вторник, 22 ноября 2016 г.

ШЕЪР

Шеър як вижагии шигифтангез дорад. Он суханро ба сароғози бакорату покӣ бармегардонад. Калимаҳои фарсуда, “маҳкумшуда”, ки ҳама сифати суварии худро дар назари мо аз даст дода ва табдил ба пустлохи сухан шудаанд, дар шеър шурӯъ мекунанд ба дурахшидан, садо додан ва атр парокандан.
Паустовский Константин Георгиевич

Тоҷик ба ҳиммат аз ҳама воло буд,
Дар ҳалқаи дор ҳам сараш боло буд.
Пироҳани мову ту, ки нозем бад-он,
Эй кош, ки попечи Қаноатшо буд.
Попеч - пайтоба, пайпоқ.
Қаноатшоҳ, сардори ғаюри тоҷик, ки боре аз савдогаре дар Хуқанд матоъи нафисеро хост ва ӯ гуфт: "Барои дохундаҳо нест", яъне гарон аст. Қаноатшоҳ он порчаро ба нархи дучанд хариду ду пора кард ва дар ду пояш печонду мӯза пӯшид. Баъди ба мақом расидан "бақияи он савдогарро пардохт" Яъне шадидан адабаш кард. Таърихи Муллониёз.

среда, 9 ноября 2016 г.

ГУЛҲОИ ТИРАМОҲӢ

Гулҳои тирамоҳӣ
Падруди офтобанд.
Эҳдои охирини 
Мавлуди офтобанд.
Гулҳои тирамоҳӣ
Рухсора зард доранд.
Аз хори хушки пойиз
Як дарза дард доранд.

Сад чашм интизоранд,
Сад лаб суолу хоҳиш.
Муҳтоҷи як тасалло
Муҳтоҷи як навозиш.

Бо нархи ҷон бубахшанд
Эъҷозро таҷассум.
Хандон шаҳиди ишқанд
Аз теғи як табассум.

Резанд болу парро,
Дар домани зимистон.
Гулҳои тирамоҳӣ
Дар зери тири борон.

понедельник, 7 ноября 2016 г.

ТУТ

Аз мактаб бармегаштам, нисфирӯзӣ, ҳаво гарм, оби ҷӯйи боғро баста буданд, қади ҷӯйи калонро сангу чим гирифта.
Ҷӯи об қад-қади роҳ мерафт ва аз обмӯриҳо ба боғҳои пеши ҳавлӣ ворид мешуд.
Дар сари ин ҷӯй каҳдони мо буд ва дар пеши девори қади раҳи каҳдон як кунда тути пир вале шохаҳояш ҳамеша ҷавон, чун ҳар сол шохҳояшро барои кирмак (кирми пилла) мебуриданд ва боз то тирамоҳ шох сабз мекард.
Марде урупоисурат ва бо зоҳир босалобат, ки ҳатто аз директори мактаб ва раиси колхози мо ҳам либоси оростатару расмитар ва ҳатто галстук ҳам дошт беле дар даст лаби ҷӯйи боғро меканд, ва зоҳиран пештар аз ин дар пойи тут ҳавзчае сохта буд ва инак аз хати кандаи ӯ як ришта об ба сӯи он ҳавзча ҷорӣ мешуд.
Ин мард рост истода фукашро пушти даст ба дастаи бел такя дода ба тут нигоҳ карду гуфт, бихур, бихур, нӯши ҷон кун ин оба… Ин қадар солҳо ба ту об надоданд!
Ман вақте аз паҳлуи ӯ мегузаштам, то вориди дарвозаамон, шавам ба вай салом додам, аммо ӯ гӯё на чизеро медид ва на мешунид, ҳамоно бо тут суҳбат дошт.
Падарам болои суфа нишаста чой мехурд. Бо тааҷҷуб он чиро дида будам ҳикоя кардам. Табассуме карду гуфт:
-Маҳмадраҷаб аст. Дина аз Сахалин омадааст. Дар Ҷанг буд. Асир уфтоду озод шуд. Ба “гуноҳи” асирӣ ӯро умрбод ба Сахалин бадарға карданд. Марзи заминашон дар ҳамон ҷои тут буд. Ҳамин тут аз замину ҳарчи доштанд боқӣ мондааст.
-Магар то ҳол ин тутро касе об намедод. Ин қадар солҳо?!
Падарам хандид:
-Аҷаб соддагие. Агар об намехурд, то ҳол сабз мемонд? Дарахт аз танааш об намехурад, аз сари решаҳояш мехурад ва сари решаҳои ин тут дар таги ҳамон ҷӯи об аст. Доим об дорад, аз ҳамаи дарахтони дигар бештар об дорад.
-Оё, ун, ун акаи…
-Маҳмадраҷаб.
-Инро намедонад?
-Медонад, медонад, бачам, ӯ тутро ёд кардааст, хеле ёд кардааст, бо тут гап мезад, ҳа?
-Ҳов, гап мезад.
Нигоҳи падарам ба дарахти бузурги сияҳмуруди пеши суфа дӯхта шуда буд ва ин бори чандумин буд, ки ба ман ёдрас мекард:
-Ана ҳамин муруд дастниҳоли очам, бибиат аст. Онро дона нишонда буд...
Эҳсос кардам мехост ин суханро идома диҳад, аммо намедонам чаро дигар натавонистам суоле бидиҳам. Ман ҳам ба муруд нигоҳ мекардам ва шохаҳои анбӯҳи сабзи онро медидам, ки гӯё пораҳои сафеди абр дар онҳо гир карда буд ва осмони сокити нилгуни зуҳри тобистон аз хилоли ин шохаҳо абадиятро замзама менамуд