понедельник, 7 ноября 2016 г.

ТУТ

Аз мактаб бармегаштам, нисфирӯзӣ, ҳаво гарм, оби ҷӯйи боғро баста буданд, қади ҷӯйи калонро сангу чим гирифта.
Ҷӯи об қад-қади роҳ мерафт ва аз обмӯриҳо ба боғҳои пеши ҳавлӣ ворид мешуд.
Дар сари ин ҷӯй каҳдони мо буд ва дар пеши девори қади раҳи каҳдон як кунда тути пир вале шохаҳояш ҳамеша ҷавон, чун ҳар сол шохҳояшро барои кирмак (кирми пилла) мебуриданд ва боз то тирамоҳ шох сабз мекард.
Марде урупоисурат ва бо зоҳир босалобат, ки ҳатто аз директори мактаб ва раиси колхози мо ҳам либоси оростатару расмитар ва ҳатто галстук ҳам дошт беле дар даст лаби ҷӯйи боғро меканд, ва зоҳиран пештар аз ин дар пойи тут ҳавзчае сохта буд ва инак аз хати кандаи ӯ як ришта об ба сӯи он ҳавзча ҷорӣ мешуд.
Ин мард рост истода фукашро пушти даст ба дастаи бел такя дода ба тут нигоҳ карду гуфт, бихур, бихур, нӯши ҷон кун ин оба… Ин қадар солҳо ба ту об надоданд!
Ман вақте аз паҳлуи ӯ мегузаштам, то вориди дарвозаамон, шавам ба вай салом додам, аммо ӯ гӯё на чизеро медид ва на мешунид, ҳамоно бо тут суҳбат дошт.
Падарам болои суфа нишаста чой мехурд. Бо тааҷҷуб он чиро дида будам ҳикоя кардам. Табассуме карду гуфт:
-Маҳмадраҷаб аст. Дина аз Сахалин омадааст. Дар Ҷанг буд. Асир уфтоду озод шуд. Ба “гуноҳи” асирӣ ӯро умрбод ба Сахалин бадарға карданд. Марзи заминашон дар ҳамон ҷои тут буд. Ҳамин тут аз замину ҳарчи доштанд боқӣ мондааст.
-Магар то ҳол ин тутро касе об намедод. Ин қадар солҳо?!
Падарам хандид:
-Аҷаб соддагие. Агар об намехурд, то ҳол сабз мемонд? Дарахт аз танааш об намехурад, аз сари решаҳояш мехурад ва сари решаҳои ин тут дар таги ҳамон ҷӯи об аст. Доим об дорад, аз ҳамаи дарахтони дигар бештар об дорад.
-Оё, ун, ун акаи…
-Маҳмадраҷаб.
-Инро намедонад?
-Медонад, медонад, бачам, ӯ тутро ёд кардааст, хеле ёд кардааст, бо тут гап мезад, ҳа?
-Ҳов, гап мезад.
Нигоҳи падарам ба дарахти бузурги сияҳмуруди пеши суфа дӯхта шуда буд ва ин бори чандумин буд, ки ба ман ёдрас мекард:
-Ана ҳамин муруд дастниҳоли очам, бибиат аст. Онро дона нишонда буд...
Эҳсос кардам мехост ин суханро идома диҳад, аммо намедонам чаро дигар натавонистам суоле бидиҳам. Ман ҳам ба муруд нигоҳ мекардам ва шохаҳои анбӯҳи сабзи онро медидам, ки гӯё пораҳои сафеди абр дар онҳо гир карда буд ва осмони сокити нилгуни зуҳри тобистон аз хилоли ин шохаҳо абадиятро замзама менамуд

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!