҷуҳ кард, ки вазн хароб нашавад, ҳамчунин таҷниси лафзие бо калимаи «таркаш» (тарки ӯ) манзури шоир набошад.
Ин калимаи мӯҷазу зебо ва куҳан низ шоиста аст имрӯз дар баробари муродифи нисбатан наваш – «қаторвазна» истифода шавад ва муносиби ҳол дар истилоҳоти низомӣ низ ҷойгузини дигар калимаҳои бегона гардад.

ДАРС ГИРИФТАН – ТАДРИС ГИРИФТАН
Дарс гирифтан, дарс додан, дарс гуфтан, дарс омӯхтан ибораҳои саҳеҳ ва маълум мебошанд, ки аз дер боз дар навиштор ва гуфтори мо роиҷанд:
Абрӯи мавҷ дарси ишорат аз ӯ гирифт,
Чашми ҳубоб дар гарави интизор аз ӯст.
(Соиб)
Аммо «тадрис» гарчи дар матнҳои куҳан зиёд истифода шуда, дар навиштори имрӯзӣ нисбатан дертар роиҷ гардидааст. Бино бар ин баъзан дар истифодаи он иштибоҳ роҳ меёбад. Масалан, дар ҷумлаҳое чун: «Ӯ чандин сол дар ин мактаб тадрис гирифт».
Асли маънои «тадрис» дарс додан мебошад ва «тадрис кардан» маъмул ва саҳеҳ аст, аммо «тадрис гирифтан» дар дохили худ таноқуз (зиддият) дорад. Ин ибора дар матни адабиёти классикӣ ҳамеша бо феъли ёвари «кард» омадааст:
Дар мадрасе, ки Идрис як умр кард тадрис,
Шогирд шав, ки худро устод карда бошӣ.
(Ҳоҷиби Шерозӣ)
Ҳамчунин бидуни феъли феъли ёвар истифодаи ин масдар ҷоиз дониста шудааст. Масалан: «Ӯ ба тадрису таълим машғул буд».

«Адабиёт ва санъат» 10 апрели 2014


АРЗ КАРДАН ВА ФАРМУДАН
Як гурӯҳи калимаҳо ва таъбирҳо тобиши маъноии хос доранд, ки бар маънои куллии онҳо нуфуз мекунад ва мавриди корбурдашонро нисбатан маҳдуд ва мушаххас месозад. Яке аз чунин таъбирҳо «арз кардан» мебошад. Агарчи арз кардан ба таври куллӣ «баён кардан», «изҳор кардан», «маълум кардан» мебошад, аммо маъмулан дар мавриде ба кор бурда мешавад, ки гӯянда (яъне арзкунанда) дар мақоми поинтаре нисбат ба мухотаб (шунаванда ва хонандаи арз) қарор дошта бошад ва ё касе ин калимаро дар мавриди худ ба нишони тавозуъ ба кор бибарад. Масалан бигӯяд: «Чуноне ки банда арз кардам… лутфан арзи маро бишнавед ва ғ.». Дар мавриди мухотаб ба кор бурдани ин калима нишони камтаваҷҷуҳӣ ва ба дур аз илтифот шумурда мешавад. Масалан, гуфтан ки «Чунон ки шумо арз кардед…». Дар ҷумлаҳое аз қабили «Устоди бузургвори мо … арз карданд, ки…» возеҳ аст, ки гӯянда ё нависанда воқеан ба мухотаб бо такриму тамҷид муносибат дорад, аммо танҳо ин аст, ки он тобиши мавридии ибораи «арз кардан»-ро дар назар нагирифтааст. Ин ҳамон қадар ноҳанҷор аст, ки касе гуфта бошад: «Ман мефармоям ё ман фармудам».
Ин тафовути «фармудан» бо «арз кардан» дар ин ду байти Қоонии Шерозӣ ошкор аст:
В-он гаҳам фармуд, гар гуфтӣ бад-ин тарзу тариқ,
Зар фишонам инчунину сим бахшам ончунон.
Ман ба посух арз кардам, эй аҷаб, к-андар нахуст
Гавҳар афшонӣ ба ман аз мадҳи шоҳи комрон.
Дар байтҳои зерин ҳам ин маънӣ ошкор аст:
Фарёди нотавонон маҳви ғубори аҷз аст,
Ранге ба рух шикастам арзи ниёз кардам.
(Бедил)
Ман чи кардам, тирабахтонро саромад гаштаам,
Баҳри арзи ҳоли худ зону ба кокул мезанам.
(Сайидо)
Сурати аҳволи худ з-ин шеър кардам бар ту арз,
Доштам хуршедро андар баробар ойина.
(Сайфи Фарғонӣ)
Аҳёнан «арз кардан» нисбат ба мухотаби бартар ҳам омадаст, аммо ин истисност.


ҶАСОРАТ ВА ШУҶОАТ
Ҷасорат низ аз шумори калимаҳои ёдшуда аст, ки агарчи маънои куллӣ ва аввалии он ҳамон диловарӣ ва шуҷоат мебошад, аммо бештар ба маънои манфӣ чун «густохӣ», «шӯхчашмӣ» ба кор рафта, ки калимаи асолатан тоҷикии «бебокӣ» низ чунин сарнавиштро дорад. Бинобар ин расм шудааст, ки дар мавриди эҳтиёт мегӯянд «Ҷасоратан арз шавад, ки…» ё «Ҷасоратамро бубахшед». Бо ин мулоҳиза лозим аст, ки дар мавриди мухотаб аз истифодаи ин калима худдорӣ шавад ва ба касе ба нишони таҳсин «ҷасур» ва ба рафтори ӯ «ҷасорат» гуфта нашавад. Дар адабиёти классикӣ мисолҳое зиёде ба ин тобиши маъноии «ҷасорат» далолат менамоянд:
Бандае бешарму густоху ҷасур,
Бо кӣ? Овах, бо худованде ғаюр.
(Нишоти Исфаҳонӣ)
Нест намуна ҷаҳлро ғайри ҷасорату ҷадал,
Чист нишона илмро беҳ зи каромату адаб.
(Ҳоҷиби Шерозӣ)
Қобили ёдоварист, ки калимаи дар урфи имрӯзӣ мусбати «ҷуръат» низ аслан тобиши манфӣ дорад. Онгуна, ки дар ин байти Мавлоно:
Буд зи густохӣ кусуфи офтоб,
Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб.

Чи қадар дар анҷумани ризо хиҷил аст ҷуръати мудаъо,
Ки дил аз фузулии норасо ҳаваси чунону чунин кунад.
(Бедил)
Ҷо дорад ёдоварӣ шавад, ки калимаҳои «исён», «осӣ» ва «туғён» низ дар забони адабиёти классикии мо тақрибан ҳамеша маънои манфӣ доранд. Хислати манфии ин калимаҳо дар адабиёти классикӣ вобаста ба заминаи густарда ва амиқи маорифи исломӣ дар ин адабиёт мебошад. Ҳамин омил ҳамчунин боис гардида, ки дар забони гуфтории мардум, низ тобиши манфии ин калимаҳо ҳанӯз барҷой аст. Инқилоби Октябр дар ибтидо ба таври маҷоз ин калимаҳоро тобиши мусбат дод ва бар асари истифодаи зиёд маънои мусбат бар онҳо қарор ёфт. Аммо бояд дар назар гирифт, ки корбурди мусбати ин калимаҳо бидуни вуҷуди маҷозу киноя дар калом метавонад далели суъитафоҳум гардад. Масалан, вақте ки мо дар тавсифи як адиб аз калимаи «исёнгар» ё «исёнӣ» ё «туғёнгар» (решаи калимаҳо маънои гуноҳ, гунаҳкор ва таҷовузгарро дорад) истифода менамоем, ин тавсиф метавонад акси хостаи моро дар зеҳни хонанда таҷассум намояд. Зеро дар гузашта баъзе адибон ва мутафаккирони озодандешро танҳо рақибони онҳо бо чунин «сифот» мавсуф мекарданд ва он озодандешон худ чунин иттиҳомотро рад менамуданд. Тобиши мусбат гирифтани ин калимаҳо дар заминаи ҳамчунин маънои мусбат пайдо кардани вожаи дар асл манфии «инқилоб» ба миён омадааст. Чанд мисол бо асли маънои ин калимаҳо:
Ё Рабб, макун аз лутф парешон моро,
Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро.
(Абусаъиди Абулхайр)
Эй ки андар банди ман уфтодаӣ,
Рухсати исён ба шайтон додаӣ.
(Иқбол)
Асоси туғён чиданду тохтанд гурӯҳ,
Бинои исён ҳиштанду сохтанд ҳашар.
(Фароҳонӣ)
Қаҳри якрангон далели инқилоби олам аст,
Аз фасоди хун халал дар кишвари тан мешавад.
(Бедил)
Зинҳор аз даври гетӣ в-инқилоби рӯзгор,
Дар хаёли кас наёмад, к-ончунон гардад чунин.
(Саъдӣ)
Шарқ то ғарб аст мулки офтобу мулки ту,
Они ӯ бо инқилобу они ту бе инқилоб.
(Сӯзании Самарқандӣ)


БУРДБОРӢ ВА КОМЁБӢ
«Бурдборӣ» дар ҳамаи фарҳангномаҳои қадиму ҷадид ба маънои сабру таҳаммул, тоқат, шикебоӣ тафсир шудааст. Аслитарин муродифи тоҷикии калимаи арабии «сабр» мебошад ва аз назари реша бо «таҳаммул»-и арабӣ монанд аст, чун «таҳаммул» аз решаи «ҳамала» яъне «бор бурдан» аст. Масъала ин аст, ки аксаран дар навиштору гуфтори матбуот ва расонаҳои мо аз ин калима ба маънои «комёбӣ», «муваффақият», «дастовард» истифода мекунанд. Дар ин хусус пештар ёдддоштҳое зимнӣ шуда буд, вале бо таваҷҷӯҳ ба густариши рӯзафзуни ин иштибоҳ лозим омад дар фасли алоҳидае дигарбора ба ин мавзӯъ муроҷиат шавад.
Масалан, муҷрии барнома дар поёни он ба ҳамсӯҳбати худ хитоб мекунад: «Ба Шумо бурдбориҳои нав ба нави эҷодӣ орзумандем». Ё ағлаб ин баёнро дар номаҳои табрикотӣ мебинем. Албатта, барои касе орзуи сабру бурдборӣ кардан бад нест (агарчи онро бештар дар мусибат мегӯянд). Аммо равшан аст, ки дар ин хитоб манзури гӯянда на сабр, балки муваффақият ва комёбист. Решаи зеҳнии ин иштибоҳ ин пиндори ғалат аст, ки ин калимаро бо «бурд» (масалан бурди кор, бурди бозӣ ва ғ.) дар иртиботи маъноӣ тасаввур кардаанд, ки чунин нест. Мисолҳои фаровоне дар матни адабиёти классикии мо ба маънои саҳеҳу мушаххаси «бурдборӣ», яъне сабру таҳаммул далолат мекунанд:
Сари бурдборон наёяд ба хашм,
Зи нобуданиҳо бихобанд чашм.
В-агар бурдборӣ зи ҳад бигзарад,
Диловар гумоне ба сустӣ барад…
Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
Чу тундӣ кунад, тан ба хорӣ бувад.
(Фирдавсӣ)
Бурдборитинатам, хоки таҳаммулпешаам,
Ғайри ҳастӣ ҳарчи бар дӯшам бубандӣ, бор нест.
(Бедил)
Хулоса, маънои мушаххас ва равшани «бурдборӣ» сабр, тоқат, таҳаммул, шикебоӣ буда, истифодаи он ба маънои комёбӣ, дастовард ва бурд ғалати маҳз аст.
Мутаассифона, ахиран чунин иштибоҳотро, ки дар забони мо чандон собиқа надоранд, баъзе муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ чун вижагиҳо ва тафовути забони тоҷикӣ (бо форсию дарӣ) қаламдод мекунанд, ки ин амр метавонад боиси «қонунӣ» шудани чунин ғалатҳо гардад. Бо ин мулоҳиза ҳам ҳаргиз набояд ба ривоҷ ва идомаи чунин иштибоҳот созиш кард.


ҲАРАҶУ МАРАҶ – ҲАРҶУ МАРҶ
Дар истифодаи ин ибора дар ҳақиқат ҳарҷу марҷи зиёде роҳ ёфтааст. То он ҷо ки ба мушоҳида расида ин таъбирро ба шаклҳои «ҳараҷу мараҷ», «хараҷу мараҷ» ва «харҷу марҷ» ба кор бурдаанд, ки ҳар се маврид иштибоҳ аст ва зоҳиран яке аз иллатҳои ин кор тасаввури ғалати бо калимаи «харҷ» рабт доштани ин таъбир мебошад. Аввалан бояд гуфт, ки «харҷ» мисли «сарф» дар асли худ маънои манфӣ (мисли «ҳарҷ») надорад ва он гоҳ манфӣ мешавад, ки бо муболиға ва зиёдаравӣ ҳамроҳ бошад, яъне исроф (бадхарҷӣ). Аммо ҳарҷ ва ҳарҷу марҷ зотан манфӣ буда маънои беназмӣ, ошуфтагӣ ва бетартибиро дорад (дар ҳама маврид) ва хусусан дар мавриди падидаҳои иҷтимоӣ.
Гашт дар Рай инқилобе ошкор андар замон,
Ҳарҷу марҷ уфтод дар бозору барзан ногаҳон.
(Маликушшуаро Баҳор)
Хулоса, асаҳи ин ибора танҳо як сурат дорад – «ҳарҷу марҷ».


БОВАР - БОВАРӢ

Калимаи «бовар» сирф тоҷикӣ буда, таърихан аз ду ҷузъ «бо» ва «овар» (дорои овар) иборат аст ва бо «имон»-и арабӣ ва «вера»-и русӣ, ки зоҳиран бо «бовар» аз як решаанд, ҳаммаъно мебошад. Дар истифодаи ин калима ҳангоми нисбат додани он ба шахсе ва мавриде ғолибан онро ба сурати иштибоҳ ба кор мебарем. Масалан, мегӯем ва менависем: «Ман ба фалон чиз (фалон кас) боварӣ дорам», дар сурате, ки ба пасванди «ӣ» дар чунин ҷумлаҳо ҳеч ниёзе нест ва он комилан зиёдӣ мебошад. Дар забони зинда ҳам ахиран ба таъсири забони матбуот ин иштибоҳ нуфуз кардааст, аммо солҳои пештар ва имрӯз ҳам шахсони куҳансол асосан дар чунин мавридҳо мегӯянд: «Ман бовар дорам (надорам)» ҳамчунин калимаҳои нобовар (одами ҳамеша ба ҳар чиз шубҳакунанда), «хушбовар» (баракси нобовар), зудбовар – (содадил) ва ғайра ба ососи «бовар» роиҷанд. Ҷолиб аст, ки аксаран мегӯянд «бовар кардам» вале ҳамонҳо дар айни ҳол мегӯянд: «боварӣ дорам». Дар ҳоле ки ҳар ду маврид якест, танҳо замони феъл фарқ мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд мубтадоро тағйир бидиҳад. Аммо баъзан ҳатто «боварӣ кардам» гуфтан ҳам шуруъ шудааст. Хулоса, «боварӣ дорам (кардам)» ғалат аст ва саҳеҳи он «бовар дорам (кардам)» мебошад. Ҳамчунин на «ба боварии касе сазовор шудан» балки «ба бовари касе сазовор шудан». Чанд намуна:
Охир зи ту чун рӯй ба хун тар дорам,
Дар ишқ зи ҳеч рӯй бовар дорам.
(Анварӣ)
Дилам бурдиву хуштар ин ки гар ман
Бигӯям бедилам, бовар надорӣ.
(Амир Хусрав)

48 комментариев:

  1. КИБР КАРДАН, ТАКАББУР КАРДАН–
    КИБРӢ КАРДАН, ТАКАББУРӢ КАРДАН.

