среда, 26 октября 2016 г.

РОЗИ ШЕЪР

РОЗИ ШЕЪР
ВАЗНИ ШЕЪР
Агар бихоҳем шеърро чунон, ки аз оғоз буда ва то кунун ҳаст ва урфу одат бар он ҷорист, таъриф кунем, бояд чунин гуфт: шеър таълифе аз каламот аст, ки навъе вазн дар он битавон шинохт.
Парвиз Нотили Хонларӣ
Албатта, агар касе бихоҳад имрӯз зарурат ва фазилати вазн дар шеърро собит намояд, кори ӯ шоистаи масали “Дучархаро дубора ихтироъ кардан” мебошад. Ин мавзӯи собитшуда аст ва қавли нақл аз муаллифи рисолаи машҳури “Вазни шеъри форсӣ”-и Парвиз Нотили Хонларӣ аз сӯе агар ба хотири салоҳияти мумтози ӯ дар ин мавзӯъ бошад, аз сӯйи дигар ба ин хотир аст, ки ӯ дар айни ҳол аз шоиронест, ки барои навтару тозатар кардани вазн ва қолабҳои шеъри форсӣ талошҳои амалӣ ҳам ба харҷ дода ва мисли устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Нимо Юшиҷ, Меҳдии Ахавони Солис ва дигарон намунаҳои навоваронае офаридааст ва ахиран дар муқаддимае, ки маъруфтарин шоир ва адабиётшиноси муосири Эрон Шафеъии Кадканӣ бар ашъори Парвиз Нотили Хонларӣ навишта, ӯро дар нав кардани шеър бар Нимо Юшиҷ муқаддам шумурдааст.
Зимнан, танҳо ҳамин нукта, ки падидае бо номи “шеъри нав” аз назари поэтикӣ қабл аз ҳама ба вазни шеър бастагӣ дорад, шоҳиди гӯё бар аҳаммияти аввалдараҷаи унсури вазн дар шеър аст. Албатта, баҳсҳое аз ин қабил, ки дарунмоя ва муҳтаво дар шеъри нав муҳимтар аз вазн аст, ҷой дорад ва беҳуда ҳам нест, аммо мусаллам аст, ки агар тағйироти фаннии (техникии) поэтикӣ аз роҳи вазн дар шеър ба вуҷуд намеомад, гумон буд, ки баҳси “шеъри нав” ҳам ба миён биёяд, зеро таҳаввул ва нав шудани мазмуну муҳтавои шеър дар тамоми давраҳои адабиёти мо ва адабиёти ҷаҳон дар қолаби вазнҳои маъмулӣ ҷараён дошт ва дар ҳеч даврае ин раванд қатъ нашудааст, зеро қатъи он маънои қатъи худи шеъру адабро дорад.
Гузашта аз ин вазн чи дар даврони куҳан ва чи имрӯз танҳо хосси шеъри мо нест, балки ба гунае дар шеъри ҳамаи халқҳои ҷаҳон ҷой дорад. Аз ин рӯ назарияпардозони адабиёт бо шурӯъ аз Суқроту Афлотуну Арасту то имрӯз (он гуна, ки дар таърифи боло ҳаст) вуҷуди вазн дар шеърро ба сурати умумӣ, на хосси миллате ё халқе таъкид кардаанд. Маяковский, аз навовартарин шоирони қарни бисти ҷаҳон, ки аз ҷумла дар Эрон ӯро аз саромадони “шеъри сафед” медонанд, дар рисолачаи таҷрибӣ ва амалии худ “Шеърро чӣ тавр бояд сохт?” менависад, ки “Қабл аз навиштани ҳар шеъре маро як ғулғулаи ритмӣ фаро мегирад ва вазн ба воситаи пӯшиш додани ҳамин ғулғули ритмӣ бо калимаҳо дар (шеъри) ман сурат мегирад”. Дигар шоироне, низ, ки шеъри мансур ё шеъри сапед сурудаанд, ҳаргиз мункири фазилати вазн ва беш аз он ритму оҳанги хосс дар шеър набуда, ва бахши зиёде аз ашъорашон дорои авзони маъмулӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки манзур унсури мутлақ ва ягона дар таркиби шеър донистани вазн ҳам нест, зеро на ҳар каломи мавзун метавонад, шеър бошад, ки ин баҳси ҷудост ва дар пай хоҳад омад.
