вторник, 3 марта 2020 г.

Баҳор

АНГОРАҲОИ БАҲОР

Мебарояд зи қалби хок бухор,
Мерасад бар димоғ атри баҳор,
Қаҳқаҳи кабки маст дар куҳсор
 Хуштар аст аз садои мусиқор,
 Ҳолиё даст аз шикор бидор,
 Хуни лола бас аст баҳри нигор.

Суғр биншаста рӯйи лонаи хеш,
Даст пеши бару ба чонаи хеш,
Гӯиё хонадат ба хонаи хеш,
Чӣ бувад баъд аз ин баҳонаи хеш,
Наравад то ба кулбаи торик,
Ҳечаи тангу раҳрави борик?

Хирс аз хоби сакта мехезад,
Паҳлавонона қад ҳамеёзад,
Мезанад панҷа, барф мебезад,
Тарма аз рӯйи ғор мерезад,
Мениҳад по ба олами равшан,
Маст аз бӯйи тунди овешан,
Сараш аз раъша чарх мегардад,
Чашмаш аз нашъа сурх мегардад.

Чархаресак ду бол карда чу шоф,
Мекунад даври ҷурзи пир тавоф,
Бо садои булурии шаффоф
Бо ту гӯяд магард гирди газоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф...

Чашма дорад чу кафтарон қум-қум,
Пок созад гулӯи худ аз қум,
Соф гашта чу нийяти мардум,
Дар зулолаш нишоти софии хум,
Лаззати шаҳди шираи гандум,
Қатра-қатра чу хушаи анҷум
Мекашад раҳ ба хонаи дарё
Побараҳна зи бистари гулҳо.

Турнаҳо корвони болафшон,
Оби дарёву мавҷи ёлафшон,
Хонатакконии шамолафшон,
Гулфишонист дар ниҳолафшон,
Чархи гардуну рақси солафшон,
Бӯйи ҷонҳо зи хок меояд,
Боз Наврӯзи пок меояд.

(Рустами Ваҳҳоб)