    Ибораҳои ғалати «кибрӣ кардан» ва «такаббурӣ кардан» ба эҳтимоли ғолиб натиҷаи он аст, ки исмҳои маънои «кибр» ва «такаббур»-ро сифати феълӣ (чун мутакаббир) пиндоштаанд. Ва дарвоқеъ чунин ҳам мушоҳида шудааст, ки барғалат мегӯянд «фалонӣ бисёр кибр аст, такаббур аст». Тавре гуфта шуд, «кибр» ва «такаббур» исми маъно, муҷаррад ҳастанд ва ибораҳои «кибрӣ кардан» ва «такаббурӣ кардан» ҳамон андоза ғалат аст, ки масалан, гуфта шавад «шармӣ кардан» ё «шуҷоатӣ кардан», ҳамчунин «фалонӣ бисёр такаббур аст» мисли он аст, ки гӯянд: «фалонӣ бисёр шарм аст, бисёр шуҷоат аст». Кибр кардан, кибр варзидан, такаббур кардан саҳеҳ мебошад:
    Даъвӣ макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,
    Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурутарӣ.
    (Саъдӣ)
    Аз шикаст аст раги гардани амвоҷ баланд,
    Оҷизӣ ҳам чи қадар нозу такаббур дорад.
    (Бедил)
    Калимае ки ба танҳоӣ инсони дорои сифати кибрро ифода менамояд, «мутакаббир» мебошад ва дуруст он аст, ки гӯянд «фалонӣ бисёр мутакаббир мебошад»:
    То бидонӣ ки такаббур ҳама аз бемазагист,
    Пас сазои мутакаббир сари бемағз бас аст.
    (Мавлавӣ)

    ОтветитьУдалить
  2. ҒОТ – ҒОЯТ

    Банда «ғот»-ро ба маънои пораи замон, хоси гуфтори маҳаллӣ медонистам ва тағйирёфтаи «гот», «гос», ки дар ниҳоят табдил ба «гоҳ» шудааст. Ин калимаи авастоист ва ниёишҳои «Авасто» бо унвони «гот» ба замон ва гузори он бастагӣ дорад ва «гоҳон» ҳам дар ин маврид ба кор меравад. Чун пиндорам ин буд, ки маҳдуд ба корбурди маҳаллӣ аст, дар матни шеъре, ки ба кор рафта буд ва дар сомонаам ба чоп расида, онро тавзеҳ додам. Паёмҳои зиёде дарёфт гардид, ки таъкид мешуд ин калима ба ҳамин шакл ва гунаҳои дигар дар саросари марзҳои тоҷикнишин вуҷуд дорад. Аз ҷумла нафаре аз Сурхондарё навишт ки дар он ҷо калимаи «чиқотӣ?» (чиғотӣ) ба маънои (кадом замон? Чӣ вақт?) истифода мешавад.
    Ин калимаро баъзан нависандагон ба пиндори он, ки шакли вайроншудаи «ғоят» (арабӣ) аст, дар навиштаҳои худ ба сурати «ғоят» ба кор мебаранд ва масалан менависанд: «Як ғояти шаб», ки иштибоҳ аст ва агар «ғот» ҳам нанависем беҳтар аст ҳамон калимаи куҳани «пос»-ро дар чунин маврид ба кор барем. Ғоят маънои «гоҳ» ва пораи замонро намедиҳад, балки он маънои ҳадди охир ва ниҳоятро дорад, ки ба он нисбати «як» намечаспад:
    Хирқапӯшии ман аз ғояти диндорӣ нест,
    Пардае бар сари сад айби ниҳон мепӯшам.
    (Ҳофиз)
    Хулоса, калимаи куҳани «гот» ба маънои «гоҳ», «пос», порае аз замон, дар шакли «ғот» ҳамроҳ бо таркибҳои гуногун, аз ҷумла «чиғотӣ», «як ғоте» ва ғайра дар забони зиндаи мардуми тоҷик ва дар адабиёти гуфторӣ дар маҳалҳои гуногун боқӣ монда истифодаи он ба ҳамин шакл қобили қабул ва дастгирист.

    ОтветитьУдалить
  3. САРУ КОР – САРИ КОР

    Ин таъбир ҳам аз шумори ибороти машҳурест, ки то кунун ба сурати «сару кор» роиҷ буд ва ахиран бархе ба ин пиндор, ки ғалати мусталаҳ ё ом мебошад, онро ба назари худ «ислоҳ» намуда, ба сурати «сари кор» менависанд ва наздик аст, ки ин шакл ом гардад. Аммо иборати «сари кор» ба маънои мусталаҳ ва қарордодии худ, ки аз қабл истифода мешуд, маҳалли кор, коргоҳро ифода мекунад ва боз маънои қасд ва нийят, тасмим, машғулият, саргармӣ ба корро ҳам дорад:
    Дил дар ғами аҳди устувори хеш аст,
    Ҷон дар ғами ту бар сари кори хеш аст.
    (Абӯсаиди Абулхайр)
    Ин маънои «сар» ба ҳадде маъмул ва машҳур аст, ки бидуни калимаи кор ҳам тақрибан ба маънои «кор доштан», «машғулият» ҳамчунин «гирифторӣ» меояд:
    Ману савдои хубон, зоҳиду андешаи ризвон,
    Дар ин ибратсаро ҳар кас сире дорад, саре дорад.
    (Бедил)
    Хулоса, ибораи «сару кор» иштибоҳ ва сохтаи давраҳои ахир набуда, як таъбири куҳан ва пуристифода мебошад (мисли «сару савдо») ва намунаҳояш дар шеъру насри адабиёти класику муосири тоҷик ва ҳамзабонон зиёд аст:
    Чу рафтӣ, сару кор бо эзад аст,
    Агар нек бошад-т ҷо ар бад аст.
    (Фирдавсӣ)
    Сару кори дунё аён аст, Бедил,
    Мукаррар макун мунфаил имтиҳонро.
    (Бедил)
    Наяфтад бо касе моро сару кор,
    Ки худ ҳам тӯша дорему ҳам анбор.
    (Парвини Эътисомӣ)

    ОтветитьУдалить
  4. ҚИМАТИ – ҚИМАТӢ

    Қабл аз ҳама таваҷҷуҳ ба иштибоҳоте лозим аст, ки мо дар навиштаҳои таблиғӣ ва тарғибии худ нисбат ба зарурати омӯзиш ва бузургдошти забони модарӣ содир мекунем, зеро дар чунин мавридҳо роҳ додан ба иштибоҳ чанд баробар бадтар ва номақбултар аз мавридҳои дигар аст. Бинобар ин зарур аст, ки катибаҳо, лавҳаҳо ва ҳама анвоъи дигари навиштаҳо дар ин мавзӯъ ба ҷиддияти тамом зери назорат қарор бигирад.
    Ин бор низ аз ҳамин қабил як байти машҳури ҳаким Носири Хусрав, ки мазмунан фармудаи ҳазрати Исо (а) буда, дар бузургдошти забони модарии мо ва ба нишони ситез нисбат ба мухолифон ва мункирони фарҳанги тоҷик гуфта шудааст, барои мулоҳиза пешкаш мегардад. Лавҳҳои ороста бо ин байти машҳур дар пештоқ ва сардари бисёре аз марказҳои фарҳангиву омӯзишӣ насб гардида ва аксаран бо чунин сурат навишта шудааст:
    Ман онам, ки дар пои хукон нарезам,
    Мар ин қимати дури лафзи дариро.
    Пайдост, ки аз назари наҳвӣ дар ин навишта ду ғалат роҳ ёфтааст. Аввалан, вергули охири мисраи аввал бемаврид аст, зеро идомаи ҷумла онро тақозо намекунад, магар ин ки ҳиссачаи таърихии «мар»-ро ки маънои мустақиле надорад, аз ду тараф ба вергул ҷудо кунем, ки зарурате барои ин кор ҳам нест, зеро он дигар ҷузъи ҷонишини «ин» шудааст. Пас барои маълум кардани шакли саҳеҳи байт таркиби наҳвии онро чун як ҷумла баррасӣ мекунем. «Ман касе ҳастам, ки дар пои хукон нарезам инро. Чиро? Қимати дури лафзи дариро». Дар ин сурат мебинем, ки бахши «мар ин» бемаврид мешавад, зеро ин ишораҷонишин аслан дар мавриди исмҳои мушаххаси моддӣ ва ё ташхисшуда (дар шеър ва каломи бадеъ) метавонад ба кор равад. Агарчи таъбири «рехтани қимат» дар шеър комилан бемаъно ва ноҷоиз нест, вале чунон ки маълум аст, таъбири дар пои касе симу зар ё дурру гуҳар рехтан машҳур мебошад. Яъне возеҳ аст, ки манзури аслӣ ин ҷо «дурр» аст, на «қимат». Зимни ин мулоҳизаҳо, ки вуҷуди калимаи «қимати»-ро зери суол мебарад, ба ёд мерасад, ки дар забони зиндаи гуфтории тоҷикӣ калимаи «қиматӣ» зиёд истифода мешавад. Масалан, мегӯянд «фалонӣ одами бисёр қиматӣ аст». Яъне арзишманд, боарзиш. Дар забони адабиёти қадими форсии тоҷикӣ низ ин калима маъмул аст:
    Хазонаи сухан аст аз қиёс синаи ман,
    Ки андар ӯ гуҳари қиматӣ фаровон аст.
    Амир Муиззӣ
    Ассалом, эй қиматитар гавҳари дарёи ҷуд,
    Ассалом, эй тозатар гулбарги саҳрои вуҷуд.
    Мавлоно Ҷомӣ
    Ҳамчунин рубоии машҳури Умари Хаём бо мисраи охирини «Бас гавҳари қиматӣ, ки дар синаи туст» аксаран ба шакли ғалати «гавҳари қимате» навишта мешавад. Гузашта аз ин, дар нусхаҳои форсии осори Носири Хусрав дар ин байт ҳамеша калимаи «қиматӣ» бо ё-и форсӣ дар охир омада, ки ин баҳсро хулоса мекунад.
    Ба ин қиёс, бо таваҷҷуҳ ба забони зинда, забони адабиёти классикӣ ва форсии имрӯзи Эрону Афғонистон беҳтар аст дар мавриди «сангҳои қиматбаҳо» ибораи «сангҳои қиматӣ»-ро ба кор барем ва дар ин ҳол «полудрагоценные камни»-ро ҳам метавонем бомувафаққият «сангҳои нимақиматӣ» тарҷума кунем. Ҳамчунин «коғазҳои қиматӣ», «ашёи қиматӣ» ва ғ. бинависем. Агарчи «қиматбаҳо» дар асл ғалат аст, зеро калимаҳои «қимат» ва «баҳо» як маъно доранд, вале бар асари такрор роиҷ ва пазируфта шудааст. Дар ин маврид ҳам саҳеҳтар аст аз калимаҳои гаронбаҳо, пурбаҳо, гаронқимат ва пурқимат ва ҳамчунин қиматӣ истифода шавад.
    Дар ниҳоят, шакли саҳеҳи байти ёдшудаи Носири Хусрав чунин аст:

    Ман онам, ки дар пои хукон нарезам
    Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

    Аз он ки сифат пеш аз мавсуф (яъне «қиматӣ» пеш аз «дурр») омадааст, ҷои тааҷуб нест. Чунин тартиби сифату мавсуф дар забони мо, ба хусус забони шеър роиҷ буда, таъкид ва таъсири бештареро нисбат ба тартиби баракс, яъне аввал мавсуфу баъд сифат, доро мебошад.

    ОтветитьУдалить
  5. ШОМИЛИ ВА ҲОМИЛИ

    Калимаи арабии «шомил» маънои фарогиранда, дарбаргиранда-ро дорад ва солҳои охир ғолибан ба таъсири матбуоти ҳамзабонон дар навиштори мо ривоҷ пайдо кардаааст. Аз ин реша калимаҳои «шумул», «машмул» ва «муштамил»-ро низ баъзан ба кор мебаранд. Иштибоҳ дар корбурди ин калима аксаран дар ду маврид аст. Яке ин ки онро аз радифи исми фоъил хориҷ намуда, ба ҷои мафъул истифода менамоянд. Масалан, «Се нафари дигар низ шомили ин гурӯҳ шуданд». Дар ҳоле ки манзури гӯянда он аст, ки се нафари машмули (вориди) он гурӯҳ шуданд. Яъне на ин ки онҳо гурӯҳро фаро гирифтанд (шомил шуданд) балки гурӯҳ онҳоро фаро гирифт (машмул кард).
    На танҳо шомили ҳастист ишқи бенишонҷавҳар,
    Адам ҳам з-ин маъият дастгоҳи пешу пас дорад.
    (Бедил)
    Яъне ишқи ҷавҳари зоҳирияш нопадид на танҳо ҳастиро фаро гирифтааст, балки адам (нестӣ) ҳам ба шарофати ҳамроҳӣ бо он имконот ва воситаҳое аз ибтидову баъд (манзур марҳалаҳои пас аз ҳастӣ: маргу барзаху растохез) дорад ва ба ин восита ишқ ҳам ҳастӣ ва ҳам нестиро фаро гирифтааст (шомил шудааст).
    Чун раҳмати Ҳақ шомили ҳоли ту шавад,
    Саҳрои кушода ҳисни моли ту шавад.
    (Хоқонӣ)
    Яъне агар раҳмати Худованд зиндагии туро фаро бигирад, саҳрои бедару бебанд ҳам барои молу дороии ту ҳисн (ҳисор, қалъа) мешавад.
    Агар андаке тааммул шавад чандин калимаҳои точикии ҳаммаънои чунин таъбирот вуҷуд дорад, мисли ҳамон дарбаргиранда, фарогир ва ғ.
    Қобили ёдоварист, ки ин иштибоҳ ом шуда ва дар навиштаҳои ҳамзабонони мо низ ҷой дорад.
    Аммо ин ки баъзан «ҳомил» ба ҷойи «шомил» ба кор бурда мешавад, ғалати маҳз аст. Масалан, «Ҳайати мазкур ҳомили шаш нафар донишмандон буд». Ҳомил маънои барандаи бореро (ҳам исми моддӣ ҳам маъно) дорад ва аз ин реша калимаҳои ҳамл, таҳаммул ва маҳмула низ корбурд доранд. Ин калима танҳо аз назари қолаби наҳвӣ (фоил) ва сурати зоҳирӣ бо шомили наздикӣ дораду бас ва, масалан, дар чунин маврид корбурдаш саҳеҳ мебошад: «Корвони мошинҳо ҳомили колои зарурӣ барои зарардидагон буд».
    Ду гом беш набуд ҳомили гаронии ҳастӣ,
    Шутур набуд, нафас буд. Бор кардаму дидам.
    Бедил

    ОтветитьУдалить
  6. ЭҶОБ – МУҶИБ; ЭЪҶОБ – МУЪҶИБ

    Ин калима, ки дар навишти форсӣ бо алифу ё дар аввал ایجاب))навишта мешавад, тақрибан маънои зарурат ва ҳатмият бахшиданро дорад ва бо калимаи ошнотари «воҷиб» ҳамреша аст ва «муҷиб» аз ҳамин реша буда, фоили эҷоб, яъне исм ё сифати феълие аст, ки эҷобро ба вуҷуд меорад. Мисоли истифодаи саҳеҳ аз «эҷоб»: «Ин таъкид эҷоб мекунад, ки ба сухани ӯ гӯш бидиҳем». «Ин кор муҷиби (боиси) ташвиши зиёд гардид». Шоир Возеҳ калимаи таркибии «қабулэҷоб»-ро ба кор бурдааст, ки маънои мустаҳиқ ва воҷиби қабулро дорад:
    Чу соат бо саодат ҷуфт гардид,
    Ба иқболи қабулэҷоб кӯшид.
    Аммо зиёд воқеъ мешавад, ки маънои ёдшударо манзур дошта, аммо калимаро ба сурати «эъҷоб» ва «муъҷиб» менависем, дар ҳоле, ки калимаи дигар бо маънои дигар ба миён меояд. «Эъҷоб» аз ъаҷаб عجب (таъаҷҷуб) ва ъуҷб عجب(такаббур) аст ва «муъҷиб» (дар асл «муъҷаб» معجب) низ аз ин реша сохта шуда, маънои мутакаббирро дорад. Ин калима бо ъайн ва муҷиб бо вов аст.
    Ало, эй абри наврӯзӣ, агар ошиқ наӣ бар кас,
    Макун бе муҷибе гиря, ки гулро ханда меояд.
    (Амир Хусрав)
    Эъҷоб ба ғайр аз ҷамъи аҷаб (аҷоибот) ва шигифтӣ, ва такаббур, маънои хуш омадан ва тафохур карданро ҳам дорад, ки Фаррухии Сиистонӣ ба устодии эъҷобангез ҳамаи ин маъниҳоро дар як байт ҷой додааст:
    Зи лола боғ пур аз шамъи барфурӯхта буд,
    Намуд боғ бад-он шамъҳои худ эъҷоб.
    Ҳамчунин дар бисёр мавридҳо калимаи «мубад» (рӯҳонии зардуштӣ)-ро ба сурати «муъбад» менависанд, ки ғалат аст.