Зарурати ин баҳс аз он ҷо ба миён омад, ки баъзан шоирони ҷавон, хусусан мавқеъе ки ба вазни шеърашон эрод мегиранд, бо беэътиноии ошкор эълон мекунанд, ки вазн барои онҳо муҳим нест, муҳим ин аст, ки дар ашъори онҳо мазмунҳои тоза ва эҳсосоти воло ҷой дошта бошад. Дар ин лаҳза фикр намекунанд, ки чаро бузургоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандиву Ҳофиз, Мавлонову Бедил, Айниву Лоҳутӣ ва... бо ин қадар диққат назокатҳои вазнро дар ашъорашон ба тамому камол риоят кардаанд? Магар онҳо мазмунҳои куҳнаву камарзиш ва камбуди эҳсосоти волоро хостаанд ба воситаи вазни саҳеҳ ҷуброн кунанд? Агар касе гумон мекунад, ки вазни суннатӣ барои онҳо мисли муқаддасоти мазҳабӣ буд ва дар риояи он ногузир буданд, чунин ҳам нест. Дар қолаби вазни суннатии арӯз дар тӯли асрҳои бидъатҳо ва навовариҳои зиёде сурат гирифтааст, чандин вазнҳои тозаи бесобиқа ва навъҳое аз қабили мустазод ба вуҷуд омада ва ихтироъгарони онҳо на танҳо мазаммат нашуда, балки ситоиш шудаанд. Мавзӯъ ин аст, ки ҳар чизе меъёре дорад ва ин меъёрҳо ҳосили таҷрибаи чандин насл аст ва вақте ки вориди ин меъёрҳо мешавем, аз ҷумла меъёрҳои пазируфташудаи вазни суннатии арӯз, шарт аст, ки онро риоя бикунем. Касе қодир ба навоварӣ дар ин меъёрҳо бошад, метавонад бо эҷоди осори навоварона ва тавзеҳи назарӣ (мисли устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Нимо, Пайрав...) онро собит намояд ва мисли “арӯзи нав” (шеъри нав) ё “шеъри сапед” онро ба меъёр дароварад. Дар акси ҳол чӣ зарурат дорад, ки касе вазни маъмулиро надониста ва эҳсос накарда, ба такаллуф ва иштибоҳоти паёпай ба ин вазн шеър бигӯяд. Анвои каломи бадеъ хориҷ аз вазн зиёд аст ва ба ҳар яке аз онҳо метавонад андешаҳо ва эҳсосоти волои худро баён намояд.
Ҳамчунин гуфтанист, ки сакта ва иштибоҳ дар вазни шеър, аз ҷумла арӯз, барои шоирони тавоно ҳам гоҳо рух медиҳад (инро ҷудо аз ихтиёроти шоирӣ ва сактаи малеҳ, ки махсус ворид карда мешавад бояд донист), вале ҳаргиз онҳо барои бетағир боқи гузоштани он иштибоҳ исрор намеварзанд ва ба маҳзи он, худ ё дигарон онро мушоҳида намуданд, ин иштибоҳ бартараф карда мешавад. Бисёр воқеъ шудааст, ки дар ҷараёни ин навъ ислоҳот шеър на танҳо аз назари вазну оҳанг, балки мазмуну муҳтаво ҳам беҳтару расотар мешавад. Ин таҷриба ҳамон назари В.В. Маяковскийро тасдиқ менамояд, ки қолаби ритмиву оҳангии шеър қабл аз матои лафзии он (аз тобу таби ҳадаф ва мақсуд) ба вуҷуд меояд ва ҳангоми пайкари лафзӣ додан ба ин қолаби ритмӣ калимае метавонад муваққатан ҷойи калимаи аслиро (барои пӯшондани қолаб) ишғол намояд ва то замоне, ки он калимаи муносибро пайдо накунед, табъи шоир қонеъ намегардад. (ниг. https://ru.wikisource.org/…/Как_делать_стихи%3F_(Маяковский))
Баъзан барои тасдиқи иддаои нозарур будани вазн аз гуфтори бузургон масал мезананд, ки “дар тангнои вазн ба фарёд омадаанд”. Аз қабили ин баёноти машҳури Мавлоно:
Растам (ё риштам) аз ин байту ғазал, эй шаҳи султони аҷал,
Муфтаилан, муфтаилан, муфтаилан кушт маро.
