среда, 26 октября 2016 г.

СЕБИ ОХИРИН

Бод
Бо дарахтон сахт мекунад бедод,
Кӯҳҳо мабҳут, сарду хомушанд.
Боғи кӯҳистон
Барг мерезад
Сабзу сурху зард,
Хоки урёнро 
Хирқа мепӯшанд.

Солике аз раҳ
Мерасад хаста.
Дар миёни боғ
Нарму оҳиста 
пой мемонад,
ӯ чӣ меҷӯяд, як Худо донад,
Худ намедонад…

Охирин як себ
Бар тани шохе
Мисли лаъли ноб
Медурахшад шод.
Инчунин себе
Ҳарчи меарзад.
Гавҳари нодир
Гавҳари ноёб.
Даст меёзад,
Даст меларзад,

Ёд 
Мекунад фарёд.
З-ин ҳавас бигзар,
Аламон аз нафс.
Як дари бозе ҳаст бар рӯят
Пас аз ин фирдавс?

Хуб мебинад:
Себ, себе нест,
Қалби хунинест.
Боғбон он ҷо карда овезон,
Рамзи паймонаш
Бо дарахтонаш.
Ноябри 2009

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!