понедельник, 13 января 2014 г.

АСМО


То гули рухсори ту дар боғи чашми мо шукуфт
Сад биҳишти нақд дар домони ин руъё шукуфт.

Ғунчаи дил, то куҷо барбастаӣ чашм аз ҷаҳон,
Ё ба пои зиндагӣ уфтод бояд, ё шукуфт.

Қатраи беҳосиле буд ин дили бемуддао,
Акси чашмат то дар ў уфтод, сад дарё шукуфт.

Шодхорони ту ҷомеро ба санги мо заданд,
Аз вуҷуди хораи мо оламе мино шукуфт.

То ба авҷи рози иллаллоҳ роҳе шуд падид,
Ҳар қадам то арши аъло лолаҳои ло шукуфт.

Аз биёбони ғамат бигзашт оҳуи хаёл,
Чашмаҳои оби ҳайвонаш зи нақши по шукуфт.

Дар Китоби Сурхи дил кардам гули номат ниҳон
Оҳ базрашро парешон кард, то Асмо шукуфт.
Марти 2011

воскресенье, 12 января 2014 г.

БО МО



Фалакро хашми пинҳонест бо мо,
Ҷаҳонро кини сӯзонест бо мо.

Гаҳе дар об дорад, гаҳ дар оташ,
Замонро давру давронест бо мо.

Бирав эй дев, девонат фурӯ шӯй,
Ба лавҳи сина Қуръонест бо мо.

Мазан моро ба санги камбаҳоӣ,
Кӯҳистоне, Бадахшонест бо мо.

Магар бо зулфи худ паймон бубастӣ,
Туро аҳди парешонест бо мо.

Зи ҳамчашмӣ ҳама тарфе, ки бастем
Ҳамин як чашми ҳайронест бо мо.

Бирезад то ба домони Бухоро,
Ҳамон дасти Зарафшонест бо мо,

Ҷавоби он атоҳо Рӯдакиро
Ба поси Оли Сомонест бо мо.

Агарчи доманат аз даст додем,
Ба ҷубронаш гиребонест бо мо.

четверг, 2 января 2014 г.

ДАР ОСТОНИ ЗИМИСТОН




Намонд гул ба гулистон дар остони зимистон,
На як ҳазору на дастон дар остони зимистон.
Ба зери пориса гунҷишкҳо чу аҳли дабистон 
Кушода маҳфили чистон дар остони зимистон.
Фиканда ҷома зи тан чун набарда муштзанон аст
Чанори бонии бустон дар остони зимистон.
Ба поси мӯйи сафедаш, сапеду пок навидаш
Зада ба зону куҳистон дар остони зимистон.
Ба паҳлу афтаду хезад, ба бол барф бибезад
Ба боғ зоғ чу мастон дар остони зимистон.
Нишаста об зи фаввора ё ки Гови Заминро
Намонда шир ба пистон дар остони зимистон.
Сапед ранги шакар бин шакарнами саҳариро
Чаман шуда сари Дастон дар остони зимистон.
Фитода ҷоми булурӣ магар миёнаи сангоб
Зи дасти бодапарастон дар остони зимистон.
Хазон бибурд ба ғорат ҳазор рангу аз он беш
Кунун зи оташ бистон дар остони зимистон.
2010