среда, 24 февраля 2016 г.

ЧӢ МЕДОНАД?


ЧӢ МЕДОНАД?
(Халқӣ)

Ошӯби дилу ҷонро ҷонона чӣ медонад?
Шӯри дили дарёро дурдона чӣ медонад?
То шамъи ту Хуршед аст, парвози ту ҷовид аст,
Меъроҷи уқобиро парвона чӣ медонад?
Бар санг задан теша Фарҳод кунад пеша,
Фарҳанги ҷунун Қайсе девона чӣ медонад?
Аз ақл чӣ мепурсӣ ҳоли дили овора,
Ин кохнишин ҳоли бехона чӣ медонад?
Бо хун ки наёмезад май заҳраи мурдоб аст,
Шӯри майи мансурӣ паймона чӣ медонад?
Девон ба лаби тоқу ҳуши ту ба сомона,
Атри гули девонро сомона чӣ медонад?
31.08.2015

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!