четверг, 2 января 2014 г.

ДАР ОСТОНИ ЗИМИСТОН




Намонд гул ба гулистон дар остони зимистон,
На як ҳазору на дастон дар остони зимистон.
Ба зери пориса гунҷишкҳо чу аҳли дабистон 
Кушода маҳфили чистон дар остони зимистон.
Фиканда ҷома зи тан чун набарда муштзанон аст
Чанори бонии бустон дар остони зимистон.
Ба поси мӯйи сафедаш, сапеду пок навидаш
Зада ба зону куҳистон дар остони зимистон.
Ба паҳлу афтаду хезад, ба бол барф бибезад
Ба боғ зоғ чу мастон дар остони зимистон.
Нишаста об зи фаввора ё ки Гови Заминро
Намонда шир ба пистон дар остони зимистон.
Сапед ранги шакар бин шакарнами саҳариро
Чаман шуда сари Дастон дар остони зимистон.
Фитода ҷоми булурӣ магар миёнаи сангоб
Зи дасти бодапарастон дар остони зимистон.
Хазон бибурд ба ғорат ҳазор рангу аз он беш
Кунун зи оташ бистон дар остони зимистон.
2010

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!