Ки ин ҳам аз баёноти лутфомезе чун “Қофия андешаму дилдори ман Гӯядам м-андеш ҷуз дидори ман” мебошад, ки танҳо ба вазну қофия маҳдуд намешавад, балки он ҳолест, ки дар тамсили дигари Мавлоно омада ва дар ҳузури маҳбуб нома хондан ва ҳарф заданро ҳам такаллуф ва нозебо медонад. Дар асл бошад, вазну оҳанги калом барои Мавлоно, ки аксари ашъорашро дар ҳоли самоъ сурудааст, мисли “майдони магнитӣ” аст, ки тамоми муҳити ҳастиро фаро мегирад ва маъониро дар қолаби калимаҳо аз дурдасттарин зовияҳои табиат ва моварои он ҷазб мекунад. Дар ин ҳол аст, ки хитоб менамояд:
Эй ақл ту зи шавқ парокандагӯй шав,
Эй ишқ, нуктаҳои парешонам орзуст.
Ин шояд, ҳамон ҳолест, ки дар забони русӣ “стихия” номида шудааст, ва дар айни парокандагӣ низоми табиӣ ва сириштист ва аз ҳар маҳдудае фаротар меравад, дар ҳоле ки низоми олӣ ва аввалӣ низ ҳамин аст. Муҳим ин аст, ки ҳамин баёноти дорои вусъати кайҳонӣ низ ба тамому камол дар қолаби маъмул ҷой шудааст.
Эроди дигаре, ки дар мавриди вазни суннатии арӯз баён мешавад, ин аст, ки арӯз ихтирои араб аст ва гӯё рӯйи шеъри мо бор карда шудааст. Дуруст аст, ки он системаи паймонагирии вазн, ки бо номи “арӯз” ҳамроҳ бо қолабҳои овоии он, ки аз иштиқоқи гуногуни калимаи “фаъала” (фоилун, мафоилун, мустафъилун ва ғ.) сохта шудааст, кори донишманди араб Халил ибни Аҳмад (718-791) аст. Аммо, ин қолабҳо рӯйи забони шеъри мо бор нашудаанд, табиати забони шеъри моро тағир надодаанд ва ба худ тобеъ накардаанд, балки забони мо дар он тасарруф намуда, онро ба худ тобеъ карда, ҳамин қолабро барои сурати айнӣ додан ба чандин вазни дигари сирф тоҷикӣ, аз ҷумла мутақориб ва вазни рубоиву дубайтӣ истифода намудааст. Зеро аслу асоси ин вазн бар мабнои хосияти сириштии забони мо ва чандин забони дигари дунё – мавқеъ ва ҳаҷми ҳиҷоҳо (дарозу кутоҳ) мебошад. Чи метавон кард, ки паймонаҳои имрӯзии мусиқии мо ҳам ба ном сирф тоҷикӣ нестанд, аммо ба воситаи онҳо мусиқии мо андозагирӣ ва бе каму кост нигориш мешавад.
Аслу асос ин аст, ки ба ин восита ритму оҳангу вазни сириштии забони мо дуруст ташхис гардида, ин паймонаҳо дар тӯли беш аз ҳазор сол бе каму кост кор дода, як таҳаввули (метавон гуфт имтиҳони) муҳимро бо номи “арӯзи нав ё шеъри нав” аз сар гузаронда, устувор боқӣ мондаанд. Ҳеч монеъе нест, агар мо ин системаро ба гунаи дигар танзим намоем, ба баҳрҳо ва рукнҳо ва дигар аҷзои он номи сирф тоҷикӣ бидиҳем. Дар ин роҳ донишмандони ҳамзабони мо кӯшишҳои қобили мулоҳизае анҷом додаанд ва ин раванд идома дорад. Аз ҷумла ба ҷои “афоил” он гуна, ки баъзан дар мусиқии қадим маъмул буд, таркиби ҳиҷоиву тараннумии “та-тан-тон”-ро ба кор бурдаанд. Масалан, ба ҷойи фоилотун “тан-та-тан-тан”. Аммо, ин кӯшишҳо ҳанӯз ба системаи фарогири тоза надаромадааст.