    ОтветитьУдалить
  7. ҲАР ОЙИНА – ҲАРОЙИНА

    Замоне ин иштибоҳ ба назар расид, ки дар матни тарҷумаи як асари классикӣ тақрибан дар ҳар як саҳифа ибораи «каждое зеркало» мушоҳида шуд, дар ҳоле ки бо маънои матн ҳеч таносуби маълуме надошт. Вақте ба матни асл (дар ҳуруфи кирилӣ) муроҷиат шуд, тахмини мо дуруст баромад. Мутарҷим ҳар ҷое ки ибораи «ҳар ойина»-ро дидааст, онро «каждое зеркало» тарҷума кардааст ва дар ин маврид ба ӯ хурда гирифтан ҳам чандон аз рӯйи инсоф нест, зеро ин ибора ба таври мошинӣ чунон тарҷума ҳам мешавад. Аммо дар асл ин калимаи «ҳаройина», яъне «ба ҳар ойин» аст, ки аз назари таркиб бо калимаҳои «ҳархела», «ҳарранга» монанд буда анҷомаи «а» эҷоб мекунад, ки пешванди «ҳар» бо решаи калима пайваст навишта ва хонда шавад.
    Кунад ҳаройина ғайбат ҳасуди кутаҳдаст,
    Ки дар муқобала гунгаш бувад забони мақол.
    Саъдӣ
    Чи хуб аст аз ин калимаи зебо ва пурмаъно, ки муродифи муносибе дар корбурди имрӯзии мо надорад, бо навишти дуруст ҳарчи бештар истифода шавад, то он саросар роиҷ ва мафҳум гардад.

    ОтветитьУдалить
  8. ГУМОШТАН, ГУМОРИДАН – ГУМОН КАРДАН
    Маънои гумоштан ва гуморидан касеро ба коре, маъмурияте мансуб кардан аст ва калимаи гумошта (агент, маъмур) аз ин ҷост. Баъзан ба пиндори он, ки «гумоштан» шакли классикӣ ва адабитари «гумон кардан» аст, дар навиштаҳо ба ин маъно ба кор рафтааст. Масалан, «ӯ чунин гуморид, ки…» ё «ӯ чунин гумошт ки…». Эҳтимол меравад, мулоҳизаи таркиби «пиндоштан» ва «пиндор» низ ба ин иштибоҳ сабаб шуда бошад.

    ОтветитьУдалить
  9. АНГОР, АНГОРА – НИГОР, НИГОРА
    Дар баъзе навиштаҳо дар миёни ин калимаҳо низ иштибоҳ роҳ меёбад. Агарчи ин калимаҳо зоҳиран бе муносибати маъноӣ ба якдигар нестанд, вале маъноҳои гуногун доранд. Ангор, ба ҷои исми маънӣ, тасаввур, пиндор, фарз ва ба ҷои феъли амр «тасаввур бикун», «фарз бикун» аст:
    Ангор, ки ҳарчи ҳаст дар олам, нест,
    Пиндор, ки ҳарчи нест дар олам, ҳаст.
    Абӯсаъиди Абулхайр
    Ва аммо «ангора», ки аз решаи «ангор» омадааст, тарҳи хомакӣ, пешнавис (эскиз), нақши нотамомро ифода мекунад, ки баъзан ба иштибоҳ онро ба ҷои нигор (нақш) ва нигора истифода менамоянд. Масалан, «Деворҳои ин бинои қадимӣ бо ангораҳои зебо ороиш ёфтааст», ки албатта манзури нависандаи ин матлаб, тарҳи хомакӣ ва эскиз не, балки деворнигораҳои таърихӣ мебошад.

    ОтветитьУдалить
  10. ТАВЗЕҲ
    Бино бар вокуниши баъзе дӯстон бояд таъкид кард, ки манзур аз матолиби ДУРУСТ БИНАВИСЕМ интиқоди фаъолияти ашхос ва созмонҳои мушаххасе нест ва ҳамчунин ҳадаф танҳо нишон додани иштибоҳоти имрӯзию дирӯзӣ нест, балки агар таваҷҷуҳ шавад, аксари он иштибоҳоте, ки мазкур мегардад аз бисёр солҳо қабл ба миён омадаанд. Хусусан, он чи дар навиштаҳои банда ишора мешавад. Аммо марҷаъе чунин фарогиру фаврӣ надоштем.
    Зимнан бояд гуфт, ки силсилаи мақолаҳои банда дар ин мавзӯъ пайваста дар яке аз ҳафтаномаҳои бособиқа ва расмӣ «Адабиёт ва санъат» чоп мешаванд ва аз чопи онҳо идораи маҷалла бо камоли ризоят истиқбол ва ҳатто ташвиқ менамояд. Баъзан рӯзномаҳои расмии дигар ҳам онҳоро иқтибос мекунанд.
    Аммо густараи корбурди забони гуфторӣ ва навишторӣ имрӯз бамаротиб бузургтар аз солҳои пешин аст. Даҳҳо интишорот ва нашрияҳои хусусӣ фаъолият менамоянд, ки назорати сиҳҳати забони онҳо аз тавони ҳар масъул ва созмоне хориҷ аст. Танҳо назорати густардаи равшанфикрон ва мутахассисон метавонад вазъро ислоҳ намояд. Он гуна ки дар миёни ҳар миллати мутамаддине расм аст ва эҳсоси масъулият. Мо дар урфи худ ҳанӯз ба касе «бесавод» мегӯем, ки ба русӣ дуруст натавонад бихонаду бинависад, аммо тоҷикӣ масъала нест. Аз иштибоҳ дар забони худамон хиҷолат намекашем, чунон ки аз иштибоҳ дар забони русӣ хиҷил мешавем. Ин ҳақиқати талхро ба назарам ҳама медонанд.
    Дар айни ҳол ин воқеиятро низ набояд надида ангорем, ки имрӯз дар баробари ҳама иштибоҳоти қадиму ҷадид дар забонамон пешрафтҳои қобили мулоҳиза низ мушоҳида мешавад. Садҳо калимаҳои ноби тоҷикӣ-форсӣ ҷойгузини бадилҳои хориҷии онҳо шудааст. Забони хеле аз навиштаҳо чандон салису равон шудааст, ки ба маҳзи хатгардон онҳоро метавон дар фазои забони муштараки форсӣ (дарӣ) ироа кард. Он чизе ки назираш дар матнҳои пештар камтар аст.
    Манзури мо мусоидат ба ҳамин раванди полоиши забони тоҷикист бо ҳифзи асолати он, ки ин асолат нақзкунандаи асолати забони муштарак намебошад.

    ОтветитьУдалить
  11. ШУРАФ – МУШРИФ; ШАРАФ – МУШАРРАФ
    Дар мақолае дар хусуси зиндагӣ ва осори адиб ва донишманди маъруфи қарни 18, ки наздик ба 90 сол умр дидааст, омадааст: «ӯ дар айёми тифлӣ ба далели бемории шадид мушарраф ба мавт шуд». Дар ҷои дигар омадааст, «Китобхонаи ӯ мушарраф ба боғча буд». Маълум аст, ки мантиқ халал ёфтааст, агарчи бузургони гузашта аз рӯи эътиқод ва имон метавонистанд, «мушарраф ба мавт» бинависанд, вале дар ин ҳол аз идомаи зиндагии мавсуф имкони сухан гуфтан боқӣ намемонд.
    Аз қиёси ҷумлаи дувумӣ метавон ҳадс зад, ки ин ҷо «мушарраф» дар асл калимаи дигаре ба маънои «наздик» аст, ки дар навишти форсӣ бо мушарраф сурати ягона дорад. Ин калимаи «мушриф» аст, ки аз решаи «шураф» баргирифта шудааст ва мутаассифона ин калима ҳам дар матнҳои таҳияшуда бисёр вақт ба сурати «шараф» навишта шуда, аз таносуби маъноӣ бо боқии матн хориҷ мегардад.
    Дар чунин мавридҳо масъала вобаста ба таваҷҷӯҳ нисбат ба таносуби маъноии матн аст, ки агар андаке диққат ба харҷ дода шавад, метавон аз иштибоҳ эмин монд.

    ОтветитьУдалить
  12. БУЛОҚ-ҲО АЗ КУҶОСТ?
    Аз дӯстон хоҳиш мешавад, ки назари худро дар бораи асолати ҷузъҳои «БУЛ» ва «БУЛОҚ», ки дар охири ҷойномҳо меоянд, рабти онҳо бо якдигар ҳамчунин муносибати онҳо бо «ПОЛ» ва «ПУЛ», ки дар охири ҷойномҳои кишварҳои урупоӣ вуҷуд дорад (монанди «гирд» ва «град», «бург» ва «бурҷ») ва БЛОГ-у БЛОКУ ПЛОК бинависанд. Баъзеҳо ин «булоқ»-ҳоро чашма тасаввур кардаанд, ки албатта иштибоҳ аст.
    Не нравится · · Опубликовать
    Alijan Baratzadeh То хозир гумон мекардам ки чашма аст. Чун дар н. Рудаки дехаи Окбулок ба Сафедчашма, Кукабулок ба Зарчашма номгардон шуд. Аммо акнун чашм барохам то донишмандон чи мегуянд.


    Abdujabbor Soroosh Ба ростӣ, масъалае, ки Устод Рустами Ваҳҳоб роҷеъ ба асли баромади "бул ва булоқ" вогузор карданд, бисёр ҷолиб аст ва касро дар андеша меандозад. Вожаи "бул" аслан калимаи куҳани ҳиндуориёист, ки маънии кишвар, марзу бумро дорад, масалан: Кобул-мухаффафи Ковусбул - кишвари (шаҳри) Ковусшоҳ, Зобул - Золбул- кишвари (шаҳри) Золи Найрам, Ҷамбул - кишвари (шаҳри) Ҷамшед ва назири инҳо. Гумони ғолиб меравад, ки бо пасванди "ок"-и тоҷикӣ минбаъд аз "бул" вожаи сохтаи "булок" таркиб ёфта, аз забони мо ба туркӣ дар шакли талаффузи онон "булоқ" шудааст.... ва далел он аст, ки ин номи маъзеъҳо дар сарзамини тоқикон, ки қаблан қадами номубораки туркон нарасида буд, пас аз дузди хона шудани онҳо тағйир пазируфта... Барои иттилоъи бештар аз чуғрофиёи "Шоҳнома" тадқиқоти Муҳтарам Ҳотам, навиштаҳои Зиё Абдулло, қасидаҳои таърихии Салимшо Ҳалимшо ва дигар мақолоте, ки ҳастанду мо аз он хабар надорем, ба мо кӯмак мерасонанд.
    2 ч. · Нравится · 3

    Esfandiar Adineh Вожаи булоқ ба ҳеч вожаи куҳани ҳиндуурупоӣ рабте надорад, ҳамон "булоқ"-и туркӣ ба маънои чашма аст. Ин ҷойномҳо бештар ба маҳаллоте рабт доранд, бештар қаобили лақайу узбак сокин шудаанд ва ё дар ваҳлае аз замон пояшон ба он ҷо расидааст.
    1 ч. · Нравится · 6

    Шахзод Кенчев Дар забони узбеки ин калимаро ба чои чашма истифода мебаранд. Аммо ин калима аз "бул" ва "ок,"-и турки ташкил ёфтаасту маънии "бул" - "ин" ва "ок," - "сафед" ро медих,ад. Маълум аст, ки ин калима маънии чашмаро намедих,ад. Аммо маънии дигар хам надорад.
    1 ч. · Нравится · 1

    Abdujabbor Soroosh Дуруст мегӯед, ки "булоқ"-и туркӣ маънии чашмаро дорад, аммо он туркишудаи вожаи "булок"- тоҷикӣ аст, ки туркон ба мавзеъҳои серобу ободи тоҷикон чунин номгузории ба забонашон мутобиқ додаад... аммо дар баъзе маврид ба ин шева муваффақ нашуданд, ки баъзе номи шаҳрҳои сероб - Ҳафтшаҳрро натавонистанд Етибулок. Панҷакатро - Бешбулоқ ва ғ. номгузорӣ кунанд... аммо аз пасванди "ок" мо вожаҳои зиёди сохта дорем масалан; чол-ок, пижв-ок, мағ-ок, хош-ок, пахм-ок, хур-ок. пӯш-ок ва назири инҳо.
    1 ч. · Отредактировано · Нравится · 2

    Esfandiar Adineh Ин пасванд ба булоқ ҳеч рабте надорад, магар ин ки бо далел ва мадрак собит шавад, ки вожаи туркии "булоқ" асли порсӣ дорад, вале ман фикр мекунам, ки чунин нест.


    ОтветитьУдалить
  13. Esfandiar Adineh Масалан калимоте ҳаст, мисли Қундӯз ва Самарқанд, ки дар онҳо К ба Қ табдил шудааст, вале инҳоро баосонӣ мешавад шинохт, вале вожаи булоқ дар забонҳои эронӣ аслан корбурд надоштааст ва сирф туркӣ аст.


    Шахзод Кенчев Устоди азизу мехрубони ман Абдуч,аббор Суруш "ок," на "ок".
    1 ч. · Нравится

    Рустам Ваххоб Шахзоди арчманд, оё дар забони узбеки калимахои дигаре бо булок, монанд вучуд дорад ва ё бо ин калима боз калимасозихои дигаре шудааст?


    Рустам Ваххоб Биёед зиёд бошитоб хукм накунем. Холо, ки ба назарам масъалаи Бул гуё равшан шуд, назари шумо дар бораи рабти он бо ПОЛ ва ПУЛ чист? Ва ин ки оё БУЛОК, хам худ тагйирёфтаи боз як калимаи точики нест?


    Ҷавонони Тоҷикистон Тибқи маълумоте, ки мо аз калонҳомон гирифтаем, ин номҳоро лақайҳои чупон ба мавзеъҳо мондаанд. Ҳангоми молбонӣ дар ҳар куҷое, ки ист мекардаанд, он ҷоро ном мегузоштаанд: Оличабулоқ (Чашмаи олуча), Қизилбулоқ (Чашмаи сурх), Торбулоқ, Тошбулоқ....
    28 мин. · Нравится · 1

    Рустам Ваххоб Ин калонхои мо дар хама чо каря-ро хам кара-и турки мешуморанд, дар холе, ки як махал нимаш Караболо ном дорад, нимаш Дехиболо.
    16 мин. · Нравится

    Сафват Бурхонов Устод, ин булоқҳо ҳосили мигрантпарастии худи мост. Номҳои имрӯзаро бинед, ки як дӯкони носфурӯширо гипермаркет ном мекунанду.
    15 мин. · Нравится · 1

    Сафват Бурхонов Қараболо саҳеҳ нест, Қарабало ё балои сиёҳ. Куҳансолон нақл мекунанд, ки он мавзеъ пештар ҷойи мурдобӣ - ботлоқ буда аст ва аз он мурдоб балои сиёҳе баромадо одамонро беҳуш мекарда аст. Шояд гази мурдобӣ бошад.
    11 мин. · Нравится

    Сафват Бурхонов Болотар аз Қара бало Лақайқишлоқ буда аст, ҷойи собиқ бозори Путовский
    9 мин. · Нравится

    Рустам Ваххоб Пас Дехиболо чи мешавад.

    ОтветитьУдалить
  14. ИШОН – ЭШОН
    Дергоҳест, ки сари навишти дурусти ин калима, ки ба ду маъно истифода мешавад, баҳсҳо ва эродҳое сурат мегирад. Ба таври маълум ба як маъно ин калима унвони эҳтиромӣ нисбат ба афроди рӯҳониест, ки насаби онҳоро ба Паёмбар (с) мерасонанд. Ба ин маъно ҳамзабонони мо ва гоҳо дар муҳити мо низ ашхос аз калимаи «саййид» (ғайри «саъид») истифода мекунанд. Донишманди мӯҳтарам Ҷумъабой Азизқулов дар як суҳбати худ сари ин калима гуфта буд, ки замоне забондонон дар Энсиклопедияи тоҷик ба ин натиҷа расида буданд, ки асли калима ҳамон «ишон» аст ва чун дар миёни мардум «эшон» дар мавриди рӯҳониёни саййид шуҳрати ом ёфта ва ҳамчунин ба хотири тафовути он аз «ишон» ба маънои ишораҷонишини шахси савуми ҷамъ ва танҳои муҳтарам (замири шахси савум) беҳтар аст онро дар мавриди рӯҳониён ба ҳамин сурат (яъне «эшон») ва дар мавриди ишораҷонишини шахси савум ба сурати «ишон» ба кор бубарем, ки ба назарам ин гузиниши хубест ва пас аз он суҳбат банда ба ҳамин асл пайравӣ кардам. Вале бояд ёдоварӣ кард, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (харду нашр) ин калима ба ҳамаи маъноҳо ба ҳамон сурати «эшон» омадааст. Пас, решаи ин калима аз куҷост ва ҳоло бигӯем, ки «эшон» ба «ишон» чи муносибате дорад? Ва оё дуруст аст, ки шакли «ишон»-ро аксаран натиҷаи таъсирпазирии нораво аз талаффузи ҳамзабонони бурунмарзӣ мешуморанд? Дар ҳоле ки дар бисёре аз маҳалҳои Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар мавриди шахси савум ин калимаро ба сурати «ишон», «ишун» ва гоҳо ҳам ба сурати мухаффаф «шон» истифода мекунанд, ки дар шакли савум аксаран бо танз ҳамроҳ аст.
    Маълум аст, ки пасванди «-шон» барои нисбати маъноҳо ба шахси савуми ҷамъ ва танҳои муҳтарам истифода мешавад: хонаашон; китобашон; устодашон, ки ин ҷо «а»-и қабл аз «шон» изофаи фонетикӣ аст, он гуна ки дар калимаҳои «пирамард», «пиразан». Ба ин қиёс метавон дарёфт, ки ин калима аз ду ҷузъ иборат аст И+ШОН. Ҷузъи аввал - «и» дар асл мухаффафи замири «ин» аст, яъне «иншон» - «инҳо», ки ба хотири эҳтиром мисли «ҳазрат», ки аз «ҳузур» таркиб ёфта дар ғиёби нафари муҳтарам гуфта мешавад, «ин» ба ҷои «ӯ» (ғойиб) омадааст ва ҳам дар ғойибу ҳам дар ҳозир истифода мешавад.
    Барои ҳақиқати ин нуктаро дарёфтан калимаи дигаре аз ҳамин таркиб ба мо ёрӣ мерасонад. Ин калимаи «ӯшон» аст, ки дар мутуни қадим ба маънои замири ҷамъи шахси савум (ҳаммаънои «ишон») зиёд ба кор рафта ва маънои ҷамъи «ӯ»-ро дорад, яъне «ӯ»-ҳо. Мо «ӯ»-ҳо намегӯем вале «онҳо» мегӯем ва маълум аст, ки «ӯ» ва «он» ҳаммаъноянд. Пас, ба яқин «ишон» мухаффафи (осоншудаи) «иншон» (инҳошон) аст ва чун «ин»-ро «эн» намегӯем, саҳеҳаш ҳамон «ишон» аст ва ин нишони таъсири талаффузи ҳамзабонон ҳам нест.
    Гуфтанист, ки дар матнҳои қадим шакли «ишонон» (ҷамъи дубора) ҳам омада, ки ривоҷ надорад.
    Хулоса, беҳтар ҳамон аст, ки чунон ки маъмул шудааст, шакли «эшон»-ро ба маънои исми хос (Эшон) ва унвони насабӣ (саййид) ва шакли «ишонро» ба унвони замири шахси сеюми ҷамъ ва танҳои муҳтарам ба кор бибарем.

