понедельник, 13 января 2014 г.

АСМО


То гули рухсори ту дар боғи чашми мо шукуфт
Сад биҳишти нақд дар домони ин руъё шукуфт.

Ғунчаи дил, то куҷо барбастаӣ чашм аз ҷаҳон,
Ё ба пои зиндагӣ уфтод бояд, ё шукуфт.

Қатраи беҳосиле буд ин дили бемуддао,
Акси чашмат то дар ў уфтод, сад дарё шукуфт.

Шодхорони ту ҷомеро ба санги мо заданд,
Аз вуҷуди хораи мо оламе мино шукуфт.

То ба авҷи рози иллаллоҳ роҳе шуд падид,
Ҳар қадам то арши аъло лолаҳои ло шукуфт.

Аз биёбони ғамат бигзашт оҳуи хаёл,
Чашмаҳои оби ҳайвонаш зи нақши по шукуфт.

Дар Китоби Сурхи дил кардам гули номат ниҳон
Оҳ базрашро парешон кард, то Асмо шукуфт.
Марти 2011

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!