четверг, 9 ноября 2017 г.

ГУЛИ СУРХИ СИТОРА
Нуҳуфтан чун тавон ҳарфе, ки аз илҳом мерӯяд,
Баҳор ояд, гули номи ту бар ҳар бом мерӯяд.

Чу абри дард мепечад ба самти қиблаи чашмат,
Ба дашти дил ҳазорон лола дар каф ҷом мерӯяд.

Лаб аз изҳор барбастам, ба сад зинҳор биншастам,
Чи созам, ки зи хокам сабзаи пайғом мерӯяд.

Дилам даъвои шерӣ дошт, бо чашмат далерӣ дошт,
Чи ғофил аз найистоне, ки даври дом мерӯяд.

Фазои тираи ғамро ба фоли нек мегирам,
Гули сурхи ситора дар замини шом мерӯяд.

Диле, ки куштаи теғи баҳори зудрас гардад,
Баякбор аз мазораш ғарқи гул бодом мерӯяд.
ЯКОРО
Қалъаи амнияти тоҷик мудоро будааст,
Ин мудоро сахттар аз санги хоро будааст.

Тӯдае аз оташи сӯзанда доро будаанд,
Тоҷвар бо фитрати созанда доро будааст.

Ганҷков аз хоки кӯҳистон китоб орад бурун,
Дарраҳояш ҳам гузарҳои Бухоро будааст.

Сӯйи рӯйи дигарон ойина бар каф дошта,
Бо ҷаҳоноройии худ нохудоро будааст.

Шарбати ғамро асал кардаст бо шаҳди ғазал,
Шавкаронаш чун майи боқӣ гуворо будааст.

Асли ёриро бино бинҳода дар урфи башар,
Маънии қудрат ба тоҷикӣ чу “ёро” будааст.

Бо ҷаҳони садзабон ин миллати яктопараст
Якзабону якдилу якрӯ, якоро* будааст.

----------
*Якоро – ҳамрой, ҳамраъй

пятница, 3 ноября 2017 г.

НИШОНИ ОШТӢ
Нест бартар ошён аз ошёни оштӣ,
Ин замин дорад шино бар осмони оштӣ.

Ҳар камоне дар ҷаҳон як ранг дорад – ранги марг,
Ҳафт ранги зиндагӣ – рангинкамони оштӣ.

Ҳамзабонон садзабон гарданд аз як ҳарфи ҷанг,
Гуфтугӯ дорад ҷаҳон бо як забони оштӣ.

Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,
Ормони халқ бошад қаҳрамони оштӣ.

Халқи тоҷикро фуру мебурд аждарҳои ҷанг,
Дар гулуяш гар намемонд устухони оштӣ.

Чун Сиёвуш биспарад дар қалби оташ имтиҳон,
Он ки охир мешавад соҳибқирони оштӣ.

Хандаи гул, тобиши хуршед, ҷавлони насим,
Зиндагӣ сад ранг бинмояд нишони оштӣ.

Бо тани хокӣ чу шуд ҷони самовӣ ошно,
Одамиро зинда медорад равони оштӣ.

30-10-2017