воскресенье, 16 октября 2016 г.

Сафар ба Хуҷанд


ДУ РӮЗ

   Ду рӯзи гузашта, ҷумъа (14.10.16) ва шанбе (15.10.16) рӯзҳои мунир ва бобаракате буд. Рӯзи 14 октябр бо ҳамроҳии шоирон Давлати Раҳмониён ва Толиби Луқмон ба қасди тарғиби обуна ба маҷаллаи “Садои Шарқ”соати 10 пагоҳӣ ба Хуҷанд расидем ва бо мушояат ва мусоидати роҳбари адибони Суғд муҳтарам Аҳмадҷони Раҳматзод бо мақомоти вилоят ва раисони донишгоҳҳои Хуҷанд мулоқот анҷом додем. Дар ин миён дар маҳфили пурмазмун ва маънавии “Ганҷи сухан”, ки дар китобхонаи вилоятии Тошхоҷа Асирӣ бо ширкати ҷамъе аз адибон ва донишмандони Суғд баргузор буд, ширкат ва суханронӣ намудем.
  Рӯзи 15.10.16 ҳамроҳи устодон ва шогирдони бахши Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи суннати ҳарсола ба зодгоҳи шоири шаҳири миллат Мирзо Турсунзода сафар ва осорхонаи шоирро боздид намудем. Дар саҳни осорхона устодон Аламхон Кӯчаров, Муртазо Зайниддинов, Ҳафиз Раҳмон ва банда дар хусуси вижагиҳо ва аҳаммияти осори устод Мирзо Турсунзода суханронӣ ва шогирдон аз ашъори шоир қироат карданд.
Дар баробари таассуроти зиёд аз ин сафарҳо, мавқеи зикр аст, ки беҳбуди роҳҳои мошингарди кишварамон имконоти моро даҳчанд афзудааст.











Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!