Тавре гуфта шуд, он вазне, ки имрӯз мо бо номи “арӯз” мешиносем ва ба кор мебарем, комилан аз сиришти овоии забони мо бармеояд. Як далели барҷаста агар ин бошад, ки дар адабиёти гуфтории мо (фолклор), рубоиёт, дубайтиҳо, ғазалҳо, таронаҳо ва дигар анвои шеърии дар вазни арӯз сурудашуда аз тарафи ашхосе, ки мусалламан аз илми арӯз огоҳӣ надоштанд, фаровон мавҷуд ҳаст, далели дигари барои ҳар нафаре дастрас ин аст, ки дар навиштаҳои мансур, ҳатто ғайрибадеӣ, гуфтори рӯзмарраи мардум диққат кунад ва ибороту ҷумлаҳоро ба вазни арӯз бисанҷад, онгоҳ дармеёбад, ки дар ин навиштор ва гуфтор бештаре аз ибороту ҷумлаҳо ба таври табиӣ ба яке аз вазнҳои арӯз рост меояд.
Аз ҷумла дар яке аз дастурҳои забономӯзӣ ин ҷумлаҳои кутоҳ оварда шудааст (дар муқобилашон мо қолаби вазнро меафзоем):
Имрӯз офтобист – мафъулу фоилотон.
Имрӯз абрист – мафъулу фаълон ё мустафъилун фоъ.
Имрӯз боронист – Фаълан мафоъилон ё мустафъилун фаълон.
Ё ин ҷумлаи одӣ, ки ҳамчунин дар ин дастур омадааст:
Дарсҳои мо оғоз шуданд.
Ин ҷумла дар тамомӣ вазни ягона надорад. Аммо ду ҷузъи он дар ду вазн аст: дарсҳои мо (Мафъулу фаълан ё мустафъилун фоъ) ва: оғоз шуданд (мафъулу фаъал – ду рукни охири рубоӣ). Акнун бубинем, ки ба чи содагӣ бо андаке кор кардан рӯйи таркиби наҳвии ҳамин ҷумла он яклухт вориди вазн мешавад:
1.. Дарсҳои мо шуданд оғоз (фоилотун, фоилотун, фоъ)
2.. Оғоз шуданд дарсҳои мо. (--v/v-v-/-v-v-)
Ё ҳар калимаи тоҷикиро барои имтиҳон ба танҳоӣ ё дар сурати эҳсоси зарурат бо изофа (-и) ё пайвандаки паиҳами (-у) чанд бор такрор кунед, ҳатман як вазни “расмии” арӯзӣ ба вуҷуд меояд.
Ончи дар ин шеъри Пайрав Сулаймонӣ бо вуҷуди ибораҳо ва калимаҳои гуногун мушоҳида мешавад:
Дашти васеъу боғи латифу ҳавои хуш,
Саҳрову ҷангалу чаману кӯҳу лолазор
Ки яке аз хушоҳангтарин вазнҳои арӯз – музореъи мусаммани ахрабу макафуфу мақсурро ба вуҷуд овардааст.
Инҳо барҷастатарин далел барои сирф тоҷикӣ будани он паймонаест, ки мо бо номи “арӯз” ба кор мебарем.
Шоирони тавоно дар қолаби арӯз маъмултарин ва табиитарин таркиб ва қолаби наҳвӣ (грамматикии) забонамонро ба кор гирифтаанд, дар ҳоле, ки ин таркибҳо дар чанд шакли дигар дар қолаби ҳамон вазни мавриди назар ҷойгир мешаванд. Зимнан, на мавридҳое дар назар аст, ки шоир ба таври хоссе хоста бошад санъатнамоӣ кунад, балки дар равиши кори маъмулии шоирӣ.
Аз ҷумла ба ин мисраи устод Муъмин Қаноат таваҷҷӯҳ намоед:
Пас аз ҳиҷрон ба васли ту расидам боз, эй дарё,
Ба назар мерасад, ки агар касе бихоҳад ҳамин мазмунро хориҷ аз қолаби вазн, ба наср ҳам бигӯяд, боз табиитарин сурати наҳвии, ин ҷумла ҳамин хоҳад буд, ки дар байти мазкур омадааст. Бо ин ҳол таваҷҷӯҳ кунед, ки ҳамин ҷумла дар чанд шакли дигараш дар қолаби ҳамин вазн (ҳазаҷи мусаммани солим мафоӣлун, мафоӣлун, мафоӣлун мафоӣлун) боқӣ мемонад.
2) Ба васли ту пас аз ҳиҷрон расидам боз, эй дарё,
3) Расидам боз, эй дарё, пас аз ҳиҷрон ба васли ту,
Дар сурати зарурат бо ҷобаҷоии дигар ва афзудан ё костани баъзе ҷузъҳо ин мазмунро ба чанд сурати наҳвии дигар дар қолаби ҳамин вазн метавон овард. Аммо боз ҳам табиитарин ва бино бар ин шоиронатарин сурати наҳвии мисраъ ҳамон асл аст.
Идома дорад.

СЕБИ ОХИРИН

Бод
Бо дарахтон сахт мекунад бедод,
Кӯҳҳо мабҳут, сарду хомушанд.
Боғи кӯҳистон
Барг мерезад
Сабзу сурху зард,
Хоки урёнро 
Хирқа мепӯшанд.

Солике аз раҳ
Мерасад хаста.
Дар миёни боғ
Нарму оҳиста 
пой мемонад,
ӯ чӣ меҷӯяд, як Худо донад,
Худ намедонад…

Охирин як себ
Бар тани шохе
Мисли лаъли ноб
Медурахшад шод.
Инчунин себе
Ҳарчи меарзад.
Гавҳари нодир
Гавҳари ноёб.
Даст меёзад,
Даст меларзад,

Ёд 
Мекунад фарёд.
З-ин ҳавас бигзар,
Аламон аз нафс.
Як дари бозе ҳаст бар рӯят
Пас аз ин фирдавс?

Хуб мебинад:
Себ, себе нест,
Қалби хунинест.
Боғбон он ҷо карда овезон,
Рамзи паймонаш
Бо дарахтонаш.
Ноябри 2009

воскресенье, 16 октября 2016 г.

Сафар ба Хуҷанд


ДУ РӮЗ

   Ду рӯзи гузашта, ҷумъа (14.10.16) ва шанбе (15.10.16) рӯзҳои мунир ва бобаракате буд. Рӯзи 14 октябр бо ҳамроҳии шоирон Давлати Раҳмониён ва Толиби Луқмон ба қасди тарғиби обуна ба маҷаллаи “Садои Шарқ”соати 10 пагоҳӣ ба Хуҷанд расидем ва бо мушояат ва мусоидати роҳбари адибони Суғд муҳтарам Аҳмадҷони Раҳматзод бо мақомоти вилоят ва раисони донишгоҳҳои Хуҷанд мулоқот анҷом додем. Дар ин миён дар маҳфили пурмазмун ва маънавии “Ганҷи сухан”, ки дар китобхонаи вилоятии Тошхоҷа Асирӣ бо ширкати ҷамъе аз адибон ва донишмандони Суғд баргузор буд, ширкат ва суханронӣ намудем.
  Рӯзи 15.10.16 ҳамроҳи устодон ва шогирдони бахши Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи суннати ҳарсола ба зодгоҳи шоири шаҳири миллат Мирзо Турсунзода сафар ва осорхонаи шоирро боздид намудем. Дар саҳни осорхона устодон Аламхон Кӯчаров, Муртазо Зайниддинов, Ҳафиз Раҳмон ва банда дар хусуси вижагиҳо ва аҳаммияти осори устод Мирзо Турсунзода суханронӣ ва шогирдон аз ашъори шоир қироат карданд.
Дар баробари таассуроти зиёд аз ин сафарҳо, мавқеи зикр аст, ки беҳбуди роҳҳои мошингарди кишварамон имконоти моро даҳчанд афзудааст.











ШИОРИ ХАР ЯК ТОЧИКЗАБОНУ ТОЧИКИСТОНИ!!! ҚОНУНИ ЗАБОН

(дар даҳ моддаи манзум
ба ифтихори Қонуни забони тоҷикӣ)1
Рост гуфтан. 
Рост парвардан. 
Ростиро аввалин меъёр кардан. 
Вожаро аз банду зиндони дурӯғу ҳарзагӯӣ вораҳонидан. 
Ҳурмати гуфторро пайкор кардан. 
Кор кардан. 
Ин забони офаринбунён 
Забони фаҳшу нафрин нест. 
Порсӣ, яъне 
Забони қудсиёни арши покӣ, порсоист. 
Қиматӣ дурри дарӣ 
Гавҳари дарёи ирфон аст. 
Вожаҳои аҳриманхӯро ҳамебояд 
Аз аҳуроӣ ҳарими ҳурмати он тард кардан, 
Чеҳраи маъсуми онро пок аз ин гард кардан. 
Ин забони осмонист,
Нардбони осмон аст. 
Паллаҳои ояталкурсист. 
Мояи рушду таъолист. 
Шаҳпари андешаи олист. 
Хуни озодӣ биҷӯшад дар раги ҳар вожаи нобаш. 
Ҷовидон аз оби озодӣ бибояд дошт шодобаш. 
Нест оби рӯдҳои мо фаромарзӣ, 
Лек дарёи забони мо фаромарзист. 
Пои онро бояд аз садди хати сунъӣ раҳо кардан, 
Чашмаҳои саргаҳашро 
Боз бо шаҳрӯдҳои ҳамравонӣ ошно кардан, 
Чун наҳангони қадими хеш 
Сӯи уқёнуси афкори башар озод, 
Бо салобат 
Ошино кардан. 
Бояд ин бовар ба дилҳо устувор ояд, 
К-ин забони мо забони сулҳу ҳам ҷанг аст.
Сулҳ бо аҳли башар – бешарр 
Ҷанг бо аҳремани найранг. 
Ҳам забони дину ҳам фарҳанг, 
Ҳам забони шеър, ҳам оҳанг, 
Ҳам забони шишаву ҳам санг, 
Ҳам забони илму ҳам фан, 
Ҳам забони сурб ҳам оҳан. 
Пайкаре ҳаргиз набуда низ ин гардуни гардонро, 
То қабои тоҷикӣ кӯтоҳ ояд қомати онро. 
Шоири мо аз фарози қуллаи андеша гарчанде ҳамефармуд: 
«Эй басо маъно, ки аз номаҳрамиҳои забон, 
Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд». 1
Аз замони Рӯдакӣ то аҳди Халлоқулмаонӣ, низ то имрӯз 
Тоҷикӣ мифтоҳи заррини ҳазорон роз гардидаст, 
Аз садои пои ҳар ҳарфаш дари кохи муаммо боз гардидаст. 
Бояд ин мифтоҳи заррин даркушои ҷовидон бошад, 
Аз муаммогунаандешиву аз мавҳумбаёнӣ дар амон бошад. 
Тоҷикӣ ё форсӣ ё ки дарӣ ё… 
Гар дусад номи дигар бар ин забон бинҳанд, 
Бояд онро як забон донист, 
«Оби Рукнобод»-ро шохоби «Ҷӯи Мӯлиён» донист, 
Камтар аз инро зиён донист. 
Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё 
Шаҳрванди Тоҷикистонанд. 
Бояд аз аҳволи онон бохабар буд, 
То ба зиндони фаромӯшӣ наяфтанд, 
То амон бошанд аз табъизу аз таҳриф. 
Бояд онҳоро сафири ошноӣ кард, 
Зеҳнҳоро рӯшноӣ кард: 
Шарҳ бояд дод, ки «қочоқ» аз мо нест, 
Ҳамчуноне истилоҳи шуми «террорист».
Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё, 
Қосиди фарҳангу дониш, 
Пайки эъморанду ободӣ, 
Бо фурӯғи ҳуши Синоӣ, 
Бо сиришти поки Фарҳодӣ. 
Рӯи ҳар бому даре, ки парчами мо насб мегардад, 
Зери он бом, 
Пушти он дар 
Кадхудоӣ бо забони тоҷикӣ бошад, 
Парчами мо бо забони мо яке бошад. 
10 
Ҳар касе дар паҳнаи гетӣ 
Бо забони модарии мо сухан гӯяд, 
Ҳамдилу ҳамсарнавишту ҳамравони мост,
Остонаш остони мо, 
Осмонаш осмони мост, 
Баски фарзанди азизи Тоҷикистон аст, 
Шаҳрванди ифтихории Хуросон аст.