четверг, 14 августа 2014 г.

ПАЙҒОМ



Эй Ватан, поси ту дорам ҳамсафи кӯҳсоронат,
Дил супурда ба т
ӯфонҳо, сар ба хуршеду боронат.
Мекашад аз дилам оҳанг захмаи шоду ғамгинат:
Шарфаи обшоронат, навҳаи с
ӯгворонат.
Аз баҳорат паём орад оташи
ҷовидони меҳр –
Дар рухи меҳрварзонат ш
ӯълаи лолазоронат.
Як
ҷаҳон бесаронеро сарбасар бо ту мебинам,
Дар сарам тоза мепечад нашъаи сарбадоронат.
Гар набарде ҳамебояд, раҳни ободият бодо,
Сози созандаг
ӣ дорад шеваи корзоронат.
Ҷонфизо меваи неру ҳосили чор фаслат шуд,
Моҳу хуршед афшонад пан
ҷаи рӯдборонат.
Нур фаввора хоҳад зад аз сади захмгини ту,
Нурборон шавад он ки карда буд тирборонат.
Фатҳро мех
ӯрад савганд шамъи шабзиндадоронат
Субҳро медиҳад пайғом дидаи интизоронат.
Феврали 2010
Нависандаи халқии Тоҷикистон, яке аз устодони мумтози насри навини тоҷик, сардабири маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» Ҷонибеки Акобир рӯзи ҷумъаи охири Рамазон, 25-уми июли 2014 аз ҷаҳон даргузашт.
Мавсуф дар солҳои сангини баъди даргириҳои дохилии Тоҷикистон бо интисоб ба вазифаи пурмасъулияти сардабирии маҷаллаи «Садои Шарқ» талошҳои зиёде ба харҷ дод, то ин маҷалла сатҳ ва эътибори пешини худро пайдо намояд. Бо мусоидати мақомоти олии кишвар ба ин кор муваффақ гардид ва ба «Садои Шарқ» бо ибтикори Раиси Ҷумҳур унвони «маҷаллаи миллӣ» эҳдо шуд.
Шодравон Ҷонибеки Акобир то вопасин нафасҳои худ, ба кори ин маҷалла машғул ва дар фикри беҳбуди бештари вазъи он буд.
Иттифоқоти аҷибе дар сарнавишти инсонҳо ҳаст, ки муаррифи ҳувият ва сиришту шахсияти онҳо мегардад. Яке аз ин навъ иттифоқоти нодир номи рустои зодгоҳи Ҷонибеки Акобир дар ноҳияи Нуробод – Рӯшноӣ мебошад. Ҷонибек Акобир тамоми умр барои рушангарӣ, рушандилӣ ва рушанандешӣ талош намуда ва фарҷоми зиндагияш низ дар ин рӯзҳои мубораку нуронӣ ба сидқи ин маъно далолат менамояд.
Чун вафоти соҳибдилон таваллуде дигар аст, бо нақли шеъре, ки ба муносибати зодрӯзи ишон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуда буд, аз тарафи ҳамаи ҳамкорон даргузашти ин инсони фарзонаро ба наздикону дӯстон таслият арз менамоем ва барояш аз Худованди раҳмону раҳим мағфират ва ҷойгоҳи рафеъ мехоҳем.


РӮШНОӢ

Барои Ҷонибеки Акобир

Дар дилат чун шӯъла дар санг орзуи Рӯшноист1,
Қиссаи мӯи сапедат мӯбамӯи Рӯшноист.

Чун хати ҷӯйи дурахшон субҳгоҳон дар кӯҳистон
Бар ситеғи ҷони ту як хатти ҷӯи Рӯшноист.

Ин ҳикоёт, ин фасона нест беш аз як баҳона,
Мавҷи гавҳар дар миёна гуфтугӯи Рӯшноист.

Марзи рӯҳат офтобист, субҳ меҷӯшад зи чашмат,
Қатраи ашке, ки дорӣ, обрӯйи Рӯшноист.

Рӯй бар даргоҳ дорӣ, сад далели роҳ дорӣ,
Байти эҳзони шуморо дар ба рӯи Рӯшноист.

Меравӣ аз сангсорон дар бағал ойина пинҳон,
Парда-парда мефитад шаб, роҳ сӯйи Рӯшноист.
________
1. Рӯшноӣ номи зодгоҳи Ҷонибеки Акобир