    ОтветитьУдалить
  15. БУЛОҚ-ҲО АЗ КУҶОСТ?
    Аз дӯстон хоҳиш мешавад, ки назари худро дар бораи асолати ҷузъҳои «БУЛ» ва «БУЛОҚ», ки дар охири ҷойномҳо меоянд, рабти онҳо бо якдигар ҳамчунин муносибати онҳо бо «ПОЛ» ва «ПУЛ», ки дар охири ҷойномҳои кишварҳои урупоӣ вуҷуд дорад (монанди «гирд» ва «град», «бург» ва «бурҷ») ва БЛОГ-у БЛОКУ ПЛОК бинависанд. Баъзеҳо ин «булоқ»-ҳоро чашма тасаввур кардаанд, ки албатта иштибоҳ аст.

    ОтветитьУдалить
  16. АҲАММИЯТ – МУҲИМИЯТ
    Маънои калимаи аввал, ниёз ба шарҳу тафсир надорад, маънояш машҳур аст. Аммо гунаи дигаре сохта аз ин таркиб – «муҳимият» дар ду-се соли охир ривоҷ пайдо кардааст, ки дар матнҳои пешин ва навиштори ҳамзабонон ҳам ин шакл вуҷуд надорад ва аз назари сарфу наҳви суннатӣ ҳам асолат надорад. Зоҳиран, ин калимаро зарурати тарҷумаи калимаи русии «актуальность» дар фишурдаи русии рисолаҳои илмӣ, ки бахши махсусе бо унвони «актуальность темы» дорад, ба вуҷуд овардааст, чун дар қисматҳои дигар «аҳаммият» дар тарҷумаи калимаи «значение» ба кор бурда мешавад. Аммо дар асл «аҳаммият» ба сурати масдар даровардашудаи сифати олии «муҳим» мебошад, яъне муҳимтарин будан, ки дақиқан ҳамон маънои «актуальность»-и русиро медиҳад ва ниёз нест, ки калимаи сохта ва иштибоҳии «муҳимият» дар ин мавридҳо ба кор бурда шавад.
    Хулоса, тарҷумаи дурусти «актуальность» ҳамон «аҳаммият» аст ва агар зарур бошад, ки бо решаи «муҳим» калимаи дигаре сохта шавад, пас беҳтар аст, бо истифода аз имконоти калимасозии забони тоҷикӣ аз калимаи «муҳиммӣ» истифода намоем, зеро «муҳимият» аслан ғалат аст

    ОтветитьУдалить
  17. СУКУНАТ – СУКУТ
    Калимаи сукунат ба маънои ором гирифтан, муқим шудан, иқомат дар забони тоҷикӣ ба кор бурда мешавад ва калимаҳои сокин, маскан, маскун бо он ҳамрешаанд. Чунин истифодаи ин калима бар тибқи меъёри забони адабиёти класикӣ ва саҳеҳ мебошад. Бамаврид аст, зикр гардад, ки мо ба ҷои «иқомат» бештар аз калимаи ҳамрешаи он «истиқомат» истифода мекунем, ки бо маънои мусталаҳи он дар забони адабиёти класикӣ ва навиштори ҳамзабононамон тафовут дорад. Асли маънои калимаи «истиқомат» устуворӣ, пойдорӣ ва рост шудан мебошад ва дар забони адабии мо намунаи он ба маънои муқим шудан асосан дар матнҳои нимаи дувуми асри 19 ба назар мерасад. Дар матнҳои куҳантар ғолибан ба маънои устуворӣ ва пойдорист:
    Истиқомат бас бувад арбоби ҳимматро камол,
    Баҳри теғи кӯҳ, Бедил, ҷавҳаре даркор нест.
    Дар ҳар ҳоле маънои ин калимаҳо (иқомат ва истиқомат) дур аз якдигар нест. Аммо ин ҷо баҳси аслӣ рӯйи ин нукта аст, ки гоҳо калимаи «сукунат» ба маънои «сукут», «хомушӣ» ба кор гирифта мешавад. Масалан, дар ҷумлаҳое аз қабили «Дар фазои толор сукунати комил ҳукмфармо шуд» равшан аст, ки манзури нависанда аз сукунат маҳз сукут, хомушист. Дар фарҳангҳо ва луғоти тафсирӣ ва дузабонаи тоҷикӣ шарҳи ин калима мувофиқи меъёри суннатист. Шояд чунин иштибоҳ аз таъсири забони ӯзбекӣ бошад, ки аксаран дар луғот ва матнҳо сукунатро ба маънои хомӯшӣ ба кор бурдаанд ва муродифи русии онро «тишина» овардаанд. Ҳамчунин номи филми ӯзбекии «Сукунат» ба забони русӣ «Безмолвие» тарҷума шудааст.
    Хулоса, маънои «сукунат» сокин шудан, муқим шудан, иқомат мебошад ва маънои «сукут» сокит шудан, хомушӣ. Ин ду калимаи зоҳиран ба якдигар монанд ҳаммаъно нестанд ва наметавонанд ҷойгузини якдигар шаванд.

    ОтветитьУдалить
  18. ДОНИСТАНИ САД ЗАБОНАШ ОСОН ГАРДАД
    Иштибоҳ дар гуфтору навиштор, албатта, ҳамеша нохушоянд аст, аммо бадтар он гоҳест, ки чунин иштибоҳот дар матни навиштаҳову гуфтаҳои мо дар васфу бузургдошти забон ва ташвиқи омӯзиши забони модариамон рух менамоянд ва гоҳо ин матнҳо ба шиор табдил мешаванд.
    Намунаи бисёр барҷастаи ин рафтор истифодаи мо аз ҳамон байти машҳури Тошхӯҷа Асирӣ аст, ки тақрибан ҳар касе дар бораи аҳаммияти донистани забони модарӣ сӯҳбат мекунад, аз он ёдоварӣ менамояд ва ин байт ба сурати шиор рӯи лавҳаҳои гуногунҳаҷм навишта ва дар бисёр ҷоҳо насб шудааст. Аммо тақрибан дар ҳамаи ин мавридҳо дар он иштибоҳ роҳ ёфтааст:
    Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
    Донистани сад забон осон гардад.
    Аввалин чизе ки ба зеҳн бармехӯрад, сактаи вазн дар мисраъи дуюм аст, ки як ҳиҷои кӯтоҳ кам дорад. Ин сакта мисли як пешпоӣ моро ҳушёртар мекунад ва вомедорад, ки ба сари байт баргардем ва дубора онро хонем. Чун дубора мехонем, ба равшанӣ мебинем, ки мантиқи наҳвии ин навишта хароб аст. Бояд дар ёд дошт, ки ҳар навъ назме ва шеъре пеш аз ҳама забон аст, иборат аз калимаҳову ибораҳову ҷумлаҳо ва комилан тобеъ ба қонуну қоидаҳои забон. Агар истисное ҳаст он истисно чизест, ки дар давоми асрҳо қабул шуда ва барои аҳли савод маълум мебошад. Дар ин байти сода ҳеч навъ аз он истисноҳо нест. Он чи ҳаст ғалат аст. Пас агар ин як ҷумла аст, ки бо вергули байни мисраъҳо ба ду қисм ҷудо шуда, бубинем, ки байни ин ду қисми он чи рабте вуҷуд дорад? Дар ин тарзи навишт ҳеч рабте вуҷуд надорад. Агар мубтадои ин ҷумла «ҳар кас» бошад, пас хабари он «сухандон гардад» аст. Бо ин ҳол барои саҳеҳ шудани ҷумла ду чиз лозим аст, ки агар яке ҳам бошад, кофист: ё пасоянди «-ро» ва ё замири (бандакҷонишини соҳибии) шахси сеюми ғоиби «-аш» («-ш), то ки ду бахши ин ҷумла, ки дар айни ҳол ду мисраъ ҳам ҳастанд, бо якдигар васл шаванд. Хулоса, шакли саҳеҳи ин байт чунин аст:
    Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,
    Донистани сад забонаш осон гардад.
    «забон-ш» низ метавон навишт, вале чун дар шакли пурра ҷой мешавад, ихтисор шарт нест.
    Агар аз баҳри вазн бигзарем ва бихоҳем, ки ҷумлаи дуюмро дар ҳамон шакл боқӣ гузорем, фарзан метавонем чунин нависем:
    «Ҳар касро, ки ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад», ё «Ҳар кас, ки ба забони худ сухандон гардад, ӯро донистани (омӯхтани) сад забон осон гардад. Агар ба ҷои «кас» «к-ӯ» ҳам нанависем ғалати фоҳиш намешавад, вале ғалати услубӣ мешавад.

    ОтветитьУдалить
  19. КИШТ ГУЗАРОНДАН – КИШТ КАРДАН
    Аз расонаҳои хабарӣ бисёр вақт чунин ҷумла садо медиҳад: «Дар ноҳияи … дар (масалан) майдони 10 гектор кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд». Маълум аст, ки ин қолаби ҷумлаи русӣ бо таъбири «провели посевы» мебошад. Дар чунин таркиб бар тибқи забони зиндаи мардум мурод баръакс фаҳм мешавад. «Гузарондан» дар чунин мавридҳо дар забони зинда маънои аз даст додани фурсатро медиҳад. Магар ин ки коре мушаххас бо замоне муайян дар назар бошад ва масалан гуфта шавад, ки «мо маҷлисамонро гузарондем». Он маҷлисе, ки аз қабл миёни гӯянда ва шунаванда муқаррар буда ва хабар аз анҷоми он амри қарордодӣ аст. Дар акси ҳол саҳеҳ он аст, ки гуфта шавад «мо маҷлис баргузор кардем» ва ё «кишти тирамоҳӣ анҷом (дода) шуд». Содатар аз ин: «Дар ноҳияи … дар майдони 10 гектор кишти тирамоҳӣ (анҷом) шуд». Боз ҳам содатар: «…10 гектор гандуми тирамоҳӣ (ё зироатҳои тирамоҳӣ) кишт шуд». Ё: «…100 гектор шудгори тирамоҳӣ (анҷом) шуд». Бидуни калимаи «гузаронда».
    Хулоса, кишт ё шудгор гузарондан таркибҳои иштибоҳӣ ба тақлиди забони русӣ буда, дар забони тоҷикӣ ин таркибҳо бидуни ҳеч навъ феъли ёвар (мисли «киштан») ё бо феълҳои ёвари «кардан» ва «анҷом додан» саҳеҳ мебошад: кишт шуд; кишт карда шуд; кишт анҷом (дода) шуд; шудгор карда шуд…

    ОтветитьУдалить
  20. НАЗДИ – ВОБАСТА
    Аз қолабҳои сохтаи дигар дар забони имрӯзи мо, ки бозмондаи тақлидҳо аз забони русӣ мебошад, корбурди калимаи «назди» дар мавриди воҳидҳои вобаста ё зери назари як муассисаи асосӣ аст. Он калимаи русӣ ки айнан тарҷума шудааст, «при» дар таркибҳое аз ин қабил мебошад: «Институт… при министерстве иностранных дел», ки мо онро ҳатман чунин тарҷума мекунем: «Институти… назди вазорати корҳои хориҷӣ». Манзур ниҳодест (дар ин маврид институте), ки вобаста ё зери назари вазорати мазкур мебошад. Дар забони тоҷикӣ калимаи «назди» он чандмаъноии қаринаи ин калима дар забони русӣ, яъне «при»-ро надорад ва шунаванда ҳақ дорад тасаввур бикунад, ки институти мазкур дар наздикии он вазорат воқеъ шудааст.
    Хулоса, дар чунин мавридҳо дуруст он аст, ки аз ибораҳои «вобаста ба» ва «зери назари» истифода шавад ва чунин навишта шавад: «Институти … вобаста ба (зери назари) вазорати корҳои хориҷӣ.
    Калимаи «при» мавридҳои корбурди дигаре дар забони русӣ дорад, ки дар забони тоҷикӣ бояд тарҷумаи саҳеҳи он мувофиқи ҳол анҷом шавад. Масалан, ибораҳои «кишварҳои Прибалтика» ва «кишварҳои Приднестровье» бояд на «кишварҳои назди Балтик» ва «кишварҳои назди Днестр», балки «кишварҳои соҳили (ё лаби, канори) Балтик» ва «…соҳили (ё лаби, канори) Днестр» номида шаванд. Яъне дар чунин шароит мавриди хосси корбурди калима нақши муайянкунанда дорад.

    ОтветитьУдалить
  21. «ЛУТФАН» ДАЪВАТ НАКУНЕД
    Яке аз ғалатҳои машҳури дигар, ки зоҳиран зӯрамон ба ислоҳаш намерасад, ҳосили корбурди ноҷои калимаи ташрифотии «лутфан» аст. Масалан, муҷрӣ мегӯяд: лутфан аз шумо хоҳиш мекунем дар ин хусус фикри худро бигӯед. Ё дар даъватномаҳо аксаран чунин ҷумла ба чашм мерасад. Шуморо лутфан барои ширкат дар … даъват менамоем. Боре ба пешнависи як чунин даъватномае эрод гирифтам ва дертар, ки онро дарёфт кардам, чунин навишта буданд: Шуморо барои ширкат дар… лутфан даъват менамоем. Ҳар ду матн ҳам як маъно дорад. Яъне мо лутф карда шуморо даъват мекунем. Пайдост, ин аз навъи ҳамон калимаҳои таъоруф аст, ки бояд дар бораи шахси дувуму савум ба кор равад, на дар бораи гӯянда. Равост агар бигӯем: Лутфан бигӯед, лутфан ширкат кунед, лутфан ташриф биёред ва … Албатта ин чизе нест, ки надонанд, вале танҳо бояд таваҷҷух кард, ки таркиби ҷумла чи тавр аст ва калима ба кӣ ихтисос меёбад.

    ОтветитьУдалить
  22. КИШТ ГУЗАРОНДАН – КИШТ КАРДАН
    Аз расонаҳои хабарӣ бисёр вақт чунин ҷумла садо медиҳад: «Дар ноҳияи … дар (масалан) майдони 10 гектор кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд». Маълум аст, ки ин қолаби ҷумлаи русӣ бо таъбири «провели посевы» мебошад. Дар чунин таркиб бар тибқи забони зиндаи мардум мурод баръакс фаҳм мешавад. «Гузарондан» дар чунин мавридҳо дар забони зинда маънои аз даст додани фурсатро медиҳад. Магар ин ки коре мушаххас бо замоне муайян дар назар бошад ва масалан гуфта шавад, ки «мо маҷлисамонро гузарондем». Он маҷлисе, ки аз қабл миёни гӯянда ва шунаванда муқаррар буда ва хабар аз анҷоми он амри қарордодӣ аст. Дар акси ҳол саҳеҳ он аст, ки гуфта шавад «мо маҷлис баргузор кардем» ва ё «кишти тирамоҳӣ анҷом (дода) шуд». Содатар аз ин: «Дар ноҳияи … дар майдони 10 гектор кишти тирамоҳӣ (анҷом) шуд». Боз ҳам содатар: «…10 гектор гандуми тирамоҳӣ (ё зироатҳои тирамоҳӣ) кишт шуд». Ё: «…100 гектор шудгори тирамоҳӣ (анҷом) шуд». Бидуни калимаи «гузаронда».
    Хулоса, кишт ё шудгор гузарондан таркибҳои иштибоҳӣ ба тақлиди забони русӣ буда, дар забони тоҷикӣ ин таркибҳо бидуни ҳеч навъ феъли ёвар (мисли «киштан») ё бо феълҳои ёвари «кардан» ва «анҷом додан» саҳеҳ мебошад: кишт шуд; кишт карда шуд; кишт анҷом (дода) шуд; шудгор карда шуд…

    ОтветитьУдалить
  23. ДАР МАДДИ АВВАЛ –
    ДАР МАДДИ НАЗАРИ АВВАЛ
    Барои шарҳи маънои калимаи арабии «мадд» дар фарҳангҳо беш аз даҳ мавриди гуногунро овардаанд, ки яке аз онҳо ҳамин ибораи «мадди назар» мебошад. Дар ҳеч мавриде таркиби «мадди аввал» ё «мадди дувуму савум» ва аз ин қабил ба назар нарасид.
    Асли маънои «мадд» кашиш ё дамидан ё дарозо (тӯл) мебошад. Ибораи «мадди назар» дар забони тоҷикӣ собиқаи дерин дорад ва дар осори ҳамаи устодони илму адаби муосири мо ба кор рафтааст. Масалан, дар ҷумлаҳое аз ин қабил: «Ин масъала дар мадди назар аст». Манзури нависанда он аст, ки «масъала дар хатти тӯли назар, дар пеши назар, дар доираи таваҷҷуҳ аст». Ҳатто дар шеъри классиконамон, ки эҷоз ва ихтисор барояшон беш аз ҳама ҷоиз буд, ин ибора ҳамеша ба шакли комилу пурра омадааст. Яъне «дар мадди назар» на «дар мадд». Масалан, Соиб мегӯяд:
    Агар рӯи арақноки ту дар мадди назар бошад,
    Чу оби зиндагӣ гармои маҳшар метавон хӯрдан.
    Ҳамчунин ибораҳои шоиронатари «мадди оҳ» ва «мадди нафас», хусусан дар шеъри Бедил, зиёд ба назар мерасад:
    Нақшбандони ҳавасро нисбате бо дард нест,
    Хомаи тасвир натвонад кашидан мадди оҳ.
    Фурсати нози карру фар зомини кас намешавад,
    Боди бурути худсарӣ мадди нафас намешавад.
    Аммо он чи имрӯз барғалат роиҷ шуда ва рӯз то рӯз доираи истифодааш густариши бештар пайдо мекунад, ибораи «мадди аввал» мебошад, ки ҷойро барои ибораҳои ҳаммаъно ва муродифи пуршумору саҳеҳе чун «ҷойи аввал», «навбати аввал», «радифи аввал», «дараҷаи аввал» ва ғайра танг кардааст. Бе ҳеч собиқае ва асосе калимаи «назар» ҳазф шудааст. Агар ибораи «мадди назари аввал» гаронӣ мекунад, онгоҳ ба ҷои он мутобиқи маврид ҳар яке аз ибораҳои ҳаммаънои мазкурро метавон истифода кард. Ҳамин равиш бо қаринаҳои дигар дар мавриди «назардошт» пешниҳод шуда буд.
    Хулоса, шакли саҳеҳи ибораи мазкур «мадди назари аввал» буда, муродифҳои тоҷикитар ва беҳтари он «ҷойи аввал», «навбати аввал», «дараҷаи аввал», «мақоми аввал», «радифи аввал»… мебошанд.

    ОтветитьУдалить
  24. ҚАРОР КАРДАН, ҲУКМ КАРДАН –
    ҚАРОР БАРОВАРДАН, ҲУКМ БАРОВАРДАН
    Онгуна ки дар мақолаи қаблӣ дар хусуси истифодаи бемавриди калимаи «гузаронидан» ба тақлиди феъли ёвари русии «проводить» дар чандин маврид ба унвони феъли ёвар ёдоварӣ гардид, чунин муносибати иштибоҳӣ нисбат ба феъли «баровардан» низ зиёд ба назар мерасад. Масалан, дар ҷумлаҳое аз қабили «Суд ҳукм баровард», «Маҷлис қарор баровард» мисли мавриди қаблӣ тақлид ба феъли ёвари русӣ («выносить») буда, дар сарфу наҳви тоҷикӣ асолат надорад. Дар забони тоҷикӣ феъли ёвари саҳеҳ дар чунин мавридҳо «кард», «мекунад» мебошад. Яъне «Суд (додгоҳ) ҳукм кард (мекунад)», «Маҷлис қарор кард (мекунад)» ё дар мавриди зарурати услубӣ «содир кард (мекунад)». Албатта қарор кардан маънои машҳури дигаре дорад, ки он монеъи ин маънои дуюм нест, балки бо ҳам иртибот доранд. Феъли «баровардан» дар мавридҳои мазкур на танҳо иштибоҳ аст, балки тобиши манфӣ ҳам дорад. «Баровардан» дар чунин мавридҳо дар забони зиндаи муоширатии тоҷикӣ муносибати нобоваронаи гӯяндаро ифода мекунад, ки ба феълҳои «сохтану бофтану пардохтан» наздик аст.

    ОтветитьУдалить
  25. МУТААССИР – МУАССИР
    Ҳарду калима аз решаи «асара» (асар кардан), яъне кора кардан мебошанд ва зодаи ошнотар аз ин реша барои мо калимаи «таъсир» мебошад. «Мутаассир» исми мафъул (таъсирпазир) мебошад ва «муассир» баракс исми фаъъол (таъсиргузор, коргар, корагар). Масалан: «Ин тадбирҳо барои беҳбуди вазъ муассир буданд», «Инсон аз мушоҳидаи вазъи бади бемор мутаассир мешавад». Калимаи «мутаассир» барои мо аз дербоз ошно ва пуристифода аст. Бино бар ин дар он кам иштибоҳ мекунем. Аммо калимаи «муассир» ҳамин солҳои охир роиҷ шудааст ва мушоҳида мешавад, ки рӯз то рӯз истифодаи он ба маънои баръакси он, яъне «мутаассир» бештар вусъат меёбад. Масалан, менависанд: «Ман аз ин суханони аламангези ӯ бисёр муассир шудам», ки равшан аст, муроди нависанда «мутаассир» мебошад.
    Хулоса, истифодаи «муассир» ба маънои «мутаассир» (таъсирпазир), «ба риққат омадан» иштибоҳ аст, балки маънои бараксро медиҳад.

    ОтветитьУдалить
  26. ҲАЙВОНИ КАЛОНИ ШОХДОР – ГОВУ МОЛ
    Ин ибораи ғариб ва дарҳақиқат «шохудумдор» низ мероси солҳои пеш аст, ки мутаассифона ҳанӯз аз доираи корбурди матбуоти мо хориҷ нашудааст. Ҳатто дар ин замина латифаҳои воқеие ҳам ба миён омадааст. Аз ҷумла: ба хабарнигори ҷавоне дар солҳои шуравӣ аз рӯзномаи ноҳиявӣ супориш мешавад дар бораи фермаи чорводорӣ мақола бинависад. Мақола таёр мешавад. Дар он аз ҷумла омадааст: «Дар ин ферма 60 сар ҳайвони калони шохдор ва 15 сар аспи зотӣ парвариш карда мешавад». Мухбири дигари собиқадоре ба шӯхӣ мегӯяд, барои дурустии сабки мақола бояд чунин бинависӣ: «60 сар ҳайвони калони шохдор ва 15 сар ҳайвони калони бешохи зотӣ». Он ҷавон мақоларо «таҳрир» мекунад ва хайрият, ки мудири шуъба шахси ҷиддӣ будааст ва идомаи ин моҷароро қабл аз чоп пешгирӣ менамояд.
    Маълум аст, ки ин таъбир низ мисли «исмҳои ҷондор ва беҷон» тақлиди бечунучаро аз забони русист. Дар забони русӣ «корова» он ҷомеъият ва фарогирии вожаи тоҷикии «гов»-ро надорад, то ҳама анвоъи говҳоро ифода намояд. Бинобар ин ниёз ба исми ҷомеъи «крупный рогатый скот» ба миён омадааст. Ҳамзабонони эронии мо низ дар сурати ҷомеъ чорвои хурдро ағном ва калонро аҳшом мегӯянд. Аммо мардуми тоҷик дар сурати зарурат молу гов мегӯянд. Яъне калимаи «мол»-ро барои бузу гӯспанд махсус мекунанд. Ба тудаи онҳо молу пода ё рамаву пода ва ба тудаи аспон галла, парандагон-села мегӯянд, ки дақиқан ҳар яке мушаххас мешавад. Ончи дар гуйишҳои дигари порсӣ чунин дақиқ нест.
    Бинобар ин истифодаи ин ибораи аҷибу ғариби «ҳайвони калони шохдор» ҳеч зарурате надорад, балки хандаовар аст.

    ОтветитьУдалить
  27. САРИДАСТӢ,НА «ТЕЗТАЙЁР»
    Вақте мушоҳида мекунам, ки дар сардари баъзе ошхонаҳо навиштаанд «тезтайёр», яъне таомҳое, ки ба зудӣ омода мешаванд, афсӯс мехӯрам, ки чаро калимаи зебои «саридастӣ», ки дар мардум дақиқан ба ҳамин маъно роиҷ аст, аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст. Ба наздикӣ «зудтайёр»-ро ҳам дар ҷое дидам. Инҳо қолаббардориҳо аз забони хориҷӣ аст.

    ОтветитьУдалить
  28. ДЕПГИР
    Таваккал мекунам ва ба ҷавони деҳқонсурати фурӯшандаи қирғиз, ки дар бозор пушти хараи маҳсулоти оҳангарии дастӣ истодааст, бо пурдилии як қирғизи асил ё ақаллан касе, ки ба қирғизидонии худ комилан бовар дорад, хитоб менамоям: «Байке, кепгир бо(р) ми?!»…Ва бояд бигӯям, ки калимаи «бор»-ро ба шиддат ва ҳазфи «р» талаффуз менамоям ва ми-ро бо кутоҳ кардани «и» то ниҳояти имкон, то мабодо тасаввур накунанд, ки қирғизии ман аз тариқи донистани забони ӯзбакист, балки муътақид бошанд, ки банда ба қирғизии ноби ноб сӯҳбат мекунам ва ба ӯзбакӣ ҳеч олудагие надорам.
    Дергоҳест ба ин шева, гӯё забони қирғизиро ёд мегирам. Маро он чиз ташвиқ кардааст, ки як ҳамкори муқимии Қирғизистониам, чандест ин ҷо сокин ҳастам, ҳар бор ки ба тоҷикӣ, форсӣ чизе мегӯям, бо фараҳ нидо мекунад: Оказывается, байке, вы тоже говорите почти как мы: Мы шаар, а вы шахр, мы дубал, а вы девор … Ва ҳамин тавр аксари кулли калимаҳоро мо мурур мекунем ва бо хушҳолии комили тарафайн ошкор менамоем, ки мо аслан ҳамзабон ҳастем ва танҳо шеваи талаффузамон тафовутҳое дорад, ба истиснои шумори маҳдуди калимаҳое, ки аслан дигаранд. Банда мекӯшам ҳамин умумияти нуктаҳои тафовутро дарёбам ва ба ин равиш, ки калимаҳоро талаффуз бикунам, дигар умед аст, ки иншоаллоҳ, ба бародарону хоҳарони қирғизам мафҳум мегардад. Масалан, медонам, ки аксаран «а» мешавад «э», «х» мешавад «к», «ф» мешавад «п» ва…
    Ҳоло барои мо кафгир лозим шудааст. Кафгир дар русҳо ва рустаборҳои ин ҷо ба яқин пайдо намешавад. Агар барои истифҳом дар бозор «плоский черпак с дырками» бигӯям, хатари он дар миён аст, ки на танҳо дар забони русҳову рустаборҳову қирғизҳои ин сомон латифае обдор дар бораи як тоҷик боқӣ бигузорам, балки ин хабар ба сурати барқ ба тоҷикҳои ҳамғурбатам дар ин ҷо ва ҷойҳои дигар низ бирасад ва нуқли сӯҳбати онҳо бишавад. Ҳақ ҳам хоҳанд дошт.
    Биноан, бо эҳсоси комили масъулият дар сатҳи хусусӣ, қавмӣ, нажодӣ, миллӣ ва умумибашарӣ, ҳама донишҳои лингвистии муқоисавии тоҷикӣ-қирғизиямро дар як нуқта мутамаркиз карда, калимаи ноби тоҷикии «кафгир»-ро, ки ҳамчунин метавонад ба сурате дигар табдил ба як калимаи ноби қирғизӣ шуда бошад, мутобиқи қонуни кашфкардаи худ овогардонӣ мекунам, ва ҳосил мешавад: - «кепгир». Ҳатто, мутантан аст, ҳатто ба назарам асилтар мерасад. Чун ҳамаи «ф»-ҳо ибтидоан дар худамон «п» буд. Баъд «ф» шуд… Ғайри ихтиёр чанд бор бо тантанаву ифтихор мегӯям: - «кепгир!» ва ба тасаввури он, ки дар дасташ дорам, онро боло мебардорам.
    Ва акнун баъди он ки бо ҳама илм таваккал мекунам (роҳрав гар сад ҳунар дорад таваккул боядаш) ва ба ҷавони деҳқонсурати фурӯшандаи қирғиз, ки пушти хараи маҳсулоти оҳангарии дастӣ истодааст, бо пурдилии як қирғизи асил ё ақаллан касе, ки ба қирғизидонии худ комилан бовар дорад, хитоб менамоям: «Байке, кепгир бо(р) ми?!»…
    Ногоҳ дуруст дар зери биниям қурси нуқрагуни хуб чарххӯрдае медурахшад, ки агар андак бештар меомад, шояд биниамро метарошид ва аз пай сухани ман тасҳеҳ мешавад:
    – Депгир ми? Бор!
    Бори дигар банда мутмаин мешавам, ки ҳамаи донишҳои башарӣ нисбӣ ва ҳамаи системаҳову қонунҳои илмӣ дорои истисно мебошанд. Ҷуз ин ба ҳеч ваҷҳи дигар наметавон, чи тавр ба «дол» табдил шудани «коф»-ро шарҳ дод. Аслан, имкон надорад.
    Аммо зинда бод таваккал, ки бе он ош натавон хӯрд

    ОтветитьУдалить
  29. МУҲТАРАМ – МУҲТАРАМ(А)
    Бо вуҷуди он ки дар сарфу наҳви тоҷикӣ, форсӣ ҷинсият эътибор надорад, дар калимаҳои иқтибосии арабӣ он риоят мешавад. Аз қабили муаллима, шоира, оқила, муҳтарама ва ғ. Аммо риояи ин қоида низ маврид дорад ва агар мавриди баён ё сабки нигориш тақозо намояд, ки ҷинсият таъкид шавад вуҷуди анҷомаи муаннас «а» табиӣ ба назар мерасад. Вале дар худи забони арабӣ ҳам на ҳамеша ҷинсияти исмҳои хос ва маънӣ таъкид мешавад. Аз ҷумла дар сурате, ки хитоб қасди ом дорад, бештар мухотаб ба сурати мардона «музаккар» меояд ва баробар ба ҷинси мардонаву занона тааллуқ меёбад. Масалан, хитобҳои мукарраре дар Қуръони маҷид аз қабили «Ё айюҳалмуслимин!», «Ё айюҳалмуъминун!» ва «Ё айюҳаннос!» (эй мусулмонон, муъминон, мардум) дар сурати мардона дарбаргирандаи ҳам мард ва ҳам зан аст. Дар исмҳои асолатан форсӣ, тоҷикӣ ҳеч зарурате ба ин анҷома нест. Мавриде ки ноҷо омадани ин анҷома барҷастатар ба назар мерасад, дар матни даъватномаҳост, ки ба тақлиди матни даъватномаҳои русӣ дар аввали он менависанд: «Муҳтарам(а)». Дар ин маврид аслан зарур нест, ки «а» дар қавсайн оварда шавад ва хоҳ нохоҳ бо ин ҳол ин калима зеҳнан «муҳтарама» хонда шавад. Бо риояи комили қоидаи наҳвӣ метавон дар аввали даъватномаҳо ба сурати сареҳу сода «Муҳтарам» навишт ва ҳеч иштибоҳе нахоҳад буд агар шахси даъватшаванда зан бошад. Ҳамчунин калимаҳои муаллим, шоир, олим, оқил ва ғайраро бе ҳеч иштибоҳе дар мавриди занон метавон ба кор бурд. Аммо ин ки гоҳо «устод»-и комилан тоҷикиро ба сурати «устода» ба кор мебаранд, танҳо истеҳзо метавонад бошаду бас.

    ОтветитьУдалить
  30. АНТИҚӢ, АНТИҚА – АТИҚӢ, АТИҚА
    Маънои ин калима ба форсии тоҷикӣ «куҳан», «бостонӣ» мебошад ва асли он арабӣ عتیق - муаннас - عتیقهҷамъаш - عتائق (عتایق) аст ва номи маҳаллае дар Бағдод низ ҳаст.
    Дар навиштори мо ин калима ғолибан ба сурати «антиқа, антиқӣ» меояд, ки маълум аст, ба таъсири навишти русии он «античный» чунин сурат гирифтааст ва ҳарфи «н» афзудаи русист.
    Дар адабиёти куҳан ин калима ба маънои ҷом, санги қиматӣ, лақаби ҳазрати Абӯбакр (р) ва Байти Атиқ ба маънои Каъба низ омадааст:
    Поянда давлати туву бедор бахти ту
    Мизони асрҳои ҷадиду атиқ бод.
    (Абулфараҷи Рунӣ)
    Ҷумла ойина як ҳадид бувад,
    Хоҳ атиқ асту хоҳ ҷадид бувад.
    (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
    Фирефт ёри шакарбори ман маро ба тариқ,
    Ки шеъри тоза бигӯву бигир ҷоми атиқ.
    (Мавлавӣ)
    Пора-пора хокро дар хун гирифт,
    То атиқу лаъл аз он берун гирифт.
    (Шайх Аттор)
    Паноҳи дини Худову муъини шаръи Расул –
    Умар, ки ҳамчу Атиқу Аливу Усмон аст.
    (Амир Муъиззӣ)
    Ту меҳри ёрон бо Аҳли байт дор ба ҳам,
    Ки будаанд Набиву Атиқ дар як ғор.
    (Қавомии Розӣ)
    Дин ба вақти Атиқ буд ҳилол,
    Пас ба Форуқ ёфт иззу камол.
    (Саноӣ)
    Ба роҳи Каъба ҳалокам намекунӣ бовар,
    Ту, эй ки беҳуда боз омадӣ зи Байти Атиқ.
    (Ғолиби Деҳлавӣ)

    ОтветитьУдалить
  31. ТОЗА – ПОК, ПОКИЗА
    Ин калимаҳои дар назари аввал маъруф ва шинохташуда ҳеч ҷойи таҳқиқу баррасӣ надоранд, вале масъала ин аст, ки аксаран дар гуфтори мардум «тоза» ба маънои пок ва покиза ва ахиран дар гуфтори баъзе туҷҷор ва аҳли бозор ба маънои асл (зидди қалб) ва ҳатто дар мавриди инсон (яъне боасолат, босадоқат) ба кор бурда мешавад, моли тоза, мошини тоза, одами тоза ва… мегӯянд. Дар асл «тоза» маънои нав, ҷадид, шодоб ва ботароват-ро дорад ва ҳаммаънои он, масалан, дар забони русӣ калимаи «свежий» мебошад ва ҳаммаънои «пок, покиза» «чистый», ҳам ба ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам маънавӣ.
    Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,
    Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав.
    (Ҳофиз)
    Гуфтам, ки кистӣ ту, чунин шоду тозарӯй?
    Боз ин дарахт чист, чунин сабзу обдор?
    Гуфт ин дарахт дини Худову паямбар аст,
    Ман давлатам, гирифта ба наздики ӯ қарор.
    (Амир Муъиззӣ)
    Дӣ тозагуле зи гулшан овард насим,
    К-аз нагҳати он машоми ҷон ёфт шамим.
    (Абӯсаъиди Абулхайр)
    Аз оҳи ҷигартоб сияҳрӯй бимонам,
    Гар гиряи ман рӯйи маро тоза надорад.
    (Амир Хусрави Деҳлавӣ)
    Хезу халлоқи ҷаҳони тоза шав,
    Шуъла дар бар кун, халиловоза шав.
    (Иқбол)
    Тарҳи ишқ андоз андар ҷони хеш,
    Тоза кун бо Мустафо паймони хеш.
    (Иқбол)
    Бо мулоҳизаи ин байти охир «тоза кардан»-ро дар мавридҳои лозим метавон ба ҷойи «таҷдид кардан» ба кор бурд.
    Аммо «пок» агарчи дар ибтидо ба маънои зоҳири ин нукта далолат мекунад, яъне зидди касиф, ҷанбаи маънавии он барҷастатар шудааст ва замоне, ки ба чизе мо пок мегӯем, зеҳни мо ба сӯйи покии маънавӣ меравад. Масалан, оби пок, хоки пок, ҳавои пок, инсони пок, либоси пок, агарчи ҳар яке аз ин ибораҳо метавонад ба покии шайъӣ ва зоҳирӣ низ далолат намояд. Дар ин миён калимаи «покиза», ба маънои покии зоҳирӣ ва ҷисмӣ мушаххас мегардад ва ин думаъноӣ то ҳадде аз байн меравад. Агарчи покиза ба маънои покии маънавӣ низ зиёд ба кор бурда шудааст. Масалан дар калимаи «покизагавҳар» ин маъно равшан аст.
    Гар хок туйӣ хоки туро хок шудам,
    Чун хоки туро хок шудам, пок шудам.
    (Абӯсаъиди Абулхайр)
    Худоё, зоти ин покиза гавҳар,
    Бувад то рӯзи маҳшар тозаву тар.
    (Сайидои Насафӣ)
    Аммо асли манзур ин аст, ки тафовути миёни тоза ва пок, покиза-ро бидонем ва муроъот бикунем. Тоза-ро ба маънои нав, шодоб, ботароват (свежий) ва пок, покиза-ро ба маънои «чистый», чи зоҳирӣ ва чи маънавӣ ба кор бубарем.

    ОтветитьУдалить
  32. АЗ МАТОЛИБИ БАРГУЗИДАИ «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ»
    Умед Ҷайҳонӣ: Ин забон аз ҳамон оғозаш суперзабон буд, зеро аз ҳама забонҳои эронӣ, ҳам ғарбиву ҳам шарқӣ, вожаҳову истилоҳот гирифта ва ё онҳоро дар худ ҳалл кардааст. Аз ин рӯ агар ин суперзабонро "забони эронӣ" ҳам биномем, иштибоҳ намекунем, зеро забонеро ки мо акнун "порсии бостон" меномем ва модарбузурги ҳамин забон аст, Ҳахоманишиён дар сангнавиштаҳояшон "забони ариёӣ" номидаанд. Аз онҷое ки вожаи "эронӣ" худ гунаи навтари ҳамон "ариёӣ" аст, "забони эронӣ" низ ғалату ҷалъӣ нахоҳад буд. Хонаводаи забонҳои эрониро низ аз ҳамин рӯ "забонҳои эронӣ" меноманд ки ниёкони гӯишваронашон худро "ариёӣ" мехонданд ки дар забонҳои миёнаву нав "эронӣ" гашта аст.
    Ин забонро арабҳо "форсӣ" номидаанд, зеро онҳо аз қадим Эроншаҳрро (яъне подшоҳии Сосониёнро, чун фаротар аз онро намешинохтаанд) «ал-Фурс» меномиданд ва мардумашро «ъаҷам» ё «аъҷамӣ» мехонданд. Сипас чун Эронзаминро аз Фурот то Сирдарё ба даст оварданд, ин номҳоро бар он сарзамин ва мардумонаш итлоқ карданд. Дар он оғоз «Форс» ва «форсӣ» ба маънии «Эрон» ва «эронӣ» буд, ҳамчунон ки «Аҷам» низ (гуфтем ки эрониён низ ҳама арабҳоро бо номи қабилаи Банӣ Тай «тозӣ» меномиданд). Ин маъниву корбурдро метавон дар номи Салмони Форсӣ дид ки «Форс» инҷо ба маънии «Эрон» аст, на устони Форс. Фирдавсӣ низ гоҳе «порсиро» ба ҷои «эронӣ» ба кор бурдааст:
    «Зи румиву мисриву аз порсӣ,
    Фузун буд лашкар чиҳил бор сӣ».
    Абурайҳон Берунӣ дар бораи зодгоҳаш Хоразм менависад: «اهل خوارزم کانوا عصنا من دوحة الفرس», яъне «мардуми Хоразм шохае аз дарахти ал-Фурс (яъне Эрон) будаанд».
    Саъдӣ низ дар ин маънӣ гӯяд:
    «Зи поси ту на ъаҷаб дар билоди фурсу ъараб,
    Ки гург бар галла ёро набошадаш ъудвон».
    Абуабдуллоҳ Башории Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим» дар бораи «Ақолим ал-аъоҷим» сарзамини Аҷамро, яъне Эронзаминро, ба ҳафт иқлим тақсим карда менависад: «Забони мардуми ин ҳафт иқлим «ъаҷамӣ» аст, ҷуз онки бархе дарӣ ва баъзе печида аст ва ҳама «форсӣ» номида мешавад».
    Аз ин чанд намуна ошкор аст ки «форсӣ» ба маънои аъамми «эронӣ» аст, дар муқобили «арабӣ». Тозиён ҷузъро бар кулл итлоқ карданд ва эрониёнро куллан «фурс» ва забонҳояшонро низ куллан «форсӣ» номиданд. Ҳамчунон ки эрониён низ ҷузъе аз худро ки мусулмон гашта буданд, «тозик», яъне «ъараб», номиданд ва сипас ин ҷузъ бар он кулл итлоқ шуд ва ҳама эрониёнро «тоҷик» хонданд. Аз ин рӯ, «тоҷик» ҳам бо «эронӣ» мутародиф буда ва ҳам бо «форсӣ» ва манзур аз ин се истилоҳ дар он рӯзгор як мардум будааст.

    ОтветитьУдалить
  33. МАТОЛИБИ БАРГУЗИДА АЗ «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ»
    САЛИМ АЮБЗОД
    НАВ”-ро БЕГОНА НАКУНЕМ
    Интихобан дар 5 ҳафтаномаи серхонандаи чопи Душанбе вожаи “нав”-ро ҷустам ва наёфтам. Дар бархе аз онҳо маънии ин калима ҳамеша бо вожаи “ҷадид” баён шудааст. Баъдан рафтам ва расонаҳои дигари ҳамагониро гаштам ва дар ҳеч кадоми онҳо калимаи “нав” дида нашуд. Ҳатто дар як банди матне се бор вожаи “ҷадид” омадаву як бор ҳам “нав” гуфта нашудааст.
    Ин таҷрибаро худ низ метавонед, такрор кунед ва ба ин бовар расед, ки калимаи бостонии “нав” бе ҳеч гуноҳ андак-андак аз забонҳо афтода, ҷойи худро пурра ба “ҷадид” додааст. Ҷуфти “қадиму ҷадид” низ ҳарчӣ бештар “куҳнаву нав” ё “наву куҳан”-ро иваз мекунад. Солҳои охир “тоза” ҳам ба фаромӯш шудани “нав” ёрӣ медиҳад. Албатта, фоҷиае нест, аммо шояд хуб аст, ба “нав”, ки дорои дифтонги бостонии “ау” (“оу”) аст, бартарӣ дод, то баробарие ба даст ояд. Ҳамонгуна ки Хоҷа Ҳофиз кардааст:
    Мутриби хушнаво, бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав,
    Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,
    ..
    Боди сабо чу бигзарӣ бар сари кӯйи он парӣ
    Қиссаи Ҳофизаш бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
    Хушбахтона, “ҷадид”, ки то чанд сол пеш танҳо истилоҳи таърихие барои ишора ба пайрави ҷунбиши Ҷадидия буд, бо вуҷуди он ки ҷойгоҳи “нав”-ро танг кардааст, нахоҳад тавонист, онро дар вожаҳои зебое мисли “наварӯс”, “навкор”, “навдавлатон”, “навбаҳор”, “навхоста”, “навруста”, “навомӯхт”, “навсафар” (ҳама намунаҳо аз Девони Ҳофиз) иваз кунад. Ҳаргиз? Шояд. Аммо корбурди ками “нав” метавонад, онро барои гӯшу ҳуши ҷавонон бегонаоҳанг кунад.

    ОтветитьУдалить
  34. ҚОНУНИ ЗАБОН
    (дар даҳ моддаи манзум
    ба ифтихори Қонуни забони тоҷикӣ)

    1
    Рост гуфтан.
    Рост парвардан.
    Ростиро аввалин меъёр кардан.
    Вожаро аз банду зиндони дурӯғу ҳарзагӯӣ вораҳонидан.
    Ҳурмати гуфторро пайкор кардан.
    Кор кардан.
    2
    Ин забони офаринбунён
    Забони фаҳшу нафрин нест.
    Порсӣ, яъне
    Забони қудсиёни арши покӣ, порсоист.
    Қиматӣ дурри дарӣ
    Гавҳари дарёи ирфон аст.
    Вожаҳои аҳриманхӯро ҳамебояд
    Аз аҳуроӣ ҳарими ҳурмати он тард кардан,
    Чеҳраи маъсуми онро пок аз ин гард кардан.
    3
    Ин забони осмонист,
    Нардбони осмон аст.
    Паллаҳои ояталкурсист.
    Мояи рушду таъолист.
    Шаҳпари андешаи олист.
    Хуни озодӣ биҷӯшад дар раги ҳар вожаи нобаш.
    Ҷовидон аз оби озодӣ бибояд дошт шодобаш.
    4
    Нест оби рӯдҳои мо фаромарзӣ,
    Лек дарёи забони мо фаромарзист.
    Пои онро бояд аз садди хати сунъӣ раҳо кардан,
    Чашмаҳои саргаҳашро
    Боз бо шаҳрӯдҳои ҳамравонӣ ошно кардан,
    Чун наҳангони қадими хеш
    Сӯи уқёнуси афкори башар озод,
    Бо салобат
    Ошино кардан.
    5
    Бояд ин бовар ба дилҳо устувор ояд,
    К-ин забони мо забони сулҳу ҳам ҷанг аст.
    Сулҳ бо аҳли башар – бешарр
    Ҷанг бо аҳремани найранг.
    Ҳам забони дину ҳам фарҳанг,
    Ҳам забони шеър, ҳам оҳанг,
    Ҳам забони шишаву ҳам санг,
    Ҳам забони илму ҳам фан,
    Ҳам забони сурб ҳам оҳан.
    Пайкаре ҳаргиз набуда низ ин гардуни гардонро,
    То қабои тоҷикӣ кӯтоҳ ояд қомати онро.
    6
    Шоири мо аз фарози қуллаи андеша гарчанде ҳамефармуд:
    «Эй басо маъно, ки аз номаҳрамиҳои забон,
    Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд». 1
    Аз замони Рӯдакӣ то аҳди Халлоқулмаонӣ, низ то имрӯз
    Тоҷикӣ мифтоҳи заррини ҳазорон роз гардидаст,
    Аз садои пои ҳар ҳарфаш дари кохи муаммо боз гардидаст.
    Бояд ин мифтоҳи заррин даркушои ҷовидон бошад,
    Аз муаммогунаандешиву аз мавҳумадоӣ дар амон бошад.
    7
    Тоҷикӣ ё форсӣ ё ки дарӣ ё…
    Гар дусад номи дигар бар ин забон бинҳанд,
    Бояд онро як забон донист,
    «Оби Рукнобод»-ро шохоби «Ҷӯи Мӯлиён» донист,
    Камтар аз инро зиён донист.
    8
    Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё
    Шаҳрванди Тоҷикистонанд.
    Бояд аз аҳволи онон бохабар буд,
    То ба зиндони фаромӯшӣ наяфтанд,
    То амон бошанд аз табъиз, аз таҳриф.
    Бояд онҳоро сафири ошноӣ кард,
    Зеҳнҳоро рӯшноӣ кард:
    Шарҳ бояд дод, ки «қочоқ» аз мо нест,
    Ҳамчуноне истилоҳи шуми «террорист».
    Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё,
    Қосиди фарҳангу дониш,
    Пайки эъморанду ободӣ,
    Бо фурӯғи ҳуши Синоӣ,
    Бо сиришти поки Фарҳодӣ.
    9
    Рӯи ҳар бому даре, ки парчами мо насб мегардад,
    Зери он бом,
    Пушти он дар
    Кадхудоӣ бо забони тоҷикӣ бошад,
    Парчами мо бо забони мо яке бошад.
    10
    Ҳар касе дар паҳнаи гетӣ
    Бо забони модарии мо сухан гӯяд,
    Ҳамдилу ҳамсарнавишту ҳамравони мост,
    Остонаш остони мо,
    Осмонаш осмони мост,
    Баски фарзанди азизи Тоҷикистон аст,
    Шаҳрванди ифтихории Хуросон аст.
    *********
    1.Байт аз Абулмаъонӣ Бедил.

    Соли2009

    ОтветитьУдалить
  35. ҒАРАЗ, ҚАСД
    Асли маънои калимаи “ғараз” дар забони арабӣ манфӣ нест ва аз он маъноҳои мақсуд, хоста, ҳадаф (ба маънои нишонаи тир ҳам) фаҳмида мешавад. Аммо дар забони форсӣ тоҷикӣ ба ҷуз маънои одӣ ва аввалии он маънои манфӣ низ бар он бор шуда, хостаи бад ва нораво низ аз он фаҳм мешавад.
    Масалан:
    Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
    Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
    (Мавлоно)
    Аммо дар байти зерини хоҷа Ҳофиз, чун дар бисёре аз абёти дигараш, ғараз ба дараҷаи аъло маънои мусбат дорад:

    Ману дил гар фано шавем, чи бок,
    Ғараз андар миён саломати Ӯст.

    Ҳамчунин дар зарбулмасали тоҷикии “Ғараз аз тӯшбера гӯшт хӯрдан аст.” ҳеч навъ маънои манфӣ манзур намегардад.
    “Беғараз панд” ба хотири таъкид гуфта шудааст. Яъне аз ин панд манзур ҳеч хостаи нораво ё макру фиреб нест. Зеро воқеан пандҳои фиребо ҳам метавонад бошад, агар мо онро панд бидонем ё не. Манзур аз “панд” дар ин маврид зоҳири қазия ва пиндори аввал аст.
    Аммо сифати феълие, ки аз “ғараз” ба сурати “муғриз” (ғаразнок) сохта шудааст, комилан манфӣ мебошад. “Ғараз”ноки сохтаи тоҷикӣ ҳам чунин аст.
    Ин чиз дар нисбати калимаи арабии “қасд” (ҳаммаънои ғараз) ҳам мушоҳида мешавад, ки дар асл тобиши манфӣ ё мусбати хос надорад, берангу бӯй аст, аммо дар истифодаи мо тобиши манфӣ гирифтааст ва дар калимаи “қасдан” дар гуфтори мо дигар комилан манфӣ аст.
    Хулоса, чун ҳамеша маънои аслии ин калимаҳо дар матн ва вобаста ба хостаи мустақим ё ғайримустақими гӯянда маълум мегардад.

    ОтветитьУдалить
  36. АЗ ТАЪРИХЧАИ ТАШКИЛИ «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ»

    ҲАР ОЙИНА – ҲАРОЙИНА
    Замоне ин иштибоҳ ба назар расид, ки дар матни тарҷумаи як асари классикӣ тақрибан дар ҳар як саҳифа ибораи «каждое зеркало» мушоҳида шуд, дар ҳоле ки бо маънои матн ҳеч таносуби маълуме надошт. Вақте ба матни асл (дар ҳуруфи кирилӣ) муроҷиат шуд, тахмини мо дуруст баромад. Мутарҷим ҳар ҷое ки ибораи «ҳар ойина»-ро дидааст, онро «каждое зеркало» тарҷума кардааст ва дар ин маврид ба ӯ хурда гирифтан ҳам чандон аз рӯйи инсоф нест, зеро ин ибора ба таври мошинӣ чунон тарҷума ҳам мешавад. Аммо дар асл ин калимаи «ҳаройина», яъне «ба ҳар ойин» аст, ки аз назари таркиб бо калимаҳои «ҳархела», «ҳарранга» монанд буда анҷомаи «а» эҷоб мекунад, ки пешванди «ҳар» бо решаи калима пайваст навишта ва хонда шавад.
    Кунад ҳаройина ғайбат ҳасуди кутаҳдаст,
    Ки дар муқобала гунгаш бувад забони мақол.
    Саъдӣ
    Чи хуб аст аз ин калимаи зебо ва пурмаъно, ки муродифи муносибе дар корбурди имрӯзии мо надорад, бо навишти дуруст ҳарчи бештар истифода шавад, то он саросар роиҷ ва мафҳум гардад.
    НравитсяНравится • • Поделиться
    • Сорбон Ашурбеков, Толиб Лукмон, Дилшод Раҳимӣ и 52 другим это нравится.
    • 1 публикация

    Кодиршои Мурувват ҲАРОЙИНА дар забони руси ба маънои всегда, во всякое время, в любом случае, конечно, непременно , безусловно тарчума мешавад, албатта бо таваччух ба корбурди он дар чумла.
    22 мая в 22:35 • Не нравится • 9

    Сафват Бурхонов Устоди азиз! Оё имкон доред, ки ин силсиларо дар сафхаи чудо гузоред, то мисли дастуре истифода шавад? Ин кори Шумо барои имруз хеле арзишманд аст. Фардо ба арзишаш меафзояд, ки кам намешавад.
    23 мая в 1:22 • Нравится • 12

    Рустам Ваххоб Шояд лозим аст сахифае алохида боз шавад. Агар дигарон низ ширкат кунанд ва мушохидахои худро бинависанд,
    23 мая в 4:21 • Нравится • 11

    Салохуддин Амони Мо хам бо Шумоем, устод!
    23 мая в 8:53 • Нравится • 1

    Салохуддин Амони Устод як гила дорам. Як вактхо мо хам руйи баъзе маънихо хостем, ки рушани андозем, вале як махмадоно моро пидзун ном ниход. Оё хамин пидзунаш хамон калимае нест, ки ман аз гуфтанаш ибо меварзам. Агар чунин бошад, ман хам уро бо дуои Шумо дашном хохам дод.
    23 мая в 9:00 • Нравится • 2

    Мирзошо Ватаншоев Ҳамин пешниҳоди муҳтарам Сафват чанд рӯз боз дар фикру зеҳни ман низ буд. Агар Устод Рустам Ваҳҳоб ин матолиби пурарзиши худро дар сафҳаи алоҳида ҷо медоданд, пайдо кардану дастрасӣ ба он осонтар мебуд. Фикр мекунам ин тақозои тамоми алоқамандони матолиби Устод аст ва дигарон низ ба мо ҳамроҳ хоҳанд шуд….
    23 мая в 9:21 • Нравится • 7

    Зокир Хасан Бо акаи Мирзошо Ватаншоев хамфикр хастам. Хаста мабош, устод Рустам!
    23 мая в 15:27 • Нравится • 1

    Рустам Ваххоб Бародар Салохуддин Амони салом. Намедонам суханони Шуморо ки чунон ба сухра гирифта, вале он шеваи солиме нест ва натичае надорад на барои мухотаб ва на барои сохиби калом. Аммо он сафхаро чи биномем. Шояд барои пархез аз каламоти манфи он сафхаи пешниходии дустонро "ДУРУСТ БИНАВИСЕМ" ном гузорем?
    23 мая в 16:33 • Нравится • 4

    Мухаммад Одинаев мо хам тарафдор
    23 мая в 20:38 • Нравится • 1

    Рустам Ваххоб Сахифаи ДУРУСТ БИНАВИСЕМ фаъъол шуд.https://www.facebook.com/groups/750326131656793/

    ДУРУСТ БИНАВИСЕМ
    o 1 447 участников
    24 мая в 5:53 • Нравится • 3 • Убрать предварительный просмотр

    Дилшод Раҳимӣ Ҷаноби Амонӣ, ин калима оне нест, ки шумо фик мекунед. Як даста шахсони бадгуҳар ин калимаро дар муқобили касоне, ки дар бораи забони ноби тоҷикӣ фикр мекунанд, бофтаанд. Ангеза ё маншаъи ин калима аз "пица"-ро "пидзо" гуфтани Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот сар шуд.
    25 мая в 3:26 • Нравится

    Салохуддин Амони Аз дустон барои самимияташон сипосгузорам. Гардон шудани саифаи "ДУРУСТ БИНАВИСЕМ" муборак бошад!
    26 мая в 9:44 • Не нравится • 1

    ОтветитьУдалить
  37. АФЗУДАҲОИ НОЗАРУР
    Яке аз ғалатҳои омм дар навиштори имрӯзии мо афзудаҳои нозарур дар баъзе калимаҳо ва ибораҳо мебошад. Масалан, калимаҳое аз қабили корхонаи мошинбарорӣ, корхонаи равғанистеҳсолкунӣ, шабакаи гармидиҳӣ ва аз ин қабил, ки танҳо ҷузъи аввал дар номи маҳсулот кофист, то муроди нависанда ба равшанӣ баён шавад. Яъне корхонаи (заводи) мошин, корхонаи равған, шабакаи гармо ва... Дӯстон метавонанд ба ҳамин тақриб шумори зиёд аз калимаҳоеро, ки дар онҳо афзудаҳои нозарур ба кор бурда мешаванд, пайдо кунанд.

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. БОВАР - БОВАРӢ
      Калимаи «бовар» сирф тоҷикӣ буда, таърихан аз ду ҷузъ «бо» ва «овар» (дорои овар) иборат аст ва бо «имон»-и арабӣ ва «вера»-и русӣ, ки зоҳиран бо «бовар» аз як решаанд, ҳаммаъно мебошад. Дар истифодаи ин калима ҳангоми нисбат додани он ба шахсе ва мавриде ғолибан онро ба сурати иштибоҳ ба кор мебарем. Масалан, мегӯем ва менависем: «Ман ба фалон чиз (фалон кас) боварӣ дорам», дар сурате, ки ба пасванди «ӣ» дар чунин ҷумлаҳо ҳеч ниёзе нест ва он комилан зиёдӣ мебошад. Дар забони зинда ҳам ахиран ба таъсири забони матбуот ин иштибоҳ нуфуз кардааст, аммо солҳои пештар ва имрӯз ҳам шахсони куҳансол асосан дар чунин мавридҳо мегӯянд: «Ман бовар дорам (надорам)» ҳамчунин калимаҳои нобовар (одами ҳамеша ба ҳар чиз шубҳакунанда), «хушбовар» (баракси нобовар), зудбовар – (содадил) ва ғайра ба ососи «бовар» роиҷанд. Ҷолиб аст, ки аксаран мегӯянд «бовар кардам» вале ҳамонҳо дар айни ҳол мегӯянд: «боварӣ дорам». Дар ҳоле ки ҳар ду маврид якест, танҳо замони феъл фарқ мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд мубтадоро тағйир бидиҳад. Аммо баъзан ҳатто «боварӣ кардам» гуфтан ҳам шуруъ шудааст. Хулоса, «боварӣ дорам (кардам)» ғалат аст ва саҳеҳи он «бовар дорам (кардам)» мебошад. Ҳамчунин на «ба боварии касе сазовор шудан» балки «ба бовари касе сазовор шудан». Чанд намуна:
      Охир зи ту чун рӯй ба хун тар дорам,
      Дар ишқ зи ҳеч рӯй бовар дорам.
      (Анварӣ)
      Дилам бурдиву хуштар ин ки гар ман
      Бигӯям бедилам, бовар надорӣ.

      Удалить
  38. ҲАМОСА, ҲАММОСА, ХАМОСА
    Шарҳи нисбатан муфассали ин калима (ба сурати “ҳамоса”) дар “Фарҳанги Муъин” чунин дода шудааст: 1(масдар) далерӣ кардан, шуҷоат намудан. 2 (исм) далерӣ, диловарӣ, шуҷоат. 3(исм) раҷаз, урҷуза. 4(адаб.) навъе аз шеър, ки дар он аз ҷангҳо ва диловариҳо сухан раввад, шеъри размӣ, шеъри ҳамосӣ.
    Дар адабиётшиносии тоҷик аз даҳаи 80 ба баъд ин калима ҷойгузини истилоҳи адабиётшиносии “эпос” ва калимаи “ҳамосӣ” ҷойгузини “эпикӣ” шуд, ки ифодакунандаи яке аз се ҷинси адабӣ (дар баробари ғиноӣ (лирика) ва драма) мебошад. Яъне махсуси осорест, ки дар он бидуни моҳияти мавзӯъ ва мазмун нақлу ривояти батафсили воқеаҳо ва рухдодҳо ҷой дорад ва чунин осор дорои сужаи нисбатан муфассал ҳастанд. Аммо ба маънои қаҳрамонӣ ва асари ситояндаи рӯҳиёти диловарӣ ва қаҳрамонӣ низ ба кор бурда мешавад.
    Масъала ин аст, ки дар навишти ин калима аксаран ба иштибоҳ роҳ дода мешавад ва ба сурати ғалати “хамоса” ё “ҳаммоса” навишта мешавад. Зоҳиран “хамоса” зодаи пиндори иштибоҳии марбут донистани ин калима ба “хамса” аст, ки аслан бо он ҳеч муносибате надорад. Ҳамчунин “ҳаммоса” шояд аз тасаввури иштибоҳии пайванди ин калима бо қолаби муаннаси феъли арабии “фаъъола” бошад, ки низ бо он рабте надорад.
    Хулоса, шакли ягонаи саҳеҳи ин калима дар ҳама маъноҳояш “ҳамоса” мебошаду бас. Чанд шоҳиди шеърӣ:
    На ҳар ҷо ки бошад сухан, зар набошад,
    Ки побанди зар дидаам сад ҳамоса.
    (Анварӣ)
    Ман аз саёҳат дар як ҳамоса меоям
    Ва мисли об
    Тамоми қиссаи Суҳробу нӯшдоруро
    Равонам.
    (Сӯҳроби Сипеҳрӣ)

    ОтветитьУдалить
  39. ГАРМГИР
    گرم گیر

    Ин субҳ лавҳаи табилиғии бузургеро дар роҳ мушоҳида кардам, ки навишта буданд: "ДАРУ ТИРЕЗАҲОИ ЧӮБИНИ ГАРМИРО НИГАҲДОРАНДА". Вақеан хеле кӯшиш шуда ва калимаҳо ҳамагӣ саҳеҳу маънодоранд. Аммо таркиби "гармиро нигаҳдоранда" хеле гарон аст ва нозебо. Дар забони мардум дар ин маврид як калимаи хуб ҳаст, ки "гармгир" мегӯянд. Яъне беҳтар буд менавиштанд: "ДАРУ ТИРЕЗАИ ЧӮБИНИ ГАРМГИР",вассалом.

    ОтветитьУдалить
  40. ЯКЕ АЗ...
    Дергоҳест дар ин фикрам, ки дар ин хусус чизе бинависам ё не. Чун иштибоҳе, ки ахиран дар пайи ин ибора мушоҳида мешавад, он қадар ошкору маҳсус ва барҷаста аст, ки барои роҳ додан ба он ё бояд аз одитарин қавоиди забон бехабар буд ва ё комилан беэътино ба сиҳҳати гуфтору навиштор. Масалан, менависанд ё мегӯянд "Яке аз шоири бузурги адабиёти классикии тоҷик", "Яке аз устоди донишгоҳи мо". Охир равшан маълум аст, ки оғози ҷумла "яке" ишорат ба ҷузъе аз кулл аст ва дар пай бояд кулл - ҷамъ биёяд: "ЯКЕ аз шоирОНИ бузурги..."; "ЯКЕ аз устодОНИ..." ва ғайра. Ин иштибоҳ аз нуфузи забони муошират аст, ки ин мавридҳо бидуни "Ё"-и накира, яъне на ЯКЕ балки "ЯК" истифода мешавад ва дар ин сурат қоидатан саҳеҳ аст: "ЯК шоири бузурги адабиёти классикӣ..."; "ЯК устоди донишгоҳ". Агарчи аз назари назокати услубӣ ин ҷо ҳам ҳамроҳ бо як бояд "тан" ё "нафар"-ро изофа бикунем, дар ҳар ҳоле иштибоҳ нест.
    Аммо дар сурате, ки "ЯКЕ" меояд дар пайи он ҳатман бояд аз кулл ва ҷамъ ёдоварӣ гардад. ЯКЕ аз чандин, яке аз бисёр, яке аз онҳо, Яке аз шумо. Таваҷҷуҳ кунед, охир наметавонем "яке аз ту" ё "яке аз ӯ" бигӯем.
    Аз таъкидоти ахир маъзарат мехоҳам, чун мушоҳида мекунам, ки рӯз то рӯз ин иштибоҳ густариш ёфта ҳатто бар забони ровиёни маъруф ва баъзе устодони мо ҷорист.(Р. Ваххоб)

    ОтветитьУдалить
  41. “ЯК ДАҚИҚА ХОМУШӢ” Ё “ЗИКРИ ХАЙР” - ?

    Дергоҳест ин ибора ва ин расм зеҳни маро машғул медорад. Чун имрӯз дидам, ки бародар Иршод Сулаймонӣ ин мавзӯъро дар "Озодагон" матраҳ кардааст, лозим донистам, чизе бинависам. Хомушӣ (сукут) дар асли маънии худ беамалӣ ва истоист. Аммо манзур аз он "минута молчания"-и русӣ ки мо аз он “як дақиқа хомушӣ” сохтем, дар он лаҳза ба ёди касе (марҳум) будан аст. Дар фарҳанги мо расми ёди касеро дар лаҳазоте пос доштан бегона нест. Аммо ин пос доштани мо гунгона ва комилан тиҳӣ аз амал нест, балки ёдкард - зикр аст. Ин зикру ёдкард ҳам ду навъ аст - яке хомуш (хафӣ) ва яке ошкор (ба овоз, ҷаҳрӣ). Пас дар ҳоле, ки дар ҷамоаи мо афроди гуногуне ҳастанд ва ёдкарду зикр барои ҳар яке ба гунаест, ин ёдкард-зикр беҳтар аст (хафӣ - хомуш) бошад. Дар ин фурсат, касе метавонад бо хондани таҳидилии оёте ба рӯҳи марҳум дуруд фиристад, касе метавонад каламоте муборакро ба тоҷикӣ ё забони Қуръон ё забони дигаре, ки ӯ медонад, ба ёди марҳум зикр кунад. Ва касе ҳам, метавонад лаҳзаҳое нек ва муборакро аз зиндагии марҳум ба ёд биёрад ва ба рӯҳи ӯ дуову дуруд бифиристад. Пас ин маросимро ба ин асос мо метавонем на “Як дақиқа хомӯшӣ”, балки “Зикри хайр” биномем. Ин ибора аз ҳар воситаи дигар ба воситаи ин байти хоҷа Ҳофиз машҳур аст ва дақиқан ба ин маъност:
    Зиндаву ҷовид монд, он ки накуном зист,
    К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

    ОтветитьУдалить
  42. ҲОФИЗ БАСО БЕШТАР АЗ ОВОЗХОН АСТ

    ҲОФИЗ ба маънои овозхон (сароянда) дар забони тоҷикӣ аз қадим роиҷ шуда ва аз ҷумла аз осори охирӣ дар Садриддин Айнӣ онро ба фаровонӣ мебинем. Аз ҷумла Содирхони ҳофиз. Ин ҳофиз чизе хеле бештар аз "овозхон" ва "сароянда" аст. Ҳофизони мо касоне буданд, ки матнҳои баргузида ва гулчинро аз адабиёти катбӣ ва шифоҳӣ ҳифз мекарданд, ҳамчунин ҳамосаи азиме чун Гурғулиро ва онро дар миёни мардум бо садои дилпазир, гоҳ ҳамроҳ бо соз ва гоҳ бидуни он танҳо ба овоз пахш мекарданд. Инҳо эҳтирому иззати фавқулодае дар миёни мардум доштанд ва ин эҳтиром қабл аз ҳама ба хотири ҳифз ва амонатдории матнҳои арзишманд буд. Ҳофизон одоби хоссе ҳам доштанд ва аксаран ба тоифаи ҷавонмардон ва орифон мепайвастанд. На ҳар кӣ ҳанҷарае дошт ба мақоми ҳофизӣ мерасид. Ағлаб ин ҳофизон шоирони бадеҳагӯ низ буданд. Албатта, ҳофизи Қуръон низ аз ҳамин ноҳия аст ва ҳофизи Қуръон хонандаи он низ бо садои хуш аст: Ҳофизам дар маҷлисе, дурдикашам дар маҳфиле... Ҳамчунин гуфтанист, ки шеъри суннатии мо деклама ба сурати имрӯзӣ надошт, балки суруда мешуд ва аксаран ҳофизони мо аз ҷумла устодон Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ, Барот Яхшӣ ва... аслан ровиёни шеъри тоҷик буданд ва шеърро бо садои хуш ва бо лаҳне марғуб ҳамроҳ бо соз ба мардум мерасонданд, Вазифаи инҳо расондани матн буд. Инҳо Ҳофиз буданд. Кори оҳангу мусиқӣ дар дастгоҳи ҳунарии инҳо дар радифи дувум қарор дорад. Аз шоирони бузурги садаи 20 форсӣ Иқболи Лоҳурӣ буд, ки баъзе ашъори худро "ҳофизӣ" мекард. (Такмил хоҳад шуд)

    ОтветитьУдалить
  43. ЧАРО НИСБАТ БА ХУД БЕЭЪТИМОДЕМ?
    Рӯзи ҷумъаи гузашта (09-12-16) дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи навбатии Шӯрои фановарӣ ва технология баргузор гардид. Дар ин ҷаласа аз ҷумла хабари масарратбахше шунида шуд, ки барои унвонҷӯёни ҷумҳурӣ имконоти бесобиқае барои дифоъи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фароҳам гардида ва бо чанд кишвар аз Иттиҳоди ҳамсуд дар ин хусус шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки унвонҷӯёни номзадӣ ва докторӣ дар оянда метавонанд ҳам дар Руссия ва ҳам дар дохили кишварамон рисолаҳои худро дифоъ намоянд. Дар айни ҳол тазаккур дода шуд, ки бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ нисбат ба ин иқдом изҳори беэътимодӣ кардаанд ва аз ҷумла иброз доштаанд, ки дар ин сурат салоҳияти илмии донишмандони мо зери суол мемонад.
    Дар ҳоле, ки ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар Руссия рисолаи худро дифоъ намояд, чаро ин корро хоҳишмандони дигар натавонанд дар дохили кишварамон анҷом бидиҳанд? Пештар дар ин хусус дар рисолаи “Дуруст бинависем” матлабе нигошта шуда буд, ки лозим медонам аз он иқтибос шавад.
    “Бино бар ин мулоҳизот, бояд ифтихори барҳаққи мо аз забони модарӣ, забони давлатӣ ҷанбаи амалӣ ва воқеӣ дошта бошад. Андешае, ки тавону қудрати забони мо танҳо ба шеъру адабиёт ихтисос дорад, аз нигоҳи мантиқӣ ва илмӣ беасос аст. Агар забони мо дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба авҷи қудрату шукуфоӣ намерасид, наметавонист замина ва пайкари чунон адабиёти оламшумул гардад, зеро ин адабиёт бо ин забон тамоми ҷанбаҳои зеҳниву айнии ҷомеа ва фардро таҷассум намудааст. Донистани забонҳои дигар, хусусан забонҳое, ки дар паҳнаи бузургтаре аз ҷаҳони имрӯз густариш ёфта ва воситаи муҳими ҳамкорӣ ва муошират мебошанд, як амри зарурӣ ва барои ҳама маълум аст. Аммо ҳеч забони дигар наметавонад таъминкунандаи ҳувият ва истиқлоли воқеии мо бошад. Аз тарафи дигар донистани забонҳои дигар ҳам танҳо дар сурати хубу аъло донистани забони модарии худ муяссар мегардад, ки ин як ҳақиқати ошкор аст.
    Хусусан, ҳифз ва афзоиши тавоноиҳои забони давлатӣ дар бахши корҳои пажӯҳишӣ ва илмӣ имрӯз фавқулода муҳим мебошад. Имрӯз вақте, ки дар хусуси истилоҳсозӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ дар ҳамаи фанҳо чун муҳимтарин вазифа ва зарурат сухан меравад, суоле ба миён меояд, ки агар донишмандон ва муҳаққиқони мо рисолаҳо ва китобҳои илмии худро, ки воситаи унвон гирифтан ва расмият ёфтани мақоми илмӣ ва тахассусии онҳо мебошад, ба забони тоҷикӣ нанависанд, дар ҳар яке аз ин корҳои илмӣ чандин истилоҳи куҳнаву навро ба забони модарии худ ба кор набаранд, чи тавр ва дар кадом муддате ин вазифаи муҳим ва муқаддас амалӣ мегардад? Ё як ҷавоне, ки мактаби миёна ва донишгоҳро ба забони модарии худ хондааст, агар мехоҳад мутахассиси ягон бахши илм шавад, чаро натавонад ба он забоне, ки дарс хондааст ва забони расмии кишвараш аст, таҳқиқоти илмии худро бинависад? Дар ҳоле ки дар ин масъала имрӯз ҳеч навъ маҳдудият ва маҷбурияти хориҷӣ ва дохилӣ вуҷуд надорад. Чунон ки дар идомаи суханронии мазкури Райиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон омадааст:
    «Чунон ки аз таҷрибаи гузаштаи ҷомиаи форсизабонон маълум аст, истилоҳоти илмии асрҳои миёна асосан аз забони арабӣ ё тавассути забони арабӣ ворид мешуданд, ки ин ба мақоми забони арабӣ дар он замон иртибот дошт. Аммо имрӯз, ки манбаи истилоҳоти илмӣ забонҳои аврупоист, лозим аст, ки бо дарназардошти мушаххасоти илмиву фанноварии муосир дар бахши истилоҳот аз имконоти дохилии забон, яъне аз қолабҳои суннатии калимасозии забони тоҷикӣ истифода шавад....Мо ҳеч гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.»

    ОтветитьУдалить
  44. Хушбахтона, дар як фосилаи кутоҳизамонӣ ин мавқеъ ба тадбири амалӣ пайваст, ки метавонад ба таври бесобиқа дар такомул ва рушди забони илмии тоҷикӣ мусоидат намояд ва ҳимояту дастгирии густардаи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон дар ин замина амри зарурӣ мебошад. Манзур муроҷиати дигарбораи Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ ба ин мавзӯи муҳим мебошад:
    “Чанд рӯз пеш ман фармонро доир ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардам, ки тибқи он фаъолияти сохтори зикршуда аз моҳи январи соли 2015 оѓоз мегардад.
    Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.
    Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд.”
    Ин ҷо мавзӯъи дигаре ба миён меояд, ки эҳтиром ва эътимод ба худ ва ба забони модарии худ мебошад. Шояд истифода аз истилоҳот ва андешаҳои қолабии омодаи хориҷӣ ва баъзан бештар аз ин ҳам, кори хеле осонтар аз таълифи таҳқиқоти илмӣ ва асноди расмиву дигар навъ матнҳо ба забони модарӣ ва расмии кишвари худ бошад. Аммо ин мавриде нест, ки дар хусуси осон кардани кори худ биандешем, балки масъалаи ҳифзи ҳувият ва истиқлоли маънавию фарҳангӣ мебошад, ки ин ҳақро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам барои мо қойил шудааст ва дар воқеъ ба таври ниҳоӣ ва барои ҳамеша амалӣ сохтани он вазифаи муқаддас ва пурифтихори худи мо мебошад”.
    -------
    Суханронии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш//.Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.09.2014

    ОтветитьУдалить
  45. ЯЛДО (шаб) ((یلدا (شب)
    Ялдо чунон ки ағлаби фарҳангҳо овардаанд, маъхуз аз сурёнӣ ба маънии мелоди арабист ва чун шаби ялдоро бо мелоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ ба ин ном хонда шудааст. Чун эрониён ин шабро шаби таваллуди Митро (Меҳр) медонистаанд, онро бо талаффузи сурёнияш пазируфтанд ва дар воқеъ ялдо бо нуили урупоӣ ки дар 25-и дасомбар тасбит шуда, муодил аст. Бинобар ин, нуили урупоӣ ҳамон шаби ялдо ё шаби чиллаи эронист.
    Маросими таваллуди Митро ба унвони як рӯзи муқаддас бо оини Меҳр ба Урупо рафт. То он замон ҷашни таваллуд ва таъмиди Масеҳ рӯзи шашуми жонвия гирифта мешуд. Пас аз он ки масеҳият нуфуз ёфт ва бисёре аз одобу русуми меҳрӣ дар он ҷазб шуданд, мелоди Меҳр, ки ба эътиқоди меҳрпарастон наҷотдиҳандаи башарият дар охируззамон хоҳад буд, ба Масеҳ мунтасаб гашт ва бо густариши масеҳият дар Шарқ муҷададдан ба Эрон боз гашт ва «Шаби ялдо» номида шуд. Шаби ялдо ё шаби чилла дар оғози зимистон ва пешонии чиллаи бузург барои гоҳшумории Эрони қадим падид омада ва дар китобҳои нуҷум, аз ҷумла осори Берунӣ аз он сухан рафтааст.
    Ялдо тӯлонитарини шабҳои сол ва оғози инқилоби шатавист (зимистонӣ), ки пас аз он офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадй таҳвил мешавад ва рӯзҳо андак-андак баландтар (дарозтар) мешаванд. Ин тӯлонитарин шаби сол дар назари эрониён наҳс буд, зеро илова бар сармои сахти зимистонӣ дар ин шаби деранда ҳамлаи аҳремани торикӣ идома меёфт. Барои дафъи ин нуҳусат эрониён то бозомадани хуршед ба даври оташ шодӣ мекарданд ва хон мегустарданд ва маязд нисор мекарданд, ки бозмондаи ин расм ҳанӯз барҷой аст.
    Кирмониҳо муътақид буданд, Қорун ба шакли ҳезумшикане шаб ба дари хонаҳо меояд ва ҳезум ба онҳо медиҳад, ки ин ҳезумҳо ба шимши (хишти) тило табдил мешаванд ва бино бар ин то субҳ бедор мемонанд. Ин маросим ёдовари Бонуил дар Крисмус аст ва мерасонад, ки Ялдои эронӣ ва Крисмус аз як моя сарчашма гирифтаанд.
    Дар адабиёти форсӣ шуаро зулфи ёр ва ҳамчунин рӯзи ҳиҷронро аз ҳайси сиёҳӣ ва дарозӣ ба шаби ялдо ташбеҳ мекунанд ва аз ашъори бархе аз онҳо монанди абёти зер аз Муъиззӣ ва Саноӣ низ робитаи байни Масеҳ ва Ялдо дарк мешавад:
    Эзади додор меҳру кини ту, гӯӣ,
    Аз шаби Қадр офариду аз шаби Ялдо.
    З-он ки ба меҳрат бувад тақаррруби муъмин,
    З-он ки ба кинат буват тафохури тарсо.
    (Муъиззӣ)
    Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамехоҳӣ,
    Ки як аз чокарий Исо чунон маъруф шуд Ялдо.
    (Саноӣ)
    Шояд ба асоси ин байт буда, ки соҳиби «Бурҳони қотеъ» пиндошта, ки Ялдо номи яке аз мулозимони ҳазрати Исо (а) будааст.
    Шавоҳиди дигар:

    ОтветитьУдалить
  46. Нури рояш тирашабро рӯзи нуронӣ кунад,
    Дуди хашмаш рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
    (Манучеҳрӣ)
    Қандил фурӯзӣ ба шаби Қадр ба масҷид,
    Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.
    (Носири Хусрав)
    Карда хуршеди субҳи мулки ту
    Рӯзи ҳама душманон шаби Ялдо.
    (Масъуди Саъд)
    Шоҳе, ки ҳавлу кинаи ӯ бар адуи мулк
    Тобанда рӯзро шаби Ялдо кунад ҳаме.
    (Масъуди Саъд)
    Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,
    Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби Ялдо бинанд.
    (Хоқонӣ)
    Ҳаст чун субҳ ошкоро, к-ин сабӯҳе чандро
    Бими рӯзи растахез аст аз шаби Ялдои ман.
    (Хоқонӣ)
    «Ва дар шабҳои Ялдои зулм, ки офтоби мулки ман ба мағриби завол уфул намояд, чароғи фароғ чӣ гуна афрӯзанд?»
    («Синдбоднома»)

    Рӯзи рӯяш чу барандохт ниқоби шаби зулф,
    Гуфтӣ аз рӯзи қиёмат шаби Ялдо бархост.
    (Саъдӣ)
    Назар ба рӯйи ту ҳар бомдод Наврӯзест,
    Шаби фироқи ту ҳар шаб, ки ҳаст, Ялдоест.
    (Саъдӣ)
    Суҳбати ҳукком зулмати шаби Ялдост,
    Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.
    (Ҳофиз)
    Бедор шав, ки дар шаби Ялдои нестӣ
    Дар парда аст чашми туро турфа хобҳо.
    (Соиб)
    Рӯз паҳлуи шаби Ялдо занад,
    Хешро имрӯз бар фардо занад.
    (Иқбол)
    Ашки худ бар хеш мерезам чу шамъ,
    Бо шаби Ялдо даровезам чу шамъ.
    (Иқбол)
    Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад,
    Рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
    (Иқбол)
    Ман дар дилам ҳазор шаби қутбист,
    Ҳамраҳ ҳазорҳо шаби Ялдоро.
    (Ахавони Солис)
    Аз Фарҳанги асотир

    ОтветитьУдалить
  47. ШУМОИ АЗИЗ, ТУИ АЗИЗ?
    Ин таркиб, ки дар забони мо собиқа надошт ва қоидатан ҳам ғалат ба назар намерасад, чизе дорад рамонандаи табъ, ки ҳар қадр иғмоз кардам, натавонистам ин эҳсосро тай бикунам. Ҳеч табъам ин баёнро напазируфт.
    Минбаъд на танҳо матолибе, ки ба баҳси ихтилофи "тоҷик" у "эронӣ" ва "форсӣ" ву "тоҷикӣ" ихтисос ёфтаанд ҳазф хоҳанд шуд, балки аз ҳамкорӣ бо ин муаллифон низ маъзурем. Камтарин беэҳтиромӣ ба ин мафҳумҳо бедарангу бедареғ ҳазф карда мешавад.

    ОтветитьУдалить

Нигоҳи